Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Ҳуқуқи маъмурӣ

Хусусияти муҳими давлати ҳуқуқбунёд дар волоияти ҳуқуқ ва қонуни ҳуқуқӣ, воқеӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон зоҳир мешавад ва ин ду аломати давлати ҳуқуқбунёд танҳо дар сурати тақсими ҳокимият имконпазир мегардадҲуқуқи маъмурӣ
1. Вазифаҳо ва предмети ҳуқуқи маъмурӣ. Сарчашмаҳои ҳуқуқи маъмурӣ

Хусусияти муҳими давлати ҳуқуқбунёд дар волоияти ҳуқуқ ва қонуни ҳуқуқӣ, воқеӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон зоҳир мешавад ва ин ду аломати давлати ҳуқуқбунёд танҳо дар сурати тақсими ҳокимият имконпазир мегардад. Ҳамин тавр, принсипи таҷзияи ҳокимият дар моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам шудааст, ки мувофиқи он «ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».
Дар амал татбиқ ёфтани ин принсип боиси он гардид, ки ҳар як шохаи ҳокимият дар низоми давлатдорӣ мавқеи хоси худро пайдо намуд, аз ҷумла ҳокимияти қонунгузор ба парламент, мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (иборат аз ду маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон) тибқи моддаи 48 Конститутсия мутааллиқ дониста шуд. Ҳокимияти иҷроияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи бобҳои 4 ва 5 Конститутсия амалӣ мекунанд ва ҳокимияти судӣ ба судҳои ҷумҳурӣ, ки низоми мустақил доранд, мансуб мебошад.
Дар мамлакат ҳам парламент ва ҳам Президент интихобӣ буда, санадҳои Президентро дар хусуси таъини аъзои Ҳукумат парламент тасдиқ мекунад, ҳайати Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент аз ҷониби Маҷлиси миллӣ интихоб ва бозхонда шуда, судяҳои дигар зинаҳои судӣ бошанд, аз тарафи Шӯрои адлия пешбарӣ ва аз ҷониби Президент таъин мегарданд.
Ҳокимияти судӣ низ мустақил буда, ҳуқуқу озодии шахсиятҳо, манфиати давлат, созмону муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамоянд.
Ҳамкорӣ ва муносибати ҳар як шохаи ҳокимият ба он нигаронида шудаанд, ки асосҳои ҳуқуқии бунёди давлати демокративу иҷтимоӣ фароҳам оварда шавад. Дар ҷараёни қонунгузорӣ Президент ва Ҳукумат иштирок мекунанд, аъзои Ҳукумат баъди ҷонибдории Маҷлиси Олӣ таъин мегарданд. Лоиҳаи буҷети таҳиянамудаи Ҳукуматро Маҷлиси намояндагон тасдиқ менамояд. Ин гуна алоқаву муносибатҳо на танҳо барои боздории фаъолияти шохаҳои гуногуни ҳокимият, балки барои тавозун ва муқовимати онҳо низ шароит фароҳам меорад.
Бояд ёдовар шуд, ки принсипи таҷзияи ҳокимият дар конститутсияҳои аксар давлатҳои сохташон демократӣ бо тарзу усулҳои гуногун инъикос ёфтааст. Масалан, дар Амрико тибқи Конститутсия парламент ва Президент алоҳида интихоб мешаванд ва Суди Олӣ бошад, ин ду шохаи ҳокимиятро таҳти назорат қарор мегирад. Дар Англия, Германия ва Италия парламент интихоб гардида, он Ҳукуматро бевосита ташкил мекунад. Дар Франсия бошад, парламент ва Президент интихобӣ буда, сарвари Ҳукуматро Президент таъин мекунад, аммо Ҳукумат дар назди парламент масъул мебошад. Чунонки аз ин нигоҳи мухтасар ба таҷрибаи давлатдории баъзе кишварҳои мутамаддини ҷаҳон, ки принсипи таҷзияи ҳокимиятро амалӣ сохтаанд, маълум мешавад, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт бо назардошти роҳи интихобшудаи бунёди давлати ҳуқуқиву иҷтимоӣ дурусту боварибахш қадам мениҳад.
Ҳамин тариқ, ҳокимияти иҷроия бо роҳи раъйпурсӣ бо қабул намудани Конститутсияи ҷумҳурӣ аз 6 ноябри соли 1994 асосҳои конститутсионии худро ташаккул дод ва дар низоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ пазируфта шуд.
Албатта, мақсад аз таҳлили мухтасари татбиқи принсипи таҷзияи ҳокимият дар ҷумҳурӣ он аст, ки бевосита ба яке аз соҳаҳои маъмули ҳуқуқ – ҳуқуқи маъмурӣ алоқа дорад. Он гурӯҳи махсуси муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳуқуқи маъмурӣ ба танзим медарорад, маҳз дар соҳаи идоракунии давлатӣ, яъне дар ҷараёни ташкил ва фаъолияти низоми ҳокимияти иҷроия дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд.
Ғайр аз ин, ҳуқуқи маъмурӣ дар доираи мавзӯи худ, пеш аз ҳама, реҷаи муайяни ҳуқуқиро ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроияро фароҳам меорад ва сониян, рафтори дигар иштирокчиёни муносибатҳои идоракуниро танзим месозад. Чунон ки аз ин таъриф маълум мешавад, ҳуқуқи маъмурӣ дар миёни дигар соҳаҳои ҳуқуқ қисмати мустақили низоми ҳуқуқро ташкил дода, он аз меъёрҳои ҳуқуқ иборат буда, як намуди хоси муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад, ки баъзе олимони назарияи ҳуқуқ ин муносибатҳоро «муносибатҳои идоравӣ ё худ идоракунӣ» номидаанд.
Албатта, предмети ҳар як соҳаи ҳуқуқ муносибатҳои ин ё он соҳаи иҷтимоист, ки ба воситаи меъёрҳои ҳамон соҳаи ҳуқуқ танзим мешаванд. Сабаби муносибатҳои идоракунӣ гуфтан дар он аст, ки ҳуқуқи маъмурӣ дорои маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки бевосита муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи ҳокимияти иҷроия, яъне идоракунии давлатӣ ба танзим медарорад.
Предмети ҳуқуқи маъмурӣ ин доираи муайяни муносибатҳои ҷамъиятиест, ки ба воситаи меъёрҳои ҳамон соҳаи ҳуқуқ ба танзим дароварда мешавад. Бояд гуфт, ки доираи ин муносибатҳо хеле васеъ аст.
Ин доираи муносибатҳоро ба таври умумӣ муносибатҳои ташкилӣ меноманд, ки ба таркиби он фаъолияти асосии идоракунии давлатӣ – иҷроиявию амрдиҳӣ дохил мешавад. Муносибатҳои ташкилиро ҳамчун предмети танзими маъмурию ҳуқуқӣ ба чор навъ ҷудо мекунанд: 1) муносибатҳои ташкилию идоракунӣ дар соҳаи амалигардонии ҳокимияти иҷроия (идоракунии давлатӣ); 2) муносибатҳои ташкилӣ дар ҳама зинаҳои низоми идоракунии умумӣ ва соҳаҳои фаъолияти давлатӣ; 3) муносибатҳои ташкилию назоратии умумидавлатӣ ва 4) муносибатҳои ташкилии маъмурию адлиявӣ.
Ҳамаи ин 4 навъи муносибатҳо аз рӯи меъёрҳои маъмурию ҳуқуқӣ танзим мешаванд, ки ин меъёрҳо дар навбати худ аз рӯи мундариҷа ба:
– ӯҳдадоркунанда;
– манъкунанда,
– ваколатдоркунанда;
– ҳавасмандкунанда ҷудо мешаванд. Аксарияти меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ ӯҳдадоркунанда мебошанд, яъне ба субъектҳои ҳуқуқи маъмурӣ иҷрои амалҳои муайянро ҳатмӣ мешуморанд Масалан., меъёрҳо оид ба ваколати мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни он, меъёрҳо оид ба тартиби кор бо арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ғайраҳо.
Тавассути меъёрҳои манъкунанда бисёр амалҳои номатлуб пешгирӣ карда мешавад, масалан, меъёрҳое, ки таркиби ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро ташкил медиҳанд. Ба меъёрҳои ваколатдоркунанда меъёрҳое дохил мешаванд, ки ҳуқуқу ваколатҳои муайянро ба мақомот, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон пешниҳод мегардонанд. Хусусияти меъёрҳои ҳавасмандкунанда дар андешидани чораҳои гуногуни ҳавасмандӣ аз ҷониби субъектҳои дахлдори ҳуқуқи маъмурӣ зоҳир мешавад.
Муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ ин муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки тавассути меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ танзим мешаванд ва меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ шарти асосии пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқии маъмурист. Бояд таъкид намуд, ки навъҳои муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ хеле зиёд ва гуногунанд. Масалан, аз рӯи характер ин меъёрҳо ба моддӣ ва мурофиавӣ ҷудо мешаванд.
Аз ҷиҳати хусусияти муносибатҳои иштирокчиён ба уфуқӣ (масалан, байни вазоратҳо ва муассисаҳои тобеи онҳо), амудӣ (масалан, байни ду вазорат, муассисаҳои сохтории ҳамаи дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия дар муносибатҳои байниҳамдигариашон), аз рӯи давомияти амал – ба таъҷилӣ, кӯтоҳмӯҳлат ва бемӯҳлат, аз рӯи ҳаҷм ва мавқеашон дар низоми танзими маъмуриву ҳуқуқӣ – ба умумӣ, соҳавӣ ва байнисоҳавӣ ҷудо мешаванд. Албатта, ҳамаи ин меъёрҳо ба иштирокчиёни бевоситаи муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ дахл доранд, ки дар поён дар ин бора муфассал сухан хоҳем ронд.
Сарчашмаҳои ҳуқуқи маъмурӣ санадҳои меъёрие мебошанд, ки дорои меъёрҳои маъмуриву ҳуқуқӣ мебошанд. Пеш аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади волотарини ҳуқуқӣ сарчашмаи асосии ҳуқуқи маъмурӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҷои дуюм ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи маъмурӣ қонунҳои конститутсионӣ эътироф мешаванд (масалан, Қонуни конститутсионии ҶТ « Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 маи соли 2001; Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз 17 маи соли 2004 ва ғайра).
Дар ҷои сеюм қонунҳои ҷорӣ қарор доранд, ки ба вазъи ҳуқуқии мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ бахшида шудаанд ( масалан, Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз 23 маи соли 1998).
Дар байни сарчашмаҳои ҳуқуқи маъмурӣ кодексҳо ҷои махсусро ишғол мекунанд (масалан, Кодекси ҶТ «Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ», Кодекси гумрукии ҶТ, Кодекси замини ҶТ ва ғайраҳо).
Сарчашмаҳои дигари ҳуқуқи маъмурӣ фармонҳои Президенти ҶТ, санадҳои меъёрии Ҳукумати ҶТ, санадҳои меъёрии вазоратҳо, кумитаҳои давлатии ҶТ, дигар идораҳои давлатии сатҳи ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шумор мераванд, ки меъёрҳои муайянро дар соҳаҳои алоҳидаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар бар мегиранд.

