Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Сармояи соҳибкори cарчашмаҳои ташкилшавии он

Баамаловарии фикру ақидаҳои соҳибкор, интихоби технология, таъминоти моддии он дар ҳамон маврид имконпазир мешавад, агар соҳибкор имконияти боз як фактори дигарро, яеъне фактори чорум – сармоя (капитал)-ро дар сохт ва меъёри муайян пайдо намояд.1. Маҳфуми умумии сармояи соҳибкорӣ.
Баамаловарии фикру ақидаҳои соҳибкор, интихоби технология, таъминоти моддии он дар ҳамон маврид имконпазир мешавад, агар соҳибкор имконияти боз як фактори дигарро, яеъне фактори чорум – сармоя (капитал)-ро дар сохт ва меъёри муайян пайдо намояд.
Маълум аст, ки бе сармояи муайян ба соҳибкори машғул шудан амри маҳол аст. Чи қадаре, ки ҳаљми сармоя калону самаранокияш баланд бошад, ҳамон қадар соҳибкор серҳаракату натиљаи фаъолияташ пурмазмун мешавад. Барои инкишофи фаъолияти соҳибкорон ва ба сармояи калон соҳиб шудани онҳо давлат бояд мусоидат намояд. Барои ба мақсад расидан аз љиҳати ташкили кўмаки молиявӣ расонад. Яъне давлат ба соҳибкор барои пурзур кардани сармояи худ монеъгӣ карда наметавонад, чунки андозаи сармояи соҳибкор сатҳи боигарии миллиро муайян мекунад. Давлат бояд барои сармояи соҳибкории навташкил шароитҳои мусоиди иқтисоди фароам оварда, чараёнхои иктисоди-ичтимоиро танзим намояд, ки он бештар ташаккул ёбад:
– дастгирии сохторхои навташкили сохибкори;
– ёри дар муносибатхои молияви;
– мустахкам кардани онхо аз тарафи ташкили.
Вазифаи мухимтарини давлатро дар фарохам намудани мухити ракобат дар доираи сохибкори мешуморанд. Чунин муносибати давлат ба сохибкорон дар навбати худ ба афзун шудани махсулот, ва боз хам васеътар гардидани номгуи мол, пастравии нарх ва баланд бардоштани даромади пули ахолии оварда мерасонад.
Тахти мавхуми сармоя факат объектхои муайянро намефахманд. Сармоя метавонад дар шакли модди ё гайримодди (дониш, дорои ягон истеъдоди муайян, дорои сирру асрори тахассуси, кобилият, ва гайра мавчуд бошад).
Сармоя – ин воситахои модди ё молияви, инчунин, кобилияти фикри ва малакаи ташкилотчигие, ки дар чараёни истехсолот, хизматрасонии он ва хамчун воситаи гирифтани фоида хизмат мекунад, истифода мешавад.
Лекин дар амал сармоя гуфта сохибкор инхоро дар назар дорад:
– Тамоми воситахои асоси ё техникии истехсолот, ки сохибкор дар асоси конун истифода мебарад (иншоотхо, тачхизоту дастгоххо, наклиёт ва дигар лавозимоти зарури);
– Омилхои моддии сармояи гардон – гардишии истехсолот (ашёи хом, тахассуси кувваи кори, масолех, сузишвори, инструментхои мухлати кории кутох);
– Маблаги гардиши – воситахои пули (пули накд ва гайри накди, ки дар суратхисоби бонки сохибкор аст, фонди музди мехнат, маблаг барои харидани ашёи хом);
– Истеъдоди хусуси – моликияти маънави (акида ва кобилияти сохибкор, тарзи истехсолот ё коркарди махсулот ё ашёи хом, тарзи нави истехсолот, ташкили мехнат, истифодаи навъовари ва гайра).
Инак, сармояи сохибкор (Сс) аз воситахои техникии истехсолот (Тв) омилхои моддии сармояи гардон (Омг) ва инчунин маблаги гардиши (Мг), истеъдоди хусуси (Их) иборат буда, бо формулаи зерин муайян мешавад:
Сс = Тв + Омг + Мг + Мм
Барои гузаронидани фаъолияти худ ва ё барои ба амал баровардани акидаи худ ба сохибкор микдори муайян пул лозим аст. Муайян намудани сармояи лозими масъалаи хеле мураккаб буда аз чанд амалхо вобастаги дорад. Хачми пуле, ки барои ташкил намудани фаъолияти сохибкор сарф мешавад, аз акидаю накшаи кори оянда вобастаги дорад. Гайр аз ин хачми сармояи истифода мешуда аз сохае, ки дар он чо фаъолияти кори худро мекушояд вобаста аст.
Мисол, барои ба сохаи автомобилсози ШМА дохил шудан ва ягон корхонаро дар ин соха кушодан, маблаги сармояи авали сохибкори аз 800 хазор $ кам набошад. Агар шумо корхонаи худро дар сохаи хизматрасони кушодани бошед, он гох 5-10 хазор кифоя аст.
