Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Ном ва маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ ташкилот

Ном ва маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ ташкилию ҳуқуқиаш ишора карда меашвад. Номи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ корхонаи воҳид баъзе ташкилотҳои тиҷоратӣ бояд ишора ба хусусияти фаъолияти шахси ҳуқуқиро дошат бошад.Таъсис додани шахси ҳуқуқӣ.
Зарурият ба намоядагӣ ва филиалиҳои шахси ҳуқиқӣ.
Масъулияти шахси ҳуқуқӣ.
1. Ном ва маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ ташкилию ҳуқуқиаш ишора карда меашвад. Номи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ корхонаи воҳид баъзе ташкилотҳои тиҷоратӣ бояд ишора ба хусусияти фаъолияти шахси ҳуқуқиро дошат бошад.
Маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ маҳаллӣ бақайдгирии давлатии он муайян карда мешавад.
Ном ва маҳалли ҷойгиршавии шакли ҳуқуқӣ дар ҳуҷҷатҳои таъсисие ки ташкилоти тиҷоратӣ мебошад бояд номи фирмавӣ дошта бошад ва баъд аз ба қайд гирифта шуданаш барои истифодаи он ҳуқуқи мустасно дорад. Тартиби бақайдгирӣ ва истифодаи номи фирмавиро қонунҳо муайян менамоянд.
Шахсе ки номи фирмавии ба қайд гирифташудаи шахси дигарро ғайриқонунӣ истифода мекунад бо талаби соҳиби ҳуқуқдори номи фирмавӣ вазифадор аст истифодаи онро қатъ карда зиёни расонидаашро ҷуброн намояд.
2. Намояндагӣ ва филиалҳо
Намояндагӣ воҳиди махсуси шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии он қарор дошта, манфиати шахси ҳуқуқиро ҳифз ва намояндагӣ менамояд, аз номи он аҳдҳо ва амалҳои дигари ҳуқуқиро анҷом медиҳад.
Филиал воҳиди махсуси шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии он қарор дошта, тамоми ё як қисми вазифаҳои он, аз ҷумла вазифаи намояндагиро иҷро мекунад.
Намояндагию филиалҳо шахси ҳуқуқӣ намебошанд. Онҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқии онҳоро таъсис намуда бо амвол таъмин карда, дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи он амал мекунанд.
Роҳбарони намояндагию филиалҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ таъин гардида, дар асоси ваколатномаи он амал мекунанд.
Намояндагию филиалҳо бояд дар оинномаи шахси ҳуқуқие, ки онҳоро таъсис додаст, нишон дода шаванд.
Масъулияти шахси ҳуқуқӣ.
Ашхоси ҳуқуқӣ, ғайр аз муассисаҳое, ки аз ҷониби молик маблағгузорӣ мешаванд, аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо тамоми амволашон масъулият доранд.
Муассиси (иштирокчии) шахси ҳуқуқӣ ё молики он, ба истиснои ҳолатҳои дар ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ пешбинигардида, аз рӯи ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқӣ, шахси ҳуқуқӣ бошад, аз рӯи ӯҳдадориҳои муассис (иштирокчӣ) ё молик масъулият надорад.
Агар сабабгорӣ муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ муассисон, молики амволи шахси ҳуқуқӣ ё ашхоси дигаре, бошанд, ки ҳуқуқи додани дастурҳои хаттиро ба шахси ҳуқуқӣ ё ба тариқи дигар имконияти муайян намудани амалҳои онро доранд, ба зиммаи чунин ашхос дар сурати нарасидани амволи шахси ҳуқуқӣ мумкин аст, аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулияти расонидани ёрии пулӣ гузошта шавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.