Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Моҳият ва аҳамияти шакли соҳибкории саҳҳомӣ

Гузариши корхонаҳо ба иқтисоди бозоргонӣ ҷустуҷўи шаклҳои гуногуни хоҷагидориро ба миён овард. Яке аз чунин шаклҳои хоҷагидорӣ – соҳибкории саҳҳомӣ ба ҳисоб меравад…Гузариши корхонаҳо ба иқтисоди бозоргонӣ ҷустуҷўи шаклҳои гуногуни хоҷагидориро ба миён овард. Яке аз чунин шаклҳои хоҷагидорӣ – соҳибкории саҳҳомӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ – чунин шакли соҳибкорӣ мебошад, ки воситаҳои пулии он (сармояи он) аз ҳисоби муттаҳидкунии сармоя, барориш ва ҷойгиркунонии саҳмия ташаккул меёбад. Иштирокчиёни ҷамъияти саҳҳомӣ (саҳмдорон) аз рўи ўҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиёни таваккалӣ марбут аз фаъолияти ҷамъиятро ба андозаи арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта ба зима мегиранд. Саҳмдороне, ки арзиши саҳмияҳоро пурра напардохтаанд, аз рўи ўҳдадориҳои ҷамъияти саҳҳомӣ дар доираи қисми пардохтанашудаи арзиши саҳмияҳояшон масъулияти муштарак доранд. ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дар асоси созишномаи ихтиёрии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (аз он ҷумла хориҷӣ), ки сармояи худро муттаҳид месозанд, барпо карда мешавад ва мақсади гирифтани фоидаро бо роҳи қонеъ гардонидани талаботҳои ҷамъиятӣ бо маҳсулоти худ пеш мегузоранд.
Мазмуни иқтисодии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки дар доираи ҷамъият бархўрди манфиатҳои гуногуни саҳмиядорон мушоҳида мешавад, ки метавонанд ҳатто мухолифи ҳам бошанд.
Ҷамъиятҳои саҳҳомии дар ҷараёни хусусигардонӣ ташкил карда шуда, барои иқтисодиёти Тоҷикистон шакли нави ташкилӣ-ҳуқуқии хоҷагидорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни ташкили ҷамъият таъсисдиҳандагони он моликияти худро, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият муқаррар карда шудаанд, муттаҳид мекунанд. Дар асоси чунин муттаҳидкунии сармоя дар оянда фаъолияти хоҷагидорӣ бо мақсади гирифтани фоида пеш бурда мешавад.
Саҳми иштирокчиёни ҷамъият дар сармояи муттаҳидшуда воситаҳои пулӣ, инчунин ҳар гуна арзишҳои моддӣ, қоғазҳои қимматнок, ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ ва дигар ҳуқуқҳои амволӣ шуда метавонанд.
Фаъолияти ҷамъияти саҳҳомӣ бо ҳатман риоя намудани шартҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки мувофиқи қонунгузорӣ муқаррар карда шудааст, ба амал бароварда мешавад.
Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дар муайянкунии шакли идоракунӣ, қабули қарорҳои хоҷагӣ, фурўши маҳсулот, муқарраркунии нархҳо, музди меҳнат ва тақсимоти фоида дорои мустақилияти хоҷагидории пурра мебошад.
Мўҳлати фаъолияти ҷамъият номаҳдуд аст ва ё аз тарафи иштирокчиёни он муқаррар карда мешавад.
Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дар асоси оиннома – ҳуҷҷате, ки дар он предмет ва мақсади таъсисёбии ҷамъият, сохтори он, тартиби идоракунии корҳо, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ҳар як саҳмиядорон муайян карда шудаанд ташкил ва фаъолият менамояд.
Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дорои хусусиятҳои зерин мебошанд:
-ҷамъиятҳои саҳҳомӣ шахсӣ ҳуқуқӣ мебошанд;
-ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дар назди қарздиҳандагон ҷавобгарии молу мулкӣ доранд;
-ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дорои амволе мебошанд, ки пурра аз амволи саҳмиядорони алоҳида обособленный;
-ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дорои сармояи саҳҳомӣ мебошад, ки он ба ҳиссаҳо (саҳмияҳо) ҷудо карда шудааст;
-дар ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ҷавобгарии иштирокчиён аз рўи ўҳдадориҳои ҷамъият танҳо аз рўи ҳиссаи онҳо дар сармояи ҷамъият маҳдуд аст.
Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ яке аз шакли асосии ташкили корхонаҳо ва иттиҳодияҳои калони муосир дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоб рафта? механизми ҳуқуқии муккамали ташкили иқтисодиётро дар асоси муттаҳидкунии амволи шахсони алоҳида, намудҳои гуногуни ширкатҳо ва дигар мақомотҳо ифода мекунанд.
Ҷамъиятҳои саҳомӣ асосан дар ду шакл таъсис дода мешавад: кушода ва пўшида.
Ҷамъиятҳои саҳҳомие, ки иштирокчиёнаш саҳмияҳои худро бе ризояти саҳмдорони дигар бегона карда метавонад, ҷамъияти саҳҳомии кушода эътироф мегардад. Чунин ҷамъияти саҳҳомӣ ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи шартҳои муқаррарнамудаи қонун ва асноди дигари ҳуқуқӣ обунаи озоди саҳмияҳои мебаровардааш ва фурўши озоди онҳоро амалӣ гардонад. Шумораи саҳмиядорони ҷамъиятҳои саҳҳомии шакли кушода номаҳдуд мебошад. Хусусиятҳои асосии чунин ҷамъиятҳо миқёси (ҳаҷми) сармояи муттаҳидкардашуда ва миқдори зиёди соҳибон (саҳмиядорон) мебошад. Ақидаи асосие, ки ҳангоми таъсиси чунин шакли корхона таъкиб карда мешавад, дар ҷалб намудан ва консентратсияи воситаҳои зиёди пулии (сармояи) шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои истифодаи он бо мақсади гирифтани фоида зоҳир меёбад.

Минимальный уставный капитал открытого общества должен составлять не менее тысячекратной суммы минимального размера оплаты труда, установленного федеральным законом на дату регистрации общества, а закрытого общества – не менее стократной суммы минимального размера оплаты труда, установленного федеральным законом на дату государственной регистрации общества.
Ҷамъиятҳои саҳҳомие, ки саҳмияҳои он танҳо байни муассисонаш ё доираи ашхоси дигари пешакӣ муайян тақсим мешаванд, ҷамъияти саҳҳомии пўшида дониста мешавад. Чунин ҷамъият барои обунаи озоди саҳмияҳои мебаровардааш ва ё ба тариқи дигар ба доираи номаҳдуди ашхос ҷиҳати харид пешниҳод кардани онҳо ҳуқуқ надорад. Саҳмдорони ҷамъияти саҳҳомии пўшида дар харидани саҳмияҳои аз ҷониби саҳмдорони дигари ин ҷамъият фурўхташаванда ҳуқуқи афзалиятнок доранд. Шумораи иштирокчиёни ҷамъияти саҳҳомии шакли пўшида набояд аз шумораи муқаррарнамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бештар бошад, дар акси ҳол он бояд дар давоми як сол ба ҷамъияти саҳҳомии кушода табдил дода шавад ва агар пас аз гузаштани ин мўҳлат шумораи онҳо то ҳадди муқаррарнамудаи қонун кам нашавад, бояд аз тариқи суд барҳам дода шавад.
Моликияти саҳҳомӣ – ин натиҷаи қонунии (закономерный) ҷараёни тараққиёт ва трансформатсияи моликияти шахсӣ мебошад, вақте ки дар марҳилаи муайяни тараққиёт миқёси истеҳсолот, сатҳи (дараҷаи) технологӣ, низоми ташкили молия барои шакли асосан нави ташкили истеҳсолот дар асоси иштироки ихтиёрии саҳмиядорон замина фароҳам меоранд.
Дар шакли хоҷагидории саҳҳомӣ афзалиятҳои зерини ҷамъиятҳоро қайд кардан мумкин аст.
Шакли соҳибкории саҳҳомӣ имкон медиҳад, ки ба як корхона сармояҳои шахсони зиёд, ҳатто онҳоеро, ки бо сабабҳои гуногун бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда наметавонанд, ҷалб карда шавад. Ғайр аз ин, маҳдудияти ҷавобгарӣ дар ҳаҷми ҳиссаи (саҳми) гузошташуда дар якҷоягӣ бо диверсификатсияи баланди он имкон медиҳад, ки воситаҳои пулӣ ба лоиҳаҳои пешомад ва ҳатто лоиҳаҳои таваккали баланддошта маблағгузорӣ карда шуда, ҷорикунонии комёбиҳои прогресси илмӣ-техникиро нисбатан тезонанд (суръат бахшанд). Инчунин дигар тарафҳои мусбии шакли соҳибкории саҳҳомӣ мавҷуд аст, ки онро ба шакли универсалӣ ва дар ҳама ҷо истифодашаванда табдил медиҳад.
