Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Сарчашмаҳои (шаклҳои) ҳуқуқ

Вақте, ки сухан дар бораи \”сарчашмаи ҳуқуқ” меравад, одатан шаклҳои расмии ифодаи ҳуқуқ, аинқтараш инъикоси меъёрҳои ҳуқуқ фаҳмида мешавад. Аз нигоҳи С.С. Алексеев сарчашмаи ҳуқуқ воситаи омӯзиши анатомияи ҳуқуқ, шакли ҳастии ҳуқуқ, тарзҳои расмии ифодаву дарҷи меъёрҳои ҳуқуқ астСАРЧАШМАҲОИ (ШАКЛҲОИ) ҲУҚУҚ

Вақте, ки сухан дар бораи “сарчашмаи ҳуқуқ” меравад, одатан шаклҳои расмии ифодаи ҳуқуқ, аинқтараш инъикоси меъёрҳои ҳуқуқ фаҳмида мешавад. Аз нигоҳи С.С. Алексеев сарчашмаи ҳуқуқ воситаи омӯзиши анатомияи ҳуқуқ, шакли ҳастии ҳуқуқ, тарзҳои расмии ифодаву дарҷи меъёрҳои ҳуқуқ аст. Азбаски мафҳуми “сарчашмаи ҳуқуқ” ба маъноҳои зиёд истифода мешавад, муаллифон муқобили истифодаи мафҳуми “сарчашмаи ҳуқуқ” чун муродифи истилоҳи “шакли ҳуқуқанд”. Таносуби сарчашмаҳо ва шаклҳои ҳуқуқ яке аз масъалаҳои анъанавӣ ва баҳсноки назарияи давлат ва ҳуқуқ аст. То ҳол андешаи аниқи умумэътирофгаштаи муҳаққиқон оиди мафҳуми сарчашма ва шакли ҳуқуқ ҷой надорад. Як қатор муаллифон ин мафҳумҳоро аз ҳам ҷудо мекунанд, муаллифони дигар бошад, онҳоро як мешуморанд. Тарафдорони муқобилмаънои ин ду мафҳумҳо “сарчашмаи ҳуқуқ” ва “шакли ҳуқуқ”-ро аз ҳам ҷудо мекунад. Ба андешаи Х.И. Гаҷиев, ин мафҳумҳо ҳаммаъно нестанд, мафҳуми “шакли ҳуқуқ” ба маънои санадҳои меъёрии ҳуқуқ истифода мешавад, “сарчашмаи ҳуқуқ” бошад, маънои муносибатҳои моддиро дорад (заминаи моддии ҳуқуқ). Ба андешаи В.О. Лучин ва А.В. Мазуров “шакли ҳуқуқ” муайян мекунад, ки мазмуни ҳуқуқ чӣ тавр зоҳиран ифода мегардад, “сарчашмаи ҳуқуқ” бошанд, манбаъҳои ташаккули ҳуқуқанд. Муаллифоне, ки мафҳумҳои сарчашмаи ҳуқуқ ва шакли ҳуқуқро ҷудо мекунанд, якчанд маънии сарчашмаи ҳуқуқро фарқ мекунад: а) сарчашмаи ҳуқуқ ба маънои моддӣ (тарзи истеҳсолот, шароитҳои моддии ҳаёт, шаклҳои моликият), б) сарчашмаи ҳуқуқ ба маънии иделӣ, яъне маънавӣ, в) сарчашмаи ҳуқуқ ба маънои ҳуқуқӣ. Инчунин дар баробари ин муҳаққиқоне ҳастанд, ки мафҳумҳои шакл ва сарчашмаи ҳуқуқро фарқ намекунанд. Масалан, ба ақидаи муҳаққиқи рус М.С. Студеникина сарчашмаи ҳуқуқ ин шаклҳои ба меъёри ҳуқуқ табдил додани ирода мебошад. Муаллифони дигар, аз он ҷумла С.А. Голунский, М.С.Строгович ва М.И.Байтин мафҳумҳои номбурдаро ҷудо намекунанд ва ақида пешкаш мекунанд, ки шакли ҳуқуқ – сарчашмаи ҳуқуқии ҳуқуқ, тарзи муқаррар намудани нишондоди ҳуқуқӣ, ҳатмӣ намудани қоидаҳои рафтор мебошад. М.Н.Марченко низ ҷонибдори ин ақида мебошад. Ба ақидаи ӯ, агар сарчашмаи ибтидоии ҳуқуқро омилҳои моддӣ, иҷтимоӣ ва м.и, ташкил диҳанд, пас мувофиқат байни сарчашмаи ҳуқуқ ва шакли ҳуқуқ ҷой надорад.
