Контактная информация
Таърихи ҷашнгирии Рӯзи байналхалқии занон бо номи зани инқилобчи Клара Сеткина алоқаманд аст. Ӯ дар конфронси байналхалқии занҳо, соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания пешниҳод намуд, ки ҳамасола 8 март ҳамчун рӯзи таваллуди пролетариати занҳо қайд карда шавад. Дар атрофи пешниҳод акидаҳои гуногун мавҷуданд. Мувофиқи ақидаи мавҷуда ин ҷашн ҳамчун рузи мубориза барои ҳуқуқи зан пайдо шудааст. 8 марти соли 1857 коргарзанони корхонаҳои либосдузӣ ва пойафзолдузии шаҳри Ню-Йорки ИМА барои паст будани музди кор ва номусоидии шароити кори дар кучаҳо ба роҳпаймоӣ баромаданд. Онҳо талаби рузи кори 10-соата, коргоҳҳои равшану барҳаво ва музди кории баробар бо мардонро намуданд. Чанде аз таърихнигорон бошанд, сабаби дигари динии пайдо шудани ҷашни 8 мартро мегуянд, ки ин марбут ба миллати Клара Сеткина аст. Клара Сеткина яҳудитабор буд. Соли 1910 Клара Сеткина тамоми занҳои дунёро барои баробарҳуқуқии занону мардон даъват намуд. Ба ин даъвати у занҳои бисёре аз мамлакатҳои чахон ҳамовоз шуданд ва аввалин маротиба соли 1911 ин ид 19 март дар Австрия, Дания, Олмон ва Швейтсария ҷашн гирифта шуд. Дар Русия ҷашн гирифтани Рӯзи байналхалқии занон аз соли 1913 оғоз гардид. Рӯзи байналхалқии занон аз аввали пайдоиши Ҳокимияти Шӯравӣ ҳамчун ҷашни давлатӣ қайд карда мешуд. Он аз соли 1963 инҷониб рӯзи истироҳатӣ аст.
Агар зан нест дунё нотамом аст…Танҳо зане, ки озор намерасонад, модар аст.

2 Comments

  • Сабрина, 22.01.2020 @ 00:31 Reply

    Сайти хеле бехтарин аст. Ман хамаи малумотхои даркориамро аз ин сайт дарефт мекунам. Дар ин чо хамаи малумотхо ба таври пурра дида мешавад. Ба хама ин сайти бехтаринро тавсия медихам. Рахмати калон ба он нафаре, ки ин сайтро сохтааст.

  • Ирода, 03.03.2020 @ 19:54 Reply

    Рахмати калон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.