Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


Мафҳум ва мазмуни ҳуқуқ ба шаъну шараф ва эътибори корӣ

Дар фалсафа инсон аз ду нигох мавриди барраси карор мегирад: хамчун мавчудоти биологи ва хамчун мавчудоти ичтимои. Хамчун мавчудоти ичтимои инсон дорои як катор арзишхо мебошад, ки дар мачмуъ онро хамчун фард дар чомеа муаррифи мекунанд. Шаъну шараф ва эътибори кори аз зумраи чунин неъматхо мебошанд, ки бегонашаванда ва мукаддасандМафхум ва мазмуни хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори

Накшаи кори:

Мукаддима

Боби 1. Шаъну шараф ва эътибори кори хамчун объекти
хукукхои шахси

§1.1 Хукукхои шахсии гайримодди ва таснифи онхо
§1.2 Мафхуми шаъну шараф ва эътибори кори
§1.3 Мафхум ва мазмуни хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори

Боби 2. Хифзи шаъну шараф ва эътибори кори

§2.1 Даъво оид ба хифзи судии шаъну шараф ва эътибори кори
§2.2 Тарзхои махсуси хифзи хукуки-граждании шаъну шараф ва эътибори кори

Хулоса

Руйхати адабиёти истифодашуда

Мукаддима

Дар фалсафа инсон аз ду нигох мавриди барраси карор мегирад: хамчун мавчудоти биологи ва хамчун мавчудоти ичтимои. Хамчун мавчудоти ичтимои инсон дорои як катор арзишхо мебошад, ки дар мачмуъ онро хамчун фард дар чомеа муаррифи мекунанд.
Шаъну шараф ва эътибори кори аз зумраи чунин неъматхо мебошанд, ки бегонашаванда ва мукаддасанд. Ин арзишхои инсони дар тули таърихи инкишофи башарият хамчун хосияти ифодасозандаи чанбаи ичтимоии инсон уро пайгири мекард. Ин арзишест, ки доими ва абадист. Хатто дар чамъияти ибтидои низ масъалаи шаъну шараф мубрам буд. Яке барои хифзи шаъну шарафи худ талош меварзид, дигаре бинобар фурухтан ё паст задани шаъну шарафаш худро ба дор меовехт.
Имруз, ки дар Чумхурии Точикистон дар сатхи Конститутсия инсон хамчун арзиши оли эътироф гаштааст, масъалаи шаъну шараф ва эътибори кори боз хам марокангез ва чолиби диккат гаштааст. Сабаб дар он аст, ки инкишофи шахсият махз аз хамин вобаста аст.
Дар чомеаи демократи ва хукукбунёд, ки имруз Чумхурии Точикистон кадамхои нахустини худро ба суи онхо ниходааст, эътироф ва эхтироми хукуку озодихои инсон накши халкунанда дорад. Эътироф ва эхтироми хукуку озодихои инсон маънои эътироф ва эхтироми шаъну шараф ва эътибори инсонро дорад.
Пас, давлат хамчун кафили хукуку озодихои инсон барои хифзи шаъну шараф ва эътибори кории хар шахс ухдадори ва масъулият бар душ дорад. Барои ичрои дахлдори ин ухдадори макомоти конунгузор дар санадхои меъёрии хукуки кафолатхои хифзи хукуки хар шахсро ба шаъну шараф ва эътибори кори пешбини ва мустахкам мекунанд. Барои вайрон кардани онхо чавобгари пешбини шудааст. Вале инро низ бояд кайд созем, ки хукук на танхо чихатхои манфии ин хукуки субъективии шахсро танзим мекунад.
Мубрамии мавзуи мазкурро махз омилхои болои муайян мекунад. Гузашта аз он, баъзе масъалахои назариявию амалияви боиси интихоби мавзуи «Мафхум ва мазмуни хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори» ба хайси рисолаи дипломи диккати моро ба худ чалб кард. Масалан, масъалаи тафовути миёни чавобгарии хукукии граждани ва чинояти оид ба масъалаи хифз намудани хукуки шахс ба шаъну шараф ва эътибори кори.
Барои хадафхои тахлили мавзуи мазкур ба ду боб чудо карда шуааст.
Боби якум ба масъалаи шаъну шараф ва эътибори кори хамчун объекти хукуки граждани бахшида шуда, аз се зермавзуъ иборат аст.
Дар мавзуи аввал хукукхои шахсии гайримодди ва таснифи онхо тахлил гаштааст. Сипас дар зермавзуъхои дуюму сеюм масъалахои марказии мавзуи рисолаи дипломи тахлил шудаанд.
Боби дуюм пурра ба масъалаи хифзи шаъну шараф ва эътибри кори бахшида шудааст.
Хангоми навиштани рисолаи дипломи аз маводи зиёди назарияви истифода гаштааст, ки номгуи онхо дар руйхати адабиёт омадааст. Баъзе адабиёти махсус ва маколахои илми ба хайси сарчашмахои рохбарикунанда истифода гаштанд.
Инчунин хангоми навиштани рисолаи дипломи тачрибаи макомоти суди дар ин хусус омухта шуда, баъзеи онхо ба хайси мисол оварда шуааст.

Боби 1. Шаъну шараф ва эътибори кори хамчун объекти
хукукхои шахси

§1.1 Хукукхои шахсии гайримодди ва таснифи онхо

Дар байни сохахои хукуки Чумхурии Точикистон хукуки граждани макоми хосса дорад. Аз як тараф, ин сохаи хукук агар дорои мавзуи хеле васеъ бошад, аз тарафи дигар, меъёрхои хукукии он муносибатхои чамъиятиеро низ танзим мекунанд, ки гайримодди (« бепайкар ») мебошанд. Хусусан баъд аз кабул намудани Кодекси нави граждании Чумхурии Точикистон ин кабил муносибатхо боз хам бештар фаро гирифта шудааст.
Муносибатхои шахсии гайримоддие, ки хукуки граждани ба низом медарорад, ба ду гурух чудо мешаванд:

1. Муносибатхои шахсии гайримоддие, ки бо молумулк алокаманданд;

2. Муносибатхои шахсии гайримоддие, ки бо молумулк алокаманд нестанд.

Муносбатхои шахсии гайримодди асосан байни шахрвандон оид ба неъматхои гайримодди ва мазмуни иктисоди надошта ба вучуд меоянд. Вале онхоро мутлакан аз муносибатхои молумулки чудо кардан нодуруст аст. Масалан, агар муаллиф барои асари эчодкардааш мукофот гирад. Дар ин чо мо алокамандии ин ду гурухи муносибатхои чамъиятиро мушохида § карда метавонем. Чуноне Ш.Т. Тагойназаров кайд мекунад, ин муносибатхо ягонагии умуми доранд.
Новобаста аз ин гуфтахо муносибатхои шахсие мавчуданд, ки ба молумулк алокаманди надоранд. Сухан дар бораи хаёт ва саломати, эътибори шахси, шаъну шараф, масунияти шахси, номусу номи нек, эътибори кори ва гайра меравад.
Ин неъматхо бо шахсият алокаи ногусастани дошта, бегонанашавандаанд. Ин муносибатхо мавзуи муомилоти моли шуда наметавонанд. Аз ин ру, нисбати онхо танхо муносибатхои шахси, гайримодди чой дорад, онхоро аз шахсияти одам чудо намудан номумкин аст ва мувофикан ба дигар шахс дода намешаванд.
Ин хусусиятхоро ба назар гирифта, баъзе олимон бар он акидаанд, ки меъёрхои укуки граждани ин кабил муносибатхоро на танзим, балки хифз менамояд.
Ин нукта дар кисми 2 моддаи 2 Кодекси граждании Федератсияи Русия бевосита сабт шудааст. Дар он чо аз чумла омадааст:
«2. Хукук ва озодихои бегонашавандаи инсон ва дигар неъматхои гайримодди бо конунхои граждани хифз мешаванд,
агар аз мохияти ин неъматхои гайримодди тартиби дигаре барнаояд.»

Дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон тамоман тартиби дигар пешбини шудааст. Дар кисми 5 моддаи 1 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон омадааст:

«5. Муносибатхои марбут ба татбик ва хифзи хукуку озодихои инсон ва дигар неъматхои гайримодди (муносибатхои шахсии гайримолумулкие, ки ба муносибатхои молумулки алокаманд нестанд) бо конунхои граждани танзим карда мешаванд, зеро аз мохияти ин муносибатхо тартиби дигаре барнамеояд.»

Ба фикри ман мавкеи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ба вокеият наздиктар аст. Зеро хифз намудан яке аз роххои танзими хукуки аст. Вагарна аксари меъёрхои хукукие, ки ба хифзи хукуку озодихо равона гаштаанд, мохияти худро гум мекунанд. Масалан, Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон аксаран аз меъёрхои хифзкунанда иборат аст. Ба хар хол, чун мавзуи рисола ба дигар масъала бахшида шудааст, ба мохияти ин бахс дода намешавем.
Неъматхои гайримодди гарчанде бо шахсияти одам алокаманд бошанд хам, онро набояд чун чузъи биологии одам донист. Яъне онхо дар шакли хукуки субъективи чой доранд.
Хукуки субъективи мафхуми абстракти аст, бинобар ин, ифодаи мукаммали он хеле душвор аст. Аз ин сабаб, дар адабиёти хукуки то хол мафхуми ягонаи хукукхои гайримодди чой надорад.
Ш.Т.Тагойназаров мафхуми хукукхои шахсиро то дарачае дар шакли мукаммал пешниход намудааст. Мухтасаран онро чунин баён намудан мумкин аст: хукукхои шахси ин хукукхои мукаддаси вокеан мавчударо меноманд, ки барои таъмини мустакилият, ифодаи чихатхои мусбии шахсият таъин шуда, барои ташаккули сифат ва кобилияти ичтимоии инсон равона шудаанд, ки вобаста ба ин хусусияташон аз чониби конунгузори эътироф гашта, хифзи онхо кафолат дода шудааст.
Барои боз хам амиктар дарк намудани хукукхои шахсии гайримодди бояд онхоро тасниф намоем.
Тахлили меъёрхои алохидаи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон нишон медихад, ки доираи зиёди хукукхои шахси дар он мустахкам шудаанд. Масалан:

– дахлнопазирии хаёт, кадр, номус (моддаи 5);

– хукук ба хаёт ва дахлнопазирии шахс (моддаи 18);

– дахлнопазирии манзил (моддаи 22);

– махрамияти мукотиба, сухбатхои телефони, муросилот ва мухобироти шахс (моддаи 23) ва гайра.

Хамаи ин ва дигар хукукхои шахси низоми муайянро ташкил медиханд. Низомхои мураккаб эхтиёчот ба таснифот доранд. Дар мавриди мо низ хукукхои шахсии гайримодди бояд тасниф карда шаванд, зеро ин хукукхо низоми мураккаберо ташкил медиханд. Ба гайр аз он, «… тадкик, муайян кардани аломатхои таснифотии хукукхои шахсии гайримодди ва танзими онхо ба максади таъсири самараноки хукуки ба хаёти чамъияти, мукаммал ва муназзамсозии муносибатхои чамъияти, инчунин хифзи хукук ва манфиатхои шахрвандон зарур аст».
Вале таснифи ин хукукхо дар доираи рисолаи дипломи хадафхои дигарро пайгири менамояд. Ин чо бояд мо мавкеи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кориро муайян сохта, накши онро дакик созем. Зеро рисолаи дипломи махз ба хамин хукуки шахсии гайримодди бахшида шудааст.
Таснифи хукукхои шахсии гайримодди дар адабиёти хукуки аз руи махакхои гуногун ба амал бароварда шудааст. Масалан, В.А.Рясенсев вобаста ба манфиатхое, ки хукукхои шахсиро ташкил медиханд, хукукхои шахсии гайримоддиро ба 5 гурух чудо кардааст:

1) неъматхои гайримоддие, ки аз шахсият чудонопазиранд (хаёт, саломати, дахлнопазирии шахсият);

2) неъматхои гайримоддии фардисозандаи инсон (ба ин гурух муаллиф ном, шаъну шараф ва гайраро дохил кардааст);

3) манфиатхои гайримодди дар сохаи хукуки оилави;

4) манфиатхои гайримоддие, ки аз иштироки шахрвандон дар мехнати чамъияти (хамаи намудхои эчодиёт), инчунин аз амалисозии хукук ба тахсилот, истирохат ва гайра бармеоянд;

5) манфиатхои гайримодди дар сохаи манфиатхои гайримодди.

