Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Таъминот бо захираҳо

Таъминот бо захираҳо, яке аз унсурҳои муҳимтарини фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Чи тавре дар саволи якўм қайд карда гузаштем, ҳар як соҳибкор барои таҳсис, бунёду инкишоф додан ва нигоҳ доштани таносуби муозини тақозо ва арзаи бозорӣ, бояд захираҳоро тибқи фармоишҳои пешакӣ ба даст орад.Таъминот бо захираҳо, яке аз унсурҳои муҳимтарини фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Чи тавре дар саволи якўм қайд карда гузаштем, ҳар як соҳибкор барои таҳсис, бунёду инкишоф додан ва нигоҳ доштани таносуби муозини тақозо ва арзаи бозорӣ, бояд захираҳоро тибқи фармоишҳои пешакӣ ба даст орад. Баробари ин материалҳо, таҷҳизот, молу ашё, яъне фондҳои асосию гардонро ташкил диҳад; коргаронро киро карда гирад; перомуни фаъолияти худ иттилоотҳои зарурӣ андўхта бошад; манобеи молиявиро дастрас намояд. Ин гурўҳи захираҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ дар давраҳои гуногун: то ибтидои фаъолият, дар давраи фаъолият ва баъди хатми фаъолият ва аз нав эҳё намудани он лозим меояд. Аз ин нигаҳ, соҳибкор кўшиш ба харҷ меди-ҳад, ки ҷараёни истифодаи захираҳо муозин ва муназзам сурат гирад.
Натиҷаи ҷидду ҷаҳди фаъолияти соҳибкорӣ ба даст овардани маҳсулот мебошад. Барои амалӣ гардондани ин мақсад со-ҳибкор аз ҳамаи имкониятҳо, яъне захираҳову омилҳои истеҳсо-лот пурра истифода мекунад.
Фаъолияти соҳибкории тиҷоратӣ асосан барои харидан ва ба истеъмолкунанда бурда расондани мол, нигоҳ доштан ва тайёр кардан барои фурўш, фурўхтан бо воситаи нуқтаҳои савдо нигаронида мешавад.
Объекти соҳибкорони молиявиро пул, захираҳои пулию молиявӣ, тайёр кардани ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва шароитҳои муфид барои амалӣ гардондани ниятҳои мизоҷон ва ғайра ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни соҳибкории миёнаравӣ иттилоотҳои зарурӣ оиди имкониятҳои тарафҳои мутақобила, хусусан он тарафе ки миёнарав ба он манфиатнок аст, ҷамъоварӣ карда мешавад.
Дар бизнеси суғуртавӣ бошад, кўшиш ба харҷ дода мешавад, ки бештар субъектҳоеро, ки аз хизмати ин соҳа меҳоҳанд истифода кунанд, дарёбанд.
Ҳамин тавр метавон ҷамъбаст намуд, ки фақат дар раванди соҳибкории истеҳсолӣ молу хадамот тавлид карда мешаванду халос. Дар дигар ҳолатҳо, ба даст овардани маҳсулот, дар шакли фурўши маҳсулот, адои хизмат ва иҷрои ягон кор ба вуқўъ мепайвандад. Аз ин нигаҳ, амалиётҳои соҳибкорӣ, вобаста ба сирати шакл ва намудҳои он ҳарлела сурат мегирад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.