Воскресенье, 29 мартаВместе создадим светлое будущее!


Поздравления

Поздравления

Монолог ва табрикотхои рузи модарон (8-март)

Монолог ва табрикотхои рузи модарон (8-март)

Поздравления
Монолог дар мавзӯи "Модарҷонам!" Модарҷонам! Модарҷони азизам! Шуморо ба муносибати фарорасии идатон, яъне рӯзи 8-уми март, табрик намуда, бароятон аввало тани сиҳат, хонаи обод, зиндагии бардавом, рӯзгори пур аз шоду нишот, ҳавои беғубори дилкушо ва умри бобаракати Хизрриёнаро тамоно дарам. Модарҷонам, аз Худованди Муттаъол дуогӯи онам, ки сояи шуморо аз сари мо фарзандон ҳеҷ гоҳ дур накунад ва доимо соябону дуогӯи мо, фарзандон бимонед. Волидаи мушфиқам, шуморо ба шамъ монанд кардан шояд то андозае дуруст бошад. Шояд, зеро бе шумо, ҳам хона сард асту ҳам торик. Модарҷони меҳрубонам, шамъ барои он, ки ба дигарон равшани диҳад, оташе бар сари худ мегирад ва то ин ки дигарон роҳат бошанд, бо оташи ба сари худгирифта, тамоми вуҷудашро месӯзад, парвонаҳое гирди сари ӯ чарх мезананд ва ҳамчу
Табрикотхо ба зодрузи падар

Табрикотхо ба зодрузи падар

Поздравления
Падар эй чароғи хона! Марди дарё, марди дилҳо, Бо ту зиндагӣ боғе ҳаст, бе ту сарду зиндон. Ҳарчӣ дорам аз ту дорам, туӣ баҳори орзуҳо, Ҳанузам агар аз дастам нагирӣ, меафтам аз по. Падар таваллудат муборак! Ба поси фидокориҳои бечашмдоштат, ба поси ҳамаи дардҳову ранҷҳое, ки ба танҳои бар дӯш кашидиву ишқи бузургат, ки арзониям буд, барои ту менависам. Барои ту, ки солҳои ҷавоният дар обилаи дастонат пинҳон шудааст ва бар лабҳоят мӯҳри сукут хӯрдааст. Дастонатро бар рӯям бикаш, мехоҳам зери онро ламс кунам то шояд ӯ бигӯяд, ки чӣ қадар бароям заҳмат кашидаӣ. Падар то ҳол ҳар чӣ доштаам аз ту будааст, барои доштаҳои дирӯзу имрӯз аз ту муташаккирам. Таваллудат муборак ва рӯзат гиромӣ бод падар! Бо эҳтироми самимӣ, фарзанд(ҳоя)-тон «Ном ё якчанд номҳо» Падар, ман ки падар шудаам, медонам
Табрикотхо ба зодрузи модар

Табрикотхо ба зодрузи модар

Поздравления
Беҳтарин садои зиндагӣ тапиши қалби ту аст. Эй офтоби нозанини зиндагӣ ҳамеша дурахшон бимон. Таваллудат муборак модар! Муборак зодрӯзат модари ҷон, Набинад ғам вуҷудат модари ҷон. Танат бедард боду хотират шод, Ки ман гӯям дурудат модари ҷон. Аз самими қалб ва бо эҳтиром, фарзанд(ҳоя)-тон «Ном ё якчанд номҳо» Осмонро гуфтам, метавонӣ оё, Баҳри як лаҳзаи хеле кӯтоҳ рӯҳи модар гардӣ. Соҳиби рафъати дигар гардӣ, Гуфт не - не ҳаргиз. Каҳкашон кам дорам, нурбон кам дорам, Маҳу хуршед ба паҳнои замон кам дорам. Эй волотар аз осмон таваллудат муборак! Аз ту меҳрубонам бобати тамоми азиятҳои бачагӣ маъзарат мехоҳам. Умедворам, қалбат ҳеҷ гоҳ аз ман гилламанд набошад, то ман ҳамеша хушбахт бошам. Зеботарин ва поктарин қалбро дориву ман ҳанӯз натавонистаам заррае аз ранҷҳое, ки аз бар
Табрикотхо бо шеърхо (кисми 1) ба зодруз муборак

