Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Шаклҳо ва шартҳои шартнома

Бастани шартнома дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ бо тарзҳои гуногун амали карда мешавад. Ҳамчун анъана шартнома бо фиристодани оферта (пешниҳод барои бастани шартнома) аз ҷониби як тараф ва аксепти он (қабули пешниҳод) аз ҷониби тарафи дигар баста шуда1. Марҳилаҳои тайёрии соҳибкор ба бастани шартнома
Бастани шартнома дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ бо тарзҳои гуногун амали карда мешавад. Ҳамчун анъана шартнома бо фиристодани оферта (пешниҳод барои бастани шартнома) аз ҷониби як тараф ва аксепти он (қабули пешниҳод) аз ҷониби тарафи дигар баста шуда, ҳисоб карда мешавад. Аз ин ҷо ҷараёни бастани шартномаҳои соҳибкорӣ аз се марҳилаи асосӣ иборат аст. Пешниҳоди таклиф (оферта), қабули таклиф (аксепт) ва гирифтани аксепти тарафи пешниҳодро фиристода.
Дар баробари ҳамин бастани шартномаҳои соҳибкорӣ дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Пеш аз ҳама, нақши муҳимро дар он реклама мебозад. Реклама дар ҳар гуна шакл ва ба ёрии ҳаргуна воситаҳои иттилооти оид ба шахсони воқеи ва шахсони ҳуқуқӣ, молҳо, ақида ва ташаббуси онҳо паҳн карда мешавад. Ваи ба доираи шахсони номуайян, барои бавуҷуд овардан ва дастгирии манфиати соҳибкорон, молҳо, ақидаҳо, ташаббуси онҳо, инчунин барои мусоидат ба фурўши молҳо, ақидаҳо ва ташаббуси онҳо равона карда шудааст. Вале реклама ва дигар пешниҳоде, ки ба гурўҳи шахсони номуайян манзур шудаанд, ҳамчун даъвати бастани шартнома эътироф мешавад, ба шарте, ки дар таклиф тартиби дигаре дақиқ инъикос наёфта бошад. Ҳамчун қоида реклама нисбат ба таклиф оид ба бастани шартнома пештар оғоз меёбад. Вай дар шакли гуногун амали карда мешавад. Чунончӣ: дар матбуот, оинаи нилгун, тахтаи кардани эълонҳо, фиристодани китобҳо, буклетҳо, каталогҳо, сохтани лавҳаҳои ташвиқотию тарғиботи ва ғаираҳо. Агар чунин иттилоотҳо ҳамаи шартҳои муҳими шартномаро дарбар нагиранд, оферта эътироф карда намешавад. Ҳангоми бастани шартномаҳои соҳибкорӣ аҳамияти калонро офертаҳои оммавӣ мебозанд.
Мувофиқи пешниҳоде, ки тамоми шартҳои муҳими шартномаро фаро гирифтааст ва аз он нияти шахси манзурнамудаи пешниҳод оид ба бастани шартнома тибки шартхои дар пешниход манзургардида бо хар шахсе, ки майл дорад муайян мегардад, офертаи оммави эътироф карда мешавад. Офертаи оммави дар шакли фиристонидани варакахое низ ифода ёфтанаш мумкин, ки дар он хамаи шартхои шартнома инъикос меёбанд. Аксепт чавоби шахсе мебошад, ки офертаи ба у фиристодашударо гирифтааст. Аксепт бояд пурра ва бечунучаро бошад. Дар фаъолияти сохибкори чунин шакли аксепт ба монанди аз тарафи шахси оферта шрифта дар мухлати барои аксепт муайян шуда ичро намудани амали шартхои дар он зикршуда (борфиристони хизматрасони, ичрои кор, пардохти маблаги дахлдор ва гайра) чой доштанаш мумкин аст.
Чунин рафтор кардан хамон вакт аксепт ба хисоб меравад, ки агар дар конун ё дигар асноди хукуки тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, ё он дар оферта нишон дода нашуда бошад. Ба гайр аз тартиби умумии бастани шартномахои сохибкори, ки дар он тарафхо дар мувофикаи шартхо ва интихоби ракиб озод мебошанд, тарзхои дигари бастани шартномахо бо иштироки субъектхои фаъолияти сохибкори чой дорад. Ба монанди: бастани шартномахо бо рохи хамрохи, бо тартиби хатми бастани шартномахо, бастани шартномахо дар савдои умуми. Хамчун коида шарту шароитхои шартномаи хамрохшави бояд пурра кабул карда шавад. Ба он тагйирот ворид намудан ё тартиб додани протоколи мухолифати мумкин намебошад. Агар нисбат ба яке аз шартхои чунин шартнома хилоф ба миён ояд, он баста шуда хисоб карда намешавад.
