Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Имоми Аъзам – равшанидихандаи илми фиқҳ

Имоми Аъзам бузургтарин равшандихдндаи илми фикх, воломакомтарин уммати паёмбар Расули Акрам, рахнамои бузурги дини мубини Ислом буда, дар рушду нумуи дини Ислом чидду чахд намудааст. Бар бузургии ин марди хирад тамоми сарчашмахои динӣ гувоханд ва бе ягон шубха, далолат медиханд, ки чун Имоми Аъзам олимони бузург дарёфтан нихоят душвор будааст. Уро ба муъчизае шабохат додаандИМОМИ АЪЗАМ

Накша:
1) Имоми Аъзам бузургтарин шахсияти дунёӣ
2) Имоми Аъзам олими сохаи фикх
3) Аз ин шахсияти бузург ибрат мегирем

Бо гузашти вакт ва дигар шудани сохти чамъиятӣ вокеаву ходисахои бузургу нотакроре ба миён меоянд, ки кас дар хайрат мемонад. Мо номи Имоми Аъзамро шунидаву аз оятхои Куръони мачид аз ёд карда будем. Дар шахсияти ин нобигаи нотакрор чизе намедонистем. Бо ташаббуси сарвари давлатамон Эмомалӣ Рахмон соли 2009- соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шуд. Хар рӯз аз рӯномахову мачаллахо ва баромахои оинаи нилгун оиди ин шахсияти барчаста маълумотхоро дастрас кардан мумкин аст. Имоми Аъзам дар пеши назари мо як инсони комиле намоён мегардад, ки бо донишу рафтору гуфтор ва пиндори некаш барои хазорон одамони гуногунмиллату гуногунзобон намунаи ибрат аст.
Фикх илмест, ки дар бораи конуну коидахои дини ислом маълумот медихад. Имоми Аъзам ба илми фикх поя гузошта дар ривочу равнаки он захмат кашида, миллатхои гуногунро зери ин мазхаб муттахид намудааст . Имоми Аъзам олимест, ки халли масъалахои гуногуни чамъиятӣ сахм гузоштааст. Аз рӯи гуфтахои ӯ амал кардан дар замонаи мо низ аз фоида холи нест. Мувофики ривоятхои Имоми Аъзам чандин бор таклифи мансаби козигиро менамоянд, аммо ӯ кабул намекунад. Ин бузургмард намехохад, ки дар халли ягон мушкилот вобаста ба такдири ягон шахс ба хатогие рох дихад. Ӯ хамеша таклифу андешахои оммаро кабул мекард. Шогирдони зиёде дошта бо онхо муносибат ва гуфтугӯи озодона мекард. Аз ин бармеояд, ки дар хамон давр хам демократияи озод вучуд доштааст. Чуноне ки Имоми Аъзам аз талаботхои Куръон берун нашуда ба он талаботу дархости оммаро мувофик мекунад ва ба дархосту пешниходи одамон хамфикри менамуд. Бо пайдоиши ислом ва реша давондани он дар байни халкхои гуногунмиллату гуногунзабон арабикунонии саросари омма ба миён меомад. Бо куши шва донишмандии Имоми Аъзам байни кавмхо низоъхо бархам хӯрда якдигарфахмӣ хукмрон гардид, бо шарофати ин нобига забони форсӣ нуфуз пайдо кард. Аз рӯи талаботи Куръон низоъхо бархам дода, байни одамон хамдигарфахми пайдо шуда, охиста-охиста сиёсати арабикунонии саросари олам аз байн рафт. Форсизабонон зиёд шуда, забони форси дарӣ хамчун забони идоракунанда ва давлатӣ амал намуд. Чуноне, ки инро дар асархои минбаъда дар давраи давлатдории сомониён мебинем. Имоми Аъзам тавонист ба оятхои Куръон тагйироту иловахо вобаста ба масъалахои гуногуни зиндагии одамон дохил намояд, ки то имрӯз конунияти хаёти одамон аст.
Мо аз чунин шахсияти барчаста бояд ибрат гирем, ифтихори миллиамонро бештар ба он равона созем, ки барои пойдории давлат, бехтар гардидани иктисодиётӣ ватанамон сахмгузор бошем. Нагузорем,ки ин хаёти осоиштаро халалдро созад. Ифтихори миллиамонро баланд бардошта аз чунин намояндагонаш бахра барем, аз онхо омӯзем. Имоми Аъзам инсони комилест, ки тамоми хислотхои некро дорост, хамчун олиму донишманд низ кобили пайравист. Ман ба хамсолонам мурочиат менамоям, ки биёед пайравӣ чунин бузургмардон шавем!


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.