Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Системаи сиёсии ҷомеа ва режими сиёси

Дар бораи предмети илми сиёси бахсу мунозирахо кайхост идома доранд. Тавсифи бевосиати мафхуми сиёсатшиноси маънои илм дар бораи сиёсатро дорад, ки мухаккикон инкор намекунанд. Лекин масъала дар дигар сатх пайдо мешавад, сиёсатсатшиноси то кадом андоза сиёсатро меомузадСИСТЕМАИ СИЁСИИ ҶОМЕА ВА РЕЖИМИ СИЁСИ

Мукаддима
1. Мафхуми ситемаи сиёсии чомеа
2. Таркиб ва вазифахои ситемаи сиёсии чомеа
3. Мохият ва хусусиятхои режими сиёси
4. Режими сиёсии демократ
Хулоса

Мукаддима
Дар бораи предмети илми сиёси бахсу мунозирахо кайхост идома доранд. Тавсифи бевосиати мафхуми сиёсатшиноси маънои илм дар бораи сиёсатро дорад, ки мухаккикон инкор намекунанд. Лекин масъала дар дигар сатх пайдо мешавад, сиёсатсатшиноси то кадом андоза сиёсатро меомузад? Табиист, ки нуктаи назар ва мавкеи назарияпардозон нисбати ин масъала гуногунанд, онхоро метавон ба се гурух чудо намуд.
– сиёсатшиноси яке аз илмхо дар барои сиёсат: предмети онро омузиши давлат, хизбхо ва институтхои дигари сиёси, ки хокимиятро амали менамоянд ё ба он таъсир мерсонанд, ташкил медихад.
– сиёсатшиноси ба сифати илми ягона дар барои сиёсат: дар чунин холат танхо хамон донишхоеро фаро мегирад, ки баштар ба принсипхои меъёриву илми асос ёфтаанд. Тарафдорони ин акида асосан бихевиористон мебошанд.
– сиёсатшиноси ба сифати мачмуи донишхо дар бораи сиёсат: сиёсатшиноси илми пешбар ва муттахидкунандаи донишхо дар бораи сиёсат аст.
Сиёсатшиноси илмест дар бораи сиёсат ва хокимияти сиёси, конуниятхои ташаккул ва инкишофи муносибатхо, равандхо, ходисахо ва институтхои сиёси, дар бораи меъёрхо ва принсипхои хаёти сиёсии чомеа; дар бораи бахамалокамандии он ба шахсият ва чомеа мебошад
Масъалаи ташхиси таркиби сиёсатшиноси низ ахамияти калон дорад. Дар асоси донишхои чахонии муосир метавон сиёсатшиносиро чунин силсилабанди намуд:
1. Сиёсатшиносии умуми
2. Сиёсатшиносии махсус
3. Сиёсатшиносии омехта

