Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


ФАРҲАНГ ВА ТАМАДДУНИ ЭРОНИ БОСТОН

Эрон яке аз қадимтарин давлати Шарқи бостонӣ буда, таърихи беш аз 5-ҳазорсола дорад, ки мардуми онро дар давраҳои қадим ориёиҳо яъне ориф, наҷиб, покиза, донишманд аз хонаводаи нажоди сафед мегуф-танд.Эрон яке аз қадимтарин давлати Шарқи бостонӣ буда, таърихи беш аз 5-ҳазорсола дорад, ки мардуми онро дар давраҳои қадим ориёиҳо яъне ориф, наҷиб, покиза, донишманд аз хонаводаи нажоди сафед мегуф-танд. Мувофиқи маълумоти «Авасто» қабилаҳои сар-замини эронӣ аз сарзаминҳои шимоли Осиёи Марказӣ, Осиёи Шимолу Ғарбӣ, даштҳои Авру Осиё ва Сибир ба самти ҷануб Эрон, Ҳинд, Аврупо ва Осиёи Марказӣ омадаанд. Ҳанӯз аз давраҳои қадим халқҳои ориёӣ аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ ба ду гурӯҳи калон ҷудо шуда буданд. Яке гурӯҳи Эрони ғарбй буда, ба он мардуми Эрони имрӯза инчунин келтӣ, романй, балуҷӣ, курдй ва дигарҳо дохил мешаванд.
Дигаре гурӯҳи Эрони шарқӣ буданд, ки ба онҳо мардуми сугдӣ, бохтарӣ, сакоиҳо, хоразмиҳо ва дигар мардуми Осиёи Марказӣ дохил мешуданд, ки онҳоро дар давраҳои минбаъда мардуми форсҳо меномиданд. Гарчанде, ки душманон яъне аҷнабиён сарзаминҳои Эрони бостон ва Осиёи Марказиро забт карда гириф-та бошанд ҳам, мардуми ориёниҳо, ориёнаслҳо он мар-казҳои илмию фарҳангй ва тамаддунии худро ни-гоҳ доштаанд.
Ҳамин тариқ, баъди аз байн рафтани сулолаи Ҳа-хоманишинҳо дар Эронзамин маҳз халқҳои сугд, бох-тар, хоразм, ва парфиянӣ соҳибӣ давлат гардида бу-данд. Шаҳрҳои маркази маданию фарҳангии эшон – Мароқанд, Бохтар, Балх, Нисо, Тайсафун, Персо-полес, Нишопур, Истахр ва ғайраҳо буданд, ки қасру маъбадгоҳҳо ва меъмориҳои онҳо шаклу шукӯҳи худ-ро нигоҳ дошта, қисме аз онҳо ба моли ҷаҳониён во-рид гаштаанд.
Масалан: мақбараи Куруши Кабир, катибаҳои тахти Ҷамшед, катибаҳои тахти Доро, меъмориҳо ва навиштаҷотҳои Кӯҳи Бесутун, меъмориҳои оташкада-ҳо, меъмориҳои шаҳри Персополес, меъмории қаср-ҳои шоҳони аҳди Сосониён, боғҳои шоҳон, меъмории Академияи Гунди Шопур ва китобхонаю бемористони он дорои хусусияти хоси худ буда, робитаи мардуми минтақаҳои Шарқу Ғарбро ба ҳамдигар мепайваст. Ҳамаи он комёбиҳои мардуми ориёниҳо дар дастовар-дҳои куҳантарини фарҳангию таърихии хеш «Авас-то» – и оини зардуштӣ ва қиссаю номаҳои шоҳон, яъне шоҳномаҳо пурра нишон дода шудааст.
