Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Табрикотхо бо шеърхо (кисми 3) ба зодруз муборак

Си баҳори пурсафоро дар задӣ,
Ту гули садбарги тар бар сар задӣ.
Зинда бош эй шуълаи хуршеди мо,
Зинда бош эй хонаи уммеди мо.

*     *     *

Шавед садсолаю дарде набинед,
Зи умри хушгузар гарде набинед.
Зи умри хушгузар эй гул ба домон,
Ба сад соли дигар гарде набинед.

*     *     *

Қади сарват илоҳо хам набинад,
Дили шодат илоҳо ғам нагардад.
Илоҳо бошию садсола бошӣ,
Ба болои сари мо соя бошӣ.

*     *     *

Сар сабзу бадан саломату чеҳра ба нур,
Иқбол ба каф, ба сина шодиву сурур.
Ёрон ба канору зодрузат хушруз,
Эй бор Худо,чашми бад аз руи ту дур.

*     *     *

Ба маҳфил моҳи тобон дар гулистон рангу бу бошӣ,
Илоҳо ҳар куҷо бошӣ баҳори орзу бошӣ.

*     *     *

“Ном” зебо илоҳо бахт ёрат бод,
Илоҳо то абад ёрат дар канорат бод.
Илоҳо ҳарду хушбахти замину осмон бошед,
Ҳар он чи дар ҷаҳон хуб асту зеботар ҳамон бошед.

*     *     *

Табибон посбони бахти инсонанд,
Табибон роздони дардмандонанд.
Зи ту миннатдор ҳастем шифокор,
Ба дарди мо даво бахшо шифокор.
Илоҳо сарбаланд боши ҳамеша,
Наҷотбахшу давобахши шифокор.

*     *     *

Муборак ҷашни иқболат,
Туро “Чанд?”-умин солат.
Ба сад рафтан таманноро,
Бидидем дар хати фолат.

*     *     *

Хоҳам аз номи Худо баҳри ту умри безавол,
Шӯҳрати Фирдавсиву ширинии шеъри Камол.

*     *     *

Илоҳо мисли моҳ тобанда бошӣ,
Чу ғунча бо лаби пурханда бошӣ.
Ҳамеша мо дуогуи ту бошем,
Ки дар олам каси арзанда бошӣ.

*     *     *

Ниҳоли қоматат пурбор гардад,
Туро умри наку ҳам ёр гардад.
Дар ин дунё бизи сад соли дигар,
Ки дунё аз паят гулзор гардад.

*     *     *

“Ном” ҷумла мавлудат муборак,
Ҳамон рухсори хушнудат муборак.
Тамоми хонавода бар ту гуянд,
“Ном” рузи мавлудат муборак.

*     *     *

Ту гули шукуфтаруи ҳама гулфишон,
Ту баҳори бехазони ҳама бехазон бимонӣ.
Ҳама дам кунем дуоят ки чунин ҷавон бимонӣ.

*     *     *

Кунад хуршеди бахтат нурфишонӣ,
Ба коми дил бирас дар зиндагонӣ.
Чу дустонат бигуфт бо меҳрубонӣ,
Умедам ҳасти, хушбахте бимонӣ.

*     *     *

Борони бахт резад эй кош бар сари ту,
Хезад навои шодӣ аз бому аз дари ту.
Эй кош, “Ном” ту умр бини дар даҳр,
Бошад доим худованд, ёри ту ёвари ту.

*     *     *

Гули зебандаи аёми навруз,
Муборак бодат ин мавлуд ин руз.
Набинӣ дар ду олам дарду ғамро,
Саодат хоҳамат ҳам бахти фируз.

*     *     *

Ҳамеша шодкому шодмон бош,
Ҳамеша рӯҳбахши дустон бош.
Ба маҳфилҳо гули руи сабад бош,
Ҳамеша дил бидеҳу дилситон бош.

*     *     *

Хоҳам хонаат ба кудакони ханда бар лаб пур бод,
Худ миёни он ҳама гулғунчаҳо хандон бош.
Зинлагӣ бо рангҳояш чун асал дар коми туст,
Офтоби бахт доим дар сарат нурпош бод.

*     *     *

Ҳамеша бахтёру шод бошед,
Зи дарду ранҷу ғам озод бошед.
Зи гулзори муҳаббат гул бичинед,
Рухи зарди ҷудоиро набинед.

*     *     *

Худо доим нигаҳдори ту бошад,
Калиди бахт мададгори ту бошад.
Ба дунё омади баҳри ҳама,
Каси хушбахттарин ёри ту бошад.

*     *     *

Гули себарга пояндози поят,
Ҳама хушбахтиҳои дунё бароят.
Бихоҳам бар ту умри Саъдиёна,
Бихоҳам ҷону дилро шодиёна.


Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.