Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


МУАЙЯН НАМУДАНИ АРЗИШИ ГУМРУКИИ МОЛ

Дар раванди фаъолияти гумрукӣ яке аз мавқеъҳои асосиро арзиши гумрукӣ ишғол менамояд. Арзиши гумрукии мол арзиши молест, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол ёфта, муайян мегардад ва ба мақсадҳои зерин истифода бурда мешавадДар раванди фаъолияти гумрукӣ яке аз мавқеъҳои асосиро арзиши гумрукӣ ишғол менамояд. Арзиши гумрукии мол арзиши молест, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол ёфта, муайян мегардад ва ба мақсадҳои зерин истифода бурда мешавад:
1) таҳти пардохтҳо ва хироҷҳои гумрукӣ қарор додани мол;
2) ба кор бурдани тадбирҳои дигари танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Акнун ба дида баромадани тарзҳои мухталифи муайян намудани арзиши гумрукӣ мегузарем:
1. Муайян кардани арзиши гумрукии моли содиротӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши гумрукии моле, ки аз қаламрави гумрукӣ содир мешавад, дар асоси нархи муомилотие, ки воқеан пардохта шудааст ва ё ҳангоми фурўши он барои содирот бояд пардохта шавад, муайян карда мешавад.
Дар раванди муайян кардани арзиши гумрукии мол хароҷоти зерин ба нархи муомилот дохил карда мешавад, ба шарте агар он қаблан дохил карда нашуда бошад:
1) хароҷоти расондани мол то фурўдгоҳ, бандар ё маҳали дигари содироти мол аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– арзиши ҳамлу нақл;
– хароҷоти борбардорӣ ва борфарорӣ, аз нав бор кардан ва аз ҷое ба ҷое кашондани мол;
2) арзиши суғурта;
3) хароҷоти фурўшанда:
– музди комиссионӣ ва брокерӣ;
– арзиши контейнер ё зарфҳои дигари серистифода, ба шарте, агар мутобиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ он ҳамчун воҳиди тому ягона бо моли арзёбишаванда баррасӣ гардад;
– арзиши бастабандӣ, аз ҷумла арзиши масолеҳи бастабандӣ ва корҳои вобаста ба бастабандӣ;
4) роялти ва хироҷи додани иҷозатнома барои моли арзёбишавандае, ки бояд фурўшанда мустақиман ва ё ғайримустақим ҳамчун шарти фурўши моли арзёбишаванда супорад, ба шарте, агар чунин роялти ва хироҷ ба нархе, ки воқеан супурда шудааст ё бояд супорида шавад, дохил нашуда бошад;
5) қисми даромад аз фурўши минбаъда, ки мустақиман ва ё ғайримустақим фурўшанда мегирад;
6) андозҳое, ки дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд, ба шарте ки мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо ба фурўшанда вобаста ба баровардани мол аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда намешаванд.
Ба ғайр аз ин ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол аз нархи муомилотӣ пардохту хароҷоти зерин хориҷ карда мешаванд, ба шарте агар онҳо қаблан ба нархи муомила дохил шуда, бо ҳуҷҷат тасдиқ карда шуда бошанд:
1) хароҷоти насб, васл, танзими таҷҳизот ё расонидани кўмаки техникии баъди содир кардани чунин таҷҳизот аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) хароҷоти расондани мол баъди содир кардани он аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) арзиши суғуртаи расондани мол баъди содироти он аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки дар давлати воридкунанда пардохта мешаванд.
Дар сурати вуҷуд надоштани нархи муомилотӣ арзиши гумрукии моли содиротӣ дар асоси нусхаи ҳуҷҷати муҳосибавии фурўшандаи содиркунанда дар бораи хароҷоти вобаста ба истеҳсол ё харид, нигоҳдорӣ ва интиқоли моли содиротӣ, ки аз тарафи декларант пешниҳод мешавад, муайян карда мешавад. Дар баробари ин хароҷоти дар қисми 2 ин қисм зикршуда низ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Инчунин дар сурати мавҷуд набудани маълумоти тасдиқкунандаи арзиши гумрукии арзшудаи моли содиротӣ арзиши гумрукии чунин мол тибқи маълумот дар бораи моли шабеҳ ва ё ҳамҷинс, ки мақоми гумрук дар ихтиёр дорад, аз ҷумла тибқи маълумоте, ки бо истифода аз натиҷаи экспертизаи мустақил пешниҳод шудаааст, муайян мегардад.
2. Усулҳои муайян кардани арзиши гумрукии моли воридотӣ
Арзиши гумрукии моле, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, бо истифодаи усулҳои зерин муайян карда мешавад:
1) тибқи нархи муомилоти моли воридшаванда;
2) тибқи нархи муомилоти моли шабеҳ;
3) тибқи нархи муомилоти моли ҳамҷинс;
4) тарҳи арзиш;
5) ҷамъ кардани арзиш;
6) усули эҳтиётӣ.
Усули асосии муайян кардани арзиши гумрукии мол усулест, ки ба нархи муомилотии моли воридотӣ асос ёфтааст.
Дар сурати имконнопазирии истифодаи усули асосӣ паёпай усулҳои номбаршуда ба кор бурда мешаванд. Зимнан кадом усули минбаъда баъди он истифода мешавад, ки арзиши гумрукии молро бо истифода аз усули қаблӣ муайян кардан имконнопазир бошад. Дар асоси аризаи декларант усулҳои тарҳ ва ҷамъ кардани арзиш бо тартиби баръакс анҷом дода мешавад.
