Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Намуд ва шаклҳои соҳибкорӣ

Гуногуншаклии фаъолияти соҳибкорӣ метавонад аз рўи хусусиятҳои гуногун тасниф карда шаванд намуди фаъолият, шакли моликият, шумораи иштирокчиён (моликиятдорон), шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва ташкилӣ-иқтисодӣ ва ғайраҳо…Гуногуншаклии фаъолияти соҳибкорӣ метавонад аз рўи хусусиятҳои гуногун тасниф карда шаванд намуди фаъолият, шакли моликият, шумораи иштирокчиён (моликиятдорон), шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва ташкилӣ-иқтисодӣ ва ғайраҳо.
Аз рўи намуд ва ё таъинот фаъолияти соҳибкориро ба истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, маслиҳатдиҳӣ ва ғайраҳо ҷудо кардан мумкин аст. Ҳамаи ин намудҳои соҳибкорӣ метавонанд дар алоҳидагӣ ва ё дар якҷоягӣ фаъолият кунанд.
Аз рўи шакли моликият амволи корхона метавонад хусусӣ, давлатӣ, мунисипалӣ, инчунин дар моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ бошад. Бо вуҷуди ин давлат наметавонад ба ягон шакли соҳибкорӣ дар амалигардонии ҳуқуқи моликият маҳдудият ва ё афзалият муқаррар намояд.
Аз рўи шумораи моликиятдорон фаъолияти соҳибкорӣ метавонад инфиродӣ ва коллективӣ бошад. Дар соҳибкории инфиродӣ моликият ба як шахси воқеӣ тааллуқ дорад. Дар соҳибкории коллективӣ моликият якбора ба якчанд субъектон бо муайянкунии ҳиссаи ҳар яки онҳо (моликияти ҳиссагӣ) ва ё бе муайянкунии ҳисса (моликияти муштарак) тааллуқ дорад. Соҳибият, истифодабарӣ ва ихтиёрдории амвол, ки дар моликияти коллективӣ аст, аз рўи созишномаи байни ҳамаи моликдорон (моликиятдорон) ба амал бароварда мешавад.

;

Ахборї

Истеъмоли истењсолии хизматњо

Истеъмоли истењсолии молњо

Расонидани хизмат

Истеёсоли молњо

Илмї-техникї

Навоварї

Истењсолї

1
Расми. Намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ.

