Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГ ДАР ЗАМОНИ ЭҲЁИ АҶАМ (IХ-ХY)

Аз дастовардҳои фарҳангй бармеояд, ки олимони зиёде оид ба ташаккули фарҳанги аҷамиён кор кардаю тадқиқот гузаронида комёбиҳои онҳоро пурсамар ҳи-собиданд.Аз дастовардҳои фарҳангй бармеояд, ки олимони зиёде оид ба ташаккули фарҳанги аҷамиён кор кардаю тадқиқот гузаронида комёбиҳои онҳоро пурсамар ҳи-собиданд. Бинобар ин рагбати муҳаққиқони соҳаҳои \\ мухталиф, умуман шавқи мардум ба ин давраи гузаш-I таи худ хеле бузург аст. Танҳо зикри муҳаққиқон ва аҳамияту номи асарҳои эшон, ки дар онҳо бештар па-дидаҳои ҳаёти сиёсй, маданӣ, илмӣ, адабй, фалсафй, меъморй ва мусиқӣ тасвир шудаанд, бисёр саҳифаҳо-ро ишғол мекунанд.
Хусусан асарҳои як зумра олимони машҳур, арбобони илму фарҳанг ба монанди С.Айнӣ, Б.Ғафуров, А.М.Мирзоев, Саид Нафисӣ, Аҳмад Алии Муҳибӣ, Е.Э.Бертельс, Ш.Ҳусейнзода, X. Мирзозода, Брагинский,В. Бартолд, А. Ю. Якубовский, Ж.Лазарь, М.Раҷабов, В.Терневский, А.П.Юшкевич, Б.А.Резенфельд, М.Е.Массон, С.П.Толстов, В.Шишкин, А.М.Менделыптам, М.Эркаев, Акбар Турсун, Т.Қодирова ва дигаронро агар омӯзем меби-нем, ки дар он дастовардҳо фарҳанги ғании мардуми аҷам нишон дода шудаанд.
Мардуми Аҷам дар тӯли садсолаҳо барои тараққӣ додани кишоварзй, ҳунармандӣ, савдо, таҷаддуди анъ-анаҳои маҳаллӣ, маданият, илм, санъат ва ғайраҳо дар ватани хеш кори зиёдеро ба сомон расондаанд. Дар даҳсолаҳои охир роҷеъ ба як қатор соҳаҳои илм маълумотҳои нав ба даст омад. Маълумотҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки аҷамиён аз аксари боигариҳои зеризаминӣ хусусан аз комёбиҳои химия дар маъдангу-дозӣ пурра истифода мебурдаанд. Роҷеъ ба дигар на-мудҳои касбу ҳунар бошад маълумотҳои зиёде оид ба кулолгарӣ, истеҳсоли қоғаз, шишабарорӣ, дуредгарй, чармгарӣ, кандакорй, шаҳрсозӣ, меъморӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва ташаккули фарҳанги ду кишвари бузурги Шарқ-Мовароуннаҳру Хуросон то замони мо боқй мондааст. Албатта барои ин саҳми дастгоҳи давлатдо-рони Тоҳириёну Сомониён ниҳоят бузург аст.
Яке аз олимони аҳди Сомониён Муқаддасӣ.ки ба тамоми мамолики мусулмонӣ сафар карда буд, дар бораи шоҳону вазирони адолатхоҳи онҳо чунин мена-висад: «Абдуллоҳ, Тоҳири-П, Исмоил, Насри-П, ваз. Балъамӣ ва Ҷайҳунй аз байни шоҳону вазирон, феълан ва зоҳиран нисбат ба илму уламоҳо беҳтаринанд ва аҳли илмро маҷбур намесохтанд, ки замин бӯсанд. Дар ҳузури эшон тамоми моҳи рамазон маҳфилҳо ороста мешуд». Ин ҷо сухан аз ҷамъомадҳои махсуси илмию адабӣ меравад, ки дар дарбори Сомониён барпо ме-шуданд. Дар ҳаёти маънавии замони Сомониён оид ба интишори донишҳои илмӣ, адабиёт ва санъат маҳфи-ли илмии «Ихвон ус сафо», ки дар асри X вуҷуд дошт нақши муҳим мебозид. Шабакаи китобхонаи Бухоро бо номи «Савон-ул-ҳикмат» ва дӯконҳои китобфурӯшӣ дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Марв, Кеш, Балх, Ни-шопур, Хуҷанд, Кӯлоб, Насаф, Истаравшан марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ буда, ба пешрафти фарҳанги мардуми форсу тоҷик нақши калон бозидаанд.
