Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Моҳияти муҳити соҳибкорӣ

Соҳибкорӣ метавонад зимни дар давлат мавҷуд будани омилҳои муайяни берунӣ ва дохилӣ, ки дар маҷмўъ барои тараққиёти соҳибкорӣ имкониятҳои мусоидро таъмин менамоянд, рушду равнақ ёбад, яъне агар муҳити соҳибкории муайян ташаккул ёфта бошад…Соҳибкорӣ метавонад зимни дар давлат мавҷуд будани омилҳои муайяни берунӣ ва дохилӣ, ки дар маҷмўъ барои тараққиёти соҳибкорӣ имкониятҳои мусоидро таъмин менамоянд, рушду равнақ ёбад, яъне агар муҳити соҳибкории муайян ташаккул ёфта бошад. Дар зери муҳити соҳибкорӣ вазъияти мусоиди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқии дар давлат ба вуҷуд омада фаҳмида мешавад, ки ба шаҳрвандон барои бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан озодии иқтисодиро таъмин мекунад.
Соҳибкорон дар шароитҳои муайян, ки дар маҷмўъ муҳити соҳибкориро ташкил мекунад, фаъолият менамоянд. Муҳити соҳибкорӣ маҷмўи омилҳои (объективӣ ва субъективӣ) гуногунро ифода мекунад, ки ба соҳибкорон дар амалигардонии мақсадҳои гузошташуда, амалигардонии лоиҳаҳои соҳибкорӣ ва гирифтани фоида ба мувффақият ноил шудан имкон медиҳад. Муҳити соҳибкорӣ ҳамчун низоми мураккаб ба муҳити берунӣ, ки аз худи соҳибкорон вобаста нест ва ҳам дохилӣ, ки бевосита аз тарафи худи соҳибкорон ташаккул меёбад, тақсим мешавад.
Муҳити соҳибкорӣ дар асоси тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, такмилдиҳии муносибатҳои истеҳсолӣ (иқтисодӣ), ташаккулёбии бозор ҳамчун муҳити фаъолияти соҳибкорон ва дигар шароитҳои муҳим ташаккул меёбад.
Олимони машҳур, ки бо тадқиқотбарии шароитҳои мусоиди рушди соҳибкорӣ машғуланд, чунин мешуморанд, ки муҳити соҳибкории самаранок бояд ба соҳибкорони мутамаддин ва законопослушный озодии иқтисодии заруриро ҳамчун шарти аввалини тараққиёти соҳибкорӣ таъмин намоянд, шарти дуюм бошад, тараққиёти навоварии ташкилӣ-хоҷагидорӣ ба ҳисоб меравад. Ба андозаи муайян ин ду унсури муҳими таркибдиҳандаи муҳити соҳибкорӣ дар кодекси граждании мамлакат қайд карда шудаанд. Хусусан, дар он қайд карда шудааст, ки ҳар як шаҳрванд барои истифодаи қобилияти меҳнатии самарабахшу эҷодии хеш ҳуқуқи мустасно дорад, дар ҷумҳурии Тоҷикистон озодии иқтисодии фаъолият кафолат дода мешавад. Аммо ин дастурҳои дар сарқонун муайян шуда то ҳол дар таҷриба пурра амал намекунад ва дар қатори дигар омилҳо рушди соҳибкориро боз медоранд. Муҳити соҳибкорӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҳозира дар марҳилаи ташаккулёбӣ мебошад.
Озодии иқтисодӣ – унсури асосии муҳити соҳибкорӣ.
Чӣ тавре, ки дар боло қайд карда шуд, озодии иқтисодӣ дар қатори дигар омилҳо шарти муҳими тараққиёти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад. Моҳияти озодии иқтисодӣ дар он ифода меёбад, ки аз тарафи давлат дар ҳамаи сатҳҳои гуногуни идоракунии иқтисодиёт ба шаҳрвандони қобилияти амалидошта ва иттиҳодияҳои онҳо (шахсони ҳуқуқӣ) барои амалигардонии фаъолияти соҳибкории қонунӣ кафолат муқаррар карда мешавад. Озодии иқтисодӣ маънои онро дорад, ки ба ҳамаи шаҳрвандон имконияи пурра истифода намудани қобилиятҳои худ, сифатҳои шахсӣ, амвол барои баамалбарории фаъолияти иқтисодии фаъол кафолат дода мешавад. Аз ҳамин сабаб баамалбарории амалии дастурҳои ҳуқуқии муайяншуда аҳамияти калон дорад, зеро ба ташкили фаъолияти иқтисодӣ, ки ба вазъияти инҳисории субъектони алоҳидаи хоҷагидорӣ ва рақобати ноинсофона равона карда шудааст, роҳ намедиҳад.
