Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Интегратсияи шимоли-амрикоӣ

Заминтахои ташаккулёби ва хусуссиятхои фарккунандаи НАФТА. Созишнома оиди минтакаи тичорати озоди Америкаи Шимоли (НАФТА): мохият ва хусусиятхои фаркунанда. Созишномаи аввалини интегратсиони дар Америкаи Шимоли Пакт (Шартнома) дар бораи тичорати автомобилхо (соли 1965) мебошад, ки мувофики он тичорати озоди бебочи автомобилхо дар байни ШМА ва Канада баркарор гаштИнтегратсияи шимоли-амрикоӣ
1. Заминтахои ташаккулёби ва хусуссиятхои фарккунандаи НАФТА. Созишнома оиди минтакаи тичорати озоди Америкаи Шимоли (НАФТА): мохият ва хусусиятхои фаркунанда.
2. Самараи иктисодии НАФТА ва ахамияти байналхалкии тачрибаи НАФТА. Натичахои манфи барои Мексика. Натичахои интегратсия барои Канада.

1.Заминтахои ташаккулёби ва хусуссиятхои фарккунандаи НАФТА. Созишнома оиди минтакаи тичорати озоди Америкаи Шимоли (НАФТА): мохият ва хусусиятхои фаркунанда. Созишномаи аввалини интегратсиони дар Америкаи Шимоли Пакт (Шартнома) дар бораи тичорати автомобилхо (соли 1965) мебошад, ки мувофики он тичорати озоди бебочи автомобилхо дар байни ШМА ва Канада баркарор гашт. Соли 1988 Канада ва ШМА созишномаро оид ба тичорати озоди байниякдигар ва созмон додани Ассотсиатсияи озоди тичорати Америкаи Шимоли (NAFTA) кабул карданд. Баъд аз панч сол, яъне соли 1993, ба NAFTA Мексика низ хамрох шуд.
Кулли МММ-и мамлакатхои NAFTA наздик 9 трлн. долларро ташкил мекунад ва дар ин мамлакатхо зиёда аз 390 млн. нафар ахоли умр ба сар мебарад.
Иктидори иктисодии иштирокчиёни НАФТА

