Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Ҳуқуқи инсон ва гурезаҳо

Проблемаи глобалии гурезаҳо ва шахсони дар дохили кишвар кӯчонидашуда, – яке аз масъалаҳои мураккабтарини дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарордошта мебошад. Ин масъала дар Созмони Милали Муттаҳид, ки ҷустуҷӯ намудани воситаҳои самараноктари ҳифзи гурӯҳҳои хеле осебпазири аҳолӣ ва ба онҳо расонидани кӯмакро идома медиҳад, мавриди баррасии фаъолона қарор дорад
ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА ГУРЕЗАҲО

Муқаддима

Проблемаи глобалии гурезаҳо ва шахсони дар дохили кишвар кӯчонидашуда, – яке аз масъалаҳои мураккабтарини дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарордошта мебошад. Ин масъала дар Созмони Милали Муттаҳид, ки ҷустуҷӯ намудани воситаҳои самараноктари ҳифзи гурӯҳҳои хеле осебпазири аҳолӣ ва ба онҳо расонидани кӯмакро идома медиҳад, мавриди баррасии фаъолона қарор дорад.

Дар ҳолате, ки як гурӯҳ муассисаҳои ба расонидани кӯмаки фавқулодда машғулбударо ба таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият даъват мекунанд, дигарон камбудиҳоро дар соҳаи меъёрсозии байналмилалӣ меъёрсозии байналмилалӣ нишон медиҳанд ва даъват менамоянд, ки меъёрҳои нав таҳия карда шаванд. Зимнан ҳама он бо розиянд, ки ин проблема хислати бисёрҷониба ва глобалӣ дорад. Бинобар ин ҳама гуна бархӯрд нисбати таҳлили он ва ҳама гуна ҳалли он бо фарогир буда, тамоми ҷанбаҳои онро ба эътибор гиранд: аз сабабҳои фирори оммавӣ то таҳияи тадбирҳои зарурии таъсиррасонӣ дар ҳама гуна ҳолатҳое, ки бинобар проблемаи гурезаҳо ба миён меоянд, – аз расонидани кӯмаки фавқулодда сар карда то андешидани тадбирҳои мусоидат ба бозгардонӣ ба ватан.

Дар доираи мубоҳисаҳои ҷараёндошта як қатор омилҳо бешубҳаанд. Аввалааш аз он иборат аст, ки гарчанде баъзе кучониданҳои оммавии аҳолиро пешгирӣ кардан мумкин аст, ягонтои онҳо ихтиёрӣ намебошанд. Ҳеҷ кас намехоҳад ва кӯшиш намекунад, ки гуреза бошад. Гуреза будан – дар кишвари бегона будан осон нест. Ин дар ғарибӣ ҳаёт ба сар бурдан ва аз дигарон дар таъмини худ бо чунин ашёҳои зарурати аввала, ба монанди озуқа, либос ва манзил вобаста будан аст.

Оид ба шумораи гурезаҳо дар ҷаҳон, тақсимоти географӣ ва сабабҳои фирор кардани онҳо маълумоти васеъ вуҷуд дорад. Иттилооти панҷ даҳсолаи охирро таҳлил намуда, метавон ба хулосае омад, ки проблемаи гурезаҳо дар ин давра ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам аз ҷиҳати миқдор хеле тағйир ёфтааст.

Аз лаҳзаи таъсиси худ Созмони Милали Муттаҳид дар бобати ҳифзи гурезаҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон саъю кӯшишҳо намудааст. Соли 1951, ҳангоме ки Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо таъсис дода шуда буд, ваколати он тақрибан ба 1 млн. гуреза паҳн мегардид. Имрӯз шумораи онҳо тақрибан ба 17,5 млн. расидааст, боз ба 2,5 млн. гурезаи дигар ваколати Агентии Шарқи Наздики Созмони Милали Муттаҳид барои кӯмак ба гурезаҳои Фаластин ва ташкили корҳо паҳн мегардад; илова бар ин, 25 млн. шахсони дар дохили кишвар кӯчонидашуда вуҷуд доранд.

Соли 1951 бештари гурезаҳо европоӣ буданд. Имрӯз бештари онҳоро гурезаҳо аз Осиё ва Африка ташкил медиҳанд. Дар муқоиса ба гузашта гурӯҳҳои имрӯзаи гурезаҳо аксаран шакли фирори оммавӣ, на фирори шахсони алоҳидаро мегиранд. Ҳоло 80%-и гурезаҳоро занону кӯдакон такшкил медиҳанд.

Сабабҳои фирори оммавӣ низ гуногун шудаанд ва ҳоло ба онҳо офатҳои табиӣ, садамаҳои экологӣ ва қашшоқии тоқатфарсо мансубанд. Дар натиҷа ба бештари гурезаҳои имрӯза муқаррароти дар Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо мавҷудбуда паҳн намегарданд. Он ҷабрдидагони таъқибкуниҳо бо нишонаи нажод, дину мазҳаб, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ ё ақидаҳои сиёсиро дар бар мегирад.

Системаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин хеле дар тавиш аст, ки солҳои охир ҳодисаҳои кӯчонидани оммавии аҳолӣ дар дохили кишвар меафзоянд. «Шахсони дар дохили кишвар кӯчонидашуда» – шахсоне мебошанд, ки маҷбуранд манзили худро тарк кунанд, вале дар қаламрави кишвари худ мемонанд . Бинобар он ки ин шахсон дар ҳудуди кишвари худ мемонанд, онҳо аз системаи кунунии муҳофизати гурезаҳо хориҷанд. Бештари шахсони дар дохили кишвар кӯчонидашуда дар кишварҳои рӯ ба инкишоф қарор доранд, ва қисми асосии онҳо занону кӯдакон мебошанд. Дар баъзе кишварҳо шахсони дар дохили кишвар кӯчонидашуда 10%-и аҳолиро ташкил медиҳанд.

Вазъияти гурезаҳо мисоли классикии вобастагии мутақобилаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Он возеҳан нишон медиҳад, ки чи тавр проблемаҳои як кишвар метавонанд бевосита ба дигар кишварҳо таъсир расонанд. Вазъияти гурезаҳо – ин ҳамчунин мисоли вобастагии мутақобилаи масъалаҳои гуногун мебошад.
Робитаи мутақобилаи аёни байни проблемаи гурезаҳо ва масъалаҳои ҳуқуқи инсон вуҷуд дорад. Поймолкунии ҳуқуқҳои инсон на танҳо яке аз сабабҳои асосии фирори оммавӣ мебошад, балки имконияти ихтиёран ба ватан бозгаштанро то даме, ки онҳо қатъ нагарданд, аз байн мебарад. Поймолкунии ҳуқуқҳои ақаллиятҳо ва низоъҳои байнимиллӣ бештару бештар боиси ҳам фирори оммавӣ ва ҳам кӯчидани аҳолӣ дар дохили кишвар мегардад.

Боз як ҷанбаи дигари робитаи мутақобила байни ин ду масъалаҳо ба эътибор нагирифтани ҳуқуқҳои ҳадди ақалли гурезаҳо ва шахсони дар дохили кишвар кӯчонидашуда мебошад. Ҳангоми ҷустуҷӯи паноҳгоҳ шахсони зиёде бо тадбирҳои маҳдудкунандае, ки онҳоро аз ҳудудҳои бехатар маҳрум месозанд, рӯ ба рӯ мегарданд. Дар баъзе ҳолатҳо шахсони паноҳгоҳҷӯянда ва гурезаҳо боздошта мешаванд ё маҷбуран ба минтақаҳое, ки дар он ҷо ҳаёт, озодӣ ва амнияти онҳо таҳти хатар қарор мегирад, баргардонида мешаванд. Баъзеяшон таҳти ҳуҷуми дастаҳои мусаллаҳ қарор дода мешаванд ё ба қувваҳои мусаллаҳе даъват карда мешаванд, ки онҳоро маҷбур мекунанд дар сафҳои ин ё он тарафи низои шаҳрвандӣ биҷанганд. Шахсони паноҳгоҳҷӯянда ва гурезаҳо ҳамчунин ҷабрдидагони зуҳуроти дағалонатарини нажодпарстӣ мебошанд.

Гурезаҳо аз ҳуқуқҳое бархӯрдоранд, ки бояд чи пеш аз муроҷиати онҳо барои пешниҳод намудани паноҳгоҳ ва чи дар давраи баррасии дархостҳояшон ва баъди қонеъ гардонидани онҳо риоя карда шаванд. Эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ҳам шарти зарурии пешгирӣ намудани ҷараёни имрӯзаи гурезаҳо ва ҳам ҳалли проблемаҳои ба он вобастабуда мебошад. Ба гуфтаи Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо Садако Огати, «муносибат ба проблемаи гурезаҳо бояд санҷиши ҷонибдории ҳама ҳукуматҳо ва халқҳо дар амри ҳифзи ҳуқуқи башар бошад».

СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ВА ГУРЕЗАҲО

Дигаргуниҳои инқилобии техникӣ дар соҳаи нақлиёт ва алоқа дар асри бист боиси кӯчидани оммавии одамон, интиқоли молҳо ва иттилоот тавассути сарҳадҳо гардиданд.

Зимнан на ҳама кӯчиданҳои аҳолӣ дар ин аср ихтиёрӣ буданд. Технологияи муосир ҳамчунин боиси истеҳсоли силоҳи қатли ом гардид. Дар натиҷа зӯроварӣ омили муҳимтарине гардид, ки одамонро маҷбур сохт ватани худро тарк намоянд. Ду ҷанги ҷаҳонӣ ва тақрибан 130 низои мусаллаҳона аз соли 1945 сабабгори кӯчидани оммавӣ ва фирори миллионҳо одамон дар тамоми ҷаҳон гардиданд.

Таҳиягарони Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид таҷрибаи мудҳиши зӯроварии умумӣ ва азобҳои оммавии аҳолиро фаромуш накарда буданд ва кишварҳоеро, ки онро имзо намуданд, даъват карданд, ки «… насли ояндаро аз офатҳои ҷанг эмин доранд …». Онҳо ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карданд, ки «ҳамкории байналмилалиро дар ҳалли проблемаҳои байналмилалии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ», инчунин ташвиқ ва равнақи «эҳтиром нисбати ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама бидуни фарқияти нажодӣ, ҷинс, забон ё дин»-ро таъмин намоянд.

Яке аз аввалин масъалаҳои рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид тақдири гурезаҳо, шахсони кӯчонидашуда, апартаидҳо ва шахсони ба ватан бозгардонидашудае буд, ки маҷбур буданд дар натиҷаи ҷанг ҷойҳои истиқомати худро тарк намоянд ва ба кӯмак эхтиёҷ доштанд. Ин проблема, бешубҳа аҳамияти байналмилалӣ ва гуманитарӣ дошт.

Ташкилоти байналмилалӣ оид ба гурезаҳо

Дар иҷлосияи дуюми худ дар нимаи дуюми соли 1946 Ассамблеяи Генералӣ Ташкилоти байналмилалӣ оид ба гурезаҳоро таъсис дод. Ташкилот вазифаи Маъмурияти кӯмакрасонӣ ва барқарорсозии Созмони Милали Муттаҳидро ба ӯхдаи худ гирифт. Он ваколатномаи мувақатии бақайдгирӣ, муҳофизат, кӯчонидан ва ба ватан бозгардонидани гурезаҳоро гирифт.

Гурезаҳо сокинони қариб 30 кишвар, асосан Европаи Шарқӣ буданд. Аз моҳи июли соли 1947 то моҳи январи соли 1952 Ташкилоти байналмилалӣ оид ба гурезаҳо дар кӯчонидани зиёда аз як миллион гуреза ба кишварҳои сеюм, дар амри ба ватан бозгардонидани 73 000 нафар кӯмак расонида, оид ба ҷойгиронии 410 000 шахсони кӯчонидашудае, ки дар кишварҳои худ монда буданд, тадбирҳо андешидааст.

Дар натиҷаи шиддатёбии вазъи сиёсӣ дар давраи баъдиҷангӣ фаъолияти Ташкилоти байналмилалӣ оид ба гурезаҳо хислати баҳснок дошт ва дар шароити камбуди маблағҳои молиявӣ анҷом дода мешуд. Танҳо аз 18 кишвар аз 54 давлати узв ба буҷети Ташкилот пардохт ворид намуда буданд. Илова бар ин, хароҷоти маблағгузории фаъолияти он зуд афзуд ва то соли 1951 400 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод.

Базудӣ маълум гардид, ки барои расонидани кӯмак ба гурезаҳо фаъолтар намудани саъю кӯшишҳои байналмилалӣ дар доираи худи Созмони Милали Муттаҳид зарур аст. Бинобар ин ҳануз қабл аз ба охир расидани ваколати Ташкилоти байналмилалӣ оид ба гурезаҳо масъалаи таъсиси ташкилоте, ки вазифаҳои онро ба зиммаи худ гирифта метавонист, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо

Дар резолютсияи 319А (IV) худ аз 3 декабри соли 1949 Ассамблеяи Генералӣ қарор қабул намуд, ки Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба гурезаҳо таъсис дода шавад. Раёсат ҳамчун мақоми ёрирасони Ассамблеяи Генералӣ 1 январи соли 1951, дар ибтидо ба мӯҳлати се сол таъсис дода шуд.

Аз он вақт инҷониб ваколатномаи Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба гурезаҳо мунтазам ба давраҳои минбаъдаи панҷсола тамдид карда мешуд ва мӯҳлати ҳозираи эътибори он 31 декабри соли 2003 ба охир мерасад. Он ҳоло ба бештар аз 17 млн. гуреза дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон кӯмак мерасонад. Раёсат дар Женева, Швейтсария қарор дошта, дар бештар аз 100 кишвари мухталиф намояндагӣ дорад. Соли 1991 он қариб 2 300 корманд дошт ва хароҷоти маҷмӯии он аз рӯи барномаҳои умумӣ ва махсус тақрибан 862, 5 млн. доллари ШМА-ро ташкил медод.

Мутобиқи моддаи 1 Оинномаи Раёсат, вазифаи асосии Комиссари олӣ аз пешниҳод намудани ҳимояи байналмилалӣ ба гурезаҳо ва дарёфти ҳалли ниҳоии проблемаи гурезаҳо бо роҳи расонидани кӯмак ба ҳукуматҳо барои сабук намудани бозгашти ихтиёрии гурезаҳо ба ватан ё мутобиқгардии онҳо дар кишварҳои нав иборат мебошад. Вазифаҳои Комиссари олӣ аз рӯи хислати худ ҳамчун «комилан ғайрисиёсӣ» ва «гуманитарию иҷтимоӣ» муайян шудаанд.

Вазифаҳои Комиссари олӣ оид ба таъмини ҳимояи гурезаҳо, ки дар Оиннома зикр шудаанд, инҳоро дар бар мегиранд:

a) мусоидат ба бастан ва тасдиқ намудани конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи гурезаҳо, назорати иҷрои онҳо ва пешниҳод намудани ислоҳҳо;

b) мусоидат ба иҷрои тадбирҳо оид ба сабукгардонии шароити гурезаҳо ва кам гардидани шумораи гурезаҳое, ки ба ҳимоя эҳтиёҷ доранд;

c) мусоидат ба саъю кӯшишҳои ба ташвиқи бозгашти ихтиёрии гурезаҳо ба ватан ё мутобиқгардии онҳо дар кишварҳои нав;

d) сабукгардонии роҳ додани гурезаҳо ба қаламрави давлатҳои гуногун;

e) мусоидат ба интиқоли амволи гурезаҳо; аз ҳукуматҳо гирифтани иттилоот оид ба шумораи гурезаҳо дар қаламрави онҳо ва шароити онҳо, инчунин қонунҳо ва карорҳои дахлдор;

f) нигоҳ доштани робитаи зич бо ҳукуматҳо ва ташкилотҳои байниҳукуматӣ;

g) ба роҳ мондани робита бо ташкилотҳои хусусии ба масъалаҳои гурезаҳо машғулбуда.