Фарз кардем, ки ин маблаги заруриро ба даст овардем. Акнун сохибкор бояд ба халли масъалаи мухиме, ки шуруъ мекунад, яъне роххои самараноки истифода бурдани сармояро ёбад.
Масалан, барои ташкили корхона ё ягон шабакаи истехсоли ба сохибкор иморат лозим ва у якчанд таклифхо дорад:
А) имконияти харидани иморате, ки ба шумо мувофик аст доред. Фарз кунем, ки арзиши ин иморат ба 800 хазор сомон баробар Буда, 8200м2 масохат дорад ва дигаре 950 хазор сомон буда, 1450м2 аст.
Б) имконияти ба ичора гирифтани иморатро доред. Фарз кунем, ки ичорапули дар 1 сол 60 хазор сомонро ташкил медихад.
В) барои истифодаи иморати лозими шумо ухдадор мешавед, ки то 30%-молхои истехсолшударо ба сохиби иморат дихед. Агар варианти а)-ро гиред, талабот ба сармояи аввал меафзояд. Варианти б)-ро гиред, пардохти пешакиро талаб мекунад ва дар варианти в) шартхояш вазнин бошад, хам лекин сармояи аввалро талаб намекунаднд.
Варианти дилхохро сохибкор дар асоси тахлилу мукоиса мустакилона интихоб мекунад.

2. Ташаккули сармояи ибтидоии сохибкор
Сармояи ибтидои – гуфта, сармояе, ки ба гардиш дар авали баамалории фаъолияти сохибкор, бароварда мешавад, мефахманд. Одатан тахти сармояи ибтидои хамаи харочотхои+ пулие, ки барои баамалории лоиха ва гирифтани самараи пешбинишуда сарф мешавад, фахмида мешавад.
Сармояи ибтидои – на танхо нишондихиандаи сармояи зарури барои лоиха, балки нишондихандаест, ки шарикони кори оиди обруву нуфузи фаъолияти сохибкор, маълумот пайдо менамоянд. Сармояи хар як корхона ба асоси ва гардиши (гардон) чудо мешавад.
Сармояи асоси – ба он тамоми воситахои техники истехсолот мебошад, ки барои амалкунии муътадили истехсолот зарур аст. Ба он замин, иншоот, бино, тачхизотхо, наклиёт, инструментхо ва гайрахо дохил мешаванд.
Сармояи гардиши – ба он тамоми он воситахое, ки ба корхона барои истеъмоли хусуси ё истехсоли муайян шудааст. Ин пеш аз хама, ашёи хом, маводхо, махсулоти тайёр, хисоби бонки, воситахои пардохти музди мехнат ва гайрахо дохил мешаванд.
Дар хисобкунии сармояи ибтидоии зарури чунин схемаро хамчун мисол истифода бурдан мумкин аст:
Сохтори сармоя:
Сармояи асоси:
Бинои асоси 47 хаз.сомони
Тачхизоти корхона (офиси) 4,7 хаз. сомони
Тачхизоти сеххо 4,7 хаз. сомони
Станокхо, инструментхо 15 хаз. сомони
Наклиёт 12 хаз. сомони
Сармояи гардиши:
Ашёи хом 9,4 хаз. сомони
Захирахои махсулот (анбор) 6 хаз. сомони
Карзи харидорон 2 хаз. сомони
Бакияи кассави 0,5 хаз. сомони
Воситахои хисоби бонки 10 хаз. сомони
Хамаги (талаботи умуми дар сармоя) 110 хаз. сомониро ташкил дод. Дар асоси фикрхои пешаки оиди талабот ба сармояи асоси, сохибкор накшаи муайяни молиявиро тартиб медихад.
Дар тартибдихии накшаи молияви, шароитхои зеринро ба инобат гирифтан лозим аст:
1. Бинои кориро ба ичора гирифтан мумкин аст, ё бинои дигар сохибкорониро муштарак истифода бурдан мумкин аст. Маблаги ичора ба нархи моли истехсолшуда дохил карда мешавад. Дар холати харидани бино, барои харидани замин ва сохтмони иморат харочотхои молиявии зиёд зарур аст.
2. Аз руи накша тачхизоти на факат нав, балки пештар истифодашударо харидан мумкин аст. Дар холати харида натавонистани тачхизотхо асоси хукукии муносибатхоро истифода бурдан мумкин аст, яъне лизинг, ичора ва гайра. Дар мавриди харидори намудани тачхизот ба нархи он диккати махсус додан лозим аст. Яъне нарххои ярмаркахо, выставкахо, рекламахо, таклифотхои пулиро бо диккат омухта, баъд харидан лозим аст.
3. Ба зарурияти пули накд хам диккат додан лозим аст. Он аз муайянкунии вакти байни ибтидои истехсолот ва гирифтани фоида баъди фуруши он вобаста аст, ки дар хамин вакт ба коргарон музди мехнат пардохтан лозим аст.
Дар баъзан мавридхо дар истехсоли ягон мол, бо дигар сохибкорон – истехсолкунандагон хамкори намудан мумкин аст, ки фоидаи зиёд ба даст меояд. Дар ин маврид ташкилшавии сармояи ибтидоии сохибкор дар асоси консепсияи «Механизми алокаи ноаёни хамкори» ба миён омада метавонад.
