Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Бизнеси хурд ва мавқеи он дар иқтисоди бозоргонӣ

Гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ тағйиротҳои куллии сохтории истеҳсолоти ҷамъиятиро, ки ба бартарафкунии инҳисорот ва тараққиёти рақобат равона карда шудааст, талаб мекунад…Гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ тағйиротҳои куллии сохтории истеҳсолоти ҷамъиятиро, ки ба бартарафкунии инҳисорот ва тараққиёти рақобат равона карда шудааст, талаб мекунад. Чӣ тавре, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ тасдиқ мекунад, ҳалли ин масъала бе инкишофи соҳибкории хурд, ки дар шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтааст, ғайри имкон аст.
Ташаккулёбии сохторҳои хурди бозорӣ бе истисно дар ҳамаи соҳаҳо ва доираи иқтисодиёти мамлакат ба мақсадҳои ҷараёни иқтисодии хоҷагии ҷаҳонӣ ҷавобгў мебошад.
Фаъолияти соҳибкории хурдро бо мафҳуми умумии «корхонаҳои хурд» муттаҳид кардан мумкин аст. Ҳаҷми корхонаҳо аз хусусияти соҳаҳо, технологияи он, аз ҳолати таъсири бузургӣ вобаста аст. Соҳаҳое ҳастанд, ки бо сармояи баланд ва ҳаҷми калони истеҳсолот алоқаманданд. Дар баробари ин соҳаҳои дигар низ ҳастанд, ки барои тараққиёти онҳо маҳз ташкили корхонаҳои хурд ба мақсад мувофиқ аст.
Ба корхонаҳои хурд мувофиқи қонунгузории амалкунанда корхонаҳое мансуб карда мешаванд, ки шумораи кормандонашон дар соҳаи саноат ва сохтмон аз 50 нафар зиёд набошад, дар дигар соҳаҳо то 15 нафар бошад.
Дар шароити гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ корхонаҳои хурд дар иқтисодиёт мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Ғани гардонидани бозор бо моли хушсифат ва хизматрасонӣ, қонеъгардонии талаботи истеъмолӣ, ҷоннок кардани молия, ҳалли муаммоҳои шуғл, устуворгардонии тамоми низоми иқтисодӣ ба таври бевосита ба ҷараёни инкишофи шабакаи корхонаҳо ва соҳибкории хурд алоқаманд аст.
Мақсади барпо кардани корхонаҳои хурд мусоидат кардани гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва тақвият додани соҳибкорӣ мебошад.
Яке аз вазифаҳои асосии корхонаҳои хурд дар саноат ин бартараф намудани инҳисороти истеҳсоли маҳсулот мебошад? Тараққиёти корхонаҳои хурд қисми муҳими барномаи ғайриинҳисорикунонии иқтисодиёти мамлакат мебошад.
Корхонаҳои хурд на танҳо дар доираи истеъмолот, балки ҳамчун истеҳсолкунандаи механизмҳои хурд, ниммасолеҳҳо, қисмҳои ҷудогона ва дигар унсурҳо, ки барои истҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ заруранд, самаранок мебошанд. Бояд қайд кард, ки корхонаҳои хурд имкониятҳои бузург доранд. Таҷрибаи бисёрсолаи кишварҳои тараққикарда нишон медиҳад: ки бе шабакаи васеи корхонаҳои хурд фаъолияти бозори молӣ ғайри имкон аст, чунки онҳо дар шароити тағйирёбанда қобилияти тези мутобиқшавӣ ва ҳаракатнокиро доранд.
Мавҷуд будани миқдори зиёди корхонаҳои хурд имконият фароҳам меоранд, ки сохтори муҷтамаи иқтисодӣ ба суръати ҳарҷи бештар дигаргун сохта шавад. Зимнан дар соҳибкории хурд технологияҳои комилан нав мавриди истифода қарор мегиранд, ки минбаъд инкишоф ёфта истеҳсолоти алоҳидаро ташкил медиҳанд.
Вазифаи муҳими корхонаҳои хурд аз он иборат аст, ки корхонаҳои бузург ва миёнаи истеҳсолоти оммавӣ ва силсилавии маҳсулоти саноатӣ доштаро аз тавлиди молҳои камадад озод месозад. Масалан, корхонаҳои азими автомобилсозии ИМА, Ҷопон дорои даҳҳо ҳазор ширкатҳои хурди соҳибкорӣ мебошанд: ки ҷамъсозии қисмҳои эҳтиётӣ ва таркибҳои номураккабро таъмин мекунанд.
