Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Муҳити берунаи сохибкорӣ. Бозор – мухити мавҷудияти сохибкорон

Ҳолати муҳити берунаи соҳибкорӣ ба рушди соҳибкорӣ дар мамлакат таъсири муайяни худро мерасонад. Муҳити берунаи соҳибкорӣ гуфта маҷмўи омилҳо ва шароитҳоеро меноманд, ки ба ташкилёбӣ ва тараққиёти соҳибкорӣ таъсири бевосита мерасонанд. Муҳити беруна барои соҳибкорон муҳити объективӣ ба шумор рафта, новобаста аз ҳоҳиши онҳо амал мекунад. Барои он, ки соҳибкорон ба натиҷаҳои дилҳоҳ ноил гарданд, онҳо бояд ҳамаи омилҳои берунаро хуб донанд ва таъсири онҳоро ба натиҷаҳои фаъолияташон пешбинӣ карда тавонанд. Мувофиқи таълимоти классикони назарияи иқтисод базаи (асоси) фаъолияти соҳибкорӣ ин донишҳо дар бораи шароитҳо ва омилҳои асосии муҳити беруна мебошад.Ҳолати муҳити берунаи соҳибкорӣ ба рушди соҳибкорӣ дар мамлакат таъсири муайяни худро мерасонад. Муҳити берунаи соҳибкорӣ гуфта маҷмўи омилҳо ва шароитҳоеро меноманд, ки ба ташкилёбӣ ва тараққиёти соҳибкорӣ таъсири бевосита мерасонанд. Муҳити беруна барои соҳибкорон муҳити объективӣ ба шумор рафта, новобаста аз ҳоҳиши онҳо амал мекунад. Барои он, ки соҳибкорон ба натиҷаҳои дилҳоҳ ноил гарданд, онҳо бояд ҳамаи омилҳои берунаро хуб донанд ва таъсири онҳоро ба натиҷаҳои фаъолияташон пешбинӣ карда тавонанд. Мувофиқи таълимоти классикони назарияи иқтисод базаи (асоси) фаъолияти соҳибкорӣ ин донишҳо дар бораи шароитҳо ва омилҳои асосии муҳити беруна мебошад.
Муҳити берунаи соҳибкорӣ зерсистемаҳои зеринро дар бар мегирад:
— Ҳолати иқтисодӣ дар мамлакат ва минтақаҳо;
— Вазъияти сиёсӣ, ки устувории рушди ҷамъият ва давлатро тавсиф медиҳад;
— Муҳити ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулиятҳоро дар байни соҳибкорон ва
дигар субъектҳои иқтисоди бозорӣ муқаррар мекунад.
— Батанзиморӣ ва дастгирии соҳибкорӣ аз тарафи давлат;
— Вазъияти иҷтимоӣ – иқтисодӣ, ки ба дараҷаи қобилияти харидории истеъмолгарон,
дараҷаи бекорӣ алоқаманд аст;
— Муҳити маданӣ, ки ба дараҷаи маълумотнокии аҳолӣ вобастааст;
— Муҳити илмию техникӣ ва технологӣ;
— Мавҷудияти миқдори кифояи омилҳои табии истеҳсолот, ки барои тараққиёти
намудҳои муайяни фаъолият заруранд;
— Муҳити табии, ки ба шароитҳои боду ҳаво ва иқлим алоқаманд мебошад;
— Муҳити ташкилию институтсионӣ, ки ба шумораи кифояи ташкилотҳои таъминкунандаи амалиётҳои тиҷоратӣ, алоқаҳои корӣ ва ғайраҳо вобастааст.
Агар бозор набошад соҳибкорон ҳам арзи ҳастӣ карда наметавонанд. Дар қатори ҳоҷагиҳои ҳонагӣ ва давлвт соҳибкорӣ субъекти пешбарандаи иқтисоди бозорӣ ба ҳисоб меравад. Таҳлили таърифҳои зиёде, ки дар адабиётҳои илмӣ навишта шудаанд, ба хулосаҳои зерин меоранд:
Бозор ин як шакли муносибатҳои мутақобилаи байни соҳибкорони алоҳида мебошад; Бозор ин ҳодисаи иқтисодии мураккаб ва бисёртарафа мебошад; Ин васлшавии талабот ва пешниҳодот мебошад; Ин як шакли алоқаҳои ҷамъиятию иқтисодии байни соҳибкорон ва истеъмолгарон мебошад, ки дар асоси хариду фурўши молҳою хизматҳо амалӣ мегардад; Бозор на фақат муҳити фаъолияткунии соҳибкорон, балки омили муҳими рушди соҳибкорӣ дар мамлакат низ ба шумор меравад.
Бозори ҳозиразамон ба категорияҳои гуногун тасниф карда мешавад:
А) Аз рўи таъиноти иқтисодии объектҳои муносибатҳои бозорӣ – бозори молҳо ва
хизматҳои истеъмолӣ; бозори воситаҳои истеҳсолот; бозори Ноу Хаю
(ихтироотҳо, кашфиётҳои нав); бозори ашёӣ; бозори меҳнат; бозори қоғазҳои
қиматнок; бозори ашёҳои дуюмдараҷа; бозори иттилоот.0
Б) Аз рўи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ – маҳаллӣ, миллӣ, ҷаҳонӣ.
В) Аз рўи дараҷаи маҳдуднокии рақобат – монополӣ, олигаполӣ, монопсонӣ, озод,
омехта;
Г) Аз рўи соҳаҳо – автомобилӣ, компютерӣ, нефт, газӣ …
Д) Аз рўи шакли фурўш – кутара, чакана.
Иқтисоди бозорӣ нисбати иқтисоди фармонию маъмурӣ дорои бартариҳои
зерин мебошад:
1) Дар низоми бозорӣ тақсимоти самараноки ҳама намудҳои захираҳо таъмин
мегардад:
2) Бозор бе маҷудияти зиёди иттилоотҳои иқтисодӣ амал карда метавонанд;
3) Имконияти мутобиқшавии баланд ва ҳосияти чандирии бозор;
4) Иштирокчиёни бозор натиҷаҳои Прогрессияи илмию техникиро хуб истифода
мебаранд.
5) Соҳибкор ва истеъмолчӣ интиҳоби озоди амалиётҳоро соҳиб аст.
6) Бозор қонеъ гардидани талаботҳои гуногунро таъмин менамояд.
Дар баробари ин бозор камбудиҳои зерин мебошад:
1) Бозор захираҳое, ки такрористеҳсол намешаванд нигоҳ дошта наметавонад.
2) Бозор муҳити атрофро ҳимоя карда наметавонад. Давлат соҳибкоронро ба ин
маҷбур мекунад;
3) Бозор кафолати бо кор ва даромади кофӣ таъмин будани ҳамаи шаҳрвандонро
намедиҳад;
4) Бозор ба тавлиди молҳои иҷтимои нигаронида нашуда, ба қонеъ кардани
талаботҳои пулдорон равона мекунад;
5) Дар ҳолати беқурбшавии пул бозор ба таври устувор рушд намекунад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.