Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


ПЕШРАФТИ ФАРҲАНГ ДАР АҲДИ СОСОНИЁН

Агар сухан аз боби фарҳанги волои давраҳои аср-ҳои миёнаи мардуми ориёиҳо ва ё форсҳо дар аҳди Со-сониён (асрҳои III-VII) равад.Агар сухан аз боби фарҳанги волои давраҳои аср-ҳои миёнаи мардуми ориёиҳо ва ё форсҳо дар аҳди Со-сониён (асрҳои III-VII) равад. Бояд гуфт, ки ин мардум дар ин давра марказҳои бузурги маданиро бунёд на-муда ба осорҳои зиёди динй, илмӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва ғайраҳо ноил гаштаанд. Дар ин давра унсур-ҳои маданияти халкҳои эронй, юнонӣ, румӣ, суриягй, хитой ва ҳиндӣ бо ҳам омехтааст, ки ин давоми анъа-наи гузаштагони худ буда бо таввасути робитаҳои ти-ҷоратию фарҳангӣ ба ҳам пайвастанд.
Яке аз сабабҳои омехтагии маданияту фарҳанги мардуми Шарқу Аврупо ба маркази илму фарҳанг табдил ёфтани Эронзамин буд. Дар давраи давлатдо-рии Сосониён аввалин Академияи улуми Гунди Шо-пур дар Тайсафун таъсис дода шуда асосгузораш шоҳ Шопури аввал буд, ки бо таклифу дархости ӯ олимони гуногунзабон аз шаҳрҳои маркази фарҳангию тамад-дунии Шарқу Аврупо ба ин даргоҳи муқаддаси илму фарҳанг ҷамъ омада буданд. Нахустин сарвари до-нишкада Ҷурҷиюс ибни Бахтишӯъ буд.
Ин фарҳангистон робитаи фарҳангии мардуми ду минтақаи маданй яъне Шарқу Аврупоро ба ҳамдигар пайваст гардонидааст. Дар донишкада се факулта -риёзиёт, нуҷум бо расадхона ва тиб бо бемористонаш амал мекард. Дар ин даргоҳи муқаддас намояндаго-ни илму фарҳанг ва санъат адои вазифа менамуданд. Ҳатто Шопури ду табиби насронӣ Теодорусро аз Рим ва Канакаи Ҳиндро аз Ҳинд , Ибни Бақла ва олимону файласуфони дигарро аз Юнон ба ин донишгоҳ даъват намуда ҷой дода буд.
Табиби барҷастаи араб Ҳорис ибни Калда низ файзи ин ганҷинаи бузурги хираду ҳикматро чаши-да мақому мартабаи бузурге дошт, ки паёмбари ис-лом муридони бемори худро баҳри табобат ба назди ӯ мефиристоданд. Инчунин Ҷурҷонӣ, Навбохт, Сар-каб, Ромтин, Саркаш, Саргис, Гесӯи Навогар, Бом-шод, Озодворй Чангӣ, Борбади Марвазй ва дигарон низ дар ин давра фаъолият доштанд, ки ба пешрафти илму фарҳанг ва санъат саҳми бузург гузошта, оид ба соҳаи илмҳои риёзӣ, ҳайат, фалсафа, ахлоқ, ҳуқуқ, тиб, кимиё, иқтисодиёт, санъати бадей, меъморӣ, мусиқӣ ва гайра диққати ҷиддӣ медоданд, ки аз ин сабаб дар ин давра илмҳои гуногун шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда-анд.
Шиори муқаддаси ин донишгоҳ «Донишу ҳикмат аз шамшер пурзӯр аст» буда, дар пештоқи донишгоҳ сабт ёфта буд. Дар назди ин фарҳангистон китобхонаи бузурге бо зиёда аз 300 курсии нишасташ бунёд кар-да шуда буд. Дар он аз тамоми гӯшаю канори мин-тақаҳои маданӣ дастовардҳои нодиртарини фарҳангй ҷамъ оварда шуда буданд, ки ин китобҳоро устодону толибилмон меомӯхтанд. Ганҷинаҳои бебаҳои ин фар-ҳангистон дар тӯли зиёда аз 300 сол маркази фарҳан-гӣ ҷаҳониён ба ҳисоб мерафт, дар охир ба таъқиботи сахти мутаасибонаи истилогарони арабҳо дучор шуда, сӯзондаю канда аз байн бурда шудааст. Бештарини ки-тобҳои динии забони паҳлавӣ тарҷума аз забони ава-стой ва шарҳу тафсири матнҳои ахлоқӣ ва динӣ мебошад. Тарҷума ва шарҳи «Авасто»дар забони паҳлавӣ «Занд» ё ки «Позанд» ном дошт, ки дар ин давра аз байн бурда шуд. Вақте ки хат ихтироъ шуд ин мардум аввалин ёдгориҳои хаттии худро пайдо намуданд, ки онҳо навиштаҷотҳои рӯи сангҳо, навиштаҳою тасвир-ҳои Кӯҳи Бесутун, девори қасрҳо, катибаи Тахти Ҷам-шед, навиштаҳо дар пӯсти ҳайвонот, нусхаи аввалини Авасто, навиштаҷотҳои рӯи чӯбҳо, навиштаҷотҳои қо-газӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Ин навиштаҷотҳо ба ду гурӯҳ цудо мешаванд:
1)Қайдҳои таърихй, ҳуҷҷатҳо, китобҳои таърихӣ ва илмҳои гуногун.
2) Осорҳои адабии мифологӣ, афсонавй, қаҳрамо-нӣ ва чӣ саргузаштҳои динию ошиқона.
Ба сифати китобҳои қадим:«Авасто», «Наврӯз», «Бунда Ҳишн», «Меҳргон», «Худойнома», «Боғи Ши-рин», «Пандномаи Анӯшервон», «Дарахти Асурик», «Динкард», «Калила ва Димна» ва ғайраҳоро дохил кардан мумкин аст. Чӣ хеле, ки дар мавзӯьҳои гузашта қайд намудем «Авасто» яке аз ёдгориҳои қадимаи халқҳои эронӣ буда, нусхаи аслии он ба давраи ҳазор-солаи аввали пеш аз милод мансуб аст. Вале дубора дар давраи давлатдории Сосониён, ҳукмронии Шопури II навишта шудааст. Агар сухан аз боби китобҳои муқ-аддас равад бояд гуфт, ки «Забур»- китоби муқаддаси Довуд, «Таврот»- китоби муқаддаси Мусо, «Қуръон»-китоби муқаддаси мусулмонон Муҳаммад пайғамбар ва «Авасто»- китоби муқаддаси дини зардуштиён (па-ёмбараш Зардушт) буда, дар онҳо қонун, қоида, ҷа-ҳонбинӣ,анъана ва ҷашнҳои мардум акс ёфтаанд.
Мазмуни аслии «Авасто» «апастак» буда, маъно-