Аз давраи таҳияи Оиннома вазифаҳо оид ба таъмини ҳифзи гурезаҳо боз ҳам гуногуншакл гардиданд.

МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИИ МАРБУТ БА ГУРЕЗАҲО

Дар як қатор ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ меъёрҳои асосии муносибат бо гурезаҳо муқаррар ва муайян карда мешаванд. Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо аз соли 1951 ва Протоколи он аз соли 1967, марбут ба мақоми гурезаҳо аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо мебошанд.

Конвенсияи соли 1951, ки бо тавсияи Комиссияи нав таъсисдодашудаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар таҳия шуда буд, марҳалаи асосӣ дар кори таҳияи меъёрҳои муносибат бо гурезаҳо гардид.

Дар моддаи 1 Конвенсия шарҳи умумии истилоҳи «гуреза» дода шудааст. Ин истилоҳ ба ҳар шахсе паҳн мегардад, ки «дар натиҷаи ҳодисаҳои то 1 январи соли 1951 рӯйдода ва бинобар хавфи комилан асосноки ҷабр дидан аз таъқиб аз рӯи нишонаи нажод, дину мазҳаб, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё ақидаи сиёсӣ берун аз кишвари мансубияти шаҳрвандии худ қарор дорад ва наметавонад аз ҳимояи ин кишвар истифода барад ё намехоҳад бинобар чунин хавф аз чунин ҳимоя истифода намояд; ё шаҳрвандии муайян надошта ва дар натиҷаи чунин ҳодисаҳо берун аз кишвари макони пештараи истиқомати муқаррарии худ қарор дошта, наметавонад ё намехоҳад бинобар чунин хавф ба он баргардад».

Дар Конвенсия меъёрҳои ҳадди ақал зарури муносибат ба гурезаҳо, аз ҷумла ҳуқуқҳои асосии онҳо муқаррар карда мешаванд. Дар он ҳамчунин мақоми ҳуқуқии гурезаҳо муқаррар карда мешавад ва дар бораи ҳуқуқи онҳо ба машғулияти даромаднок ва таъминоти иҷтимоӣ, дар бораи шаҳодатномаҳои шахсият ва ҳуҷҷатҳои сафар, дар бораи истифодаи андозҳо ва ҳуқуқи онҳо ба баровардани амволи худ ба кишвари дигаре, ки ба онҳо ҳуқуқи ворид шудан баро␸ сукунат дода шудааст, муқаррарот мавҷуданд.

Дар Конвенсия бадарға кардан ё маҷбуран бозгардонидани шахсоне, ки мақоми гуреза доранд, манъ карда мешавад. Дар моддаи 33 он пешбинӣ мешавад, ки «тарафҳои аҳдкунанда ба ҳеҷ ваҷҳ гурезаҳоро бадарға нахоҳанд кард ё ба сарҳади кишваре, ки дар он ба ҳаёт ё озодии онҳо бо нишонаи нажод, дин, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурӯҳи муайян ё ақидаи сиёсӣ хатар таҳдид мекунад, барнамегардонанд». Моддаи 34 ба натурализатсия ва ассимилятсияи гурезаҳо дахл мекунад. Дар дигар муқаррароти Конвенсия чунин ҳуқуқҳои гурезаҳо, ба монанди ҳуқуқи муроҷиат ба суд, ҳуқуқ ба таълим, таъминоти иҷтимоӣ, манзил ва озодии ҳаракат баррасӣ мегарданд.

Протоколи соли 1967 марбут ба мақоми гурезаҳо

Аз муқаррароти Конвенсияи соли 1951 танҳо он шахсоне истифода бурда метавонистанд, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои то 1 январи соли 1951 рӯйдода гуреза шудаанд. Вале минбаъд маълум гашт, ки гурӯҳҳои гурезаҳо на танҳо натиҷаи муваққатии ҷанги дуюми ҷаҳон ва оқибатҳои он мебошанд.

Дар охирҳои солҳои 50-ум ва дар солҳои 60-ум гурӯҳҳои нави гурезаҳо пайдо шуданд, хусусан дар Африка. Ин гурезаҳо ба ҳимояе, ки метавонист бо дарназардошти чаҳорчӯбаи вақти маҳдудшудаи Конвенсияи соли 1951 ба онҳопешниҳод карда шавад, эҳтиёҷ доштанд.

Протоколи соли 1967 амали Конвенсияро ба «гурезаҳои нав», яъне шахсоне, ки таҳти мафҳуми дар Конвенсия зикргардида қарор гирифтанд, дар натиҷаи ҳодисаҳои баъди соли 1951 рӯйдода гуреза шуданд.

То 1 апрели соли 1992 111 давлат узви Конвенсияи соли 1951 ва/ё Протоколи соли 1967 он буданд.

ДИГАР ВОСИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Муқаррароте, ки метавонанд ба гурезаҳо ба гурезаҳо иртибот дошта бошанд, ҳамчунин дар дигар конвенсияҳо ва эъломияҳо мавчӯданд, баъзеи онҳо дар поён номбар карда мешаванд:

– Конвенсияи чоруми соли 1949 Женева оид ба ҳифзи аҳолии ғайринизомӣ дар давраи ҷанг:
моддаи 44 ин Конвенсия, ки мақсади он аз ҳифзи ҷабрдидагони байни аҳолии ғайринизомӣ иборат аст, ба гурезаҳо ва шахсони кӯчонидашуда дахл дорад.

Дар моддаи 73 Протоколи иловагии соли 1977 пешбинӣ мегардад, ки гурезаҳо ва апатридҳо аз ҳимояе, ки мутобиқи қисмҳои I ва III Конвенсияи чоруми Женева пешниҳод карда мешавад, истифода мебаранд;

– Конвенсияи соли 1954 оид ба мақмоми апатридҳо:
таҳти истилоҳи «апартеид» шахсе дар назар дошта мешавад, ки аз ҷониби ягон давлат бинобар қонуни он шаҳрванд дониста намешавад. Баъдан дар он муқаррароти меъёрии марбут ба мақоми апартеид баён карда мешаванд;

– Конвенсияи соли 1961 оид ба кам кардани бешаҳрвандӣ:
давлати узви ин Конвенсия розӣ мешавад шаҳрвандии худро ба шахсе, ки дар қаламрави он таваллуд шудааст, диҳад, вагарна ӯ шаҳрвандӣ намедошт. Давлат ҳамчунин розӣ мешавад, дар сурати риоя гардидани баъзе шартҳо шахсро аз шаҳрвандии ӯ маҳрум накунад, агар чунин маҳрумият ӯро апартеид намояд. Дар Конвенсия пешбинӣ мегардад, ки шахс ё гурӯҳи шахсон набояд бо нишонаи нажодӣ, этникӣ, динӣ ё асосҳои сиёсӣ аз шаҳрвандии худ маҳрум карда шаванд;

– Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1967 оид ба паноҳгоҳи минтақавӣ:
дар ин Эъломия Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид як қатор принсипҳои асосии марбут ба паноҳгоҳҳои минтақавӣ муқаррар менамояд. Дар он гуфта мешавад, ки пешниҳод намудани паноҳгоҳи минтақавӣ «амали осоишта ва башардӯстона мебошад ва бинобар ин наметавонад аз ҷониби ягон давлати дигар ҳамчун амалӣ ғайрилӯстона арзёбӣ гардад». Дар он принсипи асосии башардӯстона манъи бозгардонии маҷбурӣ зикр шудааст ва ба моддаҳои 13 ва 14 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар истинод оваарда мешавад, ки дар онҳо мутобиқан, ҳуқуқи тарк намудани ҳама гуна кишвар ва бозгаштан ба кишвари худ ва ҳуқуқи паноҳгоҳ ҷустан ва аз ин паноҳгоҳ истифода бурдан, пешбинӣ мегарданд.

ВОСИТАҲОИ МИНТАҚАВӢ

АФРИКА

Аз охири солҳои 50-ум сар карда афзоиши шумораи гурезаҳое, ки аз ҷангҳо ва низоъҳои дохилӣ дар Африка паноҳ меҷустанд, аз рӯи арзёбии умумӣ, боиси қабул шудани шартномаи фарогиртар ва муҳимтари минтақавӣ марбут ба гурезаҳо гардид. 10 сентябри соли 1969 Ташкилоти ягонагии Африка Конвенсияи Ташкилоти ягонагии Африкаро қабул намуд, ки он ҷанбаҳои хоси проблемаҳои гурезаҳоро дар Африка менамояд. Аҳамияти асосии ин Конвенсия аз он иборат мебошад, ки дар он ба истилоҳи «гуреза» мафхуми васеътар дода мешавад. Тавре ки давлатҳои Африка дар назар доштанд, «хавфи комилан асосноки аз таъқиб ҷабр дидан» барои он ки тамоми ҳолатҳои марбут ба гурезаҳои Африка ба эътибор гирифта шаванд, нишондиҳандаи ба таври кофӣ васеъ намебошад.

Дар банди дуюми моддаи 1 Конвенсияи Африка пешбинӣ мегардад, ки «истилоҳи «гуреза» ҳамчунин нисбати ҳама гуна шахсе, ки бинобар таҷовузи берунӣ, ғасби давлати хориҷӣ ё ҳодисаҳое, ки ба таври ҷиддӣ тартиботи ҷамъиятиро дар як қисм ё дар тамоми қаламрави кишвари асл ё шаҳрвандии ӯ халалдор месозанд, маҷбур аст макони истиқомати мукаррарии худро бо мақсади ҷустуҷӯи паноҳгоҳ дар дигар макон берун аз кишвари асл ё шаҳрвандии худ тарк намояд, истифода мегардад».

Конвенсияи Ташкилоти ягонагии Африка Конвенсияи соли 1951-ро пурра мекунад, на такрор. Ғайр аз мафҳуми васеи истилоҳи «гуреза», Конвенсияи Ташкилоти ягонагии Африка масъалаи оид ба паноҳгоҳро танзим менамояд (моддаи 11). Дар он муқаррароти муҳим оид ба ихтиёран ба ватан бозгардондан (моддаи V) ва оид ба манъи фаъолияти тахрибкоронаи гурезаҳо (моддаи III) мавҷуданд.

То феврали соли 1992 Конвенсияи Ташкилоти ягонагии Африка аз ҷониби 42 давлат тасдиқ гардида буд.

ЕВРОПА

Шӯрои Европа якчанд ҳуҷҷатҳоро оид ба масъалаҳои гурезаҳо қабул намуд. Ба ҷумлаи муҳимтарини онҳо инҳо мансубанд:

a) Созишномаи Европа оид ба манъи визаҳо барои гурезаҳо (аз соли 1959);

b) резолютсияи 14 (1967) оид ба пешниҳод намудани паноҳгоҳ ба шахсоне, ки таҳти таҳдиди таъқиб қарор доранд;

c) Созишномаи Европа оид ба таҳвили масъулият нисбати гурезаҳо (аз соли 1980);

d) тавсияҳо оид ба мувофиқасозии расмиёти миллии марбут ба пешниҳод намудани паноҳгоҳ (аз соли 1981);

e) тавсияҳо оид ба ҳифзи шахсоне, ки ба нишондиҳандаҳои Конвенсияи Женева мутобиқ буда, расман гуреза намебошанд (аз соли 1984);

f) Конвенсияи Дублин (соли 1990), ки дар он нишондиҳандаҳои мафҳумҳое, ки кадом давлати узв барои баррасии дархост оид ба пешниҳод намудани паноҳгоҳ масъул мебошад, ҳангоме ки аризадиҳанда дар бораи пешниҳод намудани паноҳгоҳ ба як ё якчанд давлати узви Иттиҳод ариза додааст, муқаррар карда мешаванд.

Дар конвенсияҳои европоӣ дар бораи супурдани шахсон ва таъминоти иҷтимоӣ ҳамчунин муқаррароти марбут ба гурезаҳо мавҷуданд. Дигар созишномаҳое, ки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Европа бастаанд, дар поён номбар карда мешаванд.

АМЕРИКАИ ЛОТИНӢ

Америкаи Лотинӣ дар бобати пешниҳод намудани паноҳгоҳ анъанаҳои дерина дорад. Шартнома оид ба ҳуқуқи байналмилалии ҷиноӣ, ки дар Монтевидео соли 1889 ба имзо расидааст, яке аз аввалин шартномаи минтақавӣ мебошад, ки дар он масъалаҳои пешниҳод намудани паноҳгоҳ баррасӣ мегарданд. Баъдан Конвенсияи Каракас оид ба паноҳгоҳи минтақавӣ (соли 1954) ва дигар созишномаҳо оид ба пешниҳод намудани паноҳгоҳ ба имзо расида буданд.

Дар солҳои 80-ум хуруҷи низоъҳои шаҳрвандӣ дар Америкаи Марказӣ боиси фирори оммавии қариб 1 миллион одамон гардида, барои кишварҳое, ки ин гурӯҳҳои калони одамон ба сӯи онҳо равона мешуданд, проблемаҳои ҷиддии иқтисодию иҷтимоӣ ба миён овард.

Соли 1984 ин кишварҳои «қабулкунанда» Эъломияи Картахен оид ба гурезаҳоро қабул намуданд, ки дар он заминаҳои ҳуқуқии муносибат бо гурезаҳои Америкаи Марказӣ, аз ҷумла принсипи манъи бозгардонии маҷбурӣ, аҳамияти ҳамгирории гурезаҳо ва саъю кӯшишҳо ҷиҳати барҳам додани сабабҳое, ки проблемаи гурезаҳоро ба миён меоранд, муқаррар карда шудаанд.

Мафҳуми истилоҳи «гуреза» дар Эъломия ба мафҳуме, ки дар Конвенсияи Ташкилоти ягонагии Африка баён шудааст, монанд буда, – таҳти он ҳамчунин «шахсони кишвари худро таркнамуда, зеро ҳаёт, амният ё озодии онҳо бинобар зӯроварии оммавӣ, таҷовузи хориҷӣ, низоъҳои дохилӣ, поймолкунии оммавии ҳуқуқи инсон ё дигар ҳолатҳое, ки ба таври ҷиддӣ тартиботи ҷамъиятиро халалдор сохтаанд, таҳти хатар қарор дорад» (банди 3 қисми III) дар назар дошта мешаванд.

Эъломияи Картахен барои давлатҳо хислати ҳатмӣ надорад. Вале он дар амал аз ҷониби як катор давлатҳои Америкаи Лотинӣ истифода мегардад ва дар баъзе ҳолатҳо муқаррароти он ба қонунгузории дохилӣ ворид карда шуда буданд.

ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН ВА ГУРЕЗАҲО

Шахсони паноҳгоҳҷӯянда ва гурезаҳо тамоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосиеро, ки дар шартномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон эълон гардидаанд, доранд. Бинобар ин масъалаи ҳифзи гурезаҳоро бояд дар доираи васеътари ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ намоем. Пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон аз тарафи давлатҳо таъсис гардидани ду ташкилот, ки мутобиқан ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва гурезаҳо машғуланд, маънии онро надорад, ки ин масъалаҳо ба ҳамдигар алоқаманд нестанд.

Фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва Раёсати Комиссари олӣ оид ба гурезаҳо аз он нуқтаи назар, ки дар назди ҳар ду ташкилот мақсади умумӣ ҳифзи шаъну эътибори инсон гузошта шудааст, ба ҳамдигар зич алоқаманд мебошад. Барномаи Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба ҳуқуқҳои шахсони алоҳида дар қаламрави давлатҳо дахл дорад. Ташкилоте, ки ба масъалаҳои гурезаҳо машғул аст, барои барқарор намудани ҳуқуқҳои ҳадди ақалли шахсон, баъди он ки онҳо кишвари асли худро тарк намдаанд, таъсис дода шуда буд. Алоқаи усулии байни ҳуқуқҳои инсон ва гурезаҳо якчанд саволҳоро ба миён мегузорад:

Пеш аз ҳама, кӣ гуреза ҳисобида мешавад ва мутобиқи ҳуқуқи байналмилалӣ ӯ чӣ ҳуқуқҳо дорад? Шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд ва мутобиқи Конвенсияи соли 1951 ва Протоколи соли 1967 ба гурӯҳи гурезаҳо дохил намешаванд, чӣ ҳуқуқҳо доранд? Чӣ тавр метавон гурезаҳоро аз муҳоҷирони иқтисодӣ фарқ кард? Оё ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад шахсонеро, ки тибқи тасдиқи онҳо аз ҷониби кишварҳои асли худ ҳимоя намегарданд, аз ҳимоя маҳрум намуд?