Хусусан саҳми намояндагони илму фарҳанг ва санъаткорони аҳди Сосониён ба пешрафти илму фар-ҳанги ҷаҳонӣ ниҳоят бузург мебошад. Қавмҳои эро-нинажод низ мисли дигар халқҳои олам дорои бисёр таълимотҳои мазҳабиву фалсафӣ мебошанд. Таълимо-тҳои мазҳабиву фалсафӣ бо ҳам омехта шуда буд. Чу-нин тамоилро мо дар аксарияти таълимотҳои пешин аз қабили. оинҳои ориёӣ, меҳрӣ, зурвонияи мазҳабӣ, маздоия, маздакия баръало мушоҳида мекунем.
Ориёиҳо ҳамчун мардуми қадимбуда ба ягонагии худованд имонмеоварданд. Ин дар«АваСхО» баноми Ҳур дар сурудҳои Меҳр ва Митра ёдрас шуд, ки маъ-нояш худои Осмон буд. Эътиқод ба Меҳр ё Митра (ху-дои осмон) ва Аноҳид (модархудо) аз кӯҳантарин ва қадимтарин адёни Эрони бостонист ва худои Меҳр дар миёни ориёниҳои Ҳинд, Эрон ва Осиёи Хурд мавриди парастишу эътиқод қарор доштааст, ки ба ин гувоҳии баъзе аз санаду далелҳои XV асраи пеш аз милодӣ да-рак медиҳанд.
Дар бораи парастишу эҳтиром нисбат ба худои Меҳр дар катибаҳои Доро ва ҳам дар давраҳои Ҳахома- нишинҳою рӯзгори Сосониҳо
басо ривоятҳои зиёде мавҷуд аст. Ҳатто ҷашни Нав-рӯз ва Меҳргон низ бо шукӯҳи бузурге таҷлил мегаштаанд. Ин оини куҳан ба мазҳаби зардуштия, масеҳият ва монавия таъси-ри амиқе расонидааст. Ҳатто дар китоби муқаддаси оини зардуштӣ «Авасто» суруде ба ситоиши ӯ ихтисос ёфт ва номи Меҳряштро гирифт. Баъдҳо Меҳр ба су-рати (сифати) наҷотдиҳандаи мавҷудот шинохта шуд. Инчунин оини Меҳр бо воситаи Эрониёни портӣ дар миёни румиҳо интишор ёфт ва ба таври васеъ масеҳи-ят-ро низ фаро гирифта, таъсири зиёд расонид. Аз ҷумла муборак шуморидани рӯзи якшанбе ва Крисман (25 декабр рӯзи мелодии Меҳр) ва иди пок (муодили Наврӯз ва рӯзи бозгашти ҳаёт). Оини зарвонй низ аз оинҳои куҳантарини мардуми Эрони бостонӣ ба ҳисоб меравад ва аниқ маълум нест, ки то оини Меҳрӣ пайдо шудааст ё баъд аз он. Ҳатто имкон дорад ва тах- мин меравад, ки аз батни оини зурвонй, кеши Меҳрӣ ба вуҷуд омада бошад. Дар байни яздони сершумори мардуми эрониён (ориёиҳо) Аҳурамаздо (худои некй) мавқеи барҷастатар доштааст. Аз ҳамин сабаб оини марду- ми эрониёни қадимро Маздоия меноманд. Аз рӯи нишондодҳои китоби «Авасто» – и муқаддас асосгу- зори оини зардуштия – Зардушт Иброҳими Спитамон буд, ки ин дин дар ибтидои ҳазораи I- и пеш аз милод ба вуҷуд омада, то паҳншавии ислом дар сарзамини ориёиҳо ҳукмрон буд. Таълимоти ахлоқии сегонаи он – «пиндори нек», «гуфтори нек», «рафтори нек» то ҳол аҳамияти худро гум накардааст. Дар бораи аҳамияти дастоварди куҳантарини фарҳангии мардуми ориёиҳо «Авас- то» ва бобҳои он инчу- нин оид ба саҳму мақоми фарҳангистони . «Гунди Шопур»- и ахди Сосониён ва намояндагони илму санъати он дар мавзуъҳои оян-да маълумотҳои пурра хоҳем дод.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.