Четверг, Февраль 20Вместе создадим светлое будущее!


Шеърҳои табрикотии туй (никоҳ) муборак

Хоҳам ин хона пур аз ханда шавад,
Аз вафову ишқ поянда шавад.
Махзани равшаниву нур шавад,
Чашми бад бинад агар кур шавад.
Шахси бад раҳ наёбад ба дараш,
Соҳиби хона зафарёб шавад,
Соҳиби бачаи бисёр шавад.
Сулҳу оштӣ ҳамоҳанг шавад,
Гар шавад ҷанг қадаҳҷанг шавад.
*     *     *
Домоду арус хона муборак бодо!
Пероҳани туёна муборак бодо!
Дунёи дигар паси тори чимилиқ,
Шоҳонаю фарзона муборак бодо.
Муборак, шодии ёрон муборак!
Муборак, хонаободи муборак!
Ду авлодро ба ҳам пайванд кардед,
Шаби пайвастани авлод муборак!
*     *     *
Шаби васлу шарафмандӣ муборак,
Чунин шодию хурсандӣ муборак.
Дилогоҳию дилбандӣ муборак,
Чу нахле гашта пайвандӣ муборак!
Муборак ин шаби шодӣ муборак!
Муборак хонаободӣ муборак!
*     *     *
Ин лаҳзаи ҷовидон муборак бошад,
Пайвастани ҳамдилон муборак бошад.
Ин лаҳза ду хонадон ба ҳам пайваста,
Пайванди ду хонадон муборак бошад.
Ду ахтари бахт дар замин гашта қарин,
Ду ахтари ҳамқарин муборак бошад.
Ҷисме ба ҷон расиду ҷоне ба ҷисм,
Бинед, ки ҷисму ҷон муборак бошад!
*     *     *
Эй азизон ба шумо туй муборак бошад,
Бандаи бахт дар ин куй муборак бошад.
Ба ҳама туякиён, ба ҳама хешу табор,
Ваҳдати ду гули хушбуй муборак бошад.
Қади домод чу шамшод ба паҳлӯи арӯс,
Ба вай ин сарви суманруй муборак бошад.
Сухани гуфтаи мо туҳфаи туёнаи мост,
Сухани тутии хушгуй муборак бошад!
*     *     *
Кулбаи тоза бино ёфт, муборак бошад!
Чашмҳо нуру зиё ёфт, муборак бошад.
Тифли умеди ман акнун дафи мастона занад,
З-омади дуст сафо ёфт, муборак бошад!
Доштам дарди гароне, ки ғами хона мапрус,
Дарди ман нек даво ёфт, муборак бошад!
Ҷумла гӯянд, ки ҳар шом сабоҳе дорад,
Шоми ман субҳи сафо ёфт, муборак бошад!
Дустон аз майи гулгуни ман нуш кунед,
Ки маро хона бақо ёфт, муборак бошад!
*     *     *
Чашме ба чашме боз шуд ёрон муборак бод ишқ,
Дил бо диле дамсоз шуд ёрон муборак бод ишқ.
Дасте ба дасте даст дод рухе ба рухе рӯ ниход,
Ҷоне ба ҷоне ҷон шуд ёрон муборак бод ишқ.
Ин нушҳо ширин шавад, оғушҳо ширин шавад,
Фасли ниёзу роз шуд ёрон муборак бод ишқ.
Лайлии мо зеботар аст, маҷнуни мо шайдотар аст,
Анҷомҳо оғоз шуд ёрон муборак бод ишқ.
*     *     *
Арусу домод муборак шавад,
Манзили обод муборак шавад.
Нури Худое дар ин хонадон,
Хонаи обод муборак шавад.
Арусу домод ду гулбоғи тар,
Аз ҳама гулҳои ҷаҳон тозатар.
Гул ба раҳу гулбасару гул ба бар,
Гулгуни навзод муборак шавад.

*     *     *
«Ном»-и зебо илоҳо бахт ёрат бод,
Илоҳо то абад ёрат дар канорат бод.
Илоҳо ҳарду хушбахти замину осмон бошед,
Ҳар он чӣ дар ҷаҳон хуб асту зеботар ҳамон бошед.


2 Комментарии

Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.