Ш.Т.Тагойназаров аз руи махаки табиати хукуки онхоро чунин тасниф месозад:

1) хукукхое, ки аз шахсият чудонопазиранд (хукук ба хифзи хаёт, саломати, психика, дахлнопазирии шахсият ва гайра);

2) хукук ба зохирсозии сифатхои ичтимоии шахсият, инчунин таъмини кафолати махдуднопазирии ин холат (хукук ба ном, номи фирмави, шаъну шараф, симо ва гайра);

3) хукук ба дахлнопазирии хаёти шахси ва махрамияти он (хукук ба дахлнопазирии акди никох, дахлнопазирии манзил, хуччатхот шахси, махрмияти мукотиба ва гайра);

4) хукук ба фаъолияти эчоди ва истифодаи натиҷаи он (хукук ба муаллифи, истифодаи дастовардхои фарханги ва гайра).

Дар китоби дарсии «Хукуки граждани» (кисми 1) хукукхои шахсии гайримодди аз руи махаки максади ба амал баровардани онхо тасниф шудаанд:

1) хукукхои шахсии гайримолумулкие, ки бехатарии чамъиятии шахсро таъмин менамоянд: хукук ба хаёт, хукук ба саломати, хукук ба бехбудии мухити атроф ва гайра;

2) хукукхое, ки ба ташаккули фардии шахсият дахл дорад: хукук ба ном, хукук ба симои шахси ва нуктаи назар, акида, хукук ба шаъну шараф, эътибори кори;

3) хукукхое, ки мухторияти шахсро дар чомеа таъмин менамояд: хукук ба дахлнопазирии хаёти шахси, хукук ба дахлнопазирии мукотибот, гуфтугуи телефони ва ахбори телеграфи, хукук ба дахлнопазирии манзил ва гайрахо.

А.Е. Шерстобитов махакхои таснифи хукукхои шахсии гайримоддиро тахлил намуда, барои муайянсозии мансубияти мавзуии ин хукукхо таснифоти зеринро пешниход кардааст:

1) хукукхои шахсии гайримоддие, ки барои фардисозии шахсияти ваколатдор равона шудаанд. Ба ин гурух у хукук ба ном, хукук ба хифзи шаъну шараф ва гайраро мансуб медонад;

2) хукукхои шахсии гайримоддие, ки барои таъмини дахлнопазирии шахсят равона шудаанд. Чунончи, хукук ба дахлнопазирии чисмони, хифзи хаёт ва саломати, хукук ба симои шахси ва гайра;

3). хукукхои шахсии гайримоддие, ки барои таъмини дахлнопазири ва махрамияти хаёти шахрвандон равона шудаанд: хукук ба дахлнопазирии манзил, хуччатхои шахси, хукук ба махрамияти хаёти шахси ва гайра.

Дар адабиёти хукуки таснифоти дигар низ чой дорад, вале барои дарки мохият ва макоми хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори пешкаш намудани таснифоти болои кифоя аст.
Аз таснифотхои болои маълум мегардад, ки хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори барои ташаккули шахсият ва фардисозии у пешбини шудааст. Ин маънои онро дорад, ки хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори катъиян ба шахсият дахл дорад. Ин хукук ба хар шахс мутааллик буда, ду ваколат хамеша онро пайгири мекунад:

1. Имконияти талаб кардани худдори аз поймол намудани ин хукук аз тарафи доираи номаълуми шахсони ухдадор. Яъне муносибатхои хукукие, ки вобаста ба ин хукук ба миён меоянд, мутлак мебошанд. Вале аз лахзаи поймол шудани ин хукук муноси батхои мазкур хусусияти нисби мегиранд, зеро шахси аник хамчун чавобгар барои паст задании шаъну шараф ва эътибори кори чалб карда мешавад;

2. Дар сурати поймол намудани хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори имконияти аз чорахо ва воситахои пешбиникардаи конун истифода бурдан. Тарзу воситахои хифзи ин хукуки субъективи дар моддаи 174 ва дигар моддахои Кодекси граждании Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, ки муфассалтар дар дигар мавзуи рисолаи дипломи барраси мешаванд.

Хамин тавр, хукукхои шахсии гайримодди ба маънои граждани-хукуки ин алокаи байни субъектон оид ба неъматхои гайримодди мебошад, ки аз чониби меъёрхои хукук танзим гаштаанд. Пас ин хукукхои субъективии граждани дар натичаи танзими муносибатхои шахсии гайримодди аз ҷониби меъёрхои хукуки граждани ба вучуд меоянд. Ин хукукхо дар адабиёти хукуки дар асоси махакхои гуногун тасниф шудаанд. Вале як нукта барои мо зарур аст, ки аксари муаллифон хукук ба шаъну шараф ва эътибори кориро хамчун сифати ичтимоии шахсият, ки барои ташаккули шахсият ва фардисозии у равона шудаанд, мавриди тадкик ва омузиш карор додаанд. Барои тахлили мафхум ва мазмуни хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори бояд аввал худи маънои мафхумхои «шаън», «шараф» ва «эътибори кори» муаян карда шаванд.

§1.2 Мафхуми шаъну шараф ва эътибори кори

Мафхумхои «шаън», «шараф» ва «эътибори кори» аз чумлаи мафхумхои пахнгашта набошанд хам, дар санадхои гуногуни меъёрии хукуки онхоро дар шаклхои гуногун дучор омадан мумкин аст:

1. Дар Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон:

– «хаёт, кадр, номус ва дигар хукукхои фитрии инсон дахлнопазиранд» (кисми 2 моддаи 5);

– «Дар Точикистон хар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва конунхоро риоя кунад, хукук, озоди, шаъну шарафи дигаронро эхтиром намояд» (кисми 1 моддаи 42);

2. Дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон:

– «Дар сурати тахриф ё истифодаи номи шахрванд бо тарик ё дар шакле, ки шаъну шараф ё обруи кори уро халалдор месозад… » (сархати 2 кисми 5 моддаи 20);

– «хифзи шаъну шараф ва эътибори кори» (моддаи 174);

– «- агар зарар дар натичаи пахни маълумоте, ки шаъну эътибор ва обру кориро паст мезанад, расонида шуда бошад» (банди 3 кисми 2 моддаи 1115);

3. Дар Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон:

– «Кудак ба гамхории падару модар, таъмини манфиатхояш, рушду такомули хамачониба, эхтироми шаъни инсонии худ хукук дорад» (чумлаи дуюми кисми 2 моддаи 55);

4.. Дар Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон:

– «Тухмат, яъне дидаю дониста пахн кардни маълумоти бардуруг, ки обрую эътибори шахси дигарро паст мезанад ё ба номи некаш нанг меоварад»( кисми 1 моддаи 135);

– «Тахкир, яъне беадабона бо алфози кабех паст задани обру ва эътибори шахси дигар» ( кисми 1 моддаи 136).

5. Дар дигар конунхо.

Чуноне аз иктибосхои болои маълум мегардад, мафхумхои «шаън», «шараф» ва «эътибори кори » дар чандин шакл истифода шудаанд.
Хатто дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон дар як чо калимахои «кадр», «номус» ва дар дигар чо «шаън» ва «шараф» истифода шудааст.

Ин камбудии чидди аст, зеро:

1. Мувофики коидаи забони точики, нафосати сухан ва мантик мафхумхои «кадр» ва «номус» якчоя истифода намешаванд. Дар забони точики иборахои шаъну шараф, кадру кимат ва нангу номус маълуманд.

2. Аз нуктаи назар техникаи хукуки истифодаи истилохоту калимахои гуногуне, ки хамон як маъниро ифода мекунанд, нодуруст аст. Матни конун ифодаи дакикро талаб мекунад, аз ин ру, истифодаи калимаву истилохоту муродиф зухуроти шаклии онро коста месозад. Гузашта аз ин, ин коида натанхо ахамияти назариявию амалияви, балки меъёри низ дорад. Дар моддаи 40 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукуки» омадааст, ки истифодаи мафхумхои (истилохоти) гуногуни хаммаъно дар матни санади меъёрии хукуки норавост. Бинобар кувваи олии хукуки доштани Конститутсияи Чумхурии Точикистон ин меъёр нисбати он пахн намешавад, вале барои дигар санадхои меъёрии номбаршуда коидахои Конуни мазкур хатми мебошад.

Ба сифати истилохоти умуми ба фикри мо истифодаи калимахои «шаън», «шараф» ва «эътибори кори» мувофик аст.
Новобаста аз оне, ки мафхумхои болои дар санадхои хукуки истифода мешаванд, мазмуни расмии онхо дар ягон санад пешбини нашудааст. Аз ин ру, дар адабиёти хукуки он ба таври гуноун шарху эзох дода шуда, фикру акидаи ягона чой надорад.
Дар хукуки конститутсиони тахти мафхуми «шараф» махаки муносибати давлат бо шахсият, холати хукукии у хамчун арзиши оли фахмида мешавад. Шараф махз эътирофи хамин арзиш аст, новобаста аз оне, ки онро худи шахс ё дигарон эътироф мекунанд ё не.
Дар хукуки граждани ва чинояти он ба маънои нисбатан дигар истифода мешавад.
Муаллиф В.А.Блюмкин шарху маънои мафхумхои шаъну шарафро тадкик намуда, 9 мазмуни «шаън» ва 6 мазмуни «шараф»-ро муайян сохтааст.

Маънохои мафхуми «шаън»:

– сифати ахлоки шахсият;

– мачмуи принсипхои ахлокию маънави, ки инсон дар фаъолияти худ онхоро ба рохбари мегирад;

– шарафи ботини;

– росткори ва покизаги;

– вичдон ва мояи ифтихор;

– мукофот ва унвонхои ифтихори;

– эътибор ва унвон;

– номи нек;

– хисси шаън ва мувофикати сифатхои бехтарин.

Маънохои мафхуми «шараф»:

– арзиши инсон ё умумияти одамон;

– мачмуи сифатхои ахлоки;

– дарки арзиши худ;

– хисси эхтиром нисбат ба худ;

– ифодаи зохирии шараф;

– арзиш, кимат, унвон.

Аз маънохои гуногун доштани мафхумхои шаъну шараф маълум мешавад, ки онхо барои тахлили назарияви басо мураккаб мебошанд. Бинобар ин, бояд мо чанбахои фалсафи ва хукукии онро чудо кунем. Танхо дар ин сурат мафхумхои мазкур дуруст дарк мешаванд, ки аз ин сифати хифзи хукукии шаъну шараф вобастагии калон дорад.

Дар китоби «Большая юридическая энциклопедия» зери шархи мафхуми шаън омадааст:

«Макулаест, ки баходихии ахлокии инсонро аз чониби чамъият ва худбаходихиро ифода мекунад».

Мафхуми шараф чунин шарх ёфтааст:

«Макулаи маънавию ахлокист, ки эхтиром ва худэхтиромнамоии шахсияти инсонро ифода мекунад».

«Шараф – ин аз чониби худи инсон ва атрофиён дарк намудани холати доштани сифатхои бадномнашудаи ахлоки ва зехни мебошад»,-омадааст дар китоби дарсии хукуки чинояти.
С.Н.Братус таърифи зерини шаънро пешкаш сохтааст:

«Шаън – ин баходихии муайяни ичтимоии шахрванд, хусусияти объективии чамъияти мебошад».

Ба акидаи баъзе муаллифон шаън ин баходихии чамъиятии шахсият мебошад, шараф ин баходихии шахс ба сифатхои худ мебошад.
Бархе аз дигари муаллифон шаънро хамчун баходихии мусбат ва шарафро хамчун инъикоси ин хосият дар шуури барандаи он маънидод мекунанд.

Шаън натичаи муносибати байни рафтори шахси мушаххас ва талаботе, ки нисбати у чамъият пешниход мекунад, мебошад.
Дар тамоми акидаи муаллифон як нуктаро дарёфтан имконпазир аст – шаън ин баходихи аст, вале ончунон муаллиф Тагойназаров Ш.Т. кайд мекунанд, дар масъалахои зерин гуногунакидаги чой дорад:

Якум, дар масъалаи он, ки кадом субъект фаъолияти баходихиро ба амал мебарорад. Оид ба ин масъала акидаҳои олимонро ба се гурух чудо кардан мумкин аст: онхое, ки фаъолияти баходихиро ба худи субъект мансуб медонанд; онхое, ки фаъолияти баходихиро ба дигарон мансуб медонанд; онхое, ки фаъолияти баходихиро ба хар ду мансуб медонанд;
Дуюм, дар масъалаи он, ки чи бахо дода мешавад. Кисме аз муаллифон чунин мешуморанд, ки сифтхои ахлокии шахс хамчун объекти баходихи баромад мекунад. Масалан, Л.К. Рафиева, Д.Г. Хесуриани чунин мешуморанд. С.И Вилнянский чунин мехисобад, ки ба хайси объекти баходихи сифатхои ахлоки ва зехнии субъект баромад мекунанд. Объекти баходихи сифатхои ичтимои, рафтори ахамиятноки чамъиятии инсон баромад мекунад, – мегуяд Н.С.Маленин.
Тамоми гуфтахои болоиро чамъбаст намуда, ду чихатро бояд кайд созем:

1) шаън хамчун баходихии чамъиятии шахс;

2) шаън хамчун худбаходихи.