Мазмуни ин консепсия чунин амалиётхоро дар бар мегирад:

Лоихаи сохибкори оиди истехсоли ягон мол коркарда бароварда мешавад;
Лоиха ба кисмхои алохида чудо карда мешавад;
Барои истехсоли деталхо ва кисмхои алохидаи мол ба шарикон фармоишот карда мешавад;
Шарикон пас аз истехсоли деталхо ва кисмхои алохидаи мол, онхоро ба сохибкор-муаллифи лоиха таъмин менамоянд;
Сохибкор-муаллифи лоиха факат деталхою кисмхои шарикон таъмин намударо васл мекунад;
Сохибкор борпечони ва тамгазании молро дар асоси схемаи пешаки тартиб дода шуда, ичро менамояд;
Сохибкор моли ба истеъмол тайёрро ба истеъмолкунандагон таъмин намуда, дар натичаи фуруши он дорои воситахои пули мегардад;
Пас аз гирифтани пули накд, сохибкор ба истехсолкунандагони кисмхои алохида ва деталхо пардохтхоро ичро мекунад;
Барди гардиши аввалини сармоя, хамон амалиётхо боз шуруъ мешаванд.
3. Сарчашмахои ташаккули сармояи сохибкори
Дар тартибдихии накшаи молияви муаммои асоси пайдо мешавад, ки он саволи аз кучо дарёфт намудани сармояи ибтидои дар шакл ва андозаи муайянро дар бар мегирад. Дар ин муаммо ба якчанд имкониятхои ташкилшавии сармояи ибтидои диккати махсус медиханд. Се сарчашмаи ташаккули сармояи ибтидоии сохибкорро чудо мекунанд:
– натичахои молиявии фаъолияти сохибкори дар солхои гузашта (моликияти хусусии сохибкор ё мероси);
– пасандозхои хусуси, яъне маблаги амонатии шахси (пулу тилло, когазхои кимматнок, мол, автомобиль, мошини дарздузи, мошинаи чомашуи ва гайра);
– воситахои карзи, яъне воситахое, ки тахти ягон ухдадори ба карз гирифта шудааст (бо фоизаш ё шарти дигар).
Накшаи сарчашмаи ташаккули сармоя чунин аст:
Иморат: а) ичора, б) харида гирифтан, в) иморати муштарак.
Тачхизонидани чои кор ва аппарати корхона: а) ичора, б) харида гирифтан, в) лизинг.
Тачхизонидани цех: а) харида гирифтан, б) лизинг.
Тачхизот, прибору инструментхо (асбобу анчом): а) лизинг, б) харида гарифтан.
Наклиёти автомобил: а) лизинг, б) харида гирифтан, в) ичора.
Хачми сармоя дар авали чори намудани накша;
Хачми сармоя дар охири сол;
Сарчашмаи сармояи зарури: а) фаъолияти корхона дар соли чори; б) карзи бонки, в) карзи шарикон.
Карз – намуди карзе, ки карзгиранда дар мухлати муайян, маблаги муайяни гирифтаашро бояд баргардонад.
Кредит – намуди карздихие, ки карзгиранда пулу моли гирифтаашро бо пардохти фоиз баргардонад.
Кредити бонки – намуди карздихие, ки дар он бонк воситахои пулиро барои истифодаи муваккати медиханд.
Амалиётхои кредитиро бо чунин нишондихандахо чудо кардан мумкин аст.
1. Вобаста аз мухлати баргардони:
– онколи (то талаб кардани бонк ё карздиханда, яъне бе муайянкунии мухлати истифодабари. Аммо ин намуди карздихи дар давраи муосир истифода намешавад, аз сабаби ноустувории иктисодиёт);
– кутохмуддат (тачрибаи чахони то шаш мох, дар Руссия то як мох);
– миёнамухлат (то як сол);
– дарозмухлат (зиёда аз як сол);
2. Вобаста аз хусусияти пардохт:
– пардохти (баргардонидани) чакана, бе мухлат (бо рохи пардохтани тамоми маблаг то мухлати пардохт), (дар асоси шартнома, одатан дар адои карзхои миёнамухлат ва дарозмухлат истифода мешавад);
– пардохт бо сахмгузории яквакта (одатан дар кредитхои кутохмуддат истифода мешавад);
3. Вобаста аз усули гирифтани фоиз:
– фоиз дар вакти пардохтани кредит гирифта мешавад (намуди анъанавии карздихи мебошад, ки дар карзхои кутохмуддат истифода мешавад);
– фоиз бо пардохтхои баробар дар мухлати пурраи карз дошта гирифта мешавад (одатан дар карзхои миёнамухлат ва дарозмухлат истифода мешавад);
– фоиз дар вакти додани кредит гирифта мешавад (одатан истифода бурда намешавад);
4. Вобаста аз таъминноки:
– боваринок;
– бо таъминот;
– кредитхо тахти ухдадории молиявии тарафи сеюм;
5. Вобаста аз максадноки:
– кредитхо бо хусусияти умуми;
– кредитхои максаднок.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.