Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Ташкил ва истифодаи роҳҳои бақайдгирии аҳолӣ

Омӯзиш муҳоҷират барои ҳисоби ҷорӣ ва перспективи шумора ва таркиби аҳолӣ ва инчунин барои омӯзиш равандҳои ҷойивазкунии аҳолӣ Аҳамияти калон дорад. Вазифаҳои бақайдгирии дории муҳоҷирон аз инхо иборат аст. 1.Мувофиқи маълумотҳои бақайдгирии дории ҳаракати табиӣ ба даст овардани маълумотҳои оид ба шумора ва таркиби аҳолии ин ё он сарзамин дар лаҳзаи муайяни давраи барӯйхатгирӣТАШКИЛ ВА ИСТИФОДАИ РОҲҲОИ БАҚАЙДГИРИИ АҲОЛӢ

Омӯзиш муҳоҷират барои ҳисоби ҷорӣ ва перспективи шумора ва таркиби аҳолӣ ва инчунин барои омӯзиш равандҳои ҷойивазкунии аҳолӣ Аҳамияти калон дорад.
Вазифаҳои бақайдгирии дории муҳоҷирон аз инхо иборат аст.
1.Мувофиқи маълумотҳои бақайдгирии дории ҳаракати табиӣ ба даст овардани маълумотҳои оид ба шумора ва таркиби аҳолии ин ё он сарзамин дар лаҳзаи муайяни давраи барӯйхатгирӣ. Инчунин муайян кардани таъсири муҳоҷират ба таркиби аҳолӣ (хусусан ба таркиби захираҳои меҳнатӣ) аз рӯйи ҷойи даромад ва баромади муҳоҷирон.
2.Маълумот оид ба муҳоҷират барои омӯзиш ҷараёни ҷойивазкунии аҳолӣ дар ҳудуди як мамлакат (аз як ноҳия ба дигар ноҳияҳо, аз як ҷойи аҳолинишин ба дигар ҷойихолинишин, аз деҳа ба шаҳр ва баръакс ва ғайра), инчунин берун аз он зарур аст.
3.Омӯзиш таркиби муҳоҷирон ва қонунияту равандҳои ҷойизистивазкунии аҳолӣ.
Дар шароити ҳозира яке аз объектҳои мушкили бақайдгирии ҷорӣ муҳоҷирати дохилӣ мебошад. Дар бисёр мамлакатҳо, ки ҳаракати одамон бо иҷроиши як қатор расмиятҳои тартиботи шиноснома алоқаманд нест ё системаи реестрҳои аҳолӣ мавдуд нест, ҳисоботи муҳоҷирати аҳолӣ вуҷуд надорад.
Бақайдгирии муҳоҷирони берунӣ заҳмати зиёдро талаб намекунад, зеро гузариш аз сархад хамеша бо расмиятҳои муайян (рухсатнома, шиноснома) ва назорати қатъӣ аз рӯйи иҷроиши он алоқаманд аст.
Ташкили бақайдгирии муҳоҷирон аксаран бо тартиби бақайдгирии ҳаракати табиии аҳолӣ монандй дорад. Азбаски омадан ё рафтан бо қоидаҳои муайян аз тарафи оморшиносон ба монандй қонун оид ба қайди ақди ҳолат шаҳрвандӣ истифода бурда мешавад.
Душвории бақайдгирии муҳоҷирон бо он шарҳ дода мешавад, ки маълумотҳои ба зери назорат гирифтамешуда назар ба ҳаракати табиӣ хеле зиёд мебошад. Мардум як маротиба таваллуд ва фавт мегардад, издивоҷ ва талоқ низ дар давоми ҳаёт бисёр ба амал намеояд, кӯчидаравӣ аз як ҷой ба ҷойи дигар зиёд ба амал меояд, лекин ҳамаи ин ҳолатҳоро бо иҷроиши расмиятҳои муайян алоқаманд кардан мушкил аст.
Ҷойивазкунии аҳолӣ аз як ҷой ба ҷойи дигар хусусияти муваққатӣ ё доимӣ дорад ва он ба категорияи гуногуни аҳолӣ дохил карда мешавад. Ҷойивазкунӣ бо тағйирёбии ҷойи истиқомат – муҳоҷирати доимӣ, яъне муҳоҷирати ҳам доимӣ ва ҳам мавҷуда мебошад.