Пас, шаън ду чанба дорад:

– зохири, ки онро объективи (айни) низ меноманд;

– ботини, ё худ субъективи (зехни).

Шаън ба маънои субъективи ин ангезандаи ботинии рафтори шахс мебошад.
Ба маънои объективи бошад, он ифодасозандаи эътироф ва эхтироми хизматхои шахсият аз чониби чамъият, акидаи атрофиён оид ба эътибор ва номи неки шахси дигар мебошад.
Шарафро дар фалсафа ба се намуд чудо мекунанд:

– шахси;

– махсус;

– инсони.

Шарафи шахси ин мачмуи арзишхои фардии шахси муайян мебошад, ки дар сифатхои рухи ва ахлоки ифода ёфта, аз нуктаи назари талаботи чомеа арзишнок мебошад.
Шарафи махсус ин мачмуи сифатхои шахсият мебошад, ки боиси мансубияти шахс ба умумияти муайяни одамон гашта, чавобгуи талаботхои хамин умумият мебошад.
Шарафи инсони ин арзишхои хар як шахсият новобаста аз сифатхои инфироди, баромади ичтимои, макоми чамъияти ва гайра мебошад.
Шараф низ дорои ду чанба мебошад:

– объекиви;

– субъективи.

Ба маънои объективи шараф дар арзиши оли эътироф гаштани инсон ифода меёбад.
Ба маънои субъективи шараф ин чахони ботинии инсон, чахонбини ва эътикоди у мебошад. Ба таври дигар, шараф дар ин маъни бо хиссиёт ва дарки арзиши ахлоки ва ба чамъият муфидии худи инсон алокаманд аст.
О.А.Дюжева шаъну шарафро чунин шарх додааст:

« Шаън ин баходихии мусбати дорои ахамияти ичтимоии шахс аз нигохи акидаи чамъияти мебошад. Шараф ин баходихи ба сифатхои ахлоки, касби ва дигар сифатхои худ мебошад.»

Дар ин замина у хулоса баровардааст, ки шаън ин ченаки шарафи шахрвандон ва ташкилотхо мебошад.
Дар хакикат, байни шаън ва шараф умумиятхои зиёд мушохида мешаванд. Алокаи онхо то хадде наздик аст, ки дар этика (илми ахлок) ва ахлок хамчун иборахои чуфт истифода мегарданд.
Дар баробари ин умумият байни онхо тафовут чой дорад, ки мухтасаран чунин ифода намудан мумкин аст:

1. Шаън сатху дарачаи эътироф ва эхтироми шахсиятро аз чониби чамъият муайян мекунад.
Шараф баробарии имконияти хар шахс барои ноил шудан ба чунин эътироф ва эхтиром мебошад;

2. Мазмуни мафхуми шаън назар ба шараф махдудтар аст;

3. Шаън бештар эътирофи зохириро талаб мекунад – мукофот, мансаб ва гайра.
Шараф эътирофи зохириро талаб намекунад;

4. Шаън хосияти объективи дорад, зеро дар он шакли зохириаш ахамиятнок аст.
Шараф худбаходихи аст. Чун чихати субъективи дар он бештар бартарият дорад, шарафи инсон бештар аз тарбия, чахони ботини, мухити тарбия ва ташаккули равони вобаста аст.
Новобаста аз ин, чихати субъективиро набояд мутлак шуморид. Вагарна шарафи кудакони хурдсол ва шахсони гирифтори беморихои рухи аз доираи ин мафхум берун мемонад ва мувофикан мавзуи танзими хукуки граждани намегардад.
Пас, шараф ин арзиши шахсияти инсон аст, арзиши оли эътироф гаштани у мебошад.
Хаминро низ бояд кайд кард, ки шаъну шараф нисбати шахсони вокеи истифода мегардад. Чун сухан да бораи шахсони хукуки равад, истилохи дигар – эътибори кори истифода мешавад.
М.Н.Малеина эътибори кориро чунин шарх додаааст: ин мачмуи сифатхо ва баходихихо мебошад, ки дорандаи он дар тафаккури хамкорон, муштариён, истеъмолкунандагон, мухлисон, интихобкунандагон тасаввур шуда, байни дигар сохибкасбони ин соха фарди мегардад.
О.А.Дюжева эътибори кориро чунин таъриф додааст:

«Эътибори кори ин акидаи чамъияти дар бораи тарафи касби ва камбудихои шахсият (шахрванд ё ташкилот) мебошад».

Муаллиф инчунин эътибори кории шахсони хукукиро аз эътибори кории шахсони вокеи фарк мегузорад ва охиринро васеътар мешуморад.
Эътибори кории шахсони хукуки ин баходихии мусбати шахси хукуки хамчун сохибкори бовичдон аз чониби иштирокчиёни дигари муомилоти молумулки мебошад.
Эътибори кории шахрвандон ин баходихии сифатхои касбии шахс хамчун мутахассиси ин ё он соха мебошад.
Бояд кайд сохт, ки эътибори кори на хамеша вокеиятро инъикос мекунад. Акида дар бораи эътибори кори танхо дар доираи иттилооти муайян дар бораи объект ба вучуд меояд, аз ин ру, мумкин аст ба холатхои вокеии кор мувофик наояд. Махз аз хамин сабаб хангоми тавсифи эътибори кори мафхуми хакикат истифода намешавад.
Хамин тавр, аз тахлили мафхумхои «шаън», «шараф» ва «эътибори кори» маълум гашт, ки онхо дар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар шаклхои гуногун (кадр, номус, обру, обруи кори ва гайра) истифода шудаанд, ки аз нигохи техникаи хукуки норавост.
Азбаски дар конунгузории Чумхурии Точикистон мафхуми расмии шаъну шараф ва эътибори кори пешбини нашудааст, дар адабиёти хукуки онхо ба тарзи гуногун маънидод шудаанд.
Дар боло таърифхои гуногуни мафхумхои шаъну шараф ва эътибори кори пешкаш гаштанд, ки хар яки онхо лоики дастгири мебошад. Вале бояд дар ин замина таърифи нисбатан маъмул ошкор карда шавад. Таърифхои зерин шояд мувофик ва ошкорсозандаи мазмуни мафхумхои шаъну шараф ва эътибори кори бошанд:
Шаън ин баходихии мусбии сифатхои рухию маънавии шахс дар тафаккури атрофиён мебошад. Дар ин чо диккат бештар ба чихатхои зохирии шаън дода шудааст, зеро мавзуи хифзи хукуки граждани махз хамин мешавад.
Шараф ин баходихии мусбии сифатхои рухию маънавии шахс дар тафаккури худи шахс мебошад.
Шаъну шараф танхо ба шахсони вокеи тааллук доранд. Ташкилотхо – субъектони сунъи дорои шахсият ва мувофикан шаъну шараф шуда наметавонанд. Ин нукта мазмунан аз матни кисми 8 моддаи 174 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон низ бармеояд. Мувофики он нисбати ашхоси хукуки ибораи эътибори кори истифода мешавад.
Эътибори кори ин баходихии мусбии фаъолияти шахсони вокеи ва хукуки, сатхи касбии шахсони вокеи ва пешбурди бовичдононаи фаъолияти сохибкори аз чониби онхо мебошад, ки дар тафаккури атрофиён, хусусан иштирокчиёни муомилоти амволи тасвир шудааст.
Аз ин чо бармеояд, ки мазмуни эътибори кори то дарачае ба мафхуми шаън ба маънои объективи муофикат мекунад. Ин дуруст аст, зеро шаън, шараф ва эътибори кори байни худ дар алокаи узви карор доранд.

§1.3 Мафхум ва мазмуни хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори

Мувофики конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хамчун хукукхои субъективи мукаррар шудаанд. Ин хукукхо ба гурухи хукукхои граждании гайримодди дохиланд. Болотар мо атрофи масъалаи неъматхои шахсии гайримодди сухан ронда, таснифоти хукукхои шахсии гайримоддиро низ тахлил намудем. Инчунин дар он чо масъалаи мавкеи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори дар низоми дигар хукукхои шахсии гайримодди барраси шуда буд. Холо бошад, мафхум ва мазмуни ин хукуки субъективи муфассалтар мавриди тахлил карор хохад гирифт.
Пеш аз баррасии мафхуми ин хукук мо бояд ба як масъалаи хеле нозук диккат дихем. Мохияти аслии ин масъала дар он аст, ки дар адабиёти хукуки бархе аз мухаккикон хукук ба шаъну шараф ва эътибори кориро ба хайси хукуки субъективи намешиносанд.
Дар хакикат ин хукуки субъективи дорои хусусиятхои хоси зиёд аст, вале харгиз онхо барои инкори хукуки субъективи будани хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори асос шуда наметавонанд. Баъзе муаллифон ин хукукро чузъи таркибии кобилияти хукукдори медонанд , кисми дигар онро ба мазмуни кобилияти хукукдори дохил мекунанд.
Барои рушнои андохтан ба мохияти масъала бояд сараввал мафхуми худи хукуки субъективи кушода шавад. Л.К.Рафиева оид ба муайянсозии ин мафхум олимон ба чунин гуруххо таксим кардааст:

1) муаллифоне, ки хукуки субъективиро хамчун муддао барраси мекунанд (Масалан, М.М.Агарков яке аз чонибдорони чунин акида аст);

2) муаллифоне, ки хукуки субъективиро хамчун воситаи таъмини рафтори муайяни шахсони ухдадор барраси мекунанд (масалан, О.С.Иоффе ба ин акида таваччухи хосса зохир кардааст);

3) муаллифоне, ки хукуки субъективиро хамчун андозаи рафтори имконпазир ё ичозатдодашуда мефахманд;

4) муаллфоне, ки хукуки субъективиро хамчун рафтори ичозатдодашудаи худи шахси ваколатдор ва имконияти талаб намудани рафтори муайянро аз шахсони ухдадор мефахманд (масалан, ин гуна акидахоро дар тадкикотхои Н.Г.Александров ва Ю..Толстой дучор шудан мумкин аст).