Ғайр аз ин, поймолкунии ҳуқуқи инсон ва гурӯҳҳои гурезаҳо ба ҳамдигар маҳз чӣ алоқамандӣ доранд? То чӣ андоза ин носозгориҳо сабабгори фирори оммавӣ гардидаанд? Чӣ тавр ҳуқуқҳои гурезаҳо дар давраи паноҳгоҳ гирифтани онҳо дар кишварҳои қабулкунанда метавонанд поймол гарданд?

Ниҳоят, байни бозгардонӣ ба ватан ва ҳуқуқҳои инсон чӣ алоқамандие вуҷуд дорад? Оё бозгардонӣ ба ватан метавонад ҳақиқатан ихтиёрӣ бошад, дар сурате ки кишвар асл наметавонад ё намехоҳад риоя гардидани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони худро кафолат диҳад?

Ҳуқуқҳои гурезаҳо

Консепсияи муосири ҳимояи байналмилалӣ тадриҷан тағйир ёфт ва ҳоло як қатор механизмҳои институтсионалӣ ва ҳуқуқиро пешбинӣ менамояд. Ҳимояи гурезаҳо ва ҷустуҷӯи вариантҳои дарозмӯҳлати ҳалли ин проблемаҳо – инанд ду вазифаи асосии Раёсати Комиссари олӣ оид ба гурезаҳо.

Аз нигоҳи амалӣ вазифаи таъмини ҳимояи байналмилалӣ аз инҳо иборат аст – роҳ надодан ба бозгардонии маҷбурӣ, расонидани кӯмак дар баррасии дархостҳои шахсони паноҳгоҳҷӯянда, пешниҳод намудани маслиҳат ва кӯмакҳои ҳуқуқӣ, мусоидат намудан дар андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини амнияти ҷисмонии гурезаҳо, мусоидат намудан ба бозгашти ихтиёрӣ ва расонидани кӯмаки дахлдор; инчунин расонидани кӯмак ба гурезаҳо ҳангоми кӯчидан (моддаи 8 Оинномаи Раёсати Комиссари олӣ оид ба гурезаҳо).

Ҳамин тариқ, вазифаи ҳимояи байналмилалӣ заминаи ҳуқуқӣ дорад ва Комиссари олӣ ӯҳдадор аст онро таъмин намояд. Ҳуқуқи истифода бурдан аз ҳимоя, гарчанде он ҳамчун ҳуқуқи алоҳида муайян нашудааст, дар Конвенсияи соли 1951 ва муқаррароти асосии он, хусусан дар принсипи манъи бозгардонии маҷбурӣ дар назар дошта мешавад.

Ғайр аз ин, ҳуқуқҳои аз ҷониби умум эътирофгардидаи инсон бевосита ба гурезаҳо дахл доранд. Ба онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳимоя аз шиканҷа ва муносибати бад, ҳуқуқ ба шаҳрвандӣ, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат, ҳуқуқи тарк намудани ҳама гуна кишвар, аз ҷумла кишвари худ ва бозгаштан ба кишвари худ, ҳуқуқи таҳти бозгардонии маҷбурӣ қарор дода нашудан марбутанд.

Ин ҳуқуқҳо дар қатори дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нисбати ҳама шахсон, чи шаҳрвандон ва чи ғайри шаҳрвандон дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки янҷоя Ҳуҷҷати байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи башарро ташкил медиҳанд, зикр шудаанд.

a) … (Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаи 9)

b) … (Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаи 14)

c) … (Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаи 15)

d) … (Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаи 13; Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, моддаи 12).

Манъи бозгардонии маҷбурӣ

На ҳама ҳуқуқҳои муҳими гурезаҳо дар Ҳуҷҷати байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар мушаххас хотирнишон карда шудаанд. Ҷузъи марказии ҳимояи байналмилалӣ ҳуқуқи таҳти бозгардонии маҷбурӣ ё бадарға қарор дода нашудан дар ҳолате, ки метавонад ҳаёт ё озодии ягон касро дар хатар гузорад, ба ҳисоб меравад. Ин принсип манъи бозгардонии маҷбурӣ мебошад, ки моддаи 33 Конвенсияи соли 1951 зикр шудааст.

Принсипи манъи бозгардонии маҷбурӣ дар моддаи 3 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди шиканҷа ва дигар муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф рушди минбаъда ёфт, ки дар он пешбинӣ мегардад, ки «ҳеҷ як Давлати узв набояд ягон шахсро ба давлати дигар бадарға намояд, баргардонад (refouler) ё супорад, агар далелҳои ҷиддие вуҷуд дошта бошанд, ки дар он ҷо истифодаи шиканҷа ба ӯ таҳдид мекунад» (банди 1). Ғайр аз ин «барои муайян намудани чунин асосҳо мақомоти салоҳиятдор тамоми ҳолатҳои ба парванда марбутбударо ба инобат мегиранд, аз ҷумла дар ҳолатҳои дахлдор, дар давлат вуҷуд доштани таҷрибаи доимии поймолкунии дағалона, тоқатнопазир ва оммавии ҳуқуқи инсонро» (банди 2).

Гуреза ё муҳоҷири иқтисодӣ?

Баъзе кишварҳо тасдиқ мекунанд, ки бештари шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, аслан гуреза набуда, балки муҳиҷири иқтисодӣ мебошанд. Дар ҳоли ҳозир танҳо тақрибан 10-20%-и шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, дар ин кишварҳо мақоми гуреза мегиранд.

Гурӯҳҳои имрӯзаи гурезаҳо аз гурӯҳҳои гурезаҳои давраи баъди ба охир расидани ҷанги дуюми ҷаҳон фарқ мекунанд. Сабабҳои кӯчидан аксаран мураккаб буда, танҳо натиҷаи таъқибҳои бевосита намебошанд. Одамон кишварҳои худро бинобар низоъҳои мусаллаҳона, поймолкунии оммавии ҳуқуқҳои инсон, таҷовузё ғасби хориҷӣ, қашшоқӣ, гуруснагӣ, бемориҳо ва фалокатҳои экологӣ тарк мекунанд. Бисёриҳо, агар муқаррароти Созмони Милали Муттаҳидро ба эътибор гирем, ба гурӯҳи гурезаҳо дохил намегарданд.

Барои он ки шахс ба ин гурӯҳ дохил шавад, ӯ бояд гурезаи «сиёсӣ» бошад. Дар Конвенсияи соли 1951 оид ба мақоми гуреза дар бораи «хавфи ҷабр дидан аз таъқиб» сухан меравад, вале дар он ин истилоҳ дақиқ шарҳ дода нашудааст. Дар моддаи 33 Конвенсия дар бораи таҳдид ба ҳаёт ё озодии шахсон «бинобар нажод, дин, шаҳрвандии онҳо, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё ақидаҳои сиёсӣ» сухан меравад. Ин мафҳум дар бо дарназардошти вазъияти солҳои баъдиҷангӣ ифода карда шудааст ва бисёр ҳолатҳоеро, ки имрӯз гурезаҳо ба онҳо рӯ ба рӯ мегарданд, ба инобат намегирад.

Дар натиҷа баъзе кишварҳо, хусусан дар Африка ва Америкаи Лотинӣ, мафҳуми истилоҳи «гуреза»-ро васеътар намуданд. Вале дар бисёр дигар кишварҳо аризаҳо оид ба пешниҳод намудани паноҳгоҳ дар асоси шарҳи қатъии мафҳуми соли 1951 рад карда мешаванд.

Аз нуқтаи назари ҳуқуқи инсон чунин ҳолат боиси ташвиши зиёд аст. На ҳамеша аниқ муайян намудани фарқияти байни гуреза ва муҳоҷири иқтисодӣ имконпазир мегардад. Метавон тасдиқ кард, ки агар сухан дар бораи таҳдид ба ҳаёт ва озодӣ равад, он гоҳ вазъияти шахсе, ки бинобар гуруснагӣ ба ӯ марг таҳдид мекунад, чандон аз вазъияти шахси дигаре, ки ба ӯ бинобар ақидаҳои сиёсиаш қатл таҳдид мекунад, фарқ намекунад.

Ҳатто бе дарназардошти ин ақида мусаллам аст, ки сарфи назар аз он ки шахс гуреза аст ё муҳоҷири иқтисодӣ, шаҳрванд ё ғайри шаҳрванд аст, оё ӯ кишвари худро бинобар оқибатҳои низоъҳои мусаллаҳона, таҳдид ба ҳаёти ӯ ё қашшоқии тоқатфарсо тарк мекунад, ин шахс аз ҳуқуқҳои ҳадди ақалли зарурии инсон бархӯрдор мебошад ва ба риоя гардидани меъёрҳои ҳадди ақалли зарурии муносибат ба онҳо ҳуқуқ дорад.

ПОЙМОЛКУНИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА ГУРЕЗАҲО

Поймолкунии ҳуқуқи инсон ҳамчун сабаби фирори оммавӣ

Аз соли 1980 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ва Комиссияи оид ба ҳуқуқи инсон таваҷҷӯҳи худро ба роҳҳои пешгирӣ намудани фирори оммавӣ равона намуданд. Комиссия ҳар сол масъалаи оид ба ҳуқуқи инсон ва фирори оммавиро ба рӯзномаи худ ворид менамуд ва дар як қатор резолютсияҳо он робитаи байни поймолкунии ҳуқуқи инсон ва гурӯҳҳои гурезаҳо таъкид намуд. Дар солҳои охир Комиссия ҳамчунин шароити вазнини шахсони дар дохили кишвар кӯчонидашударо баррасӣ намуд.

Ин ду мақом дар резолютсияҳои мухталифи худ ба Котиби генералӣ бо дархости таҳия намудани маърӯзаҳо оид ба «ҳамкории байналмилалӣ бо мақсади пешгирӣ намудани гурӯҳҳои нави гурезаҳо» муроҷиат намуданд, Маърӯзакунандаи махсусро доир ба омӯхтани масъалаҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва фирори оммавӣ таъин намуданд ва Гурӯҳи иборат аз 17 коршиноси ҳукуматиро оид ба ҳамкории байналмилалӣ бо мақсади пешгирии гурӯҳҳои нави гурезаҳо таъсис доданд.

Маърӯзакунандаи махсус тадқиқоти худро2 дар иҷлосияи сиюми Комиссияи оид ба ҳуқуқи инсон соли 1982 ба Комиссия пешниход намуд.

Мутобиқи маърӯза, фирори оммавӣ на танҳо боиси маҳрумият ва қашшоқии инсон мегардад, балки ҳамчунин бори гароне бар дӯши ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бинобар хислати тағйирёфтаистодаи проблемаҳои гурезаҳо се варианти анъанавии ҳалли онҳо, ки аз бозгардии ихтиёрӣ ба ватан, ҷойгиронӣ дар маҳалҳо ва кӯчонидан ба кишварҳои сеюм иборат мебошад, аҳамияти худро нигоҳ медоранд, вале ба онҳо ҳамроҳ намудани дигар усулҳо низ зарур аст.

Маърӯзакунандаи махсус хислати гуногунӣ ва маҷмӯии омилҳоеро зикр намуд, ки дар натиҷаи фирори оммавӣ ба миён меоянд. Он поймол гардидани ҳуқуқи инсонро яке аз сабабҳои фирори оммавӣ номид:

«Комилан возеҳ аст, ки агар роҳҳои таъсиррасонӣ ба рад гардидани ҳуқуқҳои инсон ё поймолкунии рӯирости ин ҳуқуқҳо пайдо карда шаванд, агар тақсимоти одилонатари захираҳои ҷаҳонӣ, тоқатпазирӣ ва таҳаммули бештар, ба ҳар кас, сарфи назар аз нажод, дин, узвият дар ягон гурӯҳи иҷтимоӣ ё ҳизби сиёсӣ, ҳуқуқи ҷузъи ҷомеа будан ё муташаккилона ба ин ҷомеа ворид шудан дар ҷустуҷӯи кор, шароити қаноатбахши зиндагӣ ва озодӣ аз душманӣ, сулҳ таъмин нагардад, проблемаи фирори оммавӣ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ хоҳад монд. Агар ба ин проблема таваҷҷӯҳ зоҳир накунем, он ба сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон бештар таҳдид хоҳад кард»3.

Дар маърӯзаи хотимавии Гурӯҳи коршиносони ҳукуматӣ4 хислати мураккаб ва аксаран ба ҳам алоқаманди сабабҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва табиии фирори оммавӣ ҳамчун таъкид карда мешавад. Дар тавсияҳои худ Гурӯҳ ба Ассамблеяи Генералӣ пешниҳод намуд, ки давлатҳои аъзоро ба он даъват намояд, ки гурӯҳҳои нави оммавии гурезаҳоро пешгирӣ намуда, риояи принсипҳои дар Оиннома зикргардида, аз ҷумла аз таҳдиди истифодаи қувва ё аз истифодаи он худдорӣ намоянд, воситаҳои осоиштаро барои танзими баҳсҳо истифода баранд, ба риояи ҳуқуқҳои инсон мусоидат намоянд ва ба пайдо шудани шароите, ки метавонанд боиси ба миён омадани гурӯҳҳои гурезаҳо гарданд роҳ надиҳанд, бо якдигар бо мақсади пешгирии пайдошавии гурӯҳҳои минбаъдаи гурезаҳо ҳамкорӣ намоянд ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии танзими муносибат бо гурезаҳоро риоя кунанд.

Тибқи тавсияи дар маърӯзаи Маърӯзакунандаи махсус мавҷудбуда, Котиби генералӣ Раёсати оид ба тадқиқот ва ҷамъоварии иттилоотро таъсис дод, ки он аз соли 1987 то соли 1991 фаъолият дошт. Ин Раёсат фаъолияти оид ба пешгирии барвақтиро бо мақсади роҳ надодан ба пайдошавии гурӯҳҳои нав ва оммавии гурезаҳо, оид ба назорати омилҳои ба пайдошавии гурӯҳҳои имконпазири гурезаҳо ва шахсони кӯчонидашуда ва ҳолатҳои шабеҳ вобастабуда, инчунин оид ба таҳияи нақшаҳои тадбирҳои имконпазири таъсиррасонии дахлдор танзим менамуд. Ин вазифаҳоро ҳоло Департаменти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои сиёсӣ анҷом медиҳад.

Чунин фаъолият қисми муҳими бархӯрдҳои нав фарогир ҷиҳати пешгирӣ намудани пайдошавии гурӯҳҳои оммавии гурезаҳо мебошад, ки он мавриди баррасии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Дар доираи ин бархӯрдҳо таъсир расонидан ба омилҳое, ки асоси проблемаҳои бамиёнояндаро ташкил медиҳанд, зарур аст. Дар ҳоли ҳозир ба вазъи сиёсию иқтисодии кишварҳои асли гурезаҳо, аз ҷумла ба низоъҳои дохилию берунӣ, ба поймол шудани ҳуқуқи инсон ва сатҳи рушд ва вазъи иқтисод таваҷҷӯҳи бештару бештар зоҳир карда мешавад. Ҳамаи масъалаҳо ба ҳамдигар алоқаманданд. Давлатҳо борҳо таъкид кардаанд, ки ҳуқуқҳои инсон ба ҳамдигар алоқаманданд ва танҳо аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ иборат набуда, балки ҳамчунин ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар бар мегиранд. Риояи ҳамаи ин ҳуқуқҳо шарти зарурии таъмини рушди инсон ва нигоҳдории шаъну эътибори инсон мебошад.