Афзалияти соҳибкории саҳҳомӣ пеш аз ҳама дар имконияти барпо кардани корхонаи нав ва васеъ кардани корхонаҳои амалкунанда дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт – саноат, сохтмон, нақлиёт, савдои яклухт, фаъолияти бонкӣ ва ғайраҳо зоҳир меёбад. Ҷалб намудани сармояи саҳҳомӣ ба чунин корхона имкон медиҳад, ки дар асоси базаи баланди техникӣ истеҳсолоти рақобаттобовар барпо (ташкил) карда шавад, зеро централизацияи сармояи саҳҳомӣ ба амал бароварда мешавад ва ҳавасмандии саҳмдорон барои сарфакорона истифода намудани захираҳо, ҳаматарафа баландбардории самаранокии истеҳсолот таъмин карда мешавад.
Дар шароити корхонаҳои саҳҳомӣ ҳамгироии манфиатҳои шахсӣ ва коллективи меҳнаткашон ба вуҷуд меояд. Аз як тараф дар ин ҷо шакли коллективии моликият ба амал бароварда мешавад ва ҳар як коргар дар натиҷаҳои ниҳоии меҳнати худ ҳавасманд аст. Аз дигар тараф, ҳар як саҳмиядор бо ҳиссаи саҳмияи худ дар сармояи ҷамъият иштирок намуда, фаъолнокии эҷодии худ-ташаббускориро ба қадри имкон нишон медиҳад, ки ба баландбардории самаранокии истеҳсолот ва фурўши маҳсулот мусоидат менамояд, ба таври моддӣ ҳар як саҳмиядорро ҳавасманд намудан имкон медиҳад.
Шакли хоҷагидории саҳҳомӣ барои иштироки ҳар як коргар дар идораи корхона имконияти васеъ фароҳам меорад. Ҳар як коргар метавонад ба мақомотҳои идоракунӣ, аз он ҷумла шўрои саҳмиядорон интихоб карда шавад, бо пешниҳодҳои худ оид ба беҳтаркунии фаъолияти ҷамъият баромад намояд, дар ҳалли ҳамаи масъалаҳо дар вохўрии роҳбарият бо аъзоёни коллектив иштирок кунад. Дар шароити корхонаҳои саҳҳомӣ имконияти тараққӣ кардани шаклҳои гуногуни худидоракунӣ, тарбияи ҳисси соҳиби истеҳсолот пайдо мешавад.

2. Саҳмия ва дивиденд.
Саҳмия – ин қоғази қимматнокест, ки аз тарафи ҷамъияти саҳҳомӣ бароварда мешавад ва ба соҳиби он ҳуқуқи дар идораи ҷамъият иштирок кардан ва аз фоидаи он дивиденд гирифтанро медиҳад.
Саҳмия аз тарафи ҷамъияти саҳҳомӣ бо мақсади ҷалб намудани воситаҳои пулии иловагӣ барои фаъолияти худ бароварда мешавад, ки ба воситаи фурўши онҳо ба шахсони ҳуқуқӣ (корхонаҳо) ва воқеӣ (шаҳрвандон) ба амал бароварда мешавад. Шароитҳои барориши саҳмияҳо, аз он ҷумла миқдори онҳо, шакли барориш, инчунин ҳуқуқҳое, ки дорандагони ин саҳмияҳо ба даст меоранд, дар оинномаи ҷамъияти саҳҳомӣ ва ҳуҷҷати махсус – проспект эмиссии акций қайд карда мешавад.
Саҳмия ҳуҷҷате ба ҳисоб меравад, ки мўҳлати муайяни муомилот надорад. Мўҳлати муомилоти саҳмия танҳо бо мўҳлати фаъолияти ҷамъият, ки онро баровардааст, маҳдуд аст. Ҳуқуқҳои саҳмиядор бо дастурамалҳо, ки дар санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ мустаҳкам карда шудаанд, кафолат дода мешавад. Дар ҳолати умумӣ саҳмиядор дорои ҳуқуқҳои зерин шуда метавонад:
-ҳуқуқи иштирок кардан дар идоракунии ҷамъият;
-ҳуқуқи гирифтани як қисми фоидаи ҷамъият дар намуди дивиденд;
– ҳуқуқи гирифтани як қисми амвол ҳангоми барҳамхўрии ҷамъият;
-ҳуқуқи озодона ихтиёрдорӣ намудани саҳмияҳо;
-ҳуқуқи гирифтани ахборот оид ба фаъолияти ҷамъият ва ғайраҳо.