Карор дар бораи тартиб додани шартномаи хамрохшави аз тарафи субъектхои фаъолияти сохибкори мустакилона кабул карда мешавад. Шартномаи хамрохшави нисбат ба чунин намудхои сохибкори ба монанди фаъолияти бонки, сугуртави ва гайрахо васеъ пахн гашта мебошад. Конунгузори нисбат ба тарафи ба шартнома хамрохшудае, ки ба фаъолияти сохибкори машгул мебошад, талаби зиёд зохир менамояд. Мохияти онхо дар он ифода меёбад, ки тарафи ба шартнома хамрохгардида, хак дорад бекор ё тагйир додани онро талаб намояд, агарчанде ки шартномаи хамрохшави хилофи конунхо набошад хам, вале онро аз хукукхое махрум созад, ки одатан мутобики чунин шакли шартномахо дода мешавад, масъулияти тарафи дигарро дар холати риоя накардани ухдадори истисно ё махдуд ё шартхои барои тарафи хамрохшуда бараъло вазнинро дар бар гирад, ки онхоро бо назардошти окилонаи манфиати даркнамудаи худ, хангоми мавчуд будани имконияти иштирок дар муайян кардани шарти шартнома кабул накунад. Хамзамон тарафи ба шартнома хамрохшуда бояд донад, ё мебоист донад, ки бо кадом шартхо вай чунин шартномаро бастааст.
Яке аз тарзхои бастани шартномахои сохибкори бо тартиби хатми бастани онхо мебошад. Чунин тартиб аз пешаки ба зимма гирифтани ухдадорихо ба миён меояд. Мисоли он шартномаи пешаки шуда метавонад. Шартномаи мазкур мутобики шакли барои шартномаи асоси мукаррашуда баста мешавад ва агар шакли шартномаи асоси муаиян нашуда бошад, он хатти тартиб дода мешавад. Риоя накардани коидахои шартномаи пешаки онро беэътибор мегардонад.
Ба беасос даст кашидан аз бастани шартномаи асоси ё, ки дорои шартхои шартномаи пешаки мебошад, рох дода намешавад. Ду варианти бо тартиби хатми бастани шартномахои сохибкори чой дорад:
1. Агар бастани шартнома барои тарафхое, ки ба онхо оферта фиристода шудааст хатми бошад.
2. Агар бастани шартнома барои тарафи оферта фиристонанда хатми бошад.
Дар мавриди якум оферта аз тарафе пешниход карда мешавад, ки барои бастани шартнома ухдадор нест, вале барои бастани он хавасманд мебошад.
Чумхурии Точикистон бо максади таъмини бардавоми муносибатхои шартномави номгуи махдуди асосхои тагйир додан ва бекор кардани шартномахоро пешбини менамояд. Пеш аз хама созиши тарафхо метавонад ба сифати чунин асос баромад намояд, агар дар конун ё шартнома тартиби дигар пешбини нагардида бошад. Созишномаи тагйир додан ё бекор кардани шартнома ба хамон шакле, ки дар шартнома мукаррар карда шудааст, амали карда мешавад. Хамзамон, содир намудани амали характери сукут дошта мумкин аст, хамчун созиш оид ба ворид намудани тагйирот ба шартномаи дар шакли хатти басташуда эътироф карда шавад. Чунончи, додани пардохти ичора аз руи меъёрхои нав мумкин аст хамчун созиш барои тагйири шартнома бахо дода шавад, агарчанде, ки розигии хатти оид ба тагйир додани шартхои шартнома аз тарафи ичозатдиханда набошад.
Асос барои тагйир додан ва бекор кардани шартнома бо талаби як тараф ба таври назаррас вайрон кардани шартнома аз тарафи дигар мебошад. Ба таври назаррас вайрон кардани шартнома гуфта ба тарафи дигар расонидани зиёнеро мефахманд, ки уро аз умеди ба даст овардани нафъи зиёди хангоми бастани шартнома дар назар дошта махрум месозад. Бо назардошти меъёри мазкур суди тадкиккунандаи хамаи холатхои кор муайян менамояд, ки ин ё он вайронкунии шартнома ба таври назаррас мебошад ё не .
