Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ВА ХИРОҶҲОИ ГУМРУКӢ

Дар асоси омўхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ ва асосҳои қонунгузории гумрукӣ дар Тоҷикистон муайян намудем, ки ба пардохтҳои гумрукӣ:1. Пардохтҳои гумрукӣ ва намудҳои онҳо

Дар асоси омўхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ ва асосҳои қонунгузории гумрукӣ дар Тоҷикистон муайян намудем, ки ба пардохтҳои гумрукӣ:

1) боҷи гумрукӣ;

2) андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад;

3) аксиз, ки ҳангоми воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад, дохил мешаванд.

Мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтҳои гумрукӣ ситонида мешаванд. Инчунин боҷҳои махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ низ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, тибқи қоидаҳои пешбининамудаи КГҶТ нисбати ситонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ пардохт карда мешаванд.

Бояд қайд намоем, ки пардохткунанда, тартиби ҳисоб ва пардохти андозро қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Акнун ба дида баромадани қисмҳои ҷудогонаи онҳо мегузарем:

Боҷҳои гумрукӣ

Боҷҳои гумрукӣ ҳангоми декларатсия кардани мол дар низомҳои гумрукие, ки шартҳои таҳти ин низом ҷойгиркунонӣ супурдани боҷҳои гумрукиро таъмин мекунанд, мувофиқи КГҶТ пардохта мешаванд.

Ставкаҳои боҷҳои гумрукиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд ва мувофиқи моддаи 4 КГҶТ эътибор пайдо мекунад. Ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ ба чунин гурўҳҳо тақсим мешаванд:

1) адвалорӣ – ба арзиши гумрукии моли мавриди андозбандӣ қароргирифта бо фоиз ҳисоб карда мешаванд;

2) махсус – тибқи ҳаҷми муқарраршудаи воҳиди моли мавриди андозбандӣ қароргирифта ҳисоб карда мешаванд;

Боҷҳои гумрукии мавсимӣ

Дар ин раванд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад боҷҳои гумрукии мавсимиро барои танзими фаъолияти тиҷорати хориҷӣ муқаррар намояд. Дар ин ҳолат ставкаҳои боҷҳои гумрукии муқаррарнамудаи тарифи гумрукӣ истифода карда намешаванд. Мўҳлати амали боҷҳои гумрукии мавсимӣ дар як сол набояд аз шаш моҳ зиёд бошад.

Намудҳои хоси боҷҳо

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати моли воридотӣ боҷҳои хоси гумрукӣ метавонанд муваққатан истифода карда шаванд (махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ):

1) боҷҳои махсус ин тариқ истифода мегарданд:

– ба сифати тадбири муҳофизатӣ, агар мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин миқдор ё шартҳое ворид шавад, ки он тавонад ба истеҳсолкунандагони ватании моли шабеҳ ва ё моли бевосита рақобаткунанда зарар расонад ё таҳдиди зарар расонидан намояд;

– ҳамчун тадбири ҷавобӣ ба амалҳои табъизӣ (дискриминатсионӣ) ва амалҳои дигари баъзе кишварҳо ё иттиҳодияҳои онҳо, ки манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистонро халалдор менамоянд.

2) боҷҳои зиддидемпингӣ дар сурати ворид намудани мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нархи нисбат ба нархи гумрукии миёнаи омории дар кишвари содиркунанда дар лаҳзаи воридот ниҳоят пасттар, агар чунин воридот ба истеҳсолкунандагони дохилии моли шабеҳ зарари моддӣ расонад ё таҳдиди зарар расонидан намояд ё ба ташкил ва ё ба бештар истеҳсол намудани чунин мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамониат кунад, истифода мегарданд.

3) боҷҳои ҷубронӣ, ҳангоми ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани моле, ки ҳангоми истеҳсол ё содир кардани он бевосита ё бавосита аз субсидия истифода шудааст ва агар чунин воридот ба истеҳсолкунандагони ватании моли шабеҳ зарари моддӣ расонад ё таҳдиди зарар расонидан намояд ё ба ташкил ва ё ба истеҳсоли бештари моли шабеҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамониат кунад, истифода бурда мешаванд.

