Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Ташкили музди меҳнат ва муносибати меҳнатии соҳибкор дар корхона

Сиёсати музди меҳнат ҷузъи таркибии идораи корхона буда, самаранокии кори корхона ба андозаи қобили мулоҳиза ба он вобаста мебошад1. Мафҳуми муносибатҳои меҳнатии соҳибкор
Сиёсати музди меҳнат ҷузъи таркибии идораи корхона буда, самаранокии кори корхона ба андозаи қобили мулоҳиза ба он вобаста мебошад, зеро музди меҳнат яке аз муҳимтарин омилҳои ҳавасмандкунӣ дар истифодаи оқилонаи қувваи корӣ ба шумор меравад.
Тартиби ҳавасмандкунии моддӣ – музди меҳнат ва мукофотҳои пулиро дар бар мегирад. Дар баъзе ҳолат ба сифати воситаи ҳавасмандкунии моддӣ системаи иштироки коргарон дар фоидаи корхона истифода мешавад.
Музди меҳнат – ин қисмати дар шакли пулӣ ифодаёфтаи даромади миллӣ аст, ки ба ивази миқдору сифати кори аз тарафи корманд анҷомёфта, тақсим шуда, ба истеъмоли шахсии ӯ ворид мегардад.
Музди меҳнат якчанд функсияҳоро иҷро мекунад:

Такрористеҳсол – таъмини имкони такрористеҳсоли қувваи корӣ;
Ҳавасмандгардонӣ – баландбардории сатҳи ҳавасмандӣ дар рушди корхона;
Иҷтимоӣ – баамалории принсипи адолати иҷтимоӣ.
Дар мавриди муайян сохтани сиёсати марбут ба музди меҳнат ва ташкили он дар корхона, зарур аст, ки принсипҳои зерин риоя карда шаванд:

Одилона будан, яъне музди баробар барои кори баробар пардохтан;
Ба эътибор гирифтани душвории кори иҷрошаванда ва савияи маҳорати корӣ;
Ҳавасманд кардан барои иҷрои кори босифат ва муносибати ҷиддӣ ба кор;
Ҷазои моддӣ додан барои нуқскорӣ ва муносибати бемасъулиятӣ дар вазифа;
Ҷуброн кардани музди меҳнат вобаста ба сатҳи таваррум:
Унсурҳои алоҳидаи ташкили музди меҳнат ин ташкили фонди музди меҳнат, системаи тарифӣ, шакл ва тартиби музди меҳнат мебошад.
Фонди музди меҳнат тамоми маблағҳои пулӣ, ки ба кормандони корхона аз рӯи ставкаи тарифӣ, музди корбайъ, маош, мукофот ва иловапулиҳоро дар бар мегирад.
Коллективи корхона мустақилона фонди музди меҳнатро ташаккул медиҳад, ки он қисми таркибии маблағҳое мебошад, ки ба истеъмолот равона карда мешаванд. Ба таркиби ин фонд дохил карда мешавад: ҳама гуна ҳисобҳо оид ба музди меҳнат, маблағҳои ҳавасмандкунӣ (мукофотҳо) ва ҷубронпулиҳо, маблағҳое, ки ба кормандон барои вақти кории иҷрокарданашуда мувофиқи қонун оид ба меҳнат, пардохта мешаванд ва ғайраҳо.

Шакл ва системаи музди меҳнат
Шакл ва низоми музди меҳнат – ин тарзи муайян намудани вобастагии андозаи музди меҳнат аз миқдор ва сифати меҳнати сарфшуда мебошад, ки бо ёрии маҷмӯи нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдорӣ, ки натиҷаҳои меҳнатро инъикос мекунанд, ифода мекунад.
Шакл ва низоми музди меҳнат барои таъмини дурусти таносуб байни андозаи кор ва андозаи музди он, инчунин барои баланд бардоштани сатҳи ҳавасмандии кормандон муқаррар шудааст.
Шаклҳои асосии музди меҳнат ин шаклҳои вақтбайъ ва корбайъ мебошад:
Музди кори корбайъ моҳона:
Коллективӣ пудратӣ
Корбайъи афзоянда (прогрессивӣ)
Паймонкорӣ(аккордӣ)
Корбайъи мукофотӣ
Музди кори корбайъи оддӣ
Шаклҳо ва низоми музди меҳнат