Хукук ба шаъну шараф бояд хамчун хукуки субъективи дар маънии охирин фахмида шавад.
Ба ибораи дигар гуем, хукук ба шаъну шараф чунин хукуки субъективиест, ки мохияти онро хукуки хар шахс ба дахлнопазирии шаъну шарафи у ва имконияти талаб кардани худдори аз поймол кардани ин хукук аз чониби шахсони вокеи ва хукукии дигар ташкил медихад.
Ин чо хусусияти мухими ин хукук ошкор карда шудааст. Яъне ин хукук новобаста аз оне, ки поймол мегардад ё не, хамеша чой дорад. Пас, дар ин асно бояд ду мафхум аз хамдигар фарк карда шаванд: худи хукук ва хифзи ин хукук.
Хукуки субъективии шахс ба шаъну шараф то поймол гаштан ва баъд аз поймол гаштан низ чой дорад. Дар вакти поймол гаштани он масъалаи хифзи ин хукук ба миён меояд.
Ш.Т.Тагойзаров мазмуни моддаи 174 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон тахлил намуда, ба чунин хулоса омадааст, ки тарзхои поймол кардани шаъну шараф, ки дар ин модда пешбини шудааст, хамаи тарзхои поймолгардии шаъну шарафро дар бар намегирад. Шаъну шараф мумкин аст, ки бидуни пахн кардани ягон маълумот низ поймол карда шавад.
Аз ин ру, муаллиф ба чунин хулосае меояд, ки масъала бояд фаррохтар гузошта шавад. Дар ин замина у байни ду мафхум тафовут мегузорад: аввалан, хукук ба шаъну шараф ва эътибор, сониян, хукук ба хифзи шаъну шараф аз хама намуди вайронкорихо.
Болотар зикр шуда буд, ки хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хамчун хукуки мутлак баромад мекунанд. Мувофикан, хар як шахси дигар (доираи номуайяни ашхос) ухдадоранд, ки аз поймол кардан ё суикасд ба ин хукуки шахс худдори намоянд.
Нуктаи дигарро низ ин чо бояд кайд сохт, ки хукуки субъективии мазкур аз хукуки моликият фарк мекунад. Дар хукуки моликият дар мадди аввал харакати худи шахси ваколатдор меистад, дар хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори бошад, дар мадди аввал худдори намудани ашхоси ухдадор аз харакатхо меистад. Ин хусусияти хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори аз мазмуни меъёрхои конунгузории Чумхурии Точикистон бармеоянд.
Хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хамчун неъмати гайримодди ва хамчун муносибати муайяни чамъияти фахмида мешавад. Аз ин чо хусусияти дигари ин хукуки субъективиро нишон додан мумкин аст. Мавзуи танзими хукукиро дар ин маврид на хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хамчен неъмат, балки хамчун хукук нисбати он (муносибати чамъияти) ташкил медихад.
Мувофики Кодекси граждании Чумхурии Точикистон хар шахс хукук дорад, ки рад намудани маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ва эътибори кории уро аз суд талаб кунад. Конструксияи конун дар ин маврид чунин аст, ки хукуки шахси ваколатдор ба ухдадории дигар ашхос мувофик меояд. Меъёри конун дигар ашхосро барои худдори аз амали муайян даъват мекунад, модом ки кор чунин ранг гирифта бошад, пас меъёри конун ин хукуки субъективиро танзим мекунанд, ки хифз намудани ин хукук танхо чузъи ваколати шахси манфиатдор аст. Аз ин ру, мавкеи конунгузории Чумхурии Точикистон дар хусуси он, ки хукукхои шахсии гайримодди аз чониби меъёрхои хукук танзим мешаванд, асоснок аст.
Дар адбиёти хукуки инчунин дар таркиби хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори ваколатхои сохиби, истифода ва тагйир доданро тафрика мегузоранд.
Ваколати сохиби кардан имконияти доштани шаъну шараф ва эътибори кори новобаста аз иродаи дигар шахсони сеюм мебошад.
Ваколати истифода имконяти истифодаи тасаввурот дар бораи худ дар доирахои гуногун мебошад.
Ваколати тагйир додан имконияти содир намудани амалхои муайянро дар назар дорад.
Хусусияти дигари меъёрхои хукукие, ки хукук ба шаъну шараф ва эътибори кориро танзим мекунанд, дар он аст, ки дар ин меъёрхо хамаи ваколатхои шахси сохиби ин хукукро пешбини кардан номумкин аст. Яке аз сабабхои асосие, ки барои пешниход кардани мафхуми умумии хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори монеа мегардад, махз хамин аст.
Хамин тавр, дар вакти баррасии масъалаи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хамчун хукуки субъективи бояд ба баъзе хусусиятхои ин хукук диккат дод. Масалан, конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон бештар ба чанбаи негативии ин хукук – рафтори манъшудаи ашхоси ухдадор диккат додааст. Сониян, конун на худи ин неъмат (шаъну шараф ва эътибори кори), балки муносибатхо вобаста ба онро танзим месозад. Бо далелхои дар боло овардашуда бо катъият метавон гуфт, ки хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хамчун хукуки субъективи баромад мекунад. Хама гуна акидахо оид ба инкори ин хукук хамчун хукуки субъективи асоси чидди надоранд. Чуноне кайд шуд, чунин муаллифон ба баъзе хусусиятхои ин хукук этибор дода, мохияти худи ин хукуки субъективиро мадди назар кардаанд.
Хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хукуки субъективии хар як шахси вокеи ва хукуки мебошад. Ин хукук аз дорандаи он чудонашаванда аст. Дар сурати поймол шудани ин хукук ба манфиатхои шахсони дахлдори зарари мохияти расонида мешавад, аз ин ру, эътироф шудани ин хукуки субъективи ва кафолат дода шудани он аз чониби давлат ахамияти бузург дорад.
Пас, хукук ба шаъну шараф ва эътибори кориро чунин муайян намудан мумкин аст:
хукук ба шаъну шараф чунин хукуки субъективиест, ки мохияти онро хукуки хар шахс ба дахлнопазирии шаъну шарафи у ва имконияти талаб кардани худдори аз поймол кардани ин хукук аз чониби шахсони вокеи ва хукукии дигар ташкил медихад.

Боби 2. Хифзи шаъну шараф ва эътибори кори

§2.1 Даъво оид ба хифзи судии шаъну шараф ва эътибори кори

Дар Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон омадааст, ки :
«Инсон, хукук ва озодихои у арзиши оли мебошанд.
Хаёт, кадр, номус ва дигар хукукхои фитрии инсон дахлнопазиранд». (моддаи 5 Конститутсия).
Ин мукаррароти Конститутсия барои дигар бобхои худи ин санади хукуки ба хайси сарчашма баромад мекунад. Сабаб дар он аст, меъёрхое, ки дар боби «Асосхои сохтори конститутсиони» мустахкам шудаанд, нисбати дигар бобхои Конститутсия ва тамоми конунхои дигар хусусияти таъсисоти доранд.
Барои мо ин чо зарур аст як нуктаро ба таври махсус кайд намоем, ки Конститутсияи Чумхурии Точикистон хамчун санади дорои кувваи олии хукуки дар низоми конунгузории Чумхурии Точикистон ва санади муайянсозандаи низоми сиёси, хукуки, ичтимоию иктисодии кишвар шаъну шарафро ба чумлаи хукукхои фитрӣ махсус кайд карда, дахлнопазирии онхоро пешбини кардааст.
Инкишофи ин меъёрхои Конститутсияро дар дигар моддахои он мушохида кардан мумкин аст, ки онхо хамчун кафолатхои хукукию мурофиави баромад мекунанд.
Дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ин хукуки субъективи боз хам муфассалтар танзим шудааст.
Дар Кодекси граждании пештараи Чумхурии Точикистон ( тахрири соли 1963) чунин омада буд:
«Гражданин ё ташкилот хак дорад ба воситаи суд талаб кунад, ки маълумотхои шаъну шарафи онро бадномкунанда рад шавад, агар пахнкунандаи ин гуна маълумотхо ба хакикат мувофик будвни онхоро исбот накунад.
Агар маълумотхои шаъну эътибори гражданин ё ташкилотхоро бадномкунанда дар матбуот пахн шуда бошад, дар сурати нодуруст буданашон инчунин бояд ба воситаи матбуот рад карда шаванд. Агар маълумотхои ба хакикат мувофик набудаи шаъну эътибори гражданинхоро бадномкнанда дар хуччатхои ташкилотхо бошанд, ин гуна хуччатро иваз кардан лозим аст. Дар мавридхои дигар тартиби рад карданро суд мукаррар мекунад.»
Баъд аз пешбини намудани чунин диспозитсия дар кисми 3 моддаи 7 окибати ногувори ичро накардан халномаи суди оид ба ин масъала дар шакли чарима мукаррар шуда буд:
«Агар халномаи суд ичро нашуда бошад, суд хак дорад ба вайронкунанда аз 10 то 50 сум штраф андозад, ки он ба фоидаи давлат руёнида мешавад. Додани штраф вайронкунандаро аз ичрои вазифаи бо халномаи суд пешбини кардашуда озод намекунад».
Аслан мазмуни моддаи мазкур бо назардошти замони кабул ва татбик чандон бад набуд. Мохиятан конунгузории хозира аз мохият ва асоси он маншаъ гирифтааст. Тахлили мукоисавии конунгузории хозира бо пештара нишон медихад, ки меъёрхои Кодекси пештараи граждани то хол мубрамии худро аз даст надодаанд.
Ин чо мо танхо эроди худро нисбати як масъала баён карданием. Ин хам бошад, масъалаи дар меъёрхои модди чой додани меъёрхое, ки мазмуни мурофиави доранд. Масъалаи чарима ва андозаи он оид ба ичро накардани халномаи суди мавзуи танзими Кодекси гражданин нест ва буда хам наметавонад. Дар низоми хукукии романию олмони ин нукта ахамияти мухим дорад. Дар акси хол ба сохахо чудо кардани хукук мохияти худро гумм мекунад.
Кодекси нави граждании Чумхурии Точикистон чи шаклан ва чи мазмунан дар ин чода хеле навгонихои зиёдро пешбини мекунад. Дар моддаи 174 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон омадааст, ки:
«1. Агар шахси пахнкрдаи маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шахрвандро паст мезананд, дурустии чуин маълумотро ба исбот нарасонад, шахрванд хак дорад аз тарики суд раддияи чунин маълумотро талаб кунад.
Бо талаби шахси манфиатдор хифзи шаъну шарафи шахрванд пас аз вафоташ низ имконпазир аст.
2. Агар маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шахрвандро паст мезананд, аз тарики воситахои ахбори умум пахн гардида бошанд, онхо бояд дар хамон воситахои ахбори умум бемузд рад карда шаванд.
Агар маълумоти мазкур дар хуччтхои ташкилот дарч гардида бошад, чунин хуччат бояд иваз ё бозхонда шавад.
Тартиби раддияро дар холатхои дигар суд мукаррар мекунад.
3. Шахрванде, ки воситахои ахбори умум дар хусуси у маълумоти халалдоркунандаи хукук ё манфиатхои бо конун хифзшавандаашро нашр кардаанд, хак дорад дар хамон ахбори воситаи умум чавоби худро нашр кунад.
4.. Талаби шахрванд ё шахси хукукиро дар мавриди нашри раддия ё чавоб дар воситаи ахбори умум дар сурате суд барраси мекунад, ки макоми ахбори умум нашри онро рад кунад, ё дар давоми як мох нашр накарда ва ё бархам дода бошад.
5. Агар карори суд ичро нашуда бошад, суд хак дорад гунахкорро чарима бандад, ки ба андоза ва бо тартиби пешбининамудаи конунхои мурофиави ба нафъи Чумхурии Точикистон руёнида мешавад. Пардохти чарима гунахкорро аз ухдадории ичрои амли дар карори суд пешбингардида озод намекунад.
6. Шахрванде, ки дар хусуси у маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориаш пахн гардидааст, хак дорад дар баробари раддияи чунин маълумот чуброни зиёни маънавии аз пахн кардани онхо расидаро талаб намояд.
7. Агар муайян намудани шахси пахнкардаи маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шахрвандро паст мезанад, имконнопазир бошад, шахсе, ки дар борааш чунин маълумот пахн гардидааст, метавонад барои нодуруст донистани маълумоти пахнгардида ба суд мурочиат намояд.
8. Коидахо хамин модда дар хусуси хифзи эътибори кории шахрванд мутобикан дар мавриди хифзи эътибори кории шахси хукуки низ истифода мешаванд».

Дар мачмуъ мазмуни моддаи мазкур ба талаботи хозираи инкишоф давлату чамъият ва сатхи шуури хукукии ахоли пурра чавобгу аст. Дар масъалае, ки болотар мо дар мавриди конунгузории пештара эрод гирифта будем, ин модда равшани андохтааст. Дар ин чо махсус кайд мешавад, ки ба андоза ва бо тартиби пешбининамудаи конунгузории мурофиави чарима андохта мешавад. Албатта, ин коида барои таъмини ичроиши талаботи дигари моддаи мазкур чун кафолати мухими хусусияти маъмури дошта баромад мекунад, ки ба нафъи кор аст. Вале боз хам хубтар мешуд, ки чунин коида умуман дар Кодекси граждани пешбини намешуд, зеро он мавзуи танзими конунгузории мурофиави аст.
Тахлили моддаи мазкур нишон медихад, ки шахс дар мавридхои зарури барои хифзи хукукхои поймолгаштааш аз даъво истифода бурда метавонд.
Аз руи конунгузории мурофиавии граждани шахсе, ки хукук ва манфиатхои бо конун хифзшавандааш поймол гаштааст ё тахдиди чунин амалхо мавчуд аст, хукук ба химоя дорад.
Шахси манфиатдор бахри хифзи хукукхои поймолгаштааш бояд ба макомоти дахлдор мурочиат намояд. Умуман, дар адабиёти хукуки ду шакли хифзи хукукхоро пешбини мекунанд:

– юрисдиксиони;

– гайриюрисдиксиони.

Дар мавриди якум сухан дар бораи фаъолияти макомоти ваколатдори давлати ва дигар макомоти ваколатдор меравад, ки ваколати барраси ва халлу фасли бахсро доро мебошад.
Дар ин шакл ду тартиб аз ҳамдигар фарк карда мешаванд:

– тартиби умумии барраси ва халли бахс;

– тартиби махсуси барраси ва халли бахс.