Маълумот барои муайян кардани арзиши гумрукии мол бо яке аз усулҳои пешбинигардида бояд мутобиқи принсипҳои ҳисоби муҳосибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Усули муайян кардани арзиши гумрукӣ тибқи нархи муомилотии моли воридотӣ
Арзиши гумрукии моли ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда нархест, ки воқеан пардохт шудааст ё бояд ҳангоми фурўши он барои содирот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шавад.
Ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол хароҷоти зерин ба нархи муомила илова карда мешавад, ба шарте агар он қаблан дохил карда нашуда бошад:
1) хароҷоти расонидани мол ба фурўдгоҳ, бандар ё маҳали дигари ворид кардани мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– арзиши интиқол;
– хароҷоти борбардорӣ, борфарорӣ, аз нав бор кардан ва аз ҷое ба ҷое кашондани мол;
2) арзиши суғурта;
3) хароҷоти харидор;
– музди комиссионӣ ва брокерӣ, ба истиснои музди комиссионии хариди мол;
– арзиши контейнер ё зарфҳои дигари серистифода, ба шарте агар мутобиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ он ҳамчун воҳиди тому ягона бо моли арзёбишаванда баррасӣ гардад;
– арзиши бастабанд, аз ҷумла арзиши масолеҳи бастабандӣ ва корҳои вобаста ба бастабандӣ;
4) қисми дахлдори арзиши зерини моле (кору хизматрасоние), ки мустақиман ё ғайримустақим аз тарафи харидор ба фурўшанда ройгон ё бо нархи арзон барои истифода вобаста ба истеҳсол ё фурўши моли арзёбишавандаи содиротӣ пешниҳод шуда буд:
– ашёи хом, қисмҳо, моли нимтайёр ва маҳсулоти дигари такмилӣ, ки қисми таркибии моли арзёбишаванда ба шумор меравад;
– асбобу анҷом, штампу қолабҳо ва ашёи шабеҳи дигаре, ки ҳангоми истеҳсоли моли арзёбишаванда ба кор бурда шудаанд;
– масолеҳе, ки дар истеҳсоли моли арзёбишаванда харҷ шудааст (равғанҳои молиданӣ, сўзишворӣ ва ғайра);
– тадқиқоти муҳандисӣ, корҳои конструкторию таҷрибавӣ, дизайн, ороиши бадеӣ, нигораву нақшаҳое, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шуда, бевосита барои истеҳсоли моли арзёбишаванда заруранд;
5) роялти ва хироҷ барои додани иҷозатнома ба моли арзёбишавандае, ки бояд харидор мустақиман ё ғайримустақим ҳамчун шарти фурўши моли арзёбишаванда супорад, ба шарте агар чунин роялти ва хироҷ ба нархе, ки воқеан супурда шудааст ё бояд супорида шавад, дохил нашуда бошад;
6) ҳаҷми қисми даромади мустақим ё ғайримустақими фурўшанда аз ҳама гуна фурўши минбаъда, супурдан ё истифодаи моли арзёбишаванда.
Бояд қайд намоем, ки дар сурати расондани як партия моли номгўи гуногун хароҷоте, ки бояд ба арзиши гумрукии ҳар яке аз моли воридотӣ дохил карда, барои тамоми партияи мол таъин гардидааст, мутаносибан тибқи ҳаҷме, ки бо таносуби арзиши ҳар мол нисбати арзиши партияи мол муайян мегардад, муқаррар карда мешавад.
Инчунин ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол пардохтҳо ва хароҷот бо шарте дохил карда намешаванд, ки онҳо аз нархи барои моли воридотӣ воқеан пардохтшуда ё пардохтшаванда тарҳ карда шуда бошанд:
1) хароҷоти насб, васл, танзими таҷҳизот ё расонидани ёрии техникӣ баъди ворид кардани чунин таҷҳизот ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) хароҷоти расонидан баъди ворид шудани мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки дар давлати воридоти мол супурда мешаванд.
Дар Тоҷикистон усули вобаста ба нархи муомилоти моли воридотӣ барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода бурда намешавад, агар:
1) нисбати ҳуқуқ барои ихтиёрдорӣ ё истифода мавҷуд будани маҳдудият аз ҷониби харидори моли арзёбишаванда, ба истиснои:
– маҳдудиятҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд;
– маҳдудиятҳои минтақаи ҷуғрофӣ, ки дар он мумкин аст мол бозфурўшӣ шавад;
– маҳдудиятҳое, ки ба арзиши мол таъсири ҷиддӣ намерасонанд;
2) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи муомилоте, ки нишонаҳои хариду фурўш надорад, мол чунин ворид карда шудааст:
– ройгон;
– бо шарти консигнатсия, ки молрасониро барои фурўш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе гузаштани ҳуқуқи моликият ба воридкунанда пешбинӣ менамояд;
– ба унвони филиалҳои (намояндагиҳои) худ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, аз тарафи шахси ҳуқуқии хориҷӣ;
– мувофиқи қарордоди иҷораи молиявии молу мулк (лизинг);
– бо мақсади нигаҳдошти муваққатӣ;