Барои таъмини озодии иқтисодӣ ва ҳамзамон, тараққиёти соҳибкорӣ дар таҷриба амалӣ гардонидани дастурҳои моддаҳои кодекси граждании мамлакат, ки дар он дастурҳои фундаменталии зерин муқаррар карда шудаанд, аҳамияти калон дорад :
1. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад молу мулк дошта бошад, онро соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намояд.
2. Ҳуқуқи моликияти шахсиро қонун ҳифз мекунад.
3. Ҳеҷ кас аз амволи худ маҳрум шуда наметавонад ба ғайр аз қарори суд.
4. Ҳуқуқи меросгузории амволи шаҳрвандонро қонун эътироф ва муҳофизат мекунад.
Чӣ тавре, ки маълум аст, мавҷудияти амволи манқул ва ғайриманқул шарти моддӣ-техникии ташкили фаъолияти шахсӣ, шарти тараққиёти соҳибкорӣ мебошад. Дар кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 232) гуфта мешавад, ки ба соҳибмулк ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани амволи худ дода мешавад. Молик ҳақ дорад мутобиқи салоҳдиди худ нисбати амволаш ҳама гуна амалро раво бинад, аз ҷумла онро ба дигар ашхос фурўшад, худ молик монаду ҳуқуқҳояшро дар мавриди соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани амвол ба онҳо вогузорад, амволро ба иҷора диҳад ва аз он бо усули дигар истифода барад ё онро ба тарзи дигар ихтиёрдорӣ кунад. Аз ҷониби молик татбиқ намудани ҳуқуқҳояш набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи дигар ашхосро вайрон кунад.
Барои таъмини ҳуқуқҳои озодии иқтисодии субъектони фаъолияти соҳибкорӣ дастури қисми 4 моддаи 236 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад, ки дар он чунин омада шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди шаклҳои мухталифи моликият шароити зарурии баробар фароҳам меорад ва ҳимояи онро таъмин мекунад».
Классикони назарияи иқтисодӣ муаммоҳои барқароршавии муҳити соҳибкориро тадқиқот бурда, озодии иқтисодиро шарти муҳими соҳибкорӣ мешумориданд. Онҳо, чун қоида, бар зидди дахолати давлат ба фаъолияти мушаххаси хоҷагидории соҳибкорон, махсусан дар бозори дохилӣ, вале тарафдори танзими давлатии фаъолияти иқтисодии берунмарзии соҳибкорон буданд.
Таърихи тараққиёти иқтисодиёти муосир дар мамлакатҳои тараққикардаи ғарб – ин таҷрибаи тараққиёти соҳибкории озод мебошад. Дар мамлакатҳои ғарб соҳибкорон (фирмаҳо, ширкатҳо, корпоратсияҳо) субъекти асосии иқтисоди бозоргонӣ мебошанд, ки дар асоси амалкунии қонунҳои иқтисодӣ ва интихоби предмети фаъолият, озодии интихоби бозори омилҳои истеҳсолот, озодии истеъмолот инкишоф меёбанд. Озодии рафтори соҳибкорон дар ҳимояи амволи онҳо аз тарафи давлат, кафолати мавҷудияти ҳамаи шаклҳои моликият ба ҳамаи омилҳои истеҳсолот, аз он ҷумла ба замин асос ёфтааст.
Ислоҳотчии машҳури иқтисодиёти Олмон (ФРГ) Людвиг Эрхард дар китоби худ «Некўаҳволӣ барои ҳама» чунин навиштааст: «Давлат ва хусусан вазири хоҷагӣ, дар ҳоли ҳозир дигар ба шахсони алоҳида муроҷиат намекунад, ба соҳибкорони алоҳида фармон намедиҳад вай аз резолюция, иҷозатдиҳӣ, концессия ва лисензияҳо озод кардааст. Давлат аз рўи принсипи зерин бар меояд соҳибкор низ ба монанди коргар, ҳамчун ҳар як шахс дар давлат, бояд дар соҳаи фаъолияти шахсии худ озод бошад».