Дар мавриди якум бахс аз тарафи макомоти суди хал карда мешавад. Тахти мафхуми суд дар хукуки граждани на танхои макомоти хокимияти суди, ки дар моддаи 84 Конститутсияи (Сарконуни ) Чумхурии Точикистон пешбини шудааст, фахмида мешавад. Инчунин дар конунгузории граждани судхои хаками хамчун макомоти гайридавлати низ тахти мафхуми суд карор дорад.
Дар мавриди дуюм сухан дар бораи макомоти маъмури меравад. Дар фаркият аз макомоти суди, макомоти маъмури ваколати баррасиии бахсро танхо дар холатхои бевосита пешбиникардаи конун ва дар худуди муайян доранд. Аз ин ру, онро тартиби махсус меноманд.
Мурочиат ба суд дар се шакл сурат мегирад :

– аризаи даъвоги;

– шикоят;

– ариза.

Оид ба корхои истехсолоти даъвоги аризаи даъвоги пешниход карда мешвад. Аз руи парвандахое, ки аз муносибатхои хукукии маъмури, инчунин аз истехсолоти махсус бармеоянд, ба сифати воситаи химоя шикоят ва ариза баромад мекунанд.
Аризаи даъвоги дар мавриди поймол гаштани хукук ва манфиатхои бо конун хифзшаванда пешниход карда мешавад. Дар маврии мо дар сурати поймол шудани хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори шахси манфиатдор метавонад, ки ба суд бо аризаи даъвоги оид ба хифзи ин хукук мурочиат намояд.
Конунгузории мурофиавии граждани меъёрхои зиёди диспозитиви дорад. Шахси манфиатдор хар вакт метавонад, ки аз даъво даст кашад, бастани созиши оштишави ва гайра институтхои махсус хастанд , ки тачассуми демократии будани ин соха мебошанд.
Н.С.Малеин кайд мекунад, ки:

«Шаън хамчун макулаи объективи мувофики рафтори шахс, ки бо ирода ва дидаю дониста содир мешаванд, шакл мегирад. Бинобар ин мухокима намудани он сифатхои инсони, ки аз ирода ва хохиши шахс вобаста нестанд, барои пешниходи даъво оид ба хифзи шаъну шараф асос шуда наметавонанд».

Матлаби даъворо хукуку манфиати поймолшуда ё мавриди бахс карордодашуда ташкил медихад. Ин талаб ба тарафи суд равона карда мешавад.
Хукук ба хифзи суди на хамеша имконпазир аст. Барои ин мавчудияти заминахои муайян зарур аст. Ба сифати чунин заминахо инхо баромад мекунанд:

1) мавчудияти манфиати муайян ба шахси чисмони ё хукукие, ки барои хифз ба суд мурочиат кардааст;

2) кобилияти хукукдори доштани тарафхо;

3) тобеияти парвандахо ба суд;

4) мавчуд набудани монеахо барои кабул намудани ариза даъвоги, ки бо конун доираи онхо ба таври махдуд пешбини шудаанд;

5) мавчуд набудани карори ба кувваи конун даромади суд оид ба бахси хамин тарафҳо оид ба хамин мавзуъ ва бо хамин асосхо, ё ин ки таъйиноти суд оид ба рад кардани даъвогар аз даъво ё тасдики созишномаи оштишави.

Хукуки пешниходи даъво ба шахсони зерин тааллук дорад: шахсе, ки хукук ва манфиати бо конун хифзшавандааш поймол гаштааст ё мавриди бахс карор гирифтааст; шахсе, ки хамчун намоянда дар асоси ваколатнома дар мурофиа иштирок мекунад; прокурор – оид ба корхое, ки манфиатхои давлатию чамъияти ё манфиатхои шахси очизи хукукхояш поймолгашта талаб менамояд.
Аз номи шахси манфиатдор пешниход намудани даъво аз тарафи шахсе, ки чунин ваколатро надорад, боиси рад гаштани аризаи даъвоги мегардад. Масалан:
3 октябри соли 1999 рузномаи лондонии «Санди таймс» маколаи рузноманигор Х.Барнсро тахти унвони «Духтари Елсин бо максади нигох доштани хокимият мавчудияти забоняккуниро рад мекунад» нашр намуд. Рохбарияти маъмурияти Президенти Федератсияи Русия (дар хамон вакт) А.Волошин ба сармухаррири рузнома Д.Визироу мактуб навишта, талаб намуд, ки раддия нашр карда шуда, бахшиш пурсида шавад, зеро дар асл хеч хел мусохиба нашуда буд. Вале даъвои А. Волошин рад карда шуд, чунки Т.Дяченко, ки хукуки пешниходи даъворо дошт, бо чунин хохиш ба мухаррирон мурочиат накарда буд.
Баъд аз кабул гардидани аризаи даъвогии шахс оид ба хифзи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори дар суд парвандаи граждани огоз карда мешавад.
Азбаски хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори ба гурухи хукукхои шахси дохил аст, огоз кардани парвандаи граждани вобаста ба он хусусиятхои худро доро мебошад.
И.В.Локов ба хусусиятхои зерин ишора намудааст:
якум, махсусияти хукуке, ки бояд хифз карда шавад;
дуюм, субъекти хоси ин хукук;
сеюм, ба тарики махсус амали гаштани принсипи диспозитиви нисбати огоз кардани парвандахои граждани;
чорум, имконияти шахси манфиатдор оид ба интихоби тарзи хифз;
панчум, мавчуд набудани махдудият дар мухлати даъво.
Хангоми баровардани таъйинот оид ба тайёр намудани парванда барои мухокимаи суди судя ба даъвогару чавобгари хукуки онхоро оид ба бастани созиши оштишави ва ё ба суди хаками додани ваколати баррасии парвандаро мефахмонад.
Баъд аз ин дигар даврахои мурофиаи граждани пайдапай хамдигарро иваз карда, кор мохиятан хал мешавад.
Ба гайр аз чавогарии хукукии граждани барои поймол кардани шаъну шараф ва эътибори кории шахси дигар чавогарии чинояти низ пешбини шудааст, ки асосан дар моддахои 135-137 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд.
Меъёрхои дахлдори Кодекси чинояти ва Кодекси граждании Чумхурии Точикистонро ба таври мукоисави тахлил намуда, тафовути зерини байни хифзи хукуки-чинояти ва хукуки-гражданиро нишон додан мумкин аст:

А) Чавобгарии чинояти барои тухмат ва тахкир дар сурати мавчудияти касди шахс барои пахн кардани маълумоте, ки шаъну шарафи шахсро паст мезананд, ба вучуд меояд.
Барои ба вучуд омадани чавобгарии хукукии граждани мавчудияти касд шарт нест;

Б) Чавобгарии чинояти танхо дар холати тухмат ё тахкир кардан дар нисбати шахсони вокеи ба вучуд меояд.
Бо тартиби хукукии граждани бошад, хам хам шахсони вокеи ва хам шахсони хукуки метавонанд, ки хукукхои поймолгаштаашонро хифз намоянд;

В) Ба хайси субъекти барандаи чавобгарии чинояти танхо шахси вокеи баромад мекунад.
Ба сифати чавобгар дар хукуки граждани хам шахси вокеи ва хам шахси хукуки баромад карда метавонад;

Г) Хукуки чинояти бо рохи татбики чазо хукук ба шаъну шарафро хифз менамояд.
Хукуки граждани рад кардани маълумоти ба хакикат номувофикро пешбини мекунад;

Д) Дар хукуки чинояти мухлати таъкиби чинояти мавчуд аст, ки аз категорияи чиноят вобастаги дорад.
Дар хукуки граждани институти мухлати даъво мавчуд аст, ки нисбат ба хукукхои шахсии гайримолумулки, аз чумла нисбати хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори пахн намегардад.

