Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Тахавулоти парламентаризм дар ҶТ

Баробари 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлолияти давлати ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаети сиёси, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дигаргунии куллие ба амал омад, ки он таҳаввулотест дар таърихи чанд ҳазорсолаи ин давлати куҳан ва дар айни замон давлати ҷавони соҳибихтиёр, озод дар дили кишвари Осиёи Маркази
Баробари 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлолияти давлати ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаети сиёси, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дигаргунии куллие ба амал омад, ки он таҳаввулотест дар таърихи чанд ҳазорсолаи ин давлати куҳан ва дар айни замон давлати ҷавони соҳибихтиёр, озод дар дили кишвари Осиёи Маркази.
Баъди аз ҳам пош хӯрдани Ҷумҳурихои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар як давлати абарқудрат ба номи СССР муттаҳид шуда буданду ба иҷлосияи навбатии худро гузаронад ва тақдири ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал намояд. Чанд кӯшиши дар Душанбе ҷамъ омадани вакилони халқ барор накард. Охиран қарор шуд, ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Ленинобод депутатҳои Шӯрои Оли ҷамъ оянду дар ин минтақаи нисбатан ором иҷлосияро гузаронанд.
Моҳи ноябри соли 1992 аз ҳар гӯшаю канори Тоҷикистон депутатҳо бо ҳар роҳи қулай ва имконпазир ба Хуҷанд ҷамъ омаданд ва мебоист 14 ноябр иҷлосияи навбатии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳӯм баргузор гардад. Аммо бо баъзе ихтилофҳои ташкили саршавии кори иҷлосия ба таъхир афтод ва танҳо 16 ноябри соли 1992 иҷлосия кушода шуд ва депутати калонсол ва таҷрибаандӯхта Ҳабибулло Табаров раисии кори иҷлосияро ба зимма гирифт ва иҷлосия кушода шуд.
Дар ин замон, ки Ҳукумат фалаҷ шуда, аъзои ҳукумат ба истеъфо рафта буданд, парламент ба парокандагӣ рӯ оварда, давлат ба нобудй мерасид, иҷлосияи XVI Шӯрои Оли мебоист ҳама корро аз нав, аъзоёни Ҳукуматро аз нав интихоб намояд ва кори онро аз нав сурат гиронад.
Рӯзи 19 ноябр раисикунандаи иҷлосияи XVI Шӯрои Оли пешниҳод кард, ки бояд Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байни депутатҳои дар ҷаласа ширкат дошта интихоб гардад. Ба ин мансаби баландмақом депутат Эмомали Шарифович Раҳмонов интихоб шуд. Ҳайати Президенти Шӯрои Оли ва Ҳукумат аз нав интихоб гардида, бо ҳамин баргузоршавии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Э.Ш.Раҳмонов ба марҳилаи ҷамъбасткунандаи барҳам задани беҳокимиятӣ ва бӯҳрони сиёсӣ дар Тоҷикистон табдил ёфт, ба осони истиқлолият ба даст оварданд, Тоҷикистон ба давраи таърихи навтарини худ дилпурона қадам гузошт.
Тоҷикистон соҳибистиқлолиро ба осонӣ ба даст овард, аммо нигоҳ доштан ва пойдор монондани он басо душвор шуд. Аз лаҳзаҳои аввал ин давлати ҷавону нектақдир ба бӯҳрони беамони сиёсию иқтисодӣ гирифтор шуд, яъне ҷанги дохилии гражданӣ сар зад, хавфи азим таҳдид мекард – будан ё набудан.
Ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон бо дасисаи бадхоҳии душманони берунмарзӣ ва мансабталабони дохили ба рӯзи сахт гирифтор шуд, хукумати конститутсиони аз фаъолият бозмонд, Президенти аз тарафи халқ интихобгардида бо таҳдиду зӯри ба истеъфо рафт, парламенти мамлакат –Шӯрои Оли имкони гузаронидани ҷаласахои Иҷлосияашро надошт. Дар ноҳияҳои марказ ва ҷануб қумондонҳои сершумор ба ҳукмфармои шурӯъ карданд.
Ана дар ҳамин лаҳзаи тақдирсоз Президиуми Шӯрои Олии даъвати 12-ӯм тасмим гирифт ба ҳар воситае, ки набошад фавран дода ба он супориш кард то ки Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намояд. Қарор шуд, ки Лоиҳаи Конститутсия на дар иҷлосияи Шӯрои Оли, балки дар ҳамапурсии умумихалқи – Референдум қабул гардад.
Комиссия ду намуд Лоиҳаи Конститутсияро таҳия кард, ки якеи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал кардани чумҳурии сохти парламенти ва дигараш ҷумҳурии сохти президентиро тақозо мекард. Лоиҳаи дуюм маъқул дониста барои Референдум пешниҳод шуд. Матни Лоиҳа дар матбуот нашр гардид ва мавриди муҳокима и умумихалқи қарор ёфт.