1. Мафхуми системаи сиёсии чомеа.
Аз замони ташаккули чомеаи инсони инкишофи хаёт хосияти сиёси пайдо намудааст, ки он бо ёрии муносибатхо ва низоми муайяни сиёси идора карда мешавад. Замон ва макон системахои мухталифи сиёсиро ба вучуд оварда, онро комил мегардонад ва ба кули тагйир медихад. Омузиши амики системаи сиёсии чомеа ва тамоми унсурони он имконияти танзим намудан ва идораю рохбари намудани ходисахои сиёсиро фарохам меорад.
Дар айни замон барои ифода намудани ходисаву падидахои хаёти сиёсии чомеа мафхумхои мухталиф истифода бурда мешавад, ки хар яке аз онхо ба худ мохият ва хусусиятхои мухталифро сохиб хастанд. Аз чумла, равандхои сиёсии инкишофи чомеа, ки тавассути мафхум ва иборахои «системаи чамъияти», «хаёти сиёси», «системаи сиёсии чомеа», «ташкилоти сиёсии чомеа», «системаи хокимияти давлати» ифода карда мешаванд, аз хамин кабиланд. Вакте ки ба ин мафхумхо назар меафканем, то андозае монандие хис карда мешавад. Хатто баъзе мухаккикон онхоро ба якдигар айният дода, байни онхо фаркияте намебинанд. Бояд тазаккур дод, ки онхо аз якдигар фарк карда, хар яке барои ифодаи ходисаву падидаи алохида истифода карда мешавад.
Аз хама васеътар, мафхуми системаи чамъияти мебошад, ки тамоми раванду ходисахои хаёти чамъиятиро фаро мегирад. Системаи чамъияти дар замон нисбат ба хаёти сиёси ва системаи сиёси кадимтар буда, тамоми ходиса ва падидахои чомеаро фаро мегирад. Системаи сиёси бошад, дар холати хосияти сиёси пайдо намудани муносибати байни мардум пайдо мешавад. Системаи чамъияти тамоми таркиботи чамъияти, муносибатхои истехсолии байни одамон, холати куввахои истехсолкунанда, равандхои гуногуни хаёти иктисоди, синфхо гуруххо, умумиятихои демографи, хамаи тартиботу институтхои сиёси ва раванду муносибатхои фархангии байни одамонро фаро мегирад. Системаи чамъияти аз чор сохаи хаёти чамъияти таркиб ёфтааст.
Дар илми сиёси мафхуми «ташкилоти сиёсии чомеа» низ васеъ истифода карда мешавад. Дар баъзе холатхо, онро ба мафхуми системаи сиёсии чомеа баробармаъно медонанд, лекин кайд намудан зарур аст, ки ташкилоти сиёсии чомеа хамчун як шохаи системаи сиёсии чомеа баромад менамояд. Ташкилоти сиёсии чомеа яке аз шаклхои иттиходияи одамон аст, ки барои муваффак гаштан ба максадхои сиёси бунёд шудаанд. Мохияти ташкилоти сиёсии чомеаро чунин чихатхо ташкил медиханд: дар шаклхои мушаххаси ташкили манфиатхои одамон, умумиятхои мухталифи ичтимоиро тачассум намудан; иштирокчии расмии хаёти сиёсии ва барандаи муносибатхои сиёси будан; ба хокимияти сиёси муносибати бевосита ва пайваста доштан. Аломатхои асосии ташкилоти сиёсии чомеа:
тартиби муайяни ташаккул, инкишоф ва вокеъгарди;
фаъолияти ташкилот барои муваффак гардидан ба максадхои мушаххас; мавчудоти таркиботи муайян.
Дар баъзе холатхо системаи сиёсии чомеаро ба системаи амалинамоии хокимият як медонанд, ки нодуруст аст. Системаи амалинамоии хокимият танхо воситахои асосии амалишавии хокимиятро фаро мегираду халос ва хосияти давраги дошта, мувофики замон ва макон тагйир ёфта, дигаргун мешавад.
Системаи сиёсии чомеа ва омузиши хаматарафаи он ахамияти мухимро дорост. Он сатхи комилтарин ва васеътарини танзимнамои ва идораи чомеа аст. Мафхуми системаи сиёсии чомеа таърихи тулони надорад. Дар маколаи Д.Истон «Системаи сиёси» тобиши илми пайдо намудааст. (1953). Баъдтар бошад тарафхои гуногуни он аз тарафи мухаккикони гуногун мавриди барраси карор гирифтааст. (Т. Парсонс, Г. Альмонд, К. Дойч, М. Дюверже, Ф. Бро).
Дар системаи сиёсии чомеа асосан ду тарзи муносибат оиди омузиши системаи сиёсии чомеа мавчуд аст.
1. Муносибати институтсионали, ки системаи сиёсии чомеаро тарики институтхои сиёсии чомеа, равобити мутакобила ва бахамтаъсирбахшии онхо меомузад;
2. муносибати системаноки. Системаи сиёси, на танхо тарики институтхои сиёси, балки ба воситаи коидахои хукуки ва ахлоки, фарханги, накши омилхои сиёси, ки дар рафтору фаъолияти одамон тачассум меёбанд, муайян мегардад.
Хусусиятхои системаи сиёсии чомеа:
– дар доираи системаи сиёсии чомеа ташаккул ва такмил ёфтани механизми хокимияти сиёси;
– системаи сиёсии чомеа ба инхисори конуни будани зуроварии табии даъво менамояд;
– дар пайвастаги бо таркиботи ичтимои, иктисоди ва маънавии чомеа вучуд дорад;
– системаи сиёсии чомеа худмухтории нисби дорад.