Бузургию хирадмандии мардуми аҷам ва уламои онҳоро ал-Ҷоҳид чунин шарҳ додааст: «Дар рӯӣ замин нест санъати олӣ аз соҳаи адабиёт, фалсафа, ҳисоб, ҳан-даса, мусиқӣ, ҳунармандй, ҳуқуқшиносӣ ва ғайраҳо, ки дар он хуросониёну мовароуннаҳриён набошанду бар донишмандони бузург ва олимони маш-ҳур голиб наоянд». Агар асри IX умуман давраи эҳёи давлатдо-рию анъанаҳои маҳаллӣ ҳисоб ёбад, асри X замони тараққиёти иқтисодиёти Мовароуннаҳр ва Хуросон, инкишофи маданияти замони тоҷикон, давраи шуку-фоии адабиёт ва илми тоҷик, тараққиёти шаҳрсозӣ ва ҳаёти шаҳрҳо буд. Дар ин давра ҷараёни ташаккули халқи тоҷик (аҷамиён) суръат гирифта, асосан ба ит-мом расид. Маданияти моддӣ ва маънавии тоҷикон ва дигар мардуми Осиёи Марказӣ инкишоф ёфт.
Дар ин давра забони тоҷикӣ(дарии форсӣ) аз кор-гузории давлатӣ забони арабиро танг карда, нихоят ҷои онро гирифт. Забони тоҷикй, забони адабиёти бадеӣ(назму наср) ва қисман забони осори илмӣ гар-дид. Ба забони тоҷикӣ назм хеле тараққй кард, ки инро дар мисоли эҷодиёти асосгузори назми форсӣ- дарии тоҷикӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва бузургтарин шоири давр Абулқосим Фирдавсӣ мушоҳида метавон кард. Назм низ як паҳлуи маданияти ин замон буд. Ба мисли назм соҳаҳои гуногуни намудҳои санъат низ пешраф-ти назаррасе доштанд. Бузургтарин ёдгориҳои санъа-ти меъморӣ ба мисли қасри шоҳону девони вазирони Сомониён, китобхонаи «Савон ул ҳикмат»- и Бухоро тавассути усули санъати амалӣ дар ҳамин ҷо офари-да шуданд. Дар он замон бозорҳои китобфурӯшӣ ҷои мулоқотҳои аҳли илму адаб буд. Дар Марв ҳанӯз аз ибтодои асри IX ва баъдтар низ хазинаи китобҳои паҳ-лавӣ дида мешуд. Дар он ганҷи бебеҳои охирин суло-лаи Сосониён Яздигурд, ки ҳангоми фирор карданаш аз лашкари арабҳо дар миёнаи асри VII ҳамроҳи худ оварда буд, нигоҳ дошта мешуд.
Хусусан дар соҳаҳои санъат тамоюлҳои нав пай-до шуданд,ки таҳти таъсири ду сарчашма- маданияти маҳаллии то исломй ва маданияти исломӣ намудор ме-гарданд. Дар асрҳои Х-Х1 барои мусалсал гардонида-ни таълиму тарбия дар масҷиду мадрасаҳои шаҳрҳои Бухоро, Фарғона, Фарҷак, Нишопур, Марв, Насаф, Хутан (Кӯлоб) ва хусусан, мактаби илмии олим Абӯ-ҳафс дар Бухоро интишори донишҳои илмй ва динӣ накнш калон мебозид.