Музди кори корбайъ – ин музди меҳнате мебошад, ки барои миқдори маҳсулоти истеҳсолкардашуда пардохта мешавад.
Аксар вақт дар корхонаҳо но музди кори корбайъи оддӣ, балки корбайъи мукофотӣ истифода мегардад.
Музди меҳнати корбайъи мукофотӣ чунин низоме мебошад, ки коргар на танҳо дастмузди корбайъ, балки мукофот ҳам мегирад. Мукофотро одатан барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои муайян муқаррар мекунанд: иҷрои нақшаи истеҳсоли маҳсулот, супоришҳои марбут ба сифати маҳсулот ё сарфакорӣ дар харҷи мавод ва ғайраҳо.
Музди меҳнати вақтбайъ – ин музде мебошад, ки барои вақту замони анҷомшуда, вале на вақти тақвимӣ, балки вақти меъёрӣ, ки дар низоми тарифҳо пешбинӣ шудааст, пардохта мешавад.
Ба мақсад мувофиқ будани истифода аз низоми вақтбайъ ё соатбайъи музди меҳнатро омилҳои зиёде, ки дар мавриди тасмимгирӣ вуҷуд доранд, муайян менамоянд. Низоми вақтбайъи музди корро дар ҳолатҳои зерин ба кор бурдан манфиатбахш аст.
Дар корхона мавҷуд будани хатти муттасили конвейер, ки бо набзу низоми қатъиян муайян амал мекунад;
Вазифаи коргарон танҳо аз назорат кардани рафти ҷараёни технологӣ иборат бошад;
Сифати кор муҳимтар аз миқдори он бошад;
Кори хатарнок бошад.
Музди меҳнати корбайъро дар корхона дар ҳолатҳои зерин истифода бурдан мувофиқи матлаб аст:

Имкони ба ҳисоб гирифтани ҳаҷми дақиқи корҳои иҷрошаванда мавҷуд бошад;
Истифодаи ин низом ба сифати маҳсулот таъсири манфӣ надорад;
Афзоиш додани тавлиди маҳсул дар тамоми корхона зарурати ҳатмӣ мебошад.
3.Низоми муносибатҳои меҳнатӣ
Ба сифати воситаи ҳавасмандгардонии моддӣ метавонад инчунин низоми иштироки коргарон дар фоидаи корхона истифода шавад. Ин низом, барои байни коргарон ва фирма тақсим намудани фоидаи иловагие, ки дар натиҷаи баландбардории ҳосилнокии меҳнат ва беҳтар намудани сифати маҳсулот ба даст омадааст, пешбинӣ шудааст. Дар ин ҳолат, доимо ҳосилнокии умумии корхона дида мешавад.
Якчанд низоми иштирок дар тақсимоти фоида вуҷуд дорад. Бисёре аз онҳо бо натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти корхона вобаста набуда, балки бо нишондиҳандаҳои алоҳидае, ки омилҳои баландбардории рақобатпазириро инъикос мекунанд, вобастагӣ дорад.
Мақсади истифодаи ин гуна низом ин васеъ намудани ҳавасмандии коргарон ба баландбардории самаранокии меҳнати худ мебошад:

Пардохти меҳнат ин низоми муносибатҳои меҳнати мебошад, ки бо таъмин намудани муқаррарот ва баамал овардани пардохтҳо аз тарафи роҳбар ба коргар барои меҳнати у мувофиқи қонун ё дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ алоқаманд мебошад.
Музди меҳнати коргар ин мукофот барои меҳнат вобаста аз ихтисоси коргар, мураккабии кор, шумора, сифат ва шароитҳои корӣ иҷрошуда, инчунин пардохтҳои ҷуброни ва ҳавасмандгардони мебошад.
Аз тарафи қонунгузории меҳнат мафҳум, моҳияти музди меҳнати минималӣ ва тартиби муқаррар кардани он гуфта шудааст.
Низоми тарифӣ – ин маҷмӯи меъёрҳое мебошад, ки бо ёрии он гуногунияти музди меҳнати коргарони дараҷаи гуногун (категория) ба амал оварда мешавад.
Ба низоми тарифи дохил мешавад: ставкаҳои тарифӣ (маош), ҷадвали тарифӣ, коэффитсиентҳои тарифӣ.
Ставкаи тарифӣ (оклад) ин андозаи пардохти меҳнати коргарон барои иҷроиши меъёри меҳнат (ӯҳдадориҳои меҳнати)-и мураккабияти муайяндошта (ихтисос) дар як воҳиди вақт мебошад.
Разряди тарифи – бузургие, ки мураккабии кор ва ихтисоси коргарро нишон медиҳад.
Ҷадвали тарифӣ – ин маҷмӯи разрядҳои тарифӣ (касб, вазифа) мебошад, ки вобаста аз мураккабии кор ва хислатҳои ихтисосии коргарон бо ёрии коэффитсиентҳои тарифӣ муайян карда мешавад.
Разряди ихтисоси – бузургии дараҷаи тайёрии касбии коргарро нишондиҳанда.
Аҳамияти муҳимро дар ҷараёни ташкили музди меҳнат муқаррар кардани музди меҳнати минимали дар шакли ставкаи тарифии разряди якум дорад.
Ҳаҷми минамалии музди меҳнати аз тарафи қонун муайянкарда шуда дохил карда мешавад:
-ба ташкилотҳое, ки аз тарафи буҷа маблағгузори карда мешаванд, аз ҳисоби воситаҳои муайяни буҷавӣ;
-ба дигар ташкилотҳо – аз ҳисоби воситаҳои худӣ.
Ҳаҷми минималии музди меҳнат танҳо барои батанзим даровардани пардохти меҳнат ва барои муайян кардани меҳнат барои муайян кардани андозаи кӯмакпулиҳо, корношоямиҳои муваққати, пардохтҳо барои корҳои зараровар, ва дигар истифода бурда мешаванд.