Хамин тарик, Системаи сиёсии чомеа мачмуи мураккаби таркиботи институтсионалии давлат ва чомеа, ки ба коидахои хукуки ва ичтимои асос ёфтаанд, шакли бахамтаъсиррасонии онхо бахри вокеъи гардонидани хокимияти сиёси, идоранамои, рохбари,танзими равандхои чамъиятию сиёси мебошад.

2. Таркиб ва вазифахои системаи сиёсии чомеа.
Системаи сиёсии чомеа аз таркиботи муайяне иборат аст, ки кафили инкишофи мутаносиб, устувор ва кобилияти фаъолият мегардад. Макоми мухимро дар низоми мазкур системаи принсипхо ва коидахои ичтимоиву сиёси, анъана, ахлок ва рафтору кирдори хаёти сиёси сохиб аст. Системаи сиёсии чомеа таркиби мураккаб дорад:
– Муносибатхои сиёси, ки муносибатхои тарафайни синфхои чамъияти, гуруххои ичтимои, шаклхои гуногуни умумиятхои этники, институтхои системаи сиёсии чомеа, коллектив ва шахс, байни давлат ва шахрвандон оиди масъалаи хокимият ва умуман, дар раванди ташаккул ва вокеъгардии сиёсат таркиб меёбанд.
– Инстиутхои сиёси, ки тамоми макомоту ташкилотхо ва муассисахои максадхои сиёсидоштаро фаро мегирад.
– Принсипхо ва коидахои умумии сиёси, муносибатхои сиёсиро танзим менамоянд, сахву хатохо дар фаъолияти субъектхоро мукарра ва бартараф мегардонанд.
– Шуури сиёси, ки дар шакли идеология ва психологияи сиёси дар хар системаи сиёси хусусиятхои махсус пайдо менамояд. Шуури сиёси инъикоси манфиатхо ва муносибатхои сиёси, бахогузори ба ходисаю сиёси буда, дар шакли мафхум, гоя, андеша ва назария намудар мегардад.
– Маданияти сиёси, ки аз мачмуи тасаввуроти сиёси, руоварихои арзиши, меъёрхо, анъанахо ва рафтори сиёси таркиб ёфтааст.

Системаи сиёсии чомеа вазифахои зеринро ичро менамояд:
1. ташхиси максад, вазифахо ва роххои инкишофи чомеа;
2. интегратсияи хамаи унсурони инкишофи чомеа;
3. таъмини инкишофи муътадил ва мутаносиби сохти сиёси, амнияти дохили ва беруни;
4. ташкили фаъолияти чомеа бахри ичрои максадхо ва барномахои кабулшуда;
5. ташаккули шуури сиёси, таъмини иштироки одамон дар фаъолияти сиёси;
6. таксими арзишхои модди ва маънави;
7. мутобикгардонии манфиатхои гуногуни давлат ва умумиятхои ичтимои;
8. коркарди коидахо ва низоми рафтори одамон ва умумиятхои ичтимои дар чомеа;

