Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Одам

Зинаи олии инкишофи организмҳои зинда, ки дорои нутқу тафаккур буда, ба тавассути олоти меҳнат ба муҳит таъсир мерасонад. Мувофиқи таснифоти биологӣ Одам ба намуди Одами оқил (Homo sapiens), ҷинси Одам (Homo), оилаи гоминид (Hominidae), қатори приматҳо (Primates), синфи ширхӯрҳо (Mammalia) ва типи хордадорҳо (Chozdata) мансуб астОДАМ (очерки анатомию топоргафӣ), зинаи олии инкишофи организмҳои зинда, ки дорои нутқу тафаккур буда, ба тавассути олоти меҳнат ба муҳит таъсир мерасонад. Мувофиқи таснифоти биологӣ Одам ба намуди Одами оқил (Homo sapiens), ҷинси Одам (Homo), оилаи гоминид (Hominidae), қатори приматҳо (Primates), синфи ширхӯрҳо (Mammalia) ва типи хордадорҳо (Chozdata) мансуб аст. Одам чанд давраи таҳаввул (питенкантроп, гейделбург, неандартал)-ро гузашта, дорои сохти биологие шуд, ки ҳоло ба одамон хос аст. Ин ҳодиса 50 – 100 ҳазор сол пеш ба вуқӯъ пайваст. Хусусиятҳои фарқкунандаи Одам: қобилияти истеҳсоли олоти меҳнат барои бошуурона таъсир расондан ба олами атроф; ростгардӣ ва ҷойгиршавии ба он мувофиқи узвҳои дарунӣ; ба дараҷаи олӣ тараққӣ кардани дастон, ки имконият медиҳад олоти меҳнат созад; нутқи сареҳ; ба дараҷаи олӣ инкишоф ёфтани мағзи сар ва макони он – ҷумҷума; пӯсте, ки қисми зиёди он мӯй надорад. Асоси сохт, тараққиёт ва ҳаёти ҳамаи организмҳои серҳуҷайра, аз он ҷумла Одам. воҳиди таркибӣ ва вазифавии онҳо – ҳуҷайра мебошад. Дар рафти тараққиёти дуру дарози таърихии организмҳои серҳуҷайра гурӯҳҳои томи ҳуҷайраҳое ба вуҷуд омаданд, ки сохти якхела дошта, вазифаҳои муайяну ба худ хосеро иҷро мекунанд. Чунин системаи ҳуҷайраҳои махсусгардида якҷоя бо моддаи байниҳуҷайравӣ бофта ном гирифтанд. Ҳамаи бофтаҳои Одам. шартан ба бофтаҳои эпителӣ (рӯпуш), пайвандӣ (устухонӣ, тағоякӣ ва айни худи бофтаи пайвасткунанда), бофтаҳои мушак, асаб ва инчунин бофтаҳои моеъ (хун ва лимфа) тақсим мешаванд. Дар бофтаи эпителӣ ё эпителий ҳуҷайраҳо бо ҳамдигар хеле зич насб буда, моддаи байни ҳуҷайравӣ кам аст.
Эпителий болои бадан (қабати болоии пӯст – эпидермис)-ро мепӯшонад, сатҳи дарунии ҷавфҳо ва узвҳои дарунии ковокро фаро мегирад. Ба ғайр аз эпителияи рӯпӯш, эпителияи ғадудӣ низ ҳаст, ки ғадудҳо аз он бунёд ёфтаанд. Худи бофтаи пайвасткунанда (ковок ва сахти тордор) аз ҳуҷайраҳо ва миқдори зиёди моддаи байниҳуҷайравӣ таркиб ёфта, аз моддаи асосӣ ва таркибҳои тордор (торҳои коллагенӣ, чандирӣ, ретикулинӣ) иборат аст. Бофтаи пайвасткунанда вазифаҳои тағзия (вобаста ба тағзияи ҳуҷайраҳо ва иштироки онҳо дар мубодилаи моддаҳо), муҳофизат (истеҳсоли ҷисмҳои иммунӣ – ниг. Иммунитет), механикӣ (ташкили банду басти узвҳо, қишри онҳо – фастсияҳо, инчунин бандакҳо, пайҳо) ва пластики (иштирок дар шифои захмҳо, пайдоиши хадша)-ро иҷро мекунад. Бофтаи устухонӣ, ки устухонҳои скелет аз он таркиб ёфтаанд, аз ҳуҷайраҳои устухонӣ ва моддаи асосӣ сохта шуда, дар таркиби худ намакҳои ғайриорганикӣ, асосан намакҳои калсий дорад, ки боиси мустаҳкамии устухон мегардад. Моддаҳои органикӣ устухонро чандир ва эластикӣ мекунанд. Бофтаи тағоякӣ аз ҳуҷайраҳои тағоякие таркиб ёфтааст, ки дар байни моддаи байниҳуҷайравӣ ҷойгир мебошанд. Тағояки шишамонанд (гиалинӣ) аз моддаи байниҳуҷайравии нимшаффоф иборат аст. Сатҳи пайвандҳои устухонҳо бо он пӯшида шуда, қисми тағоякии қабурғаҳо, девораи тағоякии роҳҳои нафасро ташкил медиҳад. Ҳангоми рушди дохилибатнӣ қисми зиёди устухонҳои скелет аз тағояки гиалинӣ иборат мебошад. Тағояки эластикӣ ранги зардча дошта, андаке шаффоф аст, чунки дар моддаи байниҳуҷайравии он торҳои эластикӣ мавҷуданд. Суфраи гӯш ва баъзе тағоякҳои ҳалқ аз он сохта шудаанд. Тағояки тордор аз ҳисоби миқдори зиёди торҳои коллагение, ки дар моддаи байниҳуҷайравии он мавҷуданд, бадошт аст. Тағоякҳои гирдаки байни мӯҳраҳо аз онҳо бунёд гардидаанд. Хун бофтаи моеъ буда, аз плазма ва ҷисмчаҳои муаллақ иборат аст (ниг. Хун, Хунҳосилшавӣ). Хун, лимфа ва моеи бофтагии лимфамонанд муҳити дохилии организмро ташкил медиҳанд. Онҳо ҳамаи ҳуҷайраҳоро давр зада, моддаҳои барои ҳаёти онон зарурро мебаранд ва пасмондаҳои мубодилаи моддаҳоро гирифта мераванд. Нисбат ба муҳити мунтазам тағйирёбандаи беруна ё атроф – муҳите, ки организм зиндагӣ мекунад – муҳити дохилӣ таркиб ва хосиятҳои физикию химиявии доимии динамикӣ дорад. Ба қатори бофтаҳои мушакӣ, ки таркибҳои кашидашаванда доранд, бофтаҳои мушакии ҳамвор (суфта), кӯндаланграх ва мушаки дил дохил мешаванд. Бофтаи суфтамушакӣ дар деворҳои узвҳои дарунӣ, рагҳои хун, дар пӯст, дар даруни ғӯзаи чашм мавҷуд аст.
