Имдоди Худоӣ бод ёрат,
Иқболи замона дар канорат.
Чашме нарасад ба эътиборат,
Ҳифзи яздони бувад нигорат.

*     *     *

Намехоҳам сарат хамгашта бошад,
Намехоҳам дилат ғамгашта бошад.
Фақат хоҳам дар ин дунёи равшан,
Дилат шоду лабат пурханда бошад.

*     *     *

Хоҳамат ишқ ишқи яктое,
Ки ба дарё чунин омузад.
Хоҳамат бахт-бахти яктое,
Ки дили зиндагӣ барафрузад.

*     *     *

Забони ҳақ шиори безабон бош,
Нишони ворисони бенишон бош,
Алам бардори руҳи сарбадорон,
Бақоҷуи дуои модарон бош,
Азизи мо, азизи сад ҷаҳон бош.

*     *     *

“Ном” орзумандем, ки шоҳбайти ғазал бошӣ,
Ба хони зиндагонӣ беҳтар аз қанду асал бошӣ.

*     *     *

Ё раб камоли офиатат бардавом бод,
Иқболу давлату шарафат мустидон бод.
Солу моҳат мубораку рӯзу шабат ба хайр,
Бахтат баланду давлати дунё ба ком бод.

*     *     *

Осоиши умри мо шумоед,
Бар риштаи меҳри мо вафоед.
Дар ҳар нафасе шумо бо моед,
Дар дидаву дил ҳамеша ҷоед.

*     *     *

Таманно мекунем бо қалби саршор,
Шуморо бод бахти хуш мададгор.

*     *     *

Дар синаат базми тарабу сур бошад,
Ҷонат зи ғами ранҷу бало дурр бошад.
Орзуву дуои мо бароят ин аст,
Наврӯзи умрат шукуфта пурнур бошад.

*     *     *

Мавлуди хуҷастаат бахор асту баҳор,
Иқбол ба бар намуда давлат икбол ба канор.
Дар рузи таваллудат таманно дорем,
Дилдор яку умр саду шодӣ ҳазор.

*     *     *

Шукри оби чашмасорон мекунам,
Шукри дашту куҳсорон мекунам.
Шукри нону хок мегуям мудом,
Шукри номи поки Яздон мекунам.

*     *     *

То ҷаҳон бошад, ҳамеша шод бош,
Бош дилшоду зи ғам озод бош.
Ҳастии ту хуррамӣ бахшад ба мо,
Мо дуо дорем чу шаҳ обод бош.

*     *     *

Муборак бод шуморо ҷашни зодруз,
Шумо зеботаред зебо дар ин руз.
Гули нози, маҳи нозӣ, шаҳи ноз,
Илоҳо то абад бошӣ Сарфароз.

*     *     *

Зодрузи ту буи баҳор оварда,
Пайғоми фараҳ ба рӯзгор оварда.

*     *     *

Хоҳем, ки туро ҳамеша хандон бинем,
Дар хонаи ту файзи фаровон бинем.
Дар дил ба ҳар умед, ки дори бирасӣ,
Мо шодию бахти хеш дар он бинем.

*     *     *

Мавлуди накуи умр бодо табрик,
Ин як зи ҳазори умр бодо табрик.
Дар авҷу барор бахту толеи ту бод,
Ин авҷу барори умр бодо табрик.

*     *     *

Ҷуз дуоят нагуем, ки Рудакӣ гуфта,
Сад сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ.

*     *     *

Қади сарват ба Илоҳо хам нагардад,
Дили шодат ба даври ғам нагардад.
Дуои мо ҳамин бошад шабу руз,
Ки як муй аз сари ту кам нагардад.

*     *     *

Тамоми ҳастии дунё бароят бод мегуем,
Ҳамеша сарбаланду хонаат обод мегуем.
Бубини умр то яксаду ҳаштод мегуем,
Туро бо зодрузат мо муборакбод мегуем.

*     *     *

То ту боши рӯнамои бахти ман рӯи ту бод,
Сарҳисоби зиндагиям бар сари куи ту бод.
Дилкашоли тустам, дар ҳар мақому ҳар замон,
То аҷал чашмам напушад чашми ман суи ту бод.

*     *     *

Аё “Ном” зебо, ситора дар замин ҳастӣ,
Аё “Ном” доно, ту моҳе дилнишин ҳастӣ.
Камоли ту ба дилҳо равшании тозае бахшад,
Аё “Ном”, хуршеди яктое, ту нури нозанин ҳастӣ.

*     *     *

Лабонат доимо пурханда бошад,
Ғами дунё зи ту дилканда бошад.
Ҳама рӯзу ҳама моҳу ҳама сол,
Бароят ин ҷаҳон арзанда бошад.


1 Comment

  • Нигора, 23.01.2020 @ 00:05 Reply

    Салом. Ман мухлиси ин сайт хастам, дар ин чо табрикотхои хеле зебову пурмазмун оварда шудааст. Аз хондани ин мисраьхои шеьри ман халоват мебарам.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.