Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Азнавташкилдиҳӣ, Кафолати ҳуқуқии кредиторӣ ва Барҳам додани шахси ҳуқуқӣ

Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) метавонанд бо қарори муассисони он ё мақолаи ваколатдор ба амал бароварда шавад.Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ.
Кафолати ҳуқуқии кредиторони шахси ҳуқуқӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии он.
Барҳам додани шахси ҳуқуқӣ.
1. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) метавонанд бо қарори муассисони он ё мақолаи ваколатдор ба амал бароварда шавад.
Бо мақсади маҳдуд сохтани фаъолияти иқтисодӣ (монополистӣ) дар қонун мумкин аст ҳолатҳо ва тартиби маҷбуран азнавташкилдиҳии ташкилотҳои тиҷоратӣ дар асоси қарори суд пешбинӣ карда шавад.
Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли муттаҳид, ҳамроҳ кардан ё таъғир додан танҳо бо ризоияти мақомоти давлатии ваколатдор ба амал бароварда мешавад.
Вориси ҳуқуқӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ.
Ҳангоми муттаҳидшавии ашхоси ҳуқуқӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳар яки онҳо мутобиқи акти супуридан ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мегузаранд.
Дар сурати ҳамроҳкунии шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии ҳамроҳшуда мутобиқи акти супурдан ба ихтиёри шахси ҳуқуқии дигар мегузарад.
Дар сурати ҷудо кардани шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои он мутобиқи баланси тақсимот ба ашхоси ҳуқуқии навтаъсис мегузаранд.
Ҳангоми аз ҳайати шахси ҳуқуқӣ ҷудо кардани як ё якчанд ашхоси ҳуқуқӣ мутобиқи баланси тақсим ҳуқуқу ӯӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилдиҳанда ба ҳар яки онҳо мегузарад.
Ҳангоми аз як намуди шахси ҳуқуқӣ ба намуди дигар табдил додани шахси ҳуқуқӣ (таъғирдоданишакли ташкилию ҳуқуқӣ) ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мутобиқи акти супурдаи гузаронида мешаванд.
Акти супурдан ва баланси тақсимот.
Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои амволи шахси ҳуқуқии азнавташкилшуд ҳангоми муттаҳид ва ҳамроҳ кардан мутобиқи баланси тақсимот ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мегузарад.
Акти супурдан ва баланси тақсимот бояд мувофиқи муқаррарот оиди гузаштани ҳамаи ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда нисбати ҳамаи кредиторону қарздорони ӯ, аз ҷумла ӯҳдадориҳои мавриди баҳси тарафайн қарордоштаро ҳам дар бар гирифта бошад.
Акти супурдан ва баланси тақсимот аз ҷониби муассисони шахси ҳуқуқӣ тасдиқ гардида, якҷоя бо ҳуҷҷатҳои таъсис барои бақайдгирии ашхоси ҳуқуқии навтаъсис ё ворид намудани таъғирот ба ҳуҷҷатҳои таъсиси ашхоси ҳуқуқии мавҷуда пешниҳод карда мешавад.
Якҷоя ҳуҷҷатҳои таъсис пешниҳод накардани мутобиқан акти супурдан ва баланси тақсимот, муқаррарот оиди гузаштани ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда боиси рад кардани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии навтаъсис мегардад.
2. Кафолати ҳуқуқии кредиторони шахси ҳуқуқӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии он.
Муассисони шахси ҳуқуқӣ ё мақоми ваколатдор бояд кредиторони шахси ҳуқуқии азнавташкилшавандаро дар ин бора хаттӣ огоҳ созад.
Кредитори шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда ҳуқуқ дорад қатъ ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадориҳо, ки аз рӯи он ҳамин шахси ҳуқуқӣ қарздор мебошад; инчунин ҷуброни зиёнро талаб намояд.
Агар баланси тақсимот барои муайян намудани вориси ҳуқуқҳои шахси уқуқии азнавташкилшаванда имконият надиҳад, ашхоси ҳуқуқии навтаъсис аз рӯи ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда дар назди кредиторони ӯ масъулияти муштарак доранд.
3. Барҳам додани шахси ҳуқуқӣ.
Барҳамдиҳаии шахси ҳуқуқӣ боиси қатъ гардидани фаъолияти он бидуни ба ашхоси дигар ба тариқи вориси ҳуқуқ гузаштани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояш мегардад.
Шахси ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зерин метавонад барҳам дода шавад.

бо қарори муассисон ё мақоми ваколатдор.
бо сабаби гузаштани мӯҳлате, ки шахси ҳуқуқӣ барои он таъсис шуда буд;
ноил шудан а мақсади таъсиси шахси ҳуқуқӣ;
аз ҷониби суд беэътибор дониста шудани бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ бо сабаби роҳ додан ба вайронкунии ислоҳнопазирии қонун ҳангоми таъсиси он;
бо қарори суд; – дар сифати бидуни иҷозатнома (литсензия) фаъолият кардан;
Табиқи фаъолияти манъкардаи қонун бо вайронкунии дигари чандкарата;
дағалона вайронкунӣ, ё дар сунати татбиқи мунтазами фаъолияте, ки хилофи мақсадҳои оинномавии шахси ҳуқуқӣ мебошад;
ҳангоми аз тарафи муассисон ва кредиторон муфлис эълон гардидани шахси ҳуқуқӣ.
Талаби барҳам додани шахси ҳуқуқиро тибқи асосҳои зикргардида мақоми давлатӣ ё мақоми ҳокимияти маҳаллие, ки мувофиқи қонун барои чунин талаб ҳуқуқ дорад, ба суд дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ мумкин аст вазифаи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ба зиммаи муассисони он ё мақоми ваколатдор гузошта шавад. Муассисон шахси ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки бетаъхир аз хусуси барҳам додани шахси ҳуқуқӣ мақоми бақайдгирандаи ашхоси ҳуқуқиро (мақомоти адлия) хаттӣ огоҳ созанд ва онҳо ба феҳрасти давлатии ашхоси ҳуқуқӣ дар хусуси ҷараёни барҳамдиҳӣ қарор доштани шахси ҳуқуқӣ маълумот ворид месозад.
Муассисони шахси ҳуқуқӣ ё мақоми ваколатдор комиссияи барҳамдиҳиро таъмин намуда, мӯҳлати барҳамдиҳиро муқаррар менамоянд.
Комиссияи барҳамдиҳӣ аз лаҳзаи таъин гардиданаш барои назорат кардани амали мақомоти шахси ҳуқуқӣ дар мавриди ихтиёрдории амволаш ваколат ба даст меорад. Аз ҷумла, тамоми амалиёти мақомоти шахси ҳуқуқӣ, ки ба ҳегона кардани амволи он ё пардохти қарз равона гардидаанд, танҳо бо ризоияти комиссияи барҳамдиҳӣ метавонад ба амал бароварда шавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.