Рухат хуршедсон пурнур бодо,
Ғаму ғусса зи ҷонат дур бодо.

*     *     *

Туро ҳусни накӯву дилнишин бод,
Хушиву некрузиҳо қарин бод.
Зи қалбат ғуссаву ғам дурр гардад,
Ҳаётат мисли номат нозанин бод.

*     *     *

Эй баландахтар Худоят умри ҷовидон диҳад,
Он чи пирузию баҳрузӣ дар он аст он диҳад.
Ҷовидон нафси шарифат бандаи фармон диҳад,
Баъд аз он бар ҷумлаи фармони ҳақ фармон диҳад.

*     *     *

Хоҳем мисли Саъдӣ, сад сол умр бубинӣ,
Аз домани умедат, гулдастаҳо бичинӣ.
Туро орзу дорем давлату ганҷ,
Бубини сад сол умр, бе дарду бе ранҷ.

*     *     *

Аз бахт хандонат бинам,
Чун лаъл рахшонат бинам.
Дар ҳар баҳори умри худ,
Доим гулафшонат бинам.

*     *     *

Эй чашмаи ишқи ман, хурӯшон бошӣ,
Эй моҳи муҳаббатам, дурахшон бошӣ.
Дар рузи таваллудат дуое дорам,
Эй боғи саодатам, гулафшон бошӣ.

*     *     *

Ту бахти модари ту бахтёрӣ,
Падарро такягоҳ дар рузгорӣ.
Зи ту дорад ҳама уммедворӣ,
Чу номат дар ҷаҳон шодӣ биёрӣ.

*     *     *

Маҳу осмон бошад раҳнамоят,
Замину осмон гуям саноят,
Ҳамеша гул бирезад зери поят,
Калиди бахт бошад даркушоят.

*     *     *

Эй ҳусни баҳор зодрузат табрик,
Бо бахт ҳазор зодрузат табрик.
Хушбахту саодату саломат бошӣ,
Бо авҷу барор зодрузат табрик.

*     *     *

Ҳамеша шодмону хушнаво бош,
Барои дустон обу ҳаво бош.
Бихоҳем сарбаландӣ байни ёрон,
Ба умри сад ба мо ҳамчун даво бош.

*     *     *

Шуморо нозанин гуем хато нест,
Ба дунё беҳтарин гуем хато нест.
Ба боғи ҳусн лабҳои таратро,
Чу барги ёсамин гуем хато нест.

*     *     *

Ҳар кӣ боши одами арзанда бош,
Гул барин бо чеҳраи пурханда бош.
Ҳар ки гирад домани покат ба даст,
Бахт шав, иқбол шав, поянда бош.

*     *     *

Фурӯғи дидагонат кам нагардад,
Ғаме бар шодии ту зам нагардад.
Ниҳоли умри худ дилшод бинӣ,
Ниҳоли орзуят хам нагардад.

*     *     *

Ҳар чӣ мақсуди дилат бошад диҳад парвардигор,
Гар ту як бошӣ Худо бидиҳад ҳазору сад ҳазор.

*     *     *

Хохамат ишқ – ишқи яктое,
Ки ба дарё чунин омӯзад.
Хоҳамат бахт – бахти яктое,
Ки дили зиндагӣ барафрузад.

*     *     *

Ба руят осмон дар ханда бошад,
Ҷамолатро ҳама гул банда бошад.
Ба ин айёми некӯ зодрӯзат,
Ҷаҳон дар пеши ту афканда бошад.

*     *     *

Бар чил ки расидаи гулафшон бошӣ,
Дар кишвари меҳр моҳи даврон бошӣ.

*     *     *

Қадат гул, чеҳра гул, пироҳанат гул,
Лабат гул, остин гул, доманат гул.
Ба ин гулҳо, ки дори дар сару по,
Ки парварда ба рузи зоданат гул.

*     *     *

Алифбо барои сухан гуфтан нест,
Барои навиштани номи туст.
Ададҳо пеш аз таваллуди ту ба саф истодаанд то рузи зодрузи туро бидонанд,
Таваллудат муборак!

*     *     *

Садои як парвоз,
Фуруди як фаришта.
Оғози як меъроҷ,
Ва шуруи як зиндагӣ.
Таваллудат муборак!

*     *     *

Ин ҳадяи осмони чашмонат,
Дилбаста ба шамъдони чашмонат.
Эй ишқ таваллудат муборак, қалбам,
Тақдим ба меҳрубони чашмонат.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.