Кашишхӯрии он ба шуури мо вобаста набуда, ғайри ихтиёр ба амал меояд. Бофтаи мушакии кӯндаланграх мушакҳои скелет, мушакҳои даҳон, ҳалқум, қисман сурхной ва мушакҳои чатанро ташкил медиҳад. Онҳо ихтиёрӣ кашиш мехӯранд. Тавассути кори мушакҳо бадан ҳаракат мекунад, дар фазо ҷой иваз менамояд (мушакҳои кӯндаланграх), девораҳои узвҳо таранг мешаванд, ҳаҷмашон тағйир меёбад (бофтаҳои суфтамушакӣ). Бофтаи мушаки дил аз ҷиҳати сохт ба кӯндалаграх наздик аст, вале ғайри ихтиёр амал мекунад. Бофтаи асаб аз ҳуҷайраҳои асаб – нейронҳо аз унсурҳои мобайнии дар байни онҳо ҷойгирбуда – нейроглияҳо иборат аст. Ҳуҷайраҳои асаб хосиятҳои физиологии ангезандагӣ ва нуфузпазирӣ доранд. Ҳангоми ангезиш ҳуҷайраи асаб ба таҳайюҷ омада, импулси асаб ҳосил мекунад ва онро ба ҳуҷайраи дигари асаб мегузаронад. Тамоми системаи асабҳо аз ҳуҷайраҳои асаб сохта шудааст. Аз чанд бофтае, ки яке аз онҳо аз ҷиҳати амал мақоми сарвариро дорад, узв ташкил меёбад. Узвҳое, ки як амалро иҷро мекунанду нақшаи умумии сохту инкишоф доранд, ба як системаи узвҳо муттаҳид мешаванд. Ҳамаи системаҳои узвҳо ба ҳам алоқаманд буда, як организмро ташкил медиҳанд. Узвҳоро ба чунин системаҳо тасниф мекунанд: 1) системаи узвҳои ҳаракат: ба таркиби он системаи устухонҳо, системаи бандаку буғумҳо, ки вазифаи такя ва аз осеб ҳифз кардани узвҳоро ба ҷо меоранд ва системаи мушакҳо, ки ҷойивазкунии бадан ва узвҳои онро ба амал мебарорад, дохил мешаванд; 2) системаи узвҳои ҳозима (узвҳоеро, ки вазифаи гуворишро иҷро мекунанд, муттаҳид месозад); 3) системаи узвҳои нафаскашӣ (узвҳои нафасро, ки мубодилаи газҳоро байни организм ва муҳити атроф таъмин мекунанд, дарбар мегирад); 4) системаи узвҳои пешоб (узвҳоеро, ки аз организм маҳсулоти охирини мубодиларо хориҷ мекунанд, дарбар мегирад); 5) системаи узвҳои таносул (узвҳои афзоишро, ки барои маҳфуз доштани намуд хизмат мекунанд, дарбар мегирад); системаҳои шошаю таносул, ки аз ҷиҳати инкишоф ва сохт ба ҳам сахт алоқаманданд; 6) силсилаи дилу рагҳо (дил, рагҳои хун ва лимфаро, ки ҳаракати хун ва лимфаро таъмин мекунанд, муттаҳид месозад); 7) аъзои ҳис (аз муҳити атроф ангезишҳоро ҳис мекунад: босира, сомеа, шомма, зоиқа ломиса); 8) системаи ғадудҳои усораи дохилӣ (алоқаи химиявӣ ва танзими ҳамаи амалиёти организмро ба амал мебарорад); 9) системаи асаб (ҳамаи узвҳо ва системаҳоро ба як органзим муттаҳид месозад, алоқаи организмро бо муҳити зист ташкил карда, дар танзими фаъолияти организм роли асосӣ мебозад). Инкишофи дохилибатнии одам (эмбриогенез). Ҳуҷайраҳои ҷинсии мардона – нутфа дар ғадуди ҷинсии мардона – нутфадон, ҳуҷайраҳои ҷинсии занона – тухмҳуҷайра дар ғадудҳои занона – тухмдонҳо инкишоф меёбанд. Тухмҳуҷайраҳо якҷоя бо ҳуҷайраҳои эпителии рӯиқишрӣ ҳубобчаҳои тухмии ибтидоӣ – фолликулаҳоро ташкил медиҳанд. Тухмҳуҷайра ҳуҷайраи калони беҳаракат мебошад. Баъди ба балоғати