Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Андешаҳои психологии Имоми Аъзам

Таълимоти Имоми Аъзам (р) саршор аз панду ҳикмат, тарзҳои муносибати дуруст бо одамон, усулҳои беҳтарини ҳалли моҷаро, дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои оилавӣ ва ташаккули шахсияти ҷавонону наврасон мебошад. Ҳадафи омӯзиш аз ин қисмат дар он аст, ки усулҳои мазкурро омӯхта, ҷанбаҳои психологии онро муайян намоемАндешаҳои психологии Имоми Аъзам

Таълимоти Имоми Аъзам (р) саршор аз панду ҳикмат, тарзҳои муносибати дуруст бо одамон, усулҳои беҳтарини ҳалли моҷаро, дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои оилавӣ ва ташаккули шахсияти ҷавонону наврасон мебошад. Ҳадафи омӯзиш аз ин қисмат дар он аст, ки усулҳои мазкурро омӯхта, ҷанбаҳои психологии онро муайян намоем. Гарчанде ки илми равоншиносӣ ҳамчун илми мустақил дар асри Имоми Аъзам (р) вуҷуд надошта бошад ҳам, лекин эшон дар таълимотҳои худ аз усулҳои психологӣ хеле хуб истифода мебурданд.
Ном аз назари психологӣ муаррификунандаи шахсияти инсон аст. Мутаассифона, бисёре аз одамон номҳои зеборо як тараф гузошта, номи олоти меҳнат (табар, теша, хоркаш), парранда (тутӣ, майна, кафтар), ҳайвон (гург, шер, паланг), номҳои ҳафта (душанбе, сешанбе, чоршанбе,… якшанбе), меваҷотҳо (олуболу,шафтолу), сабзавотҳо(карам) ва ғайраро мегузоранд. Ба ин муносибат Имоми Аъзам (р) таъкид мекунад, ки номҳои зебо дорои хусусиятҳои хос дошта, ба инсон таъсири амиқе доранд. Номҳои хуб дар бисёри ҳолатҳо барои соҳиби ном аз овони кӯдакӣ ҳамчун барандаи ҳамаи хислатҳои накӯе, ки дар номаш вуҷуд дорад, хизмат мекунад. Бисёри кӯдакон бо номи худ фахр карда, кӯшиш мекунанд, то ба мартабаи соҳиби пешинаи ном бирасанд. Агар ба кӯдакони худ номҳои каммаънии хандаоварро гузорем, бе шак ин кӯдак аз тамасхури ҳамсолони худ нороҳат шуда, аз бозӣ кардан бо онҳо даст мекашанд. Пас, худи номи номувофиқу гӯшхарош кӯдакро аз рафти бозӣ дур мекунад.
Дар психологияи муоширати корӣ яке аз усулҳои самарабахши ба сари масъала овардани ҳамсӯҳбат, ин бо номи шахсӣ муроҷиат кардан аст. Яке аз хусусиятҳои гирифтани номи хусусии ҳамсӯҳбат ин ифодаи эътибору эҳтиром ба шахсияти ҳамсӯҳбат мебошад. Ба ин восита, ӯ метавонад нисбати мо ҳисси таваҷҷӯҳ зоҳир кунад.
Дар алоқамандӣ ба ин масъала Имоми Аъзам (р) дар бобати қобилияти гӯш карда тавонистани ҳамсӯҳбат ҳангоми муошират маслиҳатҳои муфид медиҳад, яъне таълимоташон саршор аз ҷанбаҳои психологӣ буданд. Ба монанди то охир гӯш кардани ҳамсӯҳбат, то ки дилашро холӣ кунад, Имоми Аъзам аз қобилиятҳои муҳим дониста аст.
Имоми Аъзам (р) васияте ба шогирдаш Холид ибни Самтии Басрӣ (р) кардааст ва он чунин аст: \”Касе, ки аз ту гӯш мекунад, ту низ кӯшише бикун, то аз ӯ бишнавӣ\”. Ин андеша ба принсипҳои асосии психологияи муосир буда, ба он ҳамоҳанг аст. Гӯш кардани ҳамсӯҳбат корест мушкил ва на ҳар кас метавонад чун психолог ҳамсӯҳбати худро гӯш кунад. Агар мо ҳамсӯҳбати худро бодиққат гӯш накунем, онгоҳ самараи муошират кам мешавад ва ба мақсад ноил намешавем. Қобилияти гӯш карда тавонистани ҳамсӯҳбат ҷанбаҳои хуби психологӣ дорад. Агар бевосита ҳамин хусусияти шахсии Имоми Аъзам (р), яъне \”Қобилияти гӯш карда тавонистани ҳамсӯҳбат\” – и ӯро таҳлил намоем, онгоҳ ба хулосае омадан мумкин аст, ки Имоми Аъзам (р) дар замони худ ба донишҳои психологӣ мусаллаҳ будаанд.
Яке аз хусусиятҳои равшан ифодаёфтаи фаъолияти Имоми Аъзам (р) қобилияти баланди далеловарии ӯ мебошад. Мисолро меоварем:
Имом Шофеӣ мефармояд: – Як бор аз Имоми Молик пурсида шуд: \”Оё Имом Абӯҳанифаро дидаӣ?
Гуфт:- Оре, чунин марде буд, ки агар ҳамин девори бо санг биношударо мегуфт, ки аз тилло бино шудааст, албатта бо далелу ҳуҷҷат собит мекард.