– ҳамчун партови истеҳсолот бо мақсади истифодабарии ғайритиҷории он;
– бо мақсади ивази кардани моли (маснуоти такмилӣ) дорои сифати номатлубе, ки барояш мўҳлати кафолат муқаррар шудааст;
– тибқи дигар муомилот;
3) фурўш ё нархи муомилот ба риояи шартҳое вобастагӣ дорад, ки баҳисобгирии таъсири онҳо имконнопазир аст ва аз ин сабаб арзиши муомилот барои муайян кардани арзиши гумрукӣ қобили қабул намебошад:
– шартномаи мубодила (мена);
– шартномаҳои пешбиникунандаи амалиёти толлингӣ;
– шартномаҳои контрактатсия;
– дигар намудҳои шартномаҳо;
4) маълумоте, ки декларант ҳангоми арзи арзиши гумрукӣ истифода бурдааст, бо санадҳо тасдиқ нашудааст ва ё миқдоран муайяншаванда ва эътимодбахш намебошанд;
5) иштирокчиёни муомила шахсони ба якдигар вобастаанд ва арзиши муомила барои муайян кардани арзиши гумрукӣ мутобиқи талаботи ҳамин модда ҳамчун асос қобили қабул намебошад. Зимнан мафҳуми шахсони ба якдигар вобаста ба маънои шахсонест, ки яке аз нишонаҳои зеринро қонеъ мекунанд:
– яке аз иштирокчиёни муомила ё шахси мансабдори яке аз иштирокчиёни муомила ҳамзамон шахси мансабдори иштирокчии дигари муомила мебошад;
– ширкаткунандагони муомила соҳиби муштараки корхона ҳисоб мешаванд;
– иштирокчиёни муомила бо муносибатҳои меҳнатӣ алоқаманданд;
– яке аз шахсон мустақиман ва ё ғайримустақим панҷ ва ё бештар аз панҷ фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи дар муомилаи ҳар яке аз иштирокчиёни муомила буда ё аъзоҳақии дар сармояи оинномавии ҳар кадоми иштирокчиёни муомиларо молик аст ё назорат менамояд;
– иштирокчиёни муомила таҳти назорати мустақим ва ё ғайримустақими шахси сеюм қарор доранд;
– иштирокчиёни муомила муштаракан шахси сеюмро ба таври мустақим ва ё ғайримустақим назорат менамоянд;
– яке аз иштирокчиёни муомила таҳти назорати мустақим ва ё ғайримустақими иштирокчии муомила қарор дорад;
– иштирокчиёни муомила ё шахсони мансабдори онҳо хешовандони наздиканд.
Бояд қайд намоем, ки вобастагии мутақобилаи иштирокчиёни муомила барои ғайри қобили қабул ҳисоб кардани нархи муомила асоси кофӣ буда наметавонад. Дар ин ҳолат мақоми гумрук бояд ҳолатҳои иловагии муомиларо омўзад ва нархи онро, агар вобастагии мутақобила ба нарх таъсир накарда бошад, мумкин аст барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода барад.
Муайян карда шудааст, ки агар мақоми гумрук далел ва асосе дошта бошад, ки вобастагии мутақобилаи иштирокчиёни муомила ба нархи мол таъсир кардааст, ба декларант (бо хоҳиши декларант ба шакли хаттӣ) дар хусуси имконияти пешниҳоди маълумоти иловагӣ тавсия медиҳад, ки ба нархи мол таъсир нарасондани вобастагии мутақобиларо тасдиқ менамояд.
Бо ташаббуси декларант мумкин аст арзиши муомила ҳамчун асоси муайян кардани арзиши гумрукии мол қабул шавад, ба шарте агар декларант исбот намояд, ки ин арзиш ба яке аз арзишҳои зерини тақрибан муқарраршуда наздик аст:
1) ба арзиши муомилотии моли шабеҳ ё ҳамҷинс ҳангоми содир намудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни иштирокчиёне, ки ба ҳамдигар вобастагӣ надоранд;
2) арзиши гумрукии моли шабеҳ ё ҳамҷинсе, ки бо усули тарҳ кардани арзиш муайян шудааст;
3) арзиши гумрукии моли шабеҳ ё ҳамҷинс, ки бо усули ҷамъ кардани арзиш муайян шудааст.
9. Нархҳое, ки декларант барои муқоиса пешниҳод кардааст, бо назардошти тафовутҳои зерин тасҳеҳ карда мешаванд:
1) тафовут дар сатҳи тиҷоратӣ;
2) тафовут дар миқдор;
3) тафовут дар унсурҳо (хароҷот), ки дар қисми 2 моддаи 355 КГҶТ зикр шудаанд;
4) тафовут дар хароҷоти дигари фурўшанда, ки ҳангоми муомилаи шахсони ба ҳамдигар новобаста ба миён меояд, ба шарте ки фурўшанда ҳангоми муомила бо шахси вобаста чунин хароҷот накунад.
Бояд қайд намоем, ки нархи моли шабеҳ ё ҳамҷинсе, ки декларант барои муқоиса пешниҳод кардааст, наметавонад бар ивази нархи муомила барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода бурда шавад.
Усули муайян кардани арзиши гумрукӣ тибқи нархи муомилоти моли шабеҳ
Дар Тоҷикистон ҳангоми истифодаи усули муайян кардани арзиши гумрукии нархи муомилоти моли шабеҳ ҳамчун асоси муайян намудани арзиши гумрукии мол нархи муомилоти моли шабеҳ бо шарти риояи ҳолатҳои дар ҳамин модда зикргардида истифода карда мешавад.
Ба ақидаи мо, таҳти моли шабеҳ моле фаҳмида мешавад, ки бо моли арзишашон муайяншаванда тибқи хусусиятҳои зерин шабеҳ аст:
1) хусусияти физикӣ;
2) сифат ва қурб дар бозор.