Саволҳо:
1) Бигӯед, ки мақсади асосии принсипи таҷзияи ҳокимият аз чӣ иборат аст? 2) Ҳуқуқи маъмурӣ кадом гурӯҳи муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунад? 3) Муносибатҳои идоракунӣ гуфта кадом навъи муносибатҳо дар назар дошта мешавад? 4) Меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ ба чанд навъ ҷудо мешаванд ва чӣ гуна вазифаҳо доранд? 5) Навъҳои муносибатҳои ҳуқуқи маъмуриро шарҳ диҳед. 6) Сарчашмаҳои ҳуқуқи маъмурӣ кадомҳоянд?

2. Субъектони (иштирокчиёни) ҳуқуқи маъмурӣ

Доираи муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳуқуқи маъмурӣ онҳоро ба танзим медарорад, дар таърифи ҳуқуқи маъмурӣ ҷойгир шудаанд. Ҳамин тавр, ҳуқуқи маъмурӣ чун соҳаи мустақили ҳуқуқ аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки аз тарафи давлат иҷозат, муқаррар ва кафолат дода шуда, барои ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба амалисозии ҳокимияти иҷроия ба вуҷуд меоянд, тағйир меёбанд ва қатъ мегарданд, равона карда шудаанд.
Аз ин таърифи муфассал чунин бармеояд, ки доираи муносибатҳои ҷамъиятие, ки ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ танзим мегарданд, ба амалисозии ҳокимияти иҷроия дахл доранд. Яъне ин муносибатҳо байни:
1) мақомоти ҳокимияти иҷроия ва сохторҳои он;
2) муносибатҳои байни ҳокимияти иҷроия ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, дигар шаклҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамшаҳриён ва ғайра;
3) байни мақомоти ҳокимияти иҷроия ва шаҳрвандон, аз ҷониби дигар – муносибатҳои байни мақомоти ҳокимияти иҷроия ва иштирокчиёни берунаи муносибатҳои шартномавӣ;
4) муносибатҳои байни мақомоти ҳокимияти иҷроия ва мақомоти маҳаллии худидоракунӣ (шаҳраку деҳа) сурат мегиранд.
Ҳамин тариқ, муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ он муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳокимияти иҷроия мебошанд, ки бо меъёрҳои ҳуқуқии маъмурӣ ба танзим дароварда мешаванд. Тарафҳо дар ин муносибат ҳамчун барандагони ҳуқуқу ӯҳдадориҳои байниҳамдигарӣ иштирок мекунанд, ки онҳоро меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ муқаррар ва таъин намудааст. Дар ин муносибатҳои ҳуқуқӣ манфиати давлатӣ инъикос мешавад ё худ амалан вазифа ва функсияи давлат амалӣ мегардад. Чунин муносибатҳои ҳуқуқӣ алоқамандона бо ташкилшавӣ ва вазифаиҷрокунии мақомоти ҳокимияти иҷроия мувофиқи қонунгузории амалкунанда ва меъёрҳои зерқонунии маъмуриву ҳуқуқӣ пайдо, тағйир ва қатъ гардонда мешаванд.
Субъекти муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста аз мақоми он дар ҳар соҳаи ҳуқуқ ҳар хел маънидод мешавад. Масалан, дар муносибатҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳамчун шахсони воқеӣ (ҷисмонӣ) баромад карда, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ эътироф мешаванд. Дар муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ бошад, ба ҳайси субъектони ҳуқуқ мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва дар баъзе ҳолатҳо ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ низ баромад мекунанд.
Дар ҳуқуқи маъмурӣ субъект ин иштирокчӣ ё тарафи муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳокимияти иҷроия аст, ки оид ба амалисозии функсияҳои идоракунӣ ваколатҳои дахлдори давлатӣ – ҳокимиятӣ дорад. Одатан ба сифати муносибатҳои маъмурии ҳуқуқӣ (ҷониби идоракунанда) мақомоти ҳокимияти иҷроия ва шахсони мансабдор баромад мекунанд, ки дар шакли расмӣ ирода ва манфиати давлатро дар амал татбиқ менамоянд. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун дар нақши субъект инчунин судҳо (ҳангоми баррасии парвандаҳои маъмурӣ) ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои идоракунӣ буда метавонанд, масалан, иттифоқҳои касаба муассисаҳои санаторӣ – курортиро идора мекунад. Объекти идоракунӣ бошад, шахсони ҷисмонию ҳуқуқӣ мебошанд, ки дар соҳаи ҳокимияти иҷроия ҳуқуқу вазифаҳо доранд, аммо ҳамчун тарафи идорашаванда эътироф мегарданд. Ба онҳо шаҳрвандон, хизматчиёни давлатӣ, мақомоти идоракунии ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, корхонаву муассисаҳо, ҳокимияти иҷроия дар низоми худидораи маҳаллӣ, ташкилотҳои хориҷӣ дохил мешаванд. Амалан объекти идоракунӣ фаъолияти ин одамон ва иттиҳодияҳои онҳо оид ба татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшон дар соҳаи ҳокимияти иҷроия, рафтори бошууронаи онҳост.
Муносибати маъмурии ҳуқуқӣ чунин рафтори иштирокчиёни онро пешбинӣ мекунад, ки ба талаботи меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ мувофиқ мебошанд. Ҳамин гуна рафтор дуруст эътироф шуда, на танҳо ба таври мусбӣ баҳо дода мешавад, балки дар баъзе ҳолатҳо ҳавасманд ҳам карда мешавад. Масалан, мувофиқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 13 ноябри соли 1998 «хизматчиёни давлатӣ барои иҷрои бомуваффақияти вазифаи хизматӣ, фаъолияти тӯлонӣ ва бенуқсон, иҷрои супоришҳои махсусан вазнин ва мураккаб ҳавасманд карда мешаванд. Навъҳои ҳавасмандгардонӣ ва тартиби истифодаи онҳоро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд». Дар моддаи 34 – и ҳамин Қонун бошад, гуфта мешавад, ки «шахсоне, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба хизмати давлатиро вайрон мекунанд, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд». Бештари муносибатҳои маъмурии ҳуқуқӣ бо тартиби маъмурӣ ҳифз карда мешаванд.
Чизи муҳими дигар ҳамин аст, ки субъекти ҳуқуқи маъмурӣ фақат дар ҳолати мавҷудияти факти юридикӣ метавонад субъекти муносибати ҳуқуқии маъмурӣ шавад. Субъекти ҳуқуқи маъмурӣ шахс ё ташкилоте номида мешавад, ки дар шароити муайян метавонад иштирокчии муносибатҳои идоракунӣ бошад. Онҳо метавонанд индивидуалӣ (фардӣ) – шаҳрвандон, хизматчиёни давлатӣ ва коллективӣ (мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ) бошанд. Дар давоми мӯҳлати зиёд онҳо метавонанд бо ҳеҷ кас дар муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ набошанд (субъект ё объекти идоракунӣ).
Субъекти муносибати ҳуқуқӣ ҳамеша мушаххас аст. Ин шахси мушаххас ё ташкилотест (тарафи муносибати ҳуқуқӣ – субъект ё объекти идоракунӣ), ки дар соҳаи ҳокимияти иҷроия ба онҳо ҳуқуқу ӯҳдадориҳо дода шудааст ва онҳо қобилияти амалкунӣ доранд.
