Монолог дар мавзӯи “Модарҷонам!”

Модарҷонам!
Модарҷони азизам! Шуморо ба муносибати фарорасии идатон, яъне рӯзи 8-уми март, табрик намуда, бароятон аввало тани сиҳат, хонаи обод, зиндагии бардавом, рӯзгори пур аз шоду нишот, ҳавои беғубори дилкушо ва умри бобаракати Хизрриёнаро тамоно дарам. Модарҷонам, аз Худованди Муттаъол дуогӯи онам, ки сояи шуморо аз сари мо фарзандон ҳеҷ гоҳ дур накунад ва доимо соябону дуогӯи мо, фарзандон бимонед. Волидаи мушфиқам, шуморо ба шамъ монанд кардан шояд то андозае дуруст бошад. Шояд, зеро бе шумо, ҳам хона сард асту ҳам торик. Модарҷони меҳрубонам, шамъ барои он, ки ба дигарон равшани диҳад, оташе бар сари худ мегирад ва то ин ки дигарон роҳат бошанд, бо оташи ба сари худгирифта, тамоми вуҷудашро месӯзад, парвонаҳое гирди сари ӯ чарх мезананд ва ҳамчунин сӯхта – сӯхта, оҳиста – оҳиста, маҳв мегардад. Модарҷони меҳрубонам, шумо ҳам ба монанди ҳамон шамъ ҳастед, бо вуҷуди он ки шамъ ҳангоми сӯхтан аз худ дуд мебарорад, аммо шумо аз шамъ ҳам пуртоқаттар ҳастед. Оҳе нагуфта, худ ба худ, дарун ба дарун месӯзед. Модарҷони меҳрубонам, барои он ки фарзандат тандурусту бардаму солим ба воя расад, чӣ ранҷҳое, ки кашидаед, ба мисли ҳамон шамъ чӣ азобҳоеро тори сар кардаед ва барои ором хобидани фарзанд, чӣ шабҳое дар сари гаҳворааш то сӯбҳ нолидаед ва барои он ки фарзандат ҷигарбандад аз побанди беморие раҳо шавад, худро чӣ қадар сӯхтаед. Модарҷони меҳрубонам, барои он ки дар пои ман хоре нахалад, худро дар рӯи замини санглох ва хоктӯпа гилем кардӣ, барои он ки то саҳар ором бихобам, дар сари гаҳвораам то саҳар нахуфтӣ, барои он ки атсаи ноҷое накунам, чӣ доруву дармонҳое ба ман додӣ, барои он ки дуруст қадам бинҳода, наафтода роҳ равам, ту чандин бор афтодӣ ва агар ҳам боре афтодам ту маро аз замин бардоштиву ба ҷои он ки маро ҷанг кунӣ, худро маломат кардӣ. Модарҷонам, барои он ки дар оянда шахси тарбиятдида дар миёни мардум ба воя расам, дар зери болинам оятҳо ва китобҳо бузургон мондӣ. Модарҷонам, домони ту биҳиште будааст, тасвинашавандаву бебаён, ки дар тасвири он қалам бар худ оҷизу ҳайрон ва овроқҳо маъюсу ноумед монда буданд. Модарҷони меҳрубонам, аз гирифтани номи поки ту қалам ба худ меларзид, чӣ гуна равшан ва баён кардани ҳарфҳоро аз шиддати ҳаяҷон фаромӯш карда буд. Модарҷони меҳрубонам, дар мадҳи ту забонам лол монда буд, намедонистам аз кадом як қаҳрамоният ҳарф занам. Модарҷонам, ту сазовори ҳазорҳо мадҳу таърифӣ бебаёнӣ, ки аз навиштанаш қалам оҷиз мондааст. Модарҷони меҳрубонам, дар мадҳи ту оҷизу ҳайрону маъюс монда будам, зеро ҳарф бо ҳарф бо ҳам намеомаданд то калима шаванд, калимаҳо ба ҳам намеомаданд то ибора шаванд, ибораҳо бо ҳам намеомаданд, то ҷумла шаванд, ҷумлаҳо бо ҳам намеомаданд, то матн шаванд, матнҳо бо ҳам намеомаданд, то қисса шаванд ва қиссаҳо бо ҳам намеомаданд то афсона шаванд. Модарҷони меҳрубонам, ту сазовори беҳтарин ситоиш ҳастӣ. Модарҷонам, талоши ҳама мардумон дар ин дунёи фонӣ, ки аз барои ба даст овардани Ҷаннат аст, аз Худованди Муттаол талабгор ва дуогӯи онам, ки ин ганҷи нодир ва гаронбаҳоро бароят ҳамчун зани солеҳа ва покдоман, арзонӣ диҳад. Модарҷонам, шоири хушилҳоме низ дар васфат сурудааст:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.