Ҳангоми истифодаи усули арзиши гумрукӣ дар асоси ҳамин модда:
1) мол ба моли арзёбишаванда шабеҳ ҳисоб намеёбад, агар мол дар давлати истеҳсолшудаи моли арзишашон муайяншаванда истеҳсол нашуда бошад;
2) моле, ки онро на истеҳсолкунандаи моли арзишаш муайяншаванда, балки шахси дигар истеҳсол кардааст, ба инобат гирифта мешавад, ба шарте, агар моли шабеҳи арзишаш муайяншавандаи шахси истеҳсолкарда мавҷуд набошад;
3) мол шабеҳ ҳисобида намешавад, агар корҳои тарҳрезӣ, таҷрибавӣ, озмоишию конструкторӣ, ороиши бадеӣ, дизайн, ангора ё нақшаҳои он:
– ба харидор аз тарафи фурўшанда ройгон ё бо нархи арзон ба мақсади истифода дар истеҳсолот ва фурўш барои содирот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда бошад;
– дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шуда, аз ҳамин сабаб арзиши он ба арзиши гумрукии мол дар асоси сархати панҷуми банди 4 қисми 2 моддаи 355 КГҶТ ҳамроҳ карда нашудааст.
Бояд қайд намоем, ки фарқияти ночиз дар намуди зоҳирӣ барои баррасӣ нашудани ин мол ҳамчун моли шабеҳ асос шуда наметавонад, ба шарте агар ин гуна мол ба талаботи ҳамин модда ҷавобгў бошад.
5. Нархи муомилоти моли шабеҳ барои муайян намудани арзиши гумрукии онҳо ҳамчун асос қабул карда мешавад, ба шарте агар ин мол:
1) барои ворид намудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхта шуда бошад;
2) ҳамзамон бо моли арзиши гумрукиаш муайяншаванда ё камаш то 90 рўзи тақвимӣ пеш аз воридоти моли арзишаш муайяншаванда ворид карда шуда бошад;
3) тақрибан ба ҳамон миқдор ва ҳамон сатҳи тиҷоратӣ ворид карда шуда бошанд.
Инчунин агар мол ба ҳамон миқдор ва сатҳи тиҷоратӣ (яклухт, чакана) ворид нашуда бошад, мумкин аст арзиши моли монанди ба миқдори дигар ва дараҷаи тиҷоратии дигар воридшуда (яклухт, чакана) бо тасҳеҳи нарх, бо назардошти ин фарқиятҳо истифода карда шавад.
Бояд қайд намуд, ки агар арзиши хароҷоте, ки дар бандҳои 1 ва 2 қисми 2 моддаи 355 КГҶТ зикр шуда барои моли шабеҳ ба сабаби фосилаи роҳ ва навъи воситаи нақлиёт аз арзиши чунин хароҷоти моли арзишашон муайяншаванда бисёр фарқ кунад, арзиши гумрукӣ, ки тибқи муомилоти моли шабеҳ муайян карда мешавад, бояд ба таври дахлдор тасҳеҳ карда шавад.
Ба ақидаи мо молҳои шабеҳ бояд мувофиқи талаботи пешбининамудаи қисмҳои 6 ва 7 моддаи 356 КГҶТ дар асоси маълумоти аниқ ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда тасҳеҳ карда шаванд.
Агар дар натиҷаи истифодаи усули мазкур зиёда аз як нархи муомилоти моли шабеҳ пайдо шавад, барои муайян намудани арзиши гумрукии моли воридотӣ нархи аз ҳама пасти онҳо истифода карда мешавад.
Усули муайян намудани арзиши гумрукӣ тибқи нархи муомилоти моли ҳамҷинс
Дар Тоҷикистон ҳангоми истифодаи усули муайян намудани арзиши мол тибқи нархи муомилоти моли ҳамҷинс ҳамчун асос барои муайян намудани арзиши гумрукии мол бо риояи шартҳои дар ҳамин модда нишондодашуда нархи муомилоти моле истифода мешавад, ки бо моли воридшаванда ҳамҷинс мебошад.
Молҳои ҳамҷинс моли ба ҳам шабеҳ нест, вале хусусиятҳои ба ҳам монанд дошта, аз унсурҳои ба ҳам монанд иборат аст, ки ба онҳо имконият медиҳад ба мисли моли арзишаш муайяншаванда вазифаҳои якхеларо иҷро намояд ва дар доду гирифт якдигарро иваз карда тавонад.
Ҳангоми муайян намудани ҳамҷинсии мол хусусиятҳои зерини он ба инобат гирифта мешаванд:
1) сифат ва нишони молӣ;
2) қурб дар бозор.
Дар раванди истифодаи усули муайян намудани арзиши гумрукии мол тибқи нархи муомилоти моли ҳамҷинс муқаррароти қисмҳои 4 – 9 моддаи 356 КГҶТ татбиқ карда мешавад.
Бояд қайд намоем, ки ҳангоми истифодаи усули мазкури муайян намудани арзиши гумрукӣ:
1) мол бо моли арзишаш муайяншаванда ҳамҷинс ҳисоб карда намешавад, ба шарте агар он дар кишвари истеҳсолкардаи моли арзишаш муайяншаванда истеҳсол нашуда бошад;
2) моле, ки онро на истеҳсолкунандаи моли арзишаш муайяншаванда, балки шахси дигар истеҳсол намудааст, ба инобат гирифта мешавад, ба шарте агар моли ҳамҷинси истеҳсолкардаи арзишаш муайяншавандаи ҳамон истеҳсолкунанда мавҷуд набошад;
3) мол ҳамҷинс ҳисобида намешавад, ба шарте агар корҳои тарҳрезӣ, таҷрибавӣ, озмоишию конструкторӣ, ороиши бадеӣ, дизайн, ангора ё нақшаҳои он:
– ба харидор аз тарафи фурўшанда ройгон дода ё бо нархи арзон ҷиҳати истифода дар истеҳсолот ва барои содир кардан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхта шуда бошад;
– дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шуда, аз ҳамин сабаб арзиши он ба арзиши гумрукии мол дар асоси сархати панҷуми банди 4 қисми 2 моддаи 355 КГҶТ ҳамроҳ карда нашуда бошад.
