Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


ФАРҲАНГИ ДАВРОНИ ЭҲЁИ ҒАРБ ВА МАОРИФПАРВАРИ

Дар мамлакатҳои Аврупои ғарбӣ ва марказӣ дар байни асрҳои миёна ва Аҳди Ҷадид марҳилаи гузари-ше ба вуҷуд омад, ки онро аз рӯӣ хусусиятҳояш Эҳё но-миданд.Дар мамлакатҳои Аврупои ғарбӣ ва марказӣ дар байни асрҳои миёна ва Аҳди Ҷадид марҳилаи гузари-ше ба вуҷуд омад, ки онро аз рӯӣ хусусиятҳояш Эҳё но-миданд. Ин давраро як давраи хоси тараққиёти фар-ҳангию иҷтимоӣ низ мегӯянд. Аз ин рӯ, Эҳё аз оғози худ майлу мазмуни зидди феодалӣ дошта, нишонаҳои он аз Италия оғоз ёфт. Пас аз он дар давлатҳои дигари ғарб Англия, Испания, Франсия, Олмон, Нидерландия пайдо шуда, бо раванди инкишофи тамоюлҳои реали-стӣ дар эҷодиёти шоирон, ҳунармандон, санъаткорон зуҳур ёфтааст. Маънои вожаи «Эҳё» аз нав зиндашавӣ, умри дубора ёфтан буда, ба забони франсавӣ- ренес-санс, ба италиявй- ринашимат низ мегӯянд. Дар забони русӣ Эҳё бо истилоҳи «возрождения» истифода бурда мешавад. Дар асоси таъсири Эҳё аз асри XV сар карда, дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳаигии мардуми Аврупои гарбй дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Дар ин давра дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодй саба -би он гардиданд, ки дар афкори ҷамъиятӣ табаддулот-ҳои фарҳангӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Ингуна навовари-ҳо дар соҳаи илм низ ба вуҷуд омаданд.
Давраи Эҳё барои тагироту навовариҳои ҳаё-ти маънавӣ заминаи мустаҳкам ба шумор меравад. Алалхусус дар соҳаи санъат низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Ба таври дигар гӯем давраи Эҳёро давраи бартарӣ, ё ки болоравии таъсиру инъикоси ба-деию эстетикӣ меноманд, зеро дар ин давра олимону санъаткорон асарҳои зиёди бадеӣ эҷод намудаанд.
Аз рӯи мазмуну мундариҷа дар ин эҷодкориҳо инъикоси образ ва ғайраҳо нисбати давраҳои гузашта ба куллӣ фарқ мекарданд. Аз ин рӯ, дар ин давра про-блемаҳои анъанавию маърифат боз чуқуртару мукам-малтар ҳал шуда, ин ҳолат чун раванди қонунияти ин-кишофи афкори фарҳангӣ-ҳамчун ҷузъи маънавиёт ба шумор рафта, аз тарафи дигар боз қонунан масъала-ҳои муайяни умда моҳияти афкори фалсафиро ташкил медиҳанд, ки аз хусусиятҳои фарҳангии давраи Эҳё ба шумор мерафт.
Махсусан тамоюлҳои реалистй дар эҷодиёти шои-рон, санъаткорон, меъмор-шиносон -Данте, Ариолфо -ди-Комбио, ҳайкалтарош Николло Пизано, рассомон Петро Ковалинӣ, Ҷотто, гумманистон Лоренцо Вал-ла, Пико-делла Мирандоло меъморон Алберти, Бра-манте, Палладио, Лесско, Делори ва дигарон, ки дар Италия, Франция, Англия эҷод ва бунёд карда буданд, дида мешуд.
Эҷодиёти намояндагони давраи Эҳёро ҳисси бова-рӣ ба имкониятҳои зиёди инсон ба ирода ва ақлу за-ковати он, инкори ақидаҳои схоластикӣ ва зиндагии зоҳидона фаро гирифта буд. Эҷодиёти аз ҳар гуна ғояҳои динӣ, озодии шахс, зебоӣ ва ҳамоҳангии воқеӣ ба инсон ҳамчун ба ҳастии олӣ назар кардан, кашфи қонунҳои асосии ба вуҷуд омадани олами моддӣ аҳа-мияти ғоявии санъати давраи Эҳёро афзун намуда, до-ираи фаъолияти санъаткоронро васеъ намуд. Дар со-ҳаи санъати меъморй бошад, биноҳои ҷамъиятӣ, қасру хонаҳои шаҳрӣ нақши муҳиме доштанд. Меъморон иморатҳоро бо таносуби қисмҳои бино ва ороиши ба-деии онҳо, тиму роҳравҳои тоқдор, сутунҳо ва равоқу гунбазҳо оро дода, ба қасру хонаҳо шукӯҳу ҳашамат мебахшиданд.