Хамин тавр, тахлил нишон дод, ки конунгузории пештара дар масъалаи хукук ба хифзи шаъну шараф ва эътибори кори бо назардошти замони кабул ва татбик чандон бад набуд. Мохиятан конунгузории хозира аз он маншаъ гирифтааст. Тахлили мукоисавии конунгузории хозира бо пештара нишон медихад, ки меъёрхои Кодекси пештараи граждани то хол мубрамии худро аз даст надодаанд.
Ин чо мо танхо эроди худро нисбати як масъала баён кардем. Ин хам бошад, масъалаи дар меъёрхои модди чой додани меъёрхое, ки мазмуни мурофиави доранд. Масъалаи чарима ва андозаи он оид ба ичро накардани халномаи суди мавзуи танзими Кодекси гражданин нест ва буда хам наметавонад. Дар низоми хукукии романию олмони ин нукта ахамияти мухим дорад. Дар акси хол ба сохахо чудо кардани хукук мохияти худро гум мекунад.
Кодекси нави граждании Чумхурии Точикистон чи шаклан ва чи мазмунан дар ин чода хеле навгонихои зиёдро пешбини мекунад. Дар мачмуъ мазмуни моддаи мазкур ба талаботи хозираи инкишоф давлату чамъият ва сатхи шуури хукукии ахоли пурра чавобгу аст. Дар масъалае, ки болотар мо дар мавриди конунгузории пештара эрод гирифта будем, ин модда равшани андохтааст. Дар ин чо махсус кайд мешавад, ки ба андоза ва бо тартиби пешбининамудаи конунгузории мурофиави чарима андохта мешавад. Албатта, ин коида барои таъмини ичроиши талаботи дигари моддаи мазкур чун кафолати мухими хусусияти маъмури дошта баромад мекунад, ки ба нафъи кор аст. Вале боз хам хубтар мешуд, ки чунин коида умуман дар Кодекси граждани пешбини намешуд, зеро он мавзуи танзими конунгузории мурофиави аст.
Масъалаи дигаре, ки конунгузории нави граждани дар навгонихо чори намуд, ба тарзхои махсуси хифзи хукуки-граждани дахл доранд, ки дар зермавзуи оянда муфассалтар барраси мегарданд.
Дар мавриди ҳифзи судии ҳуқуқ ба шаъну шараф ва этибори корӣ бо дастрасии маводҳо аз бойгонии суди ноҳияи Синои ш.Душанбе, ки қаблан мавриди барраси қарор гирифта буданд мисол овардан мумкин аст.
Даъвогар Мирсаидов Улмас бо аризаи даъвоги ба суди ноҳияи Синои ш. Душанбе муроҷиат намуда, даъвоашро бо асоснок мекунад, ки моҳи августи соли 2004 проф. Ҷонон Ҷалолович Икроми дар китобчаи худ бо номи «История карьеры так называемого ученого», инчунин дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз 23.09.2004 таҳти №38(352) мақолаеро таҳти унвони «Мирсаидов Сахаров нест ё таърихи шуҳратёбии як олим»-ро бо қасди паст задании шаъну шараф ва эътибори кори якчанд маълумотҳои бардуруғро ба табъ расонидааст, ки чунинанд:
1) Оиди он, ки Ӯ яке аз шахсиятҳои дараҷаи аввал дар сохтори сУӯзишвории сохти ракети Буда, гӯё бо А.Д. Сахаров дар масъалаи водороди ҳамкори намудааст, ки бо роҳи дурӯғ ва фиреб фатҳ намудани обурӯ дар ҷомеа гуфта шудааст.
2) Гӯё бо фармоиши Ӯ Мирсаидов таввасути телевизион ва ахбори умум барномаҳое намоиш дода мешаванд, ки дар онҳо дастовардҳои бузурги илмии яке аз олими бузурги Тоҷикистон Президенти Академияи илмҳо У. Мирсаидов таърифу тавсиф мешавад.
3) ба гуфтаи Ҷ. Икроми дар соҳаи илм Ӯ Мирсаидов ба кадом дараҷае расида бошад, аксаран аз ноогоҳии ҷомеа ва роҳбарон истифода намудааст. Бо роҳи пешниҳод намудани маълумотҳои бардуруғ ва нишон додан худро ҳам чун шахси маъруф:
4) бо муроҷиат ва хоҳиши муовини директолри институти физикаю техники ба номи «С.У.Умаров», Р Маърупов ба кор У. Мирсаидовро қабул намояд, гӯё то ин вақт У.Мирсаидов дар институти политехники кор ва фаъолият мекардааст ва бо кадом сабаби маънавӣ-ахлоқӣ Сулаймонов уро аз кор пеш карда бошад. Баъди чанд вакт У. Мирсаидов ба идораи Ҷ.Икроми омада дар назди даҳлези идора нишаста гӯё гиря кардааст ва ин хабарро кормандони идора ба Ҷ.Икроми бурдаву аз Ӯ хоҳиш карда бошанд, ки У.Мирсаидовро ба кор қабул намояд.
Ҳамин тариқ Ӯро ба ҳайси лаборанти калон ба кор мегирад. Пас аз чанд муддате Ҷ.Икроми У. Мирсаидовро гирифта ҳамроҳаш ба озмоишгоҳи В.И.Михеева ба кор гузоштааст. Аммо пас аз чанд муддате гӯё В.И Михеева мактуб дар хусуси он, ки У.Мирсаидов тайёрии илмии лозими надорд ва умуман мустақилона кор карда наметавонад. Дигар ин, ки аз гуфтаи Ҷ.Икроми рисолаи докториашро У.Мирсаидов дар муҳлати 5-сол кор кардааст.
5) У.Мирсаидов ба андешаи Ҷ.Икроми табиатан як шахси ҳасуд ва худхоҳ буда, худаш наметавонад мустақилона ҳадафи аслиро ба даст орад ва уро ҳамчун шахсе, ки муваффақият ва меҳнати дигаронро аз худ мекардаги ном бурдааст.
6) Ҳангоми дар ҳайати гурӯҳи кори ворид шуданаш У.Мирсаидов меҳнат дустии кормандон ва таввасути заҳмати зиёд ба даст овардани комёбиҳоро дида ба ин роҳ рафтанро раво надида бошад ва дар ҳама ҷо ба паҳн намудани овозаҳои бардурӯғ мепардозад, ки Ҷ.Икроми ба ӯ халал расонида озодии ӯро маҳдуд мекунаду пеши роҳи ташаббусҳояшро мегирад.
7) аз руи гуфтаҳои Ҷ.Икроми у биноҳои озмоишгоҳро ба тамоми таҷҳизоти лозимиаш ба ихтиёти У.Мирсаидов супорида, У.Мирсаидов бошад як гурӯҳ мутахассисони болаёқат ва кордонро ба кор ҷалб намуда ҳамаи он дастовардҳо ва муваффақиятҳояшонро ба фоида ва аз номи худ нишон медиҳад. Дар ин маврид Ҷ.Икроми мегуяд «Дуздро бояд ҷазо дод», ки ин хатогии мо буд.
8) Дар даврае, ки И.М.Носиров вазифаи муовини директор оид ба илмро иҷро мекардааст У.Мирсаидов барои ҷоли корашро гирифтан зуд-зуд ба мақомотҳои болои рафта дар ҳусуси Ӯ ягон суханҳои туҳматомез мегуфта бошад. Ба андеши Ҷ.Икроми пас аз кор рафтанаш И.М.Носиров гӯё аз андешаи ба таври ноҷавонмардона вазифаро аз дасташ гирифтани У.Мирсаидов пас аз ҳимояи рисолаи докториаш аз олам гузашта бошад.
9) Рӯзе кормандони идораи У.Мирсаидов ба назди Ҷ.Икроми барои мақолаҳоро аз назар гузаронидан меоянд. Ҷ.Икроми ба ин корҳо ба тариқи тези изҳори назар намуда ва талаб карда бошад, ки онҳоро фақат баъди даровардани силоҳот ба чоп супоранд. У.Мирсаидов аз ин кор хабардор шуда, ба кормандонаш гуфта бошад, ки дигар ба Ҷ.Икроми муроҷиат накунанд.
10) Боре дар яке аз машваратҳои илми дар шахи Новосибирск гӯё дар ин машварат ҳамаи олимон ширкат доштанд ва мақолаҳои У.Мирсаидовро, ки таи солҳои охир чоп мешуданд дар онҷо таҳти мавриди танқид ва мазамат қарор дода ба онҳо эрод меоварданд, ки ин боис гардида бошаду У.Мирсаидов озмоишгоҳ ва мавзуашро қатъ намудааст.
11) дар давоми солҳои сипари шуда ба У. Мирсаидов лозим омада бошад, ки рисолаи доктории худро зуд ҳимоя кунад.бо истифода аз маводҳое, ки тулии ин солҳо кормандон ҷамъ оварда буданд ва ҳатто дар ин хусус аз кормандон ягон маслиҳат ё бо ҳамроҳии онҳо муҳокима накарда, ақидаи кормандонро сарфи назар кардааст.
12) Барои ишғоли мансаби директор озмун эълон карда шуд, кассе ҳам шубҳа надошт, ки У.Мирсаидов талабгори асоси мебошад, зеро ки Ӯ дар вақти муовини директор буданаш худро ҳамчун роҳбару ташкилотчи нишон дода натавонист. Кормандони идора аз Ҷ. Икроми хоҳиш карда бошанд, ки вай ҳам дар ин озмун ширкат варзад, то ин, ки пеши роҳи Мирсаидовро гирад вагарна институтро ру ба нести ва парокандаги мебарад.
Натиҷаи озмун гӯё бо дахолати «дасисакорони дарбори» ба фоидаи У. Мирсаидов анчччом ёфта бошад.
13) баъди аз тамоми монеаҳо гузаштанаш сазовори боварии роҳбарон гардиду пуштибонҳо пайдо намуд ва оқибат Президенти Академияи ҶТ мегардад. Ба андешаи Ҷ.Икроми институт мулки меъросии ҷаноби У.Мирсаидов гашта, қариб пурра ру ба хароби мениҳад.
14) Ин давра ба У.Мирсаидов мадад расонид, ки у комёбу муваффақ гардад, пуштибонҳо пайдо кунад ва онҳоро фиреб диҳад, боваркунонад, ки Ӯ шахсияти маъруф ва яке аз олимони барҷаста мебошад. То ин дам институти химияро ба пурра фуру бурда буд, акнун навбати академия омадааст.

Суд баёноти тарафҳо, нишондоди шоҳидон, баромади адвокатҳоро шунида ва ҳолатҳои дигарро санҷида баромада ба хулоса омад, ки даъвои У.Мирсаидовро бо асосҳои зерин қисман қонеъ карда шавад ва даъвои мутақобилаи Ҷ.Икроми рад карда шавад.
А) мутобиқи моддаи 5-и Конститутсия (Сарқонуни) ҶТ инсон, ҳуқуқ ва дигар озодиҳои он арзиши олли мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Б) тибоддаи 14-и Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳури ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналхалқие, ки аз ҷониби ҶТ ҷониб дорӣ гардидаанд, ҳифз мегардад.
В) дар асоси моддаи 42-и Конститутсияи ҶТ ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озоди ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Тибқи талаботи моддаи 174-и КГ ҶТ агар шахси паҳнкунандаи маълумотҳое, ки шаъну шараф ё эътибори кори шаҳрвандеро паст мезанад, агар дурустии ин маълумотҳоро ба исбот нарасонад шаҳрванд ҳақ дорад ба тариқи судӣ чоп карда ва паҳн намудани радияи чунин маълумотҳоро талаб намояд.
Вобаста ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» даъвогар аризаи даъвоги ва талаботҳои даъвогии худро ба он асоснок намудааст, ки тибқи талаботи моддаи 24-и Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умум» ба талаботи қисми 2 ва 3-и моддаи 174-и КГ ҶТ агар маълумотҳое, ки шаъну шараф ва эътибори кори шахрвандро дар воситаҳои ахбори умум паҳн гардонида бошад, онгоҳ ҷавобгар ва ё радияи ин маълумотҳо бемузд дар ҳамон воситаҳои ахбори умум бояд ба чоп расонида шаванд.
Ҷавобгар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бошад, бар хилофи қонунҳои зикршуда, радияи академик У.Мирсаидовро оид ба мақолаи проф. Ҷ.Икроми, ки ба суроғаи он бо номи «Туҳмати навбатии ҷаноби Икроми» аз 23.11.2004 сол дохил шуда будааст, дар ҳафтанома бо баҳонаи он, ки гӯё радия нисбатан маҳдуд аст, ба чоп нарасонида, бо ин амалҳояш ҳуқуқҳои ӯро, ки дар моддаи 24-и Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умум» ва қисми 2 ва 3-и моддаи 174-и КГ ҶТ дарҷгардидаро поймол намуда, барои саривақт ва ба тези рад намудани ин маълумотҳои бардуруғ ва ҳимояи шаъну шарафи худ ба воситаи матбуот ба даъвогар монеаги намудааст.
Ҳамин тариқ мувофиқи талаботи қисми 5-и моддаи 24-и Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умум» нашрия уҳдадор аст, ки ҷавоби радияро бе таҳрир ба чоп расонад.
Мутобиқи банди 1-и Қарори Плениуми Суди Олии ҶТ аз 04.06.1992 «Дар бораи таҷрибаи суди аз тарафи судҳои ҶТ татбиқ намудани қонунгузории оид ба парвандаҳои дар бораи ҳимояи шаъну шарафи шаҳрвандон ва ташкилотҳо» суд бояд муайян намояд, ки:
А) маълумотҳо бадномакунанда бошанд;
Б) ба ҳақиқати ҳол мувофиқат накунанд;
В) паҳн шуда бошанд:
Тибқи банди 2-и Қарори зикргардидаи Плениуми Суди Олии ҶТ паҳн кардани маълумотҳое, ки шаъну шарафи шахрвандонро паст мезананд, чунин тарз фаҳмида мешаванд, ки он маълумотҳо дар воситьаҳои ахбори умум чоп шуда бошанд, бо истифодаи дигар воситаҳои ахбори оммавӣ паҳн шуда бошанд, ба таври шифоҳи ба якчанд шахс ё ақалан як шахс дар ин бора паҳн шуда бошад.
Маълумотҳои бадномкунанда бошад, дар асоси банди 3-и Қарори Плениуми СОҶТ чунин маълумотҳое мебошанд, ки шаъну шарафи шаҳрвандонро дар ҷомеа паст зада, фикри ҷомеаро аз нуқтаи назари риояи қонунҳо, принсипи ахлоқии ҷомеаро дигаргун месозад.
Се ҳолатҳое, ки дар боло зикршуда дар ҳаракатҳои Ҷ.Икроми дида мешавад ва аз тарафи Суд дар ҳаракатҳои ҷавобгар қасдан дидаю донистаи паст задании шаъну шараф ва эътибори кори шаҳрванд У.Мирсаидов муайян карда шуд. Тамоми он маьлумотхое ки аз чониби Чонон Икроми ки дар нисбати У Мирсаидов ифшо шудаанд тамоман ба хакикат дуруст нества тамоман аз чониби судрад карда мешаванд.
Бинобар ин суд ба хулоса омадааст, ки Ҷонон Ҷалолович Икроми ӯҳдадор карда шавад, ки дар муддати ду ҳафта баъд аз эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномаи суди дар бораи ба ҳақиқати ҳол номувофиқ будани маълумотҳои дар китобчаи «История карьеры так называемого ученого» дарҷ гардидаро, ки шаъну шараф ва эътибори кори Улмас Мирсаидовро паст задаанд ва дар Ҳалномаи суди оварда шудаанд, дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мақола чоп намуда, он маълумотҳоро рад намояд.
Ҳафтаномаи «Тоҷикстон» ӯҳдадор карда шавад, ки мақолаи И.Ҷ.Ҷалоловичро оиди рад намудани маълумотҳои дар китобчаи зикршуда дарҷ гардидаро, ки шаъну шараф ва эътибори кори У.Мирсаидовро паст задаанд дар саҳифаи якуми ҳафтанома ба табъ расонад. Инчунин аз ҳисоби Ҷ.Ҷ.Икроми ба фоидаи У.Мирсаидов заррари маънавӣ ба андозаи 7 000 (ҳафт ҳазор) сомони руёнида шавад.
Ғайр аз ин аз ҳисоби Ҷ.Ҷ.Икроми ба фоидаи давлат ба маблағи 100 (сад) сомонӣ боҷи давлати руёнида шудааст.