Асоси махсуси тагйир додан ё бекор кардани шартнома дар байни сохибкорон яктарафа даст кашидан аз ичрои ухдадори хангоми чунин даст кашидан дар шартнома пешбини карда шудан мебошад. Хамзамон тарафхо метавонанд оид ба шартномаро вобаста ба таври назаррас тагйирёбии холатхо ё бекор кардани он мувофик намуда ахду паймон намоянд. Агар тарафхо ба мувофика наоянд, шартнома бо талаби тарафи хавасманд хангоми мавчуд будани чор шарт дар якчояги аз тарафи суд тагйир ё бекор карда мешавад. Чунончи:
а) агар дар лахзаи бастани шартнома тарафхо онро ба асос гирифта бошанд, ки чунин тагйир ёфтани холат ба миён намеояд;
б) агар тагйир ёфтани холат бо сабабхое руи дода бошад, ки тарафи манфиатдор пас аз рух доданаш онро бо хадди гамхори ва эхтиёткорие, ки аз руи характери шартнома ва шартхои муомилот аз вай талаб карда мешуд бартараф карда натавонад;
в) агар ичрои шартнома бидуни тагйир додани шартхои он то андозае таносуби манфиатхои амволии тарафхои дахлдори онро вайрон намояд, ки боиси ба тарафи манфиатдор расонидани зиёни калон гардад ва ба он чизе, ки як тараф хангоми бастани шартнома хак дошт умед бандад, махрум гардад;
г) агар аз анъанахои кори ё мохляти шартнома барнаояд, ки таваккали тагйир ёфтани холат ба зиммаи тарафи манфиатдор гузошта мешавад.
Дар баробари хамин холатхое пешбини шуда метавонанд, ки мувофики онхо тагйир додан ва бекор кардани шартнома яктарафа мумкин мебошад.
Онхо чунинанд:
а) аз чониби тарафи дигар вайрон кардани шартхои пешбинишудаи ё шартхои шартнома оид ба сифат, мухлати ичро ва шартхои дигар чой дошта бошад.
в) агар тарафи дигар – тибки тартиби мукарраргардида муфлис эътироф шуда бошад;
г) агар санади макомоти давлати, ки дар асоси он шартнома баста шуда буд, тагйир дода ё бекор карда шуда бошад.
Хангоми яктарафа тагйир додан ё бекор кардани шартнома як тараф бояд тарафи дигарро на дертар аз як мох пешаки огох намояд.
Бояд кайд намуд, ки хангоми тагйир додани шартнома ухдадории тарафхо дар шакли тагйирёфта нигох дошта шуда ва хангоми бекор кардани шартнома ухдадории тарафхо кать мегардад.

3. Мархилахои асосии ичроиши шартнома
Мутобики конунгузории чори, шартнома дар сурате, ки байни тарафхо оиди хамаи шартхои асосии он созиш ба амал меояд ахдшуда хисобида мешавад. Хангоме, ки шартнома ба шакли мукаррари тартиб дода шавад лахзаи баста шудани шартнома ифодаи хохиши тарафхо барои ахди он буда мутобики вай тарафхо хукуку ухдадорихо, масъулиятхо ба ухдаи худ мегиранд .
Тартиби ичроиши уададорихо аз руи шартнома байни хар тараф ба коидахои меъёрии муайян тобеъ аст.
Чи тавре, ки аз муносибати кори маълум аст, ичрои шартнома хамеша амали якдафаги (масалан, ба монанди амали харид дар магоза) набуда аксаран аз чараёни муайян иборат аст, яъне услуби муайяни ичрои амалхои пай дар пай мебошад. Дар ин чараён ду кисмати асосиро чудо кардан мумкин аст:
1. Мархилаи моддии ичрои шартнома.
2. Мархилаи техникию хукукии ичрои шартнома .
Мархилаи моддии ичрои шартнома ду амали ба хам вобастаро дар бар мегирад: як тараф амал (матлаб) – ро ичро мекунад (месозад) ва тарафи дигар амали ичрошударо кабул мекунад.
Тартиби ичрои ухдадорихо ба талаботхои дар конунгузории чори пешбини шуда тобеъ аст.
