Суббота, Ноябрь 16Вместе создадим светлое будущее!


Маҷлиси олӣ ва намояндагони ҶТ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олиро ҳамчун мақоми олии намояндагонӣ ва қонунгузор муайян кардааст. Қонуни коститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон \”Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 19 – уми апрели соли 2000 дар моддаи 1 ум маҷлиси олиро \”Дорои Ҳокимияти Олӣ ва мақоми ягонаи қонунгуҳорӣ” тавсиф намудаастМаҷлиси Олӣ – парламенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олиро ҳамчун мақоми олии намояндагонӣ ва қонунгузор муайян кардааст. Қонуни коститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 19 – уми апрели соли 2000 дар моддаи 1 ум маҷлиси олиро “Дорои Ҳокимияти Олӣ ва мақоми ягонаи қонунгуҳорӣ” тавсиф намудааст. Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагон иборат аст, ки дар низоми қонунгузорӣ ва фаолияти қонунгузорӣ якдигарро пурра мекунанд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ буда, вакилони он ғайр аз фаолияти қонунгузорӣ ба кори дигар машғул намешаванд. Танҳо ба фаолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ шуғл варзида метавонанду халос. Фаолияти Маҷлиси миллӣ бошад, даъватӣ аст. Барои фаҳмо шудани тарзу усули фаолияти ин маҷлисҳо таркиби онҳоро дида мебароем.
Маҷлиси Олӣ ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

Маҷлиси миллӣ аз 33 аъзо иборат буда, 25 аъзои он ба таври ғайРумустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонва шаҳру ноҳияхои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳони интихоб мегарданд. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо шаҳри Душанбе, шаҳрзо ва ноҳияҳои тобеии ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. 8 нафар аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии ТОчикистон таъин мекунад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агр ӯ аз истифодаи ин ҳақ даст накашад.
Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоби умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд.
Муҳлати вакилони Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегарданд.
Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда ва ҳолати ҷангӣ пароканда намешавад .
Маҷлиси миллӣ чист?
Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парламенти ҷумҳурӣ мебошад.

Маҷлиси намояндагон чист?
Маҷлиси намояндагон палатаи доимамалкунанда ва касбии парламенти мамлакат аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.