Бартариятҳои асосии корхонаҳои хурд:
қобилияти рақобатӣ ва демократӣ пайдо кардани истеҳсолот;
ба вуҷуд овардани миқдори зиёди ҷойҳои нави корӣ;
истеҳсолоти камсериявии он ва имконияти зуд дарк кардани тағйирёбии талаботи бозор;
суръат бахшидан ба роҳандозии навигариҳои илмию техникӣ;
васеъ истифода кардани захираҳои ашёи маҳалӣ;
барои сермаҳсулгардонии меҳнат шароитҳои мусоид фароҳам овардан;
эҳё кардани истеҳсолоти ёрирасон ва ҳунарҳои халқӣ;
мусоидат кардан ба пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрҳои хурд ва марказҳои хурди истиқоматӣ.
Дар марҳилаи аввали ташкилёбии корхонаҳои хурд, ки бо суръати зиёд афзоиш меёфтанд, иқтисодшиносон натиҷаҳои назаррасро умедвор буданд: ки ин падида ба инкишофи ҳамаҷонибаи рақобат, афзоиши имкониятҳои содиротӣ ва ғанӣ гардонидани бозор бо молу хадамот меоварад. Мутаассифона, ин пешбиниҳо амалӣ нашуданд. Саҳми ин корхонаҳо дар солимгардонии иқтисодиёт ночиз ва қобили мулоҳиза нест.
Албатта шубҳае нест, ки ин таъсири таназзули умумии истеҳсолот ва қатъ гардидани робитаҳои иқтисодӣ буд. Вале сабаби асосӣ дар он аст, ки корхонаҳои хурд дастгирии амалии давлатӣ наёфтанд ва соҳибкорон низ диққати асосии худро ба соҳаи истеҳсолоти маҳсулот не, балки ба соҳаи тиҷорат, хадамот ва миёнаравӣ равона намуданд. Масалан, дар охири соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаги 1669 корхонаи хурд ба қайд гирифта шуд. Аз шумораи умумии корхонаҳои хурд танҳо 210 корхона дар соҳаи саноат фаъолият мекарданд, дар соҳаи савдо ва хуроки умуми бошад: 496 корхонаи хурд фаъолият мекунанд. Бояд дар назар дошт, ки дар баробари инкишоф ёфтани муносибатҳои бозоргонӣ чунин вазъият тағйир ёфта, ба истеҳсоли маҳсулот диққати бештар дода хоҳад шуд.
Муаммоҳои инкишофи соҳибкории хурд.
Барои инкишофи фаъолияти корхонаҳои хурд Ҳукумати мамлакат ва мақомоти қонунбарорӣ як қатор қонуну фармонҳо қабул намудаанд, аммо як қатор омилҳое, ки барои инкишофи ин раванд монеъа мешаванд, мавҷуданд. Ин пеш аз ҳама монеъаҳои маъмурию ҳуқуқӣ, низоми андозбандӣ, назорати ташкилотҳои гумрук ва андоз мебошад. Субъектони соҳибкории хурд ва миёна ба муаммоҳое, ки онҳо дар фаъолияти ҳаррўзаи худ дучор мешаванд, ба монанди, бақайдгирӣ, гирифтани иҷозатномаҳои зарурӣ барои оғоз ва ё пеш бурдани фаъолият, литсензиякунонӣ, гирифтани стандартҳо ва сертификатҳои ба характери фаъолият мувофиқ, муаммоҳои андозбандӣ ва тафтишҳо, муаммоҳои маблағгузории берунӣ ва танзими фаъолияти берунмарзии соҳибкор: баҳодиҳии муносибатҳои соҳибкорон бо намояндагони мақомоти давлатӣ: баҳодиҳии сифати идоракунӣ дар доираи соҳибкории хурд ва минаи Тоҷикистон муносибати худро баён намуданд.
