Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Проблемаи зӯроварӣ нисбат ба занон

Зӯроварӣ нисбат ба занон яке аз зуҳуроти дар ҷаҳон аз ҳамазиёд паҳншуда аст. Он аксаран бо амалияи анъанавии дар ин ё он фарҳанг қабулшуда, ки арзишҳо ва эътиқодмандиҳои дар ин ҷамоа дар умри наслҳои зиёд мавҷударо инъикос менамояд, алоқаманд мебошад

аз фанни ҳуқуқи инсон

Мавзуъ: ПРОБЛЕМАИ ЗEРОВАРB НИСБАТ БА ЗАНОН

Иҷрокунанда: Хонандаи синфи 11«А»
Ёқубов Ҷаҳонгир

Қабулкунанда: Воситова М
Проблемаи зӯроварӣ нисбат ба занон

1. Проблемаи зӯроварӣ нисбат ба занон дар ҷаҳон
Зӯроварӣ нисбат ба занон яке аз зуҳуроти дар ҷаҳон аз ҳама зиёд паҳншуда аст. Он аксаран бо амалияи анъанавии дар ин ё он фарҳанг қабулшуда, ки арзишҳо ва эътиқодмандиҳои дар ин ҷамоа дар умри наслҳои зиёд мавҷударо инъикос менамояд, алоқаманд мебошад. Чунин навъҳои хавфноки амалияи анъанавӣ аз ҷумла инҳоро фарогир мебошанд: никоҳ дар синну соли бармаҳал; манъкуниҳои гуногун, ки ба занҳо имконият намедиҳанд, таваллуди кӯдаконро худ зери назорат гиранд; бартарӣ додан ба кӯдакони ҷинси мард (писарҳо) ва нобудсозии духтаракони нав таваллудшуда, санҷиши духтарӣ, гузоштани бандина ба панҷаи пой ва ғайра. Ин навъҳои амалияи анъанавӣ моҳиятан ҳодисаҳои зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон мебошанд, ки аз ҷониби оила ва ҷамоа зоҳир мегарданду аммо давлат ба онҳо аксаран чандон эътиборе намедиҳад. Лату кӯб ва таҷовуз дар оила низ аз ҷумлаи чунин амалияҳои анъанавист. Ҷомеаи байналмилалӣ вақти зиёде бо масъалаи зӯроварӣ нисбат ба занҳо машғул набуд, чунки чунин меҳисобид, ки ин проблема ба соҳаи хусусӣ дахл дошта, таъсири конвенсияҳои байналмилалӣ ба он намерасад. Аммо ба андозаи зиёд шудани шумораи низоъҳои миллӣ ва умуман, афзоиши ҷаҳолат дар ҷомеа аз зӯровариҳо на танҳо занҳои алоҳида, балки кули гурӯҳҳои иҷтимоӣ- занҳо- гурезаҳо, занҳо-муҳоҷирин, занҳои мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ, занҳо-маъюбон, занҳо-маҳбусон ва ғайра низ азиятҳои зиёд диданд. Ҳарчанд вайрон кардани ҳуқуқҳои занон дар мамлакатҳои гуногун ба тарзҳои гуногун ба амал меояд, ҳамаи ҷабрдидагони чунин ҳуқуқвайронкуниҳо як омили умумии дучори зӯроварӣ шудан доранд, яъне онҳо зан ҳастанд. Ва маҳз ба ҳамин сабаб Ассамблеяи Генералии СММ 20 декабри соли 1993 Эъломия дар бораи решакан кардани зӯроварӣ нисбат ба занонро қабул намуд. Моддааи 2-и ин Эъломия, ки оид ба зӯровариҳои ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва равонӣ нисбат ба занон на танҳо дар оила ва ҷомеа, ҳамчунин зӯровариҳо аз тарафҳои дигар ё ҳар ҷое бошад, ба сабаби бетафовутии давлат аст, боиси таваҷҷӯҳи махсус мебошад. Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои инсони СММ ғояи Эъломияи мазкурро инкишоф дода қарор кард, ки Маърӯзагари махсусро оид ба масъалаи зӯроварӣ нисбат ба занон бо фарогирии сабабҳо ва оқибатҳои он таъин намояд. Дар Эъломия давлатҳои узви СММ вазифадор карда шудаанд дар маърӯзаҳояшон дар бораи ҳуқуқҳои инсон, ки ба мақомоти СММ пешниҳод мекунанд, дар хусуси зӯроварӣ нисбат ба занон, чораҳои андешидашаванда бобати решакан сохтани он, ҳамчунинтаҳлили тамоюлҳо доир ба ин масъала иттилооти муфассал ҳамроҳ кунанд.
«Зӯроварӣ нисбат ба занон» ҳамчун «ҳама гуна кирдори ӯроваронаи дар асоси аломати ҷинсӣ содиркардашуда, ки ба анон зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ ё равонӣ ё азобу машаққат мерасонад ё расонида метавонад, бо фарогирии таҳдиди содир кардани чунин кирдорҳо, маҷбурсозӣ ё худсарона маҳрум кардан аз озодӣ, ё дар ҳаёти ҷамъиятӣ ё дар ҳаёти шахсӣ арзёбӣ мегардад».