Рӯзи 6 ноябри соли 1994 гузаронидани ҳапапурсии умумихалқи – Референдум ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Дар натиҷа Лоиҳаи пешниҳодшударо мардуми Тоҷикистон маъқул донист ва қабул кард. Дар интихоботи алтернативӣ бошад бо овози тарафдории аксарияти интихобкунандагон Э.Ш.Раҳмонов Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Дар моддаи 9 Конститутсия эълон шудааст, ки «Ҳокимияти давлати дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд амали мегардад».
Вобаста ба ин муқаррароти сохтории конститутсион
Иҷлосияи XVI Шӯрои Оли ибтидои барқароршавии сохти конститутсиони ва низоми давлатдори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тоҷикистон мебоист дар кӯтоҳтарин муддат ислоҳоти сиёси ва иқтисодии сохти давлатдориашро гузаронида ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр муайян мекард, ки оянда кадом сохти ҷамъиятиро интихоб намояд.
Барои гузаронидани ислоҳоти сохти сиёси пеш аз ҳама Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистонро –Конститутсияи мамлакатро қабул кардан лозим буд.
Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи махсус ташкилии ҳокимияти давлати Қонуни асосии мамлакат вазифаҳои ин се ҳокимиятро муқаррар кардааст.
Дар моддаи 48 Конститутсия гуфта мешавад, ки Маҷлиси Оли – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Моддаи 64 мефармояд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия аст. Ҳокимияти иҷроия, яъне Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарвазир, муовини якум ва муовинон, вазирон, раисони кумитаҳои давлати иборат аст. Хукумат роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷроӣ қонунҳо, Қарорҳои Маҷлиси Оли, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад.
Дар моддаи 84 гуфта мешавад, ки Хокимияти суди мустақил буда, ҳуқуқ ва озодии шахс, манфиати давлат, созмону муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Вобаста ба мавзӯъ –таҳаввулоти парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон –ташкил ва фаъолияти ин мақоми олии Хокимияти давлатиро мухтасар барраси менамоем.
Бори дигар қайд карданием, ки баробари қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамапурси – Референдум –
6 ноябри соли 1994 дар Тоҷикистони соҳибистиқлол гуфтан метавон ислоҳоти сиёсии сохтори давлати ба итмом расид. Яъне, дар асоси талаботи моддаи 48 Конститутсия Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси милли иборат аст. Лозим ба ёдоварист, ки Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис иборат мебошад. Мутаассифона бисёр шаҳрвандон дар асоси таълифоти хатои воситаҳои ахбори оммави такрор ба такрор иштибоҳан Маҷлиси Олиро аз ду палата иборат медонанд, яъне парламенти ду палатагӣ меноманд. Ин хато аст, парламенти Ҷумхурии Тоҷикистон аз ду Маҷлис иборат аст, на палата.
Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон даъвати якум мувофиқи моддаи 49 Конститутсияи нав қонунҳои нави интихоботи вакилони халқи Маҷлиси намояндагон, аъзоёни Маҷлиси милли ва вакилони халқи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.
Қонунҳои нави интихобот қоидаҳои тамоман нави интихоби вакилони халқро муқаррар кард. Дар асоси ҳамин қонунҳо дар моҳи феврали соли 2000 дар саросари Ҷумхурии Тоҷикистон интихоботи умумӣ, баробар, мустақими овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида шуда, интихобкунандагон дар асоси қоидаҳои нав вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи Маҷлиси маҳаллии вакилони халқро мустақиман интихоб намуданд. Моҳи марти ҳамон сол аз чор се ҳиссаи аъзоёни Маҷлиси милли ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумхурӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб гардиданд. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон таъин кард.
Гузаронидани чунин интихобот дар сохтори парламентаризми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози фаъолияти Маҷлиси милли ба қонуни асосии давлат қабул шуд, дар асоси талаботи он сарвари давлат – Президент интихоб гардид, Парламенти мамлакат –Маҷлиси Оли, мақомоти намояндагии ҳокимиятӣ маҳалли – Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, яъне вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида ба фаъолият шурӯъ карданд.
Вобаста ба манфиати Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори якҷояи ҳокимияти конститутсионӣ ва мухолифини дохили соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар ҳамапурсии умумихалқӣ– Референдум таъғирот дароварда шуд.
Боби сеюми Конститутсия, ки ба сохтор ва фаъолияти хокимияти қонунгузор – Парламент-Маҷлиси Оли бахшида мешавад, таъғироти зиёд дохил карда шуд, тарзи тамоман нав сурат гирифт.
Пас ин навовариҳо аз чи иборат буданд?
