Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


ФАРҲАНГИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Сарзамини Тоҷикистони имрӯза таъриху мадани-яти қадима дорад, ки осорҳои хаттӣ, санъат, меъморӣ, шаҳрсозй, ақидаҳои илмӣ ва анъанаҳои иҷтимоӣ исбо-ти он аст.Сарзамини Тоҷикистони имрӯза таъриху мадани-яти қадима дорад, ки осорҳои хаттӣ, санъат, меъморӣ, шаҳрсозй, ақидаҳои илмӣ ва анъанаҳои иҷтимоӣ исбо-ти он аст. Зеро бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки ёдо-вар шудан аз қиссаҳои ҳаёти гузашта моро ба таърихи дур мебарад. Дар замони Сомониён аз асри ГХ-Х сар карда, аҷамиён давлатдорӣ, забон ва маданияти худро ба даст оварда, дар давоми ҳазорсолаҳо ба носозиҳои сиёсй, иқтисодӣ, иҷтимой нигоҳ накарда, эҳтиёткоро-на урфу одати худро нигоҳ доштанд. Таҷаддуди ҳақи-қии халқи тоҷик баъди танаффуси тӯлонӣ, тавассути Инқилоби маданӣ давлатдории худро ба даст овард. Вале ба миллати тоҷик дар тамоми рафти асри XX за-рур буд, ки бисёр мушкилӣ ва маҳрумиҳоро бартараф кунад, то, ки ба амали эълони истиқлолияти ҷумҳурии Тоҷикистон 9- уми сентябри соли 1991 омадарасад.
Агар мо ба гузаштаи бештар аз 70- солаи сохти шӯ-равии Тоҷикистон дар ҳайати Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистй назар кунем, он комёбиҳои бу-зурге, ки мардуми Тоҷикистон дар соҳаҳои давлатдо-рӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиёт, маданият, сохтмо-ни саноат, нигоҳдорӣ ва анъанаю урфу одат ба даст овардааст, онро надидан наметавонем.
Умуман барқароршавии ҳокимияти Шӯравӣ дар солҳои 20- уми асри XX дар таърих ва маданияти мар-думи Тоҷикистон воқеаи муҳиме ба шумор мерафт. Замоне ки Бухорой Шариф аз ҷомеаи феодалӣ дар натиҷаи ихтилофҳои байнихудии хонҳои Қуқанд, Хева ва амири Бухоро пароканда гардида буд, мардуми сарзамини Осиёи Марказй дар робита бо мардуми рус дар як муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ тавонистанд ватани хешро ба ҷумҳуриҳои хеле тараққикардаи са-ноатию кишоварзӣ табдил диҳанд.
Дар давраи зикршуда барқарор шудани давлатдо-рии шӯравии халқи тоҷик бо якчанд зинаҳои тараққи-ёти таърихй. ки дар он фарҳангу маданият ва тамадду-ни баланд таҷассум ёфтааст, дохил мешавад.
Зинаи аввал аз ҷиҳати муттассил будани ҳодисаҳо, давраи аввали инқилоб, ташкилёбии Ҷумҳурии Хал-қии Шӯравии Бухоро, Ҷумҳурии Худмухтори Шӯра-вии Тоҷикистон то тақсимоти миллӣ ҳудудии Осиёи Миёна, яъне аз соли 1917 то соли 1924 – ро дар бар ме-гирад.
Зинаи дуюм аз ташкилёбии Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон аз моҳи октябри соли 1924 то соли 1929, яъне таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон давом кардааст. Албатта барои сохтори давлатдории ин давра саҳми арбобони тоҷик- Нусратулло Махсум (Лутфуллоев Нусратулло), Шириншоҳ Шоҳтемур ниҳоят бузург буда, онҳо барои хизматҳои шоистаашон аз тарафи сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонов ва мардуми тоҷик бо унвони олии давлатӣ- «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадр шудаанд.