3. Мохият ва хусусиятхои режими сиёси
Дарки мохият ва хусусиятхои раванду ходисахои гуногун омўзиши режими сиёсиро ба миён меорад. Олами муосир хело зиддиятнок гардидааст ва аз ин сабаб сохти умумии чомеа, аз он чумла, режими сиёси хеле мураккаб ва мушкил гардидааст. Режими сиёси танхо дар муносибат бо падидахои дигари чомеа фахмида мешавад. Барои фахмиши режими сиёсии мамлактхои алохида зарўрати дарки холатхои махсус, аз чумла: таносуби қуввахои гуногуни сиёси, мавчудияти анъанахои демократи ба миён меояд.
Қайд намудан зарур аст, ки тарзи идоранамои дар ягон холат наметавонад мохияту хусусияти давлатро ба пурраги фаро гирад. Аз ин хотир мафхуми режими сиёси истифода мегардад, ки хокимияти давлати ва хаёти сиёсии чомеаро хамачониба инъикос менамояд.
Мафхуми режим аз забони фаронсави гирифта шуда, маънои идоракуниро дорад. Мафхуми режими сиёси доираи васеи ходисахоро фаро мегирад. Режими сиёси аз тарафи мухаққиқони гуногун хар хел маънидод карда мешавад. Аксари луғатхо режими сиёсиро хамчун воситахо ва методхои хукмронии иқтисоди ва сиёсии гурўххои алохида барраси менамоянд. Режими сиёси хамчун тарзи амалишавии хокимияти сиёси барраси мегардад. Дар ин холат, мазмун ва мохияти режими сиёси фақат аз амал намудан ва зохиршавии хокимияти гурўххои хукмрон иборат аст. Аммо чунин фахмиш хамаи хусусиятхои режими сиёсиро нишон дода наметавонад.
Баъзе мухаққиқон режими сиёсиро ба хосиятхои амалию фаъолияти мавчудият ва зохиршавии системаи сиёсии чомеа мансуб медонанд. Дар хақиқат системаи сиёси доираи муайян ва васеи муносибатхои системаи сиёси: давлат – унсури асосии системаи сиёси, фаъолияти хизбхо ва қуввахои сиёси, ташкилотхо ва харакатхои ичтимоию сиёси, маданияти сиёсиро фаро мегирад. Лекин қайд намудан зарур аст, ки чунин маънидодкуни низ нопурра аст. Зеро масъалахои зиёде мавчуд хастанд, ки аз доираи системаи сиёсии чомеа берун мемонад.
Режими сиёси бояд тамоми масъалахои муносибатхои сиёси, ташкилотхои сиёси, шуури сиёси ва умуман, мухит ва шароити хаёти сиёсии одамонро дарбар мегирад. Дарки мафхуми режими сиёси имконият медихад, ки дар бораи сохти ичтимоию сиёси ва фархангии мамлкатхои муайян тасаввурот пайдо гардад, асосхо ва таркиби хокимияти давлати ва хосиятхои асосии он мавриди омўзиш қарор мегирад.
Метавон нишондихандахои асоии режими сиёсиро чунин барраси намуд:
– характер ва тарзи амалишавии хокимияти сиёси;
– характери ташаккули хукумат;
– мавчудияти идеологияи сиёси ё плюрализми сиёси;
– сатхи маданияти сиёси;
– вазъияти воситахои ахбори умум;
– хуқуқ ва озодихои одамон.
Хамин тариқ, режими сиёсиро метавон ба ду навъи асосии тақсим намуд:
– режими сиёсии демократи;
– режими сиёсии гайридемократи.

4. Режими сиёсии демократи:
Режими сиёсии демократи хамчун сохтори давлатию сиёсии чомеа дорои як қатор хусусиятхо мебошад. Оммаи мардум хамчун манбаи асосии хокимият эътироф карда мешавад. Онхо имконият доранд, ки бевосита ё бавосита дар халли масъалахои мухталифи чомеа ширкат варзанд. Номзадхои худро ба мақомоти гуногуни рохбарии давлати пешниход намуда, онхоро интихоб менамоянд.
Яке аз хусусиятхои асосии режими сиёсии демократи ин мавчудияти интихобот ба хисоб меравад. Барқарор намудани хуқуқи интихоботи шарти зарурии он ба хисоб меравад. Тамоми қуввахои сиёси метавонанд, дар раванди интихобот ширкат варзанд.
Режими сиёсии демократи химояи хуқуқ, талабот ва манфиатхои шахсони алохида ва аққалиятро яке аз вазифахои мухими худ мешуморад. Дар амалинамои ва фаъолияти хокимияти сиёси хуқуқ ва озодихои мардум, манфиат ва талаботхои онхо бояд ба инобат гирифта шавад.
Хусусияти дигари режими сиёсии демократи ин ташаккул ва инкишофи чомеаи шахрванди мебошад. Дар чомеа оппозитсия ошкоро амал менамояд. Воситахои ахбори умум аз сензура озод аст.