Субъектони ҳуқуқи маъмурӣ танҳо дар сурати вуҷуд доштани се шарт метавонанд субъектони муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ шаванд:
1) меъёри маъмурӣ – ҳуқуқӣ, ки субъектро муайян карда, ҳуқуқу вазифа ва ҷавобгарии ҳуқуқиашро муқаррар мекунад;
2) қобилияти ҳуқуқдории маъмурӣ ва қобили амалкунии субъект;
3) факти юридикӣ, яъне асоси пайдоиш, тағйирот ва қатъ гардидани муносибати ҳуқуқӣ.
Ҳамин тариқ, субъектҳои ҳуқуқи маъмуриро ба ду гурӯҳ – инфиродӣ (шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ, ашхоси бешаҳрвандӣ, хизматчиёни давлатӣ) ва коллективӣ тақсим мекунанд. Коллективӣ бошад, дар навбати худ ба 2 гурӯҳи дигар ҷудо мешавад. Ба гурӯҳи аввал:
– ташкилотҳои давлатӣ;
– мақомоти ҳокимияти иҷроия;
– ҷузъҳои сохтории мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки дорои салоҳияти ҳудӣ ҳастанд;
– мақомоти идоракунии корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ дохил мешаванд.
Ба гурӯҳи дуюм бошад, инҳо дохил мешаванд:
– ташкилотҳои ғайридавлатӣ;
– мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;
– мақомоти идоракунии ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ;
– муассисаҳои хусусӣ;
– муассисаҳои хориҷӣ.
Ҳамин тариқ, зери мафҳуми субъекти ҳуқуқи маъмурӣ шахс ё ташкилоте фаҳмида мешавад, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда метавонанд иштирокчиёни (тарафҳои) муносибатҳои ҷамъиятии идоракуние бошанд, ки онҳоро ҳуқуқи маъмурӣ ба танзим медарорад. Доираи ин субъектҳо хеле васеъ аст. Унсури муҳими онҳоро муттаҳидкунанда – қобилияти ҳуқуқдории маъмурист.
Бояд гуфт, ки қобилияти ҳуқуқдорӣ – ин қобилияти доштани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандӣ аз ҷониби шахси воқеист, ки бо ҳуқуқи мамлакати мазкур роҳ дода мешавад. Аз ин таъриф маълум мешавад, ки қобилияти ҳуқуқдории маъмурӣ – зоҳир шудани умуман қобилияти ҳуқуқдорист, яъне имконияти субъекти мазкур (масалан, шаҳрванд, мақоми иҷроия ва ғ.) барои воридшавӣ ва муносибатҳои ҳуқуқии гуногун, ки тавассути меъёрҳои ҳуқуқии давлат муқаррар ва ҳифз карда мешаванд. Ин гуна қобилият – қобилияти ба даст овардани маҷмӯи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ ва ҷавобгарӣ барои татбиқи онҳост. Аз ин хулоса мешавад, ки қобилияти ҳуқуқдорӣ сарчашмаву заминаи пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқӣ бо иштроки субъекти мазкур аст.
Барои пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ чунин замина қобилияти ҳуқуқдории маъмурист, ки дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ имконияти ин ё он субъектро оид ба бадастории ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳуқуқиву маъмурӣ ва ба дӯш гирифтани ҷавобгариро барои татбиқи амалии онҳо дар соҳаи идоракунии давлатӣ ифода мекунад. Моҳиятан, қобилияти ҳуқуқдорӣ бо махсусиятҳои ин ё он соҳа муқаррар мешавад. Мувофиқан, ҳар кас, ки бо меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳо дар ин соҳа ба ӯ дода шудааст, ба сифати субъекти ҳуқуқи маъмурӣ баррасӣ мешавад. Хусусияти муҳим барои онҳо имконияти иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқии маъмурии мушаххас шудан аст, на худи иштирок.
Субъектони ҳуқуқи маъмурӣ ҳамон вақт субъектони муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ мешаванд, ки онҳо қобилияти татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро дар доираи муносибатҳои ҳуқуқии маъмурии мушаххас истифода кардан дошта бошанд.
Дар таҷриба на ҳамеша имконияти ҷудо кардани сарҳади байни қобилияти ҳуқуқдории маъмурӣ ва қобилияти амалкунии маъмурӣ даст медиҳад. Бештар вақт онҳо ҷудонашавандаанд, чунки аз рӯи моҳият ду унсури (элементи) мақоми ягонаи маъмурӣ – ҳуқуқӣ мебошанд. Ин ба мақомоти ҳокимияти иҷроия дахл дорад, ки онҳо (яъне қобилияти ҳуқуқдории маъмурӣ ва қобилияти амалкунандаи маъмурӣ) дар як вақт, яъне аз лаҳзаи ташкил ва мустаҳкамшавии салоҳияти онҳо фаро мерасад. Дар салоҳияти онҳо қобилияти ҳуқуқдории маъмуриашон зоҳир мешавад. Дар вай ваколати ҳамин мақом оид ба иштирок кардан дар муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ, яъне қобилияти амалкунӣ муқаррар ва муайян мешавад.
Ба ҳайси субъектҳои ҳуқуқи маъмурӣ давлати Тоҷикистон ва ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро низ метавонем эътироф намоем. Дар чунин нақш онҳо барандагони қобилияти ҳуқуқдории маъмурӣ мебошанд. Аммо дар муносибатҳои мушаххаси маъмурӣ – ҳуқуқӣ онҳо бевосита иштирок намекунанд. Қобилияти амалкунии маъмурӣ ба ӯҳдаи мақомоти ҳокимияти иҷроия ё идоракунӣ дар муқоиса аз шаҳрвандон гузошта мешавад, ки ин ду сифати ҳуқуқиро дар худ дошта метавонанд. Ин чунин маънӣ дорад, ки субъекти муносибатҳои ҳуқуқӣ-маъмурӣ на вилоят, шаҳр, ноҳия, на завод, на ҳизби сиёсӣ ё иттиҳодияи ҷамъиятӣ, балки мақомоти идоракунии онҳо ҳисоб мешавад.
Барои ҳар соҳаи ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқи маъмурӣ муайян кардани субъектҳои он кори муҳим аст. Ин ё он шахс ё ташкилотро ба сифати субъекти ҳуқуқ эътироф карда истода, қонун мақоми ҳуқуқии онҳоро муайян мекунад ва вазъи онҳоро дар муносибат бо давлат ва мақомоти он, дигар ашхос равшан менамояд.
Ҳамин тариқ, субъекти ҳуқуқи маъмурӣ шахс ё ташкилотест, ки мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ метавонанд иштирокчиёни (тарафҳои) муносибатҳои идоракунӣ бошанд. Ба ақидаи мо, ба сифати субъектони ҳуқуқи маъмурӣ – шахсони ҷисмонӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия, худидораи маҳаллӣ, хизматчиёни давлатӣ, корхонаву муассиса ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баромад менамоянд, ки дар бораи навъҳо, мақоми ҳуқуқии онҳо ва қобилияти субъекти ҳуқуқ будани онҳо дар поён муфассал сухан хоҳем гуфт.

Саволҳо:
1) Кадом навъҳои муносибатҳо бо меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ ба танзим дароварда мешаванд? 2) Субъектони ҳуқуқи маъмуриро номбар намоед. 3) Субъектони инфиродӣ ва коллективии ҳуқуқи маъмуриро аз ҳам ҷудо намоед. 4) Барои пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ кадом омилҳо зарур аст? 5) Қобилияти амалкунии маъмурӣ гуфта чӣ дар назар дошта мешавад?