Ҳаҷми хуқуқҳои ба соҳиби саҳмия пешниҳодшаванда, аз он вобаста аст, ки ба кадом намуд он тааллуқ дорад, оддӣ ва ё имтиёзнок. Чун қоида, ҳамаи ҳуқуқҳои номбаршуда ба дорандагони саҳмияҳои оддӣ дода мешавад.
Намудҳои гуногуни саҳмияҳо вуҷуд дорад ва онҳо аз рўи хусусиятҳои зерин фарқ мекунанд:
-аз рўи хусусияти ихтиёрдорӣ намудан саҳмияҳо ба номӣ ва ба пешниҳодкунанда ҷудо мешаванд:
• саҳмияи номӣ – саҳмиҳое мебошанд, ки дар он ному насаби саҳмиядор навишта шуда, дар китоби махсуси бақайдгирӣ сабт карда мешавад;
• саҳмия ба пешниҳодкунанда – саҳмияҳое мебошанд, ки озодона хариду фурўш карда мешаванд, номи саҳмиядор сабт карда нашудааст ва шарти бақайдгирӣ надорад;
-аз рўи хусусияти даромаднокӣ саҳмияҳо метавонанд оддӣ ва имтиёзнок бошанд:
• саҳмияҳои оддӣ – чунин саҳмияҳо ба дорандаи он ҳуқуқи иштирок намудан дар идоракунӣ ва овоздиҳӣ дар маҷлиси умумии саҳмиядорон, инчунин гирифтани даромадро вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти ҷамъияти саҳҳомӣ медиҳад;
• саҳмияҳои имтиёзнок – ин гуна саҳмияҳо ба соҳиби он ҳуқуқи овоздиҳӣ намедиҳад (ба ғайр аз ҳолатҳои махсус), дар идораи ҷамъият иштирок намекунад, аммо новобаста аз натиҷаҳои фаъолияти ҷамъияти саҳҳомӣ ҳуқуқи гирифтани фоизи устувори дивидендро медиҳад. Ғайр аз ин, ҳангоми муфлисшавии ҷамъияти саҳҳомӣ талаботҳои соҳибони саҳмияҳои имтиёзнок аввалиншуда қонеъ гардонида мешавад.
Саҳмияҳои имтиёзнок метавонанд саҳмияҳои кумулятивӣ бошанд. Дар ин ҳолат дивиденд аз рўи чунин саҳмияҳо ҷамъ карда мешаванд ва дар оянда пардохта мешаванд.
Дар ҷамъияти саҳҳомӣ муассисон метавонанд «саҳмияҳои тиллоӣ»-ро ҷорӣ намоянд, ки дар ташкили фонди оинномавӣ ва тақсими дивиденд иштирок намекунад. Дорандаи «саҳмияи тиллоӣ» танҳо ҳуқуқ дорад, ки ба қабули қарори маҷлиси умумӣ, раёсат ва шўрои нозирон доир ба масъалаҳои дар оиннома муайяншуда розигӣ надиҳад (вето гузорад).
Дар саҳмияҳо хусусиятҳои иқтисодии қоғазҳои қимматнок – қобилияти пардохтпазирӣ, даромаднокӣ, эътимоднокӣ, қурб (арзиши бозорӣ), арзиши исмӣ, қобилияти мустақилона гардиш кардан зоҳир меёбанд.
Саҳмияҳо аз рўи арзиши онҳо баҳо дода мешаванд: исмӣ, тарозӣ ва бозорӣ. Арзиши исмии саҳмия – ин ҳамон арзише мебошад, ки ҳангоми интишори (барориши) саҳмия муқаррар карда мешавад. Арзиши исмии саҳмия дар варақаи саҳмия нишон дода мешавад ва бо роҳи тақсим намудани маблағи сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ ба миқдори саҳмияҳои баровардашуда муайян карда мешавад. Арзиши тарозӣ – ин арзише мебошад, ки ҳамчун частное от деления стоимости активов компании на количество выпущенных и размещённых акций ҳисоб карда мешавад. Арзиши бозории саҳмия – ин арзиши саҳмия дар биржа ва ё берун аз гардиши биржавӣ мебошад, ки дар асоси талабот ва таклифот муайян карда мешавад. Арзиши бозории саҳмия метавонад аз арзиши исмии саҳмия зиёд ва ё паст бошад. Барои муайян кардани қурби саҳмия арзиши бозории саҳмияро ба арзиши исмии он тақсим намуда, ҳосили онро ба 100 зарб задан зарур аст. Арзиши бозории саҳмия аз чунин омилҳо вобаста аст: талаботу таклифот дар бозори қоғазҳои қиматнок, вазъи молиявии ҷамъияти саҳҳомӣ, ҳаҷми дивиденд, нуфузу эътибори ҷамъияти саҳҳомӣ, сатҳи тавварум ва ғайраҳо.