92

93

ҳои асос, дастур, дониш, қонун ва ниёишро доштааст. «Авасто»- и аввалин дар 12-ҳазор пӯсти гов навиш-та шуда аз 21-наск, 5- боби калон-Яштҳо, Ясно, Вис-парад, Видевдод (Вандидод) ва Хурда Авасто иборат буд. Ин китобро бори нахуст дар асри XVIII ба за-бони франсавй тарҷума карданд, ки асоси тарҷумаи он бо тавассути забони санскритии ҳиндӣ ба Анкетил Дюперон муяссар гардид. Таълимоти ахлоқии сегонаи оини зардуштӣ – пиндор, гуфтор ва рафтори нек дар «Авасто» навишта шуда буд, ки он таълимотҳо то ҳол аҳамияти худро гум накарда, ҷавҳару фаъолияти ҳар як шахсро дар бар мегирад. Имрӯзҳо аз 350 ҳазор ка-лимаи «Авасто» танҳо 83 – ҳазор калимааш дастраси олимон гардидааст. Ҷашнҳои миллии мардуми эрони-нажод дар аҳди Сосониён чун Наврӯз, Меҳргон, Сада, парастиши оташ (оташкада), солшумории шамсӣ, қа-марӣ, бозии чавгон (бозии нардӣ) ва ғайраҳо аз нав эҳё шуда, то имрӯз баъзе аз онҳо аз насл ба насл гузаш-таанд, ки ин ифтихори бузурги мардуми эронинажо-

НАМОЯНДАГОНИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ВА САНЪАТКОРОНИ АХДИ СОСОНИЁН

Канакаи ҳиндй ва Ибни Бақла

Бахтишуъ ва Ҳорис ибни Калда

Теодорус- табиби насронй

Борбади Марвазй, Гесӯи навогар

Навбохт ва Ҷурҷонй

Саргис ва Саркаш

Шоҳон-Анушервони
Одил, Шопури 1-П ва
вазир Бузургмеҳр

Накисо, Озодвори Чангӣ ва Бомшод

Катибаи нақши Рустам

Катибаи тахти Ҷамшед

Меъмориҳои куҳи Бесутун

г

1

к

!