Ҳукумати шаҳри Душанбе дар доираи тайёрӣ ба машварати соҳибкорони шаҳр дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаҳои илмӣ омилҳо ва сабабҳоеро: ки монеъаи инкишофи соҳибкорӣ мешаванд: мавриди тадқиқ қарор дод? Тадқиқот мавҷуд будани омилҳои манфии зеринро ошкор намуд
мавҷуд будани системаи мураккаби бюрократишудаи иҷозатномадиҳӣ мебошад: ки фаъолияти озодонаи соҳибкоронро маҳдуд месозад. Низоми ҳозираи литсензиядиҳӣ имрўз ба яке аз омилҳои ҷиддитарини паст шудани самарабахшии фаъолияти соҳибкорӣ табдил ёфтааст. Миқдори зиёди санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки ҷараёни литсензиякунониро танзим мекунанд: онро номукаммал ва мушкил мегардонанд;
механизми андозбандӣ хеле мураккаб буда: андозҳои муқарраргардидаи амалкунанда зиёд мебошанд. Дар шароити ҳозира, ки дар ҳар қадам номуайянии ояндаи кор (бизнес) вуҷуд дошта ба паст фаромадани фоиданокӣ боис мегардад, қисми қобили мулоҳиза ё тамоми фоида дар пардохти андозҳо харҷ мешавад. Соҳибкорон онро қайд карданд, ки мазмуни ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки ҷараёни андозбандиро танзим менамоянд: барои дарк кардан хеле душвор мебошад. Бинобар ин субъектони бизнеси хурд ва миёна аксар вақт ба ҳисоби миёна 8%-и даромади худро аз андозбандӣ пинҳон мекунанд;
бисёре аз мақомоти тафтишкунанда (маъмурӣ ва сохторҳои қудратӣ) ҳар гуна монеъаҳоро дар роҳи фаъолияти мўътадили корхонаҳо ба вуҷуд меоранд? Базаи қонунгузорие, ки шароитҳои гузаронидани тафтишотро муайян мекунанд: аз 10 санадҳои гуногуни меъёрӣ-ҳуқуқӣ иборат мебошад ва зиёда аз бист сохторҳои гуногун ҳар вақт метавонанд тафтиши корхонаҳои хурд ва дигар сохторҳои бозоргониро ташкил диҳанд. Аз рўи тадқиқот ба ҳисоби миёна дар ҳар як субъекти соҳибкории хурд ва миёна дар Тоҷикистон 16 тафтишот гузаронида шуд, ки давомнокии он 17 рўзи кориро ташкил кард. Бинобар ин соҳибкорон оиди он ки чанд мақомоти идоракунанда ҳуқуқӣ гузаронидани тафтишотро доранд, маълумоти пурра надоранд;
ҳангоми ташкил ва бақайдгирии ширкатҳо кашолкорию қоғазбозиҳои бюрократии зиёд вуҷуд дорад. Аз рўи тадқиқотҳои гузаронидашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна давомнокии ҷараёни бақайдгирии субъектони бизнеси хурд ва миёна 36 рўзи кориро ташкил медиҳад. Дар ин маврид хароҷотҳои тамоман беасос пайдо мешаванд. Масалан, барои ташкили хоҷагии фермерӣ шахси ташаббускор бояд аз Ҷирщатол барои мувофиқа кардани ҳуҷҷатҳои зарурии таъсисӣ ба Душанбе биёяд. Дар ин ҳол ҳам дар давоми як-ду ҳафта корро ба анҷом расонидан муяссар намегардад. Чунки аксарияти соҳибкорони бизнеси хурд ва миёна ба душвории гирифтани ахборот оиди ҷараёни бақайдгирӣ ва мўҳлати зиёди бақайдгирӣ дучор мешаванд;
ба инкишофи фаъолияти соҳибкории хурд душвориҳои гирифтани қарзҳои бонкӣ: инчунин фоизҳои баланди онҳо монеъа мегардад. Тиҷоратӣ шудани сохторҳои бонкӣ боиси коҳиш ёфтани манфиатдориашон дар инкишофи босуръат ва самарабахши иқтисодиёт, махсусан бахши воқеии он гардидааст. Аз қарзҳои бонкӣ асосан ҳамон сохторҳое истифода бурданд: ки дар соҳаи мубодила ё дар амалиётҳои хариду фурўши амволи ғайриманқул, фаъолият доштанд. Тадқиқот нишон дод: ки 40%-и субъектони бизнеси хурд ва миёна ба маблағгузории берунӣ эҳтиёҷ доштанд: аз онҳо 11%-и соҳибкорон ба бонк барои қарз муроҷиат карданд. Аз муроҷиаткунандагон танҳо 31%-и соҳибкорон аз бонк қарзҳои гуногун гирифтанд. Сабаби асосии барои қарз ба бонк муроҷиат накардани соҳибкорон ин фоизҳои баланди қарз, талаби таъмини кафолат, бюрократияи бонкӣ ва ғайраҳо мебошад. То ҳоли ҳозир механизми муносибе дар таъмини кафолатҳои қарздиҳии бонкӣ таҳия карда нашудааст. Дар натиҷаи ин ва дигар камбудиҳо вазни қиёсии қарзҳои чоранопазир ва эҳтимоли хатарашон зиёд афзоиш ёфта, эҳтиёҷоти воқеии соҳибкорони ватанӣ ба манбаъҳои қарзӣ қонеъ носохта монд.

Дастгирии давлатии соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар марҳилаи аввали барқароршавӣ соҳибкории хурд ба дастгирии фаъолонаи давлат эҳтиёҷ дорад. Дастгирӣ гуфта танҳо субсид ва дотатсияи буҷетиро фаҳмидан лозим нест, агарчӣ онҳо низ хеле муҳим ба ҳисоб мераванд.
Дастгирии давлатии соҳибкории хурд – ин қабл аз ҳама фароҳам сохтани майдони муносиби ҳуқуқӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад ва ин бояд на танҳо бо ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳуқуқӣ, балки бо амалияи ҳаррўзаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ таъмин гардонида шавад.
Бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкории хурд дар Ҷумҳурӣ дар назди Ҳукумат Агентии давлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ ташкил карда шуд, ки яке аз вазифаҳои он таъмин намудани ҳимояи манфиатҳои соҳибкорон мебошад.
Мувофиқи қонунгузорӣ ба Агентӣ оид ба масъалаҳои бо танзими фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон алоқаманд, салоҳияти зиёд дода шудааст.
Моҳи октябри соли 2002 таҳти рақами 384 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ дар солҳои 2002-2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кард: ки Агентӣ онро дар амал татбиқ намуда истодааст. Мақсади асосии барнома фароҳам овардани шароитҳои мусоид (ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ: молиявӣ ва ташкилӣ) барои ташаккулёбии сектори хусусӣ, инфрасохтори тараққикардаи соҳибкорӣ, инчунин муайян кардани воситаҳои асосии макроиқтисодӣ ва дигар воситаҳои дастгирии давлатӣ ва ҷамъиятии соҳибкорӣ мебошад.
Дар барнома самтҳои асосии амалигардонии вазифаҳои гузошташуда муайян карда шудаанд, ки ба воситаи такмилдиҳии қонунгузорӣ, барпокунии низоми тараққикардаи маблағгузорӣ, қарздиҳӣ ва суғуртаи фаъолияти соҳибкорӣ, ташкил намудани ифрасохтори зарурӣ барои дастгирии соҳибкорӣ ба амал бароварда мешавад.
Ба мақсади ба амал баровардани барнома нақшаи дастгирӣ, ки 27 намуд чорабиниҳои асосиро пешбинӣ менамояд, коркард ва тасдиқ карда шуд. Ин барнома имконият медиҳад, ки бизнеси хурд инкишоф ёбад ва ба бартараф намудани инҳисорот дар иқтисодиёт мусоидат намояд: инчунин сохторҳои бозорӣ ташаккул ёбанд, муҳити рақобатӣ муккамал гашта, бозори молу хадамот фаровон гардад, афзоиши иқтисодиёт таъмин гардад ва даромади буҷет аз ҳисоби андозҳо зиёд шавад.
Яке аз равандҳои дастгирии соҳибкории хурд ин кўмак барои тайёр намудани кадрҳои соҳибкорӣ мебошад. Корпоратсияи байналхалқии Прагма барои тайёр кардани кадрҳои соҳибкорӣ фаъолият менамояд. Аз он ҷумла ин муассиса курсҳои «Чӣ тавр тартиб додани бизнес-нақша», «Чӣ тавр кор карда баромадани нақшаи бозоршиносӣ», «Баҳисобгирии бухгалтерии корхонаҳои хурду миёна», «Андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ», «Ҳуқуқи соҳибкорӣ» ва дигар курсҳои заруриро барои соҳибкорон ташкил намудааст.
Ҳама гуна ҳолатҳои зўроварӣ ва муносибати манфӣ нисбат ба соҳибкорро бо тамоми зуҳуроташ комилан аз байн бурдан зарур аст. Инро ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Китоби тафтишоти муассисаю корхонаҳоро таъсис намуд, ки дар он ҳар як ташкилоти тафтишкунанда ба қайд гирифта мешавад. Ин имконият медиҳад, ки шумораи тафтишкунандагон то андозае кам карда шавад.
Дигар раванди дастгирии соҳибкории хурд ин додани қарзҳои имтиёзнок мебошад. Агентии давлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ ба соҳибкорон барои баъзе фаъолиятҳои афзалиятнок қарзҳои имтиёзнок ҷудо мекунад, вале аксарияти соҳибкорон оиди мавҷуд будани Агентӣ ҳамчун мақомоти ҳимоякунандаи ҳуқуқҳои соҳибкорон, ахборот надоранд.
Барои дастгирии соҳибкории хурд Ҳукумати Ҷумҳурӣ низоми соддакардашудаи андозбандӣ кор карда баромад ва тасдиц намуд: ки аз рўи он соҳибкорон 10 намуд андоз пардохт мекунанд. Ғайр аз ин барои хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 1-уми январи соли 2003 дар қаламрави ноҳияи Ванҷ, Нов, Шаҳритуз ва Рўдакӣ бо тартиби озмоиш андози ягона амал мекунад. Аз 2000 соҳибкорони пурсидашудагон 78%-и он аз рўи низоми соддакардашуда андоз месупоранд.
Барои боз ҳам тақвият додани дастгирии давлатии соҳибкории хурд таҷрибаи мамлакатҳои тараққӣ кардаро, ба монанди ИМА, Ҷопон, Европаи Ғарбӣ ва ғайраҳо истифода кардан ба мақсад мувофиқ аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.