Ғайр аз фаъолият оид ба пешгирии фирори оммавӣ Комиссияи оид ба ҳуқуқи инсон солҳои охир ҳамчунин шароити вазнини шахсони дар дохили кишвар кӯчонидашударо баррасӣ намудааст. Соли 1992 намояндаи Котиби генералӣ таъин гардид, аз ҷумла барои ҷамъоварии иттилоот оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, вобаста ба шахсони дар дохили кишвар кӯчонидашуда ва омӯзиши ҳуқуқи мавҷудаи байналмилалӣ ва меъёрҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон, масъалаҳои гуманитарӣ ва гурезаҳо, инчунин нисбати шахсони дар дохили кишвар кӯчонидашуда қобили истифода будани онҳо. Маърӯзаи намоянда соли оянда ба иҷлосияи нуҳуми Комиссия пешниҳод гардида буд5.

Дар маърӯза тавсия карда мешуд, ки дар доираи системаи байналмилалӣ механизми ҳамаро фарогиранда таъсис дода шавад, ки ба проблемаҳои шахсони кӯчонидашаванда, бо дарназардошти он ки ҷанбаҳои ин проблема ба ҳуқуқи инсон дахл доранд, бо ҷанбаҳои гуманитарӣ, сиёсӣ ва иқтисодии он зич алоқаманд мебошанд, машғул шавад. Яке аз функсияҳои муҳими ин механизм муоинаи ҳолатҳо бо мақсади дар марҳилаи ибтидоӣ ошкор намудани нишонаҳои кӯчонидани аҳолӣ бошад. Таъсиси чунин системаи пешгирии барвақтӣ дар доираи фаъолияти мувофиқашудае, ки ба сабукгардонии мушкилоти аҳолии кӯчонидашаванда ва пешгирии кӯчиданҳои минбаъда равона гардидааст, метавонад иқдоми нахустин бошад.

Поймолкунии ҳуқуқи гурезаҳо

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳоло эътироф намудааст, ки поймолкунии ҳуқуқи инсон яке аз сабабҳои асосии фирори оммавӣ мебошад. Ҷиҳати пешгирии зуҳуроте, ки ин проблемаро ба миён меоранд, саъю кӯшиш карда мешавад, вале ба мушкилоте, ки шахсони паноҳгоҳҷӯянда баъди кишвари асли худро тарк намудан бо онҳо рӯ ба рӯ мегарданд, таваҷҷӯҳи бештару бештар зоҳир карда мешавад. Се масъала боиси ташвиш аст. Аввалан, тамоюли ташвишовари роҳ надодани шахсони паноҳгоҳҷӯянда ба қаламрави худ. Дуюм, поймолкунии ҳуқуқҳои оддитарини шахсони паноҳгоҳҷӯянда дар давраи баррасии дархостҳои онҳо оид ба пешниҳод намудани паноҳгоҳ, инчунин баъди мақоми гуреза гирифтани онҳо. Бетаҳаммулӣ, надожпарастӣ, ксенофобия, бадқасдӣ, зиддиятҳо ва низоъҳои байнимиллӣ ва байниқавмӣ дар бисёр ноҳияҳо авҷ мегиранд ва бисёр гурӯҳҳои аҳолӣ, хусусан шахсони паноҳгоҳҷӯянда ва гурезаҳоро фаро мегиранд. Сеюм, поймолкуниҳои идомаёфтаистодаи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои асл ва зарурати қатъ намудани чунин қонуншиканиҳо, пеш аз он ки гурезаҳо тавонанд ихтиёран баргарданд.

Тадбирҳои маҳдудкунанда

Тамоюлҳои роҳ надодани шахсони паноҳгоҳҷӯянда ба қаламрави худ авҷ мегиранд. Баъзе ҳукуматҳо дар ҳолатҳои воридшавии шахсони паноҳгоҳҷӯянда, муҳоҷирони иқтисодӣ ва хориҷиёни ғайриқонунӣ воридшаванда тадбирҳои маҳдудкунанда ҷорӣ намудаанд, ки барои ба қаламрави онҳо ворид шудан монеъ мегарданд. Ин проблемаҳо аз муқараркунии шароити мураккаб ё вазнини визагирии шаҳрвандони баъзе кишварҳо ва аз ҷаримабандӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоие, ки хориҷиёни беҳуҷҷатро интиқол медиҳанд, иборат мебошанд.

Муносибати бад ба шахсони паноҳгоҳҷӯянда

Дар баъзе ҳолатҳо меъёрҳои оддитарини зарурии муносибат ба шахсони паноҳгоҳҷӯянда риоя карда намешаванд. Расмиёти номувофиқи муайян намудани он, ки кадом шахс гуреза мебошад ва рад намудани воридшавӣ ба кишвар дар фурӯдгоҳҳо ва дар сарҳадҳо барои баъзе шахсони паноҳгоҳҷӯянда проблемаҳои зиёдро ба миён меорад. Баъзан ин амалҳо шакли ғариинсониро мегиранд, ба монанди маҷбуран баргардонидани шахсони паноҳгоҳҷӯянда ба кишвари асл, ки дар он ҷо ҳаёт, озодӣ ва амнияти онҳо метавонанд таҳти таҳдид қарор гиранд. Ба дараҷае мерасад, ки киштиҳоеро, ки дар онҳо шахсони паноҳгоҳҷӯянда саворанд ва мехоҳанд дар минтақаҳои алоҳида паноҳгоҳҷӯяндагонро ба соҳил фароранд, маҷбур мекунанд, ки ба баҳр баргарданд, дар натиҷа ин шахсон аз гуруснагӣ ҳалок мешаванд ё тӯъмаи роҳзанҳои баҳрӣ ва наҳангҳо мегарданд.

Мисолҳои дигари муносибати бад зӯроварии ҷисмонӣ, муддати тӯлонӣ ва бе асоси қонунӣ таҳти ҳабс қарор додани шахсони паноҳгоҳҷӯянда, инчунин расмиёти дурушти пурсиш мебошанд. Ҳукумат метавонад ҳамчунин ҳимояи зарурии гурезаҳо ва шахсони паноҳгоҳҷӯяндаро таъмин накунад ва дар натиҷа онҳо таҳти таҳдиди ҷабр дидан аз зӯроварии ҷисмонӣ дар заминаи нажодпарастӣ ва ксенофобия қарор мегиранд.

Аз ҳуқуқ маҳрум намудани шахсони паноҳгоҳҷӯянда

Проблемаҳои шахсони паноҳгоҳҷӯянда ба анҷом намерасанд, вақте ки онҳо, ниҳоят, аз сарҳад убур мекунанд ва аз марҳалаи якуми баррасии дархостҳояшон оид ба пешниҳод намудани паноҳгоҳ, тавре ки дар боло зикр гардида буд, аксар вақт бо боздошт ва/ё пурсиш вобастааст, мегузаранд. Дар давраи баррасии дархостҳои онҳо оид ба пешниҳод намудани паноҳгоҳ ва ҳатто баъди гирифтани мақоми гуреза онҳо метавонанд бо маҳдудиятҳо ва монеаҳои сершуморе рӯ ба рӯ гарданд.

Дар баъзе ҳолатҳо гурезаҳо маҷбуранд дар лагерҳо зиндагӣ кунанд ва аз имконияти роҳёбӣ ба судҳо ва кӯмаки ҳуқуқӣ маҳруманд. Ғайр аз ин, гурезаҳо метавонанд дар ҳолате қарор гиранд, ки кор ёфта натавонанд, кори худро дошта бошанд ё замин бихаранд. Аслан дар бисёр ҳолатҳо, ҳангоме ки гурезаҳо маҷбуран баргардонида намешаванд, онҳо метавонанд бинобар шароити зиндагии таҳқиркунандаи шаъну эътибор дар кишварҳои қабулкунанда зарурати рафтанро эҳсос кунанд.

Поймолкунии ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва амният

Дар баъзе минтақаҳо ба гурезаҳо доимо ҳуҷум мекунанд ва онҳо таҳти суиистифода қарор дода мешаванд. Бисёриҳо ҳангоми ҳуҷумҳои ҳарбӣ ё мусаллаҳона ба лагерҳо ва бошишгоҳҳои гурезаҳо ҳалок мегарданд. Мардҳои ҷавонро аксаран ба дастаҳои мусаллаҳ ё ошубгарон даъват мекунанд ва маҷбур месозанд, ки дар ҷангҳои шаҳрвандӣ иштирок намоянд.

Ҳуҷумҳо ба лагерҳои гурезаҳо аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар резолютсияҳои сершумор маҳкум карда шуда буданд. Комиссия оид ба ҳуқуқи инсон низ бинобар ҳолатҳои мушаххас изҳори ташвиш намуда буд, масалан, ҳуҷум ба гурезаҳои фаластинӣ дар лагерҳои Лубнон ва ҳуҷумҳо ба гурезаҳо дар сарҳади Таиланду Камбоҷа. Хусусан гурӯҳҳои осебпазири гурезаҳо занону кӯдакон мебошанд. Дар Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯмак (аз соли 1989) махсусан пешниҳод намудани «ҳимояи зарурӣ ва кӯмаки башардӯстона» (моддаи 22) ба кӯдакони гуреза пешбинӣ гардидааст. Қисми зиёди гурезаҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар кишварҳои паноҳгоҳ онҳо аксаран аз зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқири шаҳвонӣ ҷабр мебинанд.

Гурезаҳо ва зуҳуроти дағалонатарини ксенофобия ё нажодпарастӣ

Солҳои охир афзоиши зиёди ҳолатҳои ҳуҷум ба гурезаҳо ва шахсони паноҳгоҳҷӯянда бо истифодаи зӯроварӣ ба мушоҳида мерасад. Имрӯз гурезаҳо дар баъзе кишварҳое, ки дар он ҷо ин зуҳурот васеъ паҳн гардидаанд, дар шароити тарсу ваҳми доимӣ аз имкони ҷабр дидан аз зӯроварии ҷисмонӣ ҳаёт ба сар мебаранд ва аз ҳаёт ва амнияти худ хавф доранд.

Гуреазҳо, ҳамчун гурӯҳи осебпазири хориҷиён, аксаран объекти асосии зуҳуроти бадбинии нажодпарастӣ мегарданд. Дар ҷараёни мубоҳисаҳои сиёсӣ дар баъзе кишварҳо аксаран тамоми масъалаҳои марбут ба хориҷиён омехта мегарданд. Шахсони паноҳгоҳҷӯянда, гурезаҳо, муҳоҷирони иқтисодӣ, муҳоҷирон ва коргарони мавсимӣ аксаран ба гурӯҳи умумии хориҷиён муттаҳид карда мешаванд.

Оқибатҳо хислати сегона доранд. Аввалан, принсипҳои ҳимояи гурезаҳо ва манъи бозгардонии маҷбурии онҳо чандин маротиба вайрон карда мешаванд. Дуюм, шумораи ҳодисаҳои амалҳои маҷбурӣ зидди гурезаҳо меафзояд. Сеюм, проблемаи гурезаҳоро аз нигоҳи сиёсӣ, на аз нигоҳи гуманитарӣ баррасӣ мекунанд ва дар натиҷа фарқияти байни сиёсати муҳоҷират ва сиёсат дар соҳаи гурезаҳо аз байн бардошта шуд.

Поймолкунии ҳуқуқи инсон ва бозгардонии ихтиёрӣ

Ниҳоят, проблемаҳои ҳуқуқи инсон ва гурезаҳоро масъалаи ҷустуҷӯи қарорҳои дарозмуддат низ муттаҳид менамояд. Дар банди С моддаи 1 Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо таъкид мегардад, ки мақоми гурезаҳо доимӣ намебошад ва шартҳое номбар карда мешаванд, ки дар сурати вуҷуд доштани онҳо муқаррароти Конвенсия минбаъд ба шахсони дахлдор паҳн карда намешаванд.

Рондан на ҳалли дарозмуддат ва на ҳақиқатан башардӯстонаи проблемаҳои гурезаҳо ба ҳисоб намеравад. Рондан шакли ҷудоии ноилоҷӣ аз ватан буда, танҳо ҳалли муваққатӣ мебошад. Вале бозгардонӣ ба ватан метавонад мувофиқи мақсад бошад ва танҳо он вақт хислати башардӯстона дорад, ки агар он ихтиёрӣ бошад ва риояи ҳуқуқи инсон, ки гурезаҳо ин ҳуқуқро доранд, таъмин гардад.

То он даме, ки дар кишварҳои асл поймолкунии ҳуқуқи инсон идома меёбад, аз эҳтимол дур аст, ки ягон гуреза ихтиёран ба ватан баргардад. Ҳамин тариқ, шартҳои зарурии ихтиёран бозгаштани гурезаҳо барқарор намудани эҳтиром ва ташвиқи ҳама ҳуқуқҳои инсон ва қатъи низои мусаллаҳона дар кишварҳои асл мебошанд.

ХУЛОСАҲО

Проблемаи гурезаҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташвиши бузург ҳануз ҳам боқӣ мемонад. Давлатҳое, ки гурезаҳоро қабул мекунанд, бояд минбаъд низ ӯҳдадориҳои худро оид ба таъмини ҳимояи онҳо иҷро намоянд ва баҳри фароҳам овардани муҳити таҳаммул нисбати намояндагони дигар халқҳо мусоидат кунанд, давлатҳои асли гурезаҳо ӯҳдадоранд амалҳоеро, ки боиси фирори оммавии аҳолии онҳо мегарданд, пешгирӣ намоянд.

Дар айни ҳол ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд роҳҳои беҳтари пешгирии пайдошавии гурӯҳҳои нави гурезаҳоро муайян намояд. Бояд омӯзиши сабабҳои амиқи ин зуҳурот ва фаъолиятро ҷиҳати беҳтар намудани вазъ идома дод. Агар сабаби асосии пайдошавии гурӯҳҳои гурезаҳо қашшоқӣ бошад, яке аз роҳҳои ҳал расонидани кӯмак бо мақсади рушд ё кӯмаки техникӣ метавонад буд. Агар сабаби асосии фирори оммавӣ поймол гардидани ҳуқуқи инсон бошад, назорати доимӣ ба ҷараёни инкишофи ҳодисаҳо аз ҷониби мақомоти системаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, маҳкум намудани поймолкунии ҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъин намудани маърӯзакунандагони махсус барои омӯзиши ҳолатҳои мушаххас ва таҳияи тавсияҳо ҳалли проблема метавонад буд. Агар сабаби пайдоиши гурӯҳҳои гурезаҳо низоъҳо бо истифодаи зӯрӣ бошад, он гоҳ ҳалли проблемаро метавон дар соҳаи дипломатияи превентивӣ, дар мусоидат ба миёнаравӣ, ҳамчун воситаи танзими низоъҳо, инчунин дар риояи муқаррароти ҳуқуқи гуманитарӣ пайдо намуд.

Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша бояд дар ҳолатҳои фавқулодда ба амалҳо омода бошад. Бинобар ин системаи пешгирии баривақтӣ, ки Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид таъсис додааст, аҳамияти бузург метавонад дошт. Он метавонад дар ошкор намудани ҳолатҳое, ки боиси пайдоиши гурӯҳҳои бузурги гурезаҳо шуда метавонанд, нақши муҳимро бозад. Беҳтарин усули таъсирбахш дар ҳолатҳои фавқулодда ҳамеша бархӯрди ҳамоҳангшуда ва умумисистемавӣ мебошад.