3. Шахсони ҷисмонӣ ҳамчун субъектони ҳуқуқи маъмурӣ

Чунон ки дар мавзӯи пешина ишора карда будем, ба ҳуқуқи маъмурӣ як зумра субъектҳо, аз ҷумла шаҳрвандон, ташкилотҳо, коллективҳои меҳнатӣ, ҷузъҳои сохтории ташкилотҳо, хизматчиёни давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ғайра хос аст, ки миёни онҳо шаҳрвандон ҳамчун шахсони ҷисмонӣ мавқеи аввалиндараҷа доранд, зеро дар қисми 2 моддаи 1 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Зиёда аз ин, моддаи 10-уми Конститутсия афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро нисбат ба қонунҳои миллӣ эътироф намудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро аз 10 декабри соли 1998 ба тасвиб расонидааст ва тибқи муқарароти Конститутсия ин санади муҳими байналхалқӣ қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар моддаи 6-уми Эъломияи мазкур қайд шудааст, ки «ҳар як инсон, дар ҳар куҷое, ки қарор дошта бошад, ба эътирофи ӯ ҳамчун субъекти ҳуқуқӣ ҳақ дорад». Бояд гуфт, ки зери мафҳуми шахси ҷисмонӣ инсон ҳамчун мавҷуди биологӣ фаҳмида мешавад. Ба музмуни ҳуқуқӣ шахсони ҷисмонӣ шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандро дар назар доранд. Ҳамин тавр, байни субъектони ҳуқуқи маъмурӣ шаҳрвандон ҷои махсусро ишғол мекунанд. Дар назар дошта мешавад шаҳрванде, ки функсияи ҳокимиятӣ – амрдиҳӣ надорад, ё худ дар ташкилот кор мекунад, ё кор намекунад (масалан, хонанда, нафақахӯр). Вазифаи асосии ҳуқуқи маъмурӣ дар таъмини манфиати давлат ба воситаи манфиати ҳар як шаҳрванд ва ҷомеа дар маҷмӯъ мебошад. Эътироф кардан лозим аст, ки давлат барои шаҳрвандон ва ҷомеа вуҷуд дорад, на баръакс. Ҳамин аст, ки дар Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз мекунад». Мақоми маъмурӣ – ҳуқуқии шаҳрванд ин ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва масъулияти шаҳрванд аст, ки бо қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ муқаррар шуда, иштироки ӯро дар идоракунии давлат таъмин месозад. Ва боиси қонеъ гардонидани манфиатҳои умумӣ ва шахсии ӯ ҷиҳати фаъолияти мақомоти давлатӣ мегардад.
Мақоми маъмурӣ – ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон ҷузъи муҳим ва таркибии статуси ҳуқуқии умумии онҳоро ташкил мекунад, ки бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 ноябри соли 1995, дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин Эъломияи умумии ҳуқуқи башар муқаррар карда мешавад. Мазмуни мақоми маъмурӣ – ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро инҳо ташкил медиҳанд:
а) маҷмӯи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд, ки бо меъёрҳои ҳуқуқии маъмурӣ устувор гардонида шудаанд;
б) кафолати татбиқи ин ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, ҳифзи онҳо ба воситаи қонун ва механизми ҳимоя аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ.
Шаҳрванд нисбат ба инсон ҳуқуқу ӯҳдадориҳои бештар дорад. Шахсоне, ки шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, аз ҳуқуқҳои ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлдор маҳруманд, масалан, ҳуқуқи Президент интихоб шудан надоранд.
Ҳолати маъмурӣ – ҳуқуқии ин шаҳрвандон аз рӯи андоза ва характери қобилияти субъекти ҳуқуқи маъмурӣ будани онҳо муқаррар карда мешавад, ки онҳоро қобилияти ҳуқуқдории маъмурӣ ва қобилияти амалкунии маъмурӣ ташкил медиҳанд.
Зери мафҳуми қобилияти ҳуқуқдории маъмурии шаҳрванд имконияти бо қонун эътирофшудаи субъекти ҳуқуқи маъмурӣ будан, доштани ҳуқуқ ва ӯҳдадории характери маъмуриву ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад. Ҳаҷму мазмуни ин гуна қобилияти ҳуқуқдорӣ бо кӯмаки меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ муқаррар ва тағйир дода мешавад. Хусусиятҳои муҳими он дар Конститутсия сабт шуда, мутобиқи Конститутсия санадҳои ҳуқуқии зиёде қабул шудаанд, ки ин ё он паҳлӯи вазъи ҳуқуқӣ – маъмурии шаҳрвандонро дар маҷмӯъ ва дар соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷомеа ба танзим даровардаанд. Масалан, ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандон дар соҳаи ҳимояи Ватан дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 ноябри соли 2000 ба таври муфассал асоснок карда шудааст.
Қобилияти амалкунии маъмурии шаҳрванд ин қобилияти бо амалиёти (рафтори) шахсӣ ба даст овардани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои характери маъмурӣ – ҳуқуқӣ дошта ва амалисозии онҳост. На ҳама шаҳрвандон қобилияти якхелаи амалкунии маъмурӣ доранд, ки ин ба хусусиятҳои хоси муносибатҳои идоракунӣ ва доштани таҷриба, ақлу заковат, ҳисобот додан аз амали худ вобастагӣ доранд. Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 13 ноябри соли 1998 нисбат ба номзадҳо ба хизматчиёни давлатӣ як қатор талабот гузоштааст. Дар қ.3 моддаи 9 гуфта мешавад, ки «шаҳрванд ба хизмати давлатӣ қабул шуда наметавонад, агар:
1) бо қарори судии ба қувваи қонун даромада шаҳрванд ғайри қобили амал ё қобилияти амалкуниаш маҳдуд эътироф гардида бошад».
Албатта, тибқи Конститутсия ҳама шаҳрвандон ҳуқуқу ӯҳдадориҳои якхела ва баробар доранд. Ҳуқуқи маъмурӣ ба амалишавии ин ҳуқуқу озодиҳо ва ӯҳдадориҳои конститутсионӣ ба таври гуногун таъсир мерасонад, махсусан дар ҳолатҳое, ки муқаррароти конститутсионӣ агар ба мушаххасгардонӣ ниёз дошта бошад, ё дар мавриди ҳамкории шаҳрвандон бо сохторҳои идоракунӣ, назорати онҳо ҷиҳати риояи принсипи конститутсионии: «татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд набояд ҳуқуқу озодии дигар шахсонро халалдор кунад».
Дар ҳамкорӣ ва таъсири мутақобила бо сохторҳои идоракунӣ чунин ҳуқуқу озодӣ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон амалӣ карда мешаванд:
1. Ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба иштирок кардан дар идоракунии давлат бевосита ё ба воситаи намояндагони худ. Ин бо ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба интихоб кардан ва ё интихоб шудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ вобастагӣ дорад. Дар натиҷа шаҳрванд метавонад ҳамиштирокчӣ ё худ субъекти бевоситаи фаъолияти идоракунӣ гардад. Шаҳрванд метавонад дар идоракунии корҳои давлатӣ иштирок кунад, агар ҳуқуқашро оид ба дастрасӣ ба хизмати давлатӣ амалӣ гардонад.
2. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ, ҳуқуқи созмон додани иттифоқи касаба барои ҳифзи манфиатҳои худ.
3. Ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишу роҳпаймоиҳо. Дар Конститутсия оид ба тартиби гузаронидани ин чорабиниҳо, пешакӣ огоҳ кардан аз ташкили онҳо чизе гуфта нашуда бошад ҳам, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта» аз 22 маи соли 1998 оид ба ташкилотчии намоиш (моддаи 6), иштирокчиён (моддаи 7), огоҳнома дар бораи гузаронидани намоиш (моддаи 8), ҷойҳои гузаронидани намоиш (моддаи 9), ҷойҳои барои намоиш маҳдуд ё манъшуда (моддаи 10), вақти намоиш (моддаи 11), ташвиқоти пешакӣ (моддаи 13), масъалаҳои таъминот (моддаи 14) ва тартиби гузаронидани намоишҳо (боби Ш, моддаҳои 17-20) муқаррароти дахлдор мавҷуданд.
4. Ҳуқуқи шахсан муроҷиат кардан ба мақомоти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ ё фиристодани муроҷиатҳои умумӣ.
5. Ҳуқуқи шаҳрванд ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ.
6. Дахлнопазирии манзил.
7. Ҳуқуқ ба ҷойивазкунӣ.
8. Ҳуқуқ ба озодии иттилоот.
9. Ҳуқуқ ба ҷуброни зарари аз тарафи мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдор расонидашуда.
Ҷараёни татбиқи ҳуқуқҳои субъективии шаҳрвандон, ки бо меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ мустаҳкам карда шудаанд, пешбинӣ мекунад, ки онҳо амали ҳуқуқӣ анҷом диҳанд. Ин амалҳоро ба қонунӣ ва ғайриқонунӣ ҷудо мекунанд. Амалҳои қонунӣ, ки ба татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон алоқаманданд, равона мегарданд барои:
а) истифодаи воқеии (ҳаққонии) ҳуқуқҳо (масалан, таҳсил дар мактабҳои олӣ, ки иштирок ба дарсҳо ва супоридани имтиҳонҳоро тақозо дорад);
б) ба даст овардани ҳуқуқҳои қонунӣ (навиштани ариза барои дохилшавӣ ба мактаби олӣ);
в) ҳифзи ҳуқуқҳои поймолшуда (додани шикоятнома).
Амалҳои ғайриқонунӣ ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро ташкил мекунанд, ки маҷбуркунии маъмурӣ натиҷа дорад.

