Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГ ДАР ДАВЛАТҲОИ ШАРҚИ БОСТОНИ (Миср, Байнаннаҳрайн, Ҳинд, Чин ва Эрон)

Як гурӯҳ олимон ва бостоншиносон аз рӯи дасто-вардҳои фарҳангию бозёфтҳои археологӣ маълум кар-данд, ки маркази гаҳвораи тамаддуни ҷаҳонӣ Шарқи бостон аст.Саволе ба миён меояд, ки тараққиёти маданияту тамаддунро аз кадом мавқеь ва ё минтақа дидан кар-дан зарур аст?
Як гурӯҳ олимон ва бостоншиносон аз рӯи дасто-вардҳои фарҳангию бозёфтҳои археологӣ маълум кар-данд, ки маркази гаҳвораи тамаддуни ҷаҳонӣ Шарқи бостон аст. Олими машҳури рус Н.И.Вавилов дар на-виштаҳои худ сарзаминҳоеро номбар намудааст, ки дар он ҷойҳо кишти растаниҳои маданй ва маданияти заминдорӣ имконпазир буд.
Ба ин муносибат ӯ дар Осиё мавҷуд будани панҷ маркази фарҳангию тамаддуниро қайд кардааст. Ба ақидаи ӯ дар асл як роҳи борики хушкии курраи за-мин дар давраи инкишофи маданияти заминдорй нақ-ши асосиро бозидааст. Мувофиқи шаҳодати Ҷеймес Меллерт- бостоншиноси маъруфи англис тадқиқотҳои минбаъдаи илмӣ ҳамаи хулосаҳои Н. И. Вавиловро тақвият дода, марказҳои заминдориро исбот намуда-аст.
Бостоншиносони дигар низ маҳз ҳамин роҳи бо-рикро ба таври романтикӣ ҳилоли заминҳои ҳосилхез номида буданд. Ин аст, ки Шуммеру Акад, Бобулис-тон (Байнаннаҳрайн), Мисру Ҳиндустон, Чину Заг-рос, Эрону Осиёи Миёна ва Осиёи Сағир – гаҳвораи қадимтарини тамаддун дар рӯи замин ва таҳкурсии тамаддуни инсонӣ, маскани асосии тамоми инсоният номида шудаанд. Олими маъруфи рус Р. Ю. Виппер Шарқро чун сарчашмаи тамаддуни ҷаҳонӣ маънидод мекард. Ӯ дар ибтидои асри XX навишта буд: «Аксари комёбиҳо ва эътиқодҳо ҳама маҳз аз Шарқ ба Аврупо меомаданд». Боят гуфт, ки барои баҳо додан ба тамаддуни Шарқу Аврупо ягонагии фикрӣ дида намешавад. Дар давраи қадим маданияти Аврупо нисбат ба Шарқ моҳиятан маҳдуд буд.
Осиё бошад ба қавли файласуфи муосири немис К. Ясперс дар муқоиса бо Аврупои хурдакак бо тамоми бузургии масоҳати худ намудор мегардид. Инро каш-фиётҳои бостоншиносии асрҳои Х1Х-ХХ дар қисмҳои гуногуни ҷаҳон бо тариқи раднашаванда исбот карда-анд. Таърих шаҳодат медиҳад, ки аксари тамаддунҳои қадим маҳз дар соҳилҳои дарёҳо ба вуҷуд омадаанд.
Масалан: тамаддуни Шуммер, Акад, Ассурия ва Бобулистон дар соҳили дарёҳои Даҷла ва Фурот, Мис-ри қадим дар соҳили дарёи Нил, Ҳинд дар соҳили дарёи Ҳинд, Хитой (Чин) дар соҳили дарёи Янтзи ва Хуанхе, Мехико ва Перу дар соҳили уқёнуси Ором ва ғайра.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.