Дар бобати интихобот:
То ба хол, яъне аз давраи соли 1938 то соли 1990 ба мақомоти Совети (Шӯрои) Олии РСС Тоҷикистон 13 даъвати интихобот гузаронида шуд. Ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якӯм соли 1995 интихобот гузаронида шуд. Номзадҳоро ба вакилии халқ коллективҳои меҳнатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, маҷлисҳои интихобкунандагон дар ҷои истиқомат пешбари мекарданд
Мувофиқи қонуни нави интихобот тарзи пешбарии номзад ба кулли таъғир дода шуд. Хуқуқи номзадҳоро ба вакилии халқ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Парламент) пешбари карданро ҳизбҳои сиёсии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи таъини интихобот расман аз қайди давлати гузашта ва худи шаҳрвандон ба роҳи худпешбари гирифтанд.
Хизбхои сиёси аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботи тавонистанд номзад пешбари намоянд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки ба Маҷлиси намояндагон шаҳрванде интихоб шуда метавонад, ки синни ӯ аз 25 сола кам набошад. Аъзои Маҷлиси милли шаҳрвандоне интихоб ва таъин мешаванд, ки ба синни 35 солаги расида, соҳиби маълумоти олӣ бошанд.
Дар қисми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
То ба оғози интихоботи даъвати дуюми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2000) вакилони Маҷлиси Олӣ вазифаи вакилии худро дар Парламент бо кори доимии худро қатъ накардан танзим мекунад.
Аъзои Хукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионӣ муайян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд. иҷро мекарданд. Танҳо роҳхбарияти Президиуми (раёсати) он баъди ба ин мақом интихоб шудан, аз кори доимии худ ба кори доимӣ ба Парламент меомаданд.
Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон» танзим мекунад. Мӯҳлати ваколати Маҷлиси Олӣ 5 сол аст.
Фаъолияти Маҷлиси милли даъвати мебошад, яъне аъзои Маҷлиси миллӣ дар як сол камаш ду маротиба иҷлосия мегузаронад.
Ҳар як Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳақ даст накашад.
Қонуни конститутсиони шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоби онҳо, тартиби интихоб нашудан ва мувофиқ набудани ваколати узви Маҷлиси Олиро
Маҷлиси намояндагон мақоми доимо амалкунанда ва касбӣ мебошад.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон соҳиби мандати императивӣ мебошанд, яъне онҳо ба амри интихобкунандагонашон тобеъ набуда, ҳақ доранд фикри худро озодона изҳор намоянд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳанд.
Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июн гузаронида мешавад.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон алоҳида ҷаласа мегузаронад, дар мавридҳои зарурии қонун муқарраркарда онҳо ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд.
Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар моддаҳои 56 ва 57 Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.
Мавриди ҷаласаҳои якҷоя гузаронидани ҳарду Маҷлис дар моддаи 55 Конститутсия нишон дода шудаанд.
Дар моддаи 58 Конститутсия муқаррар гардидааст, ки аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд. Суди Олӣ, Суди Конститутсионӣ, Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияташон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.
Қонуни Тоҷикистонро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд,
Агар ҳар як ашхоси мазкур ба вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шаванд, онҳо аз вазифаҳои худ бояд даст кашанд.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон буда наметавонад. Узви Маҷлиси миллӣ наметавонад вакили зиёда аз ду мақоми намояндагӣ бошад.
Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро намояд, фаъолияти соҳибкори кунад, бо истиснои фаъолияти илмиву эчодӣ. Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдори карда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Қонунҳо аз тарафи Президент имзо ва интишор мегарданд.
Чунинанд мухтасари он навигариҳо ва фарқиятҳое, ки таҳаввулоти парламентаризми Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дарбар мегиранд.
Инак, чанд сол аст, ки Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Бояд хотиррасон кард, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз 33 аъзо, аз ҷумла 25 аъзо, ки дар асоси намояндагии манфиатҳои минтақавӣ ба таври ғайримустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб шудаанд ва 8 аъзои дигар, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд, иборат аст. Собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкамов Қаҳҳор узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад.
Дар байни аъзои Маҷлиси миллӣ 30 нафар аъзои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ва 4 нафар ғайриҳизбиён мебошанд.
Аз ҷумлаи 63 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон 22 нафарашон аз ҷониби ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон – Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва боқӣ 41 нафар аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб шудаанд. Дар Маҷлиси намояндагон ду фраксияи ҳизбӣ ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ ташкил шудаанд ва ба қайд гирифтаанд.
Фаъолияти Маҷлиси Олӣ- парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор, дорои ҳокимияти олӣ ва мақоми ягонаи қонунгузорӣ дар шаклу ҳудуде, ки Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ба амал бароварда мешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба амал баровардани мақсади олӣ ва ҳадафи ягона, мустаҳкам ва пойдор гардонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона равона гардидаанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.