ЁДГОРИҲОИ ФАРҲАНГИЮ ТАМАДДУНИ

I

1

\’

1

\’

Меъмориҳои шаҳри Персополес,
Тайсафун, Истахр, Нишопур,
Марв, Балх, Мароқанд, Бухоро Хутан, Панҷакент

Қаср ва богҳои шоҳон, оташкадаҳо

Меъмориҳои
Академияи
Гунди Шопуо

ва бемор •китобхо

истону наи он

дон (ориёиву аҷамиён) мебошад.

ГУСТАРИШИ ФАРҲАНГИ МУСУЛМОНӢ

Олимону бостоншиносон давраҳои тамаддуни мардуми (кавми) арабҳоро омӯхта, аз рӯи комёбиву ху-сусиятҳои маданиашон таърихи фарҳангу тамаддуни онҳоро ба ду давраи тӯлонӣ ҷудо намудаанд. Давраи аввал аз қадим то пайдоиши ислом давом карда, онро давраи маданияти ҷоҳилияи арабҳо номидаанд. Дав-раи дуввум аз пайдоиши ислом огоз ёфтааст. Олимон маданияти ин давраро аз рӯи пешрафти илму фарҳанг ва марказҳои тамаддуниашон маданияти давраи гул-гул шукуфии арабҳо (мусулмонй) номиданд.
Нимҷазираи Арабистон қадимтарин сарзамини арабҳо буда, аз рӯи бозёфтҳову кашфиётҳо маълум шуд, ки дар ин сарзамин ҳанӯз аз давраи асри санг одамон зиндагӣ намудаанд. Дар Қуръон низ таъкид гардидааст, ки қисми ҷанубии Арабистон макони ав-
валини одамон будааст. Мегӯянд, ки аз он ҷо насли одамӣ дар тамоми мин-тақаҳо паҳн гаштааст. Дар ибтидо нимҷазираи Ара-бистон сарзамини сарсабзу хуш боду ҳаво буда, дар он хоҷагии обёрикунанда ва чорводорӣ тараққй карда буд. Аз рӯи маълумотҳои олимон тахминан 20 ҳазор сол пеш аз милод иқлими ин сарзамин ҷиддан тағйир ёфта, дар солҳои 18-17 ҳазор пеш аз милод тамоми нимҷазира ба биёбон табдил меёбад. Тамоми одамон ба истиснои баъзе қабилаҳо дар маҳалҳои дурдасти ҷануб ва шарқии нимҷазира ҳиҷрат намуда, ин сар-заминро тарк мекунанд. Дар ҳазораи УШ-и то милод бошад иқлими нимҷазираи Арабистон аз нав барои зиндагӣ мутобиқ мегардад.
Аз ҳазораи VIII то охири ҳазораи П-и то милодӣ дар ин сарзамин оҳиста- оҳиста одамон маскан меги-ранд. Онҳо бо мардумони қисми ҷануби Байнаннаҳ-райн ва шимолу ғарбии Ҳиндустон робитаҳои тиҷо-ратию фарҳангии худро барқарор мекунанд. Эҳтимол дар охири ҳазораи III ва аввалҳои ҳазораи П-и то ми-лод ба ин сарзамин аввалин қабилаҳои сомӣ умр ба сар бурда, то асри ГУ-и то милод маданияти Сабейӣ, Қатабанӣ, Хадрамавтӣ ва Маинии худро ташаккул до-даанд. Дар нимаи ҳазораи I пеш аз милод нимҷазираи Арабистон ҷамъияти ободу зебои тараққикарда ба ҳи-соб мерафт.
Ин давра дар байни мардуми сарзамини Арабис-тон заминдорй, шаҳрсозӣ, меъморӣ ва навъҳои гуно-гуни санъат инкишоф меёфт. Дар хоҷагии мардуми ин сарзамин дарахтон ва буттаҳои қатрону шилмҳои хушбӯйдиҳанда аз қабили бухур (ладан), ханут (мирра) ва ғайраҳо парвариш карда мешуд. Чун ки талабот ба онҳо дар мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Баҳри Миё-назамин хеле зиёд буда, нақши муҳим мебозиданд. Дар маданияти халқҳои Нимҷазираи Арабистон таъсири маданияти Ямани қадим зиёд мебошад. Инро пеш аз ҳама дар сохтмони биноҳои сангин, шаҳрҳои азим, системаи обёрӣ, ташаккули тасаввуроти маънавӣ дар бораи худоҳо, инкишофи ҳамаҷонибаи хат ва ғайраҳо дидан мумкин аст. Дар оғози фаъолияти худ мардуми арабҳои ҷануб бо лаҳҷаҳои гуногун, яъне сомии ма-ҳаллӣ гап мезаданд. Алифбои шарқии мардуми Баҳри Миёназаминро истифода намуда, дар тахтасангҳо, тах-тачаҳои чӯбӣ, сафолпораҳо менавиштанд. Дар байни онҳо ҳануз яккахудоги вуҷуд надошт.
