Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


ФАРҲАНГ ВА ТАМАДДУНИ МАРДУМИ РУС

Дар минтақаи Аврупо мардуме зиндагӣ мекар-данд, ки онҳоро славянҳо мегуфтанд. Онҳо ба гурӯҳ-ҳои славянҳои гарбӣ, ҷанубӣ ва шарқӣ ҷудо мешуданд.Дар минтақаи Аврупо мардуме зиндагӣ мекар-данд, ки онҳоро славянҳо мегуфтанд. Онҳо ба гурӯҳ-ҳои славянҳои гарбӣ, ҷанубӣ ва шарқӣ ҷудо мешуданд. Ба гурӯҳи славянҳои шарқӣ русҳо, украинҳо, бело-русҳо дохил мешаванд. Мардуми славянҳои шарқӣ аз ибтидои худ дар соҳилҳои дарёҳои Волга, Днепр, Об, Нева ва гайраҳо умр ба сар бурда, ба моҳигирӣ, зиро-атчигӣ ва ҳунармандию тиҷорат машгул мешуданд.
Аз бозёфтҳои бостоншиносон бармеояд, ки онҳо давраҳои қабилавию авлодиро аз сар гузаронида, дар асрҳои миёна соҳиби аввалин давлати бузурги худ Руси Киев гардида буданд. Ин мардум бо хусусият-ҳои мадании худ, яъне аз ҷиҳати забон, ҳуруфот, дин, асотиру анъанаҳои этникию миллии хеш аз дигар мардум фарқ доштанд. Аз асрҳои ГХ-Х сар карда, ба бунёди марказҳои тиҷоратию маданӣ ва фарҳангию тамаддунӣ оғоз намуданд. Пеш аз ҳама, ба ин гуна муваффақиятҳо ноил гардидани мардуми рус таъсири маданияти баланди мардуми Юнону Рими қадим ва Византия ниҳоят бузург мебошад. Онҳо баъзе хусу-сиятҳои дини насронӣ, ҳуруфоти кирилӣ ва шаклҳои меъмориро аз юнониёну римиён ва византиягиҳо аз худ намуда, боиси омӯзишу истифода қарор доданд. Ба ин мисол шуда метавонад аввалин дастовардҳои фарҳангӣ- «Саргузашти Игор», меъмориҳои шаҳри Киев, Петербург, Масков, аввалин шакли меъмории Кремл, ибодатгоҳҳо ва калисоҳо. Пайваста ба ин намудҳои гуногуни санъат – меъморӣ, мусиқӣ, тасвирӣ, бадеӣ, рассомй, анъанаҳою эътиқодҳо хусусияти мада-нияти бойи Византияро дошт. Дарвозаҳои боҳашама-ти Киев яке аз ёдгориҳои меъморӣ, истеҳкомҳои таъ-рихӣ ва техникӣ ба шумор меравад.
Дар сарзамини Руси Киев то давраи муосир коф-туковҳои бостоншиносӣ гузаронида шуда аз он ҷойҳо боқимондаи олотҳои меҳнат, сохтмонҳои қадим, ис-теҳкомҳои алоҳида, таҳкурсиҳои биноҳо, боқимондаи маҳсули ҳунари устоҳо, зистгоҳ ва предметҳои маи-шӣ ёфт шудааст. Хусусан меъмории калисои Софияи ш.Новгород дорои хусусиятҳои муҳими фарқкунанда будааст. Бавуҷудоии ҳуруфоти нав (кирилӣ) боиси тарҷумаи ёдгориҳои фарҳангӣ, саргузашти мардуми славянҳо, дастовардҳои фарҳангй ва ғайраҳо гардида-аст.
Дар Руси қадим олимон метавонистанд бо ҳуруфо-ти нав дастхатҳои китобии славяниро тарҷума ва рӯй-бардорӣ кунанд. Ин тарзи фаъолият боиси ташкил на-мудани китобхонаҳо дар дарбори(князҳо) сарварони хирадманду донишманд ва дар назди ибодатхонаҳои шаҳрҳои марказӣ гардида буд. Бавуҷудоии китобна-висӣ ва паҳншавии он дар ҳудуди васеъ аз маданияти баланди он мардум гувоҳӣ медиҳад.