ҷинсӣ расидан, дар ҳар як давраи ҳайз, яъне тақрибан дар ҳар 28 рӯз фақат як тухмҳуҷайра дар як фолликулаи тухмӣ (ҳубобчаи граафӣ) пурра рушд мекунад. Одатан, 14 рӯз пеш аз даррасидани ҳайз овулятсия ба амал меояд; фолликула мекафад, тухмҳуҷайра ба ҷавфи коси хурд, ки дар он ҷо шикампарда барандоз аст, ҷудо шуда мерезад, сипас аз он ҷо ба сӯи нӯги қифмонанд васеи нои бачадон меравад ва бинобар кашиш хӯрдани мушакҳои девораи нои бачадон ва алвонҷ ёфтани луобпардаҳои он аз роҳи нои бачадон ба бачадон равон мешавад. Тухмҳуҷайра қобилияти бордоршавиро 24 соат нигоҳ медорад. Нутфа бо роҳҳои ҷинсии занона ва нои бачадон ҳаракат карда, ба тухмҳуҷайра медарояд ва онро бордор мекунад. Ҳуҷайраи нав – зигота ба вуҷуд меояд, ки мабдаъ ва хосиятҳои ҳуҷайраҳои омезишёфтаро муттаҳид месозад. Зигота ба тақсимшавӣ оғоз мекунад ва ҷанин (эмбрион)-и бисёрҳуҷайра рушд менамояд. Дар рӯзи 6-уми баъди бордор шудан ҷанин ба бачадон расида, дар ғафсии луобпардаи он ҷойгир (пайванд) мешавад ва дар ин ҷо амали мураккаби тақсимшавӣ, нумӯ ва дифференсиатсияи он сурат мегирад. Рушди дохилибатнии Одам ба ҳисоби миёна 280 рӯз ё ин ки 10 моҳи қамарӣ (дар матн бо рақамҳои римӣ ишорат ёфтаанд) давом мекунад. Ин вақтро ба давраи эмбрионӣ (ҷанинӣ), ки 8 ҳафта идома меёбад ва давраи минбаъдаи ҳомилагӣ, ки ба таваллуди кӯдак анҷом мепазирад, ҷудо мекунанд. Хеле барвақт, ҳанӯз то ташаккули организми ҷанин, дар атрофи он пардаҳои беруниҷанинӣ пайдо мешаванд, ки барои ғизогирӣ ва нумӯи он шароити мусоид фароҳам меоваранд. Дар ибтидо дар рӯи тухми ҷанин мӯякҳои зиёд ба вуҷуд меоянд, ки ба луобпардаи бачадон ворид шуда, аз хуни модар моддаҳои ғизоии заруриро кашида мегиранд. Минбаъд мӯякҳо дар ҳамон тарафи тухми ҷанин мемонанд, ки бевосита ба девораи бачадон расида меистанд. Дар ин ҷо мӯякҳо нумӯ карда, ба луобпардаи ғафсу ковоки бачадон амиқ мераванд. Ҳамин тавр, ҳамроҳак (машима) ба вуҷуд меояд, ки бо тифли батн тавассути танобаки ноф ё ноф пайваст мебошад (ниг. Ҳомилагӣ). Дар давраи эмбрионӣ (ҷанинӣ) бунёдгузорӣ ва ташаккули узву бофтаҳо ба амал меояд; бисёр узвҳо ба фаъолият оғоз мекунанд. Мас., дили ҷанин (эмбрион) дар охири моҳи I рушди дохилибатнӣ ба кашиш хӯрдан сар мекунад. Вақте ки дарозии ҷанин ҳамагӣ ба 2 мм мерасад, бунёди узвҳои марказии бадан – тори аррапушт (хорда), ки такягоҳи ҳамаи унсурҳои нарми бадан аст ва нои асаб – бунёди ҳамаи системаи асаб гузошта мешавад. Дар худи ҳамин вақт ба истилоҳ баргакҳои ҷанин ташаккул меёбанд, ки онҳо дифференсиатсия шуда, асоси бунёди бофтаю узвҳои берунӣ (эктодерма), миёна (мезодерма) ва дохилӣ (энтодерма) мегарданд. Аз баргаки берунии ҷанин системаи асаб (мағзи сар ва ҳароммағз, ғуддаҳои асаб ва асабҳо), узвҳои ҳиссиёт, эпидермиси пӯст ва унсурҳои иловагии он (мӯй, нохун, ғадудҳои арақ ва равған), пардаҳои эпителии ҷавфи даҳон ва мақъад ташаккул меёбанд.
