Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Масъулияти соҳибкори инфиродӣ ҳангоми муфлисшавии он.

Соҳибкори инфиродие, ки барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон оиди фаъолияти соҳибкорӣ қодир нест, бо қарори суд мумкин аст муфлис эътироф гардад.Мафҳуми шахси ҳуқуқӣ
Ҳуқуқи соҳибият
Ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайри тиҷоратӣ
1. Шаҳрвандон аз рӯи ӯҳдадории худ бо тамоми амволи ба ӯ таалуқдошта, ба истиснои амволе, ки аз он маблағ рӯёнидан манъ аст, масъулият дорад. Номгӯи чунин амволро кодекси мудофиаи граҷдании ҶТ муқаррар менамояд.
Соҳибкори инфиродие, ки барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон оиди фаъолияти соҳибкорӣ қодир нест, бо қарори суд мумкин аст муфлис эътироф гардад. Аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани чунин қарор қайди ӯ ба сифати соҳибкори инфиродӣ беътибор мегардад. Ҳангоми иҷрои расму қоидаҳои муфлис донистани соҳибкори инфиродӣ кредиторони ӯ аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ вобаста нестанд, ҳамчунин метавонанд талаботи худро пешкаш намоянд. Талаботи чунин кредиторон, ки бо ҳамин тартиб арз накардаанд, баъди ба итмом расидани расму қоидаҳои муфлисшавии соҳибкори инфиродӣ эътибори худро нигоҳ медоранд.
Талаботи кредиторони соҳибкори инфиродӣ дар сурати муфлис эътироф гардиданаш аз ҳисоби амволе ба ӯ таалуқдоштае, ки аз он маблағ рӯёнидан мумкин аст, ба навбати зайл қонеъ гардонида мешавад:
1. дар навбати аввал – талаботи шаҳрвандоне, ки соҳибкор дар назди онҳо барои расонидани зиён ба ҳаёт ё саломатиашон бо роҳи ба сармоя табдил додани пардохтҳои дахлдорӣ муваққатӣ масъул мебошад, инчунин талбот дар мавриди рӯёнидани алимент қонеъ гардонида мешаванд;
2. дар навбати дуюм – аз рӯи пардохти кӯмакпулии аз кор рафтан ва музди меҳнатиаш хоси тибқи шартнома (қарордод) – и меҳнатӣ коркунанда, вале ба мӯҳлати на бештар аз се моҳ ҳисобу китоб карда мешавад;
3. дар навбати сеюм – талаботи кредитороне қонеъ гардонида мешаванд, ки бо гарави амволи ба соҳибкори инфиродӣ таалуқдошта таъмин гардидаанд;
4. дар навбати чорум – қарз аз рӯи ӯҳдадории пардохти маблағ ба буҷет адо карда мешавад;
5. дар навбати панҷум – тибқи қонун бо кредиторони дигар ҳисобу китоб карда мешавад.
Талаботи кредиторони ҳар навбат пас аз қонеъ гардониданидани талаботи кредиторони навбати пешина қонеъ гардонида мешавад.
Пас аз ба охир расидани ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон, соҳибкори инфиродии муфлис эътирофгардида аз иҷрои ӯҳдадориҳои боқимондаи марбут ба фаъолияти соҳибкориаш ва талаботи дигаре, ки ҷиҳати иҷро пешниҳод гардида зимни муфлис эътироф кардани соҳибкор ба назар гирифта шудаанд, озод карда мешавад.
Асос ва тартиби муфлис эътироф кардани соҳибкори инфиродиро суд ё дар хусуси муфлис эълон кардани ӯро қонун дар бораи муфлисшавӣ муқаррар менамояд.
Бо қарори суд ба шаҳрванди соҳибкоре, ки муфлис эълон гардидааст, мумкин аст ба мӯҳлате, ки суд муайян менамояд, машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ манъ карда шавад.
Дар ҷараёни лексияҳои №1 ва №2 донишҷӯён бо патент ва шаҳодатномаи соҳибкор шинос карда мешаванд.
2. Ташкилоте шахси ҳуқуқӣ дониста мешавад ки дар моликият тасарруфи хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии молу мулкро дошта аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият дорад метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсони ғайримолумулкиро ба даст оварда татбиқ ва ҷавобгар бошад.
Ашхоси моликият – ҳуқуқи қонунан эътирофгардида ва ҳифзшавандаи субъект оид ба тибқи салоҳдиди худ соҳиби истифода ва ихтиёрдорӣ намудани молу мулкаш мебошад.
Ҳуқуқи соҳибият аз имконияти ҳуқуқии таъминшударо ҳақиқатан татбиқ гардидани моликияти ҳуқуқии амвол ибоарт мебошад.