Модарҷонам, қарси сапедат кушоиши кору роҳи сафеди мост. Мо гунҷишкакони белона муҳтоҷи дуои туем ва ҳаминро бидон модарҷонам, ки дурии моро аз ҳамдигар дар ҳар куҷое, ки бошем, фақат дуо дилҳоямонро ба ҳам наздик оварда метавонаду халос. Модарҷонам, дар ҳар куҷое, ки бошам, ҳар қадар аз ту дур ҳам ки бошам, аммо дилам бо ту наздик аст. Наздик. Модарҷонам, сарсабзу хуррам гаштани боғ ба боғбон вобаста аст ва барои он ки ниҳолаке нағз сабзаду зуд инкишоф ёбаду ҳосил диҳад, боғбон аввал бехи онро нарм мекунад, пасон об медиҳад ва шоху навдаҳои зиёдатии онро қалам мекунад, то фардо дар сояи он ба роҳат даме дам гирад. Модарҷонам, ту ҳам монанди ана ҳамон боғбон ҳастӣ, барои он ки бе нуқс калон шавам, маро аз ҳар гуна балоҳо муҳофизат кардӣ, одоби бадамро рафъ намудӣ ва барои он ки дар зиндагӣ дастгират шавам, бо умеде парваридӣ. Модарҷонам, барои он ки ба ниҳолак офате нарасад, боғбон онро аз ҳар гуна офат ҳимоя мекунад. Модарҷонам, барои он ки мо ҳам нағз инкишоф ёбем, эҳтиёҷ ба дуои ту дорем. Модарҷонам! Модарҷонам бароят чӣ хуш гуворро буд, аввалин маротиба ҳарф задани ман. Тӯтӣ барин ҳарф задан, аммо аз он худ чӣ фаҳм кардан, надонистан. Модарҷонам, чӣ хуш буд, аввалин боре, ки ба забон модар гуфтам, туро муроҷиат кардам, туро. Модарҷонам, аз шунидани ин калима яъне модар гуфта муроҷиат намуданам, хурсандият ҳадду канор надошт, медонистам, медонистам. Маро гирифта бо завқ, бо шодӣ ва хурсандии бе ҳад, бар синаи худ пахш мекардӣ, дар куртаи худ намеғунҷидӣ, гӯё дилат сахт – сахт тапиш хӯрда, дар ҷояш такон хӯрда, ба берун баромадан мехост ва хурсандии туро ба оламиён расониданӣ мешуд ва аз сарӯ рӯям бе ист бӯса мекардӣ, ашки шодӣ мерехтӣ, ба даргоҳи Яздони пок даст бардошта шукрона мекардӣ ва кӯдакона навозишам мекардӣ, медонистам, медонистам. Модарҷонам, ман аз забонат калимае омӯхтам ва ту хурсанд шудаву гул-гул мешукуфтӣ. Лол бод забонам, агар забонатро, кунам фаромӯш. Модарҷонам, дастпарвадае аз гулҳои гулистонат чӣ хуш навиштааст:

Забонамро газад сад мору ғундал,
Забонатро агар созам фаромӯш.
Бори дигар идат муборак!
Модарҷони меҳрубонам!

Бо арзи сипос ва эҳтироми бепоён, ______________.


Табрикотҳои “Рӯзи модарон (8-март)”

Модар! Имрӯз рӯзи ту аст. Фардо ҳам! Фардои дигар ҳам! Ҳар рӯз рӯзи ту аст! Ва ҳар рӯзе, ки ту ҳастӣ ва суйи ман табассум мекунӣ, он рӯз рӯзи ман аст! Ид муборак, модари хушруйи ман!!!


Модар ту биҳишти ҷовидонӣ Модар
Хуршеди баланди осмонӣ модар.
Дар чашми ту нури зиндагонӣ ҷорист
Сарчашмаи меҳри бекаронӣ модар.


Эй кош, ки то абад намирад модар,
Ё ҳастии ҷовидон бигирад модар.
Меҳр аст саросару вуҷудаш то ҳаст,
Эй кош, ки поён напазирад модар.
Чун меҳр, бузургу бенишонӣ модар,
Ороми дилу азизи ҷонӣ модар.
Эй кош ҳамеша ҷовидон мебудӣ,
Он қадр ки хубу меҳрубонӣ модар.