Саволҳо:
1) Ба ёд биёред, ки шахсони ҷисмонӣ гуфта киҳо дар назар доштамешавад? 2) Мақоми маъмурӣ – ҳуқуқии шаҳрванд кадом унсурҳоро дар бар мегирад? 3) Қобилияти ҳуқуқдории маъмурии шаҳрванд чист? 4) Дар ҳамкорӣ ва таъсири мутақобила бо сохторҳои идоракунӣ кадом ҳуқуқу озодӣ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон амалӣ карда мешаванд? 5) Ҳуқуқҳои субъективии шаҳрвандон, ки бо меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ мустаҳкам карда шудаанд, барои иҷрои кадом амалҳои ҳуқуқӣ равона мешаванд?

4. Мақомоти ҳокимияти иҷроия ҳамчун
субъекти ҳуқуқи маъмурӣ

Дар қонунгузории мавҷуда истилоҳҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроия» ва «мақомоти идоракунии давлат» ҳангоми муайян кардани вазъи маъмурӣ – ҳуқуқии мақомоти дахлдор ҳаммаъно истифода шудаанд. Мақомоти ҳокимияти иҷроия, пеш аз ҳама, ташкилоте ҳаст, ки як ҷузъи дастгоҳи давлатӣ маҳсуб шуда, сохтори худ, салоҳият ва фаъолияти ҳудудӣ дорад, бо тартиби муқарраркардаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил мешавад, методҳои муайянро дар кор истифода мебарад, ҳуқуқи бо супориши давлат баромад кардан дорад, бо тартиби фаъолияти иҷроиявӣ ва амрдиҳӣ роҳбариро ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маъмурӣ – сиёсӣ ба амал мебарорад.
Аз аломатҳое, ки дар ин таъриф зикр шудаанд, моҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроия маълум шуда, онҳоро аз дигар мақомоти давлатӣ (масалан, қонунгузор, судӣ) ва ғайридавлатӣ фарқ менамояд.
Сохтори дохилии ҳокимияти иҷроия аз роҳбар ва ҷонишинони ӯ, мақомоти коллегиалии идоракунӣ ва кормандони дастгоҳ иборат аст. Қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амалкунии маъмурии мақомоти ҳокимияти иҷроия бо ташкилёбӣ ва муайян шудани салоҳият пайдо шуда, бо барҳам додани онҳо қатъ гардонида мешавад. Мақомоти ҳокимияти иҷроия ҳамчун ҷузъи дастгоҳи давлатӣ ҳамарӯза корҳоро оид ба татбиқи вазифаҳои идоракунӣ ва функсияҳои давлат анҷом медиҳанд, онҳо бо таъинот, мазмуни кор ва методи фаъолият аз мақомоти ҳокимияти судӣ ва қонунгузор фарқ карда меистанд.
Онҳо аз номи давлат баромад мекунанд, аз ин рӯ, бо ваколатҳои давлатӣ – ҳокимиятӣ таъмин мебошанд. Мақомоти ҳокимияти иҷроия таҳти маблағгузории бюҷетӣ қарор доранд, шахси ҳуқуқӣ ҳисоб мешаванд, яъне дорои қобилияти ҳуқуқдории гражданӣ мебошанд.
Ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия ба як қатор принсипҳо асос меёбад, ки онҳо муқаррароти умумӣ ва талаботи муҳимро дар бар мегиранд. Ин принсипҳо иборатанд аз:
1. Принсипи волоияти қонун.
2. Принсипи ҳокимияти халқ.
3. Принсипи таҷзия ва тавозуни ҳокимиятҳо.
4. Принсипи қонуният.
5. Принсипи масъулияти шахсӣ.
6. Принсипи ошкорбаёнӣ.
7. Принсипи афзалият ва кафолатнокии ҳуқуқи шахсият.
8. Принсипи мутаммарказият (сентрализатсия).
Ҳамаи ин принсипҳо дар асоси муқаррароти Конститутсия татбиқ карда мешаванд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти иҷроия ду боб – боби 4-ум – «Президент» ва боби 5-ум – «Ҳукумат» бахшида шудааст.
Инчунин дар боби 6 – «Ҳокимияти маҳаллӣ» дар моддаи 78 гуфта мешавад, ки «ҳокимияти иҷроияро дар маҳал намояндаи Президент – раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия амалӣ мегардонад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пойдории давлат ва мураттабии фаъолияти мақомоти давлатист.
Тибқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти Президент аз чунин амалҳо иборат аст:
– самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад;
– Тоҷикистонро дар дохили давлат ва муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;
– вазоратҳо ва кумтаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад;
– Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд;
– раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳоро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд;
– санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо бо Конститутсия ва қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад;
– номзадии Раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд;
– бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад;
– Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад;
– Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад;
– Шӯрои адлияро таъсис медиҳад;
– раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин мекунад;
– ба қонунҳо имзо мегузорад;
– низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
– ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ мебошад;
– ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, қарордодҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
– ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад;
– масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал менамояд;
– паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад;
– масъалаи бахшиши ҷазоро ҳал мекунад;
– бо рутбаҳои олии ҳарбӣ дипломатӣ ва унвонҳои махсус сарфароз мегардонад.
Ин меъёрҳои конститутсионӣ дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ инкишоф дода шудаанд.
Мувофиқи ин Қонун Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳокимияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад. Ба низоми мақомоти идораи давлатӣ роҳбарӣ намуда, фаъолият ва мутобиқати ҳамкории онҳоро таъмин мекунад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарвари ҳокимияти иҷроия мебошад. Раиси Ҳукумат ба фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, барои ваколатҳояшро самаранок амалӣ намудани он тадбирҳо меандешад.
Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин аст:
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.
Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва аз вазифа озод мекунад ва фармонҳоро дар ин бора ба тасдиқи Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои зерин мебошад:
– идоракунии равандҳои иқтисодӣ, иҷтимою фарҳангӣ, фароҳамсозии шароит барои инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ;
– муайянкунӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ, молиявӣ, андоз ва қарз;
– идоракунии объектҳои моликияти давлатӣ, бастани қарордодҳо бо роҳбарони онҳо;
– ташкили тартибдиҳӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ, ояндабинӣ ва барномаҳои муҳимтарини тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ;
– таҳияи пешниҳодҳо дар бораи сохтори Ҳукумат, ташкил, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораю дигар мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– андешидани тадбирҳо доир ба ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон, ҳуқуқи онҳо ба меҳнат, такмили низоми таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташ қарору фармон мебарорад, иҷрои онҳоро ташкил ва назорат мекунад. Иҷрои қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми мақомот ва ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, мансабдорон ва шаҳрвандон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд. Қарорҳое, ки барои хоҷагии халқ аҳамияти зиёд доранд ё хусусиятҳои меъёрию ҳуқуқӣ доранд, дар шакли қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда мешаванд.
Қарорҳо аз рӯи масъалаҳои таъҷилӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ дар шакли амрҳои Ҳукуати Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда мешаванд. Ба қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумат қабул карда мешаванд, Раиси Ҳукумат имзо мегузорад.

Саволҳо:
1) Таърифи мақомоти ҳокимияти иҷроияро гӯед ва нишонаҳои ҳуқуқиашро муайян намоед. 2) Қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амалкунии маъмурии мақомоти ҳокимияти иҷроия аз кадом лаҳза оғоз мешавад? 3) Ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия ба кадом принсипҳо асос меёбад? 4) Салоҳияти Президентро тибқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар кунед. 5) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташ чӣ гуна санадҳои меъёрӣ ирсол мекунад?

5. Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (ҷамоат)
ҳамчун субъекти ҳуқуқи маъмурӣ

Асосҳои ҳуқуқии мақомоти худидораи маҳаллӣ ва ҷузъҳои онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз 17 маи соли 2004 муқаррар мекунад.
Сохтори мақомоти худидораи маҳаллиро худи аҳолӣ мустақилона муайян мекунад. Муайян кардани статуси мақомоти намояндагии худидораи маҳаллӣ ба соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ дахл дорад. Ҳуқуқи маъмурӣ статуси мақомоти худидораи маҳаллӣ, ки функсияҳои характери идоракунӣ доштаро амалӣ мегардонанд, муқаррар месозад. Тибқи м. 78 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим мекунад».
Мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа мувофиқан ҷамоати шаҳрак ва ҷамоати деҳа мебошанд.
Ҷамоатҳо дар амалӣ гардонидани ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати иштирок дар идораи корҳои ҷамъият ва давлат ёрӣ мерасонанд, онҳоро барои иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагии қаламрави худ, ҳалли масъалаҳои муҳиме, ки бевосита ба манфиати аҳолӣ дахл доранд, муттаҳид месозанд, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар иҷрои талаботи Конститутсияи (Сарқонун) ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ва раисони онҳо мусоидат мекунанд».
Шакли асосии худидораи маҳаллии шаҳрвандон – Маҷлиси намояндагон мебошад. Дар кори ҷамоатҳо шаҳрвандоне иштирок мекунанд, ки синашон ба 18 расидаааст ва дар қаламрави мазкур доимӣ истиқомат мекунанд.
Ҷамоатро раиси ҷамоат бо маслиҳати Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ё Раиси шаҳр, ноҳия дар мавриди зарурат, вале соле камаш ду бор даъват мекунад, ҷамоат инчунин аз тарафи Маҷлиси вакилони халқ, Раиси шаҳр, ноҳия ё худ бо ташаббуси камаш сеяки шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи дар ҷамоат иштирок кардан доранд, даъват шуда метавонанд.
Дар ҷамоати шаҳрак намояндагони кӯчаю маҳаллаҳо, дигар воҳидҳои марзии қаламраваш, дар ҷамоати деҳот бошад, намояндагони деҳаҳои дахлдор, чун вакил иштирок менамоянд. Меъёри намояндагӣ ва тартиби пешбарии вакил аз тарафи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳия ё Раиси шаҳр, ноҳия муқаррар карда мешавад.
Ҷамоатҳо ба шарте босалоҳият ҳисоб карда мешаванд, ки дар онҳо камаш аз се ду ҳиссаи намояндагони шаҳрвандони ба ҷамоатҳо пешбаригардида ҳозир бошанд.
Раиси ҷамоат дастгоҳи худро дорад, ки шумораи кормандони он бо маслиҳати Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳия ё аз тарафи Раиси он муқаррар карда мешавад.