Моддаи 1-и Эъломияи СММ оид ба решакан кардани зӯроварӣ нисбат ба занон.

Тӯли ҳазорсолаҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, экологӣ, фарҳангӣ, динӣ ва омилҳои дигари иҷтимоӣ дар сохтори оила ва дар шаклҳои амал кардани он ҳукмфармоии шавҳар ба зан ва фарзандон барои аксари тамаддунҳо хос буд ва хос мемонад. Барои бисёр фарҳангҳо, махсусан дар Осиё ва Африка, муносибати некбинона ба писарҳо нисбат ба духтарҳо хос аст. Дар баъзе ҷамоаҳо дар Осиёи Ҷанубӣ мақоми пасти духтарон бояд бо додани бисот ба шавҳари ӯ аз ҷониби волидайни духтар, вақте вай ба шавҳар мебарояд, ҷуброн карда шавад. Дар ҳамин замина бо фарогирии шиканҷаҳои ахлоқию ҷисмонӣ, маҳрум кардан аз ғизо, таҷовуз кардан ба номус ва ҳатто зинда ба зинда сӯзондани занон аз ҷониби шавҳарони онҳо ва ё хешовандонашон дар ҳолатҳое, ки бисот нест, ҷиноятҳои басо гуногуне содир мешаванд. Амалиётҳои ҷарроҳии ахта кардани занон ва духтарон, яъне бо роҳи ҷарроҳӣ бурида партофтани узвҳои нисбатан эҳсосии олоти ҷинсии занону духтарон бисёре аз онҳоро ба таври даҳшатовар маъюбу маслуқ мегардонанд. Ҳадаф аз ин амалияи бисёрасра пеш аз ҳама таъмини нигаҳдории бокирагии духтар то никоҳ ва кафолати оқилагии минбаъдаи ӯст. Чунин амалиётҳои ҷарроҳӣ ба ҷуз ҳалокати зиёди бевосита ҳангоми ҷарроҳӣ аз шиддати дард, хунравии зиёд ва ғайра дар занону духтарон то ба марговарӣ ва проблемаҳои зиёди психологӣ як силсила нуқсу мураккабиҳои тиббӣ ба амал меоранд. Ба ин тарз амалиётҳои ҷарроҳии ваҳшиёна камаш дар 25 мамлакати Африқо, инчунин байни онҳое гузаронида мешаванд, ки аз аҳлиин мамолик буда, ба мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ, ИМА ва Австралия муҳоҷир шудаанд. Барои занҳо хатари дучори зӯроварӣ гаштан дар соҳаи
хусусии ҳаёт басо зиёд аст. Мутаассифона, чунин вазъият барои ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон муҳим мебошад. Зӯроварӣ нисбат ба занон метавонад дар ҳама ҷо – дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ( дар кӯча, дар нақлиёт, дар шабнишиниву дискотекаҳо ва ғайра); дар кор ва дар хона ҷой дошта бошад. Зӯроварӣ дар ин ё он шакл дар ҳар оилаи чорум ба мушоҳида мерасад. Наздики 30%-и шумораи умумии худкушиҳо дар оила ба амал меоянд, нисфи ҳамаи ҷиноятҳои марбут ба сабабҳои маишӣ (рашк, майзадагӣ, авбошӣ) дар натиҷаи ҷангу ҷидолҳои дуру дарози оилавӣ рух медиҳанд. Дар ҳамаи ин ҳодисаҳо характери зӯроварӣ метавонад гуногун бошад ва аз ҳуқуқвайронкуниҳои хоси ҳуқуқи маъмурӣ то ҷиноятҳои вазнин омада расад. Шакли нисбатан маъмули зӯроварӣ нисбат ба занон таҷовуз ба номус мебошад. Мутаассифона, ин зуҳуроти паҳншудаест дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон. Дар ҳолатҳои фавқулодда (амалиётҳои ҷангӣ, пайдошавии гурезаҳо, муҳоҷирин ва ғайра) теъдоди ҳодисаҳои таҷовуз ба номус махсусан меафзояд. Бо сабабҳои гуногун занҳо, пеш аз ҳама ҷабрдидагони талошҳои шаҳвонӣ, инчунин онҳое, ки аз зӯровариҳо дар оила азиятҳо дидаанд, на ҳамеша ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ариза дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон муроҷиат мекунанд. Шаклҳои зӯроварӣ дар оила хеле бисёрҷабҳаанд. Онҳо зӯровариҳои ҷисмонӣ, шаҳвонӣ ва рӯҳӣ, таҳдидҳои куштан ва зараррасонӣ ба саломатӣ, расонидан то ба ҳадди худкушӣ бо роҳи муносибати бераҳмона бо ҷабрдида, маҷбурсозӣ ба истеъмоли шароб, маводи мухаддир, машғул шудан бо фоҳишагарӣ ва ғайраро фаро мегиранд. Вале шакли аз ҳама зиёдтар паҳншудаи зӯроварӣ дар оила, ки аз он беш аз ҳама занон ва фарзандони ноболиғ азият мекашанд, муштзӯрӣ, ё худ лату кӯб кардан аст. Зимнан, шахси муштзӯр ҳар каси ба одами ҷабрдида наздик – ҳамсар, ҳамхоба, писар, духтар, бародар, падар, хешованди дигар ва ғайра шуда метавонад. Дар Фаронса 95% ҷабрдидагони ҷиноятҳои гуногун занонанд, нисфи онҳо аз шавҳарон ва ошиқонашон ҷабр мебинанд. Вазъият дар дигар гӯшаҳои дунё низ аз ин беҳтар нест. Дар Перу 70% ҷабрдидагони ҷиноятҳои аз ҷониби политсия ба қайд гирифташуда занон ва духтаронанд. Дар Ҳиндустон аз ҳар 10 нафар зан 8 нафарашон аз зӯровариҳои хонагӣ ҷабр мебинанд. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид сабаби тахминан нисфи ҳалокатҳои занон дар сайёра зӯроварӣ аст. Чун ҳадди ақал 20% занон дар ҷаҳон замоне дучор ё гирифтори зӯроварии ҷисмонӣ ё шаҳвонӣ, муносибати бераҳмона аз тарафи мардон шудаанд. Мумайизони СММ қайд мекунанд, ки зӯроварӣ нисбат ба занон «ҳамон гуна сабаби ҷиддии ҳалокат ва ғайри қобили меҳнат гардидани онҳо чун саратон ва сабаби бештари бад шудани саломатӣ назар ба садамаҳои роҳ ва табларза дар якҷоягӣ мебошад». Тавре амалия шаҳодат медиҳад, аксари кулли ҳодисаҳои зӯроварии хонагӣ аз назари дигарон пинҳон мемонад. СММ бо дар назардошти ҷаҳонӣ будани проблемаи зӯроварӣ дар оила дар шакли қонунгузории амсилагӣ тавсияҳои дахлдор таҳия намуд. Вазифаи ин тавсияҳо бартарафсозии номукаммалии қонунҳои ҷиноятӣ ва граждании дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон мавҷуда ва ба ҳамин васила фароҳам овардани шароитҳо барои риояи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, алалхусус онҳоест, ки дар Эъломияи СММ оид ба решакан кардани зӯроварӣ нисбат ба занон баён шудаанд. Тибқи тавсияҳои СММ қонунҳои миллӣ дар бораи зӯроварӣ дар оила бояд ҳамзамон баҳри муваффақшавӣ ба ҳадафҳои зерин нигаронида шаванд: 1) ҳифзи ҷабрдидагони зӯроварӣ; 2) пешгирии зӯровариҳои минбаъда; 3) ҷазо додани ашхосе, ки нисбат ба занон – аҳли хонадон ё занони бо одами зараррасанда наздикбуда зӯроварӣ содир кардаанд. Дар тавсияҳои СММ шартҳои зарурии муваффақшавӣ ба ин ҳадафҳо, аз ҷумла дар мамлакат гузаронидани корҳо оид ба ташаккул додани афкори ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар ин соҳа; таъсиси хадамоти таъхирнопазири кӯмакрасонӣ ба ҷабрдидагони навъҳои гуногуни зӯроварӣ ва оилаҳои онҳо (паноҳгоҳ ва ғайра); маърифатноксозӣ ва маслиҳатҳо додан барои гунаҳкори зӯроварӣ, ҷабрдида ва дигар аъзои оила бо фарогирии кӯдакон; таълим ва маслиҳатҳо додан ба судяҳо, прокурорҳо, кормандони полис ва соҳаи иҷтимоӣ бобати пурсамар амал кардан дар ҳолатҳои марбут ба зӯроварӣ дар оила номбар гардидаанд. Дар тавсияҳо махсус таъкид шудааст: давлатҳо набояд роҳ диҳанд, ки расму оинҳои динӣ ё фарҳангӣ ба ягон зани алоҳида ё гурӯҳи занҳо бобати дидани ҳифзи пурра дар доираи қонун аз зӯроварӣ дар оила монеъгӣ кунанд. Ҳуқуқи байналмилалӣ зӯровариро нисбат ба занҳо ба сифати яке аз монеаҳои роҳи муваффақшавӣ ба ҳадафҳои баробарӣ, рушд ва сулҳ баррасӣ намуда, баробари занҳо – гурезаҳо, муҳоҷирин ва ашхоси ҷойивазкарда, ҳамчунин гурӯҳҳои дигари занҳоро ҷудо мекунад, ки махсусан зери хавфи дучороӣ ё гирифторӣ ба зӯроварӣ қарор доранд. Дар шумули онҳо занони дар шароити қашшоқӣ зиндагикунанда, дар ноҳияҳои деҳотӣ ва дурдаст иқоматдошта, занҳои маҳрум аз воситаҳои зиндагӣ, занҳои дар маҳбасбуда ё дар муассисаҳои гуногун нигоҳдошташаванда, занҳои маъюб, занҳои пиронсол ва дигарон ҳастанд. Ҷомеаи ҷаҳониро ҳамчунин бесамарии мубориза бо хариду фурӯши занон ва кӯдакон ба мақсадҳои фоҳишагарӣ ба изтироби ҷиддӣ овардааст. Конвенсия дар бораи мубориза бо хариду фурӯши одамон ва бо истисмори фоҳишагарӣ аз тарафи шахси сеюмро Ассамблеяи Генералии СММ ҳанӯз соли 1949 қабул карда буд. Аммо дар зарфи ним асри сипаришуда, ҳарчанд ҷойгиршавии таҳвилкунандагони моли зинда баъзе тағйироту дигаргуниҳо дид, вазъият, мутаассифона, беҳтар нагашт. Агар то соли 1991 онҳо аксаран мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ Шарқӣ, Африка ва Америкаи Лотинӣ бошанд, ҳоло секс-мол асосан аз Россия, Украина, Белоруссия ва дигар мамолики ИДМ таҳвил карда мешавад. Ҳар сол дар ҷаҳон ба сифати ғуломони шуғлҳои шаҳвонӣ қариб 500 ҳазор зан фурӯхта мегарданд. Ин «бизнес» даромадҳои астрономӣ медиҳад: гардишҳои пули гурӯҳҳои байналхалқии ҷиноятии бо истисмори шаҳвонии занон ва кӯдакон машғулбуда соле 6 млрд. долларро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди тадбирҳои васеъмиқёси дар ҷаҳон оид ба решакан сохтани зӯроварӣ нисбат ба занон гузаронидашаванда ин проблема аз ҳалли қатъии худ ҳанӯз хеле дур аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.