1. Мухлати ичроиши шартнома. Агар дар шартнома рузи ичроиш пешбини шуда бошад, ё аз руи он муайян кардан мумкин бошад дар ин муддат ухдадори бояд шавад, ухдадорихо дар хар кадом лахзаи ин мухлат ичро шавад. Бинобар коидаи умуми тарафи муомила ухдадорияшро набояд пеш аз муомила ичро кунад. Аммо, агар дар шартнома ба тарафхо хукуки пеш аз мухлат ичро кардани ухдадорихо пешбини шуда бошад, розигии тарафи дигар бошад, ё ки аз мухтавои ухдадорихо, анъанаи муносибати кори хулоса барояд, ухдадорихоро пеш аз мухлат ичро кардан мумкин аст. Дар акси хол тарафи дигар метавонад ухдадорихояшро ичро накунад ё ухдадорихояшро ичро кунад хам ба чониби шартнома оиди зараре, ки дар натичаи бемахал ичро шудани муомила расида аст, изхор намояд.
Тарафхо дар бисер мавридхо дар шартнома мухалати ичрои ухдадорихоро мукаррар намекунанд ё ин шарти мухимтаринро чунон ноаник (норавшан) ифода мекунанд, ки муайян кардани вакти ичрои муомила номумкин мешавад. Дар ин гуна холат ухдадории тарафайн бояд дар муддати муносиб ичро шавад. Дар сурати пайдо гардидани мунокиша \”муносиби\” ё \”номуносибии\” вакти ичрои корро метавонанд дар суд муайян кунанд.
2. Махали ичроиши шартнома.
Агар махалаи ичроиш дар шартнома муайян нашуда бошад мутобики коидаи умуми ухдадори бояд дар махалаи чойгиршавии тарафи кабулкунандаи ичрои ухдадори ичро гардад.
Аммо барои ин коида баъзе истиснохо вучуд доранд:
– амволи гайриманкул дар маалаи чойгиршавиаш супорида мешавад;
– ухдадории супоридани бор, ки кашонидани онро пешбини мекунад, дар чои супоридани бор ба боркашони якум сурат мегирад;
– агар ба харидор чои сохтан ё нигохдории бор маълум бошад ухдадории сохибкор оиди супоридани бор дар махали сохтан ё нигохдории он ичро мешавад.
3. Нархи шартнома.
Шартномаи подошдор мутобики нархи тавассути тарафхо мукарраршуда пардохта мешавад. Тагйир додани нархи шартнома пас аз ахди шартнома факат дар холатхо ва шароити пешбинишудаи шартнома мумкин аст.
4. Тарзи ичрои шартнома.
Тарзи ичрои шартнома ин тартиби фаъолияти тарафхо дар чараёни ичроиши кори дар шартнома пешбинишуда мебошад. Агар тарафайн ичрои кием – кисми ухдадориро пешбини накарда бошанд ухдадори мутобики коидаи умуми бояд якбора ичро шавад. Ухдадорихои шартномавии хар ду тараф бояд дар як вакт ичро шавад, боз хам агар оиди дигар намуд мувофика хосил нашуда бошад. Барои хамин хам тарафхо хангоми ахди шартнома бояд чи гуна ичро кардани ухдадорихояшонро дакику чидди пешбини намоянд.
Мархилаи техникию хукукии шартнома аз тафтиши ичрои микдорию сифати ва хамчунон тасдики хуччатии вокеияти ичро иборат аст.
Шахси ичрокунанда вазифадор аст, ки ба тарафи дигар хуччати мутобикро пешни ход намояд. Бояд дар хотир дошт, ки танхо ичроиши ухдадори амали оичро барои тарафи ухдадор катъ менамояд, гайр аз ин, то вакте, ки тарафи ухдадор дар бораи ичрои ухдадорихояш тасдикот надошта бошад, вай аз нигохи хукуки карздор хисобида мешавад, агар вай амалан ухдадорихояшро ичро карда бошад хам.