Дар нимаи аввали асри XIII қисме аз мардуми рус-ҳо истиқлолияти сиёсии худро аз даст дода буданд. Дар асрҳои ХГУ-ХУ бошад, қисми дигари мардуми русҳо хусусиятҳои маданияти этникии хешро нигоҳ дошта, сабабҳои беҳбудшавии вазъияти сиёсӣ, иқтисо-дию идеологиро барои инкишофи тамаддуни мардуми худ пайдо намуданд. Аз охирхои асри XV сар карда, ин сарзамин ба худ номи Русияи Бузургро гирифт. Дар ин давра як гурӯҳ санъаткорону ҳунармандон ба дунё омада, маҳсули санъату ҳунари хеш шаҳрҳои ватани худро ободу зебо мегардониданд ва НИҲЯТ санъати меъморӣ, тавсири шаҳрдори ба дараҷаи баланди худ расида буд. Ба нн мисол шуда метавонад меъмории шаҳру князига-риҳои Киев, Владимир, Масков, Новгород ва ғайраҳо. Он меъмориҳои шаҳру ибодатгоҳҳо гарчанде хусуси-ятҳои меъмории атиқа ва Византияро дошта бошад ҳам, санъаткорон бо мурури замон дар онҳо шаклу ху-сусиятҳои навро ворид намуда, бунёд мекарданд. Пай-васта ба ин табаддулотҳои бузурги фарҳангӣ ба вуҷуд омада, солномаи нав (тақвим)-ро қабул карданд.
Аз рӯи бозёфтҳои хаттӣ ба мо маълум шуд, ки вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давраҳои минбаъ-да аз давраҳои пеш ба куллӣ бартарӣ доштаанд. Ҳазо-рон варақаҳои дарёфтшуда нишондиҳандаи баланди саводнокии аҳолии Русияи Кабир ва саводнок наму-дани табақаҳои поёнии аҳолӣ мебошад. Яке- аз воқеаи фарҳангиро махсусан, қайд кардан ҷолиби диққат аст, ки соли 1725 бо кӯшишу дархости Пётри Кабир Академияи фанҳои Петербург таъсис ёфта буд. У пеш аз ҳама барои ҷорӣ кардану омӯхта-ни фанҳои механика, физика, – математика, таъриху ҷуғрофия диққати махсус дода буд, зеро ин фанҳо ба-рои мустаҳ-кам намудани мудофиаи мамлакат, ривоҷу равнақи саноат ва тиҷорат аҳамияти калон доштанд. Олимони соҳаи физика ва математикаро худи Пётр интихоб мекард. Ҳатто дар байни академикҳое, ки ӯ аз хориҷа даъват карда буд, олимони машҳур -Лео-нард Эйлер, Николай ва Даниил Бернулли буданд, ки кашфиёт-ҳои муҳим ва асарҳои барҷастаи худро дар Академияи фанҳои Петербург ба анҷом расонидаанд. Дар он давра як гурӯҳ олимону санъаткороне ба дунё омада буданд, ки то ҳол маҳсули эҷодиёти онҳо аҳа-мияти худ-ро гум накардааст. Дар ҷодаи илму санъати мардуми русҳо, алалхусус, дар соҳаи меъморӣ, муси-қӣ, тасвирӣ, бадеӣ, адабиёт, таърих, ҷуғрофия, фалса-фа, ҳуқуқ, дин ва анъанаҳо пешравиҳои назаррас дида мешуд.
Заминаҳои таъсиси мактабҳои гуногун равия ва аввалин макотибҳои олӣ ба вуҷуд омад. Барои таъсиси ин гуна макотибҳои олӣ саҳми рӯшанфикрону озодан-дешон-М.В.Ломоносов, А.Н.Радищев, Е.Р.Дашкова, В.Н.Татишева ва дигарон ниҳоят бузург буд, ки онҳо-ро маорифпарварони рус меномиданд. Мақсади онҳо бо роҳи осоишта аз байн бурдани камбудию иллатҳои ҷомеа ва такомули маорифу маърифатнок намудани мардуми ҷомеа буд. Бо кӯшишу заҳматҳои зиёди онҳо соли 1755 аввалин донишгоҳи олии ш. Маскови ба номи М.В. Ломоносов (ҳоло МГУ) таъсис дода шуд. Инчунин соли 1783 бо сарварии Е.Р.Дашкова Акаде-мияи улуми Россия таъсис ёфта, дар натиҷа шаҳрҳои Масков, Санкт-Петербург, Қазон ва гайраҳо ба мар-кази илму фарҳанг ва тиҷорат табдил ёфт: Хусусан саҳми М.В.Ломоносов ҳамчун маорифпарвар дар пешрафти илму фарҳанги мардуми рус ниҳоят бузург буда, имрӯзҳо ин шахсияти бузургро ҳамчун аллома-(энсиклопедист) на танҳо дар дохили ватан, балки дар кишварҳои берун аз марзи Руссия мешиносанд.
