Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Харитаи географӣ

Харита аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маъноя варақ мебошад. Ин ба номи харита мувофиқат менамояд, чунки харитаҳо дар варақҳои когаз тартиб дода мешаванд. Онҳо курашаклии Заминро ҳамвор тасвир мекунанд. Аммо шакли кураро ба ҳамвор табдил додан бекандашавӣ ва чиншавӣ тасаввур нопазир аст. Аз ҳамин сабаб дар сохтани харитаҳо ба саҳв роҳ дода мешавадХаритаи географӣ
Харита аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маъноя варақ мебошад. Ин ба номи харита мувофиқат менамояд, чунки харитаҳо дар варақҳои когаз тартиб дода мешаванд. Онҳо курашаклии Заминро ҳамвор тасвир мекунанд. Аммо шакли кураро ба ҳамвор табдил додан бекандашавӣ ва чиншавӣ тасаввур нопазир аст. Аз ҳамин сабаб дар сохтани харитаҳо ба саҳв роҳ дода мешавад. Онҳо дар саҳеҳ намудани самт, масофа ва масоҳат (дар харита) зоҳир магардад. Барои он ки ҳангоми сохтани харита саҳву хато кам шавад, аз проексияҳои (нақшаҳои гуногуни картографӣ) гуногун истифода мебаранд. Мисол, харитае, ки олими машриқзамин Абӯрайҳони Берунӣ таълиф намудааст, дар асоси проексияҳои кунунӣ ва стреографӣ сохта шудааст. Қатъи назар аз он ки харитаҳо дар заминаи кадом проексия сохта мешаванд, вобаста ба таъиноташон дар онҳо объект ва ҳодисаҳои мухталифи географӣ (ҷойгиршавии материкҳо, уқёнусҳо, дарёҳо ва куҳҳо), самти вазиши шамол, ҳаракати ҷараёнҳои баҳрӣ, соҳаҳои хоҷагӣ, ҳудуди давлатҳо ва гайра тасвир ва бо аломатҳои шартӣ ишорат карда мешаванд. Аз ин ҷо харитаи географӣ тасвири худ ва ҷамъбастгардидаи ҳамвории сатҳи Замин буда, дар он тамоми объект ва ҳодисаҳои географӣ ба аломатҳои шартӣ ифода шудаанд. Миқёси харитаҳо нисбат ба миқёси сурати маҳал хурданд. Онҳо вобаста ба миқёс ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:калонмиқёс (1:200 000 ва калонтар), миёнамиқёс (1:200 000 то 1:100 0000) ва хурдмиқёс (хурдтар аз 1:100 0000). Миқёси харита ҳар қадар хурд бошад, маҳал дар онҷо бо тамоми ҷузъиёташ тасвир намеёбад. Мисол, маҳал дар миқёси 1:1000 бо тамоми ҷузъиёташ, дар миқёси 1:1000000 ҳамчун як нуқта тасвир меёбад.
Тафовути сурати маҳал аз харита. Нақши маҳал аз харита нафақат бо миқёс, балки бо дигар ҷиҳатҳо низ фарқ мекунад:
а) Нақши маҳал бевосита дар мавзеи муайян ва ё аз рӯи сурати аз самолёт аксбардоришуда тартиб дода мешавад. Барои тартиб додани харита вобаста ба мазмун ва таъйиноташ аз манбаъҳои гуногун, аз ҷумла суратҳои аз кайҳон аксбардоришуда истифода мебаранд.
б) Дар нақши маҳал аломатҳои шартӣ мувофиқи миқёс гузошта мешаванд, дар харита бошад, вобаста ба мазмун ва таъинот аломатҳои шартӣ интихобан гузошта мешаванд.
в) ҳангоми ба нақш гирифтани маҳал аз сабаби хурд будани масоҳати он ноҳамвориҳои сатҳи Замин таъсир намерасонад. Тамоми тарҳ ва масофаи объектҳо бидуни саҳву хато мувофиқи миқёс инъикос карда мешаванд. Ба харита, ки масоҳати ниҳоят васеъро дар бар мегирад, ноҳамвориҳои сатҳи Замин таъсир мерасонад. Аз ҳамин сабаб дар тартиб додани харита саҳву хатоҳо ногузиранд.
г) Нақши маҳал бе шабакаи дараҷадор тартиб дода мешвад. Харитаҳо бошад, бе чунин шабака, яъне бе хатҳои мувозӣ ва меридиан тартиб додан гайри имкон аст.
д) Дар нақши маҳал самтҳои Шимол ва ҷанубро бо тирча ифода мекунанд. Дар ин сурат тарафи чапи тирча самти Fарб ва тарафи рости он Шарқро нишон медиҳад. Дар харита ин вазифаро хати меридиан ва хати мувозӣ иҷро менамояд. Меридиан Шимолу Ҷануб, хатҳои мувозӣ Fарбу Шарқро нишон медиҳанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.