Дивиденд – гуфта даромадеро меноманд, ки байни саҳмиядорон аз ҳисоби қисми фоидаи софи ҷамъияти саҳҳомӣ пардохта мешавад. Дивиденд ба саҳмиядорон вобаста ба намуди саҳмияе, ки онҳо дар ихтиёр доранд, дода мешавад.
Тартиби пардохти дивиденд вобаста ба намуди саҳмия муқаррар карда мешавад. Дар ҳолете, ки ҷамъияти саҳҳомӣ фоида ба даст орад, дар навбати аввал дивиденди саҳмияҳои имтиёзнок пардохта мешавад. Агар ҷамъияти саҳҳомӣ фоида нагирад, дивиденди саҳмияҳои имтиёзнок метавонад аз ҳисоби фонди махсус, ки аз фоидаи соф ташкил карда мешаванд, пардохта шаванд.
Баъд аз пурра пардохт шудани дивидендҳои саҳмияҳои имтиёзнок дивиденди саҳмияҳои оддӣ пардохт карда мешавад. Албатта дар ҳолате, ки агар ҷамъияти саҳҳомӣ фоидаи соф ба даст орад. Дар ҳолати нагирифтани фоида аз рўи саҳмияҳои оддӣ дивиденд пардохта намешавад.
Ҷамъияти саҳҳомӣ дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқи эълон кардану пардохтани дивидендро надорад:
-то пардохти пурраи тамоми сармояи оинномавӣ;
-агар арзиши дороиҳои (активҳои) ҷамъияти саҳҳомӣ аз сармояи оинномавӣ ва фонди эҳтиётии он камтар бошад ё дар натиҷаи пардохти дивидендҳо аз андозаи онҳо камтар гардад.

3. Идоракунии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ.
Низоми идоракунии ҷамъияти саҳҳомӣ аз якчанд омили дохиливу берунаи ҷамъият вобаста аст: сохтори саҳмиядорон, оинномаи ҷамъияти саҳҳомӣ, асноди ҳуқуқию меъёрӣ, дараҷаи зиддияти манфиатҳои гурўҳҳо дар ҷамъияти саҳҳомӣ.
Дар ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи асноди ҳуқуқӣ-меъёрӣ низоми идоракунии зерини ҷамъиятҳои саҳҳомӣ истифода карда мешавад:
-маҷлиси умумии саҳмиядорон;
-шўрои нозирон;
-раёсат;
-комиссияи тафтишотӣ.
Маҷлиси умумии саҳмиядорон органи идоракунии ҷамъияти саҳҳомӣ буда, тамоми масъалаҳои инкишофи стратегии он, аз қабили тағйири фонди оинномавӣ, интихоби аъзоёни шўрои нозирон ва комиссияи тафтишотии ҷамъият ва пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколати онҳо, тасдиқи ҳисоботи солона, балансҳои муҳосибавӣ, ҳисоби фоидаю зиёни ҷамъият ва тақсими фоидаю зиёни он, масъалаҳои ҳамгироӣ, фурўбарӣ, азнав ташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъияти саҳҳомӣ ба салоҳияти мустаснои он мансуб мебошад. Комиссияи тафтишотӣ ҳамасола оиди натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ-хоҷагидорӣ ба анҷумани умумии саҳмиядорон ҳисобот медиҳад. Дар натиҷаи ҳисобот фаъолияти раёсат ва шўрои нозирон аз тарафи анҷуман баҳогузорӣ шуда, дар ҳолати зарурат ба ҳайати онҳо тағйиротҳо дароварда мешавад. Маҷлиси умумии саҳмиядорон баргузоргардида ҳисоб мешавад, агар аз 3/2 ҳиссаи саҳмиядорони соҳиби овоз иштирок намоянд.
Раёсат – ин органи иҷроияи ҷамъияти саҳҳомӣ ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти ҷории молиявӣ-хоҷагидории ҷамъиятро идора мекунад. Раёсат низ аз зумраи саҳмиядорон ё намояндагони онҳо дар маҷлиси умумии саҳмиядорон интихоб шуда, салоҳияти ба кор қабул кардан ва аз кор озод кардани кормандон, бастани қарордодҳо бо шарикон, банақшагирии ҷории дохилифирмавӣ, коркардаи чорабиниҳои рушди стратегӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.