Ҷараёни муҳоҷирати доимӣ ва мавҷудаи аҳолӣ дар вақт мувофиқ наомаданашон мумкин аст. Масалан, таъминкунӣ бо ҷойи истиқомати доимӣ миқдори муайяни одамонро дар маҳалҳои муайян, ки дар ин сарзамин муваққатӣ зиндагӣ мекунанд, боиси тағйирёбии миқдори доимии аҳолӣ мегардад, дар айни замон миқдори мавҷудаи аҳолӣ тағйир намеёбад. Дар ин ҳолат муҳоҷирати мавҷудаи аҳолӣ аз муҳоҷирати доимӣ пеш мегузарад. Бинобар ин ҳар замон дар ҷойҳои дохилшавии муҳоҷирон миқдори муайяни шахсон ба вуҷуд меояд, ки дар ин сарзамин муваққатӣ истиқомат мекунанд, лекин дар ҷойи баромадгоҳи онҳо бошад муваққатӣ ғоиб мешаванд. Ҳаҷми номувофиқати байни муҳоҷирони мавҷуда ва доимии аҳолӣ дар шароитҳои гуногун бисёр вақт аз ҷойи истиқомати доимӣ вобаста аст. Масалан, воридкунӣ ба аҳолии доимӣ вобаста ба ҷойи кор шуморида мешавад, он гох ҳамаи шахсоне, ки барои тағйирёбии чойи кор омадаанд, бояд ба аҳолии доимӣ дохил шаванд. Ҳамин тариқ, фосилаи байни муҳоҷирати муваққатӣ ва доимӣ бартараф карда мешавад.
Мураккабии дохилкунии категорияи ин ё он муҳоҷират ба категорияи статистикии аҳолӣ аз тарзи ташкили бақайдгирӣ бармеояд: объекташ назорати вақти бақайдгирӣ (азқайдбарорӣ) ба ҳисоб меравад.
Дар шароити ҳозира бақайдгирии ҷорӣ муҳоҷирати муваққатӣ ва доимиро дар бар мегирад, лекин дар баъзе ҳолатҳо танҳо бақайдгирии чорй муҳоҷирати доимиро ба ҳисоб мегирад, зеро миқдори ҳолатҳои муҳоҷирати муваққатӣ нисбат ба миқдори ҳолатҳои доимӣ бартарӣ дорад, бақайдгирии он басо душвор аст. Аз як тараф, як қисми ҳолатҳои муҳоҷирати муваққатиро ҳолатҳои кӯтоҳмуддати ҷойивазкунӣ бо самтҳои гуногун ва бо мақсадҳои гуногун ташкил мекунад. Аз тарафи дигар бошад – ташкили назорати ин гуна ҷойивазкунӣ басо мушкил аст.
Ҳамаи шахсоне, ки ба синну соли муайян расидаанд, дар ҳолатҳои ивазкунии истиқомати муваққатӣ ё доимӣ бояд ҳуҷҷатҳои ибтидоии қайдкуниро (азқайдбарориро) пур кунанд. Дар як қатор мамлакатҳо дар муҳоҷирати доимӣ ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ оид ба аз қайдбарой пур карда мешаванд. Маълумотҳои зарурӣ дар ҷойи баромад дар асоси коркарди ахбороти омор, ки дар ҳуҷҷати ибтидоӣ хангоми бақайдгирӣ пур карда мешавад, ба даст оварда мешаванд.
Барномаи қайди ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ асосан ҳамон нишондиҳандаҳое, ки дар барномаи ақди ҳолат шаҳрвандӣ мавҷуд ҳастанд, дар бар мегирад: синну сол, ҷинс, ҳолат издивоҷ, миллат, машғулият, масъалаҳои ҳодисаҳои бо хусусияти хос омӯхташавандаи мақсади кӯчидан (сабаб) ва ғайра.
Бақайдгирии муҳоҷирати дохилӣ дар асоси маълумотҳои маъмурӣ оид ба бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ дар як қатор шаҳрҳои мамлакатҳо дар соли 1924 сар шудааст. Дар солҳои минбаъда ин намудаи бақайдгирӣ паҳн гаштааст. Соли 1932 бақайдгирии муҳоҷирати дохилии ҳамаи шаҳрҳо ва масканҳои шаҳрӣ, ҷойи аҳолинишини деҳаро дар бар гирифта буд. Бо вуҷуди он дар мамлакат системаи пурраи бақайдгирии муҳоҷирати дохилӣ мавҷуд набуд. Бақайдгирии баромадаравӣ дар китобҳои Шурои деҳа ва дар он тартиб додани руйхати истиқоматкунандагони муваққатӣ масъаларо ҳал намекарданд. Соли 1953 шакли ягонаи бақайдгирии муҳоҷирати дохилӣ ҷорӣ карда шуд ва бақайдгирии он умумӣ кунонида шуд.