Рассомон Донателло, Мазаччо, Перо делла Франческа, Мантенья, Леонардо-да-Вин-чӣ, Рафаэль, Мике-лан-Ҷелло, Тициан, Веренозе, Ян Ван Эйк, Брейгел, Дю-рер, Нитхарт, Холь-бейн, Фуке, Гужон ва Клуэ мунтазам тарзи тасвири ба-деии ҳамаи сар-ватҳои олами воқеӣ ва манзараҳоро аз худ менамуданд. Дар соҳаи адабиёти давраи эҳё бошад ёдгориҳои беҳамто ба мисли «Гаргантюа ва Пантакрюэл » – и Рабле, драммаву асарҳои У. Шекспир «Гамлет», «Шоҳ Лир», «Ромео» ва «Ҷуллиетто», «Отелло», ро-мани «Дон Кихот»-и Сервонтес ва ғайраҳо эҷод карда шуданд, ки дар онҳо ҳусни таваҷҷуҳ ба давраи Атиқа ба чашм мерасид.
Сонетаҳои Петрарко, новеллаҳои Боккачо, дос-тонҳои қаҳрамонии Ариосто, Тассо, ҳаҷви зидди кле-рикалӣ ва ғайра бо жанрҳои гуногун шаклҳои инфи-родӣ ва мазмунҳои миллӣ гояи давраи Эҳёро таҷассум менамуданд. Дар соҳаи мусиқй, ки оҳанги самимонаи гуманистӣ дошт, полифонияи созию овозӣ, шаклҳои тозаи вокалии фротолло, винателло, виляксико,балла-да, мусиқии созии инструменталӣ дар Италия, Испа-ния, Англия ва дигар давлатҳо ба вуҷуд омаданд. Дар ин давра баробари пайдо шудани жанрҳои нави муси-қӣ- яккахонӣ, контата,оратория, операҳо, ки барои ба вуҷуд омадани гамапонӣ(навъи мусиқии бисёровоза) мусоидат намуданд, ба охир мерасад.
Дар давраи Эҳё ғояҳои фалсафии навафлотуния (Фичино) ва пантеизм- (Патрица, Бруно ва диг.), каш-фиётҳои бузург дар соҳаи илмҳои ҷуғрофия, нуҷумши-носӣ, физика, кимиё, биология- Коперник, Везалий ва минбаъд Галилей суръат пазируфтанд. Ғояҳои Эҳё ба барҳам хӯрдани тассаввуротҳои динию феодалӣ мусо-идат намуданд. Яке аз хусусиятҳои муҳими давраи Эҳё заминаҳои пайдоиши гуманизм ва мушкилоти фардияти инсонӣ мебошад. «Гуманизм» мафҳуми ло-тинӣ буда, маънояш инсонгарию одамият ва ё маҷмӯи ақидаҳоест, ки таърихан тағйир ёфта эҳтиром ва қадру қимати инсонро ифода намуда, муҳаё кардани ша-роити заруриро барои инкишофи ҳаматарафаи одам тақозо менамояд. Гуманизм ҳамчун ҷараёни маданӣ, адабӣ, илмӣ- фалсафӣ буда аввал дар Италия зуҳур ёфта баъдтар дар Франция, Германия, Нидерландия, Олмон ва Англия паҳн гардид.
Намояндагони барҷастаи гуманизми давраи Эҳё – Ф.Петрарка, А.Данте, Эразми Ротердамӣ, Ҷ.Буруно, Ф.Рабле, М.Монтен, Н.Коперник, Галилей, У.Шек-спир, Ф. Бекон ва дигарон дар пешрафту ташаккули ҷаҳонбинии тозаю беғубор, ки он гуманизми баландро талаб мекунад, хизматҳои арзанда кардаанд. Ҳамин-ро бояд гуфт, ки дар замонҳои минбаъда фаҳмиш ва ғояҳои гуманистиро дар сатҳи баланд маорифпарва-рони ғарб, сотсиалистони хаёлӣ ва револютсионерони демократи рус давом дода, дар ташаккули ҷаҳонбинии ғайри динӣ саҳми арзанда гузоштанд. Хусусиятҳои ҷараёни гуманизм дар ҳаёти мардуми тоҷик низ дар асрҳои миёна ба вуқӯъ пайвастааст. Хусусияти дигари фарҳанги ин давра ратсионализм мебошад.