Усули муайян намудани арзиши гумрукӣ дар асоси тарҳи арзиш
Арзиши гумрукии мол тибқи усули нархгузорӣ дар асоси тарҳи арзиш дар он ҳолате муайян карда мешавад, ки моли нархгузоришавандаи шабеҳ ва ҳамҷинс бе тағйири ҳолати аввалиаш фурўхта шавад.
Дар раванди истифодаи усули тарҳи арзиш барои муайян намудани арзиши гумрукии мол нархи воҳиди моле чун асос қабул карда мешавад, ки тибқи он моли шабеҳ ва ҳамҷинс дар баробари воридоти моли нархгузоришаванда ба шахсони бо фурўшанда новобаста ба миқдори хеле зиёд яклухт фурўхта мешавад.
Инчунин дар баробари ин мол бояд ҳамзамон бо воридоти моли нархгузоришаванда дар як вақт фурўхта шавад ва дар сурати дар ин муддат фурўхта нашуданаш бояд дар давраи наздиктари воридоти моли нархгузоришаванда, яъне дар муддати на дертар аз 90 рўзи тақвимии воридоти моли нархгузоришаванда фурўхта шавад.
Аз нархи воҳиди мол хароҷоти зерин тарҳ мешавад:
1) хароҷоти комиссионии пардохтшаванда ё мувофиқашудаи пардохт ё иловапулӣ бо мақсади гирифтани фоида ва пўшонидани тамоми хароҷоти марбути фурўши моли воридотии ҳамин навъ ё намуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) маблағи боҷҳои воридотӣ, андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми воридот ё фурўши он супурда мешаванд;
3) хароҷоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда барои борбарӣ, суғурта, корҳои борбардорӣ ва борфарории дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашаванда.
Моли ҳамон як намуд ё гурўҳ ҳамон молест, ки ба гурўҳ ва дараҷаи моли дар соҳаи муайяни саноат истеҳсолшуда марбут аст, моли шабеҳ ё ҳамҷинсро дар бар мегирад, вале танҳо бо ин хусусиятҳо маҳдуд намешавад.
Бояд қайд намоем, ки ҳангоми дар фурўш набудани моли шабеҳ ё ҳамҷинси нархгузоришаванда дар ҳамон ҳолате, ки ҳангоми воридот қарор дошт, бо хоҳиши декларант нархи моли коркардшуда бо тарҳи арзиши иловашуда ва риояи талаботи қисмҳои 2 – 4 моддаи 358 КГҶТ истифода шуда метавонад.
Усули муайян намудани арзиши гумрукӣ дар асоси ҷамъи арзиш
Ҳангоми истифодаи усули баҳодиҳӣ дар асоси ҷамъи арзиш асос барои муайян намудани арзиши гумрукии мол нархи мол бо роҳи ҷамъ кардани арзишҳои зерин истифода мешавад:
1) арзиши масолеҳ ва хароҷоти истеҳсолкунанда ҳангоми истеҳсоли моли нархгузоришаванда;
2) маблағи даромад ва хароҷоти умумии ба нарх ҳамроҳшаванда ҳангоми фурўши моли ҳамин навъ ва намуд, мисли моли нархгузоришавандае, ки дар кишвари истеҳсолкунанда барои содирот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шудааст;
3) арзиши хароҷоти дар бандҳои 1 ва 2 қисми 2 моддаи 355 КГҶТ зикргардида.
Усули эҳтиётии муайян намудани арзиши гумрукӣ
Агар арзиши гумрукии мол бо роҳи истифодаи пайдарҳами усулҳои дар боло пешбинигардидаи КГҶТ муайян карда нашуда бошад, дар ин ҳолат усули эҳтиётӣ истифода карда мешавад.
Ҳангоми татбиқи усули эҳтиётӣ барои муайян кардани арзиши гумрукӣ истифода мешавад:
1) сарчашмаҳои иттилоотии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) маълумоти оморӣ, андозаҳои аз тарафи умум қабулшудаи музди комиссионӣ, гузашту фоидаҳо, тарифҳои нақлиёт ва маълумоти дигар;
Дар айни ҳол тасҳеҳи дахлдори маълумот бо назардошти сатҳи тиҷоратӣ (яклухт, чакана) ва (ё) миқдори моли нархгузоришаванда ҳатмӣ мебошад.
Ҳангоми татбиқи усули эҳтиётии муайян кардани арзиши гумрукии мол ҳамчунин маълумоти дар ихтиёри мақомоти гумрук мавҷударо низ истифода бурдан мумкин аст.
Мувофиқи муқаррароти ҳамин модда арзиши гумрукӣ тибқи усули эҳтиётӣ дар асоси инҳо муайян карда намешавад:
1) нархи мол дар бозори дохилии кишвари содиркунанда;
2) системае, ки барои мақсадҳои гумрукӣ истифода шудани арзишҳои аз ду арзиши алтернативӣ болотарро пешбинӣ менамояд;
3) нархи моле, ки аз кишвари содиркунанда ба кишварҳои сеюм таҳвил мешавад;
4) нархи мол дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои моли истеҳсоли ватанӣ;
5) арзиши моли ихтиёран муқарраршуда ё аниқ тасдиқнашуда;
6) арзиши моли шабеҳ ё ҳамҷинсе, ки дар асоси ҳисоби хароҷоти дар моддаи 359 КГҶТ пешбининашуда муайян карда мешавад;
7) арзиши ҳадди ақали гумрукӣ.
Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои тасдиқи арзиши гумрукии арзшуда
Барои тасдиқи маълумоти арзшуда оид ба арзиши гумрукӣ декларант бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
1) декларатсияи арзиши гумрукӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи 362 КГҶТ;
2) шартнома ва созишномаҳои иловагӣ ба он, ки маълумоташон барои муайян намудани арзиши гумрукии мол таъсир мерасонад;
3) ҳисобнома-фактура (инвойс) ё ҳисобнома – проформа (барои муомилоти ғайри хариду фурўш);
4) ҳуҷҷатҳои пардохт, ки арзиши молро тасдиқ мекунанд, агар тибқи шарти пардохт оид ба муомилот дар рўзи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ арзиши мол пурра ё қисман пардохта шуда бошад;
5) ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва суғуртавӣ, агар хароҷоти интиқол ва суғуртаро тибқи шартҳои молрасонӣ харидор пардохт намояд;
6) ҳисобнома барои интиқол ё гувоҳномаи расман тасдиқшуда дар бораи хароҷоти нақлиётӣ дар ҳолатҳое, ки хароҷоти нақлиётӣ ба ҳисобнома – фактура дохил карда нашуда, вале аз тарафи харидор пардохта шуда бошад;
7) нусхаи декларатсияи гумрукии кишвари фиристонандаи мол, агар декларант онро пешниҳод карда тавонад.
Бояд қайд намоем, ки агар барои тасдиқи арзиши гумрукии арзгардида ҳуҷҷатҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда нокифоя бошанд, декларант метавонад ҳуҷҷатҳои зерини иловагиро пешниҳод намояд:
1) ҳуҷҷатҳои таъсисотии шахси интиқолдиҳандаи бор;
2) қарордодҳо бо тарафи сеюм, ки ба муомила дахл доранд;
3) ҳисобномаҳои пардохтӣ ба шахсони сеюм ба фоидаи фурўшанда;
4) ҳисобномаҳои хизмати комиссионӣ ва миёнаравӣ (брокерӣ), ки ба муомилоти моли нархгузоришаванда дахл доранд;
5) нусхаҳо (иқтибос) аз ҳуҷҷатҳои бухгалтерии харидор, ки арзиши молро тасдиқ мекунанд;
6) шартномаҳои иҷозатномадиҳӣ ва муаллифӣ;
7) квитансияҳои анборӣ;
8) фармоиш барои фиристодани мол;
9) каталогҳо, спетсификатсияҳо, нархномаҳои ширкатҳои истеҳсолкунанда;
10) калкулятсияи ширкати истеҳсолкунанда ҷиҳати моли нархгузоришаванда;
11) ҳуҷҷатҳои дигаре, ки барои тасдиқи маълумоти дар декларатсия арзгардидаи арзиши гумрукӣ истифода карда мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои аслии дар зербандҳои 2 – 6 қисми 1 ва дар бандҳои 1 – 8 қисми 2 моддаи 361 КГҶТ зикршуда баъди иҷозати муомилоти мол ба декларант баргардонида мешаванд.
Дар айни ҳол ба мақсади барасмиятдарории гумрукӣ, дар баробари ҳуҷҷатҳои зикршудаи асл нусхаи тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳо аз тарафи декларант бояд пешниҳод карда шавад. Арзиши гумрукии мол ба мақоми гумрук аз тарафи декларант ҳангоми декларатсиякунонии мол бо пур кардани декларатсияи арзиши гумрукӣ арз карда мешавад. Намунаи декларатсияи арзиши гумрукӣ ва тартиби пур кардани онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар менамояд.
Инчунин арзиши гумрукии арзнамудаи декларант ва маълумоти пешниҳодкардаи ў, ки ба муайян кардани арзиши гумрукии мол дахл доранд, бояд ба маълумоти дурусти миқдоран аниқ ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда асос ёбанд.
Декларатсияи арзиши гумрукӣ ба ҳамаи молҳои аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда тибқи низоми гумрукии иҷозати мол дар муомилоти озод ё содироти мол, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 4 моддаи 362 КГҶТ зикршуда, пур карда мешавад.
Дар Тоҷикистон декларатсияи арзиши гумрукӣ пур карда намешавад, агар:
1) арзиши гумрукии партияи моли воридотӣ аз маблағи баробар ба 400-каратаи маоши ҳадди ақал зиёд набошад, ба истиснои молрасонии чандинкарата тибқи як қарордод, ҳамчунин молрасонии чандинкаратаи моли якхела аз тарафи як фиристонанда ба унвони як гиранда тибқи қарордодҳои мухталиф;
2) меъёру шартҳои муқаррарнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати моле, ки шахсони воқеӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳанд, риоя шаванд.
Дар ҳолатҳои дар қисми 4 моддаи 362 КГҶТ зикршуда арзиши гумрукӣ дар декларатсияи гумрукӣ арз карда мешавад.