Навиштаи дигареро аз ин хусус меоварем. Боре мункирон аз Имоми Аъзам (р) суол карданд: Худои ту ба кадом тараф нигоҳ мекунад ва рӯяш ба кадом ҷиҳат аст? Имоми Аъзам (р) чунин посух дод:
– Агар чароғеро дар макони торике бигзорем, нураш ба кадом тараф мутаваҷҷеҳ мегардад?
Гуфтанд: – Ба ҳамаи атроф шуо мебахшад.
Имоми Аъзам (р) гуфт:- Агар ин ҳолати як чароғи сохтаи башар бошад, пас чӣ метавонед бигӯед дар бораи Худое, ки нури осмону замин партаве аз нури мутлақи ӯст?!
Имоми Аъзам (р) ҳангоми ба савол ҷавоб гуфтан ва ё ҳал кардани масъалае ҳатман аз далеловариҳо истифода мебурданд, чунки таъсири ҷавобе, ки бо далел исбот мешавад, бениҳоят зиёд аст. Дар илми психология, хусусан психологияи муоширати корӣ дар бобати далеловарӣ роҳу усулҳои муайянеро кор карда баромадаанд.
Имоми Аъзам (р) аслан аз амали қиёс зиёд истифода мебурданд, ки дар музокироти корӣ он бо номи усули муқоисанамоӣ машҳур аст. Усулҳои далеловариеро, ки Имоми Аъзам(р) меоварад, метавонем, ки дар рафти муошират васеъ истифода барем.
Бояд қайд кард, ки Имоми Аъзам (р) дар баробари маҳорати баланди далеловарӣ доштанаш, инчунин дар баҳсу мунозира ҳам одобу усулҳои хуби муоширатро истифода мебарад. Масалан, ҳар вақт ба шогирдонаш чунин мегуфт: \” Агар шахси омӣ ва нодон бо ту мубоҳисаю мунозира кард, бо вай мубоҳиса макун,ки обрӯйи туро мебарад\”.
Дар психологияи муоширати корӣ омадааст,ки ҳар кас вобаста аз ақлу фаҳмиши хеш баҳс мекунад. Баҳс кардан на ҳама кас метавонад. Дар майдони баҳс бояд дониши мукаммал,мутамарказияти диққат ва мақсади муайяну одоби ҳамида дошта бошем. Имоми Аъзам (р) бисёр хуб гуфтаанд, ки бо чунин одамон баҳс маъние надорад. Инчунин Имоми Аъзам (р) дар баҳсумунозира ҳеҷгоҳ ба ғазаб намеомаданд.Ба шогирдонаш ҳам таъкид мекард: \”дар баҳсҳои илмӣ ҳеҷгоҳ хашмгин нашавед ва ғазабро истифода набаред\”.
Дар замони ӯ, аллакай аз он усулҳое , ки имрӯз илми психология такя мекунад,истифода мешуданд. Мазмуни \”аз як калла дутоаш беҳтар\”- ро Имоми Аъзам (р) низ дуруст мешуморид.ӯ ҳеҷгоҳ масъалаеро танҳо ҳал намекард. Аввал масъаларо дар доираи шогирдонаш мегузошт ва шогирдон ҳар як фикру ақидаи худро мегуфтанд. Сипас Имоми Аъзам (р) мавқеи худро изҳор мекард ва ниҳоят беҳтарин ақида муайян карда мешуд.
Имоми Аъзам (р) ба масъалаҳои психологию педагогӣ даст зада, дар пеши мардум нагуфтани сифатҳои бади ягон касро маслиҳат медоданд. Имоми Аъзам (р) мефармояд: \”Шахсеро ба бадӣ шинохтӣ, бадиашро пеши мардум зикр макун, балки хубиеро дар вай ҷустуҷӯ кун ва бо ҳамин хубӣ аз ӯ ёд кун\”. Шумо агар ҳангоми сар задани ихтилоф хусусиятҳои бади таҳқиркунандаро як сӯ гузошта, кӯшиш кунед корҳою хусусиятҳои хуби ӯро ба ёд оваред, он гоҳ аз объектҳои аффектовар дур мешавед. Аз таълимотҳои Имоми Аъзам (р) доир ба психологияи оилавӣ маводҳои беҳтаринеро ҷамъ кардан мумкин аст, ки то ҳол дар ягон китобе масъалагузорӣ нашудааст. Имоми Аъзам (р) дар ҳалли ихтилофҳои оилавӣ чунон эҳтиёткорона муносибат менамуданд, ки ниҳоят ба фоидаи зану шавҳар баробар ҳал мешуд.
Имоми Аъзам (р) бо шогирдонаш бисёр ҳам мушфиқона рафтор мекард. Ақидаи ӯ ин буд, ки бо шогирдон ҷиддӣ ва бо сахтгирии аз ҳад зиёд рафтор кардан чандон хуб нест. Бо шогирдонатон гоҳ вақт шӯхӣ кунед, хандед, дар сари як хон нишаста тановул намоед Ин ақидаҳои бузурги Имоми Аъзам (р) маънои онро доранд, ки дар рафти таълимдиҳӣ бояд фазои солими муошират бошад ва ба вуҷудоварандаи ин фазои солим танҳо устод аст.
Хулоса, андешаҳои психологии Имоми Аъзам (р) ҷанбаҳои иҷтимоӣ дошта, дар рушду инкишофи ҷомеаи имрӯза низ мавқеи хоса доранд. Мутаассифона, то ҳол андешаҳои ӯ мавриди тадқиқот қарор наёфтаанд. Умед аст, ки мутахассисони соҳавӣ сари ин масъала фикру мулоҳизаҳои хешро иброз намуда, ба паҳлӯҳои ниҳонии андешаҳои ин шахсияти оламшумул шарҳу баёни тоза рӯйи кор меоранд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.