Зинаи сеюм- ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сот-сиалистии Тоҷикистон аз 16-уми октябри соли 1929 то эъломияи мустақилият, яъне то 9-уми сентябри соли 1991 давом кардааст. Дар ин давра хизматҳои устодо-ни илму фарҳанг ва арбобони хирадманд – Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафоров, Мирзо Турсунзода барои пешрафти фарҳангу тамаддуни давлатамон хеле бу-зург буда, аз ин хотир ба онҳо бо фармони Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов унвони «Қаҳра-мони Тоҷикистон» дода шуд. Инчунин саҳми Ҷаббор Расулов, Турсун Ӯлҷабоев, С. Ӯрунхоҷаев, Б.Додхудо-ева, М.Назаршоев, Қ.Маҳкамов, Р.Набиев дар барои тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буд.
Зинаи чорум аз 9-уми сентябри соли 1991 то замо-ни ҳозираро дар бар мегирад. Ин давраро барои мар-думи тоҷик давраи барқароркунии давлати соҳибис-тиқлоли демократии ҳукуқбунёди дунявӣ меноманд. Барои пешрафти фарҳангу тамаддуни ин зина саҳ-ми фарзанди барӯманди тоҷик, арбоби хирадманди Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ Шарифо-вич ниҳоят бузург буда, барои ба анҷом расонидани корҳои некӣ хирадмандонааш, яъне ризоияти миллй, тантанаи сулҳ, поягузори давлати соҳибистиқлол ва робитаҳои дипломатии ҷумҳурй бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 ба унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сазо-вор гардонида шуд.
Агар сухан дар бораи комёбиҳои ҳар як зина равад бояд гуфт, ки дар зинаи аввал сохтмони босуръати ма- \’ данй бунёд карда нашудааст, чунки ин давра давраи муайянкунии сохтори давлатӣ ва муайянкунии милла-ти тоҷик буд. Ҳақиқатан дар ин зина мардуми тоҷик нав ба огози бунёду бунёдкорӣ, сохтмони шаҳр ва обо-донй шурӯъ карданд. Сохтмони иншоотҳои маданӣ, яъне бо дастоварии комёбиҳои маданияти моддӣ дар зинаи дуюми тараққиёти ҷумҳурӣ багоят сермаҳсул буд.
Деҳаи на он қадар калони Душанбе 15- марти соли 1925 чун пойтахти Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ба худ мақом (статус)-и шаҳрро гирифтааст. Аз соли 1929 то соли 1961 Стали-нобод ном дошт. Дар он ҷо бунёди корхонаҳои истеҳ-солй ва иншоотҳои маданӣ огоз ёфтанд. Аввалин идо-раи алоқаю телеграф, мактаб- интернатҳо, авваллин истгоҳи барқӣ-дизелӣ дорои 200 нуқтаи рӯшной сохта шуд. Дар соли 1929 бо роҳи оҳани нав аввалин қато-ра ба Душанбе омад. Корхонаҳои саноатӣ, аввалин китобхона (соли 1923) ва клубҳо (соли 1926) кушода шуданд. Дар ин солҳо, яъне соли 1923-1924 нахустин рӯзнома ва китоби алифбои аввалин бо забони тоҷикӣ аз нашр баромад. Соли 1925 аввалин муолиҷахонаю бемористонҳо барпо карда шуд. Соли 1930 дар Хуҷанд аввалин корхона ва муассисаҳои фарҳангй кушода шу-данд.
Дар ин зина робитаҳои фарҳангию дипломатии мардуми русу тоҷик ба вуқӯъ пайваст. Аз шаҳрҳои Москва, Ленинград, Киев, Харков, Одесса ва ғайраҳо ба Душанбе мутахассисони соҳаҳои гуногун: меъмо-рон, лоиҳакашон, ҳун-армандон, олимон бо сарварии П.И.Ваулин ва С.В.Кутин омаданд. Барои ҳамкорй бо мардуми собиқ давлатҳои шуравй аввалин ҳуҷҷатҳои давлатӣ ва қарорҳо қабул карда шуд, ки ҳамаи он чо-рабиниҳо ба манфиати.мардуми тоҷик буд.