Гарчанде ислом дини асосии давлатӣ эътироф гар-дида бошад ҳам, дар асрҳои 1Х-Х1 дар Осиёи Марказӣ гурӯҳҳои хурд-хурди зардуштиён, будпарастон, мона-виён ва масеҳиён зиндагӣ мекарданд. Масалан ҷамоаи зардуштиён дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд вуҷуд доштанд. Оид ба ин масъалаҳо Муҳаммади Наршахӣ дар китобаш «Таърихи Бухоро» ва Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул- боқия» ном асари хеш маълумотҳо дода аз ҷумла қайд мекунанд, ки зардуштиёну будпарастон ва монавиён дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд ва масеҳиён (насрониён) дар шаҳри Марв зиндагӣ мекар-даанд. Исои муаллифи «фарҳанги суриёнӣ» аз рӯи ни-шондодҳо муаллифи тафсири Аҳди Ҷадид зодаи Марв будаанд, ҳатто олим, табиб ва файласуфи насронӣ Абулхайр ибни Хаммор ҳам дар Хоразм зистааст. У аз забони суриёнӣ асарҳои Арасту ва дигар олимону файласуфони атиқаро ба арабӣ тарҷума кардааст. Дар асрҳои Х-Х1 деҳаҳои насронинишин дар байни Дил-варзин ва дарёи Сир, ноҳияҳои шавдари ҷанубии Са-марқанд вуҷуд дошт, ки Ибни Хавқал дар он ҷойҳо бо насрониёни Байнаннаҳрайн вохӯрдааст. Дар шаҳрҳои Бухоро, Балх, вилояти Гузон ҷамьиятҳои яҳудиён ву-ҷуд доштааст.
Албатта ташаккул ва пешрафти давлатдории то-ҷикон дар соҳаи маданияти моддию маънавӣ бе комё-биҳо имконнопазир буд. Осиёи Марказй яке аз калон-тарин марказҳои илмҳои дақиқ ба ҳисоб мерафт, ки дар ин сарзамин як зумра олимоне (алломаҳо) ба дунё омада, ки асарҳояшон аз бисёр ҷиҳат ба инкишофи минбаъдаи математика, нуҷум, тиб, ботаника, ҷуғро-фия, таърих, адабиёт, фалсафа ва инчунин ба фарҳанги давраи нави Аврупо мадад расонидаанд. Яке аз онҳо асосгузори илми риёзӣ Ал-Хоразмй аз ҷумлаи мунаҷ-ҷимони Халифа Маъмун буд, ки фаъолияти илмиаш асосан дар академияи улуми Бағдод «Байт-ул-ҳикмат» (Кохи Хирад) мегузашт ва худи ӯ дар чораб^лиҳо шир-кат меварзид. Китобҳои бузурги Ал-Хоразмӣ «Китоб -ул – ҷамъ ва ут- тафриқ би- ҳисоб – ул -Х,инд», «Ки-тоб-ул- мухтасар фи- ҳисоб- ул- ҷабр- вал- муқабала» буда, ба воситаи онҳо Аврупоро бо системаи ҳисоби нӯҳ рақами ҳиндувон шинос намудааст. Дар асарҳои ӯ маълумотҳо оид ба чен кардани замин, тақсими молу мулк мавҷуд аст. Кашфиётҳои Ал-хоразмӣ ба кашфи-ётҳои «Ибтидо»- и Евклид ва «Метрика»-и Герон хеле наздикй доштанд. Бисёр масъалаҳо аз рӯи шартҳояшон бо масъалаҳои Герон мувофиқ меомаданд. Чунин масъалаҳо баҳри китобҳои арифметикаи мамолики исломӣ хос буда, бо тақозои амалияти фиқҳ ба вуҷуд омадаанд. Дар интишори идеяҳои Ал-Хоразмй дар мамолики Шарқу Ғарб саҳми олимони дигар ба мо-нанди Абӯкомили Шуҷоъ, Аслами Мисрӣ, Маслама ибни Маҷритӣ ва дигарон хеле бузург мебошанд. Мис-ли Муҳаммад ал- Хоразмӣ дар пешрафти илму фар-ҳанги хеш саҳми алломаҳо Закариёи Розӣ яке аз осо-ри фарҳангии эшон дар соҳаи кимё, тиб («Ал-ҳовӣ») мебошад. Муҳаммад Абунасри Форобӣ дар «Китоб-ул Мадинат-ул-фозила» ном осораш оид ба ин фарҳанги воло маълумот додааст. Инчунин саҳми Абуали ибни Сино, Умари Хайём, Абӯнасри Арроқӣ ва дигарон ни-ҳоят бузург мебошад. Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, ки их-тироъкори асбоби астрономии зовиясанҷӣ радиусаш тақрибан 40 метр буд, номбар кардан мумкин аст. Ӯ ин асбобро ҳамроҳи шогирдонаш барои муайян кардани аниқи сайёраҳо истифода мебурданд. Бостоншиносон исбот карданд, ки чунин зовиясанҷ асбоби асосии ра-садхонаи машҳури назди Самарқанди Улуғбек (асри XVI) будааст. Аз ин бармеояд, ки Хуҷанд низ маркази тадқиқоти астрономӣ ба ҳисоб мерафтааст. Агар мо ба таърихи эҷодиёти яке аз алломаи ин замон Умари Хайём назар кунем, мебинем, ки ӯ худро дар ҷабҳаи фалсафа шогирд ва пайравй Абуали ибни Сино медо-нист. У «Дархостнома» ном асарашро, ки ба тоҷикӣ (1047) иншо карда буд, таҳти таъсири фалсафаи Сино нигоштааст. Дар қатори осори дигари тоҷикии Хай-ём рисолаи «Наврӯзнома» аҳамияти калони таърихию фарҳангӣ дорад. Дар он асосан аз таърихи солшумо-риҳо, ҷашни Наврӯз, расму оини мардуми эронинажод сухан меравад. Ин рисола аз ҷиҳати забону услуб басе арзишнок буда, онро намунаи барҷастаи насри равону содцаи тоҷикӣ бояд хонд. Хайём намояндаи барҷастаи адабиётест , ки аз оғоз инсондӯстиро тарғиб мекард.
Солҳои зиндагию фаъолияти Хайём 1048 – 1131 буда, номи аслиаш Абдулфатҳ Умар ибни Иброҳим аст. Дар Нишопур дар оилаи хаймадӯз ба дунё ома-дааст . Асарҳои Хайём аз 15 рисола иборат буда, дар бораи фалсафа (5-то) нуҷум, физика, ҳандаса, риёзиёт ва ғайраҳо иншо шудаанд
Дар асрҳои 1Х-Х дар таърихи мардуми форсу тоҷик ҷунбиши бузурги таърихию фарҳангие оғоз шуд, ки он дар дастовардҳои фарҳангӣ ҳамчун эҳёи тоҷик ёд ме-шавад. Гаҳвораи ин қиёми таърихию фарҳангӣ Бухо-ро буд, ки онро ба қавли Абубакри Наршахӣ «ҳаф-тод ҳазор алам бувад, дар зери ҳар аламе ҳафтод ҳазор шаҳид бувад». Ҳамон Бухорое, ки бо қувваи ақлу бо-зуи аҷамиён бино шудаю боре чанд ба асптозии аҳли саҳро табдил ёфта, ҳар дафъа аз нав барқарор мешуд. Баъди истилои араб, аз вақте ки Бухоро пойтахти на-хустин давлати тоҷикон қарор гирифт, гӯё дубора эҳё шуд.
Омили рушди ин маданияти олимарому олимақом забоне буд , ки он дар замони худ бесабаб шӯҳрати ҷа-ҳонӣ пайдо накардааст. Дар дунё халқе нест, ки мисли аҷамиён дар чаҳоркӯчаи таърих танҳо монда, ин қадар парокандагии миллию мазҳабй ва сиёсиро аз сар гуза-ронида бошад. Бо вуҷуди ин ноадолатию мушкилотҳо таърих гув ки ягон арбоби барҷастаи илму фар-ҳанги тоҷи^ ДаР боби забону маданияти дигар халқҳо бадгӯи нак#РДааст- УрФУ одати ягон қавмро паст на-зада ва ё а^ РӮИ хусумати миллию мазҳабӣ ба иззати нафси мар,г*Уми марзу буми бегона нарасидааст.