Системаи ягонаи қайдкунӣ ва бақайдгирии муҳоҷират аз тарафи органҳои корҳои дохилӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои қайдкунӣ ва азқайдбарорӣ ташкил карда шуд. Хангоми қайдкунӣ ва азқайдбарорӣ варақаи суроғавӣ оид ба воридшавй ва хориҷшавй ба шахсони синну солашон ба 16 расидагй пур карда мешавад. Он барои органҳои милитсия ва идораи суроғавӣ таъин карда шудааст. Инчунин талони оморӣ барои коркарди оморӣ истифода бурда мешавад. Талонҳо асосан ҳамаи он саволҳое, ки дар варақаи суроғавӣ мавҷуд хастанд, дар бар мегирад. Дар талонҳо ғайр аз насаб, пом инчунин маълумотҳои дигари хислати ғайриоморӣ дошта, моҳ ва соли таваллуд, ҷойи таваллуд, ҷинс, миллат, аз куҷо ворид шудан ё ба кудо рафтани шахеи мазкур, суроғаи он, мақсади омадан ё рафтан (ба кор, таълим) ҷойи пешинаи истиқомат ва муҳлати муайян, дараҷаи маълумот, ҳолат оилавй (барои шахсони оиладор бо хамсараш ё бе хамсар, фарзандони синнашон то 16 сола-бо нишондоди ҷннси онҳо, сол ва моҳи таваллуди онҳо, рӯзи пуркунӣ) инъикос меёбад.
Барои дуруст бақайдгирӣ муҳоҷирати аҳолӣ маълумотҳо дар бораи воридшавй ва хориҷшавии кӯдакон хамроҳ и шахсоне, ки ба онҳо варақаи суроғавӣ ва талон пур карда мешавад, нихоят муҳим аст. Ин барои мукаррар намудани шумораи умумии муҳоҷирон ва ба даст озардани маълумот оид ба тақсим намудани онҳо аз рӯйи ҷинс ва синну сол имконият медиҳад. Дар ҳолате, ки агар оила кӯчад, маълумот дар бораи кӯдак дар талони яке аз калонсолон пур карда мешавад. Дар ҳолат мустақилона кӯчидани кӯдак бе падару модар ба у алоҳида талон пур карда мешавад.
Талонҳои варақаҳои суроғавӣ ба ҳамаи воридшудагон барои ҷойи исгикомати доимӣ ё хориҷшудагон аз миқдори доимӣ истиқоматкунандагон дар сарзамини мавҷуда, ба ҳамаи воридшудагон ё хориҷшудагон барои кор новобаста аз муҳлате, ки онҳо ворид шудаанд ё хориҷ шудаанд ва аз хислати кор (доимӣ ё мавсимӣ) пур карда мешаванд. Ба таври истисно шахсоне ташкил мекунанд, ки тарзи машгулияташон бо ҳаракати доимӣ алоқаманд аст. Ба онҳо варақаҳои суроғавӣ ва талонҳо дар ҳолат қайдгузаронӣ муҳлаташ аз 8 моҳ зиёд ва хангоми хориҷшавй пур карда мешавад. Талонҳо ба ҳамаи воридшудагон ё хориҷшудагон дар сафари хизматӣ ба муҳлати дуру дароз аз 1,5 моҳ зиёд мавҷуданд, инчунин ба ҳамаи аъзоёни оила, ки барои истиқомати якҷоя бо онҳо, ворид шудаанд ё хориҷ шудаанд, пур карда мешавад. Аз қоидаҳои умумӣ ба баъзе намудҳои ҷойивазкунӣ истисно карда шудааст: масалан, равоншавӣ барои истироҳат ба берун аз шаҳр, ё табобат дар маҳалҳои истироҳатй, шифохонаҳо, барои табобат дар беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатй-профилақдикй, ба рухсатӣ, ба сафари хидматӣ ё таҳсил ба муҳлати 1,5моҳ, сайёҳатчиён. Талон ба шахсоне, ки ҷойи истиқоматашонро дар ҳудуди як ҷойи аҳолинишин иваз менамоянд ва аз як деҳа ба дигараш дар ҳудуди доираи маъмурӣ мекӯчанд, пур карда мешавад.
Варақаҳои суроғавиро бе ивазкунии ҷойи истиқомат тартиб додан мумкин аст: ивазкунии насаб, ивазкунии шиноснома ва ғайра. Дар ин ҳолат талонҳо пур карда намешаванд.