Зинаи бештари сермаҳсули тараққиёти маданияти тоҷик зинаи сеюм мебошад, ки бештар аз 60 – сол (1929-1991) давом кард. Эҳтимол ягон соҳаи мадание нест, ки дар он ҷумҳурй ба пешравӣ муваффақ нагардида бо-шад. Ташкили васеъи муассисаҳои маданӣ, аз он ҷумла Академияи Улуми Тоҷикистон, Донишгоҳи агропеда-гогӣ (Донишгоҳи Омӯзгорӣ (соли 1931) дар шаҳри Ду-шанбе сарварони он Абдуҳамид Пӯлодов, Тоир Кенҷа-ев, Абдукарим Ҳақбердиев, Маҳмуд Атоев ва дигарон, Донишкадаи педагогӣ дар шаҳри Хуҷанд (соли 1932) ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷи-кистон соли 1948- сарварони он 3. Ш. Раҷабов, И. К. Назриқулов, С. А. Раҷабов, П. Б. Бобоҷонов, Т. На-заров, Ф. Тоиров ва дигарон), Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ (собиқ Донишкадаи политехникй соли 1956) кушода шуд.
Соли 1987 дар базаи филиали Донишгоҳи савдои ко-оперативии Новосибирск ва факултаи гоибонаи Дониш-гоҳи кооперативии Самарканд Донишкадаи давлатии ко-оперативии тицорати Тоцикистон таъсис ёфта, аз 25 ноябри с. 1991 бо карори №$54 баДонишкадаи тицорати Тоцикистон дар шаҳри Душанбе табдил ёфт. Бо пеш-ниҳоди роҳбарияи Тоцикматлубот, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоцикистон Ҳукумати Тоцикистон 3-апре-ли соли 2000-ум бо карори №162 Донишкадаи тицорати Тоцикистон дар шаҳриДушанбе баДонишгоҳи давлатии тицорати Тоцикистон табдил дода шуд. Мо имрӯз аз он ҷеҳраҳои бузурги хеш ифтихор дорем. Онҳо арбобо-ни барҷастаи илму санъати давраи Шӯравию имрӯзи тоҷик буданд, ки моро бо тавассути маҳсули эҷодиёти худ ба ҷаҳониён шиносониданд. Инҳо Садриддин Айнй, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсун-зода, А.Мирзоев, Ҷалол Икромӣ, Муҳаммад Осимӣ, Мирсаид Миршакар, оҳангсозон -Аҳмад Бобоқу-лов, Зиёдулло Шаҳидй, Ю.Г.Тер-Осипов, Ш.Пулодӣ, Д.Дӯстмуҳаммадов, А.Ҳамдамов, Ш.Сайфиддинов, А. Мӯсоев, Т. Шаҳидӣ, М. Алиев, шоирону нависанда-гон- Боқӣ Раҳимзода, Фазлиддин Мухаммадиев, Фотеҳ Ниёзӣ, Лоиқ Шералӣ, Мӯьмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Кароматулло Мирзоев, Низом Қосим, Темур Зулфиқо-ров, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Камол На-срулло, Бозор Собир, Ширин Бунёд, Меҳмон Бахти, Саттор Турсун, А. Муродӣ, А. Ҳамдам, С. Маъмур, Фарзона, Шаҳрияи Аҳтамзод, адабиётшиносон – Ота-хон Латифӣ, Камол Айнӣ, Наҷмй Сайфиев, Худои Ша-рифов, Зоир Аҳроров, Усмон Каримов, Пиров Мир-зохоҷа, С.