Онҳо ба худоҳои гуногун Лот, Уззо, Манот, Астар (Аштар, Иштра), Вадд, Амм, Син, оид ба офтоб, моҳ-тоб, табиат ва ғайраҳо рӯй оварда, онҳоро дар байни қабилаҳои худ мепарастиданд. Илова бар ин ҳар як ав-лод, қабила, шаҳрҳо, худоҳои худро доштанд ва буд-парастӣ мекарданд. Дар асри Ьи милодӣ робитаҳои мардуми юнонӣ, мисрй, румӣ бо мардуми нимҷазираи Арабистон зиёд шуда, ба анъанаю урфу одати онҳо таъсир расониданд.
Махсусан дар ин давра дар Адан ва ҷазираи Сок-тора дини насронӣ паҳн мегардад. Аз асри У1-и ми-лодӣ сар карда, империяи Рим хост, ки дар қисми ҷа-нубии Арабистон дини насрониро ҷорӣ кунад вале ба ин мардуми ориёиҳо халал расониданд. Дар ҳамин давра динҳои қадимаи будпарастии қабилаҳои маҳ-аллй қувват гирифт. Муборизаҳои байни қабилавӣ давом карда дар натиҷа ин қабилаҳо муттаҳид шуда, давлати ягонаи арабҳо ба вуҷуд омад. Ва ниҳоят ғояи дини яккахудоии ислом ғалаба карда, халқияти араб дар Арабистон ташаккул меёбад. Вожаи «араб» исми ҷамъи ҳамаи халқҳое, ки имрӯз дар сарзамини он давлатҳо зиндагӣ мекунанд, мебошад. Арабҳо ба гурӯҳӣ халқҳои Сомӣ дохил мешаванд. Сом- номи пи-сари Нӯҳ (Ной) пайғамбар, сараҷдоди гурӯҳи халқҳои Сомӣ- Шом (Сурия), Яҳуд, Ҳабаш, Айсор ва Осуриёни қадим (бобулиён ва финикиягиҳо) мебошанд.
Аввалин маълумотҳои хаттӣ доир ба истилоҳи «араб» ҳанӯз дар солномаҳои шоҳони Осурӣ ва Бо-булистонӣ нав дар шакли «аҷв»(арбаа ё арабӣ) сабт шудааст. «Аҷв»- аслан истилоҳи яҳудӣ буда, маънояш хушк, беоб ва биёбон мебошад.
Сарчашмаҳои хаттии аккадӣ, оромӣ ва яҳудии қадим низ истилоҳи «аҷв»-ро ҳамчун хушк, беоб ва биёбон маънидод кардаанд. Арабҳо ҳамчун этноним ба категорияи номҳои қадими этникии худ ба монан-ди аморейҳо, финикигиҳо, ошуриён, яҳудиён, сабей-ҳо, маиниҳо ва ғайраҳо дохил мешаванд. Ҳамаи онҳо қабилаҳои кӯчманчӣ ва нимкӯчманчӣ буда, дар асри УП-и милодӣ аз ибораи «ачв» ибораи араб ба вуҷуд омад. Пас аз ин онҳоро қабила ва ё мардуми арабҳо меномиданд.
Бутпарастони қавми то исломии арабҳо дар хона-ҳояшон бутҳои худро доштанд, ки ҳангоми ба сафар баромадан ва ё аз сафар баргаштан ба онҳо саҷда ме-карданд. Онҳо ҳангоми дар сафар будан дар ҷойҳои дамгирии худ чор сангро аз роҳ бардошта, якеро барои худ бут ва аз сетои боқимондаи он оташдоне месох-танд. Онҳо қурбониҳои худро маҳз дар назди бутҳои сари роҳӣ ба ҷо меоварданд. Тибқи иттилои Ҳишом ибни Муҳаммад ал-Қалбӣ бутпарастӣ дар байни араб-ҳо баъди вафоти Ҳазрати Одам дар замони писарони ӯ Шис ва Қобил сар шудааст.
Ривоят мекунанд, ки авлоди Шис ба ғоре рафта, қабри ҷадди худ Ҳазрати Одамро зиёрат карда, нисба-ти ӯ аз Худо раҳму шафқат металабид ва дар атрофи чизе давр мезад. Ин воқеаро яке аз авлодони Қобил мебинад ва ба хешовандонаш хабар медиҳаду аввалин шуда барои онҳо буте матарошад. Дар ривояти дигар омадааст, ки Вадд, Суваь,Йаъҷус ва Наср, ки аз авло-дони порсоён буданд ҳама мемиранд ва аз қавми Қо-бил шахсе барои ҳар яки онҳо буте сохта медиҳад, ки бутҳо ба марҳумон хеле шабоҳат доштаанд.