Табрикотхо бо шеърхо (кисми 1) ба зодруз муборак

Поздравления
Имдоди Худоӣ бод ёрат, Иқболи замона дар канорат. Чашме нарасад ба эътиборат, Ҳифзи яздони бувад нигорат. *     *     * Намехоҳам сарат хамгашта бошад, Намехоҳам дилат ғамгашта бошад. Фақат хоҳам дар ин дунёи равшан, Дилат шоду лабат пурханда бошад. *     *     * Хоҳамат ишқ ишқи яктое, Ки ба дарё чунин омузад. Хоҳамат бахт-бахти яктое, Ки дили зиндагӣ барафрузад. *     *     * Забони ҳақ шиори безабон бош, Нишони ворисони бенишон бош, Алам бардори руҳи сарбадорон, Бақоҷуи дуои модарон бош, Азизи мо, азизи сад ҷаҳон бош. *     *     * "Ном" орзумандем, ки шоҳбайти ғазал бошӣ, Ба хони зиндагонӣ беҳтар аз қанду асал бошӣ. *     *     * Ё раб ка
Табрикотхо бо шеърхо (кисми 2) ба зодруз муборак

Табрикотхо бо шеърхо (кисми 2) ба зодруз муборак

Поздравления
Зодрузи ту бӯи баҳор оварда, Пайғоми фараҳ ба рӯзгор оварда. Хоҳем, ки туро ҳамеша хандон бинем, Дар хонаи ту файзи фаровон бинем. Дар дил ба ҳар умед, ки дорӣ бирасӣ, Мо шодию бахти хеш дар он бинем. Мавлуди накӯи умр бодо табрик, Ин як зи ҳазори умр бодо табрик. Дар авҷу барор бахту толеи ту бод, Ин авҷу барори умр бодо табрик. Ҷуз дуоят нагуем, ки Рудакӣ гуфта, Сад сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ. Қади сарват ба Илоҳо хам нагардад, Дили шодат ба даври ғам нагардад. Дуои мо ҳамин бошад шабу руз, Ки як муй аз сари ту кам нагардад. Тамоми ҳастии дунё бароят бод мегӯем, Ҳамеша сарбаланду хонаат обод мегӯем. Бубини умр то яксаду ҳаштод мегӯем, Туро бо зодрузат мо муборакбод мегӯем. *     *     * Дар синаат базми тарабу сур бошад, Ҷонат зи ғами ранҷу бало дур бошад.

Табрикотхо бо шеърхо (кисми 3) ба зодруз муборак

Поздравления
Си баҳори пурсафоро дар задӣ, Ту гули садбарги тар бар сар задӣ. Зинда бош эй шуълаи хуршеди мо, Зинда бош эй хонаи уммеди мо. *     *     * Шавед садсолаю дарде набинед, Зи умри хушгузар гарде набинед. Зи умри хушгузар эй гул ба домон, Ба сад соли дигар гарде набинед. *     *     * Қади сарват илоҳо хам набинад, Дили шодат илоҳо ғам нагардад. Илоҳо бошию садсола бошӣ, Ба болои сари мо соя бошӣ. *     *     * Сар сабзу бадан саломату чеҳра ба нур, Иқбол ба каф, ба сина шодиву сурур. Ёрон ба канору зодрузат хушруз, Эй бор Худо,чашми бад аз руи ту дур. *     *     * Ба маҳфил моҳи тобон дар гулистон рангу бу бошӣ, Илоҳо ҳар куҷо бошӣ баҳори орзу бошӣ. *     *

Табрикотхо бо шеърхо (кисми 4) ба зодруз муборак

Поздравления
Рухат хуршедсон пурнур бодо, Ғаму ғусса зи ҷонат дур бодо. *     *     * Туро ҳусни накӯву дилнишин бод, Хушиву некрузиҳо қарин бод. Зи қалбат ғуссаву ғам дурр гардад, Ҳаётат мисли номат нозанин бод. *     *     * Эй баландахтар Худоят умри ҷовидон диҳад, Он чи пирузию баҳрузӣ дар он аст он диҳад. Ҷовидон нафси шарифат бандаи фармон диҳад, Баъд аз он бар ҷумлаи фармони ҳақ фармон диҳад. *     *     * Хоҳем мисли Саъдӣ, сад сол умр бубинӣ, Аз домани умедат, гулдастаҳо бичинӣ. Туро орзу дорем давлату ганҷ, Бубини сад сол умр, бе дарду бе ранҷ. *     *     * Аз бахт хандонат бинам, Чун лаъл рахшонат бинам. Дар ҳар баҳори умри худ, Доим гулафшонат бинам. *     