Аз гуфтаҳои Ломоносов бармеояд, ки ба сатҳи до-нишу ҷаҳонбинии ӯ ду китоби мутолиа кардааш яке «Сарфу наҳв»- и Смотрицкий дигаре «Арифметика»-и Магницкий таъсири бузург расонидааст. Ӯ ин ду ки-тобро мактаби ибтидоии худ эътироф карда буд. Аз китоби «Сарфу наҳв» қоидаҳои азхудкунии забон ва шеърнависиро аз худ карда буд.
Аз «Арифметика» бошад дар бораи асосҳои илми табиатшиносӣ, ҳандаса, физика, ҷуғрофия, нуҷум ва гайраҳо маълумот гирифтааст. Ба қавли худи Ломоносов ин китобҳо барои ӯ «дарвозаи илм» будаанд. Ломоносов дар синни 19- солагиаш барои аз худ кардани забони лотинй ба Академияи Славянй -Юнонӣ- Лотинй дохил шуда, ҳамроҳи бачагони 8-10 сола таҳсил мекард. Ӯ аз сабаби кунҷкову илмдӯст буданаш ба чандин Академияи фанҳои дохилу хориҷ таҳсил кардааст, ки ҳатто устодонаш талаботи ӯро қонеъ гардонида натавонистаанд. Ӯ барои аз худ кардани сирру асрори кимё, шинос шудан бо металлургия ва маъданшиносй ба Олмон рафта, дар дорулфунуни Марбург таҳти роҳбарии Христиан Вольф омӯзиши илмҳои табиатшиносиро давом дода, асарҳои Галилей, Нютон, Декарт, Лейбниц ва дигаронро омӯхта, аввалин асарҳои илмии худро дар ҳамин донишгоҳ навиштааст. Ломоносов борҳо ба ақидаҳои илмии устодаш эрод гирифта буд. Ин- гайрату шуҷоати ӯро устодаш низ ҳис карда, ба вай баҳои сазовор медод: «Турфа шогирде, ки дар ҳайрат оварад устодро !». Худи Ломоносов низ то охири умр нисбат ба устодаш Х.Вольф садоқат ва эҳтироми самимй дошт. Пас аз ин ӯ мебоист таҳсили худро ба Саксония рафта давом диҳад ва аз Генкель химияро омӯзад. Вале Генкель талаботи ӯро қонеъ гардонида натавонист. Ломоносов дар ин ҷо ба худ-омӯзӣ рӯ оварда, қасидаи нахустини худ «Ба фатҳи Хо-тин»- ро навишта, дар он ақидаҳои нави назму насрии худро баён намудааст. В.Г.Белинский ба ин ақидаҳои Ломоносов баҳои баланд дода, ин қасидаро ибтидои адабиёти нави рус номидааст.
Касе, ки мероси илмии Ломоносовро аз назар гу-заронад дар ҳайрат мемонад, ки чӣ тавр як шахс дар як муддати нисбатан кӯтоҳ (яъне дар 54 солаи умри худ) ҳамаи ин корҳоро ба анҷом расонидааст. То ба қарибӣ дар байни олимони Урупо чунин ақида буд, ки дар Русия гӯё ду Ломоносов: яке табиатшинос дигаре шоиру забоншинос бошад. Онҳо ҳеҷ бовар намекар-данд, ки як кас ба чунин ҷасорати эҷодй қодир бошад. Дар навиштаҷотҳои олимони зиёд Ломоносов М.В. чун физик, химик, географ, геолог, ситорашинос, ҳу-қуқшинос, ҳаким, биолог, муаррих,статистик, шоир ва забоншинос тасвир ёфтааст.
Ҷаҳонбинии материалистии М.В.Ломоносов бо илми табиатшиносӣ бевосита алокаманд аст. Ӯ сабаби ҳодисаҳои гуногуни табиатро аз худи таб^ат ме-ҷуст ва тамоми ақидаҳои динӣ ва идеалистиро аз сари роҳи тадқиқоти илмй рӯфта мепартофт. Вай ҳеҷ шуб-хае надошт, ки олам аз материяи мутаҳаррик иборат аст. Материя ва ҳаракат абадӣ мебошанд. Онҳоро ҳеҷ кас ва ҳеҷ як қувваи илоҳӣ наофаридааст ва ҳеҷ гоҳ нест намешаванд. Пас сабаби ҳодисаҳои гуногуни табиат худи табиат аст мегуфт ӯ. Бинобар ин Ломоносов М.В. таъкид мекунад, ки пеши роҳи дахолати динро гириф-та, ба илмҳои табиатшиносй роҳ кушодан, табиатро омӯхтан лозим аст. Роҷеъ ба ин Ломоносов омӯхта-ни табиатро талаб намуда, «табиатро ба маъшуқа ва олимро ба ошиқ» ташбеҳ додааст. Барои ин бояд ошиқ аҳволи рӯҳия ва асрори дили маъшуқаашро фаҳмад, бояд ба симои ӯ кунҷковона нигарад ҳар як тағироти авзои ӯро пайхас карда тавонад ки ин ҳам кам аст. Илова бар ин вай бояд аз дӯстон ва маҳрамони маъ-шуқааш феълу атвор ва рафтору кирдори маъшуқааш-ро дониста гирад. Мисли ҳамин олим ҳам ба воситаи омӯхтани фанҳои гуногун, мушоҳида ва мулоҳиза на-мудан сирри табиатро бояд ошкор кунад.