Системаи асаб ва узвҳои ҳис аз ин лиҳоз дар баргаки ҷанини берунӣ бунёд гузошта мешаванд, ки фақат он ба муҳити атроф робитаи бевосита дорад ва яке аз вазифаҳои асосии системаи асаб низ барқарор кардани ягонагии байни муҳит ва организм мебошад. Аз баргаки миёна ҷанини дил ва системаи рагҳо, скелет (бофтаҳои устухонӣ ва тағоякӣ), системаи мушакҳо, эпителийи системаи узвҳои шошаю таносул ва пардаҳои шуш (плевра), дил (халтаи назди дил), узвҳои дохили шикам (шикампарда), хояҳо инкишоф меёбанд. Баргаки дохилии ҷанин нои ҳозима ва узвҳои нафас, ҳалқум, сурхной, меъда, рӯдаи борику ғафсро фаро гирифта, ғадудҳои ҳозима (ҷигар, ғадуди зери меъда ва ғ.), инчунин ғадудҳои тарашшӯҳи дохилиро ташкил медиҳад. Ҷанини ҳаштҳафта 3 – 3,5 см дарозӣ ва тақр. 4 г вазн дорад, гардан намоён мешавад, тарҳи рӯй нақш пайдо мекунад, дасту пойҳо дарозтар шуда, ҳама қисмҳои он ташаккул меёбанд. Узвҳои берунии таносул то дараҷае рушд кардаанд, ки ҷинси ҷанинро муайян кардан мумкин аст. Аз ҳафтаи 9-ум давраи ҳамилии рушд оғоз мегардад, ҷанин ба ҳамил (плод) табдил меёбад. Дар охири моҳи III ҳамил тақр. 40 г вазн дошта, дарозиаш 8 – 9 см мешавад; рӯи он рушд карда, бинӣ пеш мебарояд, лабҳо ташаккул меёбанд. Рушди нохунҳо ва қариб дар ҳамаи устухонҳо унсурҳои устухонбандӣ ба вуҷуд меоянд. Дар моҳи IV хусусиятҳои фардии рӯй ташаккул меёбанд. Дар моҳи V болои пӯстро мӯйрагҳо фаро мегиранд, модар ҳаракати ҳамилро ҳис мекунад, задани дили ӯ баръало эҳсос мешавад. Дар моҳи VI абрӯ ташаккул меёбад, дар моҳи VII чашм кушода мешавад. Дар моҳи VIII дар зери пӯст ҳуҷайраҳои равған ташаккул ёфта, хояи писарчаҳо ба хоядон мефарояд. Дар моҳи IХ ҳамил мӯякҳоро гум мекунад, вале рӯи пӯст бо равғани панирмонанд пӯшида аст. Нохунҳо аз нӯги панҷа берун меоянд, дастон ҳанӯз аз пойҳо дароз мебошанд. Хояи писарчаҳо ба хоядон мефурояд. Рафти рушди ҳамил ба зодан хотима меёбад. Инкишофи минбаъдаи шаклу таносуби бадани Одам дар давраҳои тифлӣ, бачагӣ ва ҷавонӣ ба амал меояд (ниг. Ширхора, Синни яслӣ, Синни томактабӣ, Синни мактабӣ, Синни наврасӣ). Сохти бадани одам. Бадани Одам чун бадани кулли ҳайвоноти мӯҳрадор дар шакли таносуби дутарафа сохта шудааст, яъне сатҳи онро барқад аз мобайн ба ду нимаи ба ҳам монанд ҷудо кардан мумкин аст. Вале бисёр узвҳои дохилӣ, хусусан узвҳои тоқ, ба таври номутаносиб ҷойгир шудаанд. Чунончӣ, қисми зиёди дил дар нимаи чапи сандуқи сина, ҷигар дар болои қисми рости ҷавфи шикам ҷой гирифтааст ва ғ. Бадани Одам аз сар, гардан, тана ва дасту по иборат аст. Ҳар як бахши бадан ба қисмҳо ҷудо мешавад: сар – ба ҷумҷумаи мағз ва рӯй; гардан – ба шӯъбаи қафо ва пеш; тана – ба тахтапушт, сина ва шикам; дастон – ба китф, оринҷ, соид, панҷаҳо; пойҳо – ба рон, зону, соқи по ва панҷаи по. Шакли бадани Одам (андом) ба нисбати дарозӣ ва бари қисмҳои онро таркибдиҳанда муайян мегардад. Дар андом хусусиятҳои ҷинсӣ, синнусолӣ ва фардӣ ифода меёбанд. Дар рафти рушд тана, хусусан сар нисбатан хурд, дарозии гардан ва дасту по зиёд мешавад. Бадани мард ба ҳисоби миёна нисбат ба зан бо ҳаҷми калон, коси танг ва китфони васеъ фарқ мекунад. Бадани зан нисбатан кӯтоҳ, китф танг, кос васеъ мешавад. Ҳангоми муқоисаи андоми одамони як ҷинсу як синну сол фарқиятҳои фардӣ ба мушоҳида мерасанд. Андомеро, ки қади баланд, танаи нисбатан кӯтоҳ, гардани дароз, сандуқи дили танг, китфҳои тангу пойҳои дароз дорад, ба намуди долихоморфӣ, андомеро, ки қади паст, қафаси синаи васеъу кӯтоҳ, китфони васеъ, пойҳои кӯтоҳ дорад ба намуди брахиморфӣ нисбат медиҳанд. Дар байни ин намудҳо намудҳои дигаре ҳастанд, ки онҳо мобайнӣ ё гузаранда маҳсуб мешаванд. Рӯи баданро пӯст пӯшидааст. Он вазифаи ҳимоят, тарашшӯҳ, эҳсоси ангезаҳои муҳити атроф ва танзими мубодилаи обу гармиро ба ҷо меоварад. Қариб дар тамоми сатҳи бадан мӯй мерӯяд: мӯи нарм (дар қисми зиёди рӯи пӯст), мӯи дароз (мӯи сар, риш, бурут ва ғ.), мӯи дурушт (абрӯвон, мижаҳо ва ғ.). Ғадудҳои тарашшӯҳии пӯст аз ғадудҳои арақ, ки гармиро танзим мекунанд (тақр. 20% гармӣ бо бухор шудани арақ аз бадан мебарояд) ва ғадудҳои равған, ки равған бароварда, пӯстро аз хушкидан ва баъзе дигар таъсироти беруна муҳофизат мекунанд, иборат мебошанд. Скелети устухон асоси механикии ҷисми Одам мебошад (ниг. Системаи устухонҳо). Устухонҳо, пайвандҳои байни онҳо ва мушакҳо дастгоҳи такяю ҳаракатро ташкил медиҳанд.