Беҳтарин садои зиндагӣ тапиши қалби ту аст. Эй офтоби нозанини зиндагӣ ҳамеша дурахшон бимон. Рӯзат муборак модарҷон!


Дар кӯчаи ҷон ҳамеша модар боқист,
Дарёи муҳаббаташ чу Кавсар боқист.
Дар гӯиши ошиқона, номи модар,
Шеърест, ки то абад ба дафтар боқист.


Аз ту меҳрубонам бобати тамоми азиятҳои бачагӣ маъзарат мехоҳам. Умедворам қалбат ҳеҷ гоҳ аз ман гилламанд набошад. То ман ҳамеша хушбахт бошам. Зеботарин ва поктарин қалбро дориву ман ҳанӯз натавонистаам заррае аз ранҷҳое, ки аз барои ман кашидаӣ ҷуброн кунам.

Дустдорат ҳастам то абад!
Идат Муборак Модар.


Модар аст чашму чароғи зиндагӣ,
Модар аст сарчашмаи озодагӣ.
Модар аст тасвири ишқу ошиқӣ,
Модар аст нақши баланде ҷовидон.


Фариштаҳои осмонӣ дар муқобили хубиҳои ту сар хам хоҳанд кард, зеро ту яке аз онҳоӣ. Модаре, ки ҳамеша фикри бачаҳояшро дошта ва ман ба худ меболам, ки модари ман ҳастӣ. Ин рӯзи зебо, яъне Рӯзи Модарро бароят аз самими ҷон табрик мегӯям.


Модар аст мақсуди ҳасту буди мо,
Модар аст болотарин мавҷуди мо.
Модар аст омӯзгори маърифат,
Модар аст як оламе аз муҳаббат.


Хубу дилрабо ҳастӣ, эй зан, эй зани Тоҷик,
Чашмаи сафо ҳастӣ, эй зан, эй зани Тоҷик.
Аз таҷаллии рӯят нур дар дилам ҷорист,
Шамси Пурзиё ҳастӣ, эй зан, эй зани Тоҷик.
Хуштаронаву хушгил, ҳар куҷо ба ҳар маҳфил,
Ту тарабфизо ҳастӣ, эй зан, эй зани Тоҷик.
Гоҳ маҳзани розӣ, дар карашма устозӣ,
Гоҳ пурҳаё ҳастӣ эй зан, эй зани Тоҷик.
Дар садоқату дар меҳр устувору пойдорӣ,
Сар ба по вафо ҳастӣ, эй зан, эй зани Тоҷик.


Эй Модари ҷон,
Эй Хуштар аз ҷон.
Дар рӯзи идат,
Шеъри маро хон.

Идат Муборак!
Идат Муборак!

Бо нури рӯят,
Наврӯзи ман ту.
Дар рӯи олам,
Дилсӯзи ман ту.

Идат муборак!
Идат муборак!

Пайваста бошӣ,
Ту бар сари мо.
Эй модари ҷон,
Болу пари мо.

Идат Муборак !
Идат Муборак!


Меҳри бепоёни Модар зина бод,
Чеҳраи хандони дилбар зинда бод.
Аз Замин рӯяд ҳамора хӯшае,
Дар само хуршеду ахтар зинда бод.
Аз дарахти хушку бебар суд нест,
Майсаву себаргаи тар зинда бод.
Бар диёри нозанини Тоҷикон,
Гармии хуршеди ховар зинда бод.
Дар дили ёрони боаҳду вафо,
Донаи умеди бовар зинда бод.
Аз ҳама ҷои азизу мӯътабар,
Тифлию домони модар зинда бод!


Дар баҳорон иди модар мешавад,
Дидаву дилҳо мунаввар мешавад.
Ҳусни нотакрори фасли навбаҳор,
Бо нигоҳи зан баробар мешавад.
Аз фурӯғи чашми модарҳои мо,
Тоҷикистон ҳамчу ахтар мешавад.
Аз ҳамин модар ба дунё раҳнамо,
Бас бузургони диловар мешавад.
Баҳри фарзанд олами бахти баланд,
Бо дуои дасти модар мешавад.
Дар раҳи тасвири ҳусни модарон,
Ҷумла фарзандаш суханвар мешавад.


Қасри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст,
Дар биёбон баҳри мард оғӯши зан кошона аст.
Бахти ҳар марди накӯ дар зиндагони ин зан аст,
Зиндагӣ гар зан набошад, мардро ғамхона аст.
Зан бубахшад мардро шириниҳои зиндагӣ,
Ҳар кӣ қадри зан надонад аз хирад бегона аст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.