Контактная информация

Наврӯзи Аҷам – иди воқеан миллӣ ва аҷдодӣ ба хонадони ҳар яки мову Шумо муборак бошад!

Шукр, ки Худованд мову Шумоёнро ба Наврӯзи нав расонид ва умед дорем, ки боз ба Наврӯзи дигар мерасонад! Дар хонадонатон саломатӣ ба аҳли оилаатон ва наздиконатон тансиҳатию хушбахтӣ мехоҳем! Таманно дорем, ки чеҳраи Шумо чун гулҳои наврӯзи хандону шукуфон, қалбатон чун Офтоби оламорои Наврӯз гарму равшан, рухатон чун субгоҳи Наврӯз пок, беғубор, беолиш, таъбатон чун насими наврӯзи хурсандибахш, меҳратон чун меҳри модарон бепоён ва саршумор аз меҳру муҳаббат, дастархонатон чун дастархони наврӯзи пурнеъмату пуранво бошад!

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!
Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад!
Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавони бинам!
Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад!


Бо арзи эҳтироми беандоза, Шуморо ба муносибати иди пирӯзи баҳориву меъросии ниёгон-Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба Шумо умри бардавом, хушбахтии беинтиҳо, саломатии қавӣ, хонаободӣ ва дар эҷодиётатон бурбдориҳо таманно дорем.
Наврӯзи навбаҳорон бар дустон муборак, фарёди андалебон бар тоҷикон муборак. Наврӯзатон муборак,…! Дар ин рузҳои неки баҳорӣ барои шумо ва аҳли оилаатон хушбахтӣ, сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва рузҳои пур аз шодиву фараҳро хоҳонем.

Навруз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони чамaн ҷумла бикарданд парвоз,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.


Наврӯз бо манзалати бузурги ҷаҳониаш, бо русуми аҷдодиаш, қалбатро пурнур, шаҳомати бахтро фаровон, ранҷуриҳоро сарнагун ва шукуфтанҳои мақсудро бароят мушарраф гардонад дӯсти гиромӣ «Ном»!


Модарҷони азиз, салом ман фарзандат «Ном»!.

Модарҷони азиз ман шуморо саравал бо фарорасии иди баҳор, иди модарон 8-март ва иди Навруз хуҷастапай табрику муборакбод гуфта, дар зиндаги бароятон тани сиҳат дили беғам ва хотири ҷаъмро хоҳонам ҳеҷ гоҳ дастатон дардро набинат танатон ҳамеша сиҳат лабатон пурханда бошад хамеша шод бошед модарҷони азиз бори дигар ид муборак бошад!

Модари ҷон модарам Навруз муборак гуямат,
Дар ҷаҳон Болу парам навруз муборак гуямат.
Ту намебуди набудам дар ҷаҳон болот хок,
Зодиям болои хок навруз муборак гуямат.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.