Ҳамин тариқ, сарчашмаи ҳуқуқ ба маънои иҷтимоӣ кулли заминаҳои иҷтимоӣ, талаботҳои айнии ҳаёти ҷамъиятӣ аст, ки дар асоси онҳо ҳуқуқ, меъёрҳо ва присипҳои он пайдо ва ташаккул меёбанд. Яъне, сарчашмаи иҷтимоии ҳуқуқ тағйирёбанда буда, ҳамеша дар инкишоф аст. Сабаби инкишоф ва такмили қонунгузорӣ маҳз дар ҳамин аст.
Ба маънои ҳуқуқӣ сарчашмаи ҳуқуқ ба ду маъно фаҳмида мешавад: 1) сарчашмаи иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ё заминавӣ – ҳуқуқӣ 2) сарчашмаҳои бевоситаи ҳуқуқӣ. Сарчашмаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ё заминавӣ – ҳуқуқӣ шароитҳои воқеии ҳаёти ҷомеа, талаботҳои айнии ҳастии инсонро дар назар доранд, ки манбаи ҳуқуқии паёдоишу ташаккули ҳуқуқи нав мешаванд. Агар муносибатҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ манбаи умумии иҷтимоии ҳуқуқ бошанд, пас заминаҳое ҳастанд, ки худ ҳуқуқӣ буда, манбаи ташаккулу инкишофи ҳуқуқ шудаанд. Масалан, “қонунҳои ХII ҷадвал” сарчашмаи ҳам ҳуқуқи омма ва ҳам ҳуқуқи хусусӣ дар Рим гардида, манбаи ташаккули ҳуқуқи римӣ мешаванд. Конститутсияи ШМА (соли1787) асоси сарчашмаи пойдории давлати муосири амрикоӣ гардид. Эъломияи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванди Фаронса (соли 1789) манбаи пайдоиш ва инкишофи тоимрӯзаи ҳуқуқҳои фитрии инсон шуд. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол (соли1994) манбаи пайдоишу инкишофи имрӯзаи низоми нави ҳуқуқӣ дар кишвари мо гардид. Дар асоси он тамоми қонунҳо, меъёрҳои ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқ қабул мешаванд. Конститутсия манбаи инкишофёбандаи ҳуқуқ аст.
Сарчашмаи бевоситаи ҳуқуқ гуфта шаклҳои дар қонунҳо пешбинишудаи ифодаи расмии мазмуни дохилии ҳуқуқро (меёърҳо, принсипҳо, талаботҳои ҳуқуқро) меноманд, ки ҳастии воқеии ҳуқуқро таъмин мекунанд. Азбаски мазмуни дохилии ҳуқуқро ғайр аз меъёрҳои ҳуқуқи позитивӣ боз принсипу талаботҳои ҳуқуқи фитрӣ ташкил медиҳанд, шакли ифодаи берунаи ҳуқуқро онҳо низ ташкил медиҳанд. Масалан, ҳуқуқҳои фитрии инсон, талаботи қонуни ҳуқуқӣ, присипҳои адолат ва озодӣ дар шакли Конститутсия дар ҷомеаи мо ифода ёфтаанд. Ба ибораи дигар, конститутсия, қонунҳо, кодексҳо ва ғ сарчашмаҳои ҳуқуқи позитивӣ буда, дар айни замон шакли ифодаи расмии ҳуқуқи фитрӣ мебошанд.
Намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқ
Таърих намудҳои зиёди сарчашмаҳои ҳуқуқро медонад, аз қабили одатҳои ҳуқуқӣ, амсоли судӣ, санади меъёрӣ, назарияи ҳуқуқӣ, принсипҳои ҳуқуқӣ, сарчашмаҳои динӣ (китобҳои динӣ), шартномаҳои меъёрӣ. Ҳар яке аз онҳо дар рушди низоми ҳуқуқии ин ё он кишвар нақши ҳалкунанда бозидаанд, ба монанди амсоли судӣ дар Англиясанади меъёрӣ дар ИҶШС, одатҳо дар Африка, дин дар кишварҳои исломӣ ва ғайра.