Боз як ташвиши нав проблемаи шахсони дар дохили кишвар кӯчонидашуда мебошад, ки онҳо наметавонанд аз сарҳад гузашта, ба қаламраве расанд, ки дар он ҷо аз ҳимоя ва кӯмаки ба онҳо хеле зарур бархӯрдор бошанд. Тибқи маълумотҳо, шумораи шахсони дар дохили кишварҳо кӯчонидашуда дар ҷаҳон зиёда аз 24 миллионро ташкил медиҳад. Бештари онҳо дар вазъияти душвор қарор доранд, зеро онҳо аксаран маҷбуранд дар минтақаҳои амалиёти ҷангӣ бимонанд, аз камғизоӣ азият мекашанд ва имконият надоранд аз оби нӯшокӣ ё хизматрасонии тиббӣ истифода баранд. Проблемаи шахсони дар дохили кишвар кӯчонидашуда, шояд, дар солҳои минбаъда барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ташвиши бузургтарин гардад.

ЗАМИМАИ I

КОНВЕНСИЯИ СОЛИ 1951 ДАР БОРАИ МАҚОМИ ГУРЕЗАҲО

28 июли соли 1951 аз ҷониби Конференсияи намояндагони ваколатдор оид ба масъалаи мақоми гурезаҳо ва апатридҳо (шахсони бедавлат), ки мутобиқи резолютсияи 429 (V) Ассамблеяи Генералӣ аз 14 декабри соли 1950 даъват шудааст, қабул гардидааст.

Таърихи эътибор пайдо кардан: 22 апрели соли 1954 мутобиқи моддаи 43

МУҚАДДИМА

Тарафҳои Олимақоми Аҳдкунанда,

бо дарназардошти он ки Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки Ассамблеяи Генералӣ 10 декабри соли 1948 принсипе муқаррар намуданд, ки мутобиқи он ҳама одамон бояд аз ҳуқуқу озодиҳои асосӣ бидуни ягон хел табъиз дар ин маврид истифода баранд,

бо дарназардошти он ки Созмони Милали Муттаҳид чандин маротиба ба тақдири гурезаҳо таваҷҷӯҳи амиқ зоҳир кардааст ва ба он саъю кӯшиш намудааст, ки ба гурезаҳо истифодаи васеътари ҳуқуқу озодиҳои зикргардидаро таъмин намояд,

бо дарназардошти он ки созишномаҳои байналмилалии пештар баимзорасидаи оид ба мақоми гурезаҳоро таҷдиди назар ва муттаҳид намудан ва васеъ намудани соҳаи истифодаи ин шартномаҳо ва ҳимояи ба гурезаҳо пешниҳодшаванда бо роҳи бастани созишномаи нав мувофиқи мақсад мебуд,

бо дарназардошти он ки пешниҳод намудани ҳуқуқи паноҳгоҳ метавонад ба зиммаи баъзе кишварҳо бори гаронро бор кунад ва ҳалли қаноатбахши проблемае, ки доираи байналмилалӣ ва хислати онро Созмони Милали Муттаҳид эътироф намудааст, наметавонад бинобар ин бидуни ҳамкории байналмилалӣ имконпазир гардад,

бо изҳори хоҳиши он ки тамоми давлатҳо хислати иҷтимоӣ ва гуманитарии проблемаи гурезаҳоро эътироф намуда, тамоми тадбирҳоро ҷиҳати пешгирии ихтилофот байни давлатҳо бинобар ин проблема андешанд,

бо таъкид аз он ки ба Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо назорати иҷрои конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи гурезаҳо супурда шудааст ва бо эътирофи он ки самаранокии ҳамоҳангсозии тадбирҳои барои ҳалли ин проблема андешидашаванда ба ҳамкории давлатҳо бо Комиссари олӣ вабаста аст,

созишномаи зеринро ба имзо расонданд:

БОБИ I

МУКАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1 Шарҳи мафҳуми «гуреза»

А. Дар ин Конвенсияи таҳти истилоҳи «гуреза» шахсе дар назар дошта мешавад, ки:

1) бинобар созишномаҳо аз 12 майи соли 1926 ва 30 июни соли 1928 ё бинобар Конвенсияҳо аз 28 октябри соли 1933 ва аз 10 феврали соли 1938, Протокол аз 14 сентябри соли 1939 ё бинобар оинномаи Ташкилоти байналмилалӣ оид ба гурезаҳо ҳамчун гуреза баррасӣ мегардид;

қарорҳо оид ба рад кардани ҳуқуқи гуреза донистан, ки Ташкилоти байналмилалӣ оид ба гурезаҳо дар давраи фаъолияти худ қабул намудааст, барои он ки мақоми гуреза ба шахсоне дода шавад, ки шартҳои дар банди 2 ин фасл муқарраргардидаро қонеъ мекунанд, монеъ намегарданд;

2) дар натиҷаи ҳодисаҳои то 1 январи соли 1951 рӯйдода ва бинобар хавфи комилан асосноки ҷабр дидан аз таъқиб аз рӯи нишонаи нажод, дину мазҳаб, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё ақидаи сиёсӣ берун аз кишвари мансубияти шаҳрвандии худ қарор дорад ва наметавонад аз ҳимояи ин кишвар истифода барад ё намехоҳад бинобар чунин хавф аз чунин ҳимоя истифода намояд; ё шаҳрвандии муайян надошта ва дар натиҷаи чунин ҳодисаҳо берун аз кишвари макони пештараи истиқомати муқаррарии худ қарор дошта, наметавонад ё намехоҳад бинобар чунин хавф ба он баргардад.

Дар ҳолатҳое, ки ягон шахс шаҳрванди якчанд кишвар мебошад, таҳти мафхуми «кишвари асли шаҳрвандии ӯ» ҳар кишваре, ки ӯ шаҳрванди он мебошад, дар назар дошта мешавад ва чунин шахс аз ҳимояи кишвари асли худ маҳрумгардида ҳисобида намешавад, агар бе ягон сабаби воқеии аз хавфи комилан асоснок бароянда, ӯ ба яке аз кишварҳое, ки шаҳрванди он мебошад, барои ҳимоя муроҷиат накунад.

В. 1) Дар ин Конвенсия калимаҳои дар моддаи 1, фасли А овардашудаи «ҳодисаҳои то 1 январи соли 1951 рӯйдода» мафҳуми ё: а) «ҳодисаҳои то 1 январи соли 1951 дар Европа рӯйдода»; ё b) «ҳодисаҳои то 1 январи соли 1951 дар Европа ё дар дигар ҷойҳо рӯдода»-ро ифода мекунанд; ва ҳар Давлати аҳдкунанда дар лаҳзаи имзо, тасдиқ ё ҳамроҳшавӣ аниқ нишон медиҳад, ки кадом мафҳуми зикргардидаро нисбати ӯҳдадориҳое, ки дар асоси ин Конвенсия ба зиммаи худ гирифтааст, қабул мекунад.

2) Ҳар Давлати аҳдкунандае, ки мафҳуми алтернативиро қабул намудааст а) метавонад ҳар вақт доираи ӯҳдадориҳои ба зиммаи худ гирифтаашро тавассути қабули мафҳуми алтернативӣ b) бо роҳи огоҳ намудани Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид васеъ намояд.

С. Муқаррароти ин модда дигар ба шахсе, ки таҳти мафҳуми фасли А қарор мегирад, паҳн намегарданд, дар сурати :

1) ихтиёран аз нав истифода намудани ҳимояи кишвари асли шаҳрвандии худ; ё

2) аз шаҳрвандии худ маҳрум гардида, аз нав онро ихтиёран гирифта бошад; ё

3) шаҳрвандии нав гирифта бошад ва аз ҳимояи кишвари нави асли шаҳрвандии худ истифода менамояд; ё

4) ихтиёран аз нав дар кишваре, ки ӯ онро тарк намуда буд ё бинобар хавфи тақиб берун аз қаламрави он қарор дошт, маскан гирифта бошад; ё

5) дигар наметавонад истифода аз ҳимояи кишвари асли шаҳрвандии худро рад намояд, зеро ҳолатҳое, ки дар асоси онҳо ӯ гуреза дониста шуда буд, дигар вуҷуд надоранд;

муқаррароти ин банд нисбати гурезаҳое, ки таҳти мафҳуми банди 1 фасли А ин модда қарор мегиранд, истифода намегарданд, агар онҳо тавонанд барои рад намудани истифода аз ҳимояи кишвари асли шаҳрвандии худ далелҳои кофие оранд, ки аз таъқибҳои пештара бармеоянд;

б) шахсе мебошад, ки шаҳрвандии муайн надошта, метавонад ба кишвари истиқомати муқаррарии пештари худ баргардад, зеро ҳолатҳое, ки дар асоси онҳо ӯ гуреза дониста шуда буд, дигар вуҷуд надоранд;

муқаррароти ин банд нисбати гурезаҳое, ки таҳти мафҳуми банди 1 фасли А ин модда қарор мегиранд, истифода намегарданд, агар онҳо тавонанд барои рад намудани баргаштан ба кишвари истиқомати муқаррарии пештари худ далелҳои кофие оранд, ки аз таъқибҳои пештара бармеоянд;

D. Муқаррароти ин Конвенсия ба шахсоне, ки дар айни замон аз ҳимоя ё кӯмаки дигар мақомот ё муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, ғайр аз Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо истифода мебаранд, паҳн намегарданд.

Дар ҳолатҳое, ки чунин ҳимоя ё кӯмак бо ягон сабаб, кабл аз он ки вазъи ин шахсон мутобиқи резолютсияҳои дахлдори қабулнамудаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид комилан танзим гардида буд, қатъ гардида буданд, ин шахсон худ аз худ аз ҳуқуқҳои аз ин Конвенсия бароянда бархӯрдор мегарданд.

E. Муқаррароти ин Конвенсия ба шахсоне, ки ҳокимиятҳои салоҳиятдори кишваре, ки онҳо дар он ҷо истиқомат мекунанд, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро вобаста ба шаҳрвандии ин кишвар эътироф мекунанд, паҳн карда намешаванд.

F. Муқаррароти ин Конвенсия ба тамоми он шахсоне паҳн карда намешаванд, ки нисбати онҳо далелҳои ҷиддие вуҷуд доранд, тахмин карда шавад, ки онҳо:

a) ба муқобили ҷаҳон ҷиноят содир намудаанд, ҷинояти ҳарбӣ ё ҷинояти зидди инсоният содир намудаанд, дар мафҳуме, ки дар санадҳои байналмилалӣ ба ин кирдорҳо дода шуда, бо мақсади андешидани тадбирҳо нисбати чунин ҷиноятҳо тартиб дода шудаанд;

b) берун аз кишваре, ки ба онҳо паноҳгоҳ додааст ва қабл аз он ки онҳо ҳамчун гуреза ба ин кишвар роҳ дода шуда буданд, ҷинояти вазнини ғайрисиёсӣ содир намудаанд;

c) дар содир намудани амалҳое, ки хилофи мақсад ва принсипҳои Созмони Милали Муттаҳид мебошанд, гунаҳгоранд.

Моддаи 2 – Ӯҳдадориҳои умумӣ

Ҳар як гуреза нисбати кишваре, ки ӯ дар он қарор дорад, ӯҳдадориҳо дорад, ки бинобар онҳо, аз ҷумла ӯ бояд ба қонуну амрҳо, инчунин тадбирҳое, ки барои нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ андешида мешаванд, итоат кунад.

Моддаи 3 – Норавоии табъиз

Давлатҳои аҳдкунанда муқаррароти ин Конвенсияро нисбати гурезаҳо бидуни ягон табъиз бо нишонаи нажоди онҳо, дин ё кишвари асли онҳо истифода хоҳанд кард.

Моддаи 4 – Ақидаҳои динӣ

Давлатҳои аҳдкунанда ба гурезаҳое, ки дар қаламрави онҳо қарор доранд, нисбати озодии пайравӣ намудан аз дини худ ва озодии ба фарзандони худ додани тарбияи динӣ, ҳадди ақал чунин шароити мусоиде фароҳам меоваранд, ки барои шаҳрвандони худ муҳайё намудаанд.

Моддаи 5 – Ҳуқуқҳое, ки сарфи назар аз ин
Ковенсия дода шудаанд

Ҳеч чиз дар ин Конвенсия ягон ҳуқуқ ва имтиёзҳоеро, ки ба гурезаҳо ягон Давлати аҳдкунанда сарфи назар аз ин Конвенсия додааст, халалдор намесозад.

Моддаи 6 – Ибораи «дар ҳамин ҳолатҳо»

Дар ин Ковенсия ибораи «дар ҳамин ҳолатҳо» маънии онро дорад, ки гуреза бояд ҳама гуна талаботеро (аз ҷумла талаботи марбут ба мӯҳлат ва шартҳои қарор доштан ё истиқомат кардан дар кишвар), ки ин шахси алоҳида дар сурати гуреза набудан, бояд онҳоро барои истифода аз ҳуқуқҳои дахлдор қонеъ мегардонд, ба истиснои талаботе, ки бинобар хислати онҳо гуреза ба қонеъ гардондани онҳо қодир нест, қонеъ намояд.

Моддаи 7 – Хориҷкуниҳо аз принсипи мутақобилият

1. Ғайр аз он ҳолатҳое, ки ба гурезаҳо дар асоси ин Конвенсия шароити мусоидтари ҳуқуқӣ дода мешавад, Давлатҳои аҳдкунанда ба онҳо шароите пешниҳод мекунанд, ки умуман хориҷиён аз онҳо истифода мебаранд.

2. Баъди гузаштани мӯҳлати панҷсолаи истиқомат дар қаламрави Давлатҳои аҳдкунанда тамоми гурезаҳо аз талаботи мутақобилияти бо роҳи қонунгузорӣ муқарраргардида озод карда мешаванд.

3. Ҳар Давлати аҳдкунанда минбаъд низ ба гурезаҳо ҳуқуқ ва имтиёзҳое медиҳад, ки онҳо бидуни ягон мутақобилият дар рӯзи нисбати ин давлат эътибор пайдо намудани ин Конвенсия ба онҳо ҳуқуқ доштанд.

4. Давлатҳои аҳдкунанда нисбати имконияти ба гурезаҳо, бидуни ягон мутақобилият додани ҳуқуқ ва имтиёзҳо ба ғайр онҳое, ки гурезаҳо мутобиқи бандҳои 2 ва 3 ба онҳо ҳуқуқ доранд ва нисбати имконияти аз талаботи мутақобилият озод намудани гурезаҳое, ки ба талаботи дар бандҳои 2 ва 3 пешбинигардида мутобиқат намекунанд, хайрхоҳона муносибат менамоянд.

5. Муқаррароти бандҳои 2 ва 3 ҳам нисбати ҳуқуқу имтиёзҳои дар моддаҳои 13, 18, 19, 21 ва 22 ин Конвенсия зикргардида, ҳам нисбати ҳуқуқу имтиёзҳои дар он пешбининагардида истифода мешаванд.

Моддаи 8 – Хориҷкуниҳо аз чораҳои истисноӣ

Чораҳои истиноие, ки метавонанд нисбати шахсон, амвол ё манфиатҳои шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ истифода гарданд, аз ҷониби Давлатҳои аҳдкунанда нисбати гурезаҳое, ки танҳо дар асоси шаҳрвандии онҳо расман шаҳрвандони ин давлат мебошанд, истифода намегарданд. Давлатҳои аҳдкунандае, ки қонунгузории онҳо истифодаи принсипи дар ин модда баёнгардидаро роҳ намедиҳад, дар ҳолатҳои дахлдор ба манфиати чунин гурезаҳо хориҷкуниҳоро муқаррар мекунанд.

Моддаи 9 – Чорабиниҳои мувақатӣ

Ҳеҷ чиз дар ин Конвенсия Давлатҳои аҳдкунандаро аз ҳуқуқи дар давраи ҷанг ё дар сурати мавҷуд будани дигар ҳолатҳои фавқулодда истифода намудани чораҳои муваққатие, ки ба ақидаи он ба манфиати амнияти давлат мебошанд, нисбати ин ё он шахси муайян ҳануз то аз ҷониби ин Давлати аҳдкунанда маълум намудани он, ки ӯ ҳақиқатан гуреза мебошад ва истифодаи минбаъдаи чораҳои муайяншуда нисбати ӯ ба манфиати амнияти кишвар зарур аст, маҳрум намекунад.