Агар ба таври дигар гуем, хар гуна ичроиши ухдадорихо бояд ба воситаи хуччат танзим шавад, дар акси хол ухдадорихо ичро нашуда шуморида мешавад. Ба тасдики хуччатии ухдадорихо инхо дохил мешаванд:
а) санаи супоридан ва кабул кардани мол (корхо, хизматхо);
б) супориши пардохти, ки пардохта шудани мол (корхо, хизматхо) – ро тасдик мекунад;
в) хучати боргирии муассисаи наклиёти дар бораи фиристода шудани бор ба унвони боргиранда;
г) хучат оиди супоридан кабули мол дар чои нигахдории фурушанда;
д) забонхат дар бораи гирифтани бор;
е) хуатхо ва гувохномахои дигар.
Бояд кайд шавад, ки тартиб ва танзими хучатхо оиди супоридан ва кабул кардани мол (корхо, хизматхо) ахамияти калон дорад.
Кабул кардани микдори мол мутобики хуччатахо зерин руйхат, супоришнома, фехрест, тамгаи бастабанди ва хоказо ба амал меояд.
Хангоми кабул кардани махсулот (мол) аз муассиса, кабулкунанда бояд дуруст будани тамга, куттихои бори, мавчуд будани тамгагузори ва монандии онро тафтиш намоянд.
Дар сурати ошкор шудани норасоии махсулот кабулкунанда вазифадор аст, ки кабул карданро боз дорад ва намояндаи фиристондаи борро барои иштирок дар давомдодани кабули мол ва тартиб додани санад, даъват намояд. Намояндаи фиристондаи бор аз шахри дигар дар суръате даъват карда мешавад, ки агар ин гуна шарт дар коидаи махсус ё шартнома пешбини шуда бошад.
Тартиб додани санад оиди норасои дар сурати наомадани фиристонандаи бор ё хатми набудани даъвати вай, бо иштироки муассисаи бегараз ё намояндаи ташкилоти чамъиятии кабулкунандаи махсулот рози бошад санад тавассути муассисаи – кабулкунанда тартиб дода мешавад.
Кабули махсулот аз нигохи сифат мутобики хуатхои дикаткунанда, ки сифати махсулоти фиристода шударо тасдик мекунад (шиносномаи техники, шаходатномаи сифат, гувохнома ва хоказо) сурат мегирад. Санад оиди норасоихои ошкор шуда бояд дар муддати 5 руз аз рузи ошкоршавии норасоихо, лекин пас аз ба анбор расидани бор на дертар аз 4 мох тартиб дода шавад.
Иштироки намояндаи фиристонандаи бор дар тартиб додани санад, оиди норасоихои сифати ба монанди таъомули иштироки вай дар тартиб додани санад оиди норасоихои микдори бо баъзе иловагихо мебошад.
Санади кабули махсулот (бор) аз нигохи сифат ва микдор барои эътироз ба фиристонандаи бор асос мешавад.
Санади супоридан ва кабули корхои ичрошуда хамчунон мутобики шартнома бояд хеле дакик бо нишон додани микдор ва сифати корхои ичро шуда, норасоихо ва эътирозхои супоришдиханда ва хоказо тартиб дода шавад.
Боз як тарзи дигари тартиб додани ухдадорихо аз хисоби дархостхои тарафайн мавчуд аст, ки шакли хоси ичроиши ду ё якчанд ухдадорихо мебошад ва инхо хамон ашхосро ба хамдигар алокаманд мекунанд. Каноатманд кардани талаботи як тараф аз талаботи тарафи дигар, ки аз ухдадории дигар бармеояд, сурат мегирад.
Ба хисоб гирифтани дархостхо (талабот) дар сурати риоя кардани шартхои зерин мумкин аст:
а) талабот бояд аз чониби хар ду тараф бошад;
б) талабот бояд ба хам монанди хам бошад;
в) вакти ичрои ухдадорихо бояд омада бошад.
Бахисобгирифтан дар асоси розигии тарафхо тавассути суратчаласа ё хуччати дигари дутарафа, ё бинобар дархости хаттии яке аз тарафхо сурат мегирад. Дар холати охирин розигии тарафи дигар лозим нест, лекин шарти татбики ба хисоб гирифтанро ва хамчунон вокеияти дархостхоро дар суд барраси кардан мумкин аст.

Ниг.: Брызгалин А. В. Юридическое оформление документов. – М. -1995. – С. 48.
Ниг.: Дашков А.В. Коммерческий дороговор от заключения до исполнения. Порядок оформления текста договора. – М. – 1994. – С. 24.

Ниг.: Бусыгин А.П. Предпринимательство. / Основной курс. -М.:- Интерпракс.-1994. – С. 33.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.