Бояд қайд намоем, ки арзиши гумрукии мол дар ҳолатҳои зерин тасҳеҳ карда мешавад, агар:
1) дар рафти барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукии арзиши гумрукӣ:
– номувофиқии усули муайян кардани арзиши гумрукии моли арзнамудаи декларант, миқдор ва (ё) сохтори арзиши гумрукии мол дар ҳуҷҷатҳои барои тасдиқи онҳо пешниҳодшуда ошкор шуда бошад, ба истиснои ҳолатҳои муқарраркардаи қисми 3 ҳамин модда;
– дар декларатсияи арзиши гумрукӣ хатои техникӣ ошкор шудааст, ки ба андозаи арзиши гумрукии арзшуда таъсир расонидааст;
– мол мувофиқи моддаи 366 КГҶТ бо истифодаи маълумоти нархгузории дар ихтиёри мақомоти гумрук буда шартан ба муомилоти озод иҷозат дода шуда, ба ихтиёри декларант вогузошта шуда бошад;
2) баъди иҷозати мол:
– дар асоси маълумоти иловагии пешниҳоднамудаи декларант ҳангоми муайян намудани арзиши пурраи (ниҳоии) гумрукии моли шартан иҷозат додашуда ё ҳангоми нархгузории гумрукие, ки мақомоти гумрук нисбати моли шартан ҷавоб додашуда анҷом додааст;
– саҳви техникие, ки ҳангоми декларатсиякунонии мол ошкор гардида, ба андоза ва ё сохтори арзиши гумрукӣ таъсир расонидааст;
– мол нодуруст декларатсия карда шуда бошад, ки дар рафти тафтиши навбатӣ (ҳангоми тафтиши бастаи ҳуҷҷатҳои назоратии дар мақомоти гумрук маҳфузбуда ва ҳангоми тафтиши иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва фаъолияти дигар) ошкор шуда бошад;
– номувофиқии арзиши гумрукии арзшуда дар рўзи бақайдгирии декларатсияи гумрукӣ бо арзиши ҳақиқии мол, аз сабаби номувофиқии моли воридотӣ ё содиротӣ тибқи миқдор ва (ё) сифат бо шартҳои қарордоди (шартномаи) савдои хориҷӣ;
3) нархи муомила бинобар назорати давлатии нархгузории трансфертӣ тағйир ёфта бошад.
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи номувофиқии миқдори мол инҳо мебошанд:
1) нисбати молҳое, ки аз пардохтҳои гумрукӣ озоданд, даъвосанади (санади қабули) мувофиқашудаи содиркунанда (воридкунанда) оид ба миқдор бо иштироки намояндаи содиркунанда (воридкунанда) ва санади муоинаи мақоми гумрук мувофиқа шудааст;
2) нисбати моли дигар –хулосаи (акти) экспертизаи мустақил ва санади муоинаи мақоми гумрук.
Ҳангоми ошкор намудани далели гум шудан, камомад, осеб дидани (вайрон шудани) мол то лаҳзаи арз намудани арзиши гумрукии он номувофиқии арзиши арзнамудаи декларант ба андозаи дар ҳисобнома – фактура зикршуда боиси тасҳеҳи арзиши гумрукии мол намегардад, ба шарте агар арзиши арзгардида аз арзиши дар ҳисобнома – фактура зикршуда ба андозаи моли гумшуда, камомад, осебдида (вайроншуда) фарқ намояд. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воқеияти гум шудан, камомад ва осеб дидани (вайрон шудани) мол хулосаи (акти) экспертизаи мустақил ва акти муоинаи гумрукӣ мебошад.
Фарқият тибқи миқдор ва сифат, ки андозааш аз доираи маблағи франшизи дар шартнома мувофиқашуда намебарояд ё дар созишномаи нарх баён гардидааст, барои мақомоти гумрук барои пасту баланд кардани нарх асос шуда наметавонад.
Дар раванди тағйир ёфтани нарх вобаста ба назорати давлатии трансфертии нархгузорӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи тасҳеҳи нархи муомилоти мол қарори мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар бораи ҳисоби маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мебошад.
Инчунин ҳангоми тасҳеҳи нарх баъди барасмиятдарории гумрукии мол дар низоми гумрукии содирот ё иҷозат барои муомилоти озод бо ҳисоб намудани боҷҳои гумрукӣ ва андози пардохтшаванда (ҳамчунин бо ташаббуси декларант то давраи фаро расидани тафтиши молиявӣ) ба фарқияти байни ҳисобшуда ва воқеан пардохтгардидаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз барои ҳар рўзи таъхири пардохт ба миқдори фоизи муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ҳисоб карда мешавад. Фоиз аз рўзи бақайдгирии декларатсияи гумрукӣ ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ ҳисоб карда мешавад.
Бояд қайд намоем, ки намунаи варақаҳои тасҳеҳи арзиши гумрукӣ танҳо барои моле пур карда мешавад, ки арзиши гумрукии он ва (ё) пардохтҳои гумрукӣ ва (ё) андозҳо тасҳеҳ карда мешаванд. Намунаи варақаи тасҳеҳи арзиши гумрукӣ ва тартиби пур кардани он аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад. Намунаҳои мазкури тасҳеҳи арзиши гумрукӣ қисми таркибии декларатсияи гумрукӣ мебошад.
Инчунин баъд аз қабули ҳуҷҷатҳо барои барасмиятдарории гумрукӣ ҳамаи тасҳеҳоти арзиши гумрукии анҷомдодаи мақоми гумрук, ки аз ҷониби декларант арз шудаанд, ҳамчун арзиши гумрукии мол ҳисоб шуда, декларант метавонад нисбати онҳо тибқи тартиби муқарраршуда шикоят намояд.
Дар Тоҷикистон ҳангоми муайян намудани арзиши гумрукии мол декларант ҳуқуқ дорад:
1) дурустии маълумоти пешниҳоднамудаашро оид ба муайян намудани арзиши гумрукии мол ҳангоми шубҳа намудани мақомоти гумрук ба дурустии он исбот намояд;
2) ҳангоми зарурати аниқ намудани арзиши гумрукии арзшуда моли декларатсияшавандаро бо шарти пешниҳод намудани таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи нархгузории анҷомдодаи мақоми гумрук гирад. Ҳангоми зарурати аниқ намудани арзиши гумрукии арзнамудаи моле, ки аз он боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида намешаванд, моли декларатсияшавандаро дар сурати ўҳдадор будан ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор дар мўҳлати муқаррарнамудаи мақомоти гумрук гирад;
3) аз мақомоти гумрук эзоҳи хаттии сабаби қабул нашудани арзиши гумрукии молро талаб намояд;
4) дар сурати розӣ набудан бо қарори мақоми гумрук нисбати муайян намудани арзиши гумрукии мол аз ин қарор мувофиқи тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят пеш оварад.