§2.2 Тарзхои махсуси хифзи хукуки-граждании шаъну шараф ва эътибори кори

Дар хукуки граждани тарзхои хифзи хукуки граждани гуфта, чорахои моддии хукукии дорои хусусияти мачбуркунандаро мефахманд, ки конуни граждани мукаррар намудааст ва тавассути онхо иштирокдорони муносибатхои хукуки натичаи дахлдори хукуки дилхохро ба даст меоранд. Ба ибораи дигар гуем, дар натчаи он хукуки вайронгардида ё мавриди бахс карор ёфта эътироф карда мешавад, баркарор мешавад, ба хукуквайронкунанда таъсир расонида мешавад.
Дар моддаи 12 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон якчанд тарзхои хифзи хукукхои граждани пешбини шудааст:

– эътирофи хукук;

– баркарор намудани вазъе, ки то вайрон кардани хукук чой дошт ва пешгири намудани амалхое, ки хукукро вайрон мекунанд ё барои вайрон кардани онхо тахдид менамоянд;

– беъэтибор донистани ахдхои мавриди бахс ва истифодаи окибатхои беэътибор донистани ахдхои беэътибор;

– беэътибор донистани санади макомоти давлати ёмакомоти хокимияти махалли;

– худхифозати хукук;

– водор намудан ба ичрои ухдадорихо дар шакли асл (натура);

– чуброни зиён;

– руёнидани ноустуворона;

– чуброни зиёни маънави;

– катъ кардан ё тагйир додани муносибати хукуки;

– аз чониби суд татбик нагардидани санади хилофи конун будаи макомоти давлати ё макомоти хокимияти махалли;

– бо роххои дигари пешбининамудаи конун.

Ин тарзхое, ки дар моддаи 12 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, хусусияти умуми доранд. Вобаста ба хосияти хар як муносибат ин тарзхо ба таври хосса нисбати онхо татбик мегарданд. Масалан, чуброни зиёни маънави Аслан хоси муносибатхои шахсии гайримоддист. Нисбат ба муносибатхои амволи танхо дар холатхои бевосита пешбини намудаи конун чуброни зиёни маънави имконпазир аст.
Хукуки субъективи ба гайр аз тарзхои умуми, инчунин тавассути тарзхои махсус низ хифз мешаванд. Масалан, дар кисмхои 3-5 моддаи 174 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон арзхои махсуси хифзи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори пешбини шудаанд:
«3. Шахрванде, ки воситахои ахбори умум дар хусуси у маълумоти халалдоркунандаи хукук ё манфиатхои бо конун хифзшавандаашро нашр кардаанд, хак дорад дар хамон ахбори воситаи умум чавоби худро нашр кунад.
4.. Талаби шахрванд ё шахси хукукиро дар мавриди нашри раддия ё чавоб дар воситаи ахбори умум дар сурате суд барраси мекунад, ки макоми ахбори умум нашри онро рад кунад, ё дар давоми як мох нашр накарда ва ё бархам дода бошад.
5. Агар карори суд ичро нашуда бошад, суд хак дорад гунахкорро чарима бандад, ки ба андоза ва бо тартиби пешбининамудаи конунхои мурофиави ба нафъи Чумхурии Точикистон руёнида мешавад. Пардохти чарима гунахкорро аз ухдадории ичрои амли дар карори суд пешбингардида озод намекунад.»

Кисми 4 моддаи мазкур ба ду тарзи махсуси хифзи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори ишора кардааст: нашри раддия ва чавоб дар воситахои ахбори умум.
Шахсе, ки ба шаъну шараф ва эътибори кории у тавассути воситахои ахбори умум поймол гардидаанд, метавонад талаб намояд, чавоби у дар хамон воситаи ахбори умум нашр гардад ё талаб намояд, ки худи нашриёт раддия нашр кунад. Албатта, тарзи дуюми хифзи ин хукуки субъективи самараноктар аст, зеро аз чониби кули мардум ба тарики мусбат кабул мегардад.
Дар адабиёти хукуки ду мархалаи раддияро фарк мекунонанд: мархалаи якум, ин аз чониби суд конеъ гардонидани талаби шахси манфиатдор оид ба хифзи хукуку манфиатхои поймолгаштааш мебошад, ки дар шакли эътироф кардани ба хакикат номувофик будани маълумотхои пахнгашта баромад мекунад. Суд дар ин мархала чавобгарро барои нашри раддия ухдадор месозад. Мархалаи дуюм бошад, ичроиши карори судро дар бар мегирад. Дар ин мархала шахси чавобгар ухдадории ба зиммаш гузошташударо ба ичро мерасонад.
Ба акидаи мо чунин масъалагузори галат мебошад. Зеро рад кардани маълумоти ба хакикат номувофик мумкин аст, ки то мархалаи дуюм нарасад (агар аз нигохи мархалабандии муаллиф тахлил намоем). Эътироф намудани ба хакикат номувофик будани маълумоти бадномкунанда ва баровардани карор дар ин хусус, инчунин ичрои карори суд хамчун пайдархамии фаъолияти макомоти суди мебошад, ки онро мурофиаи граждани меноманд. Мархалабандии раддия аз нигохи хукуки шояд умуман нолозим бошад, зеро эхтиёч барои ин нест.
Дар холатхое, ки чабрдида чуброни зиёни маънави ва чуброни зарарро, ки аз пахн кардани маълумоти халалдоркунандаи хукук ва манфиатхои бо конун хифзшавандааш ба у расидааст, талаб менамояд, шарти асосии конеъ кардани талаботи у ин мукаррар кардани ба хакикат номувофик будани ин гуна маълумотхо мебошад.
Ба хакикат номувофик будани маълумотхои халалдоркунандаи хукук ё манфиатхои бо конун хифзшаванда хамчун холати хатмие мебошад, ки ба асоси даъво оид ба хифзи шаъну шараф бо тамоми тарзхои дар конун пешбинишуда дохил аст (ба гайр аз нашр кардани чавоб).
Хифзи шаъну шараф ва эътибори кори тавассути тарзи махсус – радкуни аз чониби суд сурат мегирад. Сипас чуброни пулии зарари маънавии шахс ва чуброни зарархои дигари молумулки ба амал бароварда мешавад, ба шарте, ки албатта, чунин талаботхо пешниход карда шаванд.
Бинобар ин аз чониби суд эътироф кардани ба хакикат номувофик будани маълумотхо бо рохи рад кардани онхо мухимтарин тарзи махсуси хифзи шаъну шараф ва эътибори кори мебошад.
Дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон чунин омадааст: шахрванде, ки воситахои ахбори умум дар хусуси у маълумоти халалдоркунандаи хукук ё манфиатхои бо конун хифзшавандаашро нашр кардаанд, хак дорад дар хамон ахбори воситаи умум чавоби худро нашр кунад. Ин холатро тартиби тосудии хифзи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори меноманд.
Дар адабиёти хукуки оид ба зарурати чори намудани тартиби тосудии хифзи шаъну шараф ва эътибори кори акида баён шудааст. Вале далели овардашуда оид ба ин масъала ба такид тобовар нест. Худи муаллиф низ маълумотхои омории диккатчалбкунандаро овардааст.
Мувофики тадкикоти гузаронидашуда аз 350 шахси пурсидашудаи даъвогарон дар суд 230 нафарашон пешаки ба хайат тахрияи васоити ахбори умум мурочиат кардаанд, аз ин микдор танхо 3 нафарашон, ки тахминан 1,3%-ро ташкил медиханд, ба талаботашон чавоб гирифтаанд (дар чавоб оварда шудааст, ки ба суд мурочиат намоянд), кисми бокимонда ягон чавоб нагирифтаанд.
Сабаби чунин вазъ фахмо аст: воситаи ахбори оммае, ки маълумотро нашр кардааст, харгиз барои рад кардани чунин маълумот манфиатдор нест.
Ба акидаи мо мавчудияти зинаи алохидаи хатми хангоми хифзи шаъну шараф ва эътибори кори ба манфиати кор нест. Умуман гирем, тамоми чунин коидахо (ба монанди мухлати иддао ва гайра) хилофи талаботи Конститутсияи Чумхурии Точикистон мебошад. Сабаб дар он аст, ки хар шахс хукук ба кафолати хифзи суди дорад. Ин хукук мавчудияти хама гуна зинахои хатмиро дар ин миён инкор мекунад. Аз ин ру, коидае, ки дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон омадааст (талаби шахрванд ё шахси хукукиро дар мавриди нашри раддия ё чавоб дар воситаи ахбори умум дар сурате суд барраси мекунад, ки макоми ахбори умум нашри онро рад кунад, ё дар давоми як мох нашр накарда ва ё бархам дода бошад), беэтибор аст.
Мавчудияти зинаи мурочиат ба макоми ахбори умум аз бисёр чихат самаранок аст. Масалан, макоми шахси хукуки сари вакт аз хатоии худ огох шуда, онро ислох мекунад; имконяти хал намудани бахс бо мувофикаи тарафхо; кам гаштани мурочиат ба суд оид ба хар масъалаи чандон хусусияти мухим надошта (зеро бе ин хам кори судяхо дар Чумхурии Точикистон бо сабаби мавчуд набудани судхои махсус оид ба масъалахои чинояти ва оид ба масъалахои граждани бехад бисёр аст) ва гайра. Максади мо ин чо собит кардани як масъала аст: мавчудияти чунин зина набояд хусусияти хатми дошта бошад.
Тарзи дигари хифзи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори ин нашр кардани чавоб дар воситаи ахбори омма мебошад.
К.Б.Ярошенко чунин мешуморад, ки пахн кардани маълумот дар воситахои ахбори омма, ки хукук ба чавоб гардониданро ба вучуд меорад, « худ ба худ бадномкунанда ё ба хакикат номувофик нестанд, вале то кадом дарачае хукук ва манфиатхои бо конун хифзшавандаро поймол мекунанд, ба эътибори кори таъсир мерасонанд. Бештари вакт он бо танкид дар хаки шахрванд алокаманд аст».
Хамин тавр, тахлили тарзхои хифзи шаъну шараф ва эътибори кори хеле зиёд мебошанд. Хифзи шаъну шараф ва эътибори кори тавассути тарзи махсус – радкуни аз чониби суд сурат мегирад. Сипас чуброни пулии зарари маънавии шахс ва чуброни зарархои дигари молумулки ба амал бароварда мешавад, ба шарте, ки албатта, чунин талаботхо пешниход карда шаванд.
Бинобар ин аз чониби суд эътироф кардани ба хакикат номувофик будани маълумотхо бо рохи рад кардани онхо мухимтарин тарзи махсуси хифзи шаъну шараф ва эътибори кори мебошад.
Дар ин чо акидаи худро оид ба масъалаи дигар низ бояд кайд кунем. Ба акидаи мо мавчудияти зинаи алохидаи хатми хангоми хифзи шаъну шараф ва эътибори кори ба манфиати кор нест. Умуман гирем, тамоми чунин коидахо (ба монанди мухлати иддао ва гайра) хилофи талаботи Конститутсияи Чумхурии Точикистон мебошад. Сабаб дар он аст, ки хар шахс хукук ба кафолати хифзи суди дорад. Ин хукук мавчудияти хама гуна зинахои хатмиро дар ин миён инкор мекунад. Аз ин ру, коидае, ки дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон омадааст (талаби шахрванд ё шахси хукукиро дар мавриди нашри раддия ё чавоб дар воситаи ахбори умум дар сурате суд барраси мекунад, ки макоми ахбори умум нашри онро рад кунад, ё дар давоми як мох нашр накарда ва ё бархам дода бошад), беэтибор аст.
Мавчудияти зинаи мурочиат ба макоми ахбори умум аз бисёр чихат самаранок аст. Масалан, макоми шахси хукуки сари вакт аз хатоии худ огох шуда, онро ислох мекунад; имконяти хал намудани бахс бо мувофикаи тарафхо; кам гаштани мурочиат ба суд оид ба хар масъалаи чандон хусусияти мухим надошта (зеро бе ин хам кори судяхо дар Чумхурии Точикистон бо сабаби мавчуд набудани судхои махсус оид ба масъалахои чинояти ва оид ба масъалахои граждани бехад бисёр аст) ва гайра. Максади мо ин чо собит кардани як масъала аст: мавчудияти чунин зина набояд хусусияти хатми дошта бошад.

