Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Мундариҷа, моҳият ва бартариятҳои соҳибкории муштарак

Гузариш ба иқтисоди бозорӣ бо мақсади ба натиҷаҳои баланди миқдорӣ ва сифатӣ ноил шудан зарурати ҷутуҷў ва амалигардонии шаклҳои нави хоҷагидориро шарт ва зарур меҳисобад…Гузариш ба иқтисоди бозорӣ бо мақсади ба натиҷаҳои баланди миқдорӣ ва сифатӣ ноил шудан зарурати ҷутуҷў ва амалигардонии шаклҳои нави хоҷагидориро шарт ва зарур меҳисобад. Яке аз чунин шаклҳои пешқадами хоҷагидорӣ соҳибкории муштарак мебошад, ки дар тараққӣ додани робитаҳои иқтисодии берунӣ нақши муҳимро мебозад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки манфиатҳои ҳамкорӣ байни давлатҳо дар соҳаи истеҳсолот бештар тавассути корхонаҳои муштарак ба амал бароварда мешавад.
Дар адабиётҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мафҳуми ягонаи корхонаҳои муштарак вуҷуд надорад. Ин шакли соҳибкорӣ аз ибтидои пайдоиши худ бо чунин истилоҳ, ба монанди «ҷамъиятҳои омехта», «ширкатҳои омехта», «соҳибкории муштарак» ифода карда мешуд. Моҳияти пурраи соҳибкории муштаракро бештар «корхонаҳои муштарак» таҷассум менамоянд.
Соҳибкории муштарак чунин шакли соҳибкорие мебошад, ки аз саҳмгузории ду ва ё зиёда давлат барои истеҳсоли муштарак, фурўши якҷояи маҳсулот, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, сохтмон, маслиҳату машваратҳои техникӣ, ба амал баровардани хизматҳои нақлиётӣ, молиявӣ, суғуртавӣ таъсис дода мешаванд. Дар доираи чунин намуди соҳибкорӣ ҳамкорон оиди муттаҳид кардани захираҳои молиявӣ, пеш аз ҳама дар шакли саҳмпулӣ оиди фаъолияти ҳамҷоя дар доираи истеҳсолу хизматрасонӣ ва дар бораи тақсими якҷояи фоида ва фаъолияти таваккалӣ шартнома мебанданд.
Ташкили соҳибкории муштарак ба талаботҳои умумиҷаҳонӣ ҷавобгў буда, яке аз сарчашмаҳои мусоидаткунандаи гузариш ба иқтисоди бозоргон мебошад. Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва молҳои ниёзи мардум, амалиётҳои содиротию воридотӣ ва тиҷоратию харидкунӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, телекоммуникатсия ва коркарди канданиҳои фоиданок – самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Барпо кардан ва рушду равнақи корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қодиранд, ки ба ҳалли масъалаҳои зерин, ба монанди, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо молу хизматҳои гуногун, васеъкунии нерўи содиротӣ азхудкунии техника ва технологияи нав, муҳайёкунии ҷойҳои кори иловагӣ ва ғайраҳо мусоидат намоянд.
Корхонаҳои муштарак як шакли ҳамкории иқтисодии байналхалқӣ, шакли самаранок ва тараққикарда ба ҳисоб меравад. Дар корхонаҳои муштарак ҳамкорон барои ба натиҷаҳои баланд ноил шудан ҳавасманданд. Чунки аз натиҷаҳои фаъолияти онҳо ҳаҷми фоидае, ки ҳар як ҳамкор (шарик) вобаста ба сармояи гузошташуда ба даст меоранд, вобаста аст.
Истифода ба шароитҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсадҳои зерини ташкили корхонаҳои муштаракро тавсиф додан мумкин аст:
-азхуд намудани боигариҳои табиӣ (бо шарти нигоҳдории муҳити табиӣ);
-ба хоҷагии халқи Ҷумҳурӣ ҷалб намудани техника ва технологияи пешқадами хориҷӣ, таҷрибаи идоракунӣ,
-бунёди ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии бекор;
-ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ҷалб намудани захираҳои иловагии моддӣ ва молиявӣ,
-тараққӣ додани базаи содироти ҷумҳурӣ ва кам кардани воридот, азхуд кардани бозорҳои нав, васеъ кардани имкониятҳои худии фурўши маҳсулот;
-истихроҷ, коркард ва содироти ашёи хоми босифат ва камарзиш (пахта, масолеҳи сохтмонӣ, канданиҳои фоиданок ва ғайраҳо);
-баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, махсусан дар соҳаҳое, ки омили сарфакорӣ барои онҳо муҳим аст;
-ба даст овардани фоида аз сармоягузориҳои хориҷӣ.