Наимбоев, Субҳон Амирқулов, Ю.Сафаров, Муҳаммадҷон Шукуров, Асрор Бобоев, Худойназар Асозода, Х.Мирзозода, А.Раҳмонов, Р.Ҳодизода, А.Кучаров, Р. Амонов, МАҳмадов, С.Давронов, Р.Хокироев, Т.Тилалов, З.Рауфова, Ҷ.Бобокалонова, С.Анварӣ, С. Қосимӣ, академикҳо – Иброҳим Обидов, Маҳмадулло Лутфуллоев, У.Зубайдов, забоншиносон -Шокир Мухтор, Рустам Деҳотӣ, Л.В.Успенская, М. Қо-симова, Н.Маъсумӣ, Саймиддинов Додихудо, О. Алиев, А.Эшонҷонов, Ҳ.Р.Раҷабов, (ҳиндушинос), С.Шербоев, Ш.Исмоилов, А.Мирзоев, Аҳмад Рӯзӣ, Н.Бозидов, М. С. Имомов, X. Шанбезода, Парвонаи Ҷамшед, Х.Сайфуллоев, Н.Шозедов, Ф.Салимов, Ҳ.Мирзоев, Юнусова Н. М. (равоншинос), ҳунармандон-Х.Хушвахтов, Зуҳур Ҳабибуллоев, Маҳмудҷон Воҳидов, Ш. Рашидо-ва (рақоса), X,. Абдураззоқов, Малика Собирова, Тоҷид-дин Муҳиддинов, Кароматулло Қурбонов, Рауф Баротов, Одина Ҳошимов, Т. Фозилова, З.Аминзода, Ато Муҳам-мадҷонов, М.Қосимов, Б. Ниёзов, Ҳошим Гадоев, М. Исо-ева, У. Раҷабов, Л. Давлатов, О. Қодиров, Н. Абдуллоев, Қ.Чакалов, Муяссар Аминова, Тӯҳфа Фозилова, Зафар Но-зимов, Малика Қаландарова, Ҷ.Муродов, Д. Худойназар, Ғ.Ғуломалиев, К. Маҳкамов (доиразан), М. Абдурасулов, Б.Аҳмадова, Шоиста Муллоҷонова, М.Асаев, Н. Раҳмато-ва, Н. Раупова, М. Эргашева, Д. Холов, файласуфон – Акбар Турсун, М .Осимӣ, Мусо Диноршоев, Зокир Вазиров, Нодир Одилов, Иброн Шарипов, Н.Салимов, Саидамир Ҷононов, Мунзифа Ғаффорова, А.Баҳовуддинов, Н. Сайфуллоев, М.Раҷабов, М.Ҳазратқулов, Ғафор Ашуров, К. Олимов, М. Шамолов, Фирӯза Турсунзода, А.Маҳмадхоҷаев, Р. Ко-милов, Комил Бекзода, А.Раҳимов, Н.Саидов, Р.Назариев, Ҷ.Шамсиддинов, З.Наботов, Муҳсин Рахимов, Сафар Су-лаймонӣ,С.Наврӯзов,М.Ғоибов,Ҷ.Мирсаидов,Ё.Одинаев, О. Ғуломов, Ш.Абдуллозода, Д.М.Хуморов, Султонзода М, А.Маҳмадов, М.Болтаев, Х.Шоихтиёров, А.Шарипов, X,. Элбоев, Х.Идиев, Қ.Бобоев, Б.Қурбонов,М.Гулахме-дов, С.Давлатов, М.Шарипов, табибон – Ю.Б.Исҳоқй, М.Ғуломов, А. Ахмедов, Ф. Абдураҳмонов, Д. 3. Зикриё-хоҷаев, А.А.Еникеев, Р.Искандарова, М.М. Шарипов, КМ.Қурбонов, У.А.Қурбонов, Н.Б.Бердиев, Ф. А. Шуку-ров, М. Гулаков, О. Мирзоев, М. Хурсандов, М.Баҳодуров, Ш. С. Сагдиева, Л. Бобоева, Ф. Сафедов, химикон ва би-ологон- Б. Х.