Шаклҳои соҳибкориро дар навбати худ ба ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва ташкилӣ-иқтисодӣ ҷудо кардан мумкин аст. Ба қатори шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ рафоқатҳо, ҷамъиятҳо ва кооперативҳо дохил карда мешаванд.
Рафоқатҳо иттиҳодияи шахсонеро ифода мекунад, ки барои ба амал барории фаъолияти соҳибкорӣ ташкил карда шудааст. Рафоқатҳо дар он ҳолат барпо карда мешаванд, ки агар дар ташкили корхона ду ва ё зиёда шарикон иштирок кардан хоҳанд. Афзалияти муҳими рафоқатҳо дар имконияти ҷалб намудани сармояи иловагӣ ифода меёбад. Ғайр аз ин, мавҷудияти якчанд соҳибмулкон имконият медиҳад, ки махсусгардонӣ дар дохили корхона дар асоси донишҳо ва маҳорати ҳар яке аз шарикон ба амал бароварда мешавад.
Ҷамъиятҳо бо созишномаи на кам аз ду шаҳрвандон ва ё шахсони ҳуқуқӣ бо роҳи муттаҳид намудани саҳми онҳо (чӣ дар шакли пулӣ ва чӣ дар шакли аслӣ) бо мақсади ба амалбарории фаъолияти хоҷагидорӣ барпо карда мешаванд. Иштирокчиёни ҷамъияти масъулияташон маҳдуд аз рўи ўҳдадориҳои ҷамъият ҷавобгар нестанд. Онҳо танҳо дар ҳаҷми арзиши саҳми гузошташуда ҷавобгарӣ мебаранд. Бар хилофи онҳо иштирокчиёни ҷамъияти масъулияташон номаҳдуд аз рўи тамоми амволи худ ҷавобгарӣ мекашанд.
Аз ҳама ҷамъиятҳои паҳншуда ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба шумор мераванд. Фарқияти онҳо аз ҷамъияти масъулияташон маҳдуд ва номаҳдуд дар он ифода меёбад, ки ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ҳуқуқӣ ҷалб намудани воситаҳои пулии зарурӣ бо роҳи барориши қоғазҳои қимматнок – саҳмия пешниҳод карда шудааст. Бо вуҷуди ин иштирокчиёни ҷамъиятҳои саҳҳомӣ аз рўи натиҷаҳои фаъолияти он дар ҳаҷми арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуцдошта ҷавобгарӣ мекашанд (мебаранд).
Корхонае, ки аз тарафи гурўҳи шахсон барои фаъолияти муштараки истеҳсолӣ ва ё дигар фаъолияти хоҷагидорӣ ташкил карда шудааст, кооператив номида мешавад. Дар коллектив иштироки меҳнатии шахсӣ ва дигар иштироки аъзоёни он дар фаъолияти кооператив, инчунин муттаҳидкунии ҳақулсаҳми амволии иштирокчиёни он ҳатмӣ мебошад.
Ба шаклҳои асосии ташкилӣ-иқтисодии соҳибкорӣ консерн, ассотсиатсия, консорсиум, синдикат, картел мансуб карда мешавад.
Консерн – ин ҷамъияти саҳҳомии бисёрсоҳавӣ мебошад, ки корхонаро ба воситаи низоми иштирок назорат мекунад. Консерн пакети назоратии саҳмияҳои ширкатҳои гуногунро, ки нисбати он ширкати фаръӣ мебошанд, ба даст меорад. Дар навбати худ, ширкатҳои фаръӣ низ метавонанд пакети назоратии саҳмияҳои дигар ҷамъиятҳои саҳҳомиро ба даст оранд.
Ассотсиатсияҳо – шакли иттиҳодияи ихтиёри корхонаҳо, ташкилотҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил мебошанд, ки дар як вақт метавонанд ба дигар ташкилотҳо мансуб шаванд. Ба таркиби ассотсиатсияҳо, чун қоида, корхонаҳо ва ташкилотҳои махсусгардониашон якҷинса дохил мешаванд, ки дар қаламрави муайян ҷойгиранд. Мақсади асосии ташкили ассотсиатсияҳо – ҳалли муштараки вазифаҳои илмӣ-техникӣ, истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва дигар вазифаҳо мебошад.
Консорсиум иттидияи соҳибкоронро ифода мекунад, ки бо мақсади муштарак гузаронидани амалиётҳои бузурги молиявӣ (масалан, ба амалбарории сармоягузориҳои зиёд ба лоиҳаи бузурги саноатӣ) барпо карда мешавад. Чунин иттиҳодияи соҳибкорон имкон доранд, ки воситаҳои пулиро ба лоиҳаи бузург маблағгузорӣ кунанд, бо вуҷуди ин таваккал нисбатан паст мегардад, чунки ҷавобгарӣ байни иштирокчиён тақсим карда мешавад. Дар шароити инқилоби илмӣ-техникӣ консорсиумҳо дар соҳаҳои нав ва дар чорчўбаи соҳаҳои гуногун ба вуҷуд меоянд ва гузаронидани тадқиқотҳои муштараки илмиро пешбинӣ мекунанд.
Синдикат – муттаҳидкунии фурўши маҳсулоти соҳибкорони як соҳа мебошад, ки бо мақсади бартараф кардани рақобати байни онҳо ташкил карда мешавад.
Картел созишномаи байни корхонаҳои як соҳа оид ба нархи маҳсулот, хизматҳо, оид ба тақсими бозори фурўш, ҳисса дар ҳаҷми умумии истеҳсолот ва ғайраҳоро мефаҳмонад.
Шакли нави ташкилӣ-иқтисодии соҳибкорӣ гурўҳҳои молиявӣ-саноатӣ мебошанд. Онҳо муттаҳидкунии сармояи саноатӣ, бонкӣ, суғуртавӣ, ва тиҷоратӣ, инчунин нерўи фикрии корхонаҳо ва ташкилотҳоро ифода мекунанд.