Саволҳо:
1) Асосҳои ҳуқуқии мақомоти худидораи маҳаллӣ ва ҷузъҳои онро кадом санадҳои ҳуқуқӣ муқаррар мекунанд? 2) Мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа чист ва кадом мақомот ҳуқуқи ташкили онро дорад? 3) Ҷамоатро кадом мақомот ҳуқуқи даъват кардан дорад?

6. Хизматчии давлатӣ – субъекти ҳуқуқи маъмурӣ

Мафҳуми «хизматчии давлатӣ» дар қонунгузории мо нав аст. Дар адабиёти ҳуқуқӣ таҳти ин мафҳум иҷрои фаъолияти меҳнатии хизматчиёни ташкилотҳои давлатӣ мувофиқан бо вазифаҳои ишғолнамуда, ки барои амалӣ намудани вазифаи давлатӣ расонида мешуданд, фаҳмида мешуд. Акнун тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 13 ноябри соли 1998 ба категорияи хизматчиёни давлатӣ он шахсоне дохил карда мешаванд, ки мансабҳои давлатиро дар мақомоти давлатӣ ишғол мекунанд. Вазифаҳои давлатӣ ба категорияҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
1. Категорияи олӣ – вазифаҳои олии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Категорияи якум – вазифаҳои асосии давлатии хизмати давлатӣ;
3. Категорияи дуюм – вазифаҳои пешбари давлатии хизмати давлатӣ;
4. Категорияи сеюм – вазифаҳои калони давлатии хизмати давлатӣ;
5. Категорияи чорум – вазифаҳои хурди давлатии хизмати давлатӣ.
Аҳамияти хизмати давлатӣ бо он муайян мешавад, ки масъалаи асосии давлатӣ – масъалаи кадрҳо, дар навбати аввал роҳбарон аст. Дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» принсипҳои зерини хизмати давлатӣ муқаррар карда шудаанд:
1) волоияти Конститутсия ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) садоқат ба халқи Тоҷикистон;
3) гуманизм ва адолати иҷтимоӣ;
4) афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
5) демократизм ва ошкорбаёнӣ;
6) беҳизбӣ ва характери дунявӣ;
7) профессионализм, салоҳиятнокӣ, бошарафӣ;
8) қонуният, масъулияти шахсӣ, интизомнокӣ;
9) зери назорат будан ва ҳисобот додани хизматчии давлатӣ;
10) ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ;
11) ихтиёрӣ ва ҳуқуқи баробари шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ.
Ғайр аз ин, дар қонуни мазкур махсусан зикр мешавад, ки дар мақомоти давлатӣ ва дастгоҳҳои он ташкил ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ, ғайр аз иттифоқҳои касаба роҳ дода намешавад.
Ҳангоми муайян кардани статуси маъмурӣ – ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ фаҳмиши дурусти аҳамияти ҳуқуқӣ ва таснифи вазифаҳои давлатӣ нақши муҳим мебозад. Вазифаи давлатӣ категорияи ташкилӣ – ҳуқуқии хоси хизматчиён аст, дигар гурӯҳи аҳолӣ аз рӯи ихтисос кор мекунанд (масалан, коргарон дар саноат, духтурон дар муассисаҳои табобатӣ ва ғ.).
Дар қонуни мазкур ҳуқуқу ӯҳдадориҳои умумии хизматчиёни давлатӣ сабт шудааст. Онҳо қоидаҳои умумии рафтор ва амали хизматчиёни давлатӣ, шароит ва андозаи характери ташкилидоштаро зоҳир мекунанд, ки барои амалисозии салоҳият аз рӯи вазифаи ишғолнамуда мувофиқат мекунанд. Масалан, хизматчии давлатӣ новобаста аз салоҳияти мушаххас аз рӯи вазифа ҳуқуқ дорад:
– шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ӯро аз рӯи вазифа муқаррар мекунанд, шароити пешравӣ дар хизмат, инчунин шароити ташкилӣ – техникӣ, ки барои иҷрои вазифа заруранд;
– гирифтани маълумот барои иҷрои кор;
– бо тартиби муқарраршуда дидани корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликият;
– қабули қарор ва иштирок дар таҳияи он;
– бо ташаббуси худ иштирок кардан дар озмун барои ишғоли вазифаи холӣ;
– такмили ихтисос аз ҳисоби буҷети дахлдор;
– таъмини нафақа бо назардошти собиқаи корӣ дар хизмати давлатӣ;
– муттаҳидшавӣ дар иттифоқҳои касаба ва ғ.
Ғайр аз ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ба хизматчиёни давлатӣ қонуни мазкур як қатор маҳдудиятҳо низ пеш мегузорад, ки мақсади онҳо устувории ахлоқии хизматчӣ аст. Масалан, ба хизматчии давлатӣ ғайр аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва педагогӣ ба дигар кори муздаш баланд даромадан манъ аст.
Вай ҳуқуқ надорад, ки узви мақомоти идоракунии ташкилоти тиҷоратӣ бошад, ресурсҳои давлатӣ ва иттилоотии хизматиро бо мақсади ғайрихизматӣ истифода барад, барои иҷрои вазифаи хизматӣ тӯҳфаҳо қабул кунад, аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ ба сафарҳои хизматӣ равад, дар бонкҳои хориҷӣ суратҳисоб дошта бошад ва ғайра.
Кафолатҳои давлатӣ барои иҷрои фаъолияти пурсамари хизматчии давлатӣ хеле муҳим мебошанд. Дар қонун як зумра кафолатҳо номбар шудаанд, ки онҳоро давлат ба ӯҳда гирифтааст. Аз ҷумла:
– шароити мусоиди кор;
– музди меҳнат ва дигар пардохтҳо тибқи қонун;
– рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда;
– кӯмаки бепули тиббӣ ба хизматчӣ ва аҳли оилаи ӯ, аз ҷумла баъди нафақа;
– суғуртаи ҳатмии давлатӣ;
– ҳифзи ӯ ва аҳли оилааш аз зӯроварӣ, таҳдид ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ ҳангоми иҷрои кор ва ғайра.

Саволҳо:
1) Мафҳуми хизматчии давлатиро аз нигохи ҳуқуқи маъмурӣ шарҳ диҳед. 2) Принсипҳои хизмати давлатиро номбар намоед ва гӯед, ки онҳо дар фаъолияти корӣ чӣ аҳамият доранд? 3) Хизматчии давлатӣ аз рӯи вазифа чӣ гуна ҳуқуқҳо дорад? 4) Чаро нисбат ба хизматчиёни давлатӣ дар қонун як қатор маҳдудиятҳо пеш гузошта шудааст? 5) Кафолатҳои давлатӣ барои иҷрои фаъолияти хизматчии давлатӣ кадомҳоянд?

7. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамчун субъекти
ҳуқуқи маъмурӣ

Қобилияти субъекти ҳуқуқи маъмурӣ будани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ комплекси ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ба онҳо тааллуқдоштаро дар бар мегирад, ки дар муносибатҳои ҳамдигарӣ бо субъектони ҳокимияти иҷроия амалӣ мешаванд. Масъалаҳои нисбатан муҳим вобаста ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз 23 маи соли 1998 ҳал шудаанд. Ин қонун мундариҷаи ҳуқуқи шаҳрвандро ба муттаҳидӣ, кафолатҳои давлатиро дар ин соҳа, статуси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, тартиби бунёди онҳо, тағйирёбӣ ва барҳамдиҳии онҳоро муқаррар месозад.
Давлат ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ роҳбарӣ намекунад. Принсипи дахолат накардан ба фаъолияти ҳамдигарӣ амал мекунад. Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба кори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва баръакс роҳ дода намешавад. Мақомоти адлия иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба қайд мегиранд. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳақ дорад, ки бақайдгириро анҷом надиҳад, дар ин ҳолат вай шахси ҳуқуқӣ намегардад. Ин мақом мувофиқ будан ё набудани иттиҳодияро бо мақсадҳои оинномавиаш назорат мекунад. Мақомоти молия масъалаҳои даромади иттиҳодия ва пардохти андозҳоро назорат мекунад. Муҳимтарин ӯҳдадории иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ риояи қонунҳост. Дар ҳолати вайрон кардани муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори суд фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баста мешавад.
Тибқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои оммавӣ, иттифоқҳои касаба, созмонҳои занон, ветеранҳо, маъюбон, ҷавонон ва кӯдакон, иттиҳодияҳои илмӣ, техникӣ, маданию маърифатӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, эҷодӣ, фондҳо, ассотсиатсияҳо иборатанд.
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки хусумати нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва ҷангиро тарғиб менамоянд ё ба зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунанд, манъ аст.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ дар назди қонун баробар мебошанд. Фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба принсипҳои ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ, худидорӣ ва қонуният асос меёбад.
Бо созмонҳои ҷавонон, кӯдакон, созмонҳои хайрия, ташкилотҳои маъюбон давлат кӯмаки моддию молиявӣ мерасонад.
Аз тарафи давлат бо маблағ таъмин намудани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ доранд, манъ аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таъсис дода мешаванд ва амал мекунанд.
Ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ чунин иттиҳодияҳое тааллуқ доранд, ки фаъолияти онҳо мувофиқи вазифаҳои оинномавӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аксарияти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалӣ шуда метавонанд. Ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ иттиҳодияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, шаҳрак ва деҳот тааллуқ доранд.
Иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои ба амал баровардани мақсадҳои оинномавӣ ҳуқуқ дорад:
– дар бораи фаъолияти худ озодона маълумот нашр намояд;
– васоити ахбори умум таъсис диҳад ва мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории ҷорӣ фаъолияти ноширӣ кунад;
– аз рӯи масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ бо ташаббусҳо баромад намояд, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ таклифҳо пешниҳод кунад;
– дар маъракаҳои интихоботӣ иштирок намояд;
– мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ машғул шавад.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар сурати вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ин Қонун ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар мавриди аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ содир шудани амалиёте, ки аз доираи мақсад ва вазифаи дар оинномаи он муайянгардида берун аст ё қонунҳои ҷорӣ ин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вайрон мекунанд, ба мақомоти роҳбарикунандаи ин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби мақоме, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба қайд гирифтааст ва ё аз ҷониби прокурор огоҳии хаттӣ дода мешавад. Огоҳии хаттӣ то муроҷиат кардан ба суд дар хусуси қатъ намудани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дода мешавад.

Саволҳо:
1) Кадом санади меъёриву ҳуқуқӣ фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад? 2) Чаро дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба кори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манъ карда шудааст? 3) Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз кадом ташкилоту муассисаҳо иборат шуда метавонанд? 4) Ҳуқуқҳои иттиҳодияи ҷамъиятиро барои ба амал баровардани мақсадҳои оинномавиашон номбар кунед. 5) Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти чӣ гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манъ карда шудааст?

8. Қонунгузории Ҷумҳурии тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва принсипҳои он

Қонунгузории Ҷумҳурии тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, пеш аз ҳама, ба Конститутсияи ҶТ асос ёфта, аз муҳимтарин санади меъёриву ҳуқуқии соҳаи мазкур – Кодекси ҶТ «Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ» иборат аст.
Дар санади мазкур меъёрҳо оид ба муайян намудани кирдоре, ки ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ эътироф мешавад, ҷавобгарии маъмурии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,муайян намудани навъҳои ҷазои маъмурӣ ва қоидаҳои татбиқи онҳо, муайян намудани мақомот ва шахсони мансабдоре, ки барои баррасии парвандаҳо дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ваколатдоранд ва дигар иасъалаҳои марбут ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ сабт шудаанд.
Қонунгузории ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ низ мисли дигар навъи қонунгузориҳои соҳавӣ дорои принсипҳои худ мебошад ва онҳоро ба асос мегирад. Ин принсипҳо аз қонуният, баробарӣ дар назди қонун, ногузирии ҷазо, ҷавобгарӣ ва гунаҳкории инфиродӣ, адолат, инсондустӣ, демократизм, эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ошкорбаёнӣ иборат мебошанд.
Принсипи қонуният гуфта, ҳамон навъи кирдор, ҳаракат ё баҳаракатӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф мешавад, ки ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир кардани он фақат мувофиқи ҳамин Кодекс, яъне Кодекси ҶТ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар карда мешавад, яъне бе қарори суд, қарори мақомоти давлатӣ ва шахси мансабдори давлатӣ ва бархилофи асосҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад.
Принсипи баробарӣ дар назди қонун чунин маънӣ дорад, ки ҳама ашхосе, ки даст ба вайронкунии маъмурӣ задаанд, дар назди қонун баробар ҷавоб медиҳанд. Шахсони воқеӣ сарфи назар аз шаҳрвандӣ, миллат, нажод, ҷинс, забон, мавқеи сиёсӣ ва вазъи иҷтимоию молумулкӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Ҳамин гуна талабот ба шахсони ҳуқуқӣ низ сарфи назар аз шаклҳои моликияташон татбиқ мешавад.
Принсипи ҷавобгарӣ ва гунаҳкории инфиродӣ бошад, ҳамин гуна мазмун дорад, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ танҳо барои кирдори худ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Барои зарари бегуноҳона расонидашуда, яъне гунаҳкоркунии объективӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахс мумкин нест.
Ҷиҳати хоси принсипи адолат аз он иборат аст, ки ҳеҷ касро барои содир намудани як ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ – ду маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан мумкин нест.
Принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ чунин мазмун дорад: то вақте ки гуноҳи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ исбот нагардад ва бо қарори қувваи қонунӣ пайдокардаи мақомоти ваколатдор ва ё шахси ваколатдор, ки дар доираи салоҳияти худ парвандаро баррасӣ намудааст, муқаррар карда нашавад, шахс бегуноҳ дониста мешавад. Инчунин шубҳаҳои бартарафнашаванда дар хусуси гунаҳкор будани шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, ба манфиати ҳамин шахс маънидод карда мешавад.
Дар хусуси мундариҷаи принписпи ошкорбаёнӣ ҳаминро қайд бояд кард, ки ҳама гуна парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ошкоро баррасӣ мешаванд. Ба таври истисно ҳолатҳое эътироф мешаванд, ки ба таъмини сирри давлатӣ, ҳарбӣ, тиҷоратӣ, ҳимояи амнияти шахсони иштирокчии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва аъзои оилаи онҳо дахл доранд.

Саволҳо:
1) Кадом санади меъёриву ҳуқуқӣ меъёрҳоро оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар бар гирифтааст? 2) Принсипҳои қонунгузории ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро номбар ва бо тасаввури худ шарҳ диҳед.

9. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷазои маъмурӣ

Мувофиқи моддаи 17 Кодекси ҶТ «Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ» ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ – ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкоронаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад, ки содир намудани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад. Ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ қасдан ва ё аз беэҳтиётӣ содир карда мешаванд.
Қасдан содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҳамон вақт эътироф мешавад, ки агар шахс зидди ҳуқуқ будани кирдори худро донад ва оқибатҳои зараровари онро пешбинӣ карда бошад, инчунин фаро расидани оқибатҳои кирдорашро мехоста бошад.
Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамон вақт аз беэҳтиётӣ содиршуда эътироф мегардад, ки агар шахси гунаҳкор оқибатҳои зарарноки кирдори худро пешакӣ донад, вале бепарвоёна ва бе асосҳои кофӣ ба пешгирии чунин оқибатҳо умед бандад.
Чунон ки аз таърифи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ фаҳмида мешавад, ин навъи кирдор аз ҳаракат ё беҳаракатӣ иборат аст.
Беҳаракатӣ дар ҳолате ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дониста мешавад, ки агар тибқи қонун ё дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории шахс дар хусуси бо ҳаракатҳои худ бартараф кардани фарорасии ин ё он оқибатҳо пешбинӣ шуда бошад.
Шахс дар содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ гунаҳкор дониста намешавад, агар ӯ оид ба хусусияти кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) зиддиҳуқуқии худ гумроҳ шуда бошад ва агар ӯ фарорасии ин гумроҳиро пешбинӣ карда натавонад.
Шахси ҳуқуқӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, агар муқаррар карда шавад, ки он имконият дошт қоидаю меъёрҳоеро, ки барои вайрон кардани онҳо тибқи ҳамин Кодекс ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст, риоя намояд, вале ин шахси ҳуқуқӣ ҷиҳати риояи онҳо ҳамаи чораҳои ба он вобастаро наандешидааст.
Ба шахси ҳуқуқӣ таъин кардани ҷазои маъмурӣ шахси воқеии гунаҳкорро барои ҳуқуқвайронкунии мазкур аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намекунад ва ҳамзамон ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ кашида шудани шахси воқеӣ шахси ҳуқуқиро аз ҷавобгарии маъмурӣ барои ин ҳуқувайронкунии маъмурӣ озод намекунад.
Он ҳаракатҳои шахс ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳисобида намешавад, ки агар дар ҳолати зарурати ниҳоӣ содир шуда бошад. Агар ҳаракати дар ҳолати зарурати ниҳоӣ содирнамудаи шахс бо сабаби парешонҳолӣ, ваҳм ё тарс мҷпо шуда бошанд, пас чунин ҳаракатҳо зиддиҳуқуқӣ эътироф карда намешаванд.
Мувофиқи қонун ба ҷавобгарии маъмурӣ шахси воқеие кашида мешавад, ки ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ синнаш ба 16-солагӣ расидааст.
Ноболиғон низ мувофиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Ноболиғоне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар синни аз 16 то 18 содир кардаанд, бо назардошти ҳолатҳои мушаххаси парванда аз ҷониби судя ва мақоми давлатии ваколатдор ё шахси мансабдор метавонанд аз ҷавобгарии маъмурӣ озод карда шаванд.
Баъди аз ҷониби судя, мақоми ваколатдор ё шахси мансабдор қабул гардидани қарор дар бораи аз ҷавобгарии маъмурӣ озод кардани ноболиғ парванда дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои ба ӯ татбиқ намудани чораҳои таъсиррасонии пешбининамудаи Низомномаи комиссияҳои кор бо ноболиғон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ба Комиссияи кор бо ноболиғон фиристода мешавад.
Шахсони мансабдор низ ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои хизматиашон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Ҳангоми мавҷуд набудани ин ҳолатҳо шахси мансабдоре, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор аст, мувофиқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. бояд ёдовар шуд, ки таҳти мафҳуми шахсони мансабдор шахсоне фаҳмида мешаванд, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё дар асоси ваколатҳои махсус вазифаҳои намояндаи ҳокимиятро анҷом медиҳанд.
Яъне тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун нисбат ба шахсоне, ки ба онҳо таҳти вобастагии хизматӣ қарор надоранд, дорои ваколатҳои амрдиҳӣ мебошанд, чунин шахсоне фаҳмида мешаванд, ки дар мақомоти хизмати давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимити давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ташкилию амрдиҳӣ ва маъмурию хоҷагиро иҷро менамоянд.
Хизматчиёни ҳарбӣ низ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, аммо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, мақомоти низоми иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ, мақомоти гумрук вадигар мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ мувофиқи санадҳои меъёрие, ки тартиби гузаштани хизматро дар ин мақомот танзим мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Ҷазои маъмурӣ – ин чораи маҷбуркунии давлатӣ мебошад, ки аз ҷониби судя, мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдор нисбат ба шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда мешавад.
Ҷазои маъмурӣ бо мақсади дар рӯҳияи риояи бечунучарои қонунҳо тарбия кардани шахси ҳуқуқвайронкунандаи маъмуриро содирнамуда, инчунин пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи ҳуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад. Набояд фармӯш кард, ки ҷазои маъмурӣ ҳаргиз мақсади таҳқири шаъну эътибори шахси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содирнамуда, ё худ расонидани ранҷу озори ҷисмонӣ ё руҳӣ, тарсонидан, ҳамагуна табъиз ё таҳқири шаъну эътибори инсонии шахси воқеиро надорад.
Барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ чунин навъи ҷазоҳои маъмурӣ муқаррар ва татбиқ карда мешаванд:
1) огоҳӣ;
2) ҷаримаи маъмурӣ;
3) боздошти маъмурии амали иҷозатнома (литсензия) барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият;
4) маҳрум кардан аз иҷозатнома (литсензия) барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият;
5) маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсусе, ки ба шахси воқеӣ дода шудааст (масалан, ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт, ҳуқуқи шикор, бо худгирифта гаштани яроқи оташфишон, ҳуқуқи истифода қитъаизамин ва ғайра);
6) боздошти маъмурии навъи муайяни фаъолият;
7) бо поддон маҷбуран гирифтани предмете, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад;
8) мусодираи предмете, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти мустақими он иебошад;
9) ба таври маъмурӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешҳрванд;
10) ҳабси маъмурӣ.
Огоҳӣ, ҷаримаи маъмурӣ, ҳабси маъмурӣ, маҳрум кардани шахсони воқеӣ аз ҳуқуқи махсус, боздошти маъмурии амали иҷозатнома (литсензия), маҳрум кардан аз иҷозатнома, боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият танҳо ба сифати ҷазои маъмурии асосӣ муқаррар ва татбиқ карда мешаванд.
Бо подош маҷбуран гирифтан ва мусодираи предмете, ки олоти содир кардан ё объекти бевоситаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, инчунин ба таври маъмурӣ берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст ба сифати ҷазои асосӣ ва ҳам ҷазои иловагӣ муқаррар ва татбиқ карда шаванд.
Татбиқ намудани ҷазоҳои маъмурӣ хусусиятҳои хоси худро доранд. Онҳо вобаста ба навъи ҳуқуқвайронкунӣ, шахсияти ҳукуқвайронкунанда, ҳолатҳои вазнинкунанда ва сабуккунандаи ҷавобгарӣ татбиқ карда мешаванд. Масалан, огоҳӣ як намуди ҷазои маъмурӣ буда, дар шакли хаттӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои дахлдори қисми махсуси Кодекси ҶТ «Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ» ба шахси содиркунандаи ҳукуқувайронкунии маъмурӣ дода мешавад. Танбеҳи шифоҳӣ, ки ба ҳуқуқвайронкунанда баён карда шудааст, огоҳӣ ҳисобида намешавад.
Ҷаримаи маъмурӣ дар шакли ситонидани пул ба фоидаи давлат ифода меёбад ва аз тарафи судя, мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдори давлатӣ нисбат ба шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин карда мешавад.
Андозаи ҷаримаи маъмурӣ ба ҳисоби фоиз ва ё карат вобаста ба инҳо муқаррар карда мешавад:
1) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар вақти хотима ёфтан ё пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии давомнок бошад, аз вақти ошкор карда шудани он муқаррар гардидааст.
2) аз арзиши предмети ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар вақти хотима ёфтан ё пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар гардидааст, барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии давомнок бошад – аз вақти ошкор шудани он;
3) аз маблағи пардохтнашудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ё амалиёти асъории ғайриқонунӣ, ки бояд пардохт шаванд, дар вақти хотима ёфтан ё пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии давомнок бошад – дар вақти ошкор шудани он муқаррар шудаанд.
4) аз арзиши корҳои иҷрошуда.
Шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсуси (ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт, ҳуқуқи шикор ва ғайраҳо) ба ӯ додашуда барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ бинобар дағалона ё ба таври мунтазам вайрон кардани қоидаҳои истифодаи он маҳрум карда мешавад. Мӯҳлати маҳрум кардан аз ин ҳуқуқ аз ду моҳ то ду сол муқаррар карда мешавад.
Ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсусро судя таъин менамояд. Ба таври маъмурӣ аз қаламрави ҶТ берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳамчун ҷазои маъмурӣ аз маҷбуран берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз қаламрави ҶТ иборат буда, дар ҳолатҳои зерин татбиқ карда мешавад:
1) агар кирдори онҳо хилофи манфиатҳои таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ ё хилофи манфиатҳои ҳифзи тартиботи амъиятӣ бошад;
2) агар ин чора барои ҳифзи саломатӣ ва маънавиёти аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони ҶТ ва шахсони дигар зарур бошад;
3) агар онҳо санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кунанд.
Ҳабси маъмурӣ низ навъи ҷазои маъмурӣ буда, мувофиқи қонун ҳуқуқвайронкунанда аз ҷамъият ба мӯҳлати аз 1 то 15 шабонарӯз ва барои вайрон кардани низоми вазъи фавқулодда то 30 шабонарӯз муқаррар карда мешавад. Ҳабси маъмурӣ нисбат ба занони ҳомила, заноне, ки дар тарбияашон кӯдакони то 18-сола доранд, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2, инчунин нисбат ба шахсоне, ки ба синну соли нафақа расидаанд, татбиқ карда намешавад.

Саволҳо:
1) Таърифи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро гӯед. 2) Дар кадом ҳолатҳо қасдан содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ эътироф карда мешавад? 3) Ҳолатҳои аз беэҳтиётӣ содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро шарҳ диҳед. 4) Беҳаракатӣ дар кадом ҳолат ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дониста мешавад? 5) Таҳти мафҳуми шахсони мансабдор чӣ гуна шахсон дар назар дошта мешаванд? 6) Ҷазои маъмурӣ чист ва он бо кадом мақсад татбиқ мешавад? 7) Навъҳои ҷазоҳои маъмуриро номбар кунед.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.