Моддаи 10 – Муттасилияти истиқомат

1. Агар гуреза дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон аз ватан ронда шуда, ба қаламрави яке аз Давлатҳои аҳдкунанда фиристода шуда бошад ва дар он ҷо истиқомат кунад, он гоҳ вақти чунин истиқомати маҷбурӣ ҳамчун вақти истиқомати қонунӣ дар ҳудуди ин қаламрав баррасӣ мегардад.

2. Агар гуреза дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон аз қаламрави яке аз Давлатҳои аҳдкунанда ронда шуда, то эътибор пайдо кардани ин Конвенсия бо мақсади истиқомати доимӣ ба он ҷо баргашта бошад, он гоҳ давраи истиқомати пеш ё баъд аз чунин рондашавӣ, дар тамоми ҳолатҳое, ки муттасилияти истиқомат талаб карда мешавад, ҳамчун як давраи муттасил баррасӣ мегардад.

Моддаи 11 – Маллоҳони гуреза

Агар гурезаҳо шахсоне бошанд, ки дар ҳайати киштиҳои таҳти парчами яке аз Давлатҳои аҳдкунанда шинокунанда бенуқс хизмат кардаанд, он гоҳ ин давлат нисбати ҷойгиронии ин шахсон дар қаламрави худ ва ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои сафар ё ба онҳо додани ҳуқуқи воридшавии муваққатӣ ба қаламрави худ, аз ҷумла, бо мақсади осон намудани ҷойгиронии онҳо дар ягон кишвари дигар, хайрхоҳона муносибат мекунад.

БОБИ II

МАҚОМИ ҲУҚУҚӢ

Моддаи 12 – Мақоми шахсӣ

1. Мақоми шахсии гуреза бо қонунҳои кишвари димитсили ӯ, агар ӯ чунин кишварро надошта бошад, бо қонунҳои кишвари истиқомати ӯ муайян карда мешаванд.

2. Ҳуқуқҳое, ки гуреза вобаста ба мақоми шахсии худ қаблан дарёфт намудааст, аз ҷумла ҳуқуқҳое, ки аз никоҳ бармеоянд, аз ҷониби Давлатҳои аҳдкунанда, дар мавриди зарурат, баъди иҷрои расмиёте, ки қонунҳои ин давлат пешбинӣ менамоянд, ба шарти он ки ҳуқуқи дахлдор яке аз он ҳуқуқҳое мебошад, ки агар ин шахс гуреза намебуд, дар қонунҳои ин давлат эътироф мегардиданд, риоя карда мешаванд.

Моддаи 13 – Амволи манқул ва ғайриманқул

Нисбати харидории амволи манқул ва ғайриманқул ва ҳуқуқҳои дигари ба он алоқаманд, инчунин нисбати шартномаҳои иҷора ва шартномаҳои дигари марбут ба амволи манқул ва ғайриманқул, Давлатҳои аҳдкунанда ба гурезаҳо шароити ба қадри имкон мусоид ва дар ҳар сурат, нисбат ба шароите, ки дар ҳамин ҳолатҳо одатан хориҷиён истифода мебаранд, камтар набударо фароҳам меоранд.

Моддаи 14 – Ҳуқуқҳои муаллиф ва саноатӣ

Дар мавриди ҳуқуқҳои саноатӣ, чи ҳуқуқи ихтироот, нақшаҳо ва моделҳо, нишонаҳои тиҷоратӣ, номи фирма ва чи ҳуқуқ ба асари адабӣ, асари бадеӣ ва илмӣ, ба гурезаҳо дар он кишваре, ки макони истиқомати доимии онҳо мебошад, ҳамон ҳимояе, ки ба шаҳрвандони ин кишвар пешниҳод мегардад, фароҳам оварда мешавад. Дар қаламрави ҳама гуна дигар Давлатҳои аҳдкунанда ба онҳо ҳамон ҳимояе, ки дар ин қаламрав ба шаҳрвандони кишваре, ки онҳо дар он макони истиқомати муқаррарии худро доранд, пешниҳод мегардад, фароҳам оварда мешавад.

Моддаи 15 – Ҳуқуқи ассотсиатсияҳо

Нисбати ассотсиатсияҳое, хислати сиёсӣ надоранд ва мақсади ба даст овардани фоидаро надоранд ва нисбати иттиҳодияҳои касбӣ Давлатҳои аҳдкунанда ба гурезаҳое, ки қонунӣ дар қаламрави онҳо истиқомат мекунанд, шароити мусоидеро, ки ба шароити шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ дар ҳамин ҳолатҳо мутобиқат мекунад, фароҳам меоранд.

Моддаи 16 – Ҳуқуқи муроҷиат ба суд

1. Ҳар як гуреза ҳуқуқ дорад дар қаламрави ҳама Давлатҳои аҳдкунанда ба судҳо муроҷиат кунад.

2. Дар қаламрави Давлати аҳдкунандае, ки макони муқаррарии истиқомати ӯ дар он ҷо мебошад, ҳар як гуреза нисбати ҳуқуқи муроҷиат ба суд аз ҳамон шароите истифода мебарад, ки шаҳрвандони ин кишвар истифода мекунанд, аз ҷумла дар масъалаҳои кӯмаки ҳуқуқӣ ва озодкунӣ аз таъмини пардохти хароҷоти судӣ (cautio judicatum solvi).

3. Ба ҳар гуреза дар ҳама дигар давлатҳо, ғайр аз давлати истиқомати муқаррарии ӯ, нисбати масъалаҳои дар банди 2 зикргардида, ҳамон шароите пешниҳод карда мешавад, ки ба шаҳрвандони кишвари макони истиқомати муқаррарии ӯ фароҳам оварда мешавад.

БОБИ III

МАШГУЛИЯТҲОЕ, КИ ДАРОМАД МЕОРАНД

Моддаи 17 – Кори кироя

1. Давлатҳои аҳдкунанда ба гурезаҳое, ки қонунӣ дар қаламрави онҳо истиқомат мекунанд, нисбати ҳуқуқи онҳо ба кори кироя шароити мусоидеро, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳамин ҳолатҳо истифода мебаранд, фароҳам меоранд.

2. Дар ҳар сурат, чораҳои маҳдудкунандае, ки ба хориҷиён ё кироя хориҷиён марбутанд ва бо мақсади ҳифзи бозори дохилии меҳнат истифода мегарданд, нисбати гурезаҳое, ки ба онҳо ин чораҳо дар рӯзи эътибор пайдо намудани ин Конвенсия нисбати Давлати аҳдкунандаи дахлдор паҳн намегарданд ё яке аз шартҳои зеринро қонеъ мегардонанд, истифода бурда намешаванд:

a) дар қаламрави кишвар на камтар аз се сол истиқомат мекунанд;

b) ҳамсаронашон шаҳрванди кишвари истиқомат мебошанд. Гуреза дар сурати тарк кардани оила наметавонад ба ин қарор такя намояд.

c) як ё якчанд фарзандонашон шаҳрванди кишвари истиқомат мебошанд.

3. Давлатҳои аҳдкунанда ба имконияти идораи ҳуқуқи ҳама гурезаҳо нисбати кори кироя бо ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва аз ҷумла он гурезаҳое, ки бо тартиби иҷрои барномаи ҷалби қувваи корӣ ё мутобиқи нақшаҳои муҳоҷират ба қаламрави онҳо ворид шудаанд, хайрхоҳона муносибат мекунанд.

Моддаи 18 – Кор дар корхонаи хусусӣ

Давлатҳои аҳдкунанда ба гурезаҳои қонунӣ дар қаламрави онҳо истиқоматкунанда ба қадри имкон шароит мусоидтари ҳуқуқӣ ва дар ҳар сурат, нисбат ба шароите, ки дар ҳамин ҳолатҳо одатан хориҷиён нисбати ҳуқуқи мустақилона машғул шудан ба кишоварзӣ, саноат, ҳунармандӣ ва тиҷорат, инчунин ҳуқуқи таъсис додани рафоқатҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ истифода мебаранд, камтар набударо фароҳам меоранд.

Моддаи 19 – Касбҳои озод

1. Ҳар Давлати аҳдкунанда ба гурезаҳои қонунӣ дар қаламрави онҳо истиқоматкунандае, ки дипломи аз ҷониби ҳукуматҳои салоҳиятдори ин давлат эътирофгардида доранд ва хоҳиши ба касбҳои озод машғул шудан доранд, ба қадри имкон шароит мусоидтари ҳуқуқӣ ва дар ҳар сурат, нисбат ба шароите, ки дар ҳамин ҳолатҳо одатан хориҷиён истифода мебаранд, камтар набударо фароҳам меоранд.

2. Давлатҳои аҳдкунанда тамоми тадбирҳоеро, ки қонунҳои онҳо ва конститутсияҳои онҳо роҳ медиҳанд, хоҳанд андешид, то ки шуғли чунин гурезаҳоро дар қаламравҳои берун аз метрополияҳое, ки барои муносибатҳои байналмилалиашон онҳо масъуланд, таъмин намоянд.

БОБИ IV

ПАРАСТОРИИ ИҶТИМОӢ

Моддаи 20 – Системаи меъёри озуқа

Дар ҷойҳое, ки системаи меъёри озуқаи барои тамоми аҳолӣ ҳатмӣ вуҷуд дошта, тақсимоти умумии озӯкавории камчинро танзим мекунад, чунин система дар асосҳои баробар ба шаҳрвандон истифода мегардад.

Моддаи 21 – Масъалаи манзил

Бинобар он ки масъалаи манзилро қонунҳо ё амрҳо танзим мекунанд ё он таҳти назорати ҳокимияти ҷамъиятӣ қарор дорад, Давлатҳои аҳдкунанда ба гурезаҳое, ки қонунӣ дар қаламрави онҳо истиқомат мекунанд, ба қадри имкон шароити мусоидтари ҳуқуқӣ ва дар ҳар сурат, нисбат ба шароите, ки дар ҳамин ҳолатҳо одатан хориҷиён истифода мебаранд, камтар набударо фароҳам меоранд.

Моддаи 22 – Маорифи халқ

1. Нисбати таълими ибтидоӣ Давлатҳои аҳдкунанда ба гурезаҳо ҳамон шароити ҳуқуқиеро ба шаҳрвандон таъмин мекунанд, фароҳам меоранд.

2. Нисбати дигар навъҳои таълим, ғайр аз таълими ибтидоӣ, аз ҷумла нисбати имконияти таҳсил намудан, эътироф кардани шаҳодатномаҳо, дипломҳо ва дараҷаҳои хориҷӣ, озод намудан аз пардохт барои ҳуқуқи таҳсил ва боҷҳо, инчунин нисбати додани стипендия Давлатҳои аҳдкунанда ба гурезаҳо ба қадри имкон шароити мусоидтари ҳуқуқӣ ва дар ҳар сурат, нисбат ба шароите, ки дар ҳамин ҳолатҳо одатан хориҷиён истифода мебаранд, камтар набударо фароҳам меоранд.

Моддаи 23 – Кӯмаки ҳукуматӣ

Давлатҳои аҳдкунанда ба гурезаҳое, ки қонунӣ дар қаламрави онҳо истиқомат мекунанд, нисбати кӯмак ва дастгирии ҳукуматӣ ҳамон шароитеро, ки шаҳрвандони онҳо истифода мебаранд, фароҳам меоранд.

Моддаи 24 – Қонунгузории меҳнат ва
таъминоти иҷтимоӣ

1. Давлатҳои аҳдкунанда ба гурезаҳое, ки қонунӣ дар қаламрави онҳо истиқомат мекунанд, нисбати таъминоти дар поён зикргардида ҳамон шароитеро, ки ба шаҳрвандон муҳайё намудаанд, фароҳам меоранд:

a) подош барои меҳнат, аз ҷумла кӯмакпулӣ барои оила, агар чунин кӯмакпулӣ қисме аз подош барои меҳнат бошад, давомнокии рӯзи корӣ, кори изофа, рухсатиҳои пардохтшаванда, маҳдуд намудани кор дар хона, синну соли ҳадди ақалли шахсоне, ки кори кироя мекунанд, шогирдӣ ва тарбияи касбӣ, меҳнати занон ва наврасон ва истифода аз имтиёзҳои шартномаҳои коллективӣ, зеро ин масъалаҳоро қонунҳо ё амрҳо танзим мекунанд ё аз ҷониби ҳокимияти маъмурӣ назорат мешаванд;

b) таъминоти иҷтимоӣ (муқаррароти қонунҳои марбут ба фалокатҳо дар кор, бемориҳои касбӣ, модар шудан, беморӣ, маъюбӣ, пирӣ, фавт, бекорӣ, ӯҳдадорӣ нисбати оила ва дигар ҳолатҳое, ки мутобиқи қонунҳо ё амрҳои дохилӣ дар системаи таъминоти иҷтимоӣ пешбинӣ мегарданд) бо маҳдудиятҳои зерин:

i) метавонад тартиби зарурии нигоҳдории ҳуқуқҳои бадастовардашуда ва ҳуқуқҳои дар марҳилаи бадасторӣ қарордошта вуҷуд дошта бошад;

ii) қонунҳо ё амрҳои кишвари истиқомат метавонанд тартиби махсуси гирифтани кӯмакпулии пурра ё қисмиро, ки пурра аз ҳисоби маблағҳои давлат пардохта мешавад ва кӯмакпулиҳоеро, ки ба шахсони ҳама шартҳои пардохтҳои барои гирифтани нафақаи дуруст зарурбударо иҷронакарда пардохта мешаванд, пешбинӣ намоянд.

2. Ба ҳуқуқи ҷуброн барои ҳалокати гуреза, ки дар натиҷаи фалокат дар кор ё бемории касбӣ рӯё додааст, он ҳолате, ки фоидагиранда дар қаламрави Давлати аҳдкунанда истиқомат намекунад, таъсир нахоҳад расонд.

3. Давлатҳои аҳдкунанда ба гурезаҳо имтиёзҳоеро, ки аз созишномаҳои байни онҳо басташуда ё дар оянда басташаванда оид ба нигоҳдории ҳуқуқҳои бадастоварда ва ҳуқуқҳои дар марҳилаи бадасторӣ қарордошта бармеоянд, ҷиҳати таъминоти иҷтимоӣ ва риояи танҳо он ҳолатҳое, ки нисбати шаҳрвандони давлатҳои созишномаҳои зикргардидаро имзонамуда истифода мегарданд, пешниҳод мекунанд.

4. Давлатҳои аҳдкунанда нисбати масъалаи ба гурезаҳо пешниҳод намудани, зеро ин имконпазир аст, имтиёзҳои аз чунин созишномаҳо бароянда, ки дар ҳар лаҳзаи мазкур метавонанд байни ин Давлатҳои аҳдкунанда ва давлатҳои аъзои ин шартнома набуда эътибор дошта бошанд, хайрхоҳона муносибат мекунанд.

БОБИ V

ЧОРАҲОИ МАЪМУРӢ

Моддаи 25 – Кӯмаки маъмурӣ

1. Ҳангоме ки истифодаи ягон ҳуқуқ аз ҷониби гуреза одатан кӯмаки мақомоти давлатҳои хориҷиеро, ки ин гурезаҳо метавонанд ба онҳо муроҷиат кунанд, тақозо менамояд, Давлатҳои аҳдкунандае, ки дар қаламрави онҳо гурезаҳои зикршуда истиқомат мекунанд, тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ки чунин кӯмак аз ҷониби мақомоти ин давлат ё ягон мақоми байналмилалӣ расонида шавад.

2. Мақом ё мақомоти дар банди 1 зикргардида гурезаҳоро бо ҳуҷҷатҳо ё шаҳодатномаҳое, ки одатан аз ҷониби мақомоти хориҷӣ ё тавассути мақомоти давлатҳое, ки гурезаҳо шаҳрвандони онҳоянд дода мешаванд, таъмин менамоянд ё таҳти назорати худ ба чунин ҳуҷҷатҳо ё шаҳодатномаҳо соҳиб шудани гурезаҳоро таъмин мекунанд.