Аз ҳамон давраҳо сар карда хешовандон барои гу-заштагони худ бут месохтанду дар атрофаш давр меза-данд ва ба хотири онҳо қурбониҳо мекарданду худро ором мегардонидаанд. Пас аз ин воқеаҳо дини ислом ба ин сарзамин дар асри VII якбора ба вуҷуд наома-да, балки ба пайдоиши он фарорасии шароити вазъи иҷтимоӣ, иқтисодй, сиёсӣ, маданӣ ва маънавии қаби-лаҳои араб, ки аз давраҳои қадим дар ин сарзамин ма-скан гирифта буданд, сабаб гардидааст. Дар ҷанубии Арабистон, яъне дар Ямон ва Худрамавт маданият ва хат хеле васеъ инкишоф ёфта буд. Арабҳои шимо-лӣ бошанд дар тӯли асрҳо хатти оромиро истифода мебурданд. Ҳамин тариқ, дар ибтидои асри У1-и ми-лодӣ забони ягонаи адабии мардуми арабҳои шимол ташаккул меёбад.
Адабиёти то исломии араб дар жанрҳои қасида, ғазал, фахрия, мадҳия, ҳаҷвия, зӯҳдия, хамрия, васфия ва вазни арӯз инкишоф ёфта буд. Арабҳо дар ин забон ду намуди наср – насри қофиядор ва насри равонро эҷод кардаанд.
Бузургтарин шоирони тоисломии араЬҳо Имрул, Қайс, Набиғй, Зуҳайр, Тарафа ва Антара буданд, ки эҷодиёти онҳо аз нав дар давраи ислом эҳё шуд. Ҳат-то ин шаклҳои эҷодиёт байни мардуми ғайриарабҳо низ паҳн гашта, аз тарафи онҳо пазируфта мешуд. Аз ибтидои асри У1-и милодӣ бошад дар сарзамини Ара-бистон таъсири дину мазҳабҳои гуногун, пеш аз ҳама, яҳудй, насронӣ, ориёнӣ, зардуштӣ, бутпарастӣ қувват мегирад. Баъд аз ин чанд муддат мардуми араб ба тар-ғибҳои гуногуни мазҳабй рӯй оварда, ба ҷои бутпарастӣ ғояҳои яккахудоиро тарғиб мекарданд, зеро ки дар ин давра муносибатҳои ҷомеаи қавмию қабилавӣ тезу тунд гардида, нобаробарии иҷтимоӣ, сиёсй, молӣ, пулй қувват мегирад. Ҳамаи инро ғояи ягонаи муттаҳ-идкунанда бартараф карда метавонист. Ин ҳам бошад рӯй овардан ба дини ягона, ки метавонад нобаробарии ҷомеаро аз байн бубарад, ки ин насиби дини ислом ва Муҳаммад пайғамбар гардида буд.
Дини ҷорикардаи Муҳаммад дини ислом, тарғи-би яккахудоӣ буд. Он пайрави Иброҳими Халилуллоҳ буда, ба ҷои бисёрхудогӣ парастиши худои якка ва ягонаро паҳн намуд. Ислом ба мӯътақидони худ ме-фармояд, ки ба ҳафт чиз (ҳастии Оллоҳ, фариштаҳои Худо, пайғамбарони ӯ, китобҳои муқаддас, тақдир, зиндашавӣ баъд аз фавт ва рӯзи қиёмат) бовар карда, онҳоро ба дил тасдиқ намоянд. Дар ислом ду мазҳаб суннӣ ва шиъа амал мекунад, ки пайравонашон анъ-анаҳои онро ба ҷо меоранд. Дар ин давра мардуми араб бо халқҳои гирду атрофи худ рафту омад карда, дину анъанаҳои худро паҳн намуда, мегуфтанд, ки он анъанаҳоро ба ҷо биёранд. Мардуми араб бо ин роҳ аз фарҳангу тамаддуни ғании мардуми ҳамсояҳои худ, хусусан аз мардуми аҷамиён баҳраманд гашта, ватани худро ба маркази илму фарҳанг ва тамаддун табдил доданд.
Шаҳрҳои марказии илму фарҳангии исломӣ-Ясриб (Мадина), Макка, Тоиф, Яман, ва баъдтар Бағдод ба ҳисоб мерафтанд. Арабҳо дар маркази хилофат-шаҳ-ри Бағдод асрҳои УШ-Х олимони зиёдеро ҷамъ наму-да, донишгоҳи бузурги илмии хеш «Байт-ул-ҳикмат» (Хонаи ҳикмат)-ро таъсис дода, дар ин даргоҳ ба забони арабӣ назарияҳои мусиқии Арасту, Аристоксен, Никомах, Батлимус ва дигаронро тарҷума мекарданд. Риёзидон Ал-Киндӣ, файласуф ибни Сино, олим Ал-Форобӣ (муаллифи «Рисола дар бораи мусиқӣ») аз на-хустин мусиқишиносони ибтидоӣ буданд, ки дар нати-ҷаи заҳмату эҷодиётҳои онҳо забон ва ҳуруфоти арабӣ ба сатҳи забони давлатию илмӣ расид.
