Среда, 8 апреляВместе создадим светлое будущее!


Табрикотхо ба падар дар рузи 23 феврал (Артиши милли)

Рӯзи мардонро ба марди ҳақиқие, ки мақоми зебои мардонагиро дарк кардаанд, табрик мегӯям. Идатон муборак!


Зеботарин вожа бар лаби одамӣ вожаи падар аст. Зеботарин хитоб “падарҷон” падар вожае аст, саршор аз умеду ишқ. Вожаи ширину меҳрубоне, ки аз самими ҷон бармеояд. Падари азизам идатон муборак!


Падарҷон, нигоҳи меҳрубону садои дилнишинат ҳамеша марҳами дили ман дар ин ғурбат аст, бидон, ки барои ман беҳтаринед. Падар, ид муборак бошад!


Дар осмони обии дилам, ҷое барои абрҳо нест. Падарам! Дуоям кун, ки бо дуоят, дилам хонаи дардҳо нест. Азизтарин азизонам, рӯзатон муборак!


Ба дунболи қашангтарин вожаҳову калимаҳо мегардам, аммо ҳеҷ калимаву вожае наметавонад азамати ҳузури шуморо дар зиндагии ман васф кунад. Фақат мегӯям «Дӯстат дорам», идатон муборак!


Падарам, тоҷи сарам, шумо эътибори ман ҳастед, шумо такягоҳи ман ҳастед. Бидуни шумову муҳаббатҳои бепоёни шумо ҳеҷам. Умедворам битавонам фарзанди хубе барои Шумо бошам. Беҳтарин падари дунё, идатон муборак!


Падари меҳрубону хубам аз заҳмате, ки дар ин солҳо барои ман кашидед сипосгузорам ва аз Худо мехоҳам сояи меҳрубонатон то абад бар сарамон бимонад. Идатон муборак!


Падар, шумо тапиши қалби хонаед. Вақте ҳар субҳ, бо тулӯи ишқ аз хона берун меравед ва бо кашиши ишқ, дубора боз мегардед. Шуморо ба ман ҳадя доданду ман имрӯз, тамоми ҳастиямро ба шумо ҳадя хоҳам кард. Агар бипазиред… Рӯзатон муборак, падарҷон!


Падарам роҳи тамоми зиндагиянд, падарам дилхушии ҳамешагӣ мебошанд. Рӯзатон муборак, падарҷон!


Падари азизам, рӯзи падарро бароятон табрик мегӯям ва самимона бар дастони пуробилаатон бӯса мезанам.


Падар бишнав ин ҳарфи фарзанди хеш,
Азизу гиромиву дилбанди хеш.
Туи мояи буду пайдоишам,
Канорат ба нозу ба осоишам.
Падар такягоҳи вуҷуди манӣ,
Ту сармояи ҳастиву буди манӣ.
Падари азизам Рӯзат муборак!


Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.