Хулоса
Системаи сиёсии чомеа хамаи равандихои сиёси, муносибатхои сиёси ва фаъолияти сиёсии одамонро фаро мегирад. Системаи сиёси хусусиятхои гуногунро сохиб буда, таркибаш хеле васеъ мебошад. Таркиби ичтимоии чомеа, ки аз синфхо, гуруххои ичтимои, гуруххои маргинали, умумиятхои этники, умуммиятхои ичтимоию демограф ива гайрахо иборатанд, дар муносибатхои байнихамдигари бештар хосиятхои сиёси пайдо менамоянд. Системаи сиёсии чомеа низ як навъ батартибанчомеа дози ва такмилдихии муносибатхои таркиботи ичтимоии чомеа мебошадмачмуи таркиботи умуми хамчун субъекти сиёсат баромад менамояд. Онхо низ кобилияти хулосаба-рории ичтимоию сиёси ва кабули карори сиёсиро доранд . Дар навбати худ муносибатхои сиёсии байни таркиботи ичтимоии чомеа системаи сиёсии чомеаро ба сатхи баланд инкишоф мебарорад.
Режими сиёси хукук ва озодихои шахрвандон, хосиятхои феъли ва вокеии онхоро низ фаро мегиранд. Хукук ва озодихои шахрвандон аз мохияту хусусиятхои режими сиёси вобастагии зиёд доранд. Конунхои асосии кариб хамаи мамлакатхо ба шахрвандон хукуку озодихои зиёдеро пешкаш мекунанд, аммо амалияи чамъияти бошгад намегузорад, ки одамон аз онхо хамачониба истифода намоянд. Вобаста ба хосиятхои режими сиёси сатхи истифода аз хукукхои конститутсиони дар хар як мамлакат гуногун мебошанд.
Шуури сиёсӣ

– мохият ва хусусиятхои шуури сиёсӣ;
– идеологияи сиёсӣ;
– психологияи сиёсӣ;