2. Соҳибкории истеҳсолӣ.
Соҳибкории истеҳсолӣ ин фаъолияте мебошад, ки дар шароити он соҳибкор бевосита бо иҷрои истеҳсоли маҳсулот, молу хизматҳо, ахборот, арзишҳои маънавӣ, ки минбаъд ба харидорон фурўхта мешаванд, машғул аст. Аз нуқтаи назари хоҷаги халқӣ соҳибкории истеҳсолӣ намуди пешқадами соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар он истеҳсоли маҳсулоти ба ҷамъият зарур ба амал бароварда мешавад. Ғайр аз ин соҳибкории истеҳсолӣ яке аз фаъолиятҳои таваккали баланддошта ба ҳисоб меравад. Ҳама намудҳои молу хизматҳо барои истеъмолкунандагони мушаххас (аҳолӣ, ташкилотҳои соҳибкорӣ, давлат) аз тарафи субъектони соҳибкории истеҳсолӣ истеҳсол карда мешаванд.
Ба соҳибкории истеҳсолӣ фаъолияти навоварӣ, илмӣ-техникӣ, бевосита истеҳсоли молу хизматҳо, истеъмоли истеҳсолии он, инчунин фаъолияти ахборӣ дар ин соҳаҳо мансуб мешаванд. Ҳар як соҳибкоре, ки бо фаъолияти истеҳсолӣ машғул шудан мехоҳад, пеш аз ҳама, бояд муайян намояд кадом намуди молҳоро вай истеҳсол кардан мехоҳад, кадом намуди хизматҳоро расониданист. Пас аз ин соҳибкор ба фаъолияти бозоршиносӣ шурўъ мекунад. Барои муайянкунии талабот ба мол, соҳибкор бо истеъмолкунандагон, харидорони имконпазир, бо ташкилотҳои тиҷоратӣ робита барпо мекунад. Баохиррасии расмии гуфтушунид шартнома баромад мекунад, ки байни соҳибкор ва харидорони ояндаи молҳо баста мешавад. Чунин шартнома имкон медиҳад, ки таваккали соҳибкорӣ паст карда шавад. Дар ҳолати баръакс соҳибкор фаъолияти истеҳсолии худро бе шартнома дар асоси маслиҳати даҳонӣ оғоз мекунад. Дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ эътимоднокии маслиҳати даҳонӣ паст аст, таваккал бошад – нисбатан баланд.
Марҳилаи дигари соҳибкории истеҳсолӣ – ин ба даст овардан ва ё кирояи омилҳои истеҳсолӣ мебошад. Чӣ тавре, ки маълум аст, ба омилҳои истеҳсолӣ фондҳои истеҳсолӣ, қувваи корӣ, ахборот дохил мешаванд. Фондҳои истеҳсолӣ дар навбати худ ба фондҳои асосӣ ва гардон ҷудо мешаванд.
Фондҳои асосии истеҳсолӣ (олоти меҳнат) ба худ биноҳо, иншоот, воситаҳои интиқолӣ, мошину таҷҳизотҳои қудратӣ, мошину таҷҳизотҳои корӣ, асбобҳои ченкунанда, таҷҳизотҳои лабораторӣ, техникаи ҳисобборор, воситаҳои нақлиёт, асбобу олот, инвентари истеҳсолӣ ва дигар фондҳои асосиро дар бар мегирад.
Фондҳои истеҳсолии гардон (предметҳои меҳнат) ашё, масолеҳҳои асосӣ ва ёрирасон, захираҳои сўзишворӣ ва энергетикӣ, зарфҳо ва масолеҳҳои зарфӣ, асбобҳои камарзиш ва тезхўрдашаванда, қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин истеҳсолоти нотамом, маснуотҳои харида, ниммасолеҳҳои истеҳсолоти худӣ, хароҷотҳои давраи ояндаро ташкил медиҳанд.
Қувваи кориро соҳибкор бо роҳи эълонҳо, ба воситаи биржаи меҳнат, оҷонсӣ оид ба кортаъминкунӣ кироя мекунад. Ҳангоми интихоби ҳайат маълумоти номзадро ба кори муайян, дараҷаи маҳорати касбии он, таҷрибаи корӣ, сифатҳои шахсиро ба назар гирифтан зарур аст.
Пас аз ин соҳибкор тамоми ахбори заруриро оид ба имконияти ҷалб намудани захираҳо ба даст меорад, захираҳои моддӣ, молиявӣ ва меҳнатӣ, оид ба бозори фурўши маҳсулоти истеҳсолшаванда ва ё хизмати расонидашаванда ва ғайраҳо.
Натиҷаи фаъолияти истеҳсолии соҳибкор фурўши маҳсулот, кору хизматҳо ба харидор, истеъмолкунанда ва даромади муайяни пулӣ мебошад. Фарқияти байни даромади пулӣ ва харҷотҳои истеҳсолӣ фоидаи корхонаро ташкил медиҳад.
Дигаргунсозии сохтории иқтисодиёт барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам наовард, бинобар ҳамин ин намуди соҳибкорӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ба тағйиротҳои зиёди манфӣ дучор шуд, робитаҳои хоҷагидорӣ барҳам хўрданд, таъминоти моддӣ-техникӣ аз байн рафт, ҳаҷми фурўши маҳсулот паст шуд, вазъи молиявии корхонаҳо суст шуданд (гардиданд). Ҳол он ки аз тараққиёти соҳибкории истеҳсолӣ рушди иқтисодӣ ва дараҷаи тараққиёти иҷтимоии ҷамъият вобаста аст.

2. Соҳибкории тиҷоратӣ.
Мундариҷаи асосии соҳибкории тиҷоратиро амалиётҳо оид ба хариду фурўш, ба ибораи дигар, оид ба бозгашта фурўхтани молу хизматҳо ташкил медиҳанд. Схемаи умумии соҳибкории тиҷоратӣ ба схемаи соҳибкории истеҳсолӣ ҳаммонанд мебошад. Аммо дар соҳибкории тиҷоратӣ бар ивази захираҳои моддӣ моли тайёр ба даст оварда мешавад, ки минбаъд ба истеъмолкунанда фурўхта мешавад. Пас, бар ивази истеҳсоли маҳсулот дар ин ҷо ба дастоварии маҳсулоти тайёр ҷой дорад.
Соҳибкории тиҷоратӣ гуфта соҳибкориро меноманд, ки бо хариду фурўши молҳо, мубодилаи молҳо ва амалиёти молию пулӣ алоқаманди дорад. Ин фаъолият мобильна, зуд ба тағйиротҳо мутобиқ мешавад, чунки бевосита бо истеъмолкунандагонимушаххас алоқаманд аст. Чунин мешуморанд, ки барои тараққиёти соҳибкории тиҷоратӣ ду шароити асосӣ зарур аст, талаботи нисбатан устувор ба молҳои фурўхташаванда (бинобар ҳамин хуб донистани бозор ҳатмӣ мебошад) ва нархи хариди нисбатан арзон аз истеҳсолкунандагон, ки ба тоҷирон хароҷотҳои савдоиро пўшонидан ва гирифтани фоидаи заруриро имкон медихад.
Пеш аз он ки амалиёти тиҷоратиро оғоз намудан, таҳлили бозоршиносии бозорро гузаронидан зарур аст.
Дар намуди умумӣ бозоршиносӣ низоми ташкил ва идоракунии тамоми тарафҳои фаъолияти хоҷагидории корхона (фирма)-и тиҷоратиро ифода мекунад. Бозоршиносӣ барои идоракунии фаъолияти корхонаи тиҷоратӣ равона карда шудааст. Ба воситаи бозоршиносӣ тамоми намудҳои марҳилаҳои ҳаётии корхонаи тиҷоратӣ ба амал бароварда мешаванд, тадқиқоти бозор, ҳаракати маҳсулот бо шабакаҳои гардиш то ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ, таъмини молиявӣ ва гирифтани фоида. Бо вуҷуди ин ба корхонаи тиҷоратӣ ду талаботи ба ҳам алоқаманд пешниҳод карда мешавад, мутобиқшавии имконпазир ба рафтори тағйирёфтаистодаи истеъмолкунандагон ва выживаемость дар шароити рақобат.
Шарти муҳими ба амалбарории бозоршиносӣ дар фаъолияти тиҷоратӣ банақшагирии он ба шумор меравад. Нақшаи бозоршиносӣ барои муқарраркунии супоришҳо оид ба ҳаҷми фурўш дар ифодаи аслӣ ва арзишӣ ҳамчун асос хизмат мекунад. Бо вуҷуди ин молҳо аз рўи тавсифи талабот фарқ мекунанд, гурўҳи якум – молҳое, ки ҳоло бозорро забт накардаанд, бинобар ин диққати баландро талаб мекунанд, гурўҳи дуюм – молҳои анъанавӣ, ки талаботи устувор доранд.
Сохтори бозоршиносӣ ба қатори фаъолияти идоракунии фаврӣ ба худ чунин вазифаҳоро, ба монанди: тадқиқоти бозор, баҳодиҳии вазъият, пешгўӣ, банақшагирӣ, дар амал татбиқкунӣ ва назорат аз болои рафти иҷрокунии ҳар як вазифаҳои номбар кардашуда, дар бар мегирад.
Агар таҳлили пешакии бозор ва пешгўӣ ба манфиати баамалбарории амалиёти тиҷоратӣ шаҳодат диҳад, он гоҳ ба соҳибкор зарур меояд, ки бизнес-нақшаи амалҳои кориро кор карда барояд. Дар бизнес-нақша бояд барномаи амалҳо оид ба амалигардонии амалиёт ва ҳисоби хароҷотҳои зарурӣ ва натиҷаҳои интизоршаванда инъикос ёбанд.
Дар намуди умумӣ барномаи ҳар як амалиёти тиҷоратӣ ба худ корҳои зеринро дар бар мегирад:
– кирояи кормандон барои иҷро намудани хизматҳои тиҷоратию миёнаравӣ (хариди мол, боркашонӣ, фурўши он, гузаронидани корҳои тарғиботӣ);
– ба даст овардан ва ё ба иҷора гирифтани бино, анборҳо: нуқтаҳои савдо, ки барои нигоҳдорӣ ва фурўши мол зарур;
– хариди мол барои фурўши минбаъдаи он;
– ҷалб намудани воситаҳои пулии қарзӣ барои маблағгузории амалиёт ва баргардонидани минбаъдаи қарз ва фоизи он;
– ба даст овардани ахбороти зарурӣ барои банақшагирӣ ва танзими амалиёт;
– фурўши молҳо ба харидорон ва гирифтани даромад;
– бақайдгирии амалиёт, пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳо ба мақомоти давлатӣ.
Доираи фаъолияти соҳибкории тиҷоратӣ биржаҳои молӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ баромад мекунанд.
Мақсади биржаҳои молӣ – ташкил намудани механизми идоракунии рақобати озод ва бо ёрии он бо назардошти тағйирёбии талабот ва таклифот нархҳои ҳақиқии бозориро ошкор намудан мебошад. Биржаи молӣ шакли бештар тараққикардаи бозори яклухти доимоамалкунандаи молҳои оммавӣ (гандум, ангишт, металл, нафт ва ғайраҳо) ба ҳисоб меравад. Чунин биржаҳо таи чанд солҳо дар тамоми мамлакатҳои иқтисодии тараққикарда амал мекунанд. Дар замони ҳозира дар Ҷумҳурии Тоҷикистон биржаҳои молӣ фаъолият мекунанд.

3. Соҳибкории молиявӣ.
Соҳибкории молиявӣ як намуди соҳибкории тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад, чунки объекти хариду фурўши он моли махсус-пул, асъор, қоғазҳои қимматнок (саҳмияҳо, облигатсияҳо) баромад мекунад, яъне фурўши як саҳмия ба дигар саҳмия бо нархе, ки гирифтани фоидаро таъмин менамояд, сурат мегирад.
Бо гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ бозори пул, асъор ва қоғазҳои қимматнок тараққӣ карда истодааст, иштирокчиёни он бонкҳои тиҷоратӣ, биржаҳои фондӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ-соҳибкорон баромад мекунанд. Азбаски соҳибкории молиявӣ – яке аз намудҳои соҳибкории тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад, бинобар ин технологияи аҳдномаи соҳибкории молиявӣ бо технологияи аҳдномаи тиҷоратӣ монанд аст. Танҳо фарқият дар он аст, ки моли соҳибкории молиявӣ активҳои (дороиҳои) молиявӣ мебошанд. Соҳибкоре, ки бо ин намуди соҳибкорӣ машғул мешавад, фаъолияти худро аз таҳлили бозори қоғазҳои қимматнок ва фаъолияти бозоршиносӣ оғоз мекунад. Фаъолияти бозоршиносӣ бо ҷустуҷў ва ҷалб намудани харидорони имконпазири пул, асъор ва қоғазҳои қимматнок алоқаманд аст. Ҳамзамон соҳибкор сарчашмаи ба даст овардани пул, асъор ва қоғазҳои қимматнокро муайян мекунад. Дар ин ҳолат дорандаи аввалини «маҳсулоти молиявӣ» метавонад худи соҳибкор бошад ( пул, асъор, қоғазҳои қимматнокро пешакӣ ҷамъ намудааст). Соҳибкор ҳамчун дар нақши фурўшанда ва ё судхўр (ростовщик) баромад мекунад, ки пул, асъор ва ғайраҳоро ба истеъмолкунанда ба ивази музди муайян ва ё фоизи муайян пешниҳод мекунад.
Боз дигар шакли соҳибкории молиявӣ барориши қоғазҳои қимматнок, ба монанди: саҳмияҳои шахсӣ, облигатсияҳо, қоғазҳои қимматноки тиҷоратӣ мебошад. Соҳибкор қоғазҳои қимматнокро ба фурўш мебарорад, бо шароитҳо ва ўҳдадориҳои муайян ба сифати «моли молиявӣ» ҷойгир мекунонад. Чунин шакли соҳибкориро, чун қоида корхонаҳо, бонкҳо, на ин ки соҳибкорони алоҳида ба амал мебароранд.
Шакли бештар паҳнгаштаи соҳибкории молиявӣ – хариди қоғазҳои қимматнок аз тарафи худи соҳибкор ба ҳисоб меравад. Моҳиятан ин дар он ифода меёбад, ки соҳибкор пул, асъор, қоғазҳои қимматнокро ба маблағи муайян (Дп) мехарад ва онҳоро ба харидори дигар ба маблағи зиёдтар (Дд) мефурўшад (фарқи байни Дд ва Дп даромад меорад).
Соҳибкории молиявӣ назар ба дигар намудҳои он ба ахбороти аниқ, таъмини техникаи ҳисоббарор ва ташкилӣ эҳтиёҷоти калон дорад.
Аҳдномаи молиявӣ ба мақсад мувофиқ ҳисобида мешавад, агар фоидаи софи ҳисобии он дар давоми як сол на камтар аз 5%-и ҳаҷми аҳдномаро ташкил диҳад (дар аҳдномаҳои мўҳлаташ зиёдтар ин фоиз то 10-15% меафзояд).
Доираи асосии фаъолияти соҳибкории молиявӣ бонкҳои тиҷоратӣ ва биржаҳои фондӣ ба ҳисоб мераванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.