Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


ФАРҲАНГИ МИСРИ ҚАДИМ

Мисри қадим – яке аз давлати қадимтарини Шарқи бостонӣ буда, дар қисмати шимолу шарқии Африқо соҳили дарёи Нил таъсис ёфтааст. Мисри қадим таъ-риху тамаддуни хеле қадим дошта, мардуми он ба зи-роатчигӣ, чорводорй, боғпарварӣ ва ҳунармандй ма-шғул мешуданд.Мисри қадим – яке аз давлати қадимтарини Шарқи бостонӣ буда, дар қисмати шимолу шарқии Африқо соҳили дарёи Нил таъсис ёфтааст. Мисри қадим таъ-риху тамаддуни хеле қадим дошта, мардуми он ба зи-роатчигӣ, чорводорй, боғпарварӣ ва ҳунармандй ма-шғул мешуданд.
Ҳазорҳо маротиба Карл Маркс ҳақ буд, ки ме-гуфт: зарурияти пасту баланд шудани об дар дарёи 11ил астрономияи Мисрро ба амал овард ва роҳбари-яти хастаи заминдорону ҳукмрононро таъмин намуд. Маҳз дар давраи қадим хати мисриён ба вуҷуд омада, нахустин ёдгориҳои хаттии мисриён пайдо шудаанд. Забони мисрй, ки дар асоси хати тасвирӣ (иэроглифӣ) инкишоф меёфт, мавҷудияти худро то асри IV- и мило-дй ҳифз намуда, ба гурӯҳи забони сомй дохил мешуд.
Марказҳои фарҳангию тамаддунии Миср шаҳрҳои Мемфис ва Фивӣ ба ҳисоб мерафт. Мисриён ба санъ-ати нассоҷӣ ошно буда, аз чӯб дӯконҳои бофандагӣ ҳатто мебел ва заврақро низ месохтанд. Онҳо аз за-хираҳои зеризаминӣ пурра истифода бурда, бо мардуми давлатҳои қадимтарини ҳамсоя рафтуомад ва роби таҳои тиҷоративу фарҳангӣ доштаанд. Пас аз истилои юнониён дар ин сарзамин Минои Искандария бунёд шуда, минбаъд ҳамчун осорхона, академияи улум, хобгоҳи олимон, маркази техникӣ, китобхонаи лӯла- печи миллӣ, дидбонгоҳ ва маркази ситорашиноси истифода бурда мешуд, ки бунёдгузор меъморӣ он Сострат буда, дар муддати 5-сол онро сохтааст. Баландии бурҷ -120 метр буд, ки шарораи оташи бурҷи минои Искандария дар масофаи зиёда аз 600 ки-лометр метофт, яъне равшанӣ мекард. Ин манора дар асри XV- мелодӣ дар асоси заминҷунбӣ хароб гарди-дааст. Дар Миср сохтмонҳои аҳромҳо тараққӣ карда буд, ки ин аз пешрафти санъати меъморӣ дарак медод. Ин аҳромҳоро ба хотири фиръавнҳо (шоҳонашон) -Рамзес, Тутмос 1-11 ва дигарон месохтанд, ки яке аз он аҳромҳо аҳроми Хеопс буда, то 150 м баландӣ дошт. Мақбараи фиръавн Ҷосер 60 м баландй дошт, ки онро санъаткор Имхотеп сохтааст. Онҳо фиръавнҳои худ-ро писарони худои офтоб (Роъ) мегуфтанду ситоиша-
будаанд. Худои бузурги онҳо Осирис, модар худоа-шон Балъат Ҷабал ном доштааст. Аз ин хотир санъа-ти меъморию муҷассамасозии мисриён тараққӣ ёфта, ба эътиқодҳои диниашон хело пайвастагӣ доштааст. Илму фарҳанги Миср таърихи сеюнимҳазорсола дош-та, аввалин намунаҳои адабиёти хаттии Миср аз навиштаҷотҳои зиндагиномаи ашрофон, таърихи шоҳон, баъзе қисмҳои (матнҳои аҳромҳо), гимнҳо, дар васфи худоҳою шоҳон, асарҳои бадеӣ, повестҳо, афсонаҳо ва гайраҳо то имрӯз боқӣ мондаанду қисме аз онҳо то ҳол маълум нест.
Фақат ҳамин маълум, ки дар кори тартиб дода-ни панду андарзҳо рисолаҳои динӣ, тиббӣ, риёзй ва нуҷум мирзоҳо – рӯйнавискунандагон шӯҳрат пайдо карда буданд. Барои аз бар кардани илмҳои гуногун дар Миср мактабҳои равияашон гуногун таъсис дода шуда буд. Дар ин мактабҳо шогирдонро барои аз худ кардани он илмҳо ва пайдо кардани дониши кофӣ маҷбур мекарданд.
Дар насиҳатномаи устодон роҷеъ ба ин масъала чунин омадааст: «Ман туро маҷбур мекунам, ки до-нишро аз модар бештар дӯст дорӣ». Онҳо аз синни 5 то 30 солагй мехонданд ва хату саводу илмро му-қаддас меҳисобиданд ва ҷасади шоҳонашонро мумиё мекарданд.
Адабиёти Мисри қадим ба пешрафти адабиёти уму-миҷаҳонӣ, яҳудӣ, арабӣ, юнонӣ ва ҳатто барои тартиб додани Инҷил таъсири калон расонидааст. Масалан қисми қадимии андарзҳои Сулаймонӣ аз рӯи китоби мисрии «Васиятҳои Аменемоп» гирифта шудааст. Ҳе-родод дар «Таърих» ном асараш оид ба мисриён баҳои баланд дода чунин гуфтааст: «Онҳо бори нахуст тақ-вимро ихтироъ кардаанд ва ё ба вуҷуд овардаанд, ки тибқи он маълумотҳо як сол аз дувоздаҳ моҳу 365-366 рӯз иборат буд, ки ин кашфиёти онҳо ба илми нуҷум такя мекард».


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.