Ратсионализм ҷараёни фалсафиест, ки намоянда-гони он аклро асоси ҳастии маърифат(ратсионализми антологӣ ва ратсионализми ахлоқӣ) мешуморанд. Ун-сурҳои ратсионализм дар фалсафаи атиқа ва асрҳои миёна пайдо шудаанд. Аз ҷумла дар фалсафаи класси-кии тоҷик низ тамоюли ратсионалистӣ вуҷуд дошт, ки яке аз намояндагони он Абуалӣ ибни Сино ба ҳисоб меравад. Дар асрҳои миёна илоҳиётшиносони насро-нию исломӣ далелҳои ақлию мантиқиро барои исботи ҳақиқати аҳкоми динӣ истифода бурда, як навъ ратсионализми схаластикии диниро ба вуҷуд овардаанд. Ратсионализм ҳамчун ҷараёни геносиологй ва мето-дологияи маърифати илмӣ асосан дар фалсафаи асри XVII- и Европа ташаккул ёфтааст.
Ба ратсионализм файласуфони он давра Декарт, Лейбниц, Спиноза, Гоббс пайравӣ мекарданд. Ратси-оналистон комёбиҳои математика, махсусан методи дедуктивии мантиқии онро муболиға карда, туфайли он чӣ тавр ҳосил шудани ҳақиқатҳои мазмуни куллӣ ва ҳатман заруриро ошкор намудан мехостанд. Намо-яндагони ратсионализм зимни ҷамъбасти таҷриба, ҳо-сил шудани дониши эътимодбахш, ҳақиқатҳои хосия-ти умумй ва зарурӣ доштаро фаҳмонида натавониста, манбаи онҳоро дар «идеяҳои фитрӣ»- ақл (Декарт), «майлҳо ё қобилиятҳои фикрӣ»- (Лейбниц) ва «атри-бутӣ абадии ҷавҳари беинтиҳо тафаккур» (Спиноза) ва эвалютсияи инсон (Дарвин) меҷуст.
Хусусияти дигари фарҳанги ин замон реализм ме-бошад.
Реализм яке аз ҷараёнҳои хоси давраи Эҳёи ғарб ба ҳисоб меравад. Реализм – моддӣ, воқеият, воқеӣ, ки реалияти берун аз шуурро эътироф намуда, онро чун ҳастии объектҳои идеалй ё ҳамчун объекти маърифатӣ ба худи субъект, ҷараёни дониш ва таҷриба новобаста (реализми асри XX) шарҳ медиҳад. Дар фалсафаи асри миёнагй реализм чун номинализм ва консентуализм барои ҳалли универсалияҳо кӯшидааст. Реализм бар хилофи номинализм ва консентуализми воқеӣ ва но-вобаста ба шуур вуҷуд доштани универсалияҳоро эъти-роф мекунад. Олимон Афлотун ва Арастуро асосгузо-рони ҷараёни реализм эътироф намуда онро асосан ба ду шоха ҷудо мекунанд. Пас заминаҳои реализм дар фалсафаи атиқа ба вӯҷуд омадааст.
Асосгузори реализ-ми ифротӣ Афлотун буда новобаста ба ашё вуҷуд доштани уни-версалияҳоро эътироф мекунад. Реализми эъ-тидолӣ (асосгузораш Арасту) универсалия-ҳоро воқеӣ дониста, мавҷудияти онҳоро берун аз ашёи алоҳи-да инкор мекунад. Дар адабиёт ва санъати давраи Эҳёи ғарб наза-ри санъаткорон на бо воқеоти ҳаррӯзаи зиндагӣ, бал-ки ба ҷамъбасту хулосаҳои фалсафию бадеии дорои характери умумибашаридошта ҷалб мешуд. Дар ин давра сюжетҳои қадима мазмуни нав гирифта, барои ифодаи идеалҳои гуманизм хизмат мекарданд, ба мо-нанди драмаҳои У.Шекспир ва дигарон. Аз нависан-дагони асри XVII аз ҳама бештар Моллер ба воқеияти замони худ наздик омада, типҳои барҷастаи иҷтимо-иву ахлоқӣ офарида, асосҳои аввалини реализми эъти-долиро пойдор гардонид ва ҷараёни маорифпарварии асри XVIII- ро ба миён овард.