Анъанаи дар нақшу нигор ба кор бурдани хати арабй дар асрҳои миёна ба миён омад. Бо ин роҳ гӯё, ки хати арабӣ ҳамчунин санъат истифода бурда шуда, ба ваҳйи илоҳӣ ворид шуд. Дар ин ҷо хусусиятҳои эсте-тикии хати арабй ба назар мерасид, ки мутаносибан ба якдигар якҷоя навишта шуда, дорои аҳамият буд. Таш-кили санъати хаттотӣ, намуди арабии санъати тасвирӣ ба Алӣ ибни Абӯтолиб нисбат дода мешавад. Умуман хаттотии арабӣ дар ду шакл: куфӣ- куррадор барои нақшу нигор ва геометрй, ҳандасавӣ – барои ороиш-диҳии биноҳои аз хишти пухтаю хом сохташуда, исти-фода бурда мешуд. Ин боиси пайдо шудани намудҳои нави биноҳо, мақбараҳо, муассисаҳои динӣ, корвонса-ройҳо, (меҳмонхонаҳо барои савдогарон), ҳаммомҳо, бемористонҳо, обанборҳои зеризаминӣ ва гайраҳо дар шаҳрҳои маркази тиҷоратию фарҳангии Шарқ ва Ав-рупои Ҷанубӣ гардидааст. Хаттотон барои навишту сабти матни «Қуръон» ва тафсири он аз ҳарфҳои ра-вони тезнависи насх истифода мебурданд. Аз ин сабаб аксари олимони арабу аҷамиён эҷодиёти худро бо за-бону ҳуруфоти арабӣ таълиф менамуданд.
Илму фарҳанги мардуми арабу аҷамиён дар на-тиҷаи таъсири мутақобилаи ҳамдигар бо заҳмати зи-ёди олимону файласуфон ва санъаткорон: Ал-Киндӣ, Ибни Рушд, Салмони Форс, шоир Холид-ал-Файёз, Ҳорис ибни Калда, Ал-Бухорй, Ибни Сино, Ибни Ҷо-ҳиз, Абдурайҳони Берунӣ, Форобӣ, Соҳиб ибни Хо-сир, мусиқишинос Ибни Муҳриз ва дигарон ташаккул ёфта, ба сатҳи ҷаҳонӣ расидааст. Бо баробари паҳнша-вии Ислом дар давлатҳои Шарқ намудҳои нави санъа-ти меъморӣ масҷиду мадрасаҳо, санъати наққошӣ, тас-вирй ва бадеию шеърҳои арӯзӣ ба сатҳи баланди худ расид. Ривоятҳои китоби «Ҳазору як шаб» аз таърихи мардуми арабу аҷам шаҳодат медиҳад. Солшумории ҳиҷрӣ, номи моҳҳои мусулмонӣ ва анъанаҳои онҳо то ҳол дар байни аксари мардуми олам маъмул аст. Таъ-лимотҳои ахлоқию фалсафии Қуръони маҷид оид ба пайдоиши оламу одам, ҳуқуқ ва ахлоқи ҷомеа то ҳол мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор доранд.
Илм дар асрҳои миёнаи Шарқ ду равия дошт: илми динӣ ё ки шаръия ва илми ақлй. Илми Шаръия илмест, ки аз рӯи нақл ва тафсири он ба даст меояд.
Илми динӣ – оид ба худост, ки ақли инсонӣ гӯё ба охири он намерасад. Ба гурӯҳи илми Шаръия илми қироат, чй тавр хондани калимаҳои китоби «Қуръон», илми тафсир, шарҳи оят, ҳадис, Қуръон ва гуфтаҳои ҳадиси паёмбар дохил мешаванд.
Илми Фиқҳ – ба илми омӯзиши шариати исломӣ дохил мешавад, ки он аз се илми асосӣ: илми «Усул ал фақҳ» оид ба масъалаҳои назариявии амрҳои ша-риат баҳс менамояд, ки барои тасдиқи даъвоҳои худ аз илми калом, тафсир, ҳадис истифода мебарад: илми «Хилоф», ба ҳуҷҷатҳои шаръӣ эрод мегирад ва барои дафъи шубҳа далелҳои қатъӣ меорад: илми «Илм ул ҷадал» усули мунозира буда, олимон онро як қисми метаав илми мантиқ шуморанд.

