Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Cарқонун – санади муқаддасу тақдирсози миллат

«Хадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию хукукбунёд аст. Дар ин чода, Сарконуни Чумхурии Точикистон хамчун санади воломакоми миллат ва шохсутуни устувори сулху вахдат, рахнамои хамешагии мо хохад буд», – гуфтааст Президенти кишварамон мухтарам Эмомалӣ Рахмон
САРҚОНУН – САНАДИ МУҚАДДАСУ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

«Хадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию хукукбунёд аст. Дар ин чода, Сарконуни Чумхурии Точикистон хамчун санади воломакоми миллат ва шохсутуни устувори сулху вахдат, рахнамои хамешагии мо хохад буд», – гуфтааст Президенти кишварамон мухтарам Эмомалӣ Рахмон. Яке аз дастовардхои бузурги даврони Истикдоли Ҷумхурии Тоҷикистон кабули Сарконуни Чумхурии Точикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст.
Акнун дар Сарконун низ чун тагйиротхои чомеа тагйиротхои куллӣ ба вучуд омад. Албатга, сабаби ба вучуд омадани ин руидоди бузурги таърихӣ такозои замон, пешравии чомеа ва сохибистиклолии кишвари азизамон Точикистон гардид.
Сарконуни Чумхурии Точикистон, ки хамчун санади меьёрню хукукӣ эьтибори олии хукукӣ дорад. арзиши олии миллат хисобида мешавад. Мувофики ин конун хукук, озодихои инсон ва шахрвандонро давлат эътироф, риоя ва хифз менамояд. Хукуку вазифахои инсон аз чониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибки талаботи Сарконун хеч як макомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ба ягон вачҳ ба кадру кимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари мухими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инхо мебошад.
Сарконун асосан шиносномаи давлату миллат хисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он хамеша конуни асосии давлат хисобида шуда, сарчашмаи хамаи конунхо мегардад. Он барои хама баробар дониста мешавад.
Бо шарофати кабули Сарконуни Точикистон чун субьекти комилхукуки муносибатхои байналмиллалӣ, халки Точнкистонро чун мардуми бунёдкор, сулхпарвар ва фархангӣ шинохтанд. Ин санади мукаддас ва такдирсоз чун чароги фурузон рохи рушди давлати сохибистиклоли точикон ва мардуми онро барои садсолахо мунаввар мекунад.
Бо шарофати Ичлосияи ХУI Шурои Олии Чумхурии Точикистон барои омодасозӣ ва кабули Сарконуни давраи нав ба амал омад. Дар натича 6 ноябри соли 1994 ин конститутсия ба тарики райпурсии умумихалкӣ аз чониби аксарияти кулли мардум пазируфта шуд ва ин рузи таърихӣ дар Точикистон рузи Конститутсия мукаррар гардид.
Сарконуни Чумхурии Точикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Конститутсия хуччати муътабару муътамади такдирсози хар як миллат аст.
Сарконун тавонист ифодагари манфиатхои халки точик бошад, омоли мехнаткашонро инъикос намояд, точиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Сарконун барои сулху салох ва вахдати комил расидани точикон накши мухим бозид. Ин хуччати такдирсоз аз чониби коршиносони байналхалкӣ дар шумори панч Конститутсияи бехтарину мардумитарин давлатхои узви Созмони Амният ва хамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.
Албатга, дар тахия ва омодасозии Сарконуни даврони истиклоли Точикистон нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон нихоят зиёд аст. Инак Сарконуни Чумхурии Точикистон 16-сола мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6 ноябрро хамчун рузи Кабули Сарконуни Чумхурии Точикистон хамасола кайд менамоянд.
Хулоса, боиси ифтихор аст, ки Сарконуни кишвар дастгиру рохнамои мардуми точик гардид. Вазифаи хар як шахрванди чумхурӣ аз он иборат аст, ки Сарконунро эхтиром намояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.