5) аз мақомоти гумрук нисбати арзиши гумрукии моле, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи моддаҳои 41 – 44 КГҶТ интиқол дода мешавад, қарори пешакӣ гирад.
Инчунин дар ин раванд декларант вазифадор аст:
1) арзиши гумрукии молро арз намояд ва маълумоти дахлдори муайянкунандаи онро, ки ба маълумоти дуруст ва миқдоран муайян ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқгардида асос ёфтааст, пешниҳод намояд;
2) ҳангоми зарурати тасдиқи арзиши гумрукии арзшуда мувофиқи талаби мақоми гумрук ба он маълумоти зарурии тасдиқиро пешниҳод намояд;
3) тамоми хароҷоти иловагии аниқ намудани арзиши гумрукии арзкардаи худ ё хароҷоти ба мақоми гумрук пешниҳод намудани маълумоти иловагиро ба зимма гирад.
Дар раванди муайян намудани арзиши гумрукии мол мақоми гумруки барасмиятдарорандаи мол ҳуқуқ дорад:
1) дар бораи раво будани усули муайян намудани арзиши гумрукии мол, ки декларант интихоб намудааст ва дурустии муайян намудани арзиши гумрукии мол аз тарафи декларант дар асоси ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешниҳоднамудаи декларант, ҳамчунин дар асоси маълумоти дар ихтиёри худ доштааш, ки барои муайян кардани арзиши гумрукӣ истифода мешавад, қарор қабул кунад;
2) ба таври хаттӣ аз декларант ҳуҷҷату маълумоти иловагиро талаб намояд, ба шарте ки ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешниҳоднамудаи декларант барои қабули қарор оид ба арзиши гумрукии арзшуда нокифоя бошанд ва барои пешниҳод намудани онҳо мўҳлати кифояро муқаррар намояд. Дар айни ҳол талаби ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои ба қайд нагирифтани декларатсияи гумрукӣ ва иҷозати мол асос шуда наметавонад;
3) ҳангоми набудани ҳуҷҷату маълумоте, ки дурустии муайян намудани арзиши гумрукии арзнамудаи декларантро тасдиқ мекунанд ё ҳангоми мавҷуд будани асоси он ки маълумоти пешниҳодкардаи декларант боэътимод ва кофӣ нест, арзиши гумрукии моли декларатсияшавандаро мустақилона бо истифодаи пайдарҳамии усулҳои муайян кардани арзиши гумрукии мол, ки КГҶТ муқаррар намудааст, дар асоси маълумоти дар ихтиёрдоштааш (аз ҷумла маълумоти нархгузории моли шабеҳ ва ҳамҷинс) мувофиқи ҳамин Кодекс тасҳеҳ карда, мустақилона муайян намояд;
Инчунин мақоми гумрук вазифадор аст бо дархости хаттии декларант маълумоти зеринро пешниҳод намояд:
1) маълумот дар бораи тартиб ва усули муайян намудани арзиши гумрукии мол ҳангоми муайян намудани он аз тарафи мақомоти гумрук;
2) шарҳи сабабҳое, ки арзиши гумрукии арзнамудаи декларантро мақомоти гумрук қабул карда наметавонад.
Дар Тоҷикистон ҳангоми ғайриимкон будани усули муайян намудани арзиши гумрукии мол тибқи нархи муомилоти моли воридотӣ аз сабаби набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи арзиши гумрукӣ, инчунин ҳангоми зарурати муайян кардани арзиши гумрукии арзнамудаи декларант мақоми гумрук ҳуқуқ дорад иҷозати шартии молро анҷом диҳад, ба шарте ки пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар асоси нархгузории мол тибқи маълумоти нархгузории дар ихтиёрдоштаи мақоми гумрук таъмин шуда бошад.
Дар ин раванд маълумоти нархгузории дар ихтиёри мақомоти гумрук буда аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо истифодаи маълумоти омории декларатсияҳои бори гумрукӣ, ки дар асоси маълумоти дуруст, миқдоран муайяншуда ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда ба расмият дароварда шудаанд, ташаккул меёбад.
Бояд қайд намоем, ки мўҳлати амали таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз рўзи иҷозати мол 60 рўзи тақвимӣ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳуҷҷатҳои пардохт бояд ба сифати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод шуда бошанд ва тибқи шарти муомила мўҳлати пардохт аз мўҳлати мазкур зиёд бошад.
Инчунин баъди аз тарафи декларант пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи арзиши гумрукии арзшуда таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи боби 46 КГҶТ бо пур кардани намунаи варақаи тасҳеҳи арзиши гумрукӣ баргардонида ё ба ҳисоб гирифта мешавад.
Ба ғайр аз ин ҳангоми пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи арзиши гумрукии мол, баъди гузаштани мўҳлати муқарраршуда маблағи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки бо истифода аз нархи шартии мол ҳисоб карда шудааст, бо роҳи аз тарафи шахси мансабдори мақомоти гумрук пур кардани намунаи варақаи тасҳеҳи арзиши гумрукии мол, ки қарори ниҳоӣ нисбати арзиши гумрукии мол мебошад, ба буҷети давлатӣ гузаронида мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.