Хулоса, дар ҳамин давра Тосканели италиявй даврашакл будани заминро муайян намуда, харитаи тах-инии чаҳонро ба вуҷуд овард. Васко-де -Гамаи пор-тугалӣ ба соҳили Ҳиндустон роҳ кушод. Христофор Колумбияи генуягй Амрикоро кашф намуд. Магелони португалй саёҳати давраи ҷаҳонро анҷом дод. Ситора-шинос Еоперники поляк гардиши заминро дар даври офтоб собит намуда ба ақидаи асримиёнагӣ, ки гӯё за-мин маркази коинот бошад, хотима додааст.
Маорифпарварӣ ҷараёни адабию фарҳангӣ ва иҷ-тимоию сиёсиест, ки намояндагони он бо роҳи таблиги ғояҳои хайр, адолат, илму маърифат, иллатҳои сохти муашши ҷамъиятиро аз байн бурда, анъанаю маишат ва сиёсати онро тағйир додан мехостанд. Ҷаҳонбинӣ ва таълимоти намояндагони маорифпарварӣ бар пояи ақидаҳои идеалистӣ қарор гирифта буд. Пайравони маорифиарварӣ шуурро омили ҳалкунандаи тараққи-ёти ҷамъият, бемаърифатии одамонро бошад сабабго-ри иллатҳои иҷтимоӣ медонистанд.
Маорифпарварон аҳамияти ҳалкунандаи омил-ҳои моддиро дар тараққиёти ҷамъият дарк накарда, такомули маориф ва маърифатнок намудани оммаро чун роди халосй медонистанд. Дар Аврупои ғарбӣ ғояҳои маорифпарварй дар эҷодиёти намояндагони илму фарҳанг ва санъат -Волътер, Монтескё, Лессинг, Гёте, Жан Жак Руссо, Дени Дидро, Тюрко ва дигарон равшан зуҳур ёфта, ба муқобили аҳкомпарастии ас-римиёнагй ва идеологияи феодалию динӣ фаъолона мубориза бурдаанд. Таълимоти онҳо ба интишори ду озодандешии минбаъда, алалхусус, сотсиалистони ха-ёлӣ ва мсаорифпарварони рус имкон додааст.
Маорифпарварӣ, идеология ва ҷунбиши фикрие буд, ки дар асрҳои ХУП-ХУШ аввал дар Англия, Франция ва баъдтар дар аксари сарзамини Аврупо ба вуҷуд омад. Дар тадқиқотҳои илмӣ одатан бедории фикрӣ ва ҷунбиши иҷтимоиро афкор ва ҳаракати ма-орифпарварӣ меноманд. Онҳо аз номи хирад баромад карда мегуфтанд: Сохти феодалӣ ба хирад зид аст, барои ҳамин ҳам дар ҷомеа тартиботи нави оқилона, ҳукумронии хирадро барқарор кардан лозим аст. Ма-орифпарварон аз сидқи дил боварӣ доштанд, ки ода-мон бо ин роҳ ба адолати ҳақиқӣ ва хушбахтӣ ноил мегарданд. Мақсади эшон аз байн бурдани иллатҳои сохти ҷомеа ва такомули маорифу маърифатнок наму-дани мардум буд.
Яке аз намояндагони ҷараёни маорифпарварӣ Вольтер мебошад, ки ӯ нависанда, шоир, мутафаккир буда, истеъдоди бузурги ҳаҷвнигорй низ дошт. Вай бар зидди тартиботи феодалӣ ва калисоҳои католикӣ мубориза бурда фикру андешаҳояшро оид ба камбу-диҳои ҷомеа дар асарҳояш «Сафсатаҳои бемаъно», «Аҷоиботи хандаовар», «Архивҳои дурӯғгӯӣ» баён намудааст.