Пас беХУДа нест, ки идеалҳои волои гуманистӣ маҳз дар ]у*уҳити таърихию фарҳангии Аҷам ташак-кул ёфтаанА Шароити ногувору носозгори таърихие, ки баъди ^нқирози нахустин давлати тоҷикон Оли Сомон дар саР то саРи Хуросони бузург фаро расид, чандин арб°^и барҷастаи илму адаби аҷамро бидуни хосту ирод#и эшон ба кӯи дарбадарӣ андохт. Онҳо ба мисли Шаих Муслиҳидцин Саъдй, Камоли Хуҷандӣ, Амир Хусрави Дехдавӣ, Зебунисо ва дигарон аз шаҳ-ре ба шаҳр£> аз вилояте ба вилояте, аз мулке ба мулке кӯчида пу1Х1тибонӣ меҷустанд ва ҳамин, ки сарпаноҳи мусоиде ёфтанД, ба растохези маданӣ мепардохтанд.
Олим табиб ва файласуфи тоҷик Абӯали ибни Синои Бух^роӣ\’ гарчанде дар гурезогурези ҳамешагӣ буд, асарҳ#и бузурги худ «Донишнома», «Ал-қонун фи-тиб»-ро иншо намуда, дар мулку кишварҳои бе-гона басе £>ӯзро шаб ва шабро рӯз карда ва охир дар наздикии Хамадон аз касалие фавтид, ки ҳаргиз дар-ди бедаво **абуд, хусусан, ки худи ӯ дар ин боб рисо-лае иншо £аРДа бо номи «Китоб-ул-кулинҷ» ва аз он борҳо дига^онро наҷот дода буд. Мисли ӯ Абӯрайҳони Берунӣ, Хоразмӣ, Ҷалолиддини Балхй, Носири Хусра-ви Қубодиёнй ва даҳҳо дигароне буданд, ки аз вартаи ҳавлноки а**набиён халосй ҷуста, ватанро тарк гуфта, як каф хок0 домангири зодгоҳро ҳамроҳи худ мебурданд, ки ин аз одатҳои қадими мардуми Шарқ аст.
Мо метавонем дар ин ҷо аз саргузашти устоди ба-рӯманд Мир Сайид Алии Хамадонӣ(1314-1386 ) ёдо-вар шавем. Меҳру ёди фарзандон ва муҳити осуда эшонро аз Хамадон ба ин сарзамини бостонии Кӯлоб овард. Он кас дар ҷодаи фарҳанг асарҳои бузурги илмию ахлоқӣ ба монандӣ «Хафт водӣ», «Футутия», «Мақомоти суфия», «Дарвешия», «Қиёфатнома», «За-хират-ул- мулук» ва ғайраҳоро эҷод намуда, байни ҷаҳониён шӯҳрати зиёде пайдо кардааст. Яке аз аса-ри Мир Сайид Алии Хамадонӣ «Захират-ул-мулук» (Захираҳои подшоҳон)-ро ном бурдан мумкин аст, ки он аз 6 фасл иборат буда, то ҳол аҳамияти худро гум накарда, дар ганҷури ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст. Ин асарҳои эшон аз рӯи шаклу мазмун як андоза ба «Наси-ҳат- ул- мулк»- и Абуҳомиди Ғаззолй, «Гулис-тон»- и Саъдии Шерозӣ, «Наводир -ул- вақоеъ»- и Аҳмади Дониш шабоҳат дорад. Ба қавли Нуридди-ни Бадахшӣ, Алии Хамадонй «Қуръон»- ро дар синни 12- солагӣ аз бар кардаанд. Агар арз намоем, ки маз-муну мундариҷаи ҳамаи асарҳои Мир Сайид Алии Ха-мадониро таргибу ташфиқи ахлоқи ҳамидаи инсони комил ташкил медиҳад, ҳеҷ хато нахоҳем кард. Алии Хамадонй воқеан таргибгари идеяи дӯсти холис ва мунису гамхор дар зиндагӣ аст. Ӯ яке аз ашхоси бону-фузи равияи тасаввуф буда, тавассути асарҳои безаво-ли хеш барои наслҳои минбаъда як пандномае овард, ки мутолиаю қимати он то ҳанӯз ва дар оянда ҳам аз байн нахоҳад рафт. Суханони ҳакимонаи ин пири бар-нодил дар ҳама давру замон сармашқи амалу зиндагии насли башар хоҳаид буд. Устод Лоиқ Шералӣ зимни андешаи бадеие аз тақдири таърихии «Сарзамини кам-замине»,ки писарони пурҳасраташ ҷумла дар кӯи ға-рибӣ хок гашта номашро дар олам тоҷику Тоҷикистон кардааст, ёдрас мешаванд:
Чунки фарзандони ту дар тӯли таърихи дароз.