Ҳуқуқи истифодаи амвол имконияти қонунан аз амвол ба даст овардани хосиятҳои табии фоиданоки он ва ҳамчунин аз он фоида гирифтан аст. Фоида метавонад ба тариқи даромад, афзоиши самара насл ё шаклҳои дигар ба даст ояд.
Ҳуқуқи ихтиёрдорӣ – ин имконияти муайян намудани тақдири ҳуқуқии амвол ибоарт аст.
Тасарруфи хоҷагидорӣ ва идоракунии оперативӣ – ҳуқуқи маҳдуди молу мулк мебошад.
Тасарруфи хоҷагидорӣ ба корхонаҳои воҳиди давлатӣ мансуб буда, маънои дар доираи муқаррароти муайяннамудаи молик (давлат) соҳибӣ истифода ва ихитёрдорӣ намуданро дорад.
Корхонаи воҳиди давлатӣ ки тасарруфи хоҷагидориро нисбати молу мулкаш дорост молу мулки номанқулро – иншоот таҷҳизот ва дигар фондҳои асосии корхонаро барои фурӯхтан ҳуқуқ надорад.
Идоракунии оперативӣ маънои онро дорад ки молу мулки аз тарафи молик супоридашуда танҳо мутобиқи мақсади фаъолияти шахси ҳуқуқи истифода ва ихтиёрдорӣ карда мешавад. Молик ҳақ дорад амволи зиёдатии таҳти истифода қарор надошта ва ё мутобиқи мақсад истифода нашударо пас гирад ва мутобиқи салоҳдиди худ истифода барад.
Шахси ҳуқуқӣ метавонад мутобиқи мақсадҳои фаъолияти дар ҳуҷҷатҳои таъсиси он пешбинӣ гардид ҳуқуқи граҷданӣ ва вобаста ба ин фаъоляит ӯҳдадорӣ дошта бошад. Ташкилтҳои тиҷоратӣ ба истиснои корхонаҳои воҳид метавонанд ҳуқуқу ӯҳдадориҳое дошта бошад, ки барои татбиқи ҳар намуди фаъолияти бо қонун манънашуда заруранд. Шахси ҳуқуқӣ бо намудҳои алоҳидаи фаъоляите, ки номгӯи онҳо қонун карда мешавад танҳо дар асоси иҷозатномаи махсус (литсензия) машғул шуда метавонанд, масалан истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ, доруворӣ, фаъолият дар соҳаи сохтмон, фаъолияти аудиторӣ ва ғайра.
3. Ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ.
Ташкилотҳое ашхоси ҳуқуқӣ буда метавонанд, ки ба даст овардани фоидаро мақсади асосии фаъолияти худ қарор додаанд (ташкилотҳои тиҷоратӣ) ё чунин мақсади ба даст овардани фоидаро надошта фоидаро байни иштирокчиён тақсим намекунанд (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ).
Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ метавонанд дар шакли ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ кооперативҳои истеҳсолӣ корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва маҳаллӣ таъсис дода шаванд.
Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ метавонанд дар шакли кооперативҳои матлубот ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ё динӣ муассисаҳои аз ҷониби молик маблағгузоришаванда фондҳои хайрия ва дигар фондҳо таъсис дода шаванд.
Таъсиси иттиҳодияҳои тиҷоратию ғайритиҷоратӣ дар шакли ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳо ба роҳ монда шудааст ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд.
Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ танҳо ба қадре ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда метавонанд ки барои мақсадҳои оинномавии онҳо зарур аст.
Корхона
Корхона ҳамчун объекти ҳуқуқ комплекси амволе эътироф карда мешавад ки барои татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ истифода мегардад.
Корхона дар маҷмӯъ ҳамчун комплекси амволи ғайритиҷоратӣ дониста мешавад.
Корхона дар маҷмӯъ ё як қисми он метавонанд объекти хариду фурӯш гарав иҷора ва аҳдҳои дигари марбут ба муқаррар намудан таъғир додан ё қатъ кардани ҳуқуқӣ амволӣ бошад.
Ба ҳайати корхона ҳамчун комплекси амволӣ тамоми намудҳои амволи барои фаъолияти он пешбинӣ гардида аз ҷумла ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бино иншоот таҷҳизот асбобу анҷом ашёи хом маҳсулот ҳуқуқи талаб қарз инчунин ҳуқуқ ба аломатҳои фардикунанда маҳсулоти он кору хизмат (номи фирмавӣ тамғаи мол тамғаи хизматрасонӣ ва ҳуқуқҳои мустаснои дигар дохил мешаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.