Илми дигари ислом – илми Калом аст. Илми Калом масъалаи динӣ ва зиндагии» исломиро бо далелҳо ҳуҷҷати ақлия ва мантиқ бо ёрии калом исбот мекунад. Баҳси Калом масъалаҳои вобаста ба эътиқоди исломист (ягонагии Худо). Илми Калом дар замони халифаҳои аббосӣ ба вуҷуд омад. То он вақт масъалаҳои баҳси диниро «Фиқҳ ад дин» меномиданд, ки ба муқобили «Ал-фиқҳ-фил-илм» буд. Аз ин сабаб Абӯҳанифа китобашро «Фиқҳ- ал-акбар» номида буд. Унсурҳои илми Калом пештар вуҷуд дошта, асосгузораш ( с.871) Ал- Киндӣ будааст. Мазҳабҳои зиёде ба монанди илми Калом илми худро доштаанд. Намунаи беҳтарини илми Калом дар асари Ибн ул Надим «Китоб -ул- феҳраст» ифода ёфтааст. Илми Ақлия бошад илмест, ки он аз табиат ва тафаккури инсонӣ, назария, таҷри-

Имрул ва Набиғи, Тарафа ва Қай, Холид-ал-Файёз (шоир)бни Муҳриз (санъаткор)
МАРКАЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ИСЛОМИ

Бағдод Дидца Ҳиҷоз,Тоиф,Сурия Макка, Яман Ясриб, (Мадина)
НАМОЯНДАГОНИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТО ИСЛОМИ ВА ИСЛОМИИ АРАБҲО
Ҳорис ибни Калда (табиб) Антара ва Зухайр Соҳиби Хосир, Ибни Рӯшд Ал-Кинди, Ҳорун-ар-Рашид Абӯусмон ибни Ҷоҳиз (муаррих), Ибни Фақеҳ (мусиқишинос) ба бо далелу исбот ба вуҷуд омадааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.