Ҳар куҷо рафтанд муште хок бо худ бурдаанд.
Вақте ки кас байтҳои ҷонгудози Камоли Хуҷанди-ро мехонад, чунин мепиндорад, ки онҳоро шоири гур-батзада дар диёри бегона мешиносанд, ки хоки вата-нашро қибла гирифта сурудааст:
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар цаҳон то чанд гардам бесару бепо гариб?
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ ки афтад во гариб?
Дар гарибӣҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во гарибӣ, во гарибӣ, во гарибо, во гариб.
Бо гузашти айёми таърихӣ дар мавзеву ноҳияҳои дигари ҷуғрофӣ густариш ёфтани забону фарҳанги то-ҷикон ба доираи ҷунбиши мадании онвақта тадриҷан қавму қабилаи бегона низ кашида шудаанд. Ин қавму қабилаҳо бошанд, забону маданияти тоҷиконро пази-руфта, дар навбати худ баҳри ривоҷу равнақ ва тако-мули он кӯшидаанд. Аз ин рӯ силсилаи падидаҳои иҷ-тимоию фарҳангиеро, ки паси ҳам сурат гирифта, то худи ибтидои асри XVIII сар то сари Эрону Озорбой-ҷон, Осиёи Сағир ва ба қисматҳои Хинду Покистон ғулғула дар гунбади афлок андохтаанд бо истилоҳи умумӣ Эҳёи Аҷам номидаанд.
Дар эҷодиёти даҳонакии халқ ва назму насри классикии мо дар бораи оби ҳаёт ном давои мӯъҷизаова-ри аҷал нақлу ривояти бисёре омадааст, ки саршор аз орзуву умеди ширинест, дар боби умри ҷовидонӣ.Дар мисоли Хизр овардаанд: дар зулмот ном ҷои торикии замин чашмаи афсонавие будааст, ки обаш ба кас умри ҷовид мебахшидааст. Бузургони Наврӯзи Хуросон ба ҷои ҷустуҷӯи оби Хизр ба меҳнати пурмашаққати эҷо-дӣ пардохта аз илму адаб чунон як аҳроми шукӯҳманд бино кардаанд, ки ба таъбири Фирдавсй бигӯем «на гашти замона бифарсоядаш » ва « чун мо табоҳӣ па-зирад ҳаме »…
Дар қатори осори хаттие, ки дар ибтидои аҳди ис-лом ба арабй ва дарӣ- форсй- тоҷикӣ тарҷума шудааст, китобҳои паҳлавӣ низ буданд.
Ана ҳамин тавр бо хости таърих бори дигар му-коламаи фарҳангии Юнону Эрон баргузор гардид, ки таи он ҷараёни баҳраваршавии дутарафаи Шарқу Ғарб боз ҳам қувват гирифт. Маҳз илму ҳикмати юно-нӣ буд, ки тавассути забони арабӣ дар Шарқи мусул-монӣ густариш ёфта, бо такони судмандаш дар аҷам растохези маданияти моддию маънавии пешин ба ву-қӯъ пайваст.
Дар асарҳои як қатор муаррихон, файласуфон, адабиётшиносон ва забоншиносони дохилию хори-ҷӣ (Е.Э.Бертельс, А.Е.Бертельс, А.М. Белинский, А.Н.Болдырев, И.С.Брагинский, Н.Неъматов, В.Ни-китина, Б.Ғ.Ғафуров, Акбар Турсунов, Р.Масов, Анри Корбен, Муҳаммад Муин, Эҳсони Табарӣ ва дигарон) ҷиҳатҳои таваҷҷӯҳманди ин падидаи фарҳангӣ маври-ди таҳлилу тааммули илмӣ қарор гирифтаанд.