Кимсанов, Ҳ.М.Сафаров, А.Бадалов, С. Г. Бандаев, Л. Солиев, Б.Ғафуров, А.Ҳайдаров, А Маҳмадзиёев, Т.Гулов, Т. Сатторов, педагогон- Б. Раҳимов, А.Нуров, Б.Маҷидова, Ш.Рӯзиев, муаррихон – Мулло Эркаев, Намоз Ҳотамов, Раҳим Масов, М.Бобохонов, Р. На- биева, Н.Неъматов, Т. Зиеёв, Ю.Шодипур, И. Раҳматов, С.Нарзуллоев, Ҳ.Пирумшоев, А.Мухторов, Ю.Ёқубов, И.Усмонов,В.Набиев,иқтисодчиён-Т.Назаров,Ҳ.Фақеров, Н.Сангинов, М.Нурмаҳмадов, С.Ҳабибов, Р.Раҷабов, Б.Исоматов, А.Катаев, ҲУмаров, Д.Гулмирзоев, О. Бобоев, М.Кабутов, Д. Уроқов, С.Комилов, А. Насимов, ҲА.Одинаев, Н.Носиров, Т.Ғаниев, физикваматематикон – Ҳ.Маҷидов, С.Юсупов, Э.Руземетов, М.Мамадчонов, Ниёзов, С. Одинаев, А. Абдурасулов, М.Юнусй, А.Холиқов, Н. Усмонов. Каримова, Т.Ҳомидов, М. Сафаров, Ф. Нормуродов, Э.С.Шерматов, Қ. Норов, Р.Олимшоев, Р. Пиров, Э. Саидов, ҳуқуқшиносон – О. Усмонов, Н.Ҳувайдуллоев, С.Шаропов, Б.Бобохонов, Ш.Хайруллоев, С.Камолов, С.Зуҳуров, Халифабобо Ҳомидов, Э.Ямоқов, Мансур Муллоев, Ф.Тоиров, Н.Абдуллоев, Зариф Алиев, А.Абдуллоев, Ш. Салимов, М.Маҳмудов, К.Холиқов, А.Имомов, Шарифҷон Тағойназаров, Р. Ш. Сотиболдиев, Д. Элназаров, М. Уроқов, Ш. Азимов, Г. Шарипова, И. Холмирзоев, расомон-Мирзо Олимов, Сабзалӣ Шарифов, М. Қаноатов, М.Нургулов, Ф. Неъматзода, Т. Шарипов, 3. Собиров, С. Пирумшоев, муҳандисон – С.Зулфонов, М.Додхудоев, А.Турсунов, С.Камолиддинов, О.Сангинов, М.Идиев, Н. Олимов, С. Набиев ва ди-гарон, устои кордсоз- Ҳоҷй Султон Нормуҳаммадов, дар соҳаи мавқеи ҷуғрофиядонҳо – Қ.Ш.Ҷӯраев, X. Муҳаббатов, Р.Диловаров, З.Мусоев, А.Утаганов, Ҳ.М.Сафаров,К.Вазиров,Т.Хидиров,дарсоҳаихоҷаги дорию кишоварзй-А.Қароқулов, А.Ҳаитов, С.Раҷабов, С.Саидов, Қ.Қамаров, А. Қурбонов (ноҳияи Ҳисор), А.Маҳмудов, Р.Ҷалилов, Т.Исмоилов, К.Собуров, Ш.Табаров, Ғ.Раҳматов, Р.Қобилов, Н.Комилова, Н.Қаршибекова, З.Тошпулотова, Ф.Даҳбошиева, Д.Одинаева, Б.Гулмамадова, Х.Кулулова, Г.Зиёева, Г.Толибова, З.Мусоева дар соҳаи матбаа ва бисёр ди-гаронро номбар кардан мумкин аст. Онҳо дар соҳаҳои адабиёт, фалсафа, ҳуқуқ, санъат, театр, меъморӣ, муҳандисӣ, мавқеи ҷуғрофию заминдорӣ ва ғайраҳо саҳми бузург гузошта, борҳо дар симпозиумҳо, фес-тивалҳо, конкурсҳо, анҷуманҳои байналхалқӣ ширкат варзидаанд.
