Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Нишондиҳандаҳои самаранок истифодабарии фондҳои асосӣ

Дар ҳалли масъалаҳои асосии инкишофи иқтисодиёти миллӣ самаранокии истеҳсоли гумрукӣ роли хело калон мебозад.Дар ҳалли масъалаҳои асосии инкишофи иқтисодиёти миллӣ самаранокии истеҳсоли гумрукӣ роли хело калон мебозад.
Бинобар ин барои баланбардории самараноки истифодаи фондҳои асосии истеҳсоли баланд бардоштани сатҳи кор ва хизматрасонӣ, баландбардории ҳосилнокии меҳнат, паст кардани нархи маҳсулот дар нишондиҳандаҳои истеҳсолии мақомоти гумрук лозим аст. Бо вазъи мавҷуд будаи сохторӣ ва дараҷаи техникии фондҳои асосии афзунсозии истеҳсоли маҳсулот, пастшавии арзиши аслӣ ва афзоиши андухти корхона ба дараҷаи истифодаи фондҳои асоси вобастагӣ дорад. Азбаски самаранок истифода бурдани фондҳои асосии истеҳсолии мақомоти гумрук ба беҳтар истифодабарии таҷҳизоту техникаҳо, сатҳи кордонии кормандони мақомоти гумрук вобаста аст. Аз ин рў муайян кардани нишондиҳандаҳои истифодаи таҷҳизоту мошинаҳо ба кордонии кормандони мақомоти гумрук мувофиқи мақсад аст. Самаранок будани корхона ҳам аз бисёр ҷиҳат ба дараҷаи бо фонд мусаллаҳ будани меҳнат вобаста аст. Ҳолати техники фондҳои асосии мақомоти гумрукӣ бо коэффиценти хурдшавӣ, солонагӣ, азнавкунӣ (навсозӣ), хориҷшавӣ, муайян карда мешавад:
коэффиценти хурдшавии фондҳои асоси Кизн – қисми хўрдашудаи фондҳои асосиро муайян месозад.
Чунин муайян карда мешавад:
Кизн = Сизн / Сп1
Кизн – коэффиценти хурдшавӣ
Сизн – арзиши хурдшавӣ
Сп1 – арзиши ибтидоии фондҳои асоси дар охири сол.
Коэффиценти солонаи – қисми хурднашудаи фондҳои асоси яъне истеҳлок нагардидаро муайян месозад. Чунин муайян мегардад:
Кгодн = (Сп1 – Сизн ) / Сп1 = Сост / Сп1
Кгодн – коэффиценти солонагӣ
Сост – арзиши мондашуда (хурданашуда)
Коэффиценти навкунии фондҳои асоси – зиёдшавии иқтидори интенсивии истеҳсолоти системаи гумрукиро мефаҳмонад. Бо формулаи зерин ҳисоб мешавад:
Кобн = Сп ввод / Сп1
Кобн – коэффиценти навсозӣ
Сп ввод – арзиши фондҳои асосии нав.
Коэффиценти хориҷшавӣ – бохориҷшавии инсенсивии фондҳои асоси муайян менамояд чунин муайян мегардад:

Квыб = Сп выб / Сп1
Квыб – коэффиценти хориҷшавӣ
Сп выб – арзиши ибтидоии фондҳои асосии хориҷшаванда.
Самаранокии истифодабарии фондҳои асоси истеҳсоли системаи гумрукӣ бо коэффиценти экстенсивӣ, интенсивӣ ва интегралии истифодабарии фондҳои асоси муайян карда мешавад.
Нишондиҳандаҳои экстенсивии истифодабарии фондҳои асоси, ки дарозии истифодаи онҳоро бо тақозои вақт муайян мекунанд, мебошад. Вай таносуби байни вақти коркардашударо бо коркарди вақти плани, режими ва воқеан календари муайян месозад ва бо формулаи зерин муайян карда мешавад.
Кэкс.к = Чф/ Чк; Кэкс.р = Чф/ Чр; Кэкс.п = Чф/ Чпл;
Кэкс.к, Кэкс.р, Кэкс.пл. – коэффициенти истифодабарии экстенсивии мувофиқи фонди вақти календари режими ва планӣ.
Чф – вақти воқеан коркардашудаи фанҳои асосӣ.
Чк, ,Чр/ Чпл – фонди вақти календарӣ. Плани ва режимӣ.
Нишондиҳандаҳои истифодаи интенсиви фондҳои асоси, ки дараҷаи истифодаи онҳоро вобаста ба иқтидор нишон медиҳанд.
Онҳо таносуби байни кори ҳақиқии иҷрошуда дар вакти муайян ба ҳаҷми кори плани ё максималӣ иҷрошавандаи дар ҳамин вакт иҷрошаванда мебошад.
Кинт пл = Wф / Wпл; Кинт макс = Wф / Wмакс;

Кинт пл; Кинт макс; – коэффициенти (интенсивного использования основных фондов) интенсиви истифодабарии фондҳои асоси дар иҷрои кори плани ва максималӣ.
Wф, Wпл, Wмакс – иҷрои кори ҳақиқи, плани ва максималӣ.
Коэффициенти интегралии истифодабарии фондҳои асоси ин самаранок истифодабарии фондҳои асосӣ дар вақти баҳисобгирии иқтидори истеҳсолии он. Коэффициенти интеграли таъсири ҳамҷояи омилҳои экстенсивӣ ва интексивиро муайян месозад.
Кинтегр = Кэкс х Кинт.
Коэффициенти интегралӣ – Кинтегр.
Инчунин коэффициенти басти кори низ самараноки истифодабарии фондҳои асосиро муайян месозад. Коэффициенти басти кори таносуби ҳаҷми кори ҳақиқи иҷрошуда дар басти корӣ ба басти кори иҷрошудаи плани ва календарӣ.
Ксм = Дсм1 / Д см
Ксм – коэффициенти басти корӣ
Дсм1 – басти кории ҳақиқӣ
Дсм – басти кории плани ва максималӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.