Дар давраи Эҳёи Аҷам чӣ файласуфони ҷудого-на ва чӣ ҷараёнҳои томи динию фалсафӣ аз анъанаҳои фарҳангии зардуштию монавӣ илҳоми ғоявӣ гириф-таанд. Чун сухан аз Эҳёи-унсурҳои фарҳанги пешинаи Аҷам меравад, як ҷиҳати масъаларо набояд фаромӯш кард.
Маданияти Эронӣ қабл аз аҳди исломй замоне аз махзани тамаддуни классикии Аврупо баҳра бардош-та буд. Вале фарҳанги бостонии Юнон ягона манбаи илҳоми Эрониёни қадим набуд. Барои барӯманд шу-дани заминаи маънавии Аҷам сарчашмаҳои фарҳан-гии ҳиндувон низ басе мусоидат кардаанд. Ба тасдиқи хулосаи Эҳсони Табарй далелҳои бисёре овардан мум-кин. Сухан аз сайри таърихии «Калила ваДимна» ном ёдгории безаволе меравад, ки дар ганҷдони адабиёти бадеии ҷаҳони мутамаддин мақоми хосе пайдо кар-дааст. Дар Аҷами бостонӣ баробари адабиёти бадеӣ баъзан тавассути он фалсафаи ҳиндувон низ густариш ёфта буд. Худи фалсафа ҳамчун як соҳаи фаъолияти фикрию амалӣ ба аслу усули афкору аъмоли аҷамиён ҳаргиз бегона набуд. Бинои мӯҳташами илму ҳикмати асримиёнагии Аҷам бошад дар болои чунин як таҳкур-сии мустаҳками таърихию фарҳангӣ қомат афрохта-аст, ки он дар натиҷаи инкишофи ҳазорсолаи афкору аҳкоми динӣ, асотирӣ, ахлоқӣ ва фалсафии мардуми таҳҷоӣ бунёд ёфта буд. Маҳз ҳамин заминаи пурқувва-ти таърихию фарҳангӣ буд, ки ба эрониён имкон дод, аввалин шуда, ҳикмати юнониро пазирои намоянд ва пайваста инкишоф диҳанд. Қобили қайд аст, ки фалса-фаи классикии арабу форсизабон худ бештар бо саъю кӯшиши аҷамиён ташаккул ёфтааст.Ва чунон ки та-маддуншиноси муосири Эронӣ Саидҳусайни Наср барҳақ мегӯяд: « метавон бидуни ҳеҷ шакку шубҳа аксар файласуфони исломиро Эронӣ донист». Эрон ба маркази аслии фалсафаи исломӣ табдил ёфта буд.
Шашсад сол пеш аз ин мутафаккири барҷастаи араб Ибни Халдун дар «Муқаддима» ном асари таъ-рихиаш чунин баён намудааст: «ҷамъи мутахассисони сарфу наҳви арабӣ форсиён буданд, ҷамъи олимони арабизабонӣ худ эронӣ буданд ё ба форсӣ ҳарф меза-данд ва ё форсидон буданд». Аз рӯи маълумотҳои ҳа-диси пайгамбар Муҳаммад салаллоҳи алайҳи васалам – Рӯзе як шайхе аз он кас пурсон мешавад, ки кадоме аз мардуми қавми ҷаҳон бофарҳангу илмдӯстанд?. Муҳаммад пайгамбар ба ин суоли шайх чунин посух гуфтанд: « Агар илм дар аршаи аъло ҳам мебуд, онро аҳли форс ба даст оварда буд ».
Равияи гуманистӣ дар назми тоҷику форс ба ҳукми анъана даромада, адабиёти классикии моро ба баланд-тарин мақому мартаба расонид. Дар ахди Эҳёи Аҷам ин ақидаи зотан гуманистӣ дар шакле маъмулу маъ-руф шуд, ки тавъам ба анъанаи фарҳангии ҳазорсолаи мардуми эронинажод буд. Дар ин бора сухан аз васфи кайҳонии инсон меравад, ки махсусан дар афкори ах-лоқию фалсафии аҷдодони мо Закариёи Розӣ, Абунас-ри Форобӣ, ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Шаҳобиддини Сӯҳравардӣ ва дигарон ба ҳукми анъана даромада буд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.