Ломоносов аҳамияти алоқаи мушоҳида ва назарияро нағз фаҳмида, ба фикру андешаҳои файласуфон Лукреций Кар, Закариёи Розй, Абуалӣ ибни Сино, Рене Декарт пайравӣ намуда, гуфтаи Лукрецийро, ки «Ҳеҷ чиз бо иродаи худо аз ҳеҷ пайдо намешавад» дастгирӣ намуд. Ломоносов «Қонуни бақои материя ва ҳаракат»- ро дар шакли қонуни асосии табиат эътироф ва таъриф кардааст. Қонуни бақои материя ва ҳаракат аҳамияти багоят бузурги фалсафӣ доранд. Ин қонун материализмро асоснок карда, ба ҳар гуна ақидаҳои идеалистй ва дин зарбаи ҳалокатовар мерасонад. Ломоносов бошад аҳамияти зиддидинӣ доштани ин қонунро нағз мефаҳмид. Маълум аст, ки Исаак Нютон (1642-1727) «қонуни ҷозибаи оламро» кашф намуда, бе дахолати қувваи илоҳӣ ҳаракат кардани ҷирмҳои осмониро исбот кард. Қонуни бақои материя ва ҳаракат нишон медиҳад, ки материя ва ҳаракат бо ҳам вобаста ва абадианд. Ломоносовро асосгузори равияи материалистии табиатшиносӣ рус меноманд. Ба ин ақидаҳо А.Н. Радищев низ пайравй намуда, дар мубориза ба муқобили идеализм ва дин аз қонуни бақои материя ва ҳаракат истифода мебурд. Ӯ навишта буд: «Табиат худ аз худ мавҷуд аст, ҳеҷ чизро офаридан ва ё нест кардан мумкин нест. Ҳеҷ як қувва дар табиат бе нишон нест шуда наметавонад».
Рӯшанфикрони демократи рус Белинский. Герцен, Чернишевский, Добролюбов низ ба қонуни бақои ма-терия ва ҳаракат такя мекарданд. Оид ба ин масъала Герцен менависад: «Ҳеҷ чизи мавҷударо нест кардан мумкин нест, онро фақат тағйир додан мумкин аст». Чернишевский низ таъкид мекард, ки олами моддӣ абадӣ аст. Ӯ қайд менамояд, ки фазову вақт на ибтидо дораду на интиҳо.
В.И.Ленин ин гуна фикру андешаҳои бузургони дар боло номбар шудагонро тақвият дода қайд карда буд, ки равияҳои асосии афкори пешқадами ҷамъия-ти рус анъанаи бои материалистй доранд. Асосгузори ин анъана Ломоносовро меҳисобанд. С.И.Вавилов низ қайд карда буд, ки бо пешрафти илм мазмуни амиқи ингуна қонунҳо торафт бештар ошкор мегардад. Пас аз сад сол олимони Аврупой – Майер, Гельмгольц, Ҷоул ва Ленц қонуни бақо ва табдилёбии энергияро муқаррар карданд.