Аз ҳама муҳим дар он буд, ки тоҷикон ҳамчун миллат шинохта шуданд, сарҳади давлатӣ муайян карда шуд, бартарии забони русӣ бар забони тоҷикӣ ба амал омад, анъанаҳои гайримиллӣ ба миён омад, Тоҷикистон ба ҷумҳурии манбаи ашёи хоми давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфт. Дар ин зина бо заҳмату кӯшишҳои як гурӯҳ олимону санъаткорон иншоот-ҳои бузурги маданӣ бунёд карда шуданд, ба монанди «Хонаи нависандагон» бо заҳмати меъморшинос Салихов Э., меъмории бинои «Кохи Вахдат» аз тарафи меъморшинос Еерзовский Э.В., лоиҳаи меъмории биноҳои КАМ, ВКД (Кумитаи Амнияти Миллӣ ва Вазорати Корҳои Дохилй) -аз тарафи Пархов Ю.Л. тартиб дода-сохта шуданд. Бо пешниҳоду лоиҳаҳои Юлдошев Ҳикмат, С. Л.Анисимов бинои Сирки тоҷик дар шаҳри Душанбе сохта шуд.
Барои бунёди меъмориҳои истиқоматӣ, маъму-рӣ, идораҳои давлатӣ, истеҳсолй ва фарҳангй саҳ-ми санъаткорону меъморшиносон Мелашеевич И.И. (скулптор), Р.Каримов, Р.Муқимов, В.Г.Вселовский, Б.А.Зуҳуриддинов,Н.Х.Ёқубов, Х.Р.Содиқов, Дж. Ни-зомов, Д. Р. Рӯзиев Л. Шарипов, А Ғиёсов, А. Фози-лов, М Шарапова ва дигарон ниҳоят бузург мебошад.
Фаъолияти телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд гардидани сатҳи ҷаҳонбинию фарҳан-гии мардуми тоҷик ва Ваҳдати Миллй ниҳоят бузург буда сохтмони аввалини бинои телевизиони Тоҷи-кистон соли 1956 сар шуда фаъолияти телевизиони Тоҷикистон соли 1959 огоз ёфта буд, ки сарварии онро Обид Ҳамидов ба ӯҳда дошт.
Аввалин кормандони телевизиони тоҷик- Иброҳим Раҳматов, Зайнаб Ғуломова, Ӯлмасой Мухторова, Акбар Ҷӯраев, Пӯлодбой Азимов, Усмон Шарипов, Бӯри Ҷаббо-ров, Ботур Қобилов (киноматограф), Шодибек Хотамбе-ков, Рахматшо Додихудоев, Наим Латипов, Амон Урунов, Акобир Шариф, Зариф шарифов, Фотеҳ Исҳоқӣ, Саидов Абдулатиф, Пиров Маҳмадсаид, Абдусамад Хикматов ва сарварони дараҳои охири телевизион- нависанда Сайфи Раҳимзоди Афардӣ, ҳунарпеша Убайдулло Раҷабов, Аб-дуҷаббор Раҳмонов, Асадулло Раҳмонов ва дигарон, ки то ҳол номи ин чеҳраҳои синамо ба дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст, фаромӯш нахоҳад шуд.
Зинаи чоруми давлатдории тоҷикон азҳодисаҳои таърихии солҳои 1990- 1991, яъне аз таъсиси давлати соҳибихтиёри мустақил огоз ёфта, то ба озодии ко1 мили интихобӣ, роҳи тараққиёти худӣ оварда расо-нид. Аммо фоҷиаҳои солҳои 1992- 1993 ба сари марду-ми мамлакат бадбахтиҳои зиёде овард, ки ба соҳаи маданияту фарҳанг ҳам бетаъсир намондааст.