ИМА Канада Мексика
ММД 100% 9,4% 5,5%
ММД ба хар сари ахолии 100% 87,7% 15,8%

Заминахои ташаккулёбии НАФТА инхоянд:
1.Ташабускори ва пешсафии бечунучарои ИМА дар ташкили НАФТА;
2.Таъмини хукмронии худ дар чахон дар заминаи истифодаи бартарияти иктисоди баъди таназзули ИЧШС ва аз байн рафтани муковимат. Аммо дар ИМА молхо ва хатто сохахои чудогона нисбат ба Япония ва Аврупои Гарби ракобатпазирии паст доранд. Аврупои Гарби ракобатпазирии худро аз хисоби интегратсия таъмин намуда, Япония бошад бисёртар ба мамлакатхои АСЕАН, МНС ва Хитой такя карда кушиши пешсафи блоки нави интегратсиони буданро дорад. Дар хамин замина дар ИМА низ кушишхо барои инкишофи равандхои интегратсиони ба миён омадааст.
3.Ба хам пайваст кардани иктидории баланди илмию техники бо харочотхои паст ба музди кор (дар Мексика музди миёнаи кори 16%-и музди кори ИМА-ро ташкил медихад);
4.Интегратсия ИМА ва Канада дар шароити чой надоштани сохторхои институтсионали пеш рафта истодааст.
Бояд кайд намуд, Ки 20%-и МММ-и Канада дар ИМА фурухта мешавад, ки он 70%-и содироти Канадаро ташкил медихад. Канада шарики асосии тичоратии ИМА мебошад, ки ба он 25 %-и содироти ИМА рост омада объекти асосии сармоягузори аз тарафи корпоратсияхои ИМА ба хисоб меравад.
Дар шартномаи НАФТА ба амал баровардани чорабинихои зерин дар доираи муносибатхои иктисодии мамлакатхои аъзо пешбини шудааст:
 Мархила ба мархила бартараф кардани пардохтхои гумруки ва монеахои гайри тичорати;
 Либерализатсияи режими инвеститсиони;
 Дар сатхи баланд таъмин кардани хифзи моликияти зехни;
 Тахияи барномахои муштарак оид ба мубориза бурдан ба мукобили ифлосшавии мухити зист.
Хусусиятхои асосии фарккунандаи НАФТА инхоянд:
-Хислати ассиметри, ки аз хиссаи ИМА дар ММД ва истехсолоти саноатии НАФТА (85%) бармеояд;
-Ассиметрияи сатхи инкишоф дар байни мамлакатхои мутаракки (ИМА, Канада) ва Мексикаи ру ба таракки;
-Ассиметрияи муносибатхои иктисодии интенсивии дутарафа (ИМА – Канада), (ИМА – Мексика), чой надоштани муносибатхои ташаккулётаи иктисоди байни Канада ва Мексика. Хамин хел, хиссаи Мексика дар муносибатхои берунитичоратии Канада зиёда аз 1% -ро ташкил мекунад. Аз руи хиссаи муносибатхои берунитичорати бо мамлакатхои Америкаи Лотини дар НАФТА Мексика чои аввалро ишгол намуда канада бо ин гурухи мамлакатхо умуман муносибатхои берунитичорати надорад.
Хамчун, мисли ИЕ дар доираи NAFTA на факат монеахои гумруки аз байн бардошта шуда истодааст, балки бозори ягонаи континентали барои харакати озоди молхо, хизматхо, сармоя ва кувваи кори ташкил ва ба вукуъ пайваста истодааст. Аз руи хисоби мутахассисон, дар солхои наздик якчояшавии се бозори милли ба миён меояд ва минтакаи хакикатан озоди тичорат баркарор мешавад. Вале дар доираи NAFTA то хол идорахои махсуси фавкулмиллии танзимкунандаи хамкори созмон дода нашудааст. Мумкин аст дар натичаи интегратсияи ин мамлакатхо механизмхои дигари танзимсози назар ба ИЕ ба вучуд оварда шаванд.
2.Самараи иктисодии НАФТА ва ахамияти байналхалкии тачрибаи НАФТА. Натичахои манфи барои Мексика. Натичахои интегратсия барои Канада.
Ташкил кардани НАФТА барои мамлакатхои аъзо гирифтани самарахои иктисодии зеринро таъмин кард ва дар оянда низ таъмин карда метавонад:
 Якбора зиёд шудани содироти ИМА ва бинобар ин:
 Зиёд шудани шугл (факат аз ташкил кардани НАФТА дар соли 1994 содироти ИМА 17,5% зиёд шуд);
 Ба каламрави Мексика гузаронидани истехсолоти мехнатталаб, масолехталаб ва ба мухити зист зараровар;
 Кам шудани харочоти истехсолот (масалан: ширкатхои амрикоии Форд ва Крайслер ба Мексика инвеститсияхои калон карданд ва хамин тавр фоидаи худро дар хачми зиёда аз 10% баланд карданд);
 Гирифтани маблагхои калони молияви аз хисоби либерализатсияи харакати сармоя (то 8%-и ММД-и Мексика);
 Зиёдшавии шугл дар Мексика ва воридшавии технологияхои навин дар Мексика.
Хамин тарик, дар доираи NAFTA интегратсия фоидахоро хам ба мамлакатхои дорои иктисодиёти рушди устувор (ШМА, Канада) ва хам мамлакатхои дорои иктисодиёти ру ба инкишоф (Мексика) таъмин карда истодааст. Фоидаи мамлакатхои мутаракки, якум, аз он ки истехсолоти мехнатталаб ба мамлакати нисбатан сусттараккикарда гузаронида шуда истодааст ва дуюм аз фоидаи содироти бебочи махсулоти хочаги кишлок аз ШМА ва Канада, нест кардани бочхо (пардохтхо) ва махдудиятхо ба компютерхо ва автомобилхо ва хоказо ва хамчунин либерализатсияи харакати сармоя иборат аст.
Барои Канада тахкими равандхои интегратсиони шароити имтиёзнокро барои хамкори бо Мексика фарохам меоварад. Аз баски бозори Мексика хеле калон аст, ба Канада имконияти зиёд кардани содирот зиёд мешавад ва ин дар навбати худ ба камшавии харочот барои пардохти музди кор меоварад.
Фоидаи Мексика аз иштирок дар NAFTA дар зиёд кардани чалби сармояи мустакими хоричи, пеш аз хама, аз ШМА иборат аст. Махз, бинобар ин, дар байни мамлакатхои Америкаи Лотини Мексика чои аввалро аз руи хачми чалби сармояи мустакими хоричи дар мобайни солхои 90-ум ишгол карда буд.
Аммо тахкими равандхои интегратсиони барои Мексика метавонад баъзе окибатхои манфи низ оварад, чунки аз тарафи ИМА ва Канада ракобат хеле сахт мешавад ва ин метавонад ба он оварда расонад, ки то 60%-и махсулоти истехсолшавандаи хочагии кишлоки Мексика ракобатнопазир мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.