Чӣ тавре, ки тачриба нишон медиҳад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкорӣ ҳоло ҳам ба танзими ҷиддӣ дучор аст. Мутассифона, шумораи чораҳои танзим ва назорати маъмурӣ зиёд шуда истодааст. Ҳамин тавр, дар мамлакат, махсусан дар сатҳи мақомоти идоракунӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, 50 мақомотҳои гуногун амал мекунанд, ки фаъолияти соҳибкоронро назорат мебаранд.
Албатта, ба шаҳрвандоне, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, озодии иқтисодии мутлақро пешниҳод кардан ғайриимкон аст ва давлат, манфиатҳои тамоми ҷамъиятро ифода карда, муаммоҳои тараққиёти иқтисодии мамлакатро ҳал намуда, бояд ба воситаи институтҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ, меъёрҳо ва қоидаҳо бо назардошти манфиатҳои тамоми ҷамъият ба субъектони хоҷагидорӣ зимни ташаккулёбии тартиботи иқтисодӣ ҳудудҳои муайян муқаррар кунад, то ки тараққиёти поступательный соҳибкорӣ боз дошта нашавад.
«Тартиботи иқтисодӣ бо шакли муайян байни давлат ва шахсони алоҳида, байни ташкилотҳои давлатии гуногун ва шахсиятҳои алоҳида тақсим намудани ҳуқуқҳои қабули қарорҳои иқтисодӣ – махсусан ҳуқуқи ихтиёрдорӣ намудани омилҳои истеҳсолӣ, ҳуқуқи қабули қарорҳо нисбати истеҳсолот (яъне, чӣ, ба кадом миқдор ва кадом сифат, дар куҷо ва чӣ тавр бояд иҷро карда шавад) ва ҳуқуқи қабули қарор нисбати қонеъгардонии талабот тавсиф меёбад. Даромад ва ҳамзамон дараҷаи мавҷудбудаи озодии иқтисодии амалҳо низ ҳамин тавр дар ҷамъият тақсим карда мешаванд. Чунин фарқиятҳо дар шакли озодии иқтисодии қабули қарорҳо ва баамалбарории амалҳо дар як вақт маънои фарқиятҳоро дар шакли озодии сиёсии қабули қарорҳо ва баамалбарории амалҳо байни давлат ва шахсиятҳои алоҳида, аз як тараф ва фарқияти дараҷаи озодии қабули қарорҳо ва баамалбарории амалҳо байни шахсиятҳои алоҳида – аз дигар тараф дорад».
Ба ақидаи Х. Ламперт, тартиботи иқтисодӣ қисми таркибии тартиботи ҷамъиятро ифода мекунад, ки тартиботи сиёсӣ, давлатӣ ва ҳуқуқиро дар бар мегирад. Таркибдиҳандаи он маҷмўи институтҳо ва меъёрҳое мебошанд, ки бо ташкилотҳои иқтисодӣ ва шаклҳои рафтори иқтисодӣ (на ҳамаи онҳо табиати иқтисодӣ доранд) алоқаманданд ва муносибатҳои байни унсурҳои хоҷагии халқро (хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳо, идораҳои давлатӣ ва иқтисодию сиёсӣ ва воҳидҳои иқтисолдии хориҷӣ) танзим мекунанд. Вазифаи тартиботи иқтисодӣ ташкил ва таъмин намудани қобилияти иқтисодиёт барои фаъолият намудан, идоракунии оқилонаи ҷараёни иқтисодӣ дар чорчўбаи низоми мақсадҳои берунииқтисодӣ ва иқтисодии ҷамъият, инчунин мусоидат кардан ба ноилшавии мақсадҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ташаккулёбии тартиботи нави иқтисодӣ субъектони хоҷагидорӣ, аз як тараф, бештар озодии иқтисодиро соҳиб мешаванд, зеро дар ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ (махсусан хусусигардонӣ) вазни қиёсии корхонаҳо ва ташкилотҳои дар моликияти давлатӣ буда, дар соли 2005 ___%, дар моликияти мунисипалӣ – __% ва дар моликияти шахсӣ – %-ро ташкил дод, боқимонда корхонаҳо ба дигар шаклҳои моликият тааллуқ дорад. Ҳамин тавр, дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ вазни қиёсии корхонаҳо ва ташкилотҳои дар моликияти шахсӣ буда зиёданд, ки соҳибони он ҳуқуқ доранд озодона мувофиқи қарорҳои мустақилона натиҷаҳои фаъолияти худро ихтиёрдорӣ намоянд ва аз ҳуқуқҳои иқтисодӣ истифода баранд. Аммо, аз дигар тараф, дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарурати ужесточить кардани назорат ва танзими давлатии фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият бараъло намоён аст, зеро аксарияти субъектони хоҷагидорӣ сари вақт андозҳоро пардохт намекунанд, шартномаҳоро вайрон мекунанд, инчунин шумораи корхонаҳои қарздор зиёд шуда истодааст.