Ҷумҳуриро бисёр мутахассисон ва ходимони болаёқат, аз ҷумла олимон, меъморон, рассомон, лоиҳакашон ва нависандагон тарк карданд. Дар аввали ин зина бисёр муассисаҳои соҳаи маданӣ: кинотеатрҳо, театрҳо, китобхонаҳо, иттиҳодияҳои эҷодӣ, нашри китобҳо ва ғайраҳо, ки аз фаъолият боз монда буданд, аз нав ба фаъолияти кории худ оғоз намуданд. Барои аз нав барқарор кардани соҳаи гуногуни хоҷагии халқ ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ маблағи зиёде лозим буд. Вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа хеле заиф буд. Ин ҳам бошад бо кӯшишу заҳматҳои зиёди сарвари давлати тоҷикон Э.Ш.Раҳмонов дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шуд. Аз ҷониби Президент ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуну қарорҳои дуруст қабул карда шуд, ки ба манфиати халқу ватан буд. Ба ин мисол шуда метавонад Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Иҷлосияи тақдирсоз (октябри соли 1992 дар Хуҷанд), қабули Сарқонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994, Созишномаи дутарафаи Ваҳдати Миллии мардуми тоҷик (27-уми июни 1997)дар шаҳри Масков, ҷашни рӯзҳои Истиқлолияту 1100- солагии давлати Сомониён (соли 1999), анҷуманҳои фарҳангии байналхалқӣ, ҷашни 80- солагии шаҳри Душанбе (соли 2004), бузургдошти соли тамаддуни ориёӣ (соли- 2006), ҷашни 15- солагии Истиқлолият ва 6-умин анҷумани тоҷикони ҷаҳон ва 5500-солагии Саразм барои пешрафти давлати минбаьдаи тоҷикон, барқарории сулҳи дилхоҳ ва баибтидои болоравии ҳама тарафҳои ҳаёти тоҷикон роҳ кушоданд.
Дар ин зина фаъолияти бонкҳо ва мавқеи он назаррас буда саҳми сарварону мутахассисони бонкҳои ҷумҳурӣ Қ. Қавмиддинов, М. М.Алимардонов, Ш. Раҳимов, А.Ш.Шарифҷонов,Ҷ.Эшов,А.Ширинов,ТА.Маракуншна барои ба танзим даровардану нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ ниҳоят бузург мебошад.
Онҳо тавонистанд дар рақобат бо асъорҳои хориҷа қурби асъори миллиро баланд гардонанд то, ки ин ба сатҳи беҳбудгардии иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва зиндагии мардум оварда расонад.
Албатта банк яке аз рукнҳои пешбарандаи ҷомеаи демократӣ буда, ҳамеша дар тахти назорати давлат қарор дорад, фаъолияти он дар хориҷу дохили мамлакат аз тарафи омма боиси дастгирй гардидааст.
Бонки миллии Точикистон бо бонкҳои берунмарзӣ: Бонки Умумиҷаҳонӣ, Фонди Саудии рунгд, Бонки Авру-поии рунгди тараққй, Бонки Осиёгии рушд, Фонди Қувайт, бонкҳои Эрон, Руссия, давлатхои Осиёи Марказй ва хази-наҳои байналхалкии дигар робитаҳои мустаҳками доимӣ дорад.
Ҷумҳурии моро ояндаи калон дарпешаст. Беҳгардо-нидани некӯаҳволии мардум ва пешрафти халқи тоҷик аз бисёр ҷиҳат ба инкишофу сатҳи баланди маданият вобаста аст. Бояд гуфт, ки ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки ба эҳёи беҳтарин анъанаҳои гузашта, афзун гардонидани ҳамаи сарватҳои моддию маънавӣ саҳм гузоранд.
Дар ин давра сатҳи санъати меъморшо муҷассамасозӣ хеле ривоҷу равнақ ёфтааст. Муҷассамаи Фирдавсӣ аз та-рафи меьмор, муҷассамасози тоҷик Қурбонов Сӯҳроб со-хта шуда, дар маркази Боғи истироҳатии «Дӯстии халкҳо»-и шаҳри Душанбе гузошта шудааст. Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ эскизи муҷассамасоз Зуҳуриддинов Б.А. буда, бо заҳматҳои зиёди меъмор, муҷассамасоз Кербель Л.Е. сохта шуда, дар маркази шаҳри Душанбе қомат афрохта ба зе-богии шахр шукӯҳу зебогии нав зам кардааст. Ба монанди ин дар дигар шаҳрҳои маркази тиҷоратию фарҳангии вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон хонаҳои истиқоматӣ, кор-хонаҳои бузурга истеҳсолӣ, иншоотҳои барқӣ, қасру мақ-бараҳо, эҳёи меъмориҳои қадим, сохтани пулҳо, нақбҳо ва муҷассамаҳо сохтаю бунёд карда шуданд, ки аксари онҳо боиси истифода қарор доранд.
