Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Хусусияти асосии сохибкорӣ

Чи хеле, ки аллакай кайд шуда буд, ба муайянкунии мафхуми сохибкори ва сохибкор олимони забардасти хоричи кушишхои зиёд карадаанд, чунки бо тараккиёти иктисоди бозори мавкеъи сохибкори назаррас гардидЧи хеле, ки аллакай кайд шуда буд, ба муайянкунии мафхуми сохибкори ва сохибкор олимони забардасти хоричи кушишхои зиёд карадаанд, чунки бо тараккиёти иктисоди бозори мавкеъи сохибкори назаррас гардида, субъектони асосии хочагидори сохторхои сохибкори гардидаанд (ширкатхо, компанияхо ва дигар сохторхои сохибкори). Дар адабиёти илми мафхуми макбули умумии сохибкори мавчуд нест, ки ин чавоби худро дорад: намояндагони сохахои гуногуни дониш (иктисодчиён, файласуфон, сотсиологон, хукукшиносон ва г) мафхуми ин истилохро, дар асоси дониши худ ва нуктаи назари масъалаи гузошташуда, гуногун шарх медиханд. Аммо, кайд намудан мумкин аст, ки ин гуногунфикри дар таърифи истилохи «сохибкори» оиди ахамияти калони иктисоди, ичтимои ва молиявии он шаходат медихад.
Сараввал оиди муайянкунии мафхуми сохибкори дар мамлакатхои гарб гуфта мегузарем. Мисол, ба фикри олимони амрикои, сохибкори – ин фаъолияти таваккали, ки хохишманди аз тарафи шахрвандон (иттиходи онхо) тахти ухдадории худ ба амал меояд. Сохибкори бо хохиши у оиди истехсоли ягон чизи нав, ихтироъи ягон чизи нав ё бехтаркунии чизи мавчудбуда вобаста аст. Он бо чунин истилоххо ба монанди «серхаракати», «ташаббус», «щучоатманди» алокамандии зич дошта, дар чамъият хамчун шахсе, ки акидахои худро дар амал татбик менамояд маълум аст.
Дар давлатхои гарб сохибкории муосир хамчун намуди махсус, навовар, зиддибюрократии хочагидори шарх дода мешавад, ки дар асоси он- кофтукоби муътадили имкониятхои нав, мувофикат ба навоварихо, малакаи чалбнамои ва истифодабарии захирахо аз сарчашмахои гуногун барои халли масъалаи пешгузоштаи худ мебошад. Ба фикри мо чунин муайянкуни барои тараккиёти сохибкори дар мамлакати мо низ ахамияти мухим дорад. Аммо, бояд кайд намуд, ки сохибкор барои ташкил ва тараккиёти корхонаи худ сарчашмахои захирахоро дар асоси конунгузории амалкунанда «дарёфт» намояд.
Мувофики акидаи олими амрикои Р.С. Ронстадт, сохибкори – ин чараёни серхаракати зиёдкунандаи боигари мебошад. Боигари аз тарафи он шахсоне ба миён меояд, ки онхо аз хама зиёдтар бо маблаг, моликият, обруи худ таваккал мекунанд, шахсе, ки барои кори худ вактро дарег намедорад, шахсе, ки ба харидорон мол ё хизматрасонии навро пешкаш менамояд. Ин мол ё хизматрасони албатта пурра чизи нав буданаш лозим нест; мухимаш он аст, ки сохибкор кувваю воситахои заруриро сарф намуда, ба он хусусиятхои нав дода, арзиши онро баланд карда тавонад. Дар навбати худ, олимони машхури амрикои Р.Хизрич ва М.Питерс дар асари худ «Сохибкори, ё Чи хел кори худро шуруъ намуда ба муваффакият ноил гардидан» ба мафхуми сохибкори ба фикри онхо, таърифи васеъ додаанд, ки тамоми намудхои рафторхои сохибкориро дар бар мегирад: «Сохибкори – ин чараёни истехсоли ягон чизи наве, ки дорои арзиш аст; чараёне, ки тамоми кувва ва вакти заруриро мегирад, ба ухдаи худ гирифтани чавобгарии молияви, ичтимои ва моралиро талаб мекунад; чараёне, ки даромади пули ва каноатманди аз кори ичрокарда меорад». Муаллифон, боз кайд мекунанд, ки хаёти шахсе, ки бо бизнес машгул шуданро пеш гирифтааст, пур аз умед, ноумеди ва мехнат мебошад.
Р.Хизрич ба фикри мо яке аз мафхумхои кутохтарини сохибкориро додаст:
Муайянкунии мафхуми сохибкори мувофики Конуни Чумхурии Точикистон.
Сохибкори хамчун падидае, ки мачмуъи муносибатхоро инъикос медихад. Сохибкори хамчун чараён, ки амалиётхои максадноки сохибкоронро инъикос медихад.
Вазифахои фаъолияти сохибкори. Вазифаи умумииктисоди. Вазифаи захирави – хамчун вазифаи мухим. Вазифаи навовари. Вазифаи ичтимои. Вазифаи ташкилотчиги – вазифаи асосии фаъолияти сохибкори.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.