Чӣ тавре, ки дар боло қайд шуда буд, қонуни асосии мамлакат озодии иқтисодии фаъолияти субъектони соҳибкориро кафолат медиҳад, ба ғайр аз соҳибкории ғайриқонунӣ. Шартҳои муҳими ҳимояи озодии иқтисодӣ ва тараққиёти соҳибкорӣ дар Кодекси Граждании ҶТ муайян карда шудааст, дар он шароитҳо ва принсипҳои муҳиме, ки озодии иқтисодии субъектони соҳибкориро кафолат медиҳад, тасвия карда шудаанд:
• якум, қонунҳои гражданӣ муносибатҳои байни шахсони фаъолияти соҳибкориро ба амал бароварда ё иштироки онҳоро танзим менамояд, дар принсипҳои дахлнопазирии моликият, озодии шартнома, номумкин будани дахолати худсаронаи ҳар кассе ба корҳои хусусӣ, зарурати татбиқи бемонеаи ҳуқуқи гражданӣ, таъмини барқарор намудани ҳуқуқи вайронгардидаи гражданӣ ва ҳифзи судии онҳо асос меёбанд;
• дуюм, шаҳрвандон (ашхоси воқеӣ) ва ашхоси ҳуқуқӣ ҳуқуқи гражданиро ба азму хоҳиш ва ба манфиати худ ба даст дароварда ва амалӣ менамояд онҳо дар муқаррар намудани ҳар гуна шартҳои хилофи қонунҳо набудаи шартнома озоданд;
•ҳуқуқҳои гражданӣ метавонад бо мақсади ҳифзи маънавиёт, тандурустӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ашхоси дигар, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат, ҳифзи муҳити зист дар асоси қонун маҳдуд карда шавад.
Ҳамин тавр, ҳудудҳои озодии иқтисодии субъектони фаъолияти соҳибкориро қонунгузории гражданӣ муайян менамояд, ки ҳамаи намудҳо ва соҳаҳои фаъолияти соҳибкориро ба танзим медарорад. Чӣ тавре, ки аз гуфтаҳои боло дида мешавад, ҳудудҳои озодии иқтисодии соҳибкорон, ҳуқуқҳои онҳо, инчунин ўҳдадориҳо ва ҷавобгарӣ бо қонунгузории ҷумҳурӣ муайян карда мешаванд: гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ ва дигар қонунҳо.
Ҳамин тавр, мустақилият ва озодии иқтисодӣ ҳамчун хусусиятҳои хоси соҳибкорӣ ва шарти тараққиёти он маънои зеринро дорад: мустақилияти фардҳо дар ташкили фаъолияти шахсӣ дар ҳар кадом соҳаи иқтисодӣ, ғайр аз соҳае, ки бо қонун манъ карда шудааст, интихоби озоди предмети фаъолият ва намуди соҳибкорӣ, мавҷудияти маҷмўи ҳуқуқҳо ва кафолат барои соҳибкорон, ки ба онҳо имкон медиҳад кори худро ташкил ва тараққӣ диҳанд, натиҷаҳои онро бо салоҳдиди худ мувофиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва санадҳои меъёрӣ истифода намоянд.
Мустақилият ва озодии иқтисодии субъектони фаъолияти соҳибкорӣ маънои своеволияи онҳоро надорад, бинобар ҳамин аз тарафи қонунгузорӣ чораҳои танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷавобгарии соҳибкорон барои вайронкунии санадҳои мувофиқи ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд, ки чӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ комилан дуруст аст. Танҳо масъала дар он аст, ки ҳудудҳои маҳдудияти озодии иқтисодӣ, устувории амалкунии санадҳои ҳуқуқӣ чӣ гуна аст. Ҳангоми муқарраркунии чунин ҳудудҳо принсипи асосии зерин бояд ба инобат гирифта шавад: соҳибкорӣ дар асоси мустақилона қабул кардани қарорҳо дар чорчўбаи қонун тараққӣ мекунад, давлат бошад, набояд ба ҳаёти кории мушаххаси соҳибкорон дахолат кунад.
Муҳити соҳибкории берунӣ.