Одатҳои ҳуқуқӣ яке аз сарчашмаҳои ҳуқуқ ҳисоб мешавад. Дар манотиқи гуногуни ҷаҳон онҳо тҳкурсии ташаккули ҳуқуқ буданд. Дар асоси онҳо онунҳои аввалин тартиб дода мешуданд, аз қабили қонунҳои Ману дар Ҳиндустон, Ҳақиқати рус дар давлати Рус ва ғ. Дар кишварҳои романӣ-олмонӣ нақши одатҳои ҳуқуқӣ ҳоло маҳдуд шудааст. Дар Австрия ва Италия онҳо дар он сурат истифода мешавад, ки агардар қонун ба онҳо ишораи бевосита бошад. Дар Олмон, Шветсария, Юнон қонун ва одатҳо сарчашмаи баробар истифода мешаванд. Дар Тоҷикистони муосир одатҳои ҳуқуқӣ сарчашмаи ҳуқуқ ҳисоб мешаванд. Масалан,моддаи 6 Кодекси граждании ҶТ истифодаи одатҳои мубодилаи савдоро иҷозат медиҳад. Одатҳои ҳуқуқӣ гуфта он одатҳоеро меноманд, ки дар қонунгузорӣ мустаҳкам шудаанд. Одатҳо албатта, дар ҷомеаи мо бисёранд ва чун меъёрҳои иҷтимоӣ муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд. Қонун ба одатҳои ҳуқуқӣ бояд бевосита ишора намояд. Дар Тоҷикистон одатҳое ҳастанд, ки бо анъанаҳои дини зардуштӣ ва ё ислом алоқаманданд. Давлатӣ эълон шудани Иди Наврӯз, Иди Қурбон, Иди Рамазон боиси шакли расмӣ гирифтани бисёре аз одату анъанаҳои гузаштаи мардуми тоҷик гардид.вале онҳо бо назардошти меъёрҳои Конститутсия, алалхусус, озодии виҷдон риоя мешаванд.Хуллас, барои сарчашмаи ҳуқуқ эътироф шудан, одати ҳуқуқӣ фаъолияти давлатро талаб мекунад.
Амсоли судӣ гуфта қарори намунавии мақомоти судиро меноманд, ки барои ҳалли парвандаҳои ба ҳам монанд ҳамчун меъёри ҳуқуқӣ истифода мешавад. Амсоли судӣ сарчашмаи асосии ҳуқуқи Англия аст. Вале қарори на ҳама гуна мақомоти судӣ, балки маҳз судҳои болоӣ қоидаи амсол мебошанд. Меъёрҳои ҳуқуқи Англиярониз маҳз судҳои болоӣ (Судҳои Вестминистерӣ ва судҳои канслерӣ) эҷод кардаанд. Ҳоло ҳуқуқи муқаррар кардани амсоли судӣ ба судҳои Олӣ (суди Болоӣ, суди Корона, Суди Аппелятсионӣ), Палатаи Лордҳо ва Комитети махфии судӣ дода шудааст. Барои истифодаи амсоли судӣ дар Англия қарорҳои судӣ дар маҷмӯаҳо нашр мешаванд, ки “Law Reports” ном доранд. Ҳангоми нашр 75% қарорҳои Палатаи Лордҳо, 25% қарорҳои суди Аппелятсионӣ ва 10% қарорҳои суди Болоӣ ҷудо карда мешаванд.
Амсоли судӣ дар ШМА, Канада, Австралия ва давлатҳои дигари шомили ҳуқуқи умумӣ истифода мешавад. Дар кишварҳои романӣ-олмонӣ қарори судӣ эътибори баланд дорад, вале шакли инъикоси меъёрҳои ҳуқуқ нест. Дар Тоҷикистон амсоли судӣ сарчашмаи ҳуқуқ эътироф намешавад. Вале якчанд тадбирҳое, ки солҳои охир нисбати мустақилияти ҳокимияти судӣ андешида шудаанд, ба амалияи судӣ навигариҳои муҳим ворид намуданд. Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ назорати суди конститутсионӣ ҷорӣ гардид. Бо ин мақсад Суди конститутсионӣ таъсис шудааст, ки адолати суди конститутсионро ба амал мебарорад.