Ф.Энгельс бошад дар асараш «Диалектика» қайд карда гуфта буд, ки ин қонун яке аз заминаҳои бево-ситаи материализми диалектикӣ мебошад. Ҳамин тариқ, то ибтидои асри XX ду навъ зуҳуроти қонуни бузург муқаррар гардид: «Қонуни бақои масса», «Қо-нуни бақоӣ ва табдили энергия». Дар пешрафти адаби-ёту санъати асрҳои ХУШ-Х1Х -и мардуми рус саҳми шахсиятҳои дигарирус бамонанди А.С.Пушкин (1799-1837- «Духтари капитан», «Евгений Онегин», «Сиган-ҳо», «Бандии Кавказ», «Арион», «Борис Годунов»), Н.В.Гогол (1809-1852 – «Сарвари шаҳр», «Тарас Бул-ба», «Рӯҳи мурда», «Шинел», «Ревизор»), Н.А.Некра-сов (1821-1878- «Гардиш ба ҳақиқат», «Современник», «Шоир ва шаҳрванд»), И.С.Тургенев- («Навиштаҳои шикорчиён», «Падар ва фарзандон»), Н.Г.Чернишев-ский- (1828- 1889 «Что делат?» яъне «Чӣ бояд кард?»), Л.Н. Толстой- (1828- 1910 «Ҳикояҳои Севостополӣ», «Ҷанг ва сулҳ») ва дигарон ниҳоят бузург буд.
Кашфиёту эҷодиётҳои онҳо ба сатҳи донишу ҷа-ҳонбинии олимону санъаткорони давраҳои минбаъ-да А.П.Чехов (1860-1904-«Хамелион», «Футляре (Ғи-лоф)», «Вафоти мансабдор», «Қасри рақами шаш»), А.М.Горкий (1868-1936- «Модар», «Макар Чудра», «Фома Гардиев», «Ҳикоят дар бораи В.И.Ленин», «Озорник»), Майяковский (1893-1930 – «Облако в штанах», «Хорошо», «Левий марш», «Поема В.И.Ле-нина», «Стихи о Советском паспорте»), М.А.Шоло-хов (1905-1990- «Тихий Дон», «Тақдири инсон» яъне «Судба человека») ва дигарон таъсири ниҳоят бузург расонида, фарҳанги хешро ба сатҳи ҷаҳонӣ расони-данд. Дар соҳаи меъмории давраи муосири шаҳрҳои Маскову Ленинград саҳми меъморшиносон: П.И.Ва-улин, С.В.Кутин, И.Е.Старов, Д.Кваренги, В.И.Ба-женов, М.Ф.Казаков, рассомон-Никитин ва Матвеев, ҳунарпеша ва мусиқишиносон -Глинка, Чайковский, дар соҳаи санъати бадеӣ – Ю. Никулин, Е. Моргунов, Алла Пугачева, Юлиан Семёнов, К Симонов, М. Зощенко, Л. Чурсина, М. Исаев (дар нақши Штирлиц), | С. Бод-ров ва дигарон хеле бузург аст. Дар соҳаҳои пешрафти илму техника ва омӯзиши кайҳон аз ибти-дои асри XX- сар карда, дар давраи инқилоби маданӣ ва Ҳокимияти Шуравӣ сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ, ти-ҷоратию фарҳангӣ ва сиёсии мардуми рус хеле баланд гардидааст. Дар соҳаи фалсафа- донишмандонро ба мисли В.И.Ленин, Салавёв, Н.А.Бердяев, Якубовский, дар соҳаи физика- Попов, Петров, Зинин, Макаров, Калашников, Бутлеров А.М., дар соҳаи ҷугрофияю астрономия – Лазарева М.П. ва Струве, дар соҳаи хи-мия, биология, анатомия – Менделеев Д.И, Пирагов Н.П. (Тиб- наркоз) Склифосовский, дар соҳаи таърих – Карамзин, Дяконов, Семёнов, Ранов, Литвинский, Бертельс, Бартольд В.В. ва дигаронро номбар кардан мумкин аст. Дар соҳаи омӯзиши кайҳон аз солҳои 1960-61 то солҳои 1969-72 саҳми Ю.А.Гагарин,Тереш-кова, Королёв ва дар сохтани самолиётҳо (ҳавопаймо-ҳои ТУ-144, ТУ-77102) бошад саҳми Андрей Никола-евич Тупилова, Алексей Тупилов, Евгений Горюнов, Георгий Черемухин, Владимир Пулъ, Юрий Попов ва даҳҳо дигарон ниҳоят бузург буданд, ки то имрӯз кашфиётҳои онҳо аҳамияти худро гум накардаанд.
Дар натиҷаи ин кашфиёту ихтироотҳо ва робита-ҳои ҳамкории мардуми собиқ Иттиҳоди Шуравй дар сарзамини Федератсияи Русияи имрӯза иншоотҳои бузурги мадании истиқоматӣ, истеҳсолӣ, заводу фаб-рикаҳо, роҳҳои тиҷоратии хушкӣ, обӣ, оҳан, ҳавой ва садҳошаҳрҳо бунёд кардаанд, ки ин комёбиҳо азсат-ҳи баланди фарҳангу тамаддуни давраи Шуравию муосири мардуми рус дарак медиҳанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.