1. Мохият ва хусусиятхои шуури сиёсӣ. Шуури сиёсӣ яке аз категорияҳои марказии илмҳои сиёсӣ буда, љиҳати субъективии ҳаёти сиёсии љомеаро таљассум менамояд. Шуури сиёсӣ падидаи мураккаб буда, сатҳи тассувороти одамонро оиди сиёсат ва ҳаёти сиёсӣ таљассум менамояд. Шуури сиёсӣ метавонад аз амалияи љамъияти пеш гузарад ва дар пешбинии инкишофи он саҳми назаррасро касб намояд. Аз ин хотир, шуури сиёсӣ метавонад ба муносибатҳои љамъиятӣ таъсири назаррас расонад.
Фаъолияти љамъиятиву сиёсии инсон, муносибати вай бо режимҳои сиёсии хукмрон, шакли идоранамоӣ аз камолоти омилҳои зиёде вобаста аст. Шуури сиёсӣ ва унсурҳои асосии он идеологияи сиёсӣ ва психологияи сиёсӣ аз қабили ҳамин омилҳоянд. Таљрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки танҳо сатҳи баланди шуури сиёсӣ метавонад ҳамчун шароити муайянкунандаи мавқеи сиёсии инсон баромад намояд. Лекин қайд намудан зарур аст, ки сатҳи шуури сиёсии тамоми аъзоёни љомеа як хел набуда, дар сатҳҳои гуногун қарор доранд.
Шуури сиёси шакли дарк намудани сиёсат аз чониби субъектхои хаёти чомеа: шахсони алохида, гуруххои ичтимои, синфхо ва умумиятхои дигари ичтимои мебошад. Шуури сиёси ба сифати яке аз шаклхои шуури чамъияти баромад намуда, ба шаклхои дигари он таъсир мерасонад ва тобиши сиёси медихад. Манфиатхои сиёси ва махсуси ахли чомеаро оид ба амалишавии хокимияти давлати инъикос намуда, дар таълимот ва назарияи муайян зухур мегардад. Агар дар хаёти вокеъи кушиши дарёфт намудани чавобхои тайёр ба масъалахои мураккаби хаёт вобаста ба назария ва таълимот муайян карда шавад, он гох тафаккур гирифтори догматизм мегардад. Чунин холат кобилияти шуури сиёсиро махдуд менамояд. Дар холати пойбанд будани одамон аз принсипхои назарявию идеологи шуури сиёсии «бардуруг» пайдо намешавад. Дар чунин холат шахс наметавонад ба ходисаву равандхои сиёси бахои саривакти ва объективи дихад.
Холо ба фахми махсуси ходисахои чомеа, аз чумла шуури сиёсии одамон фахми кули ходисахо мукобил гузошта мешавад. Он арзишхои умумибашари ва умумидемократиро бехтар дониста, манфиатхои синфию гурухиро тобеи худ мегардонад. Ин рохи дурусти инкишофи шуури сиёси дониста мешавад.
Дар ташаккул ва инкишофи шуури сиёси омилхои зерин таъсир мерсонад:
– фаъолияти сиёсии шахс. Иштироки бевоситаи одамон дар равандхои хаёти сиёси, сатхи огахии он аз фаъолияти макомоти муассисахои системаи сиёсии чомеа ва сатхи маданияти сиёсии одамон ба шуури сиёсии онхо таъсири бевосита мерасонанд;
– иштироки оммаи мардум дар тайёр намудан ва кабули карори сиёси. Одамон аз лахзахои аввал, ки бо чамъоварии ахборот сар мешавад, дар кабули карори сиёси иштирок менамоянд;
– системанокии ахборотгирии ахолии. Ошкорбаённи ва плюрализми сиёси дар фаъолияти хамаи унсурони системаи сиёсии чомеа;
– манфиатхои сиёсии шахс. Манфиатхо воситаи асосии бахаракатдарории фаъолияти шахс мебошад. Аммо манфиатхои шахси метавонанд мукаммал нагашта, зидди манфиатхои умумимилли баромад намоянд. Ин аз сатхи нокифояи шуури сиёси дарак медихад;
– хиссиёти сиёсии одамон, ки дар хаёти харруза зохир мегардад хам хосияти доими ва хам муваккати доранд. Шуури сиёсие, ки ба эхсосот асос ёфтааст тез тагйир меёбад ва максадхои тачрибави асоси онро ташкил медиханд;
– масъулияти сиёсии шахс. Инсон на танхо манфиатхои худ, балки манфиатхои шахсони дигар, манфиатхои чомеаро дарк менамояд. Шахс масъулиятро барои натичаю окибатхои фаъолияташ хис менамоянд;
– сатхи инкишофи маънавии чомеа;
Хамин тарик, заминахои асосии ташаккул ва инкишофи шуури сиёсиро ду чихат ташкил менамояд:
– фаъолияти харрузаи одамон дар таркиби раванду ходисахои хаёти сиёсии чомеа, ки онхоро ба хулосахои зарури меоранд;
– маърифати ходисаю падидихо ва равандхои мухталифи хаёти сиёси, ки боиси аз худ кардани мачмуи донишхо ва истифодаи онхо мегардад.
Шуури сиёси ба худ таркиби хоса дорад. Аз чихати субъективи се сатхи баамалоии шуури сиёсиро чудо менамоянд: 1. инфироди, ки системаи унсурхои маърифати ва арзиширо фаро мегирад ва онхо ба шахс дар дарк намудани сиёсат ва иштирок дар он кумак мерасонанд; 2. гурухи, ки аз шуури гуруххои мушаххаси хурду калони одамон, аз чумла синфхо, гуруххои ичтимои, элитаи сиёси, гуруххои фишоровар ва гайрахо иборат аст ва онхо одамонро ба сиёсат мепайванданд; 3. оммави. Он шуури сиёсии вокеъан мавчуд будаи умумиятхои одамонро дарбар мегирад, ки дар хаёти сиёси мустакиман иштирок доранд ва таъсир мерасонанд. Холати он афкори чамъиятиро тачассум менамояд, кайфияти чамъияти ва амали оммавиро аккоси мекунад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.