Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Заҳирии Самарқандӣ

Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан Заҳирии Самарқандӣ аз дабирон ва адибони асри 12 форс-тоҷик буда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмию адибии ў маълумоти хеле кам аст. Мувофиқи гуфтаи Муҳаммад Авфии Буҳороӣ дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб», Заҳирии Самарқандӣ муддате дар дарбори Қароҳониҳои Самарқанд китобӣ карда, «Соҳиби девон»-и иншон Рукнуддин Масъуд будааст.Аз дўст ба ҳар захме афгор набояд шуд
В –аз ёр ба ҳар ҷавре безор шуд.
Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан Заҳирии Самарқандӣ аз дабирон ва адибони асри 12 форс-тоҷик буда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмию адибии ў маълумоти хеле кам аст. Мувофиқи гуфтаи Муҳаммад Авфии Буҳороӣ дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб», Заҳирии Самарқандӣ муддате дар дарбори Қароҳониҳои Самарқанд китобӣ карда, «Соҳиби девон»-и иншон Рукнуддин Масъуд будааст. Муаллифони тазкираҳо таъкид кардаанд, ки Заҳирии Самарқандӣ дар насри мусаҷҷаъ се китоби бузург таълиф карда будааст. Китоби якуми ў «Саиъ-уз-Заҳир фӣ ҷамъ-из-заҳир» («Гуфтори Заҳир барои маҷлиси ҳос») ном дошта, зоҳиран дар боби усули давлатдорӣ будааст. Ин асар то замони мо боқӣ намондааст. Китоби дуюми ў-«Ағроз-ус-сиёст фӣ аъроз-ирриёсат» («Мақсадҳои сиёсат дар идора кардани давлат») китоби таърихшиносӣ дар боби сиёсат ва усули давлатдорӣ буда, аз гуфтори шоҳони асотирӣ- Ҷамшед то шоҳони асри ХII – Санҷар ибни Маликшоҳ, пахлавонон, донишмандони эронию араб, юнонӣ ва ғайра фароҳам омадааст. Заҳирии Самарқандӣ, ки ўро дар таърихи адабиёти форс тоҷик хамчун насрнавис машҳур кард, «Синбоднома» мебошад. «Синбоднома» бо услуби ҳикоят андар ҳикоят таълиф шуда, таърихи хеле қадима дорад. Қадимтарин нусхаи ин асар ба замони Ашкониён (250 м то 224 м.) таалуқ дорад.Аммо сарчашмаи имрўзаи «синбоднома» ривояти паҳлавии асар буда, дар асри VIII аз паҳлавӣ ба араби тарҷума шуда, ба таркиби китоби «Ҳазору як шаб» даромадааст. Дар асри VIII инчунин, матни араби он ба суриёни ва дар асри XI матни суриёнӣ ба забони юнонӣ ва баътар ба забониҳои испанӣ, ибронӣ, арманӣ, гуркӣ, лотинӣ, варонсавӣ, италиявӣ, англисӣ, немисӣ, русӣ, руминӣ, шведӣ, ва ғайра тарҷума шудааст. Дар адабиёти форс-тоҷик чанд таҳрири мустақили манзуму мансури «синбоднома» вуҷуд дорад. Аввалин таҳрири «синбоднома» ба калами устод Рўдакӣ таалуқ дорад, ки то замони мо аз он байтҳои пароканда боқи мондааст. Таҳрири дуюми ба адиб ва тарҷумони асри X Абулфавориси Самарқандӣ. Нўҳ ибни Мансури Сомонӣ ба Абуфавориси Фанорўзӣ супориш додаст, ки ў китоби «синбоднома» -ро аз забони паҳлавӣ ба тоҷики тарҷума кунед.
Абулфавориси Фанорўзӣ 950-951 «синбоднома» -ро аз паҳлавӣ ба тоҷики тарҷума кардааст. Матни тарҷумаи Фанорўзӣ то замони мо нарасидааст. Дар асри ХI Азрақии Ҳиравии шоир матни тарҷумаи Фанорўзиро ба назм даровардааст. Заҳирии Самарқандӣ нимаҳои асри XII матни тарҷумаи Фанорўзиро аз нав таҳрир кардааст, ки матни он соли 1948 дар Истамбул (Туркия), соли 1953дар Теҳрон ва соли 1971Дущанбе бо номи «Китоби Ҳаким Синбод» ба табъ расидаат. Мазмуни мухтасари «синбоднома» чуни аст:
-Дар сарзамини Ҳинд Қурдисном подшоҳи одилу донное буд. Ин подшоҳ аз бефарзандӣ доимо ғам мехўрд. Аз қазо дар пиронсолӣ писаре ёфт. Таълимуи тарбияи ин фарзандро ба гардани Синбоди Хаким гузоштааст. Шоҳзода дар илму дониш рўз то рўз комил мегащт ва аз рўи одат, дар назди дарбониён имтиҳон месупорид, барои ҳамин устодаш Синбод пеши офтоб устурлоб гузошта, муайян кард, ки то ҳафт. Шоҳзода ишқи канизакро рад карда, рўз ҷони шоҳзода дар хатар аст, ки ў то ҳафт рўз бо кассе гап назанад ва худаш ба сафар баромад. Яке аз канизакҳои щоҳ, ки кайҳо боз ошиқу мафтуни ў гашта буд, ба назди шоҳзода рафта арзи дил карда, Шоҳзода ишқи канизакро рад карда, таъкид намуд, ки баъди ҳафт рўзи ҳомуши ба назди шоҳ рафта бевафони канизакро ҳоҳад гуфт. Канизак аз тарси ҷон роҳи хабаркаширо пеш гирифт. Ў ба назди подшоҳ рафта, шоҳзодаро ба хиёнат муттаҳм кард. Подшоҳ аз хабар ба хашм омада ва ба қатли щоҳзода фармон дод. Дар ин миён ҳафт вазири донову хирадманди подшоҳ ба ҳимояти шоҳзода барҳоста, дар бевафои занон ва зарари беандешагӣ ҳикоятҳои тамсилӣ меоварданд ва бо ҳамин иҷрои қатли шоҳзодаро бегуноҳии худро исбот кунад.
Заҳирии Самарқандӣ мувофиқи завқи бадеъии замони худ матни аз паҳлавӣ ба дарӣ гардонидаи Абулфавориси Фанорўзи бо сабки маснўъи пуртакаллуф таҳрир када, гоҳ-гоҳе дар мавридҳои муовиқ шеърҳои тоҷикию арабиро ҷой додаст.
Заҳирии Самарқандӣ дар замин асар ақидаҳои иҷтимоии хешро дар боби усули мамлакатдорӣ, шоҳи маърифатпеша ва давлати обод ифода кадааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.