Назарияи илмӣ – ҳуқуқӣ сарчашмаи муҳими пайдоиши ҳуқуқ аст. Масалан, асарҳои ҳуқуқшиносони машҳури Рими қадим сарчашмаи ҳуқуқи римӣ буданд. Онҳо қисми муҳими Кодекси Юстиниан буданд, ки якҷоя бо институтҳои император Юстиниан ин санади кодификатсиониро ташкил доданд. Дар ҳуқуқи мусулмонӣ назарияи мусулмонӣ сарчашмаи ҳуқуқ аст. Масалан, қонунгузории оилавии Миср, Сирия, Судан пешбинӣ мекунад, ки дар сурати набудани меъёри қонун судя метавонад хулосаҳои бонуфузи Абу Ҳанифаро татбиқ намояд. Дар ИҶШС назарияи марксистӣ-ленинӣ асоси мафкуравии илмӣ ҳуқуқӣ буд. Дар инкишофи ҳуқуқ саҳми илмии ҳуқуқи советӣ бениҳоят калон аст. Гарчанде ҳуқуқи советӣ анъанаҳои ҳуқуқи романӣ-олмониро қабул карда буд, вале он низоми мустақил буда, ақидаву назарияҳои нави кунуниро пешниҳод менамояд, ки онҳо сатҳи баланди илмӣ доштанд.Назарияи илмӣ-сарчашмаи муҳими ҳуқуқ буда, дар ташаккулу инкишофи ҳуқуқи кишварҳои мухталиф нақши ҳалкунанда бозида, ҳоло нуфузи бештар дорад. Инро дар мисоли якчанд омилу равандҳои назариявӣ-амалӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Якум, дар Тоҷикистон ва кишварҳои пасошӯраӣ таҳсили донишҷӯёни ҳуқуқшиносон дар мактабҳои олӣ тибқи назарияи илмии ҳуқуқшиносӣ сурат мегирад, маҳз илми ҳуқуқшиносӣ донишҷӯёнро барои кор дар амалияи ҳуқуқшиносӣ омода мекунад. Дуввум, байни назария ва амалияи ҳуқуқшиносӣ алоқаи ногусастанӣ ҷой дорад. Ҳуқуқшиносон дар амалияи хеш аз дастоварду таклифҳои илмӣ васеъ истифода мебаранд. Сеюм, назарияи илмӣ ҷузъи татбиқи ҳуқуқ аст, аз ҷумла дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқтатбиқсозии судяҳо, прокурорҳо, муфаттишон ва дигарон. Масан судяҳо аз тафсири илмии кодексҳо истифода мебаранд. Чорум, назарияи илмӣ – ҷузъи тафсири қонун аст. Панҷум,назарияи илмӣ-ҳуқуқӣ теъдоди зарури истилоҳоти ҳуқуқӣ ва мафҳумҳои ҳуқуқиро муайян мекунад (давлат, қонун,шаҳрванд). Шашум, назарияи илмӣ-ҳуқуқӣ ҷузъи фаъолияти қонунгузорӣ аст. Дар илми ҳуқуқӣ самтҳои фаъолияти қонунгузорӣ, роҳҳои такмили он муайяну пешбарӣ мешаванд.
Ҳамин тариқ, назарияи илмӣ-ҳуқуқӣ дар инкишофи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим дошта, сарчашмаи бавоситаи ҳуқуқ мебошад.
Принсипҳои умумии ҳуқуқ дар як қатор давлатҳо сарчашмаи ҳуқуқ мебошанд. Дар кигӯшварҳои романӣ-олмонӣ ва умумӣ имконияти истифодаи принсипҳои умумии ҳуқуқ ҳангоми набудани меъёри ҳуқуқ вуҷуд дорад. Принсипҳои ҳуқуқ дар давлатҳои исломӣ низ истифода мешаванд. Масалан дар Афғонистон дар ҳолати нуқсон дар қонун суд парвандаро дар асоси принсипҳои шариат метавонад ҳал кунад. Дар ҳуқуқи романӣ-олмонӣ принсипҳои умумии ҳуқуқро- “принсипҳои воло” низ меноманд, ба он хотир ки онҳо асоси фаъолияти судҳо ва мақомоти дигарро ташкил медиҳанд.
Принсипҳои ҳуқуқ сарчашмаи ҳуқуқи байналмилалӣ низ мебошанд. Моддаи 38 Статути суди Байналмилалӣ муқаррар мекунад, ки суд ҳангоми ҳалли баҳсҳо принсипҳои умумии ҳуқуқро, ки аз тарафи миллатҳои ботамаддин эътироф шудаанд, истифода мебарад.