3. Ҳуҷҷатҳо ё шаҳодатномаҳои бо чунин тартиб додашуда ҳуҷҷатҳои расмиеро иваз мекунанд, ки аз ҷониби мақомоти хориҷӣ ё тавассути мақомоти давлатҳое, ки гурезаҳо шаҳрвандони онҳоянд дода мешаванд ва то лаҳзае, ки беэътибор будани онҳо исбот карда нашавад, эътиборнок ҳисобида мешаванд.

4. Ба истиснои ҳолатҳои имтиёзҳои махсусе, ки ба шахсони камбизоат дода мешаванд, барои хизматрасониҳое, ки дар ин модда зикр гардидаанд, метавонад ҳамчунин пардохт ситонида шавад; чунин пардохт, зимнан, гарон набуда, баробари пардохте мебошад, ки барои чунин хизматрасониҳо аз шаҳрвандон ситонида мешавад.

5. Муқаррароти ин модда ба муқаррароти моддаҳои 27 ва 28 дахл надоранд.

Моддаи 26 – Озодии ҳаракат

Ҳар Давлати аҳдкунанда ба гурезаҳое, ки қонунӣ дар қаламрави он қарор доранд, ҳуқуқи интихоби маҳалли истиқомат ва ҳаракати озодро дар доираи қаламрави худ бо шарти риояи тамоми қоидаҳое, ки одатан нисбати хориҷиён дар ҳамин ҳолатҳо қобили истифодаанд, медиҳад.

Моддаи 27 – Шаҳодатномаи шахсӣ

Давлатҳои аҳдкунанда ба гурезаҳое, ки дар қаламрави онҳо қарор дошта, ҳуҷҷаҳои эътиборноки сафар надоранд, шаҳодатномаи шахсӣ медиҳад.

Моддаи 28 – Ҳуҷҷатҳои сафар

1. Давлатҳои аҳдкунанда ба гурезаҳое, ки қонунӣ дар қаламрави онҳо истиқомат мекунанд, барои ҳаракат берун аз қаламрави онҳо ҳуҷҷатҳои сафар медиҳанд, агар сабабҳои асосноки амнияти давлатӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ ба ин монеъ нашаванд; нисбати ин гуна ҳуҷҷатҳо муқаррароти қоидаҳои ба ин Конвенсия замимагардида истифода мегарданд. Давлатҳои аҳдкунанда метавонанд ба ҳар гурезаи дигаре, ки дар қаламрави онҳо қарор дорад ин гуна ҳуҷҷатҳои сафарро диҳанд; онҳо, аз ҷумла, нисбати масъалаи додани чунин ҳуҷҷатҳои сафар ба гурезаҳои дар қаламрави онҳо қарордоштае, ки имконияти аз кишвари истиқомати қонунии худ гирифтани ҳуҷҷати сафарро надоранд, хайрхоҳона муносибат мекунанд.

2. Ҳуҷҷатҳои сафаре, ки дар асоси созишномаҳои пештараи байналмилалӣ аз ҷониби давлатҳои аъзои ин созишномаҳо ба гурезаҳо дода шудаанд, эътиборнок ҳисобида мешаванд ва аз ҷониби Давлатҳои аҳдкунанда айнан ҳамон тавре баррасӣ мегарданд, ки гӯё дар асоси ин модда дода шуда бошанд.

Моддаи 29 – Андозҳо

1. Давлатҳои аҳдкунанда ба гурезаҳо ягон боҷу пардохт ё андози иловагӣ ё баландтар аз онҳое, ки дар ҳолатҳои шабеҳ аз шаҳрвандони худ ситонида мешаванд ё метавонанд ситонида шаванд, намебанданд.

2. Муқаррароти банди боло ба ҳеҷ ваҷҳ нисбати гурезаҳо истифода гардидани қонунҳо ва амрҳои марбут ба пардохтҳо барои ба хориҷиён додани ҳуҷҷатҳои маъмурӣ, аз ҷумла инчунин шаҳодатномаҳои шахсиро, истисно намекунад.

Моддаи 30 – Баровардани амвол

1. Давлатҳои аҳдкунанда мутобиқи қонунҳо ва амрҳои худ ба гурезаҳо иҷозат медиҳанд, ки амволи бо худ ба қаламрави онҳо овардаашонро ба дигар кишваре, ки ба онҳо ҳуқуқи ворид шудан ба он барои сукунат дода шудааст, бароранд.

2. Давлатҳои аҳдкунанда нисбати дархостҳои гурезаҳо оид ба баровардани амволе, ки барои сукунати онҳо дар дигар кишварҳое, ки ба онҳо ҳуқуқи ворид шудан додаанд, зарур мебошад, дар куҷое, ки ин амвол ҷойгир набошад, хайрхоҳона муносибат менамоянд.

Моддаи 31 – Гурезаҳое, ки ғайриқонунӣ дар кишваре
мебошанд, ки ба онҳо паноҳгоҳ додаст

1. Давлатҳои аҳдкунанда барои воридшавии ғайриқонунӣ ё дар қаламрави онҳо ғайриқонунӣ қарор доштани гурезаҳое, ки бевосита аз қаламравҳое омадаанд, ки дар он ҷо ба ҳаёт ё озодиҳои онҳо хатаре таҳдид мекард, ки дар моддаи 1 пешбинӣ гардидааст, ворид мешаванд ё дар қаламрави ин кишварҳо бе иҷозат қарор доранд, ҷарима наҳоҳанд баст, ба шарте ки чунин гурезаҳо бидуни таъхир худашон ба мақомот ҳозир шаванд ва далелҳои қаноатбахши ғайриқонунӣ ворид шудан ё қарор доштани худро пешниҳод кунанд.

2. Давлатҳои аҳдкунанда озодии ҳаракати чунин гурезаҳоро бо маҳдудиятҳое, ки ба онҳо зарурат нест, танг намекунанд; чунин маҳдудиятҳо танҳо дар сурате истифода мегарданд, ки мақоми онҳо дар ин кишвар муайян шудааст ё онҳо барои ворид шудан ба дигар кишвар ҳуқуқ пайдо намуданд. Давлатҳои аҳдкунанда ба чунин гурезаҳо барои гирифтани ҳуқуқи воридшавӣ ба дигар кишвар вақти кофӣ медиҳанд ва тамоми шароити заруриро пешниҳод мекунанд.

Моддаи 32 – Рондан

1. Давлатҳои аҳдкунанда гурезаҳои ғайриқонунӣ дар қаламрави онҳо истиқоматкунандаро, ба ҷуз ҳолатҳои таъмини амнияти давлатӣ ё тартиботи ҷамъиятӣ, дар дигар ҳолатҳо намеронанд.

2. Рондани чунин гурезаҳо танҳо ҷиҳати иҷрои қарорҳои бо тартиби судӣ қабулгардида, сурат мегирад. Ба истиснои ҳолатҳое, ки сабабҳои узрноки амнияти давлатӣ ба ин монеъ мегарданд, ба гурезаҳо ҳуқуқи пешниҳод намудани далел барои исбот кардани узри худ ва арз намудан ба марҷаъҳои (мақомоти) лозимӣ ё дар назди шахс ё шахсони аз ҷониби мақомоти лозимӣ махсус ваколатдоршуда, инчунин ҳуқуқи барои ин мақсад доштани намояндагони худ дода мешавад.

3. Давлатҳои аҳдкунанда ба чунин гурезаҳо барои гирифтани ҳуқуқи қонунан ворид шудан ба дигар давлат вақти кофӣ медиҳанд. Давлатҳои аҳдкунанда ҳуқуқ доранд дар муддати ин мӯҳлат тадбирҳои дохилиеро, ки зарур меҳисобанд, андешанд.

Моддаи 33 – Манъи рондани гурезаҳо ё бозгардонии
маҷбурии онҳо (ба кишварҳое, ки онҳо
аз он ҷо омадаанд)

1. Давлатҳои аҳдкунанда ба ҳеҷ ваҷҳ гурезаҳоро ба сарҳади кишварҳое, ки дар он ҷо ба ҳаёт ё озодии онҳо бинобар нажод, дин, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё ақидаи сиёсии онҳо хатар таҳдид мекунад, намеронанд ё бознамегардонанд.

2. Ин қарор, зимнан, нисбати гурезаҳое, ки бинобар сабабҳои узрнок ҳамчун таҳдид ба амнияти кишваре, ки онҳо дар он қарор доранд, арзёбӣ мегарданд ё дар содир намудани ҷинояти махсусан вазнин ва барои кишвар хатари ҷамъиятӣ дошта бо ҳукми эътибор пайдонамуда маҳкум карда шудаанд, наметавонад истифода гардад.

Моддаи 34 – Натурализатсия

Давлатҳои аҳдкунанда ба қадри имкон ба сабукгардонии ассимилятсия ва натурализатсияи гурезаҳо мусоидат хоҳанд кард. Аз ҷумла, онҳо тамоми тадбирҳои аз онҳо вобастабударо барои суръатбахшии коргузорӣ оид ба натурализатсия ва ба қадри имкон кам кардани боҷу пардохтҳои ба онҳо алоқаманд меандешанд.

БОБИ VI

МУҚАРРАРОТИ МАРБУТ БА ИСТИФОДАИ
КОНВЕНСИЯ ВА ДАВРАИ ГУЗАРИШ

Моддаи 35 – Ҳамкории байни мақомоти миллӣ
ва Созмони Милали Муттаҳид

1. Давлатҳои аҳдкунанда ӯҳдадор мешаванд бо Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ё ҳама гуна дигар мақоми Милали Муттаҳид, ки иҷрои функсияҳои ин Созмон метавонад ба он гузарад ҳамкорӣ намоянд ва аз ҷумла дар амри аз ҷониби он иҷро гардидани ӯҳдадориҳо оид ба назорати истифодаи муқаррароти ин Конвенсия мусоидат хоҳанд кард.

2. Барои он ки ба Раёсати Комиссари олӣ ё ҳама гуна дигар мақоми Созмони Милали Муттаҳид, ки ба ҷойи он меояд, имкон дода шавад, ки маърӯзаҳоро ба мақомоти лозимаи Милали Муттаҳид пешниҳод намоянд, Давлатҳои аҳдкунанда ӯҳдадор мешаванд онҳоро дар шакли лозимӣ бо иттилоот ва маълумоти омории ба онҳо зарурбуда нисбати инҳо таъмин намоянд:

a) вазъи гурезаҳо,

b) татбиқи амалии ин Конвенсия,

c) қонунҳо, амрҳо ва декретҳои эътибордошта ё қонуну амрҳо ва декретҳое, ки метавонанд оид ба масъалаи гурезаҳо минбаъд эътибор пайдо кунанд.

Моддаи 36 – Маълумот оид ба санадҳои миллӣ
ва қонунгузорӣ

Давлатҳои аҳдкунанда ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид матни қонунҳо ва амрҳоеро, ки онҳо бо мақсади татбиқи амалии ин Конвенсия интишор намудаанд, мерасонанд.

Моддаи 37 – Конвенсияиҳои қаблан баимзорасида

Бо нигоҳ доштани эътибори банди 2 моддаи 28 ин Конвенсия ҳамин Конвенсия барои тарафҳои дар он иштироккунанда санадҳои 5 июли соли 1922, 31 майи соли 1924, 12 майи соли 1926, конвенсияҳои 28 октябри соли 1933 ва 10 феврали соли 1938 ва Созишномаи 15 октябри соли 1946-ро иваз менамояд.

БОБИ VII

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 38 – Ҳалли баҳсҳо

Ҳама баҳсҳое, ки байни иштироккунандагони ин Конвенсия нисбати шарҳу эзоҳ ё истифодаи он ба миён меоянд ва наметавонанд бо роҳи дигар ҳалли худро ёбанд, бо дархости яке аз ҷонибҳои баҳс ба Суди байналмилалӣ ҳавола карда мешаванд.

Моддаи 39.

1. Ин Конвенсия 28 июли соли 1951 дар Женева барои имзо омода мегардад ва баъди он барои маҳфуздорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супурда мешавад. Он аз 28 июл то 31 августи соли 1951 дар Шӯъбаи европоии Созмони Милали Муттаҳид барои имзо боз карда мешавад ва аз 17 сентябри соли 1951 то 31 декабри соли 1952 дар муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид аз нав барои имзо боз карда хоҳад шуд.

2. Ин Конвенсия барои имзо аз номи тамоми давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, инчунин аз номи ҳама гуна давлати дигаре, ки барои иштирок дар Конференсияи намояндагони ваколатдор оид ба мақоми гурезаҳо ва апатридҳо, ё ҳар давлате, ки Ассамблеяи Генералӣ ба он имзо намудани ин Конвенсияро пешниҳод мекунад, барои имзо боз хоҳад буд. Ин Конвенсия бояд тасдиқ карда шавад, зимнан тасдиқномаҳо барои маҳфуздорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супурда мешаванд.

3. Ин Конвенсия аз 28 июли соли 1951 барои ҳамроҳшавии давлатҳое, ки дар банди 2 ин модда зикр гардидаанд, боз карда хоҳад шуд. Ҳамроҳшавӣ ба тариқи ба Котиби генералӣ барои маҳфуздорӣ супурдани санади ҳамроҳшавӣ сурат мегирад.

Моддаи 40 – Қарор оид ба истифодаи
минтақавии Конвенсия

1. Ҳар давлат метавонад ҳангоми имзо ё тасдиқ намудани Конвенсия ё ҳамроҳшавӣ ба он изҳор намояд, ки амали ин Конвенсия ба ҳама ё баъзе қаламравҳое, ки барои муносибатҳои байналмилалии онҳо ин давлат масъул аст, паҳн мегардад. Чунин изҳорот дар рӯзи барои ин давлат эътибор пайдо намудани Конвенсия эътибор пайдо мекунад.

2. Дар ҳама гуна лаҳзаи минбаъда чунин паҳнгардии амали Конвенсия бояд ба воситаи огоҳинома ба унвони Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид эълон карда шавад ва дар рӯзи навадуми баъди рӯзи ин огоҳиномаро гирифтани Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ё ки дар рӯзи барои ин давлат эътибор пайдо намудани Конвенсия, агар ин таърихи рӯз нисбатан охиртар бошад, эътибор пайдо мекунад.

3. Нисбати он қаламравҳое, ки ба онҳо ҳангоми имзо, тасдиқ намудан ё ҳамроҳ шудан ин Конвенсия паҳн намегардид, ҳар давлати дахлдор масъалаи имконияти андешидани тадбирҳои барои ба чунин қаламравҳо паҳн гардидани истифодаи ин Конвенсия зарурбударо бо розигии ҳукуматҳои ин қаламравҳо, дар он ҷойҳое, ки ин кор бо сабабҳои дорои хислати конститутсионӣ зарур аст, баррасӣ менамояд.

Моддаи 41 – Қарорҳо оид ба давлатҳои
федеративӣ

Нисбати давлатҳои шакли федеративӣ ё ғайриунитарӣ муқаррароти зерин истифода бурда мешаванд:

a) нисбати он моддаҳои ин Конвенсия, ки таҳти доираи ҳуқуқии мақомоти федералии қонунгузорӣ қарор мегиранд, ӯҳдадориҳои ҳукумати федералӣ дар доираҳои зикргардида ба ӯҳдадориҳои тарафҳои ин Конвенсия, ки давлатҳои федеративӣ намебошанд, мутобиқат хоҳад кард;

b) нисбати моддаҳои ин Конвенсия, ки таҳти доираи қонунгузории ҳуқуқии штатҳо, вилоятҳо ва кантонҳои ба федератсия дохилбудае, ки ӯҳдадор нестанд тибқи сохти конститутсионӣ тадбирҳои қонунгузорӣ андешанд, қарор мегиранд, ҳукумати федералӣ бо аввалин имконият ҳукуматҳои дахлдори штатҳо, вилоятҳо ё кантонҳоро аз ин моддаҳо огоҳ намуда, ба ин огоҳинома фикру андешаҳои беҳтарини худро замима мекунад;

c) давлатҳои федеративии аъзои ин Конвенсия бо дархости ҳар Давлати аҳдкунандаи дигар, ки тавассути Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супурда шудааст, дар бораи қонунҳо ва таҷрибаи дар федератсия ва қисмҳои таркибии он вуҷуддошта нисбати ҳама гуна муқаррароти Конвенсия маълумотномаро бо нишон додани он, ки то чӣ андоза ин муқаррарот ба тариқи қонунгузорӣ ё роҳи дигар дар амал татбиқ шудааст, пешниҳод менамояд.