Тартиби бақайдгирии муҳоҷирати дохилии мавҷудбударо ҳамчун бақайдгирии нопурраи муҳоҷирати муваққатӣ ва доимии аҳолӣ дида баромада мешавад. Гузариш ба бақайдгирии ҷиддии муҳоҷирати доимӣ маҳдудиятхо оиди пуркунӣ ва коркарди талонҳо аз рӯйи муайянкунии омории аҳолии доимӣ, ки дар барӯйхатгирии аҳолӣ қабул шудааст, талаб мекунад.
Дар барномаи коркарди маълумотҳо оид ба муҳоҷирати аҳолӣ бисёр тағйиротҳо гузаронида шудааст, лекин нишондиҳандаҳои асосӣ – таркиби синну соли аҳолии ҳаракаткунанда, тавсифи самтҳои ҷараёни муҳоҷират (ҷойи воридшавй ё хориҷшавй) нигоҳ дошта шудааст.
Коркарди маълумотҳои муҳоҷиравй аз тарафи органҳои давлатии омор аз руйи барномаи ягона барои аҳолии шаҳр ва деҳа, вилоят, ҷумҳурӣ, дар мамлакатҳои иқтисодии бузӯрг дар се моҳ ва ҳар сол бо истифодабарии методи нақшаи шохмотй бурда мешавад.
Коркардабароии барномаи семоҳа (кварталӣ) маълумотҳоро оиди миқдори умумии муҳоҷирон ва афзоиши аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷирон аз рӯйи ноҳияиҳои алоҳида ва вилоятҳо бо дудо намудани аҳолӣ ба калонсол ва кӯдакони то сини 16 сола медиҳад. Дар ин барнома ҷудонамоии маълумоти якмоҳа пешбинӣ шудааст, ки барои ҷараёни муҳоҷирони мавсимӣ имконият пайдо мешавад.
Барномаи саволҳои талони оморӣ барои омӯхтани тавсифи аҳолии муҳоҷир мешуда имконияти калон медиҳад.
Барои самаранок истифодабарии маълумотҳои бақайдгирии ҷорӣ ва руйхатгирии аҳолӣ дар соли 1979 коркарди иловагии маълумотҳо оид ба муҳоҷират аз рӯйи сарчашмаҳои воситаҳои мавҷудият, хислати меҳнат (меҳнатӣ фикрй ва меҳнатӣ ҷисмонй) ва ҷинс; аз рӯйи ҷинс ва миллат; вазъи оилавй бо миқдори кӯдакони синнашон то 16 сола, ки хамроҳи волидайн ворид (хориҷ) шудаанд; муҳоҷирони дар издивоҷ, ки бо хамсарашон ворид (хориҷ) шудаанд ё дар издивоҷ нестанд; аз руйи маълумот ва ҷинс; аз рӯйи давомнокии истиқомат, синну сол ва ҷинс. Маълумоти иловагӣ аз рӯйи ҳамаи муҳоҷирони шаҳрӣ, вилоятҳо, ҷумҳурӣ ва мамлакат пурра ва алоҳида аз рӯйи пойтахтҳои ҷумҳурӣ ба даст оварда мешавад. Дар шароити ҳозира сахехии бақайдгирии муҳоҷирони дохилӣ дар ҳамаи ҳолатҳо каноатбахш мебошад. Дар бораи ин фарқият дар маълумотҳои оид ба миқдори хориҷшудагон аз ноҳияи муайян ва миқдори воридшудагон аз он шаходат медиҳад. Бақайдгирии муҳоҷирон аз шаҳр ба деҳа, инчунин аз як деҳа ба дигар деҳа пурра аниқ намебошад. Сабаби асосии ба қайд нагирифтан ҳавасманд набудани аҳолӣ ба қайдгирии ивазкунии ҷойи истиқомати (муваққатӣ ё доимӣ) мебошад, ки бо маҳдудиятҳои қайдгирӣ дар шаҳрҳо алоқаманд аст. Дар байни сабабҳои дигар сари вақт набурдани дафтари хавлй ва расмиятҳои қайдгирӣ дар баъзе ҳолатҳо аз тарафи коркунони органҳои маҳаллӣ ва идораҳои шиноснома қайд кардан мумкин аст. Барои беҳтар намудани сифат ва пуррагии бақайдгирӣ аз тарафи органҳои омори давлатӣ хамроҳ и коркунони идораҳои шиносномаҳо тафтиши интихобии қайдгирӣ ва азқайдбарорӣ ва дуруст пуркунии талонҳоро гузаронидан лозим аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.