Хулоса

Хамин тавр, дар натичаи тахлили мавзуи «Мафхум ва мазмуни хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори» мо ба хулосаи зерин омадем:
1. Хукукхои шахсии гайримодди ба маънои граждани-хукуки ин алокаи байни субъектон оид ба неъматхои ғайримоддӣ мебошад, ки аз чониби меъёрхои хукук танзим гаштаанд. Пас ин хукукхои субъективии граждани дар натичаи танзими муносибатхои шахсии гайримодди аз сониби меъёрхои хукуки граждани ба вучуд меоянд. Ин хукукхо дар адабиёти хукуки дар асоси махакхои гуногун тасниф шудаанд. Вале як нукта барои мо зарур аст, ки аксари муаллифон хукук ба шаъну шараф ва эътибори кориро хамчун сифати ичтимоии шахсият, ки барои ташаккули шахсият ва фардисозии у равона шудаанд, мавриди тадкик ва омузиш карор додаанд.
2. Аз тахлили мафхумхои «шаън», «шараф» ва «эътибори кори» маълум гашт, ки онхо дар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар шаклхои гуногун (кадр, номус, обру, обруи кори ва гайра) истифода шудаанд, ки аз нигохи техникаи хукуки норавост. Азбаски дар конунгузории Чумхурии Точикистон мафхуми расмии шаъну шараф ва эътибори кори пешбини нашудааст, дар адабиёти хукуки онхо ба тарзи гуногун маънидод шудаанд.Дар боло таърифхои гуногуни мафхумхои шаъну шараф ва эътибори кори пешкаш гаштанд, ки хар яки онхо лоики дастгири мебошад. Вале бояд дар ин замина таърифи нисбатан маъмул ошкор карда шавад. Таърифхои зерин шояд мувофик ва ошкорсозандаи мазмуни мафхумхои шаъну шараф ва эътибори кори бошанд: Шаън ин баходихии мусбии сифатхои рухию маънавии шахс дар тафаккури атрофиён мебошад. Дар ин чо диккат бештар ба чихатхои зохирии шаън дода шудааст, зеро мавзуи хифзи хукуки граждани махз хамин мешавад. Шараф ин баходихии мусбии сифатхои рухию маънавии шахс дар тафаккури худи шахс мебошад. Шаъну шараф танхо ба шахсони вокеи тааллук доранд. Ташкилотхо – субъектони сунъи дорои шахсият ва мувофикан шаъну шараф шуда наметавонанд. Ин нукта мазмунан аз матни кисми 8 моддаи 174 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон низ бармеояд. Мувофики он нисбати ашхоси хукуки ибораи эътибори кори истифода мешавад. Эътибори кори ин баходихии мусбии фаъолияти шахсони вокеи ва хукуки, сатхи касбии шахсони вокеи ва пешбурди бовичдононаи фаъолияти сохибкори аз чониби онхо мебошад, ки дар тафаккури атрофиён, хусусан иштирокчиёни муомилоти амволи тасвир шудааст. Аз ин чо бармеояд, ки мазмуни эътибори кори то дарачае ба мафхуми шаън ба маънои объективи муофикат мекунад. Ин дуруст аст, зеро шаън, шараф ва эътибори кори байни худ дар алокаи узви карор доранд.
3. Дар вакти баррасии масъалаи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хамчун хукуки субъективи бояд ба баъзе хусусиятхои ин хукук диккат дод. Масалан, конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон бештар ба чанбаи негативии ин хукук – рафтори манъшудаи ашхоси ухдадор диккат додааст. Сониян, конун на худи ин неъмат (шаъну шараф ва эътибори кори), балки муносибатхо вобаста ба онро танзим месозад. Бо далелхои дар боло овардашуда бо катъият метавон гуфт, ки хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хамчун хукуки субъективи баромад мекунад. Хама гуна акидахо оид ба инкори н хукук хамчун хукуки субъективи асоси чидди надоранд. Чуноне кайд шуд, чунин муаллифон ба баъзе хусусиятхои ин хукук этибор дода, мохияти худи ин хукуки субъективиро мадди назар кардаанд. Хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хукуки субъективии хар як шахси вокеи ва хукуки мебошад. Ин хукук аз дорандаи он чудонашаванда аст. Дар сурати поймол шудани ин хукук ба манфиатхои шахсони дахлдори зарари мохияти расонида мешавад, аз ин ру, эътироф шудани ин хукуки субъективи ва кафолат дода шудани он аз чониби давлат ахамияти бузург дорад. Пас, хукук ба шаъну шараф ва эътибори кориро чунин муайян намудан мумкин аст: хукук ба шаъну шараф чунин хукуки субъективиест, ки мохияти онро хукуки хар шахс ба дахлнопазирии шаъну шарафи у ва имконияти талаб кардани худдори аз поймол кардани ин хукук аз чониби шахсони вокеи ва хукукии дигар ташкил медихад.
4. Тахлил нишон дод, ки конунгузории пештара дар масъалаи хукук ба хифзи шаъну шараф ва эътибори кори бо назардошти замони кабул ва татбик чандон бад набуд. Мохиятан конунгузории хозира аз он маншаъ гирифтааст. Тахлили мукоисавии конунгузории хозира бо пештара нишон медихад, ки меъёрхои Кодекси пештараи граждани то хол мубрамии худро аз даст надодаанд. Ин чо мо танхо эроди худро нисбати як масъала баён кардем. Ин хам бошад, масъалаи дар меъёрхои модди чой додани меъёрхое, ки мазмуни мурофиави доранд. Масъалаи чарима ва андозаи он оид ба ичро накардани халномаи суди мавзуи танзими Кодекси гражданин нест ва буда хам наметавонад. Дар низоми хукукии романию олмони ин нукта ахамияти мухим дорад. Дар акси хол ба сохахо чудо кардани хукук мохияти худро гум мекунад. Кодекси нави граждании Чумхурии Точикистон чи шаклан ва чи мазмунан дар ин чода хеле навгонихои зиёдро пешбини мекунад. Дар мачмуъ мазмуни моддаи мазкур ба талаботи хозираи инкишоф давлату чамъият ва сатхи шуури хукукии ахоли пурра чавобгу аст. Дар масъалае, ки болотар мо дар мавриди конунгузории пештара эрод гирифта будем, ин модда равшани андохтааст. Дар ин чо махсус кайд мешавад, ки ба андоза ва бо тартиби пешбининамудаи конунгузории мурофиави чарима андохта мешавад. Албатта, ин коида барои таъмини ичроиши талаботи дигари моддаи мазкур чун кафолати мухими хусусияти маъмури дошта баромад мекунад, ки ба нафъи кор аст. Вале боз хам хубтар мешуд, ки чунин коида умуман дар Кодекси граждани пешбини намешуд, зеро он мавзуи танзими конунгузории мурофиави аст.
5. Тахлили тарзхои хифзи шаъну шараф ва эътибори кори хеле зиёд мебошанд. Хифзи шаъну шараф ва эътибори кори тавассути тарзи махсус – радкуни аз чониби суд сурат мегирад. Сипас чуброни пулии зарари маънавии шахс ва чуброни зарархои дигари молумулки ба амал бароварда мешавад, ба шарте, ки албатта, чунин талаботхо пешниход карда шаванд. Бинобар ин аз чониби суд эътироф кардани ба хакикат номувофик будани маълумотхо бо рохи рад кардани онхо мухимтарин тарзи махсуси хифзи шаъну шараф ва эътибори кори мебошад. Дар ин чо акидаи худро оид ба масъалаи дигар низ бояд кайд кунем. Ба акидаи мо мавчудияти зинаи алохидаи хатми хангоми хифзи шаъну шараф ва эътибори кори ба манфиати кор нест. Умуман гирем, тамоми чунин коидахо (ба монанди мухлати иддао ва гайра) хилофи талаботи Конститутсияи Чумхурии Точикистон мебошад. Сабаб дар он аст, ки хар шахс хукук ба кафолати хифзи суди дорад. Ин хукук мавчудияти хама гуна зинахои хатмиро дар ин миён инкор мекунад. Аз ин ру, коидае, ки дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон омадааст (талаби шахрванд ё шахси хукукиро дар мавриди нашри раддия ё чавоб дар воситаи ахбори умум дар сурате суд барраси мекунад, ки макоми ахбори умум нашри онро рад кунад, ё дар давоми як мох нашр накарда ва ё бархам дода бошад), беэтибор аст. Мавчудияти зинаи мурочиат ба макоми ахбори умум аз бисёр чихат самаранок аст. Масалан, макоми шахси хукуки сари вакт аз хатоии худ огох шуда, онро ислох мекунад; имконяти хал намудани бахс бо мувофикаи тарафхо; кам гаштани мурочиат ба суд оид ба хар масъалаи чандон хусусияти мухим надошта (зеро бе ин хам кори судяхо дар Чумхурии Точикистон бо сабаби мавчуд набудани судхои махсус оид ба масъалахои чинояти ва оид ба масъалахои граждани бехад бисёр аст) ва гайра. Максади мо ин чо собит кардани як масъала аст: мавчудияти чунин зина набояд хусусияти хатми дошта бошад.

РУЙХАТИ АДАБИЁТ:

А. Санадхои хукуки:

1.Конститутсияи (Сарконуни) ЧТ. – Душанбе, 2003
2.Кодекси граждании Чумхурии Точикистон (кисми 1) // Ахбори Малиси Олии Чумхурии Точикистон . №6, соли 1999
3. Кодекси граждании Чумхурии Точикистон (кисми 2)// Ахбори Малиси Олии Чумхурии Точикистон . №12, соли 1999
3.Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукуки»// Ахбори Малиси Олии Чумхурии Точикистон . №12, соли 2003
4. Кодекси граждании РСС Точикистон. – Душанбе, 1989
5. Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон. 1998, №22
6. Қарори Плениуми Суди Олии ҶТ аз 04.06.1992 «Дар бораи таҷрибаи суди аз тарафи судҳои ҶТ татбиқ намудани қонунгузории оид ба парвандаҳои дар бораи ҳимояи шаъну шарафи шаҳрвандон ва ташкилотҳо».

Б. Адабиёти махсус ва китобхои дарси:

1. Анисимов А.Л. Честь, дастоинсто, деловая репутация: гражданско-правовая защита. – Масква, 1994.
2. А.Имомов. Хукуки конститутсионии Чумхурии Точикистон . – Душанбе, 1997.
3.Блюмкин В.А. Категории достоинства и чести в марксистской этике. – Москва, 1964
4. Братусь С.Н. Предмет и система советского гражданского права. – Москва, 1963.
5. Власов А.А. Поблемы судебной защиты чести, достоинства и деловой репутации. – Москва, 2000
6.Волчинский В.К.. Неимущественные права хозяйственных организаций– Москва, 1973.
7. Гражданское право . Том 1 / Е.А. Суханов. – Москва, 2000.
8. Защита чести и достоинство/ Г.В.Винокуров, В.В.Чернишова. – Москва, 1997
9. Законодательство Российской Федерации о средствах массовой информации. Научный комментарий М.А. Федотова. – Москва, 1996
10. Конституция РФ. Научно-практический комментарий. / Б.Н.Топорнин. –Москва, 2003.
11. Мискевич А.В. Субъекты советского права. – Масква, 1962.
12. Малеин Н.С. Охрана прав личности советски законодательстом. – Москва, 1965.
13. Марогулова И.Л.Защита чести и дастоинства личности. – Москва, 1998.
14. Рясенсев В.А.Неимущественный интерес в советском гражданском праве// Уч. записи Московского юридического института. – Москва, 1939.
15. Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии хукук ва давлат. – Душанбе, 2005
16. Советское гражданское право. – Ленинград, 1958.
17. Тагойназаров Ш.Т. Гражданско-правовое регулирование личных неимущественных прав граждан в СССР . – Душанбе, 1990.
18. Уголовное право/ Л.Д.Гаухман, Л.М.Колодин, С.В.Максимов. – Москва, 1999.
19. Хукуки граждани. Кисми 1 / зери тахрири О.У.Усмонов. – Душанбе, 2001.
20. Язык закона/ А.С.Пиголкин. – Москва, 1990

В. Фарханг ва маколахои илми:

1. Большой юридический словарь/ зери тахрири Л.Я.Сухарёв, В.Е.Крутских. – Москва, 2001.
2. Фарханги истилохоти хукук/ зери тахрири М.А.Махмудов. – Душанбе, 2004
3.. Вилянский С.И. Защита чести и достоинства человека в советском праве// Правоведение. 1965, №3.
4. Зеленко Б.В. В защиту чести и достоинства// Человек и закон. 1989, №4
5. Земятин В. Почём ныне честь и достоинство// Социалистическая законность. 1991, №7
6. Иоффе О.С. Охрана чести достоинства граждан// Советское государство и право. 1962, №7.
7. Млеина М.Н. Защита чести, достоинства и деловой репутации предпринимателя.// Законодательство и экономика. 1993., №24.
8. Рафиева Л.К. Честь и достоинство как правовые категории // Правоведение, 1966. №2
9. Трубников П.Я. Право на судебную защиту чести и достоинства// Социалистическая законность. 1986, №12.
10. Тагойназаров Ш.Т. Право на честь, достоинство и деловой репутации// Давлат ва хукук. 2000, №3.
11. Юсуфи Акбарзода. Забони конун чи сон бошад?// Точикистон. №4, 2000.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.