Озодкунии молҳои алоҳида аз пардохти боҷҳои гумрукӣ

Намудҳои зерини моли воридотӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ озод карда мешавад:

1) воридоти асъори миллӣ ва (ё) хориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин коғазҳои қиматнок;

2) воридоти тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий) аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин воридоти тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий), алмосҳои табиӣ (коркардшуда ва коркарднашуда), сапфир, зумуррад, рубин, александрит, гавҳар, шпинел аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо;

3) воридоти мол ба сифати кўмаки башардўстона ва воридоти моле, ки ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дода мешавад;

4) воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо (ки маҷмўи ягонаро ташкил медиҳанд, яъне бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ имконнопазир аст) барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда ба шарте ки ин амвол мустақиман дар истеҳсоли мол, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисотии корхона истифода гардад ва ба категорияи моли таҳти аксиз қарор нагирад, инчунин амволи шахсие, ки кормандони хориҷии корхонаҳои дорои инвеститсияҳои хориҷӣ мустақиман барои эҳтиёҷоти худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамоянд. Дар сурате, ки агар чунин корхона барҳам дода шавад, ё таҷҳизоти истеҳсолии технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, дар ҷараёни чор сол аз лаҳзаи воридот ба ҷумҳурӣ истифода бурда нашаванд ё аз ҷониби ин корхона ба дигар шахс фурўхта шаванд, боҷҳои гумрукӣ, ки мутобиқи ҳамин банд пардохта нашудаанд, бояд ба буҷет ситонида шаванд. Фароҳам овардани ин имтиёзот ва ба таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ мансуб намудани таҷҳизот тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад;

5) воридоти техникаи кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётии он, инчунин дорувории тиббӣ аз рўи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мутобиқи рўйхати муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) воридоти моле, ки барои татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки маъқулдонистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби (дар доираи) маблағи грантҳо ва (ё) кредитҳое (қарзҳое), ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, давлатҳои хориҷӣ, ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ фароҳам овардаанд, амалӣ гардонда мешаванд;

7) воридоти мол барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим. Номгўи чунин мол ва объектҳои махсусан муҳимро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Бояд қайд намоем, ки таҳти мафҳуми имтиёзҳои тарифӣ чунин имтиёзе фаҳмида мешавад, ки ҳангоми татбиқи сиёсати тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби яктарафа шартҳои муносибатҳои мутақобила ё нисбати моли аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда, баргардонидани боҷи қаблан пардохташуда, озод кардан аз пардохти боҷи гумрукӣ, кам кардани ставкаи боҷи гумрукӣ, муқаррар намудани квотаҳои тарифӣ барои воридоти (содироти) имтиёзноки мол пешниҳод карда мешавад.

Имтиёзҳои тарифӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Хироҷҳои гумрукӣ ва намудҳои онҳо

Ба хироҷҳои гумрукӣ дохил мешаванд:

1) хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ;

2) хироҷи гумрукӣ барои мушоияти гумрукӣ;

3) хироҷи гумрукӣ барои нигаҳдории мол дар анборҳои мақоми гумрук;

Ҳангоми барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт, мушоияти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, нигоҳдории мол дар анборҳои мақоми гумрук, инчунин барои додани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи гумруки хироҷҳои гумрукӣ тибқи тартиб ва андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд.

Хироҷҳои гумрукӣ аз ҷиҳати андоза бояд бо арзиши тахминии хизматрасонӣ маҳдуд шуда бошанд ва набояд асоси ғайримустақими ҳимояи моли ватанӣ ё бо мақсади ситонидани боҷу хироҷ асоси андозбандии моли хориҷӣ ҳангоми воридоти он гарданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ ўҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар ҳолати зайл ба миён меоянд:

1) ҳангоми воридоти мол – аз лаҳзаи убури сарҳади гумрукӣ;

2) ҳангоми содироти мол – аз лаҳзаи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ё анҷом додани амалҳое, ки мақсад аз онҳо мустақиман содир намудани мол аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ба ғайр аз ин, боҷҳои гумрукӣ ва андоз супорида намешаванд, агар:

1) мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё КГҶТ:

– аз мол боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида нашаванд;

– агар мол аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз шартан пурра озод карда шуда бошад – дар давраи амали ин гуна озодкунӣ ва бо риояи шартҳое, ки дар натиҷаи онҳо мол аз пардохти боҷу андозҳо озод карда шудааст;

2) агар то иҷозат барои муомилоти озод ва ҳангоми аз тарафи шахсон вайрон нашудани талаботу шартҳои муқаррарнамудаи КГҶТ моли хориҷӣ бар асари садама ва ё таъсири қувваи рафънопазир ё дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ ва ё талаф дар шароити муқаррарии интиқол, нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ тамоман нобуд ё тамоман талаф шуда бошад;

3) агар мол мувофиқи КГҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти давлатӣ гузаронида шавад.

Нисбати моле, ки барои муомилоти озод дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст ва ё аз ин қаламрав содир карда шудааст, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз қатъ меёбад.

Дар Тоҷикистон шахси масъул барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз декларант ба ҳисоб меравад. Агар мол аз тарафи брокери гумрук (намоянда) декларатсия карда шавад, ў мувофиқи қисми 2 моддаи 144 КГҶТ барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз шахси масъул ҳисоб меёбад.

Дар ҳолати риоя нашудани муқаррароти КГҶТ дар бораи истифодабарӣ ва ихтиёрдории мол ё иҷрои дигар талаботу шартҳои муқаррарнамудаи КГҶТ барои татбиқи расмиёти гумрукӣ ва низоми гумрукӣ, ки мазмуни онҳо пурра ё қисман аз супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод карданро пешбинӣ менамояд, шахсони барои супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул дар ҳолатҳои пешбининамудаи КГҶТ соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ, соҳиби анбори гумрукӣ, интиқолдиҳанда, шахсоне, ки ба зиммаи онҳо масъулияти риояи низомҳои гумрукӣ гузошта шудааст, ҳисоб мешаванд.

Инчунин ҳангоми насупурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, аз ҷумла ҳангоми нодуруст ҳисоб кардан ва (ё) дер супурдани онҳо дар назди мақомоти гумрук шахсе ҷавобгар аст, ки масъулияти супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андозро ба зимма дорад.

Ба ғайр аз ин ҳангоми интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ масъулияти супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба ўхдаи шахси интиқолдиҳандаи ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ва ба зиммаи шахсе мебошад, ки дар интиқоли ғайриқонунӣ иштирок мекунад, агар онҳо аз чунин интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт огоҳ буданд ва ё бояд огоҳ мебуданд, ҳангоми воридот бошад, инчунин шахсоне масъуланд, ки молу воситаҳои нақлиёти ғайриқонунӣ воридшударо барои худ харида гирифтаанд ва ё моликияти худ қарор додаанд, ба шарте ки ҳангоми харидан ғайриқонунӣ ворид шудани онҳоро медонистанд ё худ бояд огоҳ мебуданд, ки ин ваҷҳ ба таври зарурӣ тибқи тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Агар шахсони номбаршуда дар содироту воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба сифати декларант амал карда бошанд, онҳо барои супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, чунин масъулиятро ба зимма доранд.

Дар Тоҷикистон нисбати моли ба қаламрави гумрукии он воридшавандамаҳдудиятҳо оид ба маблағи умумии боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҷори карда шудааст. Маблағи умумии боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моли ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда наметавонад аз маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки бояд супорида шаванд, зиёд бошад, чуноне ки агар мол барои муомилоти озод ҳангоми ворид шуданаш ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе супурдани фоиз иҷозат дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар натиҷаи тағйир ёфтани ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ ва андоз зиёд мешавад ва нисбати мол ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ ва андози дар рўзи қабули декларатсияи гумрукӣ амалкунанда аз тарафи мақоми гумрук ҳангоми арзи тағйири низоми гумрукӣ татбиқ мегардад. Дар ин ҳолат маблағи супоридаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки ҳангоми истифодаи низоми гумрукии пешина пардохта шудааст, ҳангоми супурдани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи шартҳои низоми аз нав интихобшудаи гумрукӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.