Шартномаҳои меъёрӣ аз қабили сарчашмаҳои васеъ паҳншуда буда, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бисёр истифода мешаванд. Ин шартномаҳо шаклҳои зиёд доранд. Яке аз онҳо шартномаҳои байналмилалӣ аст, ки байни давлатҳо ва субектони дигари ҳуқуқи байналмилалӣ баста мешаванд. Дар Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ буда, нисбат ба қонунҳои дохилӣ бартарӣ доранд. Ин ҷо мафҳуми санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ шартномаҳои байналмилалиро низ дар бар мегирад. Ин шартномаҳо шаклҳои зиёд доранд: конвенсия, пакт, устав, статут, протокол, созишнома ва ғ. Шартномаҳо меъёрмуқарраркунанда ва таъсискунанда (Шартнома дар бораи таъсиси ИДМ) мешаванд. Шакли дигари шартномаи меъёрӣ ин шартномаи коллективӣ аст, ки тартиби бастану мазмуни он дар ҷумҳурии мо бо Қонуни ҶТ “Дар бораи шарикии иҷтимоӣ ва шартномаҳои коллективӣ” муайян шудааст. Ин шартнома дар шароити бунёди иҷтисоди либералӣ санадт меъёрии локалӣ буда, меъёрҳои ҳуқуқиаш нисбати корхонаи дахлдор ҳатмианд. Шартномаи коллективӣ байни коркунон ва кордиҳанда оиди ташкили меҳнат, музди меҳнат, вақти кор, вақти истироҳат ва ғ баста мешавад.
Санади меъёрӣ сарчашмаи муҳим ва ва васеъ паҳнгаштаи ҳуқуқ аст. Санади меъёрӣ як қатор афзалиятҳо доранд. Онҳо барои барои танзими як намуди алоҳидаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳалли шумораи беохри баҳсҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ мешаванд. Онҳо аз ҷониби давлат ё халқ дар шаклҳои махсус (Конститутсия, қонун, қарор, фармонва ғ) қабул шуда, бо чораҳои маҷбурсозӣ таъмин мешаванд. Санадҳои меъёрӣ меъёрӣ дорои низоми устувор мебошанд, ки дар он ҳар як санад вобаста ба қувваи ҳуқуқиаш ҷои худро соҳиб аст. Вале дар ИҶШС санади меъёрӣ мутлақ гардонида шуда, истифодаи сарчашмаҳои дигари ҳуқуқ маҳдуд шуда буд.
Сарчашмаҳои ҳуқуқии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ дорои як қатор хусусиятҳо мебошанд.
1. Тамоми сарчашмаҳои мавҷуда низоми ягонаро ташкил медиҳанд. Ин имкон медиҳад, ки байни онҳо алоқамандӣ таъмин гардида, ҳар як сарчашма дар вобастагӣ бо сарчашмаи дигар истифода шавад.
2. Дар байни сарчашмаҳо на санади меъёрӣ, балки Конститутсия сарчашмаи асосӣ аст. Санади меъёрӣ гуногунанд, аз ҷумла санадҳои зериқонуниро дар бар мегиранд. Як қисми онҳо аҳамияти на умумидавлатӣ, балки маҳаллӣ доранд.
3. Сарчашмаҳои ҳуқуқ ҳамеша дар ҷараёни инкишофанд. Бо пешрафти ҷомеа, дигаргуниҳоли куллӣ баъзе сарчашмаҳо аз байн мераванд ё мазмунан тағйир меёбанд, сарчашмаҳои нав пайдо мешаванд.
4. Ҳама гуна сарчашмае, ки муқобили ҳуқуққ озодиҳои инсон мебошанд, вазъи ҳуқуқии ӯро вазнин мегардонанд, бояд беэътибор дониста шаванд. Ин вазифа ба зиммаи Суди конститутсионии ҷумҳурӣ гузошта шудааст. Ин ҳолатро қонунгузорӣ ба инобат гирифтааст.
Хуллас, моҳияти сарчашмаҳои ҳуқуқ дар давраҳои мухталифи инкишофи таърихӣ инкишоф меёбанд, тағйир меёбанд, ба шароитҳои нави ҳаёти ҷомеа мутобиқ мешаванд. Ҳамин тариқ, мафҳуми сарчашмаи ҳуқуқро дар сатҳи ё умумӣ ё хусусӣ омӯхтан мумкин аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.