Монтескё- маорифпарвар, ҳуқуқшинос, файласуф ва адиби франсавӣ буда ӯ борҳо ба Англия сафар кар-да бо намояндагони маорифпарварон ва файласуфони Англия сӯҳбат намуда, фикру ҷаҳонбинии худро васеъ намудааст. Вай тарафдори ҳокимияти конститутсионӣ ва судӣ буда мехост, ки ин органҳои ҳуқуқӣ ба кору фаъолияти амалдорон ва шоҳ назорат кунанд.
Жан Мелле- шахси рӯҳонии номашҳур буда, ақи-даҳои ҳақиқиашро бо роҳи пинҳонӣ дар асараш «Васиятнома» навишта талаботҳои феодалону диндорон-ро зери танқид қарор додааст.
Жан Жак Руссо – нависанда, маорифпарвар, баста-кори машҳури Франция буда, бо асарҳои фалсафию сиёсиаш машҳур шудааст. Асарҳои барҷастаи ӯ «Му-ҳокима дар бораи илм ва санъат» (1750), «Муҳокима дар бораи нобаробарии одамон» (1755) мебошад, ки Ф. Энгельс онҳоро яке аз намунаҳои олии «Диалекти-ка» номидааст. Руссо моликияти хусусиро асоси ноба-робариҳои иҷтимоии одамон ва ташаккули давлатҳои сиёсй медонад. Руссо баробарии моликиятро хоста, талаб мекард, ки «Ҳар як шаҳрванд бояд кор кунад». У навишта буд: «Ҳар як шаҳрванди бекорхӯҷа дузд аст». Руссо бо ин гуфтаҳояш мардуми ҷомеаро ба ҳа-лолкорию меҳнатдӯстӣ ҳидоят намудааст.
Маорифпарвари дигар Дени Дидро буда, ӯро ҳам-чун мутафаккир, нависандаи франсавй, роҳнамои «Эн-циклопедия» – и ҷаҳонӣ мешиносанд.
Ӯ асари бузурги худ «Энсиклопедия»-ро бо роҳи пинҳонӣ ба табъ расонидааст. Аксари ин китобҳои маорифпарварон аз тарафи рӯҳониён сӯзонида шу-даанд. Дидро низ ба муқобили рӯҳониён ва талаботи онҳо зид баромада, дар асарҳояш фикру ақидаҳои ҳа-қиқии худро баён намудааст. Аз ин хотир В.И.Ленин низ ба асарҳои маорифпарварон баҳои баланд дода-аст. Дар ин давра соҳаҳои маданияти моддӣ ва маъ-навй ташаккул ёфта, дар ҳаёти мардум дигаргуниҳои куллй ба амал омаданд.
Дар соҳаи маданияти моддӣ – техникаҳо, восита-ҳои истеҳсолӣ, маҳсулоти меҳнат, сару либос, манзил ва навовариҳои зиёде ба вуҷуд омада, мушкилоти зиндагии мардумро аз байн бурданд. Дар соҳаи мадани-яти маънавӣ – комёбиҳои бузурги илмию техникӣ ба даст оварда шуда, баҳри бартараф намудани мушки-лоти ҷомеаи инсонӣ истифода бурда мешуданд. Дар натиҷаи ин кашфиёту ихтироотҳо истифодабарии за-хираҳои зеризаминӣ ба роҳ монда шуданд. Дар ҳамаи намудҳои соҳаи санъат – рассомӣ, меъморӣ, муҷасса-масозӣ, мусиқӣ, тасвирӣ ва ғайраҳо таъсири идеяҳои пешқадами маърифатӣ ҳис карда мешуд. Пайваста ба ин дар соҳаи меъморй услуби Барокко хос буда, бо ин услуб нақшу ороишҳои бошукӯҳ зам намуда, баъзан биноҳоро бо ҳайкалу нақшҳои барҷаста чунон оро ме-доданд, ки ҷои ҳамвор намемонд. Бо усули Барокко бисёр қасрҳою калисоҳо сохта шуда буданд, ки зебоии онҳо ҳоло ҳам инсонро ба ҳайрат меорад. Ин хусуси-ятҳои меъморӣ аз меъмории Юнон ва Рими қадим ги-рифта шуда буд.
Санъаткорон ба ҳунари санъаткорони Атиқа пай-равӣ менамуданд ва хусусиятҳои онро аз нав эҳё ме-карданд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.