Яке аз вазифаҳои роҳбар ин муайян кардани музди меҳнат ба коргарони корхона мебошад. Чунки аз ташкили дурусти музди меҳнати коргарон мувофиқи қонунгузории меҳнати самаранокии иҷроиши вазифаҳо аз тарафи коргарон, ҳосилнокии меҳнат, сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда вобаста мебошад. Ҷои муҳимро дар ташкили музди меҳнат низоми тарифи ишғол мекунад.
Ҳангоми додани музди меҳнат роҳбар вазифадор аст, ки ҳар як коргарашро дар шакли ҳатти оиди музди меҳнати ба у додашаванда дар як давраи муайян, андоза ва асос барои нигаҳдориҳо, инчунин маблағи умумии додашаванда маълумот диҳад.
Мувофиқи Кодекси Меҳнати ҶТ барои ҳамаи ҳолатҳои муайян намудани ҳаҷми музди меҳнати миёна тартиби ягонаи ҳисобкунии он муқаррар карда шудааст. Барои ҳисоб кардани музди меҳнати миёна тамоми пардохтҳои меҳнати, ки дар корхона новобаста аз сарчашмааш ба назар гирифта мешавад.
Дар ҳар як реҷаи кор ҳисобкунии музди меҳнати миёна и коргарон аз музди меҳнати ҳақиқӣ ҳисобшуда ва вақти коркардашуда дар давоми 12 моҳ гузаронида мешавад.

Нигоҳдориҳо аз музди меҳнати коргар танҳо дар ҳолатҳои дар Кодекси меҳнати ё дигар қонунгузориҳо гуфташуда ба амал оварда мешавад.
Нигоҳдориҳо аз музди меҳнати коргар барои пӯшонидани қарзи у дар назди роҳбар чунин ба амал оварда мешавад;
-барои руйпӯш намудани пешпардохт (аванс) коркарданашуда, ки ба коргар аз ҳисоби музди меҳнат дода шуда аст,
-барои пӯшонидани пешпардохти сарфкардашудаи барнагардонида, ки дар асоси сафари кори дода шуда,
-барои баргардонидани маблағи зиёдатии дар натиҷаи хатогиҳои ҳисоби ба коргар дода шуда аст,
-ҳангоми аз кор рафтани коргар то ба охир расидани он соли корие, ки ба он у аллакай рухсатии пардохтшаванда гирифта аст.
Роҳбар ҳуқуқ дорад, ки оиди нигоҳдори аз музди меҳнат то як моҳи ба охир расии мӯҳлати додани пешпардохт қарор қабул намояд, Ба шарте, ки коргар асос ва ҳаҷми нигоҳдориро талаб накунад.
Музди меҳнати зиёдатии ба коргар додашуда (ҳангоми истифодаи нодурусти қонун ё дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ) дар чунин ҳолат ё дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар чунин ҳолатҳо баргардонида мешавад:
– хатогии ҳисобкунӣ;
-агар аз тарафи қумитаи дидабарояндаи тамоюлҳои инфиродии меҳнати айби коргар оиди иҷро намудани меъёри меҳнат дониста шавад;
-агар музди меҳнат ба коргар дар ҳолати амалиётҳои ғайриқонунии аз тарафи суд муайяншудаи у барзиёд дода шуда бошад. Ҳаҷми умумии ҳамаи нигоҳдориҳо ҳангоми додани музди меҳнат аз 20 % зиёд набояд бошад ва ҳангоми ҳолатҳои аз тарафи қонун муайяншуда 50 %-и музди меҳнати коргар мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.