Ҳаракатҳое, ки дар пайвандгоҳи устухонҳо ба амал меоянд, ба туфайли бофтаи мушакҳои кашишёбанда сурат мегиранд (ниг. Системаи мушакҳо). Бинобар ин, устухон ва пайвандҳои онҳо ба қисми ғайрифаъоли дастгоҳи такяю ҳаракат, вале мушакҳо ба қисми фаъоли он нисбат дода мешаванд. Скелети Одам аз скелети тана (сутунмӯҳра ва устухонҳое, ки қафаси синаро ташкил медиҳанд), скелети сар (ҷумҷума) ва скелети дасту пой иборат аст. Устухонҳои сутунмӯҳра ва дасту пой асосан вазифаи такяю ҳаракатро иҷро мекунанд. Вазифаи фишанги ҳаракатоварро ағлаб устухонҳои дасту пой иҷро менамоянд. Ҷумҷума ва комаи сутунмӯҳра макони нағз ҳифзшудаи мағзи сар ва ҳароммағз мебошанд (ниг. Системаи асаби марказӣ); устухонҳои қафаси сина дил ва шушро аз таъсироти беруна, устухонҳои кос ва сутунмӯҳра – узвҳои дохилии ҷавфи шикам, шошадон ва рӯдаи рост, дар занон бошад, инчунин бачадону тухмдонҳо ва найҳои бачадонро муҳофизат мекунанд. Ҷумҷума (косахонаи сар) шартан ба қисмҳои майна ва рӯй тақсим мешавад. Ҷумҷумаи майна мисли косает барои ҷой гирифтани мағзи сар, узвҳои шунавоию мувозанат ва қисман узви биноӣ. Вай аз устухонҳои пешонӣ, ду устухони фарқи сар, устухони пушти сар, ду устухони чакка (шақиқа), устухонҳои фонамонанд ва панҷарашакл иборат аст. Қисми рӯи ҷумҷума аз устухонҳои ҷуфти ҷоғи боло, рухсора ва устухонҳои тоқи ҷоғи поён – ягона устухони муҳаррики ҷумҷума – ташкил меёбад. Ба ғайр аз устухони ҷоғи поён дигар ҳамаи устухонҳои ҷумҷума бо дарз пайваст мебошанд. Дар ҷумҷумаи рӯй мавқеи марказиро ҷавфи бинӣ, ки қисми ибтидоии роҳи нафас мебошад, ишғол мекунад; дар он узви шомма ҷойгир аст. Қисми пеши он – бинӣ аз устухонҳои ҷуфти бинӣ ва тағоякҳо иборат аст. Як қадар болотар, аз чапу рост косахонаҳои чашм воқеанд. Ҷоғҳои боло ва поён ҳамроҳи дандонҳо қисми ибтидоии дастгоҳи гуворишро ташкил медиҳанд. Қисми болоии ҷумҷумаи майна (дар гумбази он) мушакҳои инкишофёфта надорад. Дар рӯи Одам мушакҳои хоянда (онҳо ҷоғи поёнро ба ҳаракат меоваранд), дар атрофи чашм, бинӣ ва даҳон мушакҳои мимикӣ (ишора) ҷой гирифтаанд. Онҳо ба шакли пилкҳо, сӯрохиҳои бинӣ ва лабҳо буда, мимикаи рӯйро, ки эҳсосотро ифода мекунад, таъмин менамоянд. Сутунмӯҳра такягоҳи бадан аст. Вай вазни сар, тана ва дастон (аз се ду ҳиссаи вазни бадан)-ро бардошта ба косу пойҳо мегузаронад. Сутунмӯҳра аз 32 – 33 мӯҳра иборат аст, ки 6 – 9 мӯҳраи охирин ба ҳам пайванд шуда, чорбанд ва думғозаро ташкил медиҳанд. Сутунмӯҳраро ба шӯъбаҳои гардан (7 мӯҳра), сина (12), камар (5), чорбанд (5) ва думғоза (3 – 4) тақсим мекунанд. Мӯҳраҳо байни худ бо тағоякҳои байнимӯҳравӣ (қурсҳо) ва бандакҳо пайваст мебошанд. Шӯъбаи гардании сутунмӯҳра як навъ пояи устухонии гардан буда, дар пеши он аз мушакҳо ҷое фароҳам омадааст, ки балъуми ба сурхной гузаранда, инчунин ҳалқ ва як қисми хирнойро дарбар мегирад; дар ҳамин ҷо ғадудҳои сипаршакл ва наздсипаршакл ҷой гирифтаанд, рагҳои калони хун, ки сарро бо хун таъмин мекунанд ва асабҳо (асабҳои гумроҳ, диафрагма, шабакаи гардан ва ғ.) гузашта мераванд. Шӯъбаи синагии сутунмӯҳра пайвандгоҳи 12 ҷуфт қабурғае мебошад (ба ғайр аз ду ҷуфт қабурғаҳои поёнӣ), ки бо чаноғ (сарсина), васл шуда, қафаси синаро ташкил медиҳанд ва якҷоя бо бофтаҳои мулоим (девораи сина) ҷавфи синаро фаро мегиранд. Аз поён ин ҷавф аз ҷавфи шикам бо диафрагма ҷудо карда шудааст; аз боло он ба мавзеи гардан рафта мерасад. Девораи синаро аз дарун пардаи шаффофи тунук – плевраи наздидеворагӣ иҳота намудааст (ниг. Узвҳои нафаскашӣ), ки ҷойгоҳи шушро ташкил медиҳад. Масоҳати мобайнии байни ҳиссаҳои шуш, ки бо плевра фаро гирифта шудааст, миёнадевор ном дорад. Дар дохили он, аз паси сарсина (чаноғ) ва тағояки қабурғаҳо, дар болои диафрагма, андаруни ғилофаи зардобӣ дил ҷойгир мебошад (ниг. Силсилаи дилу рагҳо). Аз дил аорта (шоҳраг) мебарояд. Он шакли камонро гирифта, ба қафо ба назди сутунмӯҳра меравад ва поён хамида то ба сӯрохии аортагии диафрагма мерасад. Венаи шуш аз меъдачаи рости дил баромада, ба боло ва чап меравад, сипас ба артерияҳои росту чапи шуш, ки ба шуш руфта мерасанд, тақсим мешавад. Аз дил боло, дар миёнадевор венаҳои калони дил воқеанд – венаи болоии таҳӣ, ки ба дил рафта мепайвандад ва венаи китфу сар; венаи поёни тиҳӣ ба дил аз поён пайваст мегардад. Хирной аз мавзеи гардан ба миёнадевор фуромада, дар пушти дил ба бронхҳои асосии чапу рост тақсим мешавад. Аз пеши сутунмӯҳра сурхной мегузарад, ки онро асабҳои гумроҳ ҳамроҳӣ мекунанд. Аз ду тарафи сурхной асабҳои росту чапи симпатӣ кашол меёбанд; аз инҳо ба ҷавфи шикам асабҳои хурду калони батнӣ равона мешаванд, ки дар ташаккули асаббофти батнӣ (шамсӣ) иштирок мекунанд, аз асаббофти шамсӣ асабҳо ба узвҳои батнӣ мегузаранд. Ба диафрагма асабҳои диафрагмавӣ омада мерасанд. Дар ҷавфи қафаси сина коллектори асосии лимфавӣ мегузарад. Вай дар ҷавфи батн ташаккул ёфта, сипас ба воситаи сӯрохи аортавии диафрагма ба ҷавфи қафаси сина мегузарад. Аз гиреҳҳои зиёди лимфавие, ки дар ҷавфи қафаси сина ҳастанад (ниг. Системаи лимфавӣ), гурӯҳи хирной-нойчавӣ (трахеобронхӣ), ки дар ҷои ҷудошавии хирной воқеъ аст, аҳамияти калон дорад. Дар қисми болоии миёнадевор ғадуди ҷоғар (тимус) ҷой гирифтааст, ки дар ташаккули иммунитет аҳамияти калон дорад. Аз берун девораи пеши синаро мушакҳо фаро гирифтаанд; шакли қафаси сина хусусан аз мушаки калони сина сахт вобаста аст. Тарҳи мушакҳои сина дар мардони хушмушаки лоғарандом нағз намоён мебошад. Дар ин мавзеъ аз чапу рост ғадудҳои сина ҷой гирифтаанд.
Пистони мардон дар байни қабурғаи чорум нишеман ёфтааст; ҷойгирии пистони занон хеле тафовут дорад (ниг. Ғадуди шир, Пистон). Банди мутаҳаррики қабурғаҳо ва сутунмӯҳра имконият медиҳад, ки ҳангоми нафаскашӣ қафаси сина васеъ шавад. Шӯъбаи камарии сутунмӯҳра якҷоя бо қабурғаҳои поёнӣ ва канораҳои болои устухонҳои кос ҷойгоҳе мебошанд, ки мушакҳои васеи шикам пайваст шуда, ҳудуди ҷавфи шикамро ташкил медиҳанд. Ҳудудҳои шикам: дар боло – камони қабурғаҳо, дар поён – чинҳои қадкашак ва канораҳои болоии устухонҳои зиҳор бо банди он – симфиз, аз паҳлӯҳо – давоми хати миёнаи зери бағал. Девораҳои пешу паҳлӯии шикам аз мушакҳое ташкил ёфтаанд, ки нафақат дар ҳаракати танаю қафаси сина иштирок мекунанд, балки ҳамчунин бо кашишхӯрии худ фишори дохилибатниро баланд карда, узвҳои дохилиро бардошта меистанд ва ба холӣ шудани онҳо мусоидат мекунанд. Дар хати мобайнии девораи пеши шикам ноф – чуқурчае мавҷуд аст, ки даври он ба пай иҳота шуда, бо бофтаи хадшавию равған пур мебошад. Дар шӯъбаҳои поёнии девораи пеши шикам канали қадкашак – сурохие мавҷуд аст, ки ба воситаи он дар мардон танобаки манӣ, дар занон бошад, банди мудаввари бачадон мегузарад. Баландии ҷавфи шикам аз дарозии девораи пеши шикам хеле зиёд аст, зеро дар боло фазои калони зери қабурғаҳо ҷой дорад, ки он дар натиҷаи гунбазшакл будани диафрагма ва ба зери қафаси сина баланд рафтани ин гунбаз ҳосил мешавад, дар поён бошад, ковокии кос мавҷуд аст. Дар ҷавфи шикам дар зери диафгарма аз тарафи рост ҷигар бо талхадон, аз тарфи чап меъда ва сипурз ҷой гирифтаанд; поёнтар рӯдаи борик воқеъ буда, ҳалқаҳои онро аз рост, боло ва чап рӯдаи ғафс (чамбарӣ) печонда гирифтааст (ниг. Узвҳои ҳозима). Девораҳои ҷавфи шикам бо парда (сифоқ)-и тунуку ҳамвор, шаффоф ва тар пӯшида шудаанд; сифоқ болои бисёр узвҳоро низ мепӯшонад. Барои баъзе аз он узвҳо сифоқ чини дучанда – масориқаро ташкил мекунад, ки узвҳо гӯё дар он овезон бошанд (ин ҳаракати фаъоли узвҳо – рӯдаи борик кӯррӯда, рӯдаи сигмашаклро таъмин месозад). Аз канораи поёнии меъда қабати равғании сифоқ – чарбу овезон аст, ки чун пешдоман узвҳои дохилиро аз пеш мепӯшонад. Сифоқ барои бемамониат ғежидани узвҳо дар байни худ (мас., ҳангоми ҳаракатҳои мавҷдори рӯдаҳо), мусоидат карда хосияти муҳофизатӣ ҳам дорад. Дар девораи қафои ҷавфи шикам, дар паси сифоқ (дар фазои паси он), аз ду тарафи қисми камарии сутунмӯҳра гурдаҳо бо ғадудҳои болои гурда ва кӯндаланг ба сутунмӯҳра, каме болотар аз сатҳи ноф – ғадуди зери меъда ҷой гирифтаанд. Мусовӣ бо сутунмӯҳра (барқади он) аорта (аз чап) ва венаи тиҳии поён (аз рост) мегузаранд. Ҷавфи шикам дар поён ба ҷавфи кос мепайвандад. Кос аз устухонҳои кос бо мушаку тағоякҳо ва чорбанд бо думғоза таркиб ёфтааст. Аз поён девораи онро мушакҳо ва мушакпардаҳои чатан, ки ба қисми пеш – диафрагмаи пешобу таносулӣ ва қисми пасин – диафрагмаи кос ҷудо мешаванд, ташкил медиҳанд. Ба тавассути диафрагмаи пешобу таносулии мардон роҳи пешоб, дар занон бошад, роҳи пешоб ва маҳбал мегузаранд. Қисми охирини рӯдаи рост, ки бо сӯрохи мақъад интиҳо меёбад, аз байни диафрагмаи кос мегузарад. Дар кос пешобдон, рӯдаи рост, узвҳои дарунии ҷинсӣ (бачадон, нойҳои бачадон ва тухмдон дар занҳо, ғадуди простата, ҳубобчаҳои манӣ ва манироҳа дар мардон) ҷойгир шудаанд. Дар сохти кос фарқиятҳои ҷинсӣ вуҷуд доранд. Коси занон нисбат ба коси мардон васеъу кӯтоҳ буда, кунҷи зиҳори занон кунд, аз мардон бошад тез аст. Ин хусусиятҳои кос дар занҳо аз вазифаи маҷрои таваллудро иҷро кардани он бармеояд. Скелети андомҳои боло ва поён нақшаи умумӣ дорад. Дар рафти таҳаввулоти дуру дароз (филогенез) даст вазифаи такягоҳии худро гум карда, ба узви аз ҳама серҳаракати бадани одам (хусусан панҷаҳо) табдил ёфтанд. Онҳо қобиланд ҳаракатҳои гуногуну мураккабро ба ҷо оранд. Сохти устухон ва буғумҳои даст вазифаи онро ҳамчун узве, ки ҳаракатҳои махсус ва нозукро иҷро мекунад, инъикос менамояд. Скелети дастон шона, устухони чанбар, устухони бозу, ду устухони соид ва скелети панҷаро, ки маҷмӯи устухонҳои сарпанҷаю миёнапанҷа ва банди ангуштон аст, дарбар мегирад. Устухонҳо бо якдигар тавассути буғум ва пайҳо васл шуда, аз рӯи қоидаи фишангҳо кор мекунанд. Хусусияти ҳаракатро шакли буғум ва самти кашиши мушак муайян месозад. Ҳаракати чанбар ва шонаҳо дар бандҳои чанбари китф ба амал меояд. Чанбар боло ва поён мешавад, ба берун ва дарун (ба пеш ва қафо) ҳаракат мекунад. Аз паси он шона низ ба поён ва боло ё ба дарун ва берун ғежида ба ҳаракат медарояд. Ин ҳаракатҳоро мушакҳои чанбари китф, ки дар қафаси сина ва шонаҳо мавҷуданд, ба амал мебароранд. Шакли кура доштани сатҳи банди китф имконият медиҳад, ки даст ба ҳар самт озодона ҳаракат кунад, ба гирди тири худ давр занад. Соид аз оринҷ то ба бозу расидан, хаму рост мегардад, вале аз банди оринҷ ба тарафҳои паҳлӯ қат намешавад. Устухонҳои банди даст (оринҷ ва соид) ба ҳам тавассути банди устувонашакл аз болову поин пайвастанд, ки дар натиҷа он ба дарун ва берун тоб мехӯрад. Дар ҳамин маврид соид дар атрофи оринҷ, ки беҳаракат аст, чун паргор ҳаракати даврӣ мекунад. Соид аз оринҷ пасттар фуромада, ба устухонҳои сарпанҷа мепайвандад ва банди эллипсшакли соиду сарпанҷаро ташкил медиҳад, ки хеле ҳаракатнок мебошад. Вай метавонад хаму рост шавад, ба берун ҳаракат кунад ва давр занад. Мушакҳои банди даст ба мушакҳои гурӯҳи пеш ва қафо тақсим мешаванд. Ба гурӯҳи пеш мушакҳои хамкунандаи панҷаи дасту ангуштон, инчунин мушакҳои даврзанонандаи соид ва панҷаи даст ба сӯи дарун (пронаторҳо), ба гурӯҳи қафо бошад, мушакҳои кушояндаи панҷаи дасту ангуштон, инчунин мушакҳои даврзанонандаи панҷа ва банди даст ба сӯи берун (супинаторҳо) мансуб мебошанд. Панҷаи даст аз ду сатҳ – каф ва пушти даст иборат аст. Ангушти калон ба дигар ангуштон муқобил ҷой гирифтааст. Ҳаракати вай дар буғуми якуми байни банди дасту бехи панҷа, ки шакли зинро дорад, ба амал меояд. Буғумҳои бехи панҷаю ангушт курашакл, буғумҳои байни устухонҳои ангуштон ғарғарашакл мебошанд. Мушакҳои панҷаи даст фақат дар тарафи каф мавҷуд буда, дар пушти панҷа пайҳои мушаки росткунанда ҷой гирифтааст (аз соид меоянд). Пойҳои одам узви такя ва ҳаракат мебошанд. Скелети онҳо ба иҷрои ин вазифаҳо мувофиқ шудааст. Ба скелети андомҳои поён чанбари кос, ки аз се устухони ба ҳам сахт пайванд (чорбанд ва ду устухони кос) иборат аст, ҳамчунин пойҳо дохил мешаванд. Скелети пой аз устухони рон, ду устухони соқ – устухони калон ва хурди соқ, инчунин устухонҳои панҷаи пой, ки аз устухонҳои пешкафи пой (пошна, гурзшакл ва ғ.), панҷ устухони миёнапанҷа ва устухонҳои ангуштон иборатанд, таркиб меёбад. Устухони рон бо устухонхонаи чуқури кос пайванд шуда, банди рону косии курашаклро ба вуҷуд меорад, ки ҳаракат дар он бо канораҳои устухонҳо (чуқурча) маҳдуд карда мешавад. Якҷоя бо устухонҳои соқ устухони рон банди ғарғарашакли зонуро ташкил медиҳанд. Мушакҳои рон аз се гурӯҳ иборатанд: пеш (мушаки чорсара), пасин (мушаки дусараи рон, мушакҳои нимғишо ва нимпай) ва мушаки наздиковар (мушаки мутаносиб, мушакҳои калон, дароз ва кӯтоҳи наздиковар). Мушаки чорсара мушаки асосии росткунандаи банди зону буда, сараки рости вай ронро дар банди косу рон қат мекунад. Мушакҳои қафо зонуро қат ва банди косу ронро рост мекунанд; мушакҳои наздиковар ронро ба сӯи кос кашида, ба берун каҷ шудан намегузоранд. Устухонҳои соқ ба якдигар ноҷунбон пайваст мебошанд; нӯгҳои поёнии онҳо (буҷулакҳо) ду шохаи бандро ташкил медиҳанд, ки устухони гурзшаклро фаро гирифта, банди ғарғарашакли соқу панҷаи поро ташкил медиҳад. Мушакҳои соқ ба гурӯҳҳои пеш (мушакҳое, ки панҷаҳои по ва ангуштони онро рост мекунанд), пасин (мушакҳои қаткунанда, аз ҷумла мушаки сесараи пуриқтидор, ки ба пошна бо нарпай пайваст мебошанд) ва беруна (мушакҳои хурди соқ, ки панҷаҳои поро қат карда, канораҳои дарунии онро поён мефуроранд) тақсим мешаванд. Панҷаи по ҳангоми истодан ва роҳ гаштан, вазифаи такяро адо мекунад. Устухонҳои вай байни худ пайваст шуда, гунбазеро ташкил медиҳанд, ки қуббаш ба боло аст. Ин гуна сохти вай дар натиҷаи ростгардӣ ба панҷаи по вазни зиёд бор шудан, ба вуҷуд омадааст. Аз қафо кафи по бо дунгии пошна, аз пеш ба сараки устухонҳои миёнапанҷа такя мекунад. Ба ғайр аз буғумҳо, дар мустаҳкам кардани гунбази панҷаи по мушакҳо низ иштирок доранд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.