Моддаи 42 – Қайду шартҳо

1. Ҳангоми имзо, тасдиқ намудан ё ҳамроҳшавӣ ҳар давлат матавонад нисбати моддаҳои Конвенсия, ба истиснои моддаҳои 1, 3 ва 4, банди 1 моддаи 16, моддаҳои 33 ва 36-46 қайду шартҳо гузорад.

2. Ҳар давлате, ки мутобиқи банди 1 ин модда қайду шартҳо гузоштааст, метавонад ҳар вақт бо роҳи огоҳ намудани Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид аз ин қайду шартҳо даст кашад.

Моддаи 43 – Эътибор пайдо кардан

1. Ин Конвенсия дар рӯзи навадуми пас аз рӯзи ба маҳфуздоранда супурдани тасдиқнома ё санади шашум оид ба ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.

2. Барои ҳама давлатҳое, ки пас аз ба маҳфуздоранда супурдани тасдиқнома ё санади шашум оид ба ҳамроҳшавӣ Конвенсияро тасдиқ намудаанд ё ба он ҳамроҳ шудаанд, Конвенсия дар рӯзи навадуми пас аз рӯзи аз ҷониби давлати дахлдор ба маҳфуздоранда супурда шудани тасдиқнома ё санади шашум оид ба ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 44 – Бекор кардан

1. Ҳар Давлати аҳдкунанда метавонад ҳар вақт ин Конвенсияро бо роҳи ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид фиристодани огоҳинома бекор кунад.

2. Чунин бекоркунӣ барои Давлати аҳдкунандаи дахлдор баъди як сол аз рӯзи огоҳинома гирифтани Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид эътибор пайдо мекунад.

3. Ҳар давлате, ки дар асоси моддаи 40 изҳорот намудааст ё огоҳинома фиристодааст, метавонад ҳар вақт баъди ин, ба тариқи огоҳинома ба унвони Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, изҳор намояд, ки Конвенсия ба қаламрави дахлдор баъди як соли огоҳиномаи зикршударо гирифтани Котиби генералӣ паҳн нахоҳад гашт.

Моддаи 45 – Таҷдиди назар

1. Ҳар Давлати аҳдкунанда метавонад тавассути ба унвони Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид фиристодани огоҳинома ҳар вақт таҷдиди назар гардидани ин Конвенсияро талаб намояд.

2. Агар бинобар ин талабот андешидани ягон хел тадбирҳо зарур бошад, Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тадбирҳои дахлдорро тавсия менамояд.

Моддаи 46 – Огоҳиномаҳое, ки Котиби генералии
Созмони Милали Муттаҳид мефиристад

Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳама аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои дар моддаи 39 зикршудае, ки аъзои он намебошанд, дар ин бора хабар медиҳад:

a) оид ба изҳорот ва огоҳиномаҳое, ки мутобиқи фасли В моддаи 1 ворид гардидаанд;

b) оид ба имзоҳо, тасдиқҳо ва ҳамроҳшавиҳое, ки дар моддаи 39 пешбинӣ гардидаанд;

c) оид ба изҳорот ва огоҳиномаҳое, ки дар моддаи 42 пешбинӣ гардидаанд;

d) оид ба қайду шартҳо ва даст кашидан аз қайду шартҳое, ки дар моддаи 42 пешбинӣ гардидаанд;

e) оид ба рӯзи эътибор пайдо кардани ин Конвенсия мутобиқи моддаи 43;

f) оид ба бекоркуниҳо ва огоҳиномаҳое, ки дар моддаи 44 пешбинӣ гардидаанд;

g) оид ба талаботи таҷдиди назар намудан, ки дар асоси моддаи 45 ворид гардидаанд.

БО ТАСДИҚИ НУКТАҲОИ ЗИКРГАРДИДА дар зер имзогузоштагоне, ки ба таври зарурӣ ваколатдор гардидаанд, ин Конвенсияро аз номи ҳукуматҳои худ имзо намуданд.

КОНВЕНСИЯ дар Женева бисту ҳаштуми июли соли як ҳазору нӯҳсаду панҷоҳу якум дар як нусха, ки матнҳои англисӣ ва франсавии он эътибори якхела доранд, таҳия гардидааст; ин нусха дар бойгонии Созмони Милали Муттаҳид маҳфуз дошта мешавад ва нусхаҳои тасдиқгардидаи он ба ҳама аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои дар моддаи 39 зикргардидае, ки аъзои он намебошанд, фиристода мешаванд.

ЗАМИМАИ II

Протоколи соли 1967 марбут ба мақоми гуреза

Протокол бо мувофиқаи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар резолютсияи 1186 (XLI) аз 18 ноябри соли 1966 ба маълумот гирифта шуд ва дар резолютсияи 2198 (XXI) аз 16 декабри соли 1966 аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ ба маълумот гирифта шуд. Дар ҳамон резолютсия Ассамблеяи Генералӣ ба Котиби генералӣ супориш дод, ки матни Протоколро ба давлатҳое, ки дар моддаи V он зикр шудаанд, бо мақсади мусоидат намудан ба ҳамроҳшавии онҳо ба Протокол ирсол намояд.

Эътибор пайдо кардан: 4 октябри соли 1967 мутобиқи моддаи VIII

Давлатҳои аъзои ин Протокол,

бо дарназардошти он ки Конвенсияи марбут ба мақоми гурезаҳо, ки 28 июли соли 1951 дар Женева имзо шудааст (минбаъд «Конвенсия» номида мешавад), танҳо ба он шахсоне паҳн мегардад, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои то 1 январи соли 1951 рӯйдода гуреза шудаанд,

бо дарназардошти он ки аз лаҳзаи қабули Конвенсия ҳолатҳои нави марбут ба гурезаҳо ба миён омадаанд ва бинобар ин гурезаҳои ба ин мансуббуда метавонанд таҳти амали Конвенсия карор дода нашаванд,

бо дарназардошти мувофиқи мақсад будани он ки тамоми гурезаҳое, ки таҳти мафҳуми дар Конвенсия зикршуда қарор мегиранд, сарфи назар аз таърихи рӯзи 1 январи соли 1951 нишондодашуда, аз мақоми баробар истифода баранд,

ба мувофиқаи зайл расиданд:

Моддаи 1 – Муқаррароти умумӣ

1. Давлатҳои аъзои ин Протокол ӯҳдадор мешаванд моддаҳои 2-34 Конвенсия нисбати гурезаҳое, ки таҳти мафҳумҳои дар поён зикршшуда қарор мегиранд, истифода намоянд.

2. Барои мақсадҳои ин Протокол таҳти мафҳуми «гуреза», ба истиснои ҳолатҳое, ки марбут ба истифодаи банди минбаъда мебошанд, ҳар шахсе дар назар дошта мешавад, ки таҳти мафҳуми моддаи 1 Конвенсия бо хориҷ намудани калимаҳои «Дар натиҷаи ҳодисаҳои то 1 январи соли 1951 рӯйдода …» ва калимаҳои «… дар натиҷаи чунин ҳодисаҳо» дар моддаи 1 А (2) қарор мегирад.

3. Ин Протокол аз ҷониби давлатҳои аъзои он бе ягон маҳдудияти географӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки изҳороти аз ҷониби давлатҳои аллакай аъзои Конвенсия буда пешниҳод гардидаанд, мутобиқи моддаи 1 В (1) а) Конвенсия, агар Протокол мутобиқи моддаи 1 В (2) тибқи ин Протокол тамдид карда нашавад, ҳамчунин истифода мегарданд

Моддаи II – Ҳамкории мақомоти миллӣ бо
Созмони Милали Муттаҳид

1. Давлатҳои аъзои ин Протокол ӯҳдадор мешаванд бо Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ё ҳама гуна дигар муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки иҷрои функсияҳои он ба зиммаи онҳо мегузарад ҳамкорӣ намоянд, аз ҷумла дар иҷрои ӯҳдадориҳои он оид ба назорати истифодаи муқаррароти ин Протокол мусоидат кунанд.

2. Барои ба Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид ё ҳама гуна дигар муассисаи Созмони Милали Муттаҳид, ки иҷрои функсияҳои он метавонад ба зиммаи онҳо гузарад, имконият дода шавад, ки маърӯзаҳоро ба мақомоти салоҳиятдори Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кунанд, давлатҳои аъзои ин Протокол ӯҳдадор мешаванд иттилоот ва маълумоти омории дархостшавандаи марбут ба инҳоро ба онҳо пешниҳод кунанд:

a) вазъи гурезаҳо;

b) иҷрои ин Протокол

c) қонунҳо, қарорҳо ва декретҳои марбут ба гурезаҳо, ки дар эътибор буда, ё метавонанд дар оянда эътибор пайдо кунанд.

Моддаи III – Иттилоот оид ба қонунгузории миллӣ

Давдатҳои аъзои ин Протокол матнҳои қонунҳо ва қарорҳоеро, ки онҳо метавонанд бо мақсади таъмини истифодаи ин Протокол қабул намоянд, ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ирсол мекунанд.

Моддаи IV – Ҳалли баҳсҳо

Ҳама баҳсҳои байни давлатҳои аъзои ин Протокол марбут ба шарҳу эзоҳ ё истифодаи он, ки наметавонанд бо роҳи дигар ҳал карда шаванд, бо хоҳиши ҳар кадом аз тарафҳои ин баҳс ба Суди байналмилалӣ ҳавола карда мешаванд.

Моддаи V – Ҳамроҳшавӣ ба протокол

Ин Протокол барои ҳамроҳшавӣ аз номи тамоми давлатҳои аъзои Конвенсия ва ҳама гуна дигар давлати узви Созмони Милали Муттаҳид ё узви ҳама гуна муассисаи махсусгардонидашуда ё давлате, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба он барои ҳамроҳ шудан ба Протокол даъватнома фиристодааст, боз аст. Ҳамроҳшавӣ бо роҳи ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои маҳфуздорӣ супурдани санад оид ба ҳамроҳшавӣ сурат мегирад.

Моддаи VI – Модда оид ба давлатҳои федеративӣ

Нисбати давлатҳои шакли федеративӣ ё ғайриунитарӣ муқаррароти зерин истифода бурда мешаванд:

a) нисбати он моддаҳои Конвенсия, ки бояд мутобиқи банди 1 моддаи I ин Протокол истифода гарданд ва таҳти доираи ҳуқуқии мақомоти федералии қонунгузорӣ қарор мегиранд, ӯҳдадориҳои ҳукумати федералӣ дар доираҳои зикргардида ба ӯҳдадориҳои тарафҳое, ки давлатҳои федеративӣ намебошанд, мутобиқат мекунанд;

b) нисбати моддаҳои ин Конвенсия, ки бояд мутобиқи банди 1 моддаи I ин Протокол истифода гарданд ва таҳти доираи қонунгузории ҳуқуқии штатҳо, вилоятҳо ва кантонҳои ба федератсия дохилбудае, ки ӯҳдадор нестанд тибқи сохти конститутсионӣ тадбирҳои қонунгузорӣ андешанд, қарор мегиранд, ҳукуматҳои федералӣ бо аввалин имконият ин моддаҳоро ба маълумоти ҳукуматҳои дахлдори штатҳо, вилоятҳо ё кантонҳо мерасонанд;

c) давлати федеративии узви ин Протокол бо дархости ҳар давлати дигари узв, ки тавассути Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супурда шудааст, дар бораи қонунҳо ва таҷрибаи дар фкдератсия ва қисмҳои таркибии он вуҷуддошта нисбати ҳама гуна муқаррароти Конвенсия, ки бояд мутобиқи банди 1 моддаи I ин Протокол истифода гарданд, маълумотномаро бо нишон додани он, ки то чӣ андоза ин муқаррарот ба тариқи қонунгузорӣ ё роҳи дигар дар амал татбиқ шудааст, пешниҳод менамояд.

Моддаи VII – Қайду шартҳо ва изҳорот

1. Ҳангоми ҳамроҳшавӣ ҳар давлат метавонад нисбати моддаи IV ин Протокол ва нисбати истифодаи ҳама гуна муқаррароти Конвенсия мутобиқи моддаи I ин Протокол гузорад, ба истиснои муқаррароти 1, 3, 4, 16 (1) ва 33, ба шарте ки қайду шартҳои давлати узви Конвенсия, ки мутобиқи ин модда гузошта шудаанд, ба гурезаҳое, ки нисбати онҳо ин Конвенсия истифода мегардад, паҳн карда нашаванд.

2. Қайду шартҳое, ки давлатҳои аъзои Конвенсия гузоштаанд мутобиқи моддаи 42, агар онҳо бардошта нашуда бошанд, ба ӯҳдадориҳои онҳо тибқи ин Конвенсия паҳн мегарданд.

3. Ҳар давлате, ки мутобиқи банди 1 ин модда қайду шартҳо гузоштааст, метавонад ҳар вақт бо роҳи огоҳ намудани Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ин қайду шартҳоро бардорад.

4. Изҳороте мутобиқи бандҳои 1 ва 2 моддаи 40 Конвенсия аз ҷониби давлати узви он, ки ба ин Протокол ҳамроҳ мешавад, пешниҳод шудааст, нисбати ин Протокол истифодашаванда ҳисобида мешавад, агар ҳангоми ҳамроҳшавӣ давлати узв ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси хилофи он огоҳинома нафиристад. Муқаррароти бандҳои 2 ва 3 моддаи 40 ва банди 3 моддаи 44 Конвенсия нисбати ин Протокол қобили истифода mutatis mutandis ҳисобида мешаванд.

Моддаи VIII – Эътибор пайдо кардан

1. Ин Протокол дар рӯзи ба маҳфуздоранда супурдани санади шашум оид ба ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.

2. Барои ҳама давлатҳое, ки пас аз ба маҳфуздоранда супурдани санади шашум оид ба ҳамроҳшавӣ, Протокол дар рӯзи аз ҷониби чунин давлат ба маҳфуздоранда супурда шудани санади худ оид ба ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.

Моддаи IX – Бекор кардан

1. Ҳар давлати узви Протокол метавонад ҳар вақт ин Протоколро бо роҳи ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид фиристодани огоҳинома бекор кунад.

2. Чунин бекоркунӣ барои давлати дахлдор узв баъди як сол аз рӯзи чунин огоҳиномаро гирифтани Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид эътибор пайдо мекунад.

Моддаи Х – Огоҳиномаҳое, ки Котиби генералии
Созмони Милали Муттаҳид мефиристад

Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳама давлатҳои дар моддаи V зикршуда оид ба таърихи рӯзи эътибор пайдо намудан, ҳамроҳшавиҳо, қайду шартҳо ва бардоштани қайду шартҳо нисбати ин Протокол ва бекор кардани он, инчунин оид ба изҳорот ва огоҳиномаҳои марбут ба он маълумот ирсол менамояд.

Моддаи XI – Маҳфуздорӣ дар бойгониҳои Котиботи
Созмони Милали Муттаҳид

Нусхаи ин Протокол, ки матнҳои англисӣ, испанӣ, хитоӣ, русӣ ва франсавии он эътибори якхела дошта, аз ҷониби Раиси Ассамблеяи Генералӣ ва Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид имзо шудааст, дар бойгониҳои Котиботи Созмони Милали Муттаҳид маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Котиби генералӣ нусхаҳои тасдиқгардидаи ин Протокол ба ҳама давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои дар моддаи V мефиристад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.