Агар сухан аз боби эътиқодҳои динӣ ва анъанаҳои мазҳабидарҶумҳурииТоҷикистонпасаз Истиқлолият ра-вад, боядгуфт,ки мардумиТоҷшшстончундигар мардуми мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дорои анъана, расму русум, суннатҳои милли ва динӣ буда, ба аҳолии он серфарзандӣ хос аст. Вазъи душвори ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ зоишҳои пай дар пай ва бемаҳал, сабабгори пайдоиши бемориҳо дар байни занон ва боиси ба дунё омадани кӯдакони ноқису но-рас ва ҳатто муриши модарону кӯдакон мегардад. Ҳамаи ин гуна мушкилотҳо дар ҷумҳурӣ зери назари олимону сар-вари давлатамон Э,Ш. Раҳмонов қарор дорад
Тавре дар урфият мегӯянд, дарахти носолим меваи носолимро ба бор меорад, ки ин сабабгори носолимии ҷомеа, сарсонӣ ва кулфатҳои иқтисодию маънавии халқу давлат гашта метавонад.
Ислом низ оиларо ҳамчун воҳиди асосии иҷтимоӣ дар ҷомеаи исломӣ ҳисоб мекунад ва таъкид менамояд, ки ташкили оила барои ҳар як инсон масъулияти ҷиддӣ мебошад. Шариати ислом ба хотири он, ки аъзои оила дар зиндаги ба некрӯзй ва хушбахтӣ муваффақ шаванд, муносибатҳои оилавиро ба таври дақиқ муайян кардааст\’ Ҳуқуқи кудакону ҷавонон ҳамчун бунёдкорони ҷомеа , нигахдоранда ва ҳифзкунандагони имон дар оянда ба таври махсус қайд шудааст.
Ислом аз оғози худ дар мавриди танзими оила, тавлиди кӯдак, низоми иҷтимоӣ ва фарҳангу маданият дар ҷомеа саҳмгузор буд. Шариати ислом қонунгузорие мебошад, ки ҳамаҷониба инкишоф ёфта ҳалли масъалаҳои вобаста ба эҳтиёҷот, фаъолият ва мушкилоти одамонро дар бар меги-рад. Аксари аҳолии мардуми Тоҷикистон мусулмон буда, исломро ҳамчун дини осоиш ва ташкилу танзими оила мепазиранд. Масъалаи кам кардани дараҷаи афзоиши бо-суръати беназоратии аҳоли барои Тоҷикистони имрӯза, ки дар сатҳи ниҳоят пасти иқтисодӣ қарор дорад, проблеммаи актуали мебошад.
Проблемаи танзими оила яке аз масъалаҳои муҳи-ми рӯз ба ҳисоб меравад. Ин масъала хусусан барои кшпварҳои Осиёву Африқо кишварҳои ба номи «Ҷаҳони сеюм» ва ин-чунин Тоҷикистон мавзӯест, ки ҳалли саҳеҳу боисрори худ-ро талаб мекунад. Ба ин хотир, бо дастгирию кӯмаки бево-ситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов бо мақсади гирифтани пеши роҳи фавтҳои бемаҳали мода-рону кӯдакон ва солимгардонии аҳолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи миллии «Танзими оила ва ҳукуқ» – ро бо қарори худ таҳти №483 аз таърихи 2-декабри соли 1999 қабул намуд, ки он бисёр бомаврид ва шоистаи дастгарии ҳамагон аст.
Мутаасифона ҳанӯз ҳам дар кишвари мо шахсони ноогоҳу бадхоҳ ва қувваҳои мутаассиби хурофот ёфт мешаванд,кииқдоминекиҲукуматваВазорататандурустии кишварро нодуруст, зидди мазҳабу дини мубини -ислом эълон намуда, садди роҳи амалигардонии он дар мамлакат мешаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.