Ҳолати муҳити соҳибкории берунӣ умуман ба тараққиёти соҳибкорӣ дар мамлакат, дар минтақаҳои алоҳида таъсири калон мерасонад. Дар зери муҳити соҳибкории берунӣ маҷмўи омилҳо ва шароитҳои берунӣ фаҳмида мешавад, ки ба барқароршавӣ ва тараққиёти соҳибкорӣ таъсири бевосита ва ё бавосита мерасонанд. Муҳити берунӣ нисбат ба соҳибкорон муҳити объективӣ ба ҳисоб меравад ва новобаста аз хоҳиши онҳо амал мекунад. Барои ба муваффақият ноил шудан, соҳибкорон бояд ҳамаи омилҳо ва шароитҳои беруниро хуб донанд, то ки дар фаъолияти худ таъсири онҳоро ба натиҷаҳои бизнеси худ пешбинӣ карда тавонанд. Чӣ тавре, ки аз афкори классикони назарияи иқтисодӣ бар меояд, асоси фаъолияти соҳибкориро донишҳо оид ба шароитҳо ва омилҳои асосии муҳити берунӣ ташкил медиҳанд.
Муҳити соҳибкории берунӣ зерсистемаҳои зеринро дар бар мегирад:
-вазъи иқтисодӣ дар мамлакат ва минтақаҳо;
-вазъияти сиёсӣ, ки бо устувории тараққиёти ҷамъият ва давлат тавсиф меёбад;
-муҳити ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқҳо, ўҳдадориҳо, ҷавобгарии субъектони соҳибкорӣ ва дигар субъектони иқтисоди бозоргониро амиқ муайян мекунанд;
-танзими давлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ;
-вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки бо дараҷаи қобилияти пардохти истеъмолкунандагон, дараҷаи бекорӣ алоқаман аст;
-муҳити маданӣ, ки бо сатҳи маълумотии аҳолӣ асоснок карда шуда, имконияти бо намудҳои муайяни соҳибкорӣ машғул шуданро таъмин менамояд;
-муҳити илмӣ-техникӣ, технологӣ;
-муҳити институтсионалӣ-ташкилӣ, ки мавҷудияти миқдори зарурии ташкилотҳоро тасдиқ намуда, имконияти баамалбарории амалиётҳои тиҷоратӣ, робитаҳои корӣ ва ғайраҳоро таъмин менамояд.
Баъзе зерсистемаҳоро дида мебароем, ки дар маҷмўъ муҳити соҳибкориро ташкил медиҳанд. Ҳамин тавр, барои тараққиёти соҳибкорӣ дар мамлакат вазъи иқтисодии мусбӣ аҳамияти калон дорад, ки бо ташаккулёбии шароит барои барқароршавии бозори рақобатӣ ҳамчун муҳити фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин баамалбарории ислоҳоти иқтисодӣ, ки имконияти истифодабарии ҳамаи намудҳои захираҳоро (ба ғайр аз онҳое, ки қонун манъ кардааст) ба соҳибкорон таъмин менамоянд, тавсиф меёбад. Ба тараққиёти соҳибкорӣ омилҳои иқтисодии зерин таъсири мусбӣ (ва ё манфӣ) мерасонанд, дараҷаи ставка рефинансирования; сатҳи беқурбшавӣ, миқдори андозҳо ва ҳаҷми ставкаи андозҳо; қобилияти пардохтпазирии шарикони хоҷагидорӣ (фирмаҳо, ширкатҳо); дараҷаи нархҳо ба намудҳои муайяни захираҳо, махсусан ба молу хизматҳои монополияҳои табиӣ, роҳ надодан ба муқарраркунии нархҳои монополии баланд ё паст, роҳ надодан ба созишномаҳо байни субъектони хоҷагидорӣ, ки рақобатро дар бозорҳои молӣ маҳдуд месозанд. Инчунин устувории воҳиди пули миллӣ, баландбардории дараҷаи қобили пардохти он ва дигар омилу шароитҳо аҳамияти калон доранд.
Ба тараққиёти бомуваффақияти соҳибкорӣ қарздиҳии имтиёзноки лоиҳаҳои соҳибкорӣ, ихтисори шумораи андозҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ва ғайраҳо мусоидат мекунанд. Тараққиёти соҳибкориро натанҳо бўҳронҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, ки дар мамлакат ба вуҷуд меоянд, балки ҳам дар дигар давлатҳо ва минтақаҳо ба вуҷуд омада истода низ боз медоранд.