Шеърхои табрикотии туй (никох) муборак

Поздравления
Хоҳам ин хона пур аз ханда шавад, Аз вафову ишқ поянда шавад. Махзани равшаниву нур шавад, Чашми бад бинад агар кур шавад. Шахси бад раҳ наёбад ба дараш, Соҳиби хона зафарёб шавад, Соҳиби бачаи бисёр шавад. Сулҳу оштӣ ҳамоҳанг шавад, Гар шавад ҷанг қадаҳҷанг шавад. *     *     * Домоду арус хона муборак бодо! Пероҳани туёна муборак бодо! Дунёи дигар паси тори чимилиқ, Шоҳонаю фарзона муборак бодо. Муборак, шодии ёрон муборак! Муборак, хонаободи муборак! Ду авлодро ба ҳам пайванд кардед, Шаби пайвастани авлод муборак! *     *     * Шаби васлу шарафмандӣ муборак, Чунин шодию хурсандӣ муборак. Дилогоҳию дилбандӣ муборак, Чу нахле гашта пайвандӣ муборак! Муборак ин шаби шодӣ муборак! Муборак хонаободӣ муборак! *     *&n

Табрикотхо ба шавхар дар рузи 23 феврал (Артиши милли)

Поздравления
Вақте муҳаббататро бо ҳамаи вуҷудат ба ман тақдим кардиву маро шармандаи лутфи Каримонаат ва дили қашангатро моломол аз ишқ ба ман кардӣ бори дилдодагиро сахт бар дилам ниҳодиву амонати ишқро дар вуҷудам ниҳодӣ ва аҳд кардам, ки такягоҳат дар ҳама лаҳзаҳои умрат бошам. Рӯзи мардро ба шумо ҳамсари азизу меҳруббонам табрик мегӯям! Ҳамсари беҳамтои ман, бо як дунё ишқ рӯзи мардро ба ту меҳрубонтарин ва танҳо такягоҳам табрик мегӯям ва орзуи беҳтаринҳоро бароят дорам. Дӯстдори ту… Ҳамсари азизам бобати тамоми хубиҳоят сипосгузорам ва рузи мардро ба ту, ки дар хотирам беҳтарин марди оламӣ табрик мегуям. Бо ишқ, ҳамсарат… Дар ин рӯзи азиз, дар ин лаҳзаҳои қашанг зеботарин калимае, ки метавон гуфт якест «Дуст дорам» бо ҳамроҳи як осмон ишқу таманно тақдим ба ту ҳамсари азизам, рӯзат му

Табрикотхо ба падар дар рузи 23 феврал (Артиши милли)

Поздравления
Рӯзи мардонро ба марди ҳақиқие, ки мақоми зебои мардонагиро дарк кардаанд, табрик мегӯям. Идатон муборак! Зеботарин вожа бар лаби одамӣ вожаи падар аст. Зеботарин хитоб "падарҷон" падар вожае аст, саршор аз умеду ишқ. Вожаи ширину меҳрубоне, ки аз самими ҷон бармеояд. Падари азизам идатон муборак! Падарҷон, нигоҳи меҳрубону садои дилнишинат ҳамеша марҳами дили ман дар ин ғурбат аст, бидон, ки барои ман беҳтаринед. Падар, ид муборак бошад! Дар осмони обии дилам, ҷое барои абрҳо нест. Падарам! Дуоям кун, ки бо дуоят, дилам хонаи дардҳо нест. Азизтарин азизонам, рӯзатон муборак! Ба дунболи қашангтарин вожаҳову калимаҳо мегардам, аммо ҳеҷ калимаву вожае наметавонад азамати ҳузури шуморо дар зиндагии ман васф кунад. Фақат мегӯям «Дӯстат дорам», идатон муборак! Падарам, тоҷи сар