Бартариятҳои соҳибкории муштарак дар он зоҳир меёбад, ки дар он техника ва технологияи нав ба истеҳсолот тез ҷорӣ карда мешавад, аз болои истифодаи захираҳои иқтисодӣ дараҷаи назорат баланд аст, робитаи бевосита бо бозори дохилӣ ва берунӣ вуҷуд дорад, ба сарчашмаҳои ашёи хом наздик мебошанд, инчунин мустақилиятро дар ташкили истеҳсолот ва фурўши маҳсулот дороянд.
Хусусияти муҳими ҳамкории шарикон дар он ифода меёбад, ки иштирокдорони соҳибкории муштарак технологияи навтаринро пешниҳод менамоянд, сирри истеҳсолиро ошкор мекунанд, барои ташкили фаъолият кўмак мекунанд ва робитаҳои тиҷоратии худро истифода мебаранд.
Соҳибкории муштарак метавонад ба ташаккулёбии муҳити иқтисодӣ таъсири бевосита расонида, ба фаъолкунии муносибатҳои бозорӣ мусоидат кунад ва мустақилияти ҳақиқии фаъолияти корхонаҳои ду ва ё зиёда давлатҳоро таъмин кунад.
2. Соҳибкории муштарак ҳамчун шакли махсуси ҷалбкунии сармоягузориҳои хориҷӣ.
Ташкили соҳибкории муштарак ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ ва самаранок истифода намудани он бо мақсади баланд бардоштани иқтисодиёти ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои муҳими давраи гузариш ба ҳисоб меравад.
Ҳоло имрўз дар ҷумҳурӣ барои бунёди корхонаҳои муштарак шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст, ки ҳаматарафа иштироки сармояи хориҷиро дар дигаргунсозии ҳамаи соҳаҳои истеҳсолот ҳавасманд мегардонад.
Қонуни асосие, ки шароитҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти сармоягузориро дар иқтисоди миллӣ муайян менамояд. Қонун «Дар бораи сармоягузориҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки ҳаматарафа ҳимояи ҳуқуқҳо, манфиатҳо ва амволи сармоягузорони хориҷиро новобаста аз шакли моликият таъмин карда, барои ҳамгироии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ асоси ҳуқуқии устуворро муҳайё месозад.
Барои беҳтар гардонидани ҷараёни сармоягузорӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни зикршуда тағйироту иловаҳо ворид карданд. Масалан, корхонаҳое, ки дар он ҳаҷми сармояи хориҷӣ аз 100 ҳазор доллари ИМА то зиёда аз 5 млн доллари ИМА-ро ташкил диҳад, аз супоридани андоз аз фоида аз 2 то 5 сол озод карда шуданд.
Мавҷудияти канданиҳои фоиданок, наздикии сарчашмаҳои ашё ба марказҳои саноатӣ ва арзиши пасти қувваи кори маҳаллӣ, бешубҳа, ҷумҳуриро барои шарикони хориҷӣ диққатҷалбкунанда месозад.
Ташкили корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар ҷалб намудани технологияи пешқадами хориҷӣ, таҷрибаи пешқадами идоракунӣ нақши калон бозанд. Барои иқтисодиёти мо таҷрибаи ҳамкорони (шарикони) хориҷӣ дар соҳаи бозоршиносӣ ҳангоми ба бозорҳои ҷаҳонӣ баромадан аҳамияти калон дорад. Ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва таҷрибаи хориҷии азхудкунии бозорҳо метавонад ба тезонидани ҷорисозии комёбиҳои илмӣ-техникӣ дар истеҳсолот мусоидат намояд.
Корхонаҳои муштарак метавонанд ба зиёдкунии истеҳсоли молҳои камчин, аз он ҷумла молҳои ниёзи мардум мусоидат кунад. Дар баъзе мавридҳо истеҳсоли молҳои таъиноти истеҳсолидошта ва техникию коммуникатсионӣ дар корхонаҳои муштарак ҳатто дар асоси воридоти баъзе қисмҳои эҳтиётии онҳо назар ба воридоти молҳои тайёр муфидтар аст, зеро хароҷотҳои асъорӣ камтар мешаванд. Чӣ тавре, ки маълум аст, муаммои муҳими иқтисодиёт ин инҳисории корхонаҳо ва иттиҳодияҳои калон мебошад, ки ба онҳо имконияти гузоштани шартҳоро ба истеъмолкунандагони маҳсулоти худ, медиҳад. Ташкили корхонаҳои муштарак метавонад яке аз воситаҳои мубориза бо ин инҳисорӣ гардад. Корхонаҳои муштарак ба таҷрибаи хориҷӣ такя карда, метавонанд бомуваффақият дар бозори мо бо корхонаҳои калон рақобат намуда, онҳоро маҷбур созанд, ки сифати молҳояшонро баланд бардошта, хароҷотҳои истеҳсолиро паст кунанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори зиёди корхонаҳои муштарак таъсис дода шудааст, ки муассисони қисме аз онҳо сармоягузорони хориҷӣ мебошанд. Боз як чиз муҳим аст, ки шакли ташкилии корхонаҳои муштаракро аксар ҷамъиятҳои саҳҳомии шакли пўшида ташкил медиҳад.
Соҳибкории муштарак аз нуқтаи назари назариявӣ ва амалӣ бисёр масъалаҳоро дида мебарояд. Имкониятҳое, ки ин шакли нави ҳамкорӣ ба иқтисодиёти мо медиҳад, бараъло маълум аст. Аммо ин шакли ҳамкорӣ, ба монанди дигар соҳаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ба худ диққати мақомотҳои танзими давлатиро талаб менамояд. Бинобар ҳамин барои тараққиёти соҳибкории муштарак бояд пеш аз ҳама чораҳои фаъол нисбати ҷалби сармояи хориҷӣ андешида шаванд. Ҳангоми амалигардонии ин чораҳо ба ҳамон соҳаҳо ва минтақаҳое диққат додан лозим аст, ки махсусан муфиданд. Дар ин самт барномаи муккамали ягонаеро дар сатҳи давлатӣ коркард кардан зарур аст, ки тавонад ҳамаи масъалаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили корхонаҳои муштаракро дар бар гирад.

3. Зарурати таъсис додани корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ таъсис додани корхонаҳои муштарак талаботи замон мебошад. Корхонаҳои муштарак таҷассумгари шаклҳои нави барқарор кардани робитаҳои иқтисодии хориҷӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба шумор мераванд. Аҳамияти махсуси онҳо пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки дар байни гурўҳи калони кормандони ду кишвар ё аз он бештар, манфиатҳои умумӣ ташаккул меёбад.
Зарурати таъсис додани корхонаҳои муштаракро асосан ҳамин чиз тақозо мекунад, ки онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳими зерини хусусияти иҷтимоиву иқтисодӣ дошта имкониятҳои мусоидро фароҳам месозанд .
1. Таъмини фаровонии бозорҳои дохилии кишварҳои иштироккунанда бо тамоми молҳои зарурӣ;
2. Суръат бахшидан ба рушди илмию техникӣ;
3. Баланд бардоштани сатҳи маҳорати кадрҳои роҳбарикунанда ва мутахассисон;
4. Ба иқтисодиёт ҷалб намудани манбаъҳои нави иловагии молиявию моддӣ;
5. Вусъат бахшидан ба имкониятҳои содиротии кишвар ва дигаргунсозии таркиби иқтисодии ҷомеа, аз байн бурдани инҳисории баъзе категориҳои истеҳсолкунандагон ва ғайра.
Корхонаҳои муштарак дар асоси муттаҳид сохтани моликияти муассисон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт – саноат, сохтмон, нақлиёт, алоқа, соҳаҳои кишоварзӣ, хизматрасониҳо ва ғайра, таъсис дода мешаванд. Корхонаи муштарак ҳангоме таъсис дода мешавад, ки вай пеш аз ҳама ҷавобгўи манфиатҳои муассисон бошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки қабл аз ҳама мақсадҳои умумии соҳибкорони дар корхонаи муштарак иштироккунандаро муайян намудан зарур аст.
Чун қоида, ҳангоми таъсис додани корхонаи муштарак тарафҳо дар назди худ мақсад мегузоранд, ки масъалаҳои зерин ҳал карда шаванд .
1. Муттаҳид сохтани манбаъҳои молиявӣ, илмию техникӣ, истеҳсолӣ ва кадрӣ барои ба иҷро расонидани ҳаҷми калони корҳо, ки як корхона ё ширкат имконияти дар танҳоӣ ба амал баровардани онҳоро надорад;
2. Истифода бурдан аз технологияи ҳозиразамон барои баланд бардоштани сатҳи техникии истеҳсолот ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир;
3. Ворид шудан ба бозорҳои нави фурўш;
4. Имконияти истифодаи самарабахши маблағҳои озод;
5. Ҳалли ҳар чи зудтари мушкилоти беқурбшавии баъзе асъор;
6. Афзун гардонидани самарабахшии истеҳсолот олот;
7. Баланд бардоштани сатҳи маҳорати мутахассисон ва ҷалб сохтани таҷрибаи пешқадами бозоршиносӣ ва соҳибкорӣ.
Барои ҳалли масъалаҳои номбаршуда ҳамаи иштирокдорони корхонаи муштарак баробар манфиатдоранд, ба ибораи дигар, онҳо аз нуқтаи назари иқтисодӣ манфиат мебинанд. Аз як тараф корманд барои манфиати шахсии худ кўшиш хоҳад кард, аз тарафи дигар манфиатҳои умумии иқтисодӣ иштироккунандаи корхонаи муштаракро бетараф намегузорад, сарфи назар аз он, ки вай кадом вазифаро ишғол менамояд, намояндаи кадом халқ ё миллат мебошад, ё аз куҷо омадааст. Гап дар он аст, ки натиҷаҳои ниҳоие, ки дар корхона ба даст оварда мешаванд, ба манфиатҳои хусусӣ ва гурўҳии ҳамаи иштирокдорони корхонаи муштарак таъсир мегузоранд. Аз ин нуқтаи назар ҳамаи кормандони корхонаи муштарак ва тамоми шахсони дар паси онҳо қарор дошта барои расидан ба натиҷаҳои беҳтарин ҳамрайъ мебошанд, яъне манфиатҳои умумӣ дар байни ҳам одамони дар корхонаи муштарак фаъолият дошта ва ҳам шахсони ба натиҷаҳои фаъолияти корхонаи муштарак алоқаманд буда, мавҷуд аст. Ба ибораи дигар, вақте ки ҳамаи аъзоёни коллектив манфиатҳои иқтисодии якхела доранд, бегонагӣ ва бетафовутӣ дар муносибатҳо ҳам дар раванди истеҳсолӣ ва ҳам ғайриистеҳсолӣ аз байн меравад. Манфиати ягонаи иқтисодӣ тамоми кормандонро дар сафҳои зич муттаҳид месозад, ба он нигоҳ накарда, ки фаъолияти онҳо дар шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҳатто кишварҳои гуногун ҷараён мегирад ва онҳоро барои ноил шудан ба мақсади олии иқтисодӣ – ба даст овардани фоидаи барои ҳама умумӣ, вобастаи ҳамдигар мегардонад.
Дар шароите, ки иттиҳодияҳои бузурги хоҷагидорӣ таъсис дода мешаванд, бозорҳои дохилии кишвар барои фаъолияти босамар тангӣ мекунанд. Аз ҳамин рў, онҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ такя менамоянд. Барои дар бозори ҷаҳонӣ бурд кардан, молҳои босифату ба рақобат тобовар ва дар айни замон арзон, истеҳсол кардан зарур аст. Дар замони ҳозира кишваре мавҷуд нест, ки маҳсулоти ба рақобат тобовари ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгўро бе иштироки кишварҳои хориҷӣ ва корпоратсияҳои байналмиллалӣ истеҳсол кунад. Барои он ки танҳо дар чунин шароит истеҳсол намудани моли ба рақобат тобовар имконпазир мегардад, зеро ки ин ё он қисми маҳсулот дар истеҳсолоти муайяне тавлид мегардад, ки дар он таҷрибаву малакаи зиёд андўхта шуда, дастовардҳои навтарини афкори муосири илмию техникӣ, ба кор бурда мешавад.
Кормандони ҳар кадом корхонаи алоҳида, ки дар ин ё он ширкат муттаҳид карда шудаанд, аз як тараф ба натиҷаҳои ниҳоии корхонаи худ манфиатдоранд ва аз тарафи дигар ба натиҷаҳои ниҳоии корпоратсияе, ки ширкат ба он дохил мешавад, алоқамандии зич доранд. Дар чунин корхонаҳо ҳазорон кормандон, ки бо манфатҳои умумии иқтисодӣ ба ҳамдигар вобастаанд, кор мекунанд.
Аз ҳамин нуқтаи назар, ки корхонаҳои муштарак яке аз шаклҳои муҳими ҳамкорӣ ба шумор рафта, ҳам барои корхона, ҳам барои шарикони хориҷӣ ва ҳам барои ҷумхурӣ хеле самаранок ва муфид аст, зарурияти ташкили корхонаҳои муштарак ва дастгирии ҳаматарафаи онҳоро пеш меорад.
Дар ҷумҳурии мо аз соли 1991 ин ҷониб корхонаҳои муштарак ба фаъолият оғоз намудаанд. Аз ҳама бештар дар Тоҷикистон соли 1996 миқдори зиёди корхонаҳои муштарак ба қайд гирифта шуд, ки 283-ададро ташкил медод. Минбаъд миқдори онҳо кам шуданд ва соли 2002 ба 101 адад расид. Аз соли 2003 миқдори корхонаҳои муштарак афзоиш ёфта, 151 ададро ташкил доданд. Чунин тамоюли афзоиш дар соли 2004 низ мушоҳида мешавад, чунки миқдори онҳо ба 162 адад мерасад. Аксарияти корхонаҳои муштараки нави ба қайд гирифташуда дар қаламрави шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, ки бештари онҳо бо соҳаи хизматрасонӣ алоқаманданд.
Дар таъсиси корхонаҳои муштарак давлатҳои Русия, ИМА, Туркия, Британияи Кабир, Афщонистон, Эрон шарикони асосӣ ба ҳисоб мераванд. Аз рўи сармоягузорӣ бошад, фаъолияти Швейсария, Австрия ва Ўзбекистон низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд корхонаҳои муштараки бузург фаъолият мекунанд, ки ба тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо молҳои сифатбаланд ва васеъкунии нерўи содиротӣ саҳми худро мегузоранд. Дар байни онҳо, корхонаи муштараки тоҷикию итолиёвии «Абрешим» ва «ҷавонӣ»-оид ба коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, корхонаи муштараки тоҷикию бритонии «Зарафшон» ва «Дарвоз»-оид ба истихроҷ ва коркарди тилло, корхонаи тоҷикию хитоӣ «Ришта»-оид ба истеҳсоли ресмон, корхонаи тоҷикию америкоӣ «Оби Зулол»-оид ба истеҳсоли зарфҳои пласмасӣ ва нўшокиҳои хунук, корхонаи тоҷикию кореягӣ «Кабоол-Тоҷик-Текстайлз»-оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ фаъолияташонро самаранок ба роҳ монда, дар рушду тараққии истеҳсолоти ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Низомова Т.Д. Таљдиди сохторы ва хусусигардонии корхонаёои саноаты?Душанбе-2007? Саё? 42?

Низомова Т?Д? Таљдиди сохторї ва хусусигардонии корхонањои саноатї. Душанбе-2007. Сањ? 40?

Низомова Т?Д? Таљдиди сохторы ва хусусигардонии корхонаёои саноаты?Душанбе-2007? Сањ. 40.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.