Бешубҳа, барои тараққиёти соҳибкорӣ устувории вазъияти сиёсӣ дар мамлакат ва минтақаҳои алоҳида, розигии байни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, эътирофи он, ки бе тараққиёти соҳибкории муттамадин афзоиши иқтисодӣ, тараққиёти самараноки ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ва баландбардории некўаҳволии ҷамъият ғайриимкон аст, талаб карда мешавад. Муҳимаш он ки мардуми Тоҷикистон бояд бегуфтугў ақидаи онро, ки дар мамлакат иқтисодиёти ба шароитҳои иҷтимоӣ нигаронидашуда ташаккул ёфта истодааст, дастгирӣ карда шавад ва дигар роҳ ба ғайр аз роҳи ислоҳоти иқтисодӣ вуҷуд надорад.
Инкишофи соҳибкорӣ танҳо зимни ташкили муҳити ҳуқуқии ба тараққиёти ояндаи мамлакат хос имконпазир аст, ки ҳуқуқҳо, ўҳдадориҳо ва кафолати шаҳрвандони қобили амалидоштаро барои машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ ва ё дигар фаъолияти иқтисодии қонунӣ аниқ муқаррар (муайян) мекунад, соҳибкоронро аз амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор, сохторҳои давлатӣ ҳимоя менамояд. Дар мамлакат бояд қонун, наинки мансабдорон, на олигархӣ, на унсурҳои криминалӣ, амал намояд. Агар ин ҳолат ҳамчун қоида риоя карда шавад, он гоҳ бо боварии калон гуфтан мумкин аст, ки соҳибкорӣ дар мамлакат оҳиста – оҳиста (поступателно) тараққӣ мекунад.
Солҳои охир қонунҳои зиёд қабул карда шудаанд ва ба ташаккулёбии табақаи соҳибкорӣ таъсири мусбӣ расонида истодаанд, ба монанди: _____________.
Дар марҳилаи муосири рушди иқтисодиёт тақвият додани нақши танзимкунандаи давлат дар ҷараёни барқароршавии соҳибкории мутамаддин, ҳимояи манфиатҳои қонунии соҳибкорон, таъмини кафолат ҳам ба шаҳрвандон ва ҳам ба ташкилотҳо аҳамияти калон дорад. Чӣ тавре, ки дар боло қайд шуда буд, давлат набояд ба фаъолияти мушаххаси соҳибкорӣ дахолат намояд, зеро аз рўи моҳияти худ соҳибкорӣ – ин фаъолияти озодонаи шаҳрвандони қобилияти амалидошта мебошад, аммо ҳамзамон давлат бояд ҳимояи озодии иқтисодӣ ва сиёсиро таъмин кунад.
Нақши муҳим дар танзими фаъолияти соҳибкорӣ ба қонунҳо тааллуқ дорад, ки аксарияти онҳо на танҳо бавосита, балки ҳам таъсири бевосита мерасонанд. Дар танзим ва дастгирии соҳибкорӣ нақши асосӣ ба чунин мақомотҳои давлатӣ, ба монанди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, адлия ва дигар мақомотҳо тааллуқ дорад.

Тараққити муҳити институтсионалӣ-ташкилӣ шарти муҳими ташаккулёбии соҳибкорӣ ба ҳисоб мераванд, зеро аксарияти институтҳо (ташкилотҳо) институтҳои соҳибкорӣ мебошанд ва бо назардошти махсусгардонии фаъолияти худ ба дигар ташкилотҳои соҳибкорӣ хизматҳои мувофиқ мерасонанд. Ба чунин институтҳо дохил мешаванд. бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзию молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ, ширкатҳои тарғиботӣ, ташкилотҳои махсусгардондашудаи хизматрасонии касбӣ, ба монанди аудит, консалтинг (маслиҳатдиҳӣ), ҳимояи манфиатҳои соҳибкорон, муассисаҳои таълимӣ оид ба тайёркунии кадрҳо барои ташкилотҳои соҳибкорӣ, ширкатҳо оид ба омўзиши бозор, гузаронидани тадқиқотҳои бозоршиносӣ, ташкилотҳо – таъминкунандагони ашё, масолеҳ, сўзишворӣ, қувваи барқ ва дигар хизматҳо, ширкатҳои нақлиётӣ, ташкилотҳои савдо.

Лапуста М.Г. Основы предпринимательства

Х